Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 19 октября 2025 г.
  4. Научная статья № 70
Просмотры  113 просмотров

ТАҲЛИЛИ МОРФОЛОГИ ВА СИНТАКСИСИИ ИБОРАҲОИ СИФАТИ ФЕЪЛИИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ДАР МУҚОИСА БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Аннотация: Дар ин мақола таҳлили муқоисавии хусусиятҳои морфологӣ ва синтаксиси ибораҳои хиссивӣ дар забони англисӣ ва тоҷикӣ оварда шудааст. Ибораҳои иштироккунанда ҳамчун унсурҳои асосии синтаксисӣ барои ифодаи амалҳои ҳамзамон ё қаблӣ истифода мешаванд, дар ҳарду забон нақши муҳим доранд. Дар забони англисӣ онҳо ба шаклҳои феълии замони ҳозира (-ing) ва пасванди (-ed) такя мекунанд, ки ҳамчун сохти атрибутивӣ ё сифатӣ кор мекунанд, масалан: "The book created by him is interesting" ё "Running fast, he caught the bus". Дар забони тоҷикӣ аналогҳо бо шаклҳои феълӣ бо пасвандҳои -анда, -онда, -а/-я (барои замони ҳозира ва гузашта) ифода мешаванд, ки аксаран бо мураккабии бештар ва таъсири синтаксиси забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва эронӣ фарқ мекунанд, масалан: "Китоби аз худаш ӯ навшташуда" ё худ "автобус" навиштааст. («Давида, автобусро гирифт»).

Ключевые слова: Сохтмони ҳиссавӣ, забони англисӣ, тоҷикӣ, морфология, синтаксис, таҳлили муқоисавӣ, ҳисса, сохтори грамматикӣ, калимасозӣ, нақши синтаксисӣ, шаклҳои феъл, хусусиятҳои лексикӣ ва грамматикӣ, типологияи забонӣ.

Забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ аз ибтидо то ба имрӯз бо вуҷуди дигаргуниҳо асолати бунёдиашонро чун забони меъёр ҳифз намудаанд. Ин забони меъёр дар тӯли таърих барои соҳибони он якдасту қобили фаҳм будааст ва аз ҳудуди қарни XVI ва баъд бо тасаллути сулолаҳо ва ҳукумати мухталифи бегонатабор, таҳаввулоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва адабӣ дар низоми пайвасти маъноӣ ва сохторӣ дучори тағйирот ва таҳаввулоти наве мегардад, ки ин дигаргуниҳо марбут ба ибораҳо, таркибот ва луғоту истилоҳоти нав, таъсири тарҷумаи таҳтуллафзӣ ва вомгирии маънои вожа ва ибороти забонҳои дигар мебошад, ки бешак, ба сохтори сарфию наҳвии забон таъсири зиёд гузоштаанд.Чӣ тавре ки дар боло қайд шуда буд, сифати феълӣ дар забонҳои муқоисашаванда на танҳо як, балки ду ва ё зиёда аломатҳои ҳиссаи нутқро доро мебошанд. Агар аз таснифот кардани аломатҳои ҳиссаҳои нутқ баргирем, пас сифати феълии забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар баъзе мавридҳо дар нақшаи пешина аломатҳои таснифотшудаи як ҳиссаи нутқ баромад мекунад, масалан феълӣ, аммо дар дигар ҳолатҳо бошад, ин аломатҳо тира мешаванд ва барандагон ранги дигар ё синфҳои дигари грамматикии калимаҳоро мегиранд.Аз ин рӯ, дар таърихи забоншиносӣ ҳаргуна нуқтаҳои назар оиди мавқеи сифати феълӣ дар системаи ҳиссаҳои нутқ гуфта пайдо шуда буданд.Хусусан, аз рӯи маълумотҳои Козинцева Н.А. [4, с. 399]. Дар стоитизм, дар грамматикаи Диотсисий Фракийск (170-190-и пеш аз мелод) сифати феълӣ ҳамчун ҳиссаи нутқи махсус дида мешуд.

Чӣ тавре ки академик Виноградов В.В. қайд мекунад, сифати феълӣ бо грамматика шиносони зиёди ҳозиразамон аз шакли феъл ҷудо мешавад ва берун аз ҳудуди системаи он бароварда мешавад [3, с. 224 ].Барои ҳамин, бояд муваққатан дар мушкилии таснифоти ҳиссаҳои нутқ истем.Дар забоншиносии шӯравӣ ва русӣ танҳо нигоҳи асосии Виноградов ба табиати ҳиссаҳои нутқ боқӣ мемонад. Ба ақидаи Виноградов, тақсимоти калимаҳо аз рӯи ҳиссаҳои нутқ чунин мешаванд:1) фарқияти мафҳуми ашёгии (лексикии) калимаҳо,2) бо фарқияти сохти морфологӣ ва шаклҳои калимаҳо,3) бо фарқияти он дараҷаҳое, ки бо ин ё он ҳиссаи нутқ алоқаманданд,4) бо фарқият дар усули инъикоси ҳақиқат,5) бо фарқияти он вазифаҳои синтаксисие, ки дараҷаҳои гуногуни калимаҳоро дар нутқ ва сохтори ҷумларо иҷро мекунанд.Моҳияти консепсияи ҳиссаи нутқ, ки аз ҷониби Виноградов В.В. коркард шудааст, ба таври умум чунин шарҳ дода мешавад.Ҳиссаҳои нутқ ‒ ин аз ҳама синфи калонтарини грамматикии калимаҳо (мувофиқи истилоҳоташ, гурӯҳҳои лексикию грамматикии калимаҳо) мебошад, ки асоси таркибии сохти грамматикии забонро ташкил мекунанд ва бо чунин умумиятҳо тавсиф мешаванд:а) бо маънои грамматикии дараҷавии онҳо,б) бо хусусиятҳои синтаксисии онҳо,в) бо дараҷаҳои морфологӣ ва парадигматикаи онҳо,г) бо хусусиятҳои калимасозӣ [8, с. 38].Нуқтаҳои назари олимони шӯравие, ки оиди масъалаҳои назарияи ҳиссаҳои нутқ дар забоншиносии англисӣ кор кардаанд, инҳо мебошанд: Б.А.Илиш, Бархударов Л.С. ва Штелинг Д.А, Ганшина М.А. ва.Василевская М.Н, Блох М, Иванова И.П, Бурлакова В. В, Почепсов Г.Г, Хаймович Б.С, Роговская Б.И, Иртенева Н.Ф, Корнеева Е.А, Кобрина Н.А, Гузеева К.А, Оссовская М.И. Ин олимон асосан ба муқаррароти пешниҳодкардаи Виноградов В.В. такя мекунанд.Забоншиносони тоҷик низ дар ҳалли масъалаи моҳияти ҳиссаҳои нутқ бештар коркардҳои забоншиносони русро пайгирӣ намуда, назарияҳои онҳоро ба маводи забони тоҷикӣ мегузаронанд.

Дар қатори консепсияи Виноградов В.В. дар забоншиносии дунё принсипҳои таснифоти синтактикӣ - дистрибутсионнии калимаҳо бароварда шудааст. Ин принсипҳо дар маводи забони англисӣ аз ҷониби асосгузори забоншиносии дескриптивӣ (тасвирӣ) Леонард Блумфилд ва пайравони ӯ Зенон Харрис ва махсусан Чарлз Фриз коркард гардидаанд. Таснифоти калимаҳои онҳо дар тарҳсозии мувофиқатии калимаҳо, дар дистрибутсияи онҳо дар сохтори ибора ё ҷумла асоснок карда мешавад, худи синфҳои зоҳирии калимаҳо бошад, дар асоси матни муавваз қисматбандӣ мегарданд. Чунин усули баровардани синфҳои зоҳирии калимаҳо дар кори Чарлз Фриз «The structure of English» боз ҳам пурратар дида баромада мешавад [13, с. 323].Омӯзиши хусусиятҳои гуногуни сифати феълӣ ва дигар шаклҳои ғайритасрифии феъли забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ нишон медиҳад, ки на принсипҳои таснифотии аз тарафи академик Виноградов В.В. коркардшуда, на матни муаввази Ч.

Фриз наметавонанд ҷои сифати феълиро дар системаи ҳиссаҳои нутқ аниқ кунанд, чунки дар як хел ҳолатҳо он хусусияти предмет (a reading boy ~ писарбачаи хондаистода), дар дигар ҳолатҳо мафҳуми ҷараёнро (Going home I met Dilbar. ~ Ба хона рафта истода Дилбарро вохӯрдам) ва дар ҳолати сеюм тарзи амалро (He entered the room shivering. ~ Вай ба хона ларзон даромад.) ифода мекунад. Ба морфологияи сифати феълӣ аз як ҷиҳат хусусиятҳои грамматики феъл мансубанд:writing ~ навишта истодаwritten ~ навиштаbeing written ~ навишташудаАз дигар ҷиҳат бошад, сифати феълии англисии I суффикси – ing дорад, ки дар исм (meeting) ва пешоянди (considering) вомехӯрад. Сифати феълии тоҷикии «гуфтанӣ» морфемаи «ӣ» дорад, ки барои сохтани исм (одамӣ), сифат (офтобӣ) ва бандаки феъли шахси дуюми замони ҳозира (гуфтӣ) хизмат мекунад. Агар вазифаи синтаксисии калимаро дар ҷумла ба назар гирем, он гоҳ дар як хел ҳолатҳо сифати феълии ҳар ду забонҳо мисли сифат вазифаи муайянкунандаро иҷро мекунанд (a running girl ~ духтари давидаистода) ва дар дигар ҳолатҳо бошад, мисли зарф ба вазифаи ҳол меоянд (Coming home I have lost my watch. ~ Ба хона омада истода, ман соатамро гумм кардам).

Дар як қатор бо ин сифатҳои феълӣ дар ин забонҳо, ки дар таркиби шакли аналитикии феъл дохил мешаванд, метавонанд ҳамчун яке аз қисматҳои хабар оянд, ки оиди нигоҳ доштани хусусиятҳои феълии онҳо шаҳодат медиҳад.Агар бодиққат ба ҳамҷояшавии сифатҳои феълӣ нигарем, пас мебинем, ки онҳо дар ҳар ду забон ва дар ҳар ду ҳолат бо калимаи субстантивӣ ҳамҷоя мешаванд (broken cup – пиёлаи шикаста, singing bird – паррандаи чаҳ – чаҳзадаистода), дар дигар ҳолатҳо – бо феъл (to enter laughing – хандида даромадан) ва ғ. Маҳз ҳамин хусусиятҳои духела ва сехелаи сохтори семантикии сифатҳои феълӣ дар забонҳои муқоисашаванда асоси мансубияти онҳо на ба як ҳиссаи нутқ, балки ба ду ва ё се ҳиссаи нутқ шудаанд. Сифати феълӣ дар забони англисӣ аз як тараф ба феъл, аз дуюм – ба сифат ва сеюм – ба зарф равона карда шудааст. Ба ҳамин тариқ оиди сифатҳои феълии забони тоҷикӣ метавон гуфт, ки гоҳ бо аломатҳои феъл, гоҳ бо сифат ва гоҳ бо аломатҳои зарф таснифот мешаванд.

Аз ин рӯ, сифати феълии тоҷикии бо пасванди а - ро шакли сифати феълӣ-феъли ҳолии феъл меҳисобанд [11, с. 47 ].Дар асоси ин шарҳ маълум мешавад, ки дар забони англисӣ сифати феълӣ ҳамчун доштани хусусиятҳои феълӣ, сифатӣ ва қисман зарфӣ тавсиф мешавад, ки дар аломатҳои морфо-синтаксисии он пайдо мешавад. Кор бо он мушкил мешавад, ки дар сифати феълии I омоформаи исм ва пешоянд мушоҳида мешавад.Агар хусусиятҳои сифати феълии англисиро бо тоҷикӣ муқоиса кунем, пас дар забони тоҷикӣ сифати феълӣ партоиши ками аломатҳоро доро аст. Дар сифатҳои феълии тоҷикӣ асосан метавон аломатҳои феъл, сифат ва қисман зарфро ёфт.Назар ба забони англисӣ дар ҳудудҳои сифатҳои феълии тоҷикӣ ҳолатҳои омонимии шакл дида намешавад, лекин бештар субстантиватсия ва адективатсияи ташкилаҳо ба монанди «хонанда», «сӯзанда» ва ғ. вомехӯранд, ки мо аз фанни тадқиқоти худ хориҷ мекунем. Ба ибораҳои зерин аҳамият диҳед:1.

На ҳар таҳсилкардаистода ба ин саволҳо ҷавоб ёфта метавонад [5, с. 149]. Таҳсилкардаистода чун исм баромад мекунад.Гуногунтаркибӣ ва синкретикии функсионалию семантики сифати феълӣ дар забони англисӣ сабаби баҳсҳои сахту шадид дар забоншиносии англисӣ гардид. Чунин маънидодҳои сифати феълии забони англисӣ дида мешавад.Намояндаи забоншиносии англисии Аврупои Гарбӣ Е. Крейзинга герунд ва сифати феълиро фарқ намекунад.

Дар кори ӯ [15, с. 55 ] истилоҳи «герунд» ба кор бурда намешавад, балки истилоҳи «сифати феълӣ» барои ифодаи шаклҳои навъи worked ва written истифода мегардад, сифати феълӣ бо – ing, герунд ва исми феълиро бо суффикси калимасози – ing вай бо як истилоҳ «verbal -ing» ишора мекунад. Бо ин Крейзинга Е. ҳамаи ташкилаҳоро бо – ing ба як қатори шаклҳои ғайритасрифии феъл дохил менамояд.Ба ғайр аз Крейзинга Е. ҳамаи калимаҳоро бо пасванди – ing инчунин Палмер Х. Блендфорд Ф. Гордон Е.М.

Крылова И.П. ва инчунин Павленко О.П. кӯшиш карданд, ки ба як гурӯҳ бе тақсимот ба сифати феълию герунд муттаҳид кунанд.Дар натиҷаи таҳлил ва баррасии мавзӯӣ “Таҳлили морфологӣ ва синтаксисии ибораҳои сифати феълӣ забони англисӣ дар муқоиса бо забони тоҷикӣ” ба чунин хулоса омадем,ки забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ аз ибтидо то ба имрӯз бо вуҷуди дигаргуниҳо асолати бунёдиашонро чун забони меъёр ҳифз намудаанд. Ин забони меъёр дар тӯли таърих барои соҳибони он якдасту қобили фаҳм будааст ва аз ҳудуди қарни XVI ва баъд бо тасаллути сулолаҳо ва ҳукумати мухталифи бегонатабор, таҳаввулоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва адабӣ дар низоми пайвасти маъноӣ ва сохторӣ дучори таѓйирот ва таҳаввулоти наве мегардад, ки ин дигаргуниҳо марбут ба ибораҳо, таркибот ва луѓоту истилоҳоти нав, таъсири тарҷумаи таҳтуллафзӣ ва вомгирии маънои вожа ва ибороти забонҳои дигар мебошад, ки бешак, ба сохтори сарфию наҳвии забон таъсири зиёд гузоштаанд.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 10 (91) том 3


Ссылка для цитирования:

Шукурова М.Ғ. ТАҲЛИЛИ МОРФОЛОГИ ВА СИНТАКСИСИИ ИБОРАҲОИ СИФАТИ ФЕЪЛИИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ДАР МУҚОИСА БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ // Журнал «Вестник науки» от 19 октября 2025 г. № 10 (91) том 3. С. 565 - 572. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/26029 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/26029



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.