ДУРНАМО ВА ҶАНБАҲОИ РУШДИ ТУРИЗМИ ЭКОЛОГӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Аннотация: Дар мақола ҷанбаҳои назарявии дурнамо ва рушди туризми экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯхта шуда, доир ба зарурият, моҳият ва ҷанбаҳои рушди туризми экологӣ андешаҳои олимону сайёҳонӣ ватанию хориҷӣ мавриди тадқиқ қарор дода шуд. Ҷиҳати муаянсозии моҳият ва мафҳуми дурнамои туризми экологӣ алоқаманди ва вобастагии байни унсурҳои таркиби ҷанбаҳои рушди туризми ва нақши онҳо дар рушди сайёҳӣ шарҳ дода шуд. Ҳамзамон ҷиҳати таҳлилҳои минбаъдаи туризми экологӣ таснифоти онҳо пешниҳод карда шуда, сохтори дурнамо ва туризми экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст.
Ключевые слова: рекреасияи сайёҳат, илмию техникӣ, меъёрҳои экологӣ, зонаҳои истироҳатӣ, объектҳот туристӣ, туризми кӯҳӣ, туризми варзишӣ.
Асрҳое пешин, инсоният дар бораи табиат ва ҳатто на дар бораи худ иттилооти қаноатманде дошт, аммо бо мурури замон одамият қадам ба қадам ба худшиносӣ ва табиатшиносӣ ворид гашт, ки ин сабаби рушди ҳаёт, фарҳанг ва иқтисодиёт гашта истодааст.
Пешрафти илмию техникӣ ба мо имкон дод, ки аз ҳаётгузаронии дувшор ва содда ба ҳаётгузаронии нисбатан мураккаб лекин дар навбати худ сабук ва осон қадам гузошта, ихтироот ва кашфиётҳои бузург кунем. Пешрафти илмию техникӣ боис шуд, ки мо завод, фабрика, комбинатҳои бузург созем ва бо воситаи онҳо тамоми талаботҳои моддию маънавии худро бо маҳсули истеҳсолкардаамон қонеъ гардонем. Акнун инсон кори тӯлониро бо ёрии технологияи замонавӣ дар як муддати кӯтоҳ ба анҷом расонида натиҷаи олиро ба даст меовард. Албатта, пас аз баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ инсоният эҳтиёҷ ба истироҳат ва саёҳат пайдо кард. Оҳиста-оҳиста ин шуғл характери оммавиро гирифт. Ин сабаби пайдо шудани соҳаи нави саноат туризм гардид, ки баъдан аз тарафи Созмони Миллали Мутаҳид ба расмият дароварда шуд. Ҳоло бошад ин соҳа аз ҷиҳати даромадноки пас аз соҳаҳои истихроҷи нафт ва мошинасозӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд. Ҳамасола миллионҳо сайёҳҳон чи дар дохили кишвар чи дар берун бо мақсади истироҳат ва рекреация саёҳат мекунанд. Аз ҳад зиёд қабул кардани туристон ва риоя накардан ба меъёрҳои экологӣ ба хароб гаштани зонаҳои истироҳатӣ ва боиси аз байн рафтани баъзе объектҳои туристӣ гашт. [1.208]. Ин зарбаи сахти экологӣ масъулони соҳаи туризмро бетараф нагузошт. Олимони соҳа ҳамаҷиҳата фикр карда, як намуди нави туризмро кор карда баромаданд. Он айни замон самараноктарин маҳсуб меёбад, ки ин ҳам бошад туризми экологӣ буд.
Дар Ҷумҳури имкони мушоҳидаи иқлим ва табиати мухталиф вуҷуд дорад, ки танҳо хоси ин кишвар аст. Сайёҳон имкон доранд дар як замон ҳам аз табиати зебои водӣ, ҳам аз манзараҳои дилнишини доманакӯҳро ва ҳам аз қуллаҳои барфпӯши иқлими кӯҳистон баҳравар бошанд. Кӯҳнавардӣ аз захираҳои асосии сайёҳии ин минтақа маҳсуб мегардад. Таваҷӯҳи сайёҳон ва кӯҳнавардонро қуллаҳои осмонбӯс (Исмоили Сомонӣ, Корженевский), ки дар баландии беш аз 7000 метр қарор доранд, ҷалб менамояд. Инчунин шикор, таърихи ғорҳо, тарзи зист ва расму оини мардуми маҳал, чашмаҳои сард ва гарм низ ҷалб менамояд.
Муҳаққиқон ва паҷуҳишгарони кӯҳҳои Помир онро ба ҳайси яке аз нодиртарин ва мураккабтарин асрори ҷуғрофӣ, таърихӣ ва этнографӣ арзёбӣ кардаанд. Махсусиятҳои ҷуғрофии ин минтақа ба рушду густариши навъҳои мухталифи туризми кӯҳӣ, туризми варзишӣ, алпинизм, шикор бо аксбардорӣ, рафтинг, спелеотуризм ва амсоли ин мусоидат мекунад. [2.-160]. Гузашта аз ин Помир дорои кӯлҳои мухталиф аст, ки бузургтарини онҳо Қарокӯл, Шӯркул, Рангкӯл, Зоркӯл, ва Сарез ба шумор мераванд. Дар маьмуъ минтақаи Помиру Олой дар баландии 3200 то 5000 метр дорои зиёда аз 1000 кӯл ва 220 дарё аст, ки 83% тамоми кулҳои Тоҷикистонро ташкил медиыад.
Захираҳои ғании фарҳангию табии ва рекреатсионии кишвар, мавҷудияти арзишҳои таърихӣ – ин аст махсусияти маҳсулоти миллии туристии Тоҷикистон, ки муаррифии он дар бозори ҷахонии туристӣ аз вазифаҳои муҳими мақомоти давлатӣ ва ширкатҳои хусусии туристии кишвар маҳсуб мешавад. Рушди туризм бо қувваи ҷамъиятҳои маҳаллӣ инвеститсия ва инфрасохтори замонавиро тақозо мекунад ва барои бо шуғли муайян таъмин намудани аҳолӣ, дарёфти сарчашмаҳои алтернативии даромад ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд.Ин навъи туризм имконият дорад, ки вазъи молиявии сокинони деҳот ва маҳаллаҳои онҳоро беҳтар созад, онҳоро барои нигоҳ доштани муҳити фарҳанги ва сунатӣ водор месозад ва бо дарки он, ки сайёҳони хориҷӣ ба хотири табиати зебо ва ошноӣ бо фарҳанг, таърих ва маҳалли зисти онҳо ташриф меоранд, ба ҳифзи табиат тақин менамояд. Барои як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ аз қабили Балҷувон, води Рашт, Шаҳристон, Бадахшон бо дар назардошти он, ки дорои имконияти хуби потенциали табии ва фарҳангӣ мебошанд рушди туризм бо истифода аз имкониятҳои ҷамъиятҳои маҳаллӣ, ки дар кишварҳои ҳамҷавори мо Қазоқистону Қирғизистон ва як қатор мамлакатҳои ҷанубу шарқии Осиё Рушд кардааст ва натиҷаҳои хуб низ додаст, бештар манфиатовар аст. [3-.494].
Солҳои охир рушди соҳаи туризм ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ дар соҳа боиси бо шуғли муайян таъмин гардидани аҳолӣ ва даромад ба буҷаи ҷумҳурӣ мегардад. Бо дарназардошти комилан фаро гирифта шудани манотиқи дастнораси суннатии бозори ҷаҳонии туристӣ ва зарурати пайдо гардидани марзҳои фатҳногардида пешорӯи Тоҷикистон имкони хуби дарёфтани мавқеи арзанда дар бозори ҷахонии туристӣ фароҳам омадааст.
Бинобар ин дар асоси маълумотҳои зикршуда ба хулосае омадан мумкин аст, ки табиати минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бовуҷуди доштани захираҳои бойи экотуристӣ, барои ба роҳ мондан, рушди самаранок ва устувори туризми экологӣ як қатор мушкилотҳои мавҷуда имконият намедиҳанд. Таҷрибаи амалӣ намудани чунин фаъолият боз як бори дигар нишон дод, ки барои рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ, мавҷудият ва донистани захираҳои экотуристӣ басанда набуда, аз ин бештар нақши ниҳоятдараҷа муҳимро тарзи бошуурона ташкил ва рушди он дар асоси талаботҳои ҳозиразамон ва бо назардошти пешакӣ муайян намудани қобилияти қабули сайёҳон дар объектҳои муайян, ноҳия ва ё ин ки минтақаи алоҳида дар умум, бозӣ карда метавонад.
Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки ҳар як минтақаи кӯҳистон бояд вобаста аз хусусиятҳои маҳалашон роҳҳои ҳалли ин мушкилотро кор карда барояд ва мувофиқи он фаъолият намояд. [4.-360]. Ҳангоми риоя накардани қоидаҳо ва пешниҳодоти нишондодашуда, имконияти расонидани зарари ҷиддӣ ба табиат ва кулан вайрон кардани ғояҳои ҳифзи табиати минтақаи кӯҳистон аз эҳтимол дур нест.
Ҳалли масъаларо муносибати бошуурона ва ғамхорона ба табиат ва захираҳои бебаҳои он тавассути ташкили мақсаднок ва дурусти пайраҳаҳо ва хатсайрҳои экотуристӣ, барномаҳои экотуристии аснонок карда шуда, далелҳои саҳеҳ ва дуруст барои экотуристон ва назорати ҷиддии кору фаъолияти онҳо дар табиат ташкил медиҳад.
Дар баробари ин боз ба як қатор масъалаҳои баҳсталаби соҳа, аз ҷумла: муайян намудани гурӯҳи мизоҷони фирмаҳои сайёҳӣ, хусусиятҳои ҷалб намудан ва пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо, омода намудани маҳсулоти сайёҳӣ барои сайёҳон ва дигар нозукиҳои ташкил ва самаранок гузаронидани туризми экологӣ дар ҷумҳуриямон муфассал дида баромада шудаанд.
Айни ҳол барои рушди самаранок ва устувори туризми экологӣ дар Тоҷикистон донистан муҳим аст, ки чи тавр бояд хизматрасонии сайёҳон амалӣ мегардад ва ин на танҳо ҷавобгуйи талаботи қоидаҳои ҷумҳурӣ ва стандарти сайёҳии байналхалқӣ бошад, балки тавре гузарад, ки сайёҳон баъд аз он бо таассуроти хуш ба ватан баргарданд. Барои ин кор зарур аст, ки ҳайати коркунони соҳа на ин танҳо аз талаботҳои хизматрасонӣ бохабар бошанд, балки донишашонро доими тавассути иштирок дар семинарҳои гуногун, курсҳои такмили ихтисос ва ғайра такмил диҳанд. Таълим ва тарбияи мутахасисони бомаҳорати соҳа ба бунёди сохтории мақсадҳои кори соҳа мусоидат намуда, мустаҳкам намудани дустию ҳамдигарфаҳмиро бо халқҳои мамлакатҳои гуногуниҷаҳон таҳким мебахшад. Чунки, ҳангоми амалӣ намудани фаъолиятҳои сайёҳӣ, риоя намудани қоидаҳои одоб, донистани баъзе қоидаҳои ахлоқӣ шарт ва ҳатмӣ мебошанд. [5.-114].
Бояд қайд кард, ки яку якбора бо мақсади рушди экотуризм аз ҳад зиёд истисмор намудани нерӯи экотуристии минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон дар шароити ҳозира чи аз лиҳози масъалаҳои ҳифзи-табиатӣ, ва чи аз ҷиҳати техникӣ ва ташкилӣ мувофиқи мақсад нест. Бинобар ин дар асоси таҳлили таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон ва бо дарназардошти мавқеи сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ, географӣ, иҷтимоии минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон то як андоза ба масъалаҳои рушди самаранок ва устувори туризми экологӣ дар Тоҷикистон равшанӣ андохта мешавад.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 10 (91) том 2
Ссылка для цитирования:
ДУРНАМО ВА ҶАНБАҲОИ РУШДИ ТУРИЗМИ ЭКОЛОГӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН // Журнал «Вестник науки» от 12 октября 2025 г. № 10 (91) том 2. С. 949 - 954. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/25959 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/25959
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
