ИСТИФОДАИ ФЕЪЛИ «FAHREN» БО ПЕШВАНДҲОИ ЗАБОНҲОИ ОЛМОНӢ, РУСӢ ВА ТОҶИКӢ
Аннотация: Дар мақолаи мазкур масъалаи истифодабарии феъли fahren дар забонҳои олмонӣ, русӣ ва тоҷикӣ дида баромада мешавад. Он тағйиротҳоро дар мазмуну мундариҷаи феъли мазкур бо истифодаи пешвандҳо ва муодилият ва эквиваленти онҳо дар забонҳои гуногунсохт дар бар мегирад. Муаллиф қайд мекунад, ки истифодаи феъли fahren бо пешвандҳо яке аз категорияҳои муҳим дар забони олмонӣ ба ҳисоб меравад. Он барои инъикос намудани ҷоййивазкунӣ, яъне ҳаракат дар нақлиёт имконият медиҳад. Дар ҳар се забон фарқияти самтҳои яктарафа ва ҳартарафаро бояд сарфаҳм рафт. Бояд зикр намуд, ки феъли fahren- ехать, ездить, водить- мошинсавор рафтан, рондан, ки мазмуну мундариҷаи гуногунро дорад, таваҷҷӯҳи махсусро талаб менамояд. Он дар ифодаи ҳаракат ё ҷунбиш дар дилхоҳ нақлиёт, ғайр аз тайёра корбурд мешавад. Муаллиф дар мақолаи мазкур қайд менамояд, ки танҳо як феъли fahren бо якчанд маъно дар худи забони олмонӣ истифода мешавад, дар ҳоле, ки истифодаи ин феъл дар забонҳои муқоисаашаванда боз гуногунранг буда, дар бобати тарҷума ва эквивалентҳои онҳо тафовут хеле бисёр аст. Аз ин лиҳоз феъли «fahren» дар забонҳои гуногунсохт якранг тарҷума ва истифода намешавад. Ғайр аз он, ки ин феъл маъноҳои гуногунро ифода мекунад, мисол мошинсавор рафтан ва мошин рондан, боз агар пешвандҳои –er, –ver, –ge ба асоси феъл ҳамроҳ шавад, маънояш таоман иваз мешавад, ҳарчанд, дар забони тоҷикӣ ин пешвандҳо истифода намешаванд
Ключевые слова: тасрифи феълҳои қавӣ, пешвандҳо, пасвандҳо, эквивалент, феълҳои ҳаракат ва ёридиҳанда, забонҳои муқоисашаванда, феълҳои серистеъмол, муошират, категорияи феъл, гуфтугӯ, ифодаи фикр, шаклҳои феъл, мазмуну мундариҷа, хатоҳои грамматикӣ, азхудкунии луғат.
Мусаллам аст, ки феълҳо дар ҳар се забони таҳқиқшаванда боиси монеа ё чигилшавии фикр дар ҷумлаҳои иброзшавандаи омӯзандагон мегарданд. Чаро ин тавр мешавад? Барои он, ки агар онҳоро хато ифода кунем, фикру андешаи мо мувофиқи матлаб намешавад, яъне нутқамон хато меравад. Бидуни истифодаи онҳо ҳатто як ҷумлаи сода низ сохтан амри маҳол аст. Агар омӯзанда 100 адад феълҳои серистеъмолро азхуд намояд, шояд 60 ё 63%- и нутқи ҳаррӯза қуфлкушои муошират мегардад ва он ба дунёи забонҳои хориҷӣ роҳ мекушояд.
Яке аз чунин феълҳо феълҳои ҳаракат ё ҷунбиш дар нақлиёт мебошад, ба монанди: fahren, fliegen, reiten ва ҳоказо. Ин ҷо феъли fahren–ехать– мошинсавор рафтан ба русӣ ва тоҷикӣ тарҷума мешавад, мисол меорем ва дар атрофи он муҳокима меронем. Он яке аз категорияҳои муҳим дар забони олмонӣ ба ҳисоб меравад. Он барои инъикос намудани ҷоййивазкунӣ, яъне ҳаракат дар нақлиёт имконият медиҳад. Дар ҳар се забон фарқияти самтҳои яктарафа ва ҳартарафаро бояд сарфаҳм рафт. Бояд зикр намуд, ки феъли fahren–ехать, ездить, водить–мошинсавор рафтан, рондан таваҷҷӯҳи махсусро талаб менамояд. Он дар ифодаи ҳаракат ё ҷунбиш дар дилхоҳ нақлиёт, ғайр аз тайёра корбурд мешавад. Ин ҷо якчанд мисолҳо меорем: [9, С.140]
mit dem Auto fahren–ехать на машине–мошинсавор рафтан,
mit dem Zug fahren–ехать на поезде–поездсавор рафтан,
mit dem Fahrrad fahren–ехать на велосипеде–велосипедсавор рафтан,
mit dem Schiff fahren–плыть на корабле–бо киштӣ ё киштисавор рафтан.
Барои калимаи ҳавопаймо феъли алоҳида fliegen корбурд мешавад: mit dem Flugzeug fliegen–лететь на самолёте–бо тайёра рафтан (парвоз кардан).
Феъли fahren дар забонҳои гуногунсохт якранг тарҷума ва истифода намешавад. Дар забони олмонӣ 3 шакли асосии феъл мавҷуд аст, fahren –fährt, fuhr–gefahren (ist) –ехать, поехать–мошинсавор рафтан. Он дар шаклҳои Infinitiv, Imperfekt ва Partizip II истифода бурда мешавад. Азбаски феъли мазкур ба гуруҳи феълҳои қавӣ мансуб аст, шакли сеюми феъл бо ёрии пешванди ge– ва охирчаспаки -en сохта мешавад, яъне замони гузашта аст. Мисол: Ба се шакли асосии феъли номбаршуда мисол меорем:
Das Auto fährt langsam. –Машина едет медленно. –Мошин суст роҳ мегардад.
Ich fuhr nach Isfara mit dem Bus. –Я ездил в Исфару на автобусе. –.Ман ба Исфара бо автобус сафар кардам. Er ist mit dem Zug gefahren. –Он поехал на поезде. –Ӯ поездсавор рафт. Ich bin in die Stadt gefahren. –Я поехал (а) в город. –Ман мошинсавор ба шаҳр рафтам.
Маънои дигари феъли „fahren“ мошин ҳай кардан ё рондан аст. fahren — fährt –fuhr – gefahren (hat) –водить–мошин рондан. Вобаста ба ин мисолҳо меорем:
Er fährt einen Opel. –Он водит Опель. –Ӯ мошини Опел меронад.
Er fährt das Auto zur Tankstelle. –Он везет машину на заправку. –Ӯ мошинро ба назди нуқтаи бензинпуркунӣ меронад.
Wer hat den Lastkraftwagen gefahren? –Кто был за рулем грузовика? Кто вёл грузовик? – Кӣ мошини боркашро меронд? Ё, сари чамбараки мошини боркаш кӣ нишаста буд?
Маънои 3-юм, abfahren –fährt ab (дар шахси 3)-fuhr ab-abgefahren (ist)–
отправляться, отъезжать, уходить– рафтан, ба роҳ баромадан, ҳаракат кардани нақлиёт
Масалан: Der Zug fährt um 8 Uhr ab. –Поезд отправляется в 8 часов. –Қатора соати 8 меравад, ба роҳ мебарояд. Wir müssen pünktlich am Bahnhof sein, weil der Bus gleich abfährt. –Мы должны быть вовремя на вокзале, потому, что автобус скоро отправляется. –Мо бояд сари вақт дар вокзал бошем, зеро ба қарибӣ автобус ба роҳ мебарояд.
Der letzte Zug fuhr gestern um 23 Uhr ab. –Последний поезд отправился вчера в 23 часа.´ –Қатораи охирин дирӯз соати 23 ба роҳ баромад. Der Bus ist vor zehn Minuten abgefahren. –Автобус уехал десять минут назад. –Автобус 10 дақиқа пеш ба роҳ баромад. Пешванди ав– саршавӣ, оғози корро ифода мекунад. [9, С.102-108]
Маънои 4-ум: anfahren-fährt an-fuhr an-angefahren (ist/hat)
трогаться (ехать), подъезжать (о поезде и т. п.) / наезжать на кого-либо, на что-либо- ҳаракат кардан, омадан, касеро ё чизеро зер кардан.
Мисол (маъно: трогаться, подъезжать–ба ҳаракат даромадан, наздик шудан): Die Straßenbahn fuhr an. –Трамвай тронулся. –Трамвай ба ҳаракат даромад. Das Auto ist hupend angefahren. –Подъехала машина, сигналя. –Мошин гудокзанон омад. Der Zug fährt langsam an. –Поезд медленно трогается. –Қатора оҳиста ҳаракат мекунад. мисол, (маъно: наезжать на кого-либо, на что–либо –hat): Er hat eine alte Frau angefahren. –Он сбил (наехал) пожилую женщину–Ӯ як занро бо мошин зер кард. Er hat einen Laternenpfahl angefahren. – Он врезался (наехал) в фонарный столб. –Ӯ ба як сутуни фонусовезӣ бархӯрд, дакка зад. Der LKW (Lastkraftwagen)–Fahrer fuhr ein Verkehrsschild an. –Водитель грузовика наехал на дорожный знак. –Ронандаи мошини боркаш ба аломати роҳ бархӯрд.
Бояд ба он аҳамият дод, ки ҳангоми истифода дар забони ғайр, яъне забони олмонӣ мо пешоянд истифода намекунем, дар забони олмонӣ феъли мазкур бо пешоянд як маъно дошта бошад, дар забони.русӣ пешоянди мувофиқ истифода карда мешавад, дар забони тоҷикӣ бошад он ба вазифаи пуркунанда меояд, охирчаспаки –ро қабул мекунад. Мо бояд ба он таваҷҷӯҳ намоем, ки дар забони русӣ пешоянди на истифода мебарем, он дар падежи «винительный» корбаст мешавад (eine alte Frau anfahren -наехать на пожилую женщину), дар забони тоҷикӣ бошад, пасоянди –ро мегирад, занеро пахш кард. Ва агар мо ба феъли fahren пешванди er– гузорем, erfahren –erfährt–erfuhr–erfahren (hat), чунин тарҷума мешавад: узнавать (информация) –аз маълумот хабардор шудан, бархурдор шудан.
Масалан: Ich erfahre oft interessante Dinge von meinen Freunden. –Я часто узнаю интересные вещи от своих друзей–Ман аз рафиқони худ тез–тез маълумотҳои шавқовар мегирам. Мисол: Du musst unbedingt die Wahrheit erfahren. –Ты должен обязательно узнать правду.–Ту бояд аз ҳақиқат бохабар шавӣ. Wir erfuhren, dass die Prüfung verschoben wurde. –Мы узнали, что экзамен перенесли.–Мо бохабар шудем, ки имтиҳонро ба вақти дигар гузоштанд.
Er hat von seinem Gewinn im Lotto erfahren. –Он узнал о своем выигрыше в лотерею. –Ӯ фаҳмид, ки дар лотерея бурд кардааст.
Маънои 5–ум: losfahren –fährt los –fuhr los , losgefahren (ist)
отъезжать, отправляться, выезжать, поехать–ҳаракат кардан, ба роҳ баромадан (яъне аллакай). Тафовути он аз «abfahren» рафта истодан, ба ҳаракат даромадан дар чист? Ифодаҳои «abfahren» ва «losfahren» маънои шабеҳи ҳамдигарро дорад, вале онҳо дар маъноҳои гуногун корбурд мешаванд, яъне ҳар ду ба ҳамдигар монанданд, вале гуногун истифода карда мешаванд, Аbfahren бештар дар нақлиёт истифода мешавад. ба роҳ даромадани воситаи ҳаракат, яъне нақлиётро нишон медиҳад (мисол, қатора ё автобус ба роҳ мебарояд). [8, С.132]
Одатан омӯзандагони мо ҳангоми гуфтугӯ ба хатогиҳои грамматикӣ роҳ медиҳанд, масалан: «Ich bin mit dem Flugzeug gefahrt» ба ҷои чунин ибора: «Ich bin mit dem Flugzeug geflogen» гуфтан лозим аст. Бинобар ин ҳар омӯзанда ғалатҳои худро бояд дарк намояд. Агар нақлиёт дар ҳолати парвоз кардан бошад, fliegen-ро истифода бар, агар дар замин бошад fahren корбурд мешавад. Як лаҳзаи муҳим ва хоси феълҳои олмониро ин ҷо бояд зикр намуд, ки ҳангоми истифодаи феълҳои ҳаракат бояд феълҳои ёридиҳандаро дуруст интихоб кард. Аксарият феълҳои ҳаракат рӯйхати махсуси худро доранд, онҳо бо феълҳои ёридиҳандаи sein корбаст мешаванд, на бо haben. Ба инҳо мисол шуда метавонад:
Ich bin nach Hause gegangen. (Я пошёл домой. –Ман ба хона рафтам) Wir sind nach Berlin gefahren. (Мы поехали в Берлин. –Мо ба Берлин сафар кардем.) Дар забони олмонӣ баъзе истисноҳое ҳастанд, ки ҳолати ҳаракат муҳим ҳисобида мешавад, на самти он.
Мисол: Ich habe den ganzen Tag gelaufen. (Я бегал весь день. –Ман тамоми рӯз давидам, ё ман рӯзи дароз давидам.) Ин ҷо феъли ёридиҳандаи haben дар замони гузашта корбаст мешавад.
Оморҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки феълҳои ҳаракат тақрибан 25% и тамоми феълҳои истифодашавандаро дар нутқи ҳаррӯза ташкил медиҳанд, ки омӯзиши онҳо дар озод азхудкунии забон муҳим арзёбӣ мегарданд. Барои дар хотир нигоҳ доштани чунин феълҳо сохтани карточкаҳо ё варақаҳо ва дар руи онҳо навиштани феълҳо тибқи гуруҳбандӣ тавсия дода мешавад. [8, С. 98]
Хулоса. Феълҳои ҳаракат ба мисли шаклҳои гуногуни феъли fahren, ки дар боло онро таҳлил намуда, шарҳу эзоҳ додем, категорияи муҳимтарин дар забони олмонӣ ба шумор мераванд. Мо бояд ба воситаи он ҳаракати як чизро аз як ҷой ба ҷои дигар инъикос намоем, ё ҷойивазкунии як ашёро тасвир намоем. Дар муқоиса бо забонҳои дар мақола пешниҳодшуда ишора ба роҳу усул ва характери ҳаракат мешавад, яъне ҳаракат дар кадом ҳолат ҷараён мегирад, муҳим он, ки ҳаракат яктарафа аст ё ҳартарафа, ҳамин, ки феълҳои ҳаракати пиёдагардиро ба хотир оварем, инҳо феълҳои: gehen (идти)– пиёда рафтан, laufen (бежать) –давидан, spazieren (гулять) –сайругашт кардан мебошанд, феълҳои ҳаракат дар нақлиёт бошанд, fahren (ехать) –мошинсавор рафтан, fliegen (лететь) –парвоз кардан, reiten (ехать верхом) – аспсаворӣ кардан.
Инчунин феълҳои ҳаракати самтнок мавҷуданд, яъне онҳо ба сӯй ё самт ишора мекунанд: kommen–приходить–омадан, ankommen–прибывать–омада расидан, zurück-kehren–возвращаться–баргаштан. Ин ҷо азбаски мавзуи мо ба феъли fahren бахшида мешавад, таваҷҷӯҳи махсус ба ин феъл нигаронида мешавад, ки он барои муайян намудани ҳаракат дар дилхоҳ нақлиёт, ғайр аз тайёра корбаст карда мешавад. Дар фарҷом бояд зикр намоем, ки феъли fahren дар мавриди тасриф ба қатори феълҳои пуриқтидор ё қавӣ дохил мешавад, ки ин мавзуи дигари таҳқиқоти мо аст.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 10 (91) том 2
Ссылка для цитирования:
ИСТИФОДАИ ФЕЪЛИ «FAHREN» БО ПЕШВАНДҲОИ ЗАБОНҲОИ ОЛМОНӢ, РУСӢ ВА ТОҶИКӢ // Журнал «Вестник науки» от 12 октября 2025 г. № 10 (91) том 2. С. 924 - 930. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/25956 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/25956
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
