МИЛЛАТСОЗӢ ҲАМЧУН РАВАНД: НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯ
Аннотация: Дар мақола сухан оиди раванди миллатсозӣ меравад, ки яке аз муҳимтарин равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар таърихи асри нав ва муосир ба шумор меравад. Муаллифон кушиш намудаанд, ки раванди миддатсозиро то андозае аз нуқтаи назари илми муосир омӯхта ҷиҳатҳои мусби ва манфии ин равандро муаян намоянд. Дар асри XXI ин раванд бо таъсири ҷаҳонишавӣ, муҳоҷират, тағйироти сиёсӣ ва фазои интернетӣ ҷиддан дигар шудааст. Ин мақола ба таҳлили назарияҳо, амалияҳо ва мушкилоти миллатсозӣ дар ҷаҳони муосир бахшида шудааст. Инчун дар мисоли миллатсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳдиду чолишҳои ҷаҳонишавӣ ба он, инчунин тавсияҳои бисъёр муфиде ба дигар давлатҳои хурду бузург ироа гардидаанд.
Ключевые слова: Миллатсозӣ, миллат, халқ, давлат, ҷаҳонишавӣ, таҳдидҳо, сиёсати давлати, зеҳни сунъи, технология.
Муқаддима. Миллатсозӣ яке аз муҳимтарин равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар таърихи асри нав ва муосир аст. Ин раванд ба ташаккули миллатҳо ва ҳувияти миллии онҳо дахл дорад. Миллатсозӣ дар назария ва амалия бо таҳлили усулҳои ташаккулёбии миллатҳо, нақши давлат, фарҳанг, забон ва ҳаракатҳои миллии мардумӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Миллат - шакли олии ҷомеаи иҷтимоӣ-сиёсӣ буда, бо зиндагии муштараки иқтисодӣ, забон, қаламрав ва фарҳангу тарзи зиндагии муштарак хос аст. Миллатсозӣ — раванди ташаккули ҳувияти миллӣ, ки бо таърих, фарҳанг, забон ва ҳиссиёти муштараки як қавм алоқаманд аст. Дар асри XXI ин раванд бо таъсири глобализатсия, муҳоҷират ва тағйироти сиёсӣ ҷиддан дигар шудааст. Ин мақола ба таҳлили назарияҳо, амалияҳо ва мушкилоти миллатсозӣ дар ҷаҳони муосир бахшида шудааст.
Миллатсозӣ ҳамчун як раванди таърихӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ ба ташаккули як ҳувияти муштараки миллӣ, ки асосан ба воситаи забони якҷоя, фарҳанг, таърих ва ҳуқуқҳои муштарак ифода меёбад, таъриф мешавад. Аҳли илм, рӯзноманигорон ва муаррихон нақши муҳим дар ташаккули ҳувияти миллии мардум доштанд. Тавассути таҳқиқот, осори адабӣ ва матбуот, онҳо ба тарғибу ташвиқи фарҳанг, забони миллӣ ва ҳикояҳои таърихӣ пардохтанд.
Назарияҳои миллатсозӣ: Як катор мухаккикон кушиш кардаанд, ки проблемахои пайдоиш ва мохияти миллатхоро аз чихати назариявй асоснок кунанд. Олим Георгий Касьянов масъалахои миллат ва миллатчигиро хеле бомуваффакият таҳкик кардааст.
Дар байни назарияҳои гуногуни миллатсозӣ ва мактабҳои омӯзиши миллатсозӣ чор то асоси ба шумор мераванд:
1.Примордиализм - ки аз рӯйи он миллатҳо ҳамчун воҳидҳои таърихӣ ва қадима эътироф гашта, дар асоси забони муштарак, хешии хуни ва фарҳанги қадима ташаккул меёбанд. (Мисол: миллати форс-тоҷик). Примордиализм бар ин назар аст, ки прототипҳои миллатҳо ва миллатгароӣ аз ибтидои таърихи башар ҳамеша ҳамчун як чизи додашуда вуҷуд доштанд ва одамони ба як ҷомеаи этникӣ мансуб дар ибтидо ва абадӣ дар маҷмӯи муайяни хосиятҳои фарҳангӣ, ки рафтори онҳоро муайян мекунанд, хосанд. Мақсади примордиализм пайдо кардани як навъ таҳкурсии этникии "аслӣ" аст. Ҳоло дар байни коршиносони миллатгароӣ ҷонибдорони примордиализм тақрибан боқӣ намондааст. Тавре ки тадқиқот нишон медиҳад, анъанаҳои воқеан қадимӣ вуҷуд надоранд ва меъёрҳо ва арзишҳои фарҳангӣ танҳо ҳамон қадар устуворанд, ки институтҳои иҷтимоие, ки онҳоро ташкил медиҳанд, нигоҳ дошта мешаванд.
- Модернизм – мувофиқи он миллатҳо маҳсули равандҳои муосиршавӣ мебошанд, аз асрҳои XVIII–XX – оғоз мегирад. Нақши асосиро мутибиқи ин назария дар миллатсозӣ давлат, матбуот ва таҳсилоти умумӣ мебозад (мисол: миллатсозии Олмон дар асри XIX).
Аз нуктаи назари модернизм миллатхо ва миллатгарои падидахои таърихие мебошанд, ки дар ибтидои давраи саноатикунонӣ ба вучуд омада, бо мустахкам шудани давлатхо ва инкишофи капитализм алокаманданд. Тибқи ин назария, бо афзоиши ҳукмронии мустақими давлат бар сокинони он, фарҳанг ва зиндагии рӯзмарра бештар ба кишвари иқомат вобаста буд. Рушди технологияҳои коммуникатсионӣ ва бозори иқтисодӣ ба пайдоиши робитаҳои иҷтимоӣ дар байни одамоне мусоидат кард, ки ҳеҷ гоҳ бо ҳамдигар мустақиман муошират накардаанд. Дар натиҷа, ҳаёт дар дохили ҳар як кишвар ва байни кишварҳо торафт якхела шудан гирифт, тазодҳо зиёд шудан гирифтанд. Тарафдорони ин равия инкор намекунанд, ки мансубияти этникӣ дар пайдоиши миллатгароӣ ва фарҳанг нақши муҳим мебозад - дар мархалаи нихоии ташаккули миллат, умуман алокаи миллатчигй ва этникиро тасодуфй мешуморанд.
Онҳо чунин меҳисобанд, ки ҳувияти миллиро давлати муосир, аз болои қаламрави дақиқ муайяншуда таҳти назорати ягона амалӣ менамояд, муайян мекунад ва муносибатҳои мавҷудаи этникӣ ба тавре аз нав муайян карда мешаванд, ки онҳо бо сарҳади давлат мувофиқат кунанд ва ё баръакс, дар мубориза барои қудрат ҳамчун асос барои ташаккули давлатҳои нав хизмат кунанд.
- Постколониализм - Миллатсозӣ дар кишварҳои истиқлолёфта аз зери таъсири давлатҳои мустамликадор ва таъсири истисмори мустамликадорӣ (мисол: Ҳиндустон, Африқо). Постколониализм як назарияи интиқодӣ аст, ки оқибатҳои истиммориро барои фарҳанг, сиёсат ва ҳувияти халқҳои собиқи мустамлика баррасӣ мекунад. Дар мавзӯи миллатсозӣ, постколониализм ба мо мефаҳмонад, ки гузаштаи истиммории чӣ гуна ба ташаккули ҳувияти миллӣ, давлатдорӣ ва огоҳии фарҳангӣ дар ҷомеаҳои постколониалӣ таъсир мерасонад.
Тарафдориони назарияи постколониалӣ (Франтс Фанон, Гаятри Спивак) исбот мекунанд, ки намунаҳои ғарбии миллатсозӣ умумӣ нестанд ва аксар вақт анъанаҳои маҳаллиро нодида мегиранд.
Эродҳои калидии калиди тарафдорони назарияи постколониалӣ ба мероси мустамликадори чунин аст:
Осеб аз мутимлакадори: Истимморӣ дар зеҳни мардум боқӣ монда, сохторҳои анъанавиро хароб карда ва арзишҳои бегонаро таъриф намудааст.
Омехташавӣ (Хоми Баба): Ҳувияти фарҳангии миллатҳои постколониалӣ омехтае аз анъанаҳои маҳаллӣ ва таъсироти истимморӣ мебошад.
Шарқгароӣ (Эдвард Саид): Ғарб тасвири стереотипии "Шарқ"-ро сохт, ки ба худшиносии халқҳои истимморшуда таъсир гузошт.
Забонҳои истимморгарони мустамликадор (англисӣ, фаронсавӣ, русӣ) расмӣ шуданд, ва ин ба мақоми забонҳои маҳаллӣ зарар расонд. Дар кишварҳои постколониалӣ (масалан, Ҳиндустон) забон ҳанӯз ҳам воситаи муборизаи сиёсӣ аст. Бисёр кишварҳо усули эҳёи анъанаҳои қабл аз мустамликадори ва еҳёи анъанаҳои хешро татбиқ намуда истодаанд. (масалан, тағйири номи шаҳрҳо, васфи таърихи хеш ва ғайра).
Аммо, комилан рад намудани мероси истисморгарои ба фоидаи ҷомеъа ва давлат нест. (масалан, низоми таҳсилот, озодии занон).
Сиёсати Шӯравӣ сарҳадҳои сунъиро байни халқҳои Осиёи Марказӣ сохт. Пас аз соли 1991, кишварҳои минтақа ҳувияти худро бар асоси таърихи қаблистимморӣ бунёд мекунанд.
Бозгашт ба решаҳо дар Тоҷикистон як равиши бисъёр муҳим ва миллатсозанда мебошад, ки на танҳо анъанаҳои пеш аз даврони Шуравиропайгири мекунад, балки таърихи тоисломии миллати форсу тоҷикро дар назар гирифта эҳё комили миллатро татбиқ намуда истодааст. Чунки давраи запт ва ҳукмронии арабҳо низ як давраи истисмори халқҳои форсу-тоҷик ба шумор рафта, фарҳанги араби-исломӣ дастовардҳои миллатҳои забтшударо рад намуда кушиши онҳо решакан кардан намуд.
- Этносмболизм (рамзи миллию фарҳангӣ) тарафдори он аст, ки решаи миллатгароӣ дар баробари иқтисод мансубияти этникист. Ҳарчанд этносимболистҳо миллатро ташаккули асил ва табиӣ намешуморанд, аммо бар ин назаранд, ки он бар пояи таърихи нисбатан қадимӣ ва ҳувияти миллӣ асос ёфтааст. Мувофики ин назария, хатто дар давраи пеш аз индустриалй хам чамъиятхои зиёди этникй ба вучуд омадаанд, ки намояндагони ахолии дорой унсурхои умумии маданият, хотирахои таърихй, афсонахо дар бораи ниёгон ва сохиби дарачаи муайяни хамраъй буданд. Сархадхои территорияхои этникй аник муайян карда нашуда буданд. Азбаски афсонаҳо, рамзҳо, хотираҳо ва арзишҳо тавассути унсурҳои оҳиста-оҳиста тағйирёбандаи фарҳанг ва зиндагӣ интиқол дода мешаванд, ҷомеаҳои этникӣ хеле устуворанд. Баъзе аз ин ҷамоатҳо пеш рафтаанд, ба марҳалаи нави ҳамгироӣ ва стандартизатсияи фарҳангӣ-иқтисодӣ ворид шуда, ба як қаламрави мушаххаси таърихӣ пайваст ва қонунҳо ва урфу одатҳои хосро инкишоф доданд, яъне онҳо миллат шуданд. Ба вучуд омадани идеологияи миллатгарои дар охири асри 18 сифати миллатхо ва шакли онхоро ба куллй тагьир дод.
Асоси миллатсозӣ ин аст, ки пайдоиши миллат заминаи этникиро талаб мекунад. Мавҷудияти як гурӯҳи этникӣ шарти ҳатмист ба вучуд омадани миллат. Этнолог Михаил Тиводар таъкид мекунад, ки миллат як ҳолати махсуси рушди як қавм аст, ки бо бунёди давлатдорӣ, сифатҳои миллӣ-давлатӣ, шуур ва фарҳанги миллӣ алоқаманд аст. Яъне миллат як этноси сиёсишуда аст. Миллатгароӣ ин намоиши табиӣ ва ошкоро, дифоъ ва ҳимояи миллатҳо аз ҳувият ва ягонагии онҳо, хоҳиши истиқлолияти давлатию сиёсӣ мебошад (Михаил Тивадар).
Миллатсозӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ: Ҷаҳонишавӣ бо тарҳҳои гуногун раванди миллатсозиро таъсир мерасонад: якум ин масъалаи омехташавии фарҳангҳо. Таъсири фарҳангҳои ғарбӣ тавассути , мусиқӣ, кино, шабакаҳои иҷтимои ба ҳувиятҳои миллии ҷавонон. Масъалаи ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба ҳувияти миллӣ ва хештаншиносӣ тайи се даҳаи охир мавриди баррасии соҳибназарони аксар кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст. Дар раванди ҷаҳонишавӣ мардумони кишварҳои гуногун бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд ва ба ҳамдигар аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъсир мерасонанд. Як гурӯҳ ин равандро ҳувиятзудо дарёфта, аз хатароти он сухан дар миён мегузоранд, гурӯҳидигар бошад, баръакс, раванди ҷаҳонишавӣ ва наздикшавиимиллатҳои гуногунро омили баланд шудани ҳувияти миллӣ меноманд. Онҳо муътақиданд, ки дар баробари шиносоии бештари миллатҳои дигар, намояндагони як миллат ба фарҳанг ва таърихи худ таваҷҷуҳи бештар намуда, худро бар баробари дигарон мегузоранд. Ин дар натиҷа боиси баландтаршудани худшиносии миллӣ гашта, дар зеҳни мардум масъалаи ҳифзу тақвияти фарҳанги худашонро ба вуҷуд меоварад.Ҷаҳонӣ шудан дар шакли имрӯзаи он аз нимаи дуюмиасри гузашта шурӯъ шуд. Дар рақобат бо Иттиҳоди Шӯравӣ ИМА ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсии худро бо кишварҳоишарики худаш густариши зиёд дод. То дараҷае, ки иқтисоди онҳо аз ҳам вобаста шуд ва қатъи ин ҳамкориҳо ба ҳама ҷонибҳо зарару зиёни иқтисодӣ ва дар зимн иҷтимоиву сиёсиро дар пай дошт. То имрӯз ин раванд хеле қавитар шуда, иқтисоди кишварҳои ҷаҳон, ба истиснои чанд кишвари ба истилоҳ “рондашуда”, аз ҳамдигар вобастагиҳои зиёд дорад.
ИМА тавонист ҳатто Ҷумҳурии Мардумии Чинро, дар давраи авҷи рақобатҳояш бо Иттиҳоди Шӯравӣ, ба раванди ҷаҳонишавии сармоядорӣ ворид кунад ва ин кишвар ҳамнаметавонад дар ҳоли ҳозир бе дарназардошти манфиатҳои ИМА иқдомҳои бузургеро дар сатҳи ҷаҳонӣ бигирад. Маҳдуд будани захираҳо ва зиёд шудани аҳолии курраи Замин кишварҳои ҷаҳонро маҷбур месозад, ки барои ҳарчи самараноктар истифода бурдани ин захираҳо истеҳсолоти маҳсулоти алоҳидаро дар кишварҳои махсусе ба роҳ монанд, ки таносуби аз ҳама бештари нарху сифатро доро бошанд. Ширкатҳои байналмилалӣ дар ин раванд нақши барҷаста доранд. Онҳо технологияи истеҳлот ва бозорҳои асосии ҷаҳонро дар даст доранд ва метавонанд дар ҳама қитъаҳои олам фаъолияти худро ба роҳ монанд. Имрӯз кор ба ҷойе расидааст, ки қисмҳои алоҳидаи як маҳсулотро дар чанд кишвар истеҳсол карда, маҳсулоти тайёри онро дар як ё якчанд кишвари дигар ҷамъоварӣ мекунанд ва баъдан дар тамоми ҷаҳон ба фурӯш мебароранд.
Ба хотири баъзе хатароти мавҷуда баҳувияти миллӣ дарҳои кишвари худро ба рӯйи равандиҷаҳонишавӣ бастан ба манфиати ҳеҷ кишваре буданаметавонад. Масъала дигар ин нест, ки барои ҳимояи ҳувиятва ё дигар вижагиҳои худ як миллат худро аз равандиҷаҳонишавӣ берун нигаҳ дорад. Масъала ин аст, ки роҳҳоидурусти ҳифзи бақо дар шароити ҷаҳонишавӣ ба роҳ мондашуда, вижагиҳои миллӣ, аз ҷумла ҳувияти миллӣ нигаҳ дошташавад. Ба ибораи дигар ворид шудан ва истифодаи самараноккардан аз раванди ҷаҳонишавӣ ногузир аст ва сарнавиштиҳувияти миллӣ дар ин шароит дар дасти худи давлатҳоимиллӣ мебошад. Муайян кардани бурду бохтҳои ин раванд вакоркарди стратегияи дурусти давлатӣ ҷиҳати рушди иқтисод ва ҳимояву тақвияти ҳувияти миллӣ, дар асри муосир азаҳамияти вижа бархурдор аст.
Ҳувияти миллӣ. “Ҳувияти миллӣ падидаи равонивуиҷтимоиест, ки дар тӯли таърих шакл мегирад ва унсурҳоитаркибии он бо мурури замон ба қолабҳои фарогири фикрӣ вамеъёрҳои устувори рафторе табдил меёбанд, ки омма батаври ғайрииродӣ онҳоро риоят мекунанд”[9].
Дарки фарқиятва ҳис кардану эътирофи “мо” ва ”дигарон” қадамҳои аввалиндар шаклгирии ҳувияти миллии шахс мебошанд. Ҳамчунпадидаи иҷтимоӣ ҳувияти миллӣ дар шакли забонимуштарак, рамзҳо, фарҳанг ва таърихи муштарак шинохтамешавад. Ҳувияти миллии як шахс, дар шакли мусбати он, дар меҳанпарастии шахс дида мешавад, ки ифтихор аз миллатихуд дорад ва нисбати он меҳру муҳаббат варзида, дар назди он масъулиятпазир аст. Дар шакли манфӣ он ҳамчун “шовинизм” буруз мекунад, ки дар он шахс миллати худро аз ҳама бартар медонад. “Ҳувияти миллӣ маҷмӯи хусусиятҳои равониву иҷтимоии ба ҳам монанди намояндагони миллат ва ё гурӯҳи этникиест, ки дар робита ба шакли ҷаҳонбинӣ, муҳити иҷтимоиву фарҳангӣ ва сиёсиву ҷуғрофӣ ба таври устувор ҳамчун қолабва меъёрҳои рафтор дар шуур ва зершуури ҳомили худ шакл гирифта, андеша ва амали ӯро танзим мекунад”[9]. Ҳувияти миллӣ вижагии модарзодӣ нест, балки сохтаи иҷтимоист.
Ҳувияти миллӣ зери таъсири забон, таърих, фарҳанг, муҳитииҷтимоӣ ва тарбиятиву таълимӣ, анъанаву одатҳо, сиёсат,мусиқӣ, васоити ахбори омма ва дигар падидаҳои мавҷудадар ҷомеае, ки шахс ба воя мерасад, шакл мегирад. Бо муайянкардани ҳувияти миллии худ афроди ҷомеа арзишҳои онҷомеаро пайгирӣ карда, дар зиндагии рӯзмараи худ онҳоротатбиқ мекунанд. “Дар воқеъ, ҳувияти миллӣ падида равониву иҷтимоиест, ки аз дидгоҳ ва фаъолияти амалии намояндаи миллат ошкор мешавад. Ин мафҳум бо мафҳуми“худшиносии миллӣ” иртиботи мустақим дорад. Қавӣ буданиҳувияти миллии намояндагони миллат маҳаки асосииваҳдати миллӣ ва ҳамгироии иҷтимоии онҳост”[9].
Ин эҳсоси ниёз ба тааллуқ доштан ниёзе зотӣ ва асосие аст, ки дар ҳар фард вуҷуд дорад. Ба иборати дигар, ҳувият навъе намодсозӣ ва падидаи фарҳангие аст, ки афрод, гурӯҳҳо, ақвом ё маконҳо барои мушаххассозии мавҷудияти худ ва фарқ доштан аз дигарон ба худ мегиранд”[5].
Хулоса: Миллатсозӣ ҳамчун раванди ташаккули ҳувияти миллӣ ва сохтани давлатҳои миллӣ яке аз муҳимтарин мавзӯъҳои илми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ин раванд дар асрҳои XVIII-XX пайдо шуда, то имрӯз идома дорад.
Назарияҳои асосии миллатсозӣ инҳо:
- Назарияи примордиалисти ки аз руйи он - Миллатҳо ҳамчун воҳидҳои табиӣ ва қадимӣ ҳисоб мешаванд, асосҳои миллат: забони муштарак, хешии хуни, фарҳанги муштарак ба ҳисоб мераванд.
- Назарияи модернистӣ ки тибқи он миллатҳо маҳсули равандҳои муосиршавӣ мебошанд. Нақши асосиро дар он давлат, матбуот ва таҳсилоти умумӣ иҷро менамоянд.
- Назарияи этносимболисти, ки тибқи он аҳамияти устуворӣ ба фарҳанг анъанаҳо ва рамзҳо инчунин нақши асотири миллӣ дар сохтани ҳувияти миллӣ ниҳоят муҳим мебошанд.
Шаклҳои миллатсозӣ дар амалияи давлатҳо ва миллатҳо чунин мебошанд:
А) Миллатсозии давлатӣ (Фаронса, Британия) -Марказият додан ба забони расмӣ, Таълимоти миллии ягона
Б) Миллатсозии қавмӣ (Олмон, Итолиё, Тоҷикистон): Такя ба як қавми мушаххас, забони умумӣ ҳамчун асос. Миллатсозии инклюзивӣ (ИМА, Канада): Қабули ҳувиятҳои гуногун Шаҳрвандӣ ҳамчун асоси ҳувият. Дар таърихи башарият чунин намунаҳои таърихиии миллатсозиро намуна мушоҳида кардан мумкин аст: Миллатсозии Тоҷикистон (асри XX) -Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар ягонагӣ, Забони тоҷикӣ, таърихи миллати тоҷик, ҳамчун воситаи иттиҳод. Миллатсозии Ҳиндустон (пас аз истиқлол): Ҳамкории қавмҳои гуногун. Забони англисӣ ҳамчун воситаи иттиҳод.
Раванди милатсозии Ҷумҳурии Тоҷикисонро метавон ба ду марҳила ҷудо намуд:
- Давраи шӯравӣ -Ташаккули ҳудудҳои миллӣ, Эҳёи забони тоҷикӣ, Таъсиси институтҳои фарҳангӣ
- Давраи истиқлол - Эҳёи фарҳанги миллии тоҷикӣ, Таъсиси сохторҳои давлатӣ, Ҳимояи забони тоҷикӣ.
Мушкилоти ва таҳдидҳо ба фарҳанги миллӣ ва раванди миллатсозӣ дар Тоҷикистон ин таъсири фарҳангҳои минтақавӣ ва глобалӣ – яъне фарҳангҳои глобалӣ ба ҳувиятҳои маҳаллӣ ва миллӣ таъсири худро хоҳанд растонд, раванди ҳуштаншиносии миллии тоҷикон дар давлатҳои хориҷа ва ҳифзи ҳувият дар кишварҳои хориҷӣ инчунин яке аз мушкилоти мубрам мебошанд, экспансияи забонҳои густурда ба забони миллӣ, Муҳоҷират ва таъсири интернет ва расонаҳо низ яке аз мушкилоти даврони ҷаҳонишавӣ мебошад, ки мумкин ба тағйири ҳуввият хоҳад расонд. Нақши интернет дар миллатсозӣ метавонад мусбат ва ё манфӣ бошад, вобаста аз он ки чи қадар кадрҳои миллӣ ҷавони донандаи технологияи муосир ва зиёиёну сиёсатмадорон дар фарҳангташвиқкунӣ фаъол мебошанд. Истифодаи зеҳни сунъи ва таҷҳизотикунонӣ дар дар ҳифзи фарҳанги милли метавонад ба устовории фарҳанги мусоидат намояд.
Айни замон дар шабакаҳои интернети миқдори зиёди ҷавонони тоҷик бинандаи васеъи роликҳои ташвиқотии фарҳанги араби-мусалмонӣ мебошанд, ки дар интернет дар платформаҳои гуногун ба таври васеъ дастрас мебошанд. Маълум аст, ки фарҳанги арабӣ мусалмони гарчанде унсурҳои зиёдеро дар фарҳанги мо тоҷикон ворид намудааст, лекин аз фарҳанги сирф тоҷикӣ фарқ дорад. Ин ҳолат сабабҳои таърихӣ ва диниро доро мебошад, ки мавзӯи як таҳқиқоти васеъ мебошад ва барои ин мо дар оянда дар ин масъала як таҳқиқоти махсус бурда аз натиҷааш як маола омода хоҳем кард.
Ҳамин тариқ: Миллатсозӣ раванди доимӣ ва динамики аст. Ҳар як кишвар вобаста аз шароитҳои таббӣ, захиравӣ, мафкуравӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ бояд модели миллатсозии худро пайдо кунад. Миллатсозӣ бояд байни анъанагарои ва муосиршавӣ ҳамоҳангӣ пайдо кунад. Миллатсозӣ ҳамчун раванди иҷтимоӣ ва динамки дар ҳар як ҷомеа бо шароити таърихӣ ва фарҳангии худ ру ба ру мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди миллатсозӣ баъди дарёфти истиқлолияти миллӣ бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи созанда ва устовркунии фарҳанги миллӣ рафта истодааст.
Чунки чунин шартҳои миллатсозӣ ба мисли: ҳимояи забони тоҷикӣ дар шароити глобализатсия, эҳёи фарҳанги миллии тоҷикӣ, ташаккули ҳувияти миллии тоҷикон дар хориҷа раванд ба раванд пайгири шуда истодаанд.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 10 (91) том 2
Ссылка для цитирования:
МИЛЛАТСОЗӢ ҲАМЧУН РАВАНД: НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯ // Журнал «Вестник науки» от 12 октября 2025 г. № 10 (91) том 2. С. 938 - 948. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/25958 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/25958
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
