Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 26 октября 2025 г.
  4. Научная статья № 58
Просмотры  97 просмотров

ТАЪРИХИ ФУРӮПОШИИ ИТТИҲОДИ ШӮРАВӢ ВА ТАЪСИРИ ТАЪРИХИИ ОН БА ҶУМҲУРИҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Аннотация: Мақолаи мазкур ба таҳлили ҳамаҷонибаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва паёмадҳои таърихии он барои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон) бахшида шудааст. Дар ин таҳқиқ, фурӯпошии соли 1991 ҳамчун падидаи мураккаби таърихӣ баррасӣ мегардад, ки натанҳо шикасти низоми сиёсиву иқтисодӣ, балки оғози марҳилаи нави давлатсозии миллӣ дар минтақа маҳсуб меёбад. Муаллиф бо такя ба манбаъҳои таърихӣ, таҳлилҳои геополитикӣ ва назарияҳои иҷтимоӣ, нишон медиҳад, ки ин раванд дар заминаи заъфи сохтории шӯравӣ, эҳёи худшиносии миллӣ, буҳрони иқтисодӣ ва номуваффақии ислоҳоти М.Горбачёв шакл гирифтааст. Ин равандҳо ба ташаккули моделҳои гуногуни давлатдорӣ, эҳёи рамзҳои миллӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва сиёсати таърихсозии расмӣ оварда расонданд. Мақола равшан мекунад, ки фурӯпошии СССР барои кишварҳои Осиёи Марказӣ на танҳо имкони истиқлолият, балки як раванди буҳронӣ ва пурпечутоб низ буд, ки пайёмадҳои он то имрӯз эҳсос мегардад.

Ключевые слова: Фурӯпошии СССР, Осиёи Марказӣ, давлатдории миллӣ, худшиносии миллӣ, буҳрони шӯравӣ, муҳоҷират, таърихсозӣ, геополитика, Горбачёв, истиқлолият.

Таърихи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар охири соли 1991 на танҳо як ҳодисаи сиёсӣ, балки падидаи фарогири таърихие буд, ки ба шикасти як низоми идеологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ оварда расонд ва марҳилаи тозаи давлатдории миллиро дар саросари Осиёи Марказӣ оғоз бахшид. Ин ҳодисаи таърихӣ, ки дар натиҷаи равандҳои дохилӣ ва таҳаввулоти байналмилалӣ ба вуқуъ пайваст, барои ҷумҳуриҳои собиқи шӯравии минтақа якбора ҳам фурсат ва ҳам таҳдид буд.Мақолаи мазкур кӯшиш менамояд, ки таърихи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро аз диди таърихшиносии муосир баррасӣ намуда, таъсири он ба низоми давлатдорӣ, иқтисодиёт, фарҳанг ва ҳуввияти миллӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ шарҳ бидиҳад. Бо истифода аз манбаъҳои илмӣ, архивӣ ва таҳлилҳои муқоисавӣ, бо ҷанбаҳои гуногуни ин рӯйдоди сарнавиштсозро дар таърихи муосири минтақа таҳқиқ менамоем.Аз оғози солҳои 1980-ум, низоми шӯравӣ нишонаҳои заъф ва таҳдидро нишон медод. Ислоҳоти «перестройка» ва «гласность», ки бо ташаббуси Михаил Горбачёв роҳандозӣ шуданд, бо вуҷуди нияти ислоҳ, дар асл равандҳои парокандагии дохилӣ ва эҳёи зеҳнҳои миллӣ ва иктишофии таърихиро суръат бахшиданд.

Таркиби миллӣ ва фарҳангии нобаробар, фишори сиёсати русисозӣ ва ҳузури тӯлонии идеологияи тоталитарӣ заминаи ногузири фурӯпоширо фароҳам сохтанд.«Низоми шӯравӣ монанди бурҷи азиме буд, ки пояҳояш аз дохил кӯфта мешуд, вале зоҳираш ҳанӯз устувор менамуд»[1]Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) дар охири соли 1991 ҳамчун яке аз рӯйдодҳои муайянкунандаи таърихи сиёсӣ ва геосиёсии охири садаи XX арзёбӣ мешавад. Ин фурӯпошӣ, ки бар асари ҷамъбасти буҳронҳои давомдори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, этнополитикӣ ва идеологӣ ба амал омад, боиси пош хӯрдани як низоми сиёсӣ ва барҳам хӯрдани як иқлими геостратегии фарогири пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ гардид. Дар маркази ин рӯйдод на танҳо хуруҷи элитаҳои миллӣ ва ҷудошавии сиёсӣ қарор дошт, балки он нишондиҳандаи поёни низоми тамаддунии марксистӣ-ленинӣ ва оғози давраи навини давлатсозии миллӣ дар фазои пасошӯравӣ буд.Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, ки дар давоми зиёда аз ҳафт даҳа дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун ҷумҳуриҳои иттифоқӣ шомил буданд, дар натиҷаи фурӯпошии ин империяи идеологӣ ба истиқлолияти ногузиру таърихӣ ноил шуданд. Ин ҷараён дар асл ҳамчун як марҳилаи гузариш аз моделҳои марказияти сиёсӣ ва иқтисоди фармондеҳӣ ба таҷрибаи навини давлатдории миллӣ ва худшиносии таърихӣ зуҳур кард.Бо вуҷуди он ки истиқлолият барои ин кишварҳо имкони эҳёи рамзҳо, арзишҳо ва таҷрибаи давлатдории таърихиро фароҳам овард, он ҳамзамон як марҳилаи мураккаб ва буҳронӣ низ буд. Ҷумҳуриҳо дар оғоз бо мушкилоти сахти гузариш рӯ ба рӯ шуданд аз фурӯпошии иқтисодии умумиттифоқӣ то норасоии захираҳои инсонӣ ва сиёсии барои ташаккули институтҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ.Маҳз дар ҳамин замина омӯзиши илмии фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад.

Аввалан, ин падида танҳо як раванди сиёсӣ набуд, балки як тағйироти таърихии сохторӣ буд, ки заминаи тамаддунии минтақаи Осиёи Марказиро дигаргун сохт. Дувум, он нишондиҳандаи гузариши ҷиддӣ аз парадигмаи шӯравии миллисозӣ ба давлатсозии мустақили миллӣ аст, ки дар таҳаввулоти сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуввиятии кишварҳои минтақа то ба имрӯз бозтоби дорад.Ҳамин тавр, таҳқиқи фурӯпошии СССР ва паёмадҳои он барои Осиёи Марказӣ на танҳо як масъалаи таърихии муосир, балки бахше аз шинохти давлатдорӣ, ҳуввиятсозӣ ва низоми минтақавии пасошӯравӣ мебошад. Ин таҳқиқ, бо такя ба сарчашмаҳои муосир ва таҳлили илмии фарогир, мекӯшад равандҳои аслӣ, омилҳои таҳрикдиҳанда ва сабақҳои таърихии ин фурӯпошии бузургро дар муҳити Осиёи Марказӣ бозтоб намояд.Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун давлате бо сохтори федеративии номӣ, вале ҳукмронии марказгароёна ва идеологияи ягона, як таҷрибаи нодири таърихии давлатсозии тоталитарӣ ба шумор мерафт. Сарфи назар аз мавҷудияти конститутсияи формалии ҳуқуқҳои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, тамоми система ба механизми идораи марказӣ ва назорати ҳизби коммунист тобеъ буд.Низоми давлатдории шӯравӣ аз ибтидои таъсисёбӣ (1922) бар пояи синфи коргар ва идеологияи марксистӣ-ленинӣ шакл гирифт.

Аммо ин низом дар амал бар пояи афзалияти сиёсат бар ҳуқуқ, ҳизб бар давлат ва идеология бар илм амал мекард. Чунин сохтори «хати қудрат» (вертикаль власти) боис гардид, ки бозгаштнопазирии сиёсати хато ба шиддат афзояд.«Иттиҳоди Шӯравӣ дар маънои ҳақиқии калима федератсия набуд он як империяи унитарӣ бо ниқоби зоҳирии давлатдории иттифоқӣ буд»[2].Иқтисоди шӯравӣ, ки бар пояи навъи марказонидашуда амал мекард, то солҳои 1970 бархе натиҷаҳои мусбат саноати ҳарбӣ, таъмини иҷтимоӣ ба бор овард. Аммо дарозмуддат набудани рақобат, норасоии бозор, маҳдудияти ташаббуси шахсӣ ва ба расмият даровардани бефаъолиятӣ боиси фарсудашавии низом гардид.Аз оғози солҳои 1980 нишондиҳандаҳои иқтисодӣ коҳиш ёфта, маҳсулнокии меҳнат паст гардид ва буҳрони сӯзишворӣ, норасоии ғизо ва молҳои маишӣ дар саросари ҷумҳуриҳо шиддат гирифт. Модели иқтисоди «интегратсияшуда»-и Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бар фурӯши ашёи хом, нафт, газ, пахта такя дошт, дигар натавонист посухгӯи рушди ҷомеа бошад.«Иқтисодиёти Иттиҳоди Шӯравӣ ба як мошини азими кӯҳнаву аз ҳад гузашта табдил ёфта буд, ки на қобили навоварӣ буд ва на қобили мутобиқшавӣ»[3].Ба ибораи академик А.Н.

Яковлев, иқтисодиёти шӯравӣ дар охири асри XX ба ҳолати музмине афтода буд, ки на тавони рақобат бо Ғарбро дошт ва на имкони ислоҳоти сохториро. Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки асосан дар истеҳсоли ашёи хом пахта, маъданот тахассус ёфта буданд, аз буҳрон бештар осеб диданд.«Модели хоҷагии марказонидашуда дар шароити болоравии эҳсоси худшиносии миллии ҷумҳуриҳо қобили зинда мондан набуд» [4].Фурӯпошии СССР боиси холигии геополитикӣ дар минтақа гардид. Қудратҳои навин Чин, Туркия, ИМА вориди арса шуданд. Русия кӯшиш мекард тавассути созмонҳои мисли СААД ва ИДМ нуфузи худро ҳифз кунад.Элитаҳои шӯравӣ дар аксари ҷумҳуриҳо худро мутобиқ карданд ва ба элитаи нав табдил ёфтанд. Дар баъзе мавридҳо онҳо низоми худкомаро ба роҳ монданд, монанди Ӯзбекистон ва Туркманистон дар дигарҳо ноустувории сиёсӣ зиёд гардид, мисли Қирғизистон ва Тоҷикистон.Муҳоҷират: Миллионҳо нафар барои дарёфти кор ба Русия ва дигар кишварҳо рӯ оварданд.Фурӯпошии соҳаҳои иҷтимоӣ: тиб, маориф ва саноат дучори коҳиш шуданд.Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ як гардиши таърихии мураккаб ва фарогир буд. Он дар як замон заминаи ташаккули давлатҳои миллӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ гардид, вале ҳамзамон боиси ноустувории сиёсӣ, буҳрони иқтисодӣ ва танишҳои иҷтимоӣ ҳам шуд.

Омӯзиши ин марҳилаи таърихӣ имкон медиҳад, ки мо сабабу омилҳо ва таҷрибаи гузаришро дар заминаи илмии таърихшиносӣ таҳлил намоем.Дар тамоми фазои шӯравӣ, хусусан дар Осиёи Марказӣ, сиёсати миллисозии шӯравӣ дугонагӣ дошт: аз як тараф, дастгирии зоҳирии забон ва фарҳанг, аз ҷониби дигар таҳкими русисозӣ ва маҳдудкунии миллӣ. Ин сиёсат дар тӯли даҳсолаҳо пас аз солҳои 1937, боиси заъфи худшиносии миллӣ ва фаромӯшии шохаҳои муайяни таърих ва анъана гардид.Ислоҳоти Горбачёв (1985–1991), хосатан шароити бозгашти таърих, эҳёи шахсиятҳои таърихӣ ва баррасии пинҳонкориҳои сиёсиро фароҳам овард. Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ эҳёи таърихи пешошӯравӣ, рамзҳои миллӣ ва фишори нерӯҳои зиёӣ барои соҳибихтиёрӣ тақвият ёфт.«Миллигароӣ дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ на ҳамчун як унсури вайронгар, балки ҳамчун шакли сафарбарсозӣ алайҳи тоталитаризм зуҳур кард» [5]. Сиёсати ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ натавонист роҳҳои муассири баромад аз бӯҳронро пешниҳод намояд.

Баръакс, он вазъро печидатар кард: марказ заиф шуд, ҷумҳуриҳо талаботи бештар барои соҳибихтиёрӣ пеш гузоштанд, ҳизби коммунист бо норозигии иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гашт. Табаддулоти нокоми августии соли 1991 охирин зарба ба марказият буд.Гузариш ба озодӣ дар шакли фуҷур, набудани институти давлати ҳуқуқбунёд, рушди нобаробари минтақаҳо ва болоравии қудратҳои миллӣ дар сатҳи ҷумҳуриҳо ба фурӯпошии иттиҳод ва эълони истиқлол дар саросари ҷумҳуриҳои шӯравӣ овард.Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ натиҷаи ногузири маҷмӯи омилҳои сохторӣ буд, ки дар заминаи номуваффақии раванди давлатӣ, низоми идеологӣ, иқтисоди бознагардондашуда ва эҳёи худшиносии миллӣ ба амал омад. Омӯзиши ин раванд дар фаҳмиши хусусиятҳои давлатсозии нав дар фазои пасошӯравии Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дорад. Зеро ҳар як ҷумҳурии навтаъсис бо чунин мероси мураккаб вориди истиқлол гардид ва маҷбур буд роҳи давлатдории миллӣ ва рушди фарҳангии худро аз сифр оғоз намояд.Эълони истиқлолияти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар поёни соли 1991, бештар як аксуламали таърихӣ ба пошхӯрии маркази иттифоқӣ буд, на натиҷаи стратегияи мустақилона ва омодагии дохилӣ. Ҷумҳуриҳо ба таври тадриҷӣ ва аксаран зери фишори воқеияти сиёсӣ ва таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла пошхӯрии низоми умумиттифоқӣ, эҳёи ҳаракатҳои миллӣ ва афзоиши худшиносии иҷтимоӣ, истиқлолияти худро эълон карданд.Эълони истиқлол дар як муҳити нотамом, бе таҷрибаи роҳбарии мустақил ва бе зерсохторҳои муосири давлатӣ сурат гирифт.

Ба истиснои чанд ҷараёни зиёишаванда, ҷомеаҳо барои гузариши муназзам ва устувор омода набуданд. Қариб дар тамоми кишварҳои минтақа, элитаҳои собиқи ҳизби коммунистӣ ба элитаҳои миллии истиқлолталаб табдил ёфтанд, ки дар ибтидо бештар дар ҷустуҷӯи таъмини суботи сиёсӣ ва ҳифзи қудрати худ буданд.Дар тӯли чанд моҳи охири соли 1991 панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ истиқлолияти давлатии худро эълон карданд. Аммо ин истиқлол бештар тақдирмандона буд, на интихобшуда: зеро аксарияти элитаи сиёсӣ барои чунин гузариш на тайёрӣ доштанд ва на стратегияи рушд.Ҷадвали истиқлолияти ҷумҳуриҳо:Бо истиқлолият, давлатҳо кӯшиданд таърихи худро аз нав таъриф кунанд ва шахсиятҳои таърихиро дубора зинда созанд. «Таърихшиносӣ ба абзори сохтани миллат ва шиносномаи сиёсии давлат табдил ёфт» [6].«Эълони истиқлол барои аксарияти элитаҳо на як ормони миллӣ, балки як амри таҳмилии таърихӣ буд» [7].Гузариш ба истиқлолият дар фазои Осиёи Марказӣ бо маҷмӯи мушкилоти таърихӣ ва сохторӣ ҳамроҳ буд. Аввалан, кишварҳо аз шикасти низоми иқтисодии мутамарказ ва фурӯпошии занҷираи таъминоти умумиттифоқӣ ранҷ мебурданд.

Дуввум, вуҷуд доштани низоми сиёсати хориҷии мустақил, на таҷрибаи идоракунии миллии давлати муосир пас аз 70 сол вуҷуд надошт.Пас аз истиқлолият, ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ роҳи хоси давлатдории худро пеш гирифт, ки ин фарқиятҳоро метавон дар се гуруҳ ё модел ҷудо кард:Ӯзбекистон ва Туркманистон дар давраи аввали истиқлол бештар бо такя ба шахсияти роҳбар ва таҷрибаи идоракунии шӯравӣ боқӣ монданд. Пешвои сиёсӣ ҳамчун рамзи давлат ва ҳуввият ҷилва дода шуд ва қонунгузорӣ бештар хосияти марказгаро ва яктарафа пайдо кард.Қирғизистон аввалин шуда интихоботи бисёрҳизбиро баргузор намуд ва расман демократияро қабул кард. Аммо нокифоягии заминаҳои ҳуқуқӣ ва заъфи институтҳо боиси бесуботии сиёсӣ гардид.Қазоқистон бо роҳбарии Нурсултон Назарбоев модели тавозун байни суботи сиёсӣ ва бозсозии иқтисодиро интихоб кард. Қонунгузорӣ бо шеваи реформизм аз боло амал кард.Давлатсозии пасошӯравӣ дар минтақа бештар раванди мутобиқшавии элитаҳои шӯравӣ ба вазъи нав буд, на сохтани низоми комилан нав» [8].Яке аз вазифаҳои таърихии давлатҳои навтаъсис эҳёи ҳуввияти миллӣ ва навнигарии таърих буд. Бисёр кишварҳо ба бознигарии таърихи расмии шӯравӣ, эҳёи шахсиятҳои таърихӣ, рамзҳои миллӣ ва сиёсати забон рӯ оварданд.Дар Ӯзбекистон, шахсияти Амир Темур ҳамчун поягузори давлати миллӣ муаррифӣ шуд.Дар Тоҷикистон, тамаддуни Сомониён ва забони тоҷикӣ ҳамчун рамзи истиқлол эҳё гардид.Дар Қазоқистон, консепсияи “Мангилик Ел” ва таърихи кӯчманчиён арзишманд гардонида шуд.Ин ҷараён равандеро ба вуҷуд овард, ки метавон онро таърихсозии миллӣ номид, ки дар заминаи он шинохти таърихӣ ва сиёсатсозӣ ҳамзамон рушд карданд.Раванди истиқлолияти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бо омӯзиши воқеияти таърихӣ, мӯҳтавои сиёсатҳои дохилӣ ва таъсири вазъи байналмилалӣ сурат гирифт.

Ин истиқлол дар фазои бӯҳрон ва номуайянии сиёсиву иқтисодӣ оғоз ёфта, роҳро барои ташаккули моделҳои гуногуни давлатдорӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ ҳамвор кард. Омӯзиши ин марҳилаи гузариш барои фаҳмиши сиёсат ва ҷамъиятшиносии таърихии минтақавӣ аҳаммияти бузург дорад.Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ як фазои стратегӣ дар маркази Евроосиё бе соҳиб монд, ки онро таҳлилгарон геополитикӣ меноманд. Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки то ҳол дар доираи сиёсати хориҷии ягонаи Маскав амал мекарданд, ногаҳон худро дар муҳити рақобатбори қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ёфтанд. Русия, ИМА, Чин, Туркия ва кишварҳои Эрону Ҳиндустон кушиданд дар минтақа таъсир гузоранд.Бо таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) соли 1991 ва пасон Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), Русия кӯшид ҷойгоҳи худро ҳамчун кафили амният ва пайванди таърихиву фарҳангӣ ҳифз намояд. Дар амал бошад, равобит бештар доштанд, ки вобастагии иқтисодӣ ва муҳоҷиратии ҷумҳуриҳоро аз Маскав зиёд мекард.Чин тавассути ҳамкорӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай (ШОС), сармоягузорӣ ба инфрасохтор, хариди захираҳои энергетикӣ ва ҳамкорӣ бо элитаҳои маҳаллӣ нуфузи хомӯш ва самарабахш ба даст овард.ИМА ва кишварҳои Аврупо бар ислоҳоти демократӣ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озодии дин ва матбуот такя намуданд.

Аммо ин раванд дар муҳити сиёсии минтақа боиси натиҷаҳои номунтазам шуд.«Осиёи Марказӣ ба майдони рақобати ором, вале шадиди қудратҳо табдил ёфт» [9].Фурӯпошии иқтисоди фармондеҳии шӯравӣ ва коҳиши истеҳсолоти дохилӣ боиси он гардид, ки миллионҳо нафар шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ барои дарёфти рӯзӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ оваранд. Русия мақсади аслии муҳоҷирати корӣ шуд.Дар Тоҷикистон, зиёда аз 1,5 млн муҳоҷир солиёна кор мекунанд.Ин раванд як навъи иқтисоди муҳоҷиратӣ ба вуҷуд овард, ки пайомадҳои иҷтимоӣ ва демографӣ ҳам дорад ва коҳиши таваллуд, норасоии қувваи кории маҳаллӣ, таъсир ба фарҳанг ва оила. Муҳоҷират на танҳо роҳи зинда мондан, балки унсури тағйирдиҳандаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ гардид.Баъди фурӯпошии СССР, муассисаҳои маориф, тандурустӣ, илм ва фарҳанг, ки қаблан пурра аз буҷаи иттифоқӣ маблағгузорӣ мешуданд, ба марҳилаи таназзул афтоданд. Бисёре аз корхонаҳо аз кор монданд, таҳқиқотҳои илмӣ қатъ гаштанд ва қишри зиёиён дучори фишори иҷтимоӣ шуданд.Афзоиши фақр ва табақабандии иҷтимоӣ.Таназзули низоми кафолатҳои иҷтимоии шӯравӣ нафақа, ҷойи кор.Афзоиши нақши дин дар шароити холигоҳи идеологӣ.Дар шароити норасоии низоми идеологӣ ва арзишӣ, рӯйи овардани табақаҳои иҷтимоӣ ба арзишҳои суннатӣ ва динӣ шиддат гирифт.

Дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, эҳёи ислом ва таъсири ҳаракатҳои ислоҳталаб дар ҷомеа афзоиш ёфт, ки баъзан дар шакли зиддияти сиёсӣ ҳам зоҳир шуд.Пош хӯрдани низоми шӯравӣ, ки як ҷаҳонбинии муайянро тарғиб мекард. Ҷумҳуриҳо талош карданд таърихи миллиро аз нав созанд, рамзҳо ва шахсиятҳои таърихиро барқарор намоянд, ва мактабҳои таърихнигории навро рушд диҳанд.Таълимоти таърихӣ ба макони асосии ташаккули ҳуввияти миллӣ табдил ёфт.Забони миллӣ ва ифтихори фарҳангӣ ба пояи сиёсати давлатӣ табдил дода шуд.Ба сохтани рӯҳияи миллатсозӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гашт.Таърихсозии расмӣ ҳамчун абзори сиёсати идеологӣ ва бақои элитаи нав ба майдон омад.Паёмадҳои фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ шомили таҳаввулоти геополитикӣ ва иҷтимоӣ гардиданд. Дар арсаи байналмилалӣ, минтақа ба саҳнаи рақобати геостратегии қудратҳои ҷаҳонӣ табдил ёфт. Дар дохили кишварҳо, равандҳои муҳоҷират, коҳиши иҷтимоӣ, эҳёи дин ва ҷустуҷӯи ҳуввияти миллӣ дар маркази рушд қарор гирифтанд. Ин равандҳо на танҳо ҷомеаҳоро тағйир доданд, балки шакли давлатдорӣ, маърифати шаҳрвандӣ ва нақши таърихро низ дубора муайян намуданд.Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ҳамчун як падидаи таърихии умумиҷаҳонӣ, равандҳои таърихиро на танҳо дар сарзамини собиқ Шӯравӣ, балки дар миқёси минтақавии Осиёи Марказӣ низ дигаргун кард. Ҷумҳуриҳои минтақа, ки дар тӯли зиёда аз ҳафт даҳа дар зери низоми мутамаркази сиёсӣ ва иқтисодии Маскав амал мекарданд, ногаҳон вориди давраи нави таърихӣ истиқлолият ва давлатсозии миллӣ шуданд.Аз таҳлилҳои боло чунин натиҷаҳо ба даст меоянд:Фурӯпошии СССР натиҷаи маҷмӯи омилҳои дохилӣ ва берунӣ буд, ки бар заминаи буҳрони низоми сиёсӣ, таназзули иқтисодӣ, эҳёи эҳсоси миллӣ ва заъфи ислоҳоти номуваффақи сиёсӣ шакл гирифт.Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ истиқлолиятро ҳамчун амри воқеӣ пазируфтанд, на ҳамчун натиҷаи стратегияи мукаммали миллӣ.

Гузариш аз модели шӯравӣ ба давлатдории миллӣ дар муҳити буҳрон, бе заминаи институти давлатӣ ва иқтисоди устувор сурат гирифт.Моделҳои мухталифи давлатдорӣ ба вуҷуд омаданд, ки вобаста ба захираҳои табиӣ, қудрати элитаҳо ва фазои байналмилалӣ шакл гирифтанд: аз низомҳои худкомаи шахсиятгаро то таҷрибаҳои демократии ноустувор.Фурӯпошии Шӯравӣ боиси шаклгирии фазои нави геополитикӣ гардид, ки дар он рақобати Русия, Чин, Ғарб ва дигар қудратҳо барои нуфуз ва сармоягузорӣ оғоз ёфт. Ҷумҳуриҳо бо вуҷуди истиқлолият, дар ҳолати вобастагии сохторӣ қарор доштанд.Тағйироти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муҳоҷират, фақр ва таърихсозӣ низ равандҳои мураккабу серпаҳлӯеро ба вуҷуд оварданд, ки то имрӯз идома доранд ва ба равандҳои давлатсозӣ таъсир мерасонанд.Мақоми таърих дар раванди давлатсозии миллӣ таҳким ёфт. Эҳёи рамзҳои таърихӣ, забон ва шахсиятҳои миллӣ як бахши муҳим аз равандҳои ҳуввиятсозӣ ва сиёсатгузории фарҳангӣ гардид.Барои рушди таҳқиқоти минбаъда ва таҳкими таҳлилҳои таърихии марбут ба фурӯпошии Шӯравӣ ва таъсири он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, тавсияҳои зерин пешниҳод мегарданд:Таҳияи моделҳои муқоисавии давлатсозӣ дар ҳар як кишвари минтақа бо назардошти хусусиятҳои таърихӣ, этникӣ ва захиравӣ.Пажӯҳиши пайвастаи равандҳои муҳоҷират, таъсири он ба демография, иқтисод ва фарҳанги миллӣ бо истифода аз таҳлилҳои ампирикӣ.Таҳқиқи нақши таърихсозии расмӣ дар ташаккули ҳуввияти сиёсӣ ва истифодаи таърих ҳамчун абзори идеологӣ.Баррасии мутавозин ва илмии равобити геополитикии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ Русия, Чин, ИМА, Туркия, на аз зовияи идеологӣ, балки аз дидгоҳи манфиатҳои миллӣ.Эҷоди марказҳои пажӯҳиши мустақили таърих ва ҷомеа дар дохили кишварҳо барои таҳкими нигоҳи таҳлилӣ ва илмии маҳаллӣ ба масоили гузариш аз шӯравӣ ба давлатдории миллӣ.Ҷорӣ кардани таълимоти интиқодӣ дар фанни таърихи муосир, то ки насли нав дар шароити гуногунандешӣ, таҳлили мантиқӣ ва дарки мушкилоти муосир тавонманд шавад.Мавзӯи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсири он ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз ҳам сарчашмаи муҳимми таҳқиқоти таърихшиносӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Омӯхтани он имкон медиҳад, ки решаҳои мушкилоти муосир, имконоти рушди устувор ва вазифаҳои стратегӣ барои ҳар як кишвари минтақа дуруст ва воқеъбинона муайян карда шаванд.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 10 (91) том 4


Ссылка для цитирования:

Комилов Д.Р., Амирхон А. ТАЪРИХИ ФУРӮПОШИИ ИТТИҲОДИ ШӮРАВӢ ВА ТАЪСИРИ ТАЪРИХИИ ОН БА ҶУМҲУРИҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ // Журнал «Вестник науки» от 26 октября 2025 г. № 10 (91) том 4. С. 473 - 485. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/26125 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/26125



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.