ПАЙДОИШИ ФАЛСАФАИ КАЛОМ ВА ҶАРАЁНИ МУЪТАЗИЛА
Аннотация: Фалсафаи калом бахши асосии дини Ислом буда, бораи шинохти масоили эътиқодӣ баҳс мекунад. Дар адёни дигар низ ин мабоҳис вуҷуд дорад, вале на он ба номи калом зикр нашудааст. Дигаргунии калом аз фалсафа дар он аст, ки фалсафа дар мавриди ҳастӣ-олам бидуни побанди ба ин ё он ақидаи дини баҳс мекунад, аммо фалсафаи калом дар масоили илоҳиёт (Худошиносӣ ва дар робита бо он ҳастишиносӣ, маод - ҳаёти ухравӣ ва масоили маърифат - гносеология) бо истифода аз усулҳои мантиқию фалсафӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Мўътазила, ки ҷараёни муҳими илми калом маҳсуб меёбад, дар шаҳрҳои калонтарини Шому Ироқ зоҳир шудаанд. Онҳо касоне буданд, ки бо афкори юнониён, масеҳиён ва зардуштию монавия шиносоӣ доштанд. Ин ошнои ва мутолиот чунин натиҷаро ба бор овард, ки ҳеҷ мабдаъ ва асли каломи шаръӣ набояд, ҷуз ба тарозуи ақл санҷида шавад. Чунин андешадошианд, ки ҳар мабдаъ ва асле, ки бо адл ё тавҳиди Илоҳӣ андаке мухолифат кунад, ба ҳукми ақл қобили қабул нест. Ратсионализм, яъне хирадгароии мўътазила баъдан дар тўли тамоми таърихи ислом ба мухолифати аҳли қолу аҳли ҳол - эътиқодгароён дучор мегардад. Бо мурури аём ин ҷараён дар ҷомеаи мусулмонон коста гардид
Ключевые слова: дин, ҷараён, илм, калом, љомеа, муътазила, мазмун, мутафаккир, омӯзиш, аср, давр, муосир, мантиқ, адабиёт.
Яке аз мавзуъҳои муҳим ва ақлӣ дар илми фалсафа, калом ба шумор меравад. Дар мавриди бо чӣ сабаб калом ном гирифтани ин илм андешаҳои мухталиф мебошад.
Аз андешаҳои гуногун ҳаминро метавон гуфт, ки калом илмест, ки дар фаҳмиши ақоиди исломӣ, яъне ҳар он чизе мусулмонон бо он эътиқоду имон доранд бо истифода аз ақлу мантиқ баҳс мекунад. Аслан, тамоми таълимоти дини Ислом фарогири се бахш аст: ақоид, ахлоқ ва аҳком [1].
Фалсафаи калом бахши аввали дини Ислом буда, бораи шинохти масоили ақоидӣ баҳс мекунад. Дар адёни дигар низ ин мабоҳис вуҷуд дорад, вале на он ба номи калом зикр нашудааст. Тафовути калом аз фалсафа дар он аст, ки фалсафа дар мавриди ҳастӣ-олам бидуни побанди ба ин ё он ақидаи дини баҳс мекунад, аммо фалсафаи калом дар масоили илоҳиёт (Худошиносӣ ва дар робита бо он ҳастишиносӣ, маод - ҳаёти ухравӣ ва масоили маърифат - гносеология) бо истифода аз усулҳои мантиқию фалсафӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Зуҳури фалсафаи каломро дар ибтидои асри 8-ум шуморидаанд, вале баъзе уламои Ислом бар он ақидаанд, ки усули муҳокимаву исботи каломи дар худи Қуръон вуҷуд дорад. Давраи муқаддимоти каломро уламо бо таҳияи «Фиқҳи акбар» - и имом Абўҳанифа иртибот додаанд. Истидлоли ақлӣ дар Ислом бо номи Раъд ибни Дирҳам (вафот 742-743) оғоз шудааст. Ў аввалин шуда дар масъалаи дини танҳо бо ақл эътимод кардан ва оёти ба ақл мухолифат доштаи Қуръонро бо тарзи таъвил баён карданро даъват намудааст. Баъд аз ў Ҷаҳим ибни Сафвон (вафот 745) кори ўро идома додааст [2].
Нахустин масоиле, ки мутакаллимони насли аввал рўи он баҳсҳое шабеҳи баҳсҳои фалсафи оростаанд иборатанд: 1 Чӣ гунагии вазъи имонии шахси муртакиби гуноҳи кабира шуда, яъне гуноҳи бузург содир кардааст. 2. Масъалаи сифот ва зоти Худо. 3. Масъалаи ҷабр ва ихтиёр [3].
Ихтилофи асосии аз рўи масъалаи сеюм ҷабр ва ихтиёр, масъалаи сарнавишту тақдир, ҳудуди озодии иродаи башар ва ҳадди вобастагии вай аз иродаи Илоҳӣ рўх дод. Онҳое, ки ҷонибдори аз озодии фаъолияти башар ва мухтории инсон дар касбу интихоб мекарданд ҷараёни Қадария ном гирифтанд. Баъзе уламо гуфтаанд, ки агар ба ҳадисҳои Пайғамбари Ислом назар кунем, метавон гуфт, ки ин фирқа ҳанўз дар давраи зинда будани худи Пайғамбари Ислом - Муҳаммад (с) вуҷуд доштаанд.
Гувоҳ ба ин гуфтаҳо ҳадиси маъруфест, ки дар он чунин зикр шудааст:“ал-Қадарият - ул-маҷусу ҳозиҳил – уммати”. Яъне, “ќадария маҷуси (зардуштия) - ин уммат аст”[4].
Баръакс онҳое, ки бар хилофи қадария, башарро яксара тобеи сарнавишт, маҷбур, бе ихтиёру озодии амал медонистанд ҷабария ном доранд. Таълимоти қадария аз тарафи (асри 7-10) дастгири ва инкишоф ёфт. Аз ин рў, мўътазилиёнро қадария низ меноманд. Ҳарчанд худи онҳо сайъ ва кушиш кардаанд, ки ин номро (аз баски Пайғамбари ислом, чунон ки ишора кардем онҳоро маҷус номидааст) ба худ нисбат надиҳанд ва худро “аҳли тавҳид” меномиданд.
Асосгузори мўътазила Васил ибни Ато (699-748) дар маҳфили Ҳасани Басрӣ (ваф.с.728) дар Басра таҳсил мекардааст, вале пас аз ихтилоф рўйи якчанд масъалаи илоҳиётӣ аз онҳо ҷудо мешавад. Бинобан ин, номи фирқае, ки ў асос мегузорад мўътазила (аз кал.араб. иътазила- ҷудо шудан) номида шудааст. Дар воқеъ, мўътазила яке аз шохаҳои илми калом ба шумор меравад [5].
Мўътазила асосан рўйи панҷ масъала бо исломи расмӣ ихтилоф дошт. Муҳимтарини онҳо: 1. Тавҳид аст, ки онҳо тасаввуроти динии соддаи ташбеҳӣ (-антропоморфи)-и исломи расмиро дар мавриди Худованд рад карда, худошиносиро ба фаҳмиши фалсафи наздик кардаанд. Яъне онҳо бар хилофи ќишриёни аҳли суннат ва ҷамоат сифоти Худоро айни зоти Худо медонистанд ва амри изофӣ ва берун аз зоти Илоҳӣ будани сифот (атрибутҳо)-и Худоро рад мекарданд, 2. Онҳо гуфтаанд, ки Қуръон қадим ва азалӣ нест, яъне ҳодис ва махлуқ аст. Онҳо чунин мегуфтанд, Худованд онро дар вақти зарурат халқ фармуда, ба замин нозил кардааст. Ин назари онҳо низ мабни ба эътиқодашон тавҳид буд. Онҳо боварӣ ба азалият ва қадимияти Қуръонро мухолифи асли тавҳид мешумориданд, яъне дар баробари Худованд мавҷуди дигаре монанди ў азалӣ ва ќадим ва ғайри махлуќ ќарор доданро ширк (политеизм) меҳисобиданд. 3. Ихтилофи дигари мўътазила рўи масъалаи адлӣ Худованд аст. Мўътазила эътиқоди омма ва исрори аҳли суннатро дар мавриди беихтиёрии башар дар назди сарнавишт, хилофи асли адл мешумориданд.
Аз назари онҳо тасдиқи он, ки Худованд ҳар киро хоҳад ҳидоят мекунад ва ҳар киро хоҳад ба залолат мебарад, инчунин ҳукми тақдири азалии Илоҳӣ оид ба саодат ва шақоват мухолиф бо адлӣ Худованд аст. Барои исботи ин ҳама назариёти худ онҳо аз Қуръон оёте истинбот кардаанд ва гуфтаанд, ки Худованд одил аст ва имкон надорад, ки касеро аз рўи сарнавишти муайянкардаи худаш маҳкум ба хатокори ва гуноҳ кунад ва боз онҳоро, ки бе ихтиёри худ ба ҳукми сарнавишти гуноҳ содир кардаанд, азобу уқубат намояд. 4. Муҳимтарин тафовути мўътазила аз қишриёни асҳоби суннат ва ҳадис ақлгароии онҳост. Аз ин рў, мўътазиларо асҳоби раъй ва ақлгаро (ақлиюн) низ меноманд. Мўътазила метавон гуфт, ки нахустин фирқаи либералии исломӣ, ба он ақида будаанд, ки аъмоли мазҳаби ва эътиқоди башар дар сурате метавон дуруст бошад, ки мутобиқ ба ақл бошад. Мўътазила, ки дар шаҳрҳои калонтарини Шому Ироқ зоҳир шудаанд, касоне буданд, ки бо афкори юнониён, масеҳиён ва зардуштию монавия шиносоӣ доштанд. Ин ошнои ва мутолиот чунин натиҷаро ба бор овард, ки ҳеҷ мабдаъ ва асли каломи шаръӣ набояд, ҷуз ба тарозуи ақл санҷида шавад. Онҳо чунин гуфтанд, ки ҳар мабдаъ ва асле, ки бо адл ё тавҳиди Илоҳӣ андаке мухолифат кунад, ба ҳукми ақл қобили қабул нест. Ратсионализм, яъне хирадгароии мўътазила баъдан дар тўли тамоми таърихи ислом ба мухолифати аҳли қолу аҳли ҳол ътиқодгароён дучор мегардад. 5. Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар асли эътиқоди муътазила буда, дахолаткардани ошкор барои он ки аҳкоми шариат ҳамвора риоят шавад, ин асл ба таври умда ҷанбаи сиёсӣ дорад ва ҳатто мумкин аст, тавҷеҳе барои инқилоб бошад [6].
Назари хоси муътазила дар ин бора он аст, ки аввалин роҳи шинохти маълум ва номаълумиҳо танҳо марбут ва маҳдуд ба шариат нест. Ақл низ қодир аст, ҳадди ақал қисме аз “маъруфҳо ва мункарҳо” – ро мустақилона муайян созад. Дар ин замина амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар вобаста ба мавҷуд будан ва ён абудани имом (имоми ҳозиру ғоиб) нест, балки вазифаи тамоми мусуомон аст [7].
Мўътазила ҳамчун фирқаи мазҳабию сиёсӣ дар навбати худ ба чандин фирқа тақсим шудааст. Маъруфтарини онҳо: восилия, ҳузайлия, наззомия, ҳобития, бишрия, муаммария, мурдория, чоҳизия ва ғайра мебошанд.
Намояндагони маъруфи мўътазила: Восил ибни Ато (699-748), Абул Ҳузейл ал-Аллоф (ваф. 849), Аби Исхоқ Иброҳим ибни Сайф ан-Наззом (ваф. 836 ё 845), ал- Қоҳиз (ваф.868), Ато ибни Ясор, Саъид ибни Аби Арубо, Қатода ибни Даъома, Ҳишом Даствои, Сайид ибни Иброҳим, Муҳаммад ибни Исхоқ, ва ғайра мебошанд. Як давраи муайяне, чунон ки гуфтем, мўътазила аз тарафи халифаи Аббоси Маъмун ва ворисони вай ал-Мўътасим ва Восиқ дар сатҳи давлатию сиёсӣ пуштибон пайдо мекунанд. Вале баъдҳо худи ин фирќа ба таъќибу буҳрони сахт рў ба рў гардида, аз байн рафт [8].
Хулоса, муътазила дар ҷаҳони ислом нахустин мутакаллимоне будаанд, ки дар баробари мактаби расмии аҳли суннат ва ҷамоат бархоста, ба тадриҷ ҳамчун мактаби ақлгаро ташаккул ёфтанд ва дар минтақаҳои гуногуни хилофати исломӣ ҳавзаҳои худро таъсис доданд. Муътазила сифатҳои зиёдро инкор мекарданд, ки амалҳои эшон ба ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат хуш намеомад.
Илова бар ин, ҷудошавии тадриҷӣ дар баробари асолати ақл дар илми калом, ки пештозони аввалияш муътазила буданд, дар ҳудуди камтар аз як аср пас аз даргузашти бунёдгузори мактаби муътазила Восил ибни Ато оғоз гашт. Дар ниҳоят замони хилофати Мутаваккил ва сиёсати саркубгаронаи вай нисбат ба муътазила нуфузи онҳо ба куллӣ аз байн рафт. Лекин бо вуҷуди ин, мавқеи ақлгароии онҳо комилан рукуд наёфт.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 9 (90) том 4
Ссылка для цитирования:
ПАЙДОИШИ ФАЛСАФАИ КАЛОМ ВА ҶАРАЁНИ МУЪТАЗИЛА // Журнал «Вестник науки» от 28 сентября 2025 г. № 9 (90) том 4. С. 762 - 767. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/25774 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/25774
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
