Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 26 октября 2025 г.
  4. Научная статья № 59
Просмотры  54 просмотра

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР

Аннотация: Дар мақола ҷанбаҳои назариявии нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодиёти кишвар омӯхта шуда, доир ба зарурият, моҳият ва ҷанбаҳои рушди иқтисодиёти кишвар андешаҳои олимону сиёсатмадорони ватанию хориҷӣ мавриди тадқиқ қарор дода шуд. Ҷиҳати муаянсозии моҳият ва мафҳуми дурнамои нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодиёти кишвар шарҳ дода шуд. Ҳамзамон ҷиҳати таҳлилҳои минбаъдаи рушди иқтисодиёти кишвар пешниҳод карда шуда, сохтори дурнамо ва иқтисодиёти кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст.

Ключевые слова: равандҳои объективӣ, зарурияти иқтисодӣ, таърихи башарият, иқтисодиёти кишвар, идораи давлатӣ, субектҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ, истиқлолияти давлатӣ.

То имрӯз дар бораи хидматҳои бузурги Эмомолӣ Раҳмон, ки дар фоҷеабортарин давроне аз таърихи муосири миллати тоҷик бо ҷасорати инсонӣ ва хиради сиёсӣ тавонистааст, якҷоя бо ҳамсафони содиқаш, халқи хешро аз коми оташи ҷанг бираҳонад ва мамлакатро аз вартаи нобудӣ берун кашад, китобу мақолаҳои зиёде навишта шудаанд [1. c.3]. Қобили зикр аст, ки шахсиятҳое, ки зиндагии худро ба хотири ормонҳои баланду асили миллӣ бахшиданд ва хидматҳои фидокорона барои қавму миллатӣ хеш кардаанд, сарчашмаи илҳом ва неруи маънавии ояндагон мебошанд [2. c.3]. Шахсиятҳои бузург, ки худ офарандаи таъриханд, дар муносибат бо ҳодисаю падидаҳои дигари ҷамъиятию табиӣ мақсади мауайянро асоси фаъолияти худ қарор медиҳанд. Мақсад ва вазифаҳое, ки онҳо дар назди худ гузоштаанд аз бисёр ҷиҳат дар шакли муайян пайдо мегарданд, ки онҳоро равандҳои объективии ҳайёти ҷомеа муайян менамоянд. Ҳамзамон лозим ба ёдоварист, ки дар ҷомеа нақши инсонҳо низ басо назаррас аст. Одамон асосан дар зери таъсири муҳити атроф амал менамоянд ва дар байни онҳо зарурияти иқтисодӣ, ки таҷассумгари манфиатҳои доираи муайяни одамон мебошад, нақши асосӣ мебозад.

Онҳо низ қодиранд ба шароти ҳаёти худ таъсир расонанд ва ҳатто самти инкишофи онро таѓйир бидиҳанд. Аммо бузургии шахсиятҳои бузург дар он аст, ки онҳо тавонистаанд манфиатҳои умумиро ифода намоянд ва баҳри амалӣ намудани ин манфиатҳо ва ҳимояи онҳо кушишҳои зиёде ба харҷ диҳанд. Аз ин хотир, оммаи мардум ин гуна одамонро эҳтиром намуда, пешвои худ мехонанд. Одамони бузург, пешвоён ва сарварон то ҳамон даврае вазифаи худро анҷом дода метавонанд, ки агар онҳо ба оммаи халқ такя намоянд[3. c.87].Шахсиятҳои бузург раҳнамои инсоният ҳастанд ва инсонҳо дар ҳалли масъалаҳои печида ва мураккаби иҷтимоиву иқтисодӣ ба онҳо умед мебанданд.

Маъмулан, ашхоси соҳибхирад ва боистеъдодро шароити ҳассос ва тақдирсози таърихӣ ба сиёсатмадорони барҷаста табдил медиҳад. Дар чунин давраҳо сарвароне (пешвоёне) бар арсаи сиёсат пой мениҳанд, ки қодиранд ҳама гуна саддро аз роҳи пешрафти ҷомеа бигиранд, роҳро барои рушду густариш омода созанд ва ба ибораи дигар шахсиятҳои барҷаста маҳсули даврони ҳассоси таърихӣ мебошанд [4. c.8].Таърихи инсоният собит намудааст, ки пешрафт ва муваффақияти тамаддунҳои гуногун ба фаъолият ва нерӯи идоракунии самарабахши шахсони алоҳида робитаи зич доштааст, ки тавонистаанд тавассути маҳорат, дониш, қобилияти роҳбарӣ ва матонату ҷасорати шахсӣ номи худро дар таърихи башарият абадан сабт намоянд. Аз ин рӯ, омӯзиш ва таҳқиқӣ фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дорои аҳамияти калони илмӣ маҳсуб меёбад. Баъди барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи байналмиллалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ворид гардид.

Дар давраи аввали гузариш ба шароитҳои нави иқтисодӣ кишвари мо ба як қатор мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардид. Ин мушкилотро аз рӯи моҳият ба ду қисми асосӣ, яъне ворид шудани тарзу усулҳои нави идоракунӣ дар низоми иқтисодии кишвар ва дуюм муқовимат ба он ва дар ин замина сар задани ҷанги шаҳрвандӣ тақсим кардан мумкинаст. Шартҳои асосии гузариш аз усули идораи давлатии иқтисодиёт ба усули нави бозорӣ, ин аз худтаъминкунӣ ва худидоракунии ташкилоту муассисаҳои гуногун иборат буд. Дар ин давра тамоми таъминоти давлатии ташкилоту муассисаҳои гуногун, ки аз маркази ягона идора мегардид аз байн рафт ва кишварро лозим омад, ки роҳҳои нави ҷалби сармоя ба низоми иқтисодии мамлакат мустақилона ҷустуҷӯ намояд [5. c.1].

Тоҷикистон имрӯз узви фаъол, эътирофшуда ва соҳибэҳтироми ҷомеаи байналмилалист ва мақоми шоистаи худро дар олами зудтағйирёбандаи муосир таҳким бахшида, ҳама гуна ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷонибдорӣ менамояд.Дар шароити ҷаҳонигардии бозорҳо ва пайваста таҳким ёфтани ҳамгироии иқтисодиёти кишварҳои олам дар доираи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳеҷ як давлати дунё наметавонад дар канор монад. Имрӯз муносибатҳои Тоҷикистон дар доираи ин созмон ғайр аз масоили зикршуда равобити судманди иқтисодиро низ дар бар мегиранд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ҳамкории худро ҳам дар чаҳорчӯбаи ин сохтор ва ҳам мустақиман бо ҳар як кишвари узви он рушду нумӯъ мебахшад ва ҷонибдори таҳкими ин робитаҳо мебошад.Бахусус сатҳ ва мӯҳтавои робитаҳои Тоҷикистон бо ҳамсояи бузурги худ - Ҷумҳурии Халқии Хитой боло рафт ва дар самти муҳимтарин лоиҳаҳои ҳамкории барои Тоҷикистон муфиду пурсамар ғанӣ гашт. Бо имзои Аҳдномаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории миёни ду кишвар ҳангоми нахустин сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой марҳалаи сифатан нави равобит ва шарикии минтақавӣ оғоз гардид.

Соҳаи дигари афзалиятноки ҳамкориҳо туризм ба ҳисоб меравад. Табиат ва иқлими нотакрор, чашмаҳои шифобахш, захираҳои бузурги оби нӯшокӣ, меваҳои болаззат ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон барои рушди туризм, бахусус туризми кӯҳӣ ва солимгардонӣ фавқулода мусоид менамояд.Аз фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои ташкил намудани минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ин рушди соҳаи коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, зиёд намудани иқтидори содиротии кишвар, истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, таъмини рушди бештари иқтисодиву иҷтимоии ноҳияҳои ниёзманд мебошад. Барои ташкили минтақаҳои махсуси саноатӣ ва сайёҳи дар мамлакатамон имкониятҳои васеъ мавҷуданд ва онҳоро ба манфиати мардум ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ самарабахш истифода намудан аз аҳамият холӣ нахоҳад буд[6-c4]. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ сохтори ташкилию иқтисодие мебошад, ки ҳоло дар ҷаҳон густариши васеъ ёфта, дар кишварҳои зиёди дунё, новобаста аз иқтидори иқтисодӣ ва сатҳу сифати рушди иҷтимоии онҳо, бунёд гардидаанд ва бо ин васила барои ҳамгироии давлатҳо ва субъектҳои иқтисодӣ мусоидат намуда, барои рушди низоми равобити ҷаҳонӣ боис мегардад.Дар Тоҷикистон то ба имрӯз 10 минтақаи озоди иқтисодӣ мавҷуд аст.

Ин минтақаҳо ба мақсади ҷалби сармоягузорӣ, рушди саноат ва тиҷорат ва ташакули инфрасохтори иқтисодӣ таъсис дода шудаанд.Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодии зерин мавҷуданд:1. Минтақаи озоди иқтисодии "Истаравшан". 2. Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд". 3. Минтақаи озоди иқтисодии "Вахш". 4.

Минтақаи озоди иқтисодии "Бохтар". 5. Минтақаи озоди иқтисодии "Панҷакент". 6. Минтақаи озоди иқтисодии "Кулоб". 7. Минтақаи озоди иқтисодии "Хуҷанд". 8.

Минтақаи озоди иқтисодии "Қайроқум". 9. Минтақаи озоди иқтисодии "Роғун". 10. Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара". Минтақаи озоди иқтисодӣ ифодакунандаи инкишофи робиттаҳои тиҷоратию молиявӣ, истеҳсолию технологии давлатҳо буда, ба макони густариши муносибатҳои бозорӣ, рушди соҳибкорӣ, такмили технологияҳои истеҳсолӣ ва санъати идоракунӣ мубаддал гаштаанд[7-c.13].Минтақаҳои озоди иқтисодӣ чун қаламраве маънедод мешаванд, ки тавассути фишангҳои иқтисодию ташкилӣ ва ҷорӣ намудани реҷаи вориидотии бе гумрук фаъолияти иқтисодии беруна фаъол гардонида шуда, сармояи хориҷӣ ҷалб карда мешавад.Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар такмили муносибатҳои иқтисодӣ ва рушди кишварҳои ҷаҳон нақши намоёнро соҳиб шуда истодаанд.

Давлатҳои ҷаҳон барои иштирок дар тақсимоти байналмиллалии меҳнат роҳҳои гайрианъанавии иштироки худро пешкаш намуда, модели нави тараққиети иқтисоди миллиро, ки ба бозори хориҷӣ нигаронида шудааст интихоб менамоянд.Дар инкишофи иқтисодии давлатҳо махсусгардонии содиротӣ яке аз тадбирҳои стратегияи иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, дар ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ифода меёбад. Ҳоло ин гуна минтақаҳо дар шумораи зиёди кишварҳои ҷаҳон амал намуда, ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии онҳо таъсири назаррас мерасонад. Ҳадафи асосии ташкили онҳо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, инкишофи содирот, афзоиши воридшавии даромади арзӣ, ба даст овардани таҷриба ва технологияи навин, беҳсозии тавозуни пардохти мамлакат ва бо ҳамин роҳҳо таъмин намудани инкишофи иқтисоди миллӣ ва воридшави ба хоҷагии ҷаҳон мебошад.Тараққиёти иқтисоди миллии моро бе мақоми Президенти кишвар тасаввур намудан ѓайриимкон аст. Зеро ҳамаи марҳилаҳо ва самтҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон маҳз аз ҷониби Сарвари давлат муайян ва пешбинӣ карда мешаванд. Зинаҳои аввалини низоми самараноки рушди иқтисоди миллии мо дар тасвиби санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар таҷассум меёбанд, ки ин нукта низ ба салоҳияти Президенти мамлакат ворид мешавад.Пешвои миллат - роҳбари давлат ва шахси марказӣ дар идораи кишвар нақши хеле муҳим ва калидӣ дар таҳкими рақамикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон дорад. Ин нақш дар чанд ҷанбаҳои асосӣ намоён мешавад:1.

Сиёсати давлатии рақамикунонӣ: Пешвои миллат стратегияи рақамкунонии иқтисодиётро таҳия ва дастгирӣ мекунад. Ӯ таъқид менамояд, ки барои рушди саноат, хизматрасониҳо ва идоракунии самаранок бояд технологияҳои нав ва рақамӣ ворид шаванд.2. Ташаббусҳо ва барномаҳои давлатӣ: Пешвои миллат барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳимро барои рақамикунонии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз қабили кишоварзӣ, саноат, хизматрасонӣ ва маориф роҳандозӣ мекунад.3. Ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ: Ба хотири рушди технолгияҳои рақамӣ ва таъсиси инфрасохтори зарурӣ, Пешвои миллат кушиш мекунад, ки ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаи рақами ҷалб шавад.4. Рушди истеъдодҳои инсонӣ: Пешвои миллат таваҷҷуҳ ба омӯзиши технологияи нав, баланд бардоштани малакаҳои кормандон ва омода намудани кадрҳои касбӣ дар саҳаи рақамикунонӣ дорад.5. Таъмини муқаррароти ҳуқуқӣ: Қонунҳо ва меъёрҳои зарури барои дастгирии рақамикунонии иқтисодиёт таҳия ва қабул мешаванд, ки ин ҷараёнро расми ва идорашаванда месозад.Омили асосии рушди босуботи ҳама гуна низом, ба вижа низоми иқтисодӣ ба фазои муносибатҳои байниҳамдигарӣ вобастагии калон дорад.

Маҳаки асосии ин фазо, ё худ такягоҳи асосии фазои босуботи рушди иқтисодӣ дар оромӣ ва сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, агар сарчашмаи инкишофи иқтисодии кишвари мо Сарвари давлат маҳсуб шавад, роҳнамою раҳкушо, яъне ба вуҷудоварандаи низоми муайяни тараққиёти он ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи мардуми Тоҷикистон ҳисоб меёбад. Мусаллам аст, ки ҳеҷ гуна низом, хосатан, низоми иқтисодӣ дар шароити номуътадили сиёсӣ тараққӣ намуда наметавонад. Аз ин ҷост, ки ба назари мо заминаҳои асосии рушди иқтисодиёти кишварро шартан ба се асоси зерин тақсим намудан мумкин аст:Истиқлолияти давлатӣ,Президенти кишвар,Ваҳдати миллӣ.Ин се асос ба ҳам иртиботи зич дошта, бе ҳамбастагии якдигар тараққиёти самараноки низоми иқтисодии кишварро таъмин карда наметавонанд.

Низоми иқтисодии кишвари мо пас аз расидан ба истиқрори сулҳу суббот ба марҳилаи сифатана нав, яъне иқтисоди бозоргонӣ ворид гашт, ки дар сари ин комёбӣ низ Президенти кишвар меистад. Ба вуҷуд омадани минтақаҳои озоди иқтисодӣ марҳилаи дигари рушди иқтисодии кишвар ва дар ин замина метавон гуфт, ки дараҷаи ниҳоят баланди пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба вуҷуд овардани ин гуна минтақа низ маҳз ба салоҳият ва дастгириҳои Сарвари давлат роҳандозӣ шудааст, ки бори дигар исботи нақши бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар тараққиёти иқтисодии Тоҷикистон аст[8-c11].Дар охир ҳамин нуктаро зикр намудан ба маврид аст, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли равон ҳафт самти таъмини рушди иқтисодӣ ва суботи иҷитимои ҷумҳуриро муайян намудааст, ки онҳо аз тақвият бахшидан ва такмили сохтори ташкилӣ ва соҳавии иқтисоди кишвар, рушди босуръати соҳаи гидроэнергетика, идомаи ислоҳоти иқтисодӣ ва таъмини рушди босуботи минтақаҳои кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва рушди бемайлони соҳибкорӣ ҳамчун самти афзалиятноки тараққиёти мамлакат, инкишофи имкониятҳои коммуникатсионии мамлакат ва тақвият додани низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд бо мақсади таъмин намудани самаранокии идоракунии давлатӣ иборат мебошанд [9. C. 4].

Мо мутмаъинем, ки мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯтоҳтарин фурсат ҳамаи ин ҳадафҳоро амалӣ сохта, ҷумҳурии моро ба яке аз кишварҳои пешрафтаи Осиёи Марказӣ табдил хоҳанд дод.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 10 (91) том 4


Ссылка для цитирования:

Назарова Г.Ш. НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР // Журнал «Вестник науки» от 26 октября 2025 г. № 10 (91) том 4. С. 486 - 493. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/26126 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/26126



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.