ИСТИФОДАИ ИСМҲОИ СОХТА ВА ТАФОВУТИ ОНҲО ДАР ЗАБОНҲОИ ОЛМОНӢ ВА ТОҶИКӢ
Аннотация: Мақолаи мазкур ба масъалаи истифодабарии исмҳои сохта дар забонҳои олмонӣ ва тоҷикӣ бахшида мешавад. Муаллиф тафовути онҳоро дар ҷумлаҳои мухталиф бо мисолҳо аз адабиёти бадеии забонҳои гуногунсохт исбот намудааст. Ӯ дар бар гирифтани баъзе тағйиротҳоро дар мазмуну мундариҷаи ҷумлаҳои таҳқиқшаванда бо истифодаи пешванду пасвандҳо ва эквиваленти онҳо дар забонҳои гуногунсохт инъикос намудааст. Қайд кардан ҷоиз аст, ки агар аз як тараф категорияи шумора ё шуморанашаванда будани исм ба ҳам алоқаманд бошад, аз тарафи дигар чунон, ки маводҳои забонӣ шаҳодат медиҳанд, дар матн бартарафшавии ин таносуб мушоҳида карда мешавад. Яъне исмҳои шуморана-шаван-да низ морфемаи ҷамъсоз қабул карда метавонанд. Дар мақола зикр карда мешавад, ки дар калимаи олмонӣ farmer исми сохта буда, касбу корро ифода мекунад, пасванди -er мегирал. Дар калимаи тоҷикӣ низ колхозчӣ исм буда, ба воситаи пасванди -чӣ касбу корро ифода мекунад ва он дар ҷумла ҳамчун хабари номӣ истифода карда мешавад. Суффикси -гар оҳан+гар-Schmiеd, кор+гар-Arbeit+er, савдо+гар- Verkäuf+er. Мисол: Дар ҳамсоягии мо Юлдошбой ном савдогар буд. -Unser Nachbar Yuldoschboy war Verkäufer.
Ключевые слова: исмҳои сохта, тафовут, пешванд, пасванд, эквивалент, категорияи исм.
Ба исмҳои хоси сохтаи ҳарду забони муқоисашаванда калимаҳое дохил мешаванд, ки пасванд (суффикс) ва пешванд (префикс) ё ин, ки ҳам пасванд ва ҳам пешванд доранд.
Бояд ёдрас шавем, ки дар забони олмонӣ ҳамаи исмҳо бо ҳарфи калон навишта мешаванд. Дар забони тоҷикӣ бошад, танҳо номи шахсон, кӯлу дарёву кӯчаҳо ва ғайра бо ҳарфи калон навишта мешаванд.
Ба исмҳои сохта пасванду пешандҳои калимасоз нисбат дода мешавад. Пасванди –еr аз феъл исм месозад, масалан: arbeiten–кор кардан, der Arbeiter–коргар, lehren–омӯзонидан, der Lehrer–омӯзгор, malen–расм кашидан, der Maler–рассом. ассвандҳoи –keit, –heit, –ung, –schaft, –tion бо артикли die низ исмсозанд. Масалан, die Glücklichkeit –хушбахтӣ, die Kindhei –давраи кӯдакӣ, die Entwicklung –тараққиёт, die Nachbarschaft –хамсоягӣ, die Freundschaft –дӯстӣ, die Kommunikation –муошират.
Префикс – исмҳо, асосан бо префикс –феълҳо ва префикс –сифатҳо мувофиқ омада, бо исм вомехӯранд, ки аз ҳиссаҳои нутқи он ташкил меёбанд. Дар забони тоҷикӣ низ исмҳои сохта мавҷуд мебошанд. Исмҳое, ки аз реша ва пасванд ё пешванд сохта шудаанд, исми сохта номида мешаванд. Исмҳо бештар бо ёрии пасвандҳои, -чӣ, –бон, –зор, –истон, –дон, –гар, –шӣ, –ӣ, –гӣ, –ча, –ак, (як(акак) –як) –а, –гоҳ ва пешванди –ҳам сохта мешаванд. Суффикси–чӣ: аз исм исм месозад. Мисол: Иктисод–иқтисодчӣ–die Ökonomie–der Ökonomist, трактор–тракторчӣ–der Traktor–der Traktorist, он касбу ҳунарро ифода мекунад: Машғулияти шахсро мефаҳмонад– колхозчӣ. Er ist Kolchos –bauer. –Вай колхозчӣ аст. Агар дар забони тоҷикӣ пасванди -чӣ бошад, дар калимаи олмонӣ пасванди –ist, –bauer кор фармуда мешавад.
Дар забони тоҷикӣ пешванди «ҳам» кор фармуда мешавад, ки он исми сохта бунёд мекунад. Дар поён якчанд ҷумлаҳоро мисол меорем, ки дар он «ҳамсоя» исми сохта асту бо пешванди «ҳам» сохта шудааст. Аммо эквиваленти он дар забони олмонӣ дар ҳама калимаҳо якранг нест, яъне агар дар тоҷиқӣ ҳамсоя, ҳамсабақ, ҳамкор, ҳамдабист дар ҳама ҳолат пешванди «ҳам» қабул кунад, дар олмонӣ эквивалентҳои зерин вомехӯранд: ҳамсоя-der Nachbar, ҳамсабақ-der Komilitone, ҳамкор-der Mitarbeiter, ҳамдабист-der Mitschüler.
Билхоса, ғайр аз пешвандҳои mit-, nach, боз худи калима тамоман решаи дигар дорад. Масалан, аз адабиёти бадеии тоҷик якчанд мисол меорем ва эквиваленти онро дар забони олмонӣ дида мебароем:
Гарчи бо мо ҳамтабақ нестанд, ҳамдабист, ҳамсабақ нестанд... (М. Турсунзода). –Obwohl man mit uns nicht zusammenißt, keine Mitschüler und Komilitone sind… . (M.Tursunzoda) Асо даричаи мобайни ҳавлии ҳамсояро пӯшиду сӯи хона қадам монд. (Ҷ.Икромӣ)-Asso machte die Tür des Nachbarhofs zu und ging nach Hause. (Dsh. Ikromi)
Дар калимаи олмонӣ farmer исми сохта буда, касбу корро ифода мекунад, пасванди –er мегирал. Чӣ хеле дар боло қайд намудем, дар калимаи тоҷикӣ низ колхозчӣ исм буда, ба воситаи пасванди –чӣ касбу корро ифода мекунад ва он дар ҷумла ҳамчун хабари номӣ истифода карда мешавад. Суффикси –гар оҳан+гар-Schmiеd, кор+гар-Arbeit+er, савдо+гар- Verkäuf+er. Мисол: Дар ҳамсоягии мо Юлдошбой ном савдогар буд. –Unser Nachbar Yuldoschboy war Verkäufer.
Дар ҷумлаи забони тоҷикӣ исми сохта калимаи савдо+гар аст, ки аз реша+суффикс иборат аст. Ҳангоми тарҷума намудан он ба забони олмонӣ низ чун калимаи сохта истифода карда мешавад, ки аз реша+пасванд иборат аст, ин андешаи мо дар суханҳои боло садо дода буд.
Дар ҷумлаҳои забони олмонӣ исми сохта аз реша+суффикс иборат аст. Дар забони тоҷикӣ низ омӯз+гор, яъне реша+суффикс касбу корро ифода мекунад. Ягона фарқият дар ин ду ҷумла аз он иборат аст, ки дар ҷумлаи забони олмонӣ пеш аз номи сохта артикл истифода мешавад ва дар забони тоҷикӣ бошад, артикл ифода нaёфтааст: Seine Frau ist Fahrerin. Sie fährt das Auto.- Ҳамсари вай ронанда аст. Вай мошин меронад. Дар ду ҷумла исмҳои сохта инъикос ёфтаанд: дар забони олмонӣ «Fahr+er», дар забони тоҷикӣ «ронанда». Боз як тафовути исмҳои олмонӣ аз тоҷикӣ дар он аст, ки тамоми исмҳои забони олмонӣ хоҳ исми ҷинс бошад, хоҳ исми хос, бо ҳарфи калон навишта мешавад, чунон, ки дар ҷумлаи боло қайд кардем. Ҳардуи онҳо бо суффиксҳои исмсозе, ки касбу ҳунарро ифода мекунанд, омадаанд.
Фарқияти онҳо дар он аст, ки акнун дар ҷумлаи забони тоҷикӣ ба ҷои суффикси исмсози –гар эквиваленти дигари он ба суффикси –анда иваз мешавад, ки ин суффикс низ касбу корро ифода мекунад. Schriftsteller навис+анда. S. Ainy war der berühmte tadschikische Schriftsteller. – С. Айнй нависандаи машҳури адабиёти тоҷик буд.
Дар ҷумлаи забони олмонӣ номи сохта Schriftsteller буда, касбу корро ифода мекунад, лекин дар забони тоҷикӣ суффикси -анда онро иваз мекунад. Суффикси –гор низ дар забони тоҷикӣ касбу корро ифода мекунад. Мисол: Ҳазар аз ки бояд кард, то ростгор шавам. (А. Сино). Ба инҳо боз мисол шуда метавонад, созгор, мондагор ва ғ. Суффикси -бон низ касбу корро ифода мекунад, посбон дар забони олмонӣ эквиваленти он бо суффикси –еr аст: der Wacher– посбон, der Gärtner– боғбон. Мисол: Духтари боғбон ба мо табассум карда, як лаълӣ себу нок оварда ба назди мо гузошт. –Die Tochter des Gärtners lächelte uns und brachte einеn Teller Birne und Äpfel und legte vor uns. Боз як падидаи грамматикӣ ин ҷо аён мешавад, ки дар забони олмонӣ (der Gärtner) реша+(n) er меояд. Барои он, ки тибқи талаботи грамматикӣ калима мувофиқ шавад, –n илова мешавад. Дар ҷумлаи забони тоҷикӣ бошад, исми сохта боғбон мебошад, ки аз реша+суффикс иборат аст.
Хулоса, ҳам дар забони тоҷикӣ ва ҳам дар забони олмонӣ исмҳои сохта мавҷуд мебошанд ва шакли исмсозӣ бо роҳи суффикс дар ин ду забон дида мешавад, аммо баъзе суффиксҳо бо ҳамдигар аз ҷиҳати маъно наздик бошанд ҳам, боқимондаашон эквиваленти худро дар забони олмонӣ мураккаб иваз мекунанд ва ё ба ҷои он исмҳои сода истифода бурда мешаванд.
Аз ин рӯ, ҳангоми баррасии ин категория ба гуруҳҳои алоҳида тақсим кардани исмҳо авлотар мебошад. Ба гуруҳи якум исмҳое дохил мешаванд, ки ду шакли шумора дошта, яке ба воситаи морфемаи сифрӣ ва дигаре ба воситаи морфемаи мусбат (s–es, –en), бадалшавии овозҳо истифод мешаванд: (Mann–man), сурат мегирад. Ба гуруҳи дуюм чунин исмҳое дохил мешаванд, ки дар онҳо бевосита ду шакли ба ҳам муттақобил мавҷуд нест.
Инҳо навъи исмҳое мебошанд, ки боз дар навбати худ ба ду қисмат тақсим мешаванд:
- Исмҳое, ки фақат шакли танҳо доранд:
а) Исмҳои хос: Peter, Jalolov, Pushkin, Otto, Helen.
б) Исмҳои маънӣ: Freundschaft, Wissenschaft, Naturschaft.
в) Исмҳои моддӣ: Wetter, Wasser, Benzin.
г) Исмҳои ҷинси фардӣ: Sohn, Tochter, Neffe, Kusine.
д) Исмҳои ҷамъ: Gruppe, Familie, Geschwister.
с) Номи мамлакатҳои дунё: England, India, Japan.
Аз гуруҳбандии боло бармеояд, ки аз исмҳои номбаршуда боз бо роҳҳои гуногун исмҳои сохта бунёд мегарданд, ки ин мавзӯи махсуси мақолаи оянда маҳсуб меёбад.
Ғайр аз ин як гуруҳи дигари исмҳоро ҷудо мекунанд, ки онҳо барои шумораи танҳо ва ҷамъ шакли омонимӣ доранд. Мисол: Fisch, Fische. –моҳӣ, моҳиён Яъне дар як шакл ҳам маънои танҳо ва ҳам ҷамъ маҳфуз аст, ки матни зер аз он шаҳодат медихад: Dieser Mensch ist mein Lehrer. Diese Menschen sind meine Lehrer. Das ist ein Wagen. Der Wagen ist neu. Diese neue Wagen sind teuer. –Ин одам устоди ман аст. Ин одамон устодони ман ҳастанд. Ин мошин аст, мошин нав аст. ин мошинҳои нав қимматанд.
Қобили қайд аст, ки як зумра исмҳои аз забони юнонӣ ва лотинӣ иқтибосшуда, тарзи ҷамъсозии он забонҳоро нигоҳ доштаанд. Мисол: Datum–data, Formula–formulae, Dogma–dogmata, Analysis–analyses.
Ҳамин тавр, аз як тараф категорияи шумора ё шуморанашаванда будани исм ба ҳам алоқаманд бошад, аз тарафи дигар чунон, ки маводҳои забонӣ шаҳодат медиҳанд, дар матн бартарафшавии ин таносуб мушоҳида карда мешавад. Яъне исмҳои шуморанашаванда низ морфемаи ҷамъсоз қабул карда метавонанд.
Маҳсулнокии қолабҳои калимасозӣ инчунин бо он муайян карда мешавад, ки бо он чӣ қадар калимаи нав сохта шудааст ва бо он қолаб ҳоло ҳам калимаи нав сохта мешавад. Мафҳуми дараҷаи мунтазамии семантикӣ тақозо мекунад, ки мувофиқаташ маънои дақиқии луғавии калима дар асоси маънои умумии усули калимасозӣ муқаррар карда шавад. Ҳамин тавр, гуфтан мумкин аст, ки мунтазамии семантикӣ дар исмҳои феълӣ бо суффикси–ор дар калимаи гирифтор барҳам хурдааст, чун ки маънои номи амал бо суффикси -ор (рафтор, кирдор) ва номи фоил (харидор) мунтазамии исм ба шумор меравад.
Агар дақиқтар назар карда шавад, барҳам хӯрдани мунтазамнокии шаклии ин усул дар калимаҳои алоҳида муайян карда мешавад. Ба ин калимаи кирдор мисол шуда метавонад, чунки мувофиқи синхрония дар ин исм бо асоси замони гузаштаи феъли (кард) мутобиқат кардани он дида намешавад, чунончӣ, калимаҳои харидор ва гуфтор ба ду ҳодиса: харид + ор ва гуфт + ор тақсим мешавад, вале «кирдорро» ин тавр ҷудо кардан мумкин нест. Дар забони форсии миёна қолабҳои зиёди ин калимаҳоро дидан мумкин аст.
Дар забони форсии миёна бар хилофи забонҳои эрониқадим, аз ҷумла забони форсии қадим, ки дар он калимаҳои морфологии аблаут (бадалшавии садонокҳо) мавқеи муҳимро ишғол мекард, ин усули калимасозӣ aз байн рафтааст. Нӯҳ гуруҳ суффиксу преффиксҳо модалияти калимасозиашонро гум кардаанд, дар асоси калимаҳои мураккаб суффиксҳои нав ба амал омадаанд, масалан, қолаби калимасозӣ бо суффиксҳои -stan, -pan дар забони форсии миёна ба амал омадааст. Дар давраи миёнаи забони форсӣ барои бо суръат инкишоф ёфтан, ҷараёни лексиконидани ибораҳо ва ба калимаи мураккаб табдил ёфтани онҳо шароити мусоид фароҳам мерасад.
Ҳамин гуна ҳолатро дар забони адабии ҳозираи тоҷик дидан мумкин аст. Ҷузъиёти ин масъала ҳангоми муқоисаи ҳамаи қолабҳои калимасозии забони адабии ҳозираи тоҷик, забони форсӣ муайян карда мешавад, ки ин вазифаи грамматикаи таърихист. Дар ин давра миқдори суффиксҳои калимасоз он қадар тағйир наёфтааст. Бисёр қолабҳои суффикси калимаҳо бемаҳсул шудаанд.
Суффиксҳои навин низ пайдо нашудаанд, баъзе суффиксҳо серистеъмол мешаванд (масалан, сифатсозӣ бо суффикси –она, ки аломати ба амал омаданро мефаҳмонад), колабҳои нави калимасоз, калимаҳои мураккабро ба амал меоранд, калимасозии омехта (мураккаби суффиксдор) хеле инкишоф меёбад. Хусусиятҳои махсуси луғавию грамматикии исмҳои ҷомеъ тақозо мекунад, ки онҳо ҳамчун гуруҳи махсуси исм ба ҳисоб гирифта шаванд. Исми ҷомеъ дар шакли танҳо маънии бисёриро ифода мекунад. Аз ҳамин нуқтаи назар, исми ҷомеъ бо исми ҷамъ, ки шаклҳои махсуси ифода дорад, мутаносуб ба шумор меравад. Аммо исми ҷомеъ аз исми ҷамъ на танҳо аз ҷиҳати шакли грамматикӣ, балки аз ҷиҳати маъниву муносибати грамматикӣ ҳам фарқ мекунад. Исмҳои танҳои мафҳуми ҷомеъиятдошта дар мавридҳои муайяни синтаксисӣ, алалхусус дар ибораҳо, маънои худро равшан зоҳир мекунанд.
Дар исми ҷомеъ мафҳуми бисёрӣ чунон равшан аст, ки ҳангоми мубтадо шудани вай (агар исми шахс–яъне номи одам бошад) хабар дар шакли ҷамъ низ меояд. Дар забони тоҷикӣ дар шакли ҷамъ (мардумон, паррандагон, оҳувон, халқҳо, рамаҳо) омадани исми ҷомеъ низ муайян аст. Дар чунин маврид ҳам асоси ин калимаҳо маънии бисёриро ифода мекунад. Баъзе шаклҳои ҷамъи арабӣ бо суффикси –от, –ёт дар забони тоҷикӣ ҳамчун исми ҷомеъ зоҳир мешаванд, масалан: интихобот, абёт, ки масъалаи мазкур таҳқиқоти ҷудогонаро талаб менамояд.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 10 (91) том 2
Ссылка для цитирования:
ИСТИФОДАИ ИСМҲОИ СОХТА ВА ТАФОВУТИ ОНҲО ДАР ЗАБОНҲОИ ОЛМОНӢ ВА ТОҶИКӢ // Журнал «Вестник науки» от 12 октября 2025 г. № 10 (91) том 2. С. 916 - 923. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/25955 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/25955
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
