ТАЪСИРИ ОМИЛҲОИ ИҚТИСОДӢ – ДЕМОГРАФӢ БА РУШДИ СИФАТИ АҲОЛӢ
Аннотация: Дар мақола ҷанбаҳои назарявии таъсири омилҳои иқтисодӣ- демографӣ ба рушди сифати аҳолӣ омӯхта шуда, доир ба зарурият, моҳият ва ҷанбаҳои таъсири омилҳои иқтисодӣ- демографӣ ба рушди сифати аҳолӣ андешаҳои олимону сиёсатмадорони ватанию хориҷӣ мавриди тадқиқ қарор дода шуд. Ҷиҳати муаянсозии моҳият ва мафҳуми дурнамои омилҳои иқтисодӣ- демографӣ ба рушди сифати аҳолӣ шарҳ дода шуд. Ҳамзамон ҷиҳати таҳлилҳои минбаъдаи рушди сифати аҳолии кишвар пешниҳод карда шуда, сохтори дурнамо ва иқтисодиёти кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст.
Ключевые слова: Ҷамияти инсонӣ, омилҳои демографӣ, таҷдиди аҳолӣ, тағийротҳои динамикӣ, мушкилотҳои умумибашарӣ, сифати аҳолӣ, капитали инсонӣ, ҳодисаҳои демографӣ, контигенти репродуктивӣ, пиршавии аҳолӣ.
Солҳои охир дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷамъияти инсонӣ дар қатори омилҳои табиӣ, таърихӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ нақши омилҳои демографӣ мефзояд. Зеро ҳодисот, равандҳо ва вазъи демографӣ ба тамоми раванди тараққиёти ҷамъиятӣ алоқаманд буда, таъсири мутақобила мерасонад. Бинобар ин, бе таҳлили илмии омилҳои демографӣ тараққиёти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии давлат ва қисматҳои ҷудогонаи онро пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст. Муайян гардидаст, ки боигарии аз ҳама асосии кулли давлатҳо-сокинонашон, яъне аҳолии онҳо ба шумор меравад.
Барои беҳтар кардани вазъи сокинон ва баланд некӯаҳволии халқ, пеш аз ҳам шумораи аҳолӣ ва динамикаи он, хусусиятҳои таркиб ва таҷдиди аҳолӣ, равандҳои асосии демографӣ ва қонуниятҳои он, мухталифоти марзии демографӣ донистан зарур аст [1.c-56]. Таърихи рушди инсоният бо тағйиротҳои динамикаи шумора ва таҷдиди аҳолӣ пайванди ногустанӣ дошта, солҳои охир таъсири равандҳои ҷаҳонии демографӣ ба муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсӣ пайваста афзуда истодааст. Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо сухани барномавӣ баромад карда, равандҳои асосии сиёсати демографӣ, танзими оила ва рушди устувори мамлакатро ҳаматарафа таҳлил кард ва қайд намуд, ки «масъалаҳои демография, нуфуз ва таваллуди бетанзими аҳолӣ дар миқёси ҷаҳон ба яке аз мушкилотҳои умумибашарӣ табдил ёфтааст» [2.c-78]. Дарозумрӣ ин имконияти зиёд умр дидани инсон мебошад ва яке аз талаботҳои универсалалии одамон аст.
Нишондиҳандаи заминавӣ дар ин ҷо ҳисоб кардани давомнокии миёнаи назардошти умри навзод мебошад, ки барои занон ва мардон алоҳида-алоҳида ҳисоб карда мешавад. Ин нишондиҳанда бевосита васеъ шудани имконияти инсонро (дастрасии хизмати тиббӣ, маориф, дараҷаи некӯаҳволӣ) нишон дода, яке аз нишондодҳои паҳншударини омори байналхалқӣ мебошад.Мафҳуми сифати аҳолӣ аввалин маротиба ба адабиётҳои илмӣ аз тарафи Т.У. Шултс соли 1981 ворид карда шудааст. Локин то ин дам аз тарафи олимони иқтисодчӣ А.
Смит, Ҷ. Кейнс назарияи сифати аҳолӣ истифода мешуд [3.c-111]. Сифати аҳолӣ ин маҷмӯи хусусиятҳои аҳолӣ мебошад, ки инкишофи аҳолиро дар системаи муносибатҳои иҷтимоӣ ва табиӣ муайян мекунад. Сифати аҳолӣ қобилияти мутобиқшавии одамон ба шароитҳои тағйирёбандаи иҷтимоӣ-маданӣ, техникӣ-иқтисодӣ ва табиӣ - иқлимии ҳаёт мебошад, ки аҳолӣ ин тағйиротҳоро қабул карда, барои инкишофи минбаъдаи иқтисодӣ - иҷтимоӣ замина мегузорад.Т.У.
Шултс мегӯяд,ки тағийрёбии характери меҳнат ва дараҷаи истеҳсолот сабаби тағйирёбии маълумотнокӣ, дараҷаи касбомӯзӣ, саломатии аҳолӣ гаштааст. Инчунин Шултс ҳамчунин синоними «Сифати аҳолӣ» - «Капитали инсонӣ» - ро низ истифода бурдааст [4.C-43].Дар маҷмуъ, раванди ҷамъият аҳолӣ бо чор сифатҳои худ иштирок дорад:а) ҳамчун субъекти истеҳсолот, яъне истеҳсолкунанда,б) ҳамчун истеъмолкунандаи неъматҳои моддӣ ва маънавӣ (интелектуалӣ), в) ҳамчун таҷдидкунандаи (барқароркунандаи) насли худ,г) ҳамчун узви асосии алоқа ва таъсири мутақобилаи байни табиат ва хоҷагӣ мебошад.Дар алоқамандии ҳодисаҳои демографӣ байни худ ва бо ҳодисаҳои соҳаҳои дигар қонуният муаян дида мешавад ва омӯхтани онҳо имконият медиҳад, ки ба моҳияти хосиятҳои мушоҳидашаванда ва равандҳои тағйироти аҳолӣ амиқтар сарфаҳм равем. Ин донишҳо бо мақсадҳои амалӣ пеш аз ҳама ба пешгӯикуниҳои минбаъдаи тағйиротҳои аҳолӣ ва идоракунии он истифода бурда мешавад.Сохтори аҳолӣ, хусусан сохтори синну солии он ба равандҳои демографӣ таъсири ҳалкунанда мерасонад. Масалан, дараҷаи тавлиднокӣ дар синну соли контингенти репродуктивии аҳолӣ бениҳоят кам тағйир меёбад, лекин дар синну солҳои хурд ва пиронсолон он ба сифр баробар аст[5.
C-232]. Таъсири сохтори синну солӣ ба никоҳнокӣ низ мисли тавлиднокӣ аст, яъне никоҳнокӣ дар доираи синну соли никоҳӣ ба вуҷуд омада, дар синну солҳои хурд ва пиронсолон он ба сифр баробар аст. Фавтнокӣ бошад дар ягон синну сол ба сифр баробар намешавад, лекин дараҷаи фавтнокӣ дар синну солҳои гуногун аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунад. Масалан, дараҷаи фавтнокӣ дар синну солҳои аз 0 то 1 сола баланд буда, баъд оҳиста-оҳиста паст шуда, дар синни 6-7 солагӣ ба нуқтаи минималии худ расида, баъд аз синни 15- 16 солагӣ боз оҳиста –оҳиста баланд шуда, дар синну соли аз ҳама калонсолон ба нуқтаи максималии худ мерасад.Таъсири сохтори синну солӣ ба дараҷаи тавлиднокӣ ва фавтнокӣ яктарафа набуда, муттақобила мебошад, яъне дараҷаи тавлиднокӣ ва фавтнокӣ низ ба сохтори синну солӣ таъсир мерасонад.
Чунончӣ, ҳар қадар дараҷаи тавлиднокӣ зиёд бошад, ҳамон қадар сохтори аҳолӣ «ҷавон» шуда, ба баланд ё паст шудани дараҷаи фавтнокӣ оварда мерасонад [6.C-64].Дар дурнамои минбаъда тағйиротҳои тавлиднокӣ на танҳо ба дараҷаи фатнокӣ, балки ба дараҷаи худи тавлиднокӣ низ таъсир мерасонад. Масалан, дар давраи муайян дараҷаи тавлиднокӣ якбора зиёд (ё кам) мешавад. Пас аз чанд муддат, ҳатто дар сурати тағйир наёфтани дараҷаи тавлиднокӣ зиёд шудани (ё кам шудани) шумораи нисбии кӯдакон, ба кам шудани (ё зиёд шудани) коэфитсенти умумии таваллуд оварда мерасонад. Пас аз гузаштани чанд муддат ин кӯдакон ба контингенти синни репродуктивӣ дохил шуда, коэфисенти умумии таваллуд зиёд мешавад. Ҳодисаи дар боло баён шударо қонуни амортизатсия дар динамикаи ҳодисаҳои демографӣ меноманд.Қонуни амортизатсия ба фавтнокӣ низ хос аст, лекин дар шакли нисбатан мураккаб зоҳир мешавад.
Агар дараҷаи фавтнокӣ дар ҳамаи гурӯҳҳои синну солӣ паст шавад, ҳиссаи пиронсолон дар шумораи умумии аҳолӣ зиёд шуда, ба баланд шудани коэфитсенти умумии фавтнокӣ оварда мерасонад. Дар сурати паст шудани фавти кӯдакона сараввал дараҷаи умумии фавт кам мешавад, лекин баъд аз ҳисоби зиёд шудани саҳми кӯдакон он боз зиёд шуда ва танҳо дар он даврае, ки ин кӯдакон ба синне, ки коэфисенти умумии фавтнокӣ дар ин синну сол аз ҳисоби миёнаи коэфисенти умумии фавтнокии аҳолӣ паст аст, мерасад, коэфисенти умумии фавт боз паст мешавад [7.c-56].Тағйирот дар таҷдиди аҳолӣ ба сохтори он таъсир расонида, ногузир масъалаи пиршавии аҳолиро ба вуҷуд меорад. Пиршавии аҳолӣ дар натиҷаи тағйироти тӯлонии хосияти таҷдиди аҳолӣ ба вуҷуд меояд. Пиршавии аҳолӣ ба пиршавии қувваи корӣ, яъне ба зиёд шудани саҳми шахсони синни аз 45 боло оварда мерасонад.Таҳлили табақаҳои гуногуни ҷамъиятии аҳолӣ нишон доданд, ки муносибати онҳо ба масъалаҳои оила, никоҳ, талоқ, таваллуди фарзанд ва ғайраҳо аз ҳамдигар фарқ мекунад, ки сабаби он дар миқдори даромад, шароити манзилӣ, шуғл хусусан, шуғли занон, сохтори иҷтимоӣ ва ғайраҳо мебошад.Фарқияти дараҷаи тавлиднокӣ дар гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ диққати мутахассисонро кайҳо ба худ ҷалб карда буд.
Тадқиқотҳо ва мушоҳидаҳои олимон нишон дод, ки таваллуд дар табақаҳои камбағали аҳолӣ зиёд буда, дар табақаҳои дорои аҳолӣ кам аст, ки ин таносуб дар фавтнокӣ низ мушоҳида мешавад [8.C-231].Равандҳои асосии демографӣ - тавлиднокӣ, фавтнокӣ, муҳоҷират ва нишондиҳандаҳои умумии шумораи аҳолӣ ба инкишофи иқтисодӣ бо роҳҳои гуногун таъсир мерасонад. Барои омӯзиши он чунин нуктаҳоро ба назар гирифтан зарур аст:1) омилҳои зиёди ба ҳам муқобили демографӣ, ки якҷоя ҳамчун ҳаракатдиҳанда ва ё маҳдудкунандаи инкишофи иқтисодӣ таъсир мерасонад.2) таъсири онҳо дар давлатҳои гуногун ва давраҳои гуногуни таърихӣ бо воситаи системаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва қонунҳои сиёсӣ ба амал меояд, бинобар ин натиҷаи якхеларо интизор шудан нодуруст аст.Дар натиҷаи паст шуданидараҷаи фавтнокӣ суръати афзоиши аҳолӣ баланд мешавад. Зиёд шудани шумораи аҳолӣ дар натиҷаи паст шудани дараҷаи фавтнокӣ, дар сурате, ки дараҷаи тавлиднокӣ низ паст мешавад (ё каме паст мешавад) ба зиёд шудани маҳсулот ба ҳар сари аҳолӣ мусоидат мекунад [9.c122].Суръати баланди афзоиш дар натиҷаи паст шудани коэфитсенти фавтнокӣ, хусусан фавти кӯдакона ба зиёд шудани қувваҳои корӣ ва алалхусус қувваҳои корие, ки аввалин маротиба ба ин раванд дохил мешаванд, мусоидат мекунад. Маҳз онҳо ба прогрессии иқтисодиёт ҳассос буда, ба соҳаҳои нав ҷалб мешаванд, пешрафти илму техникаро зуд азхуд мекунанд, ба шароитҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ, марзӣ зуд одат мекунанд [10.C-45].Суръати баланди афзоиши аҳолӣ ба рушди иқтисодиёт на ҳамеша мусбӣ мусоидат мекунад.
Таърихан рушди иқтисодиёт ва модернизатсияи (навсозии) вай муваққатан ба афзоиши баланди аҳолӣ мусоидат карда буд. Лекин таъсири мусбии омилҳои демографӣ (суръати афзоиши аҳолӣ) танҳо дар шароити муайяни иҷтимоӣ (мавҷудияти озодии демократӣ, қонунҳои мувофиқаткунандаи иҷтимоӣ, инкишофи соҳаи маориф) имконпазир аст ва дар сурати мавҷуд набудани чунин шароитҳо таъсири омилҳои демографӣ ба иқтисодиёт манфӣ мешавад. Инкишофи босуръати аҳолӣ ба захираҳои табиӣ ва вазъи экологӣ низ таъсири манфӣ мерасонад.Рушди босуръати иқтисодиёт дар сурати суст будани афзоиши аҳолӣ низ ба вуҷуд меояд ва инро мо дар мисоли мамлакатҳои Fарб дида метавонем, ки афзоиши нулӣ ва ҳатто манфии аҳолӣ ба инкишофи иқтисодиёт мусоидат кардааст. Албатта, дар ин ҷо масъалаи пиршавии аҳолӣ ба вуҷуд омадааст, ки дар нарасидани қувваҳои корӣ зоҳир мешавад.
Лекин дар ин ҷо рушди иқтисодиёт дар натиҷаи васеъ кардани истеҳсолот, аз ҳисоби «компенсатсияи» бозори умумии меҳнат, тақсимоти бузурги байналхалқии меҳнат ва муҳоҷират ба роҳ монда шудааст [11.C-234].Солҳои охир дар мамлакатҳои муттараққии иқтисодиёти бозорӣ самти тадқиқотҳои демографияи амалӣ тараққӣ карда истодааст, ки он ба тадқиқи таъсири омилҳои демографӣ ба соҳаи тиҷорат ва аз ҷумла маркетинг вобаста аст. Вай ба таҳлили аҳолӣ, динамика ва сохтори он, хоҷагиҳои хонагӣ ва ҷойгиршавии аҳолӣ чун истифодабарандагони потенсиалии молу маҳсулот ва соҳаҳои хизматрасонӣ ва чун омили асосии бозори истеъмолӣ машғул аст.Дар замони муосир давлатҳои муттараққӣ ба этапи нави истеҳсолот-аз истеҳсолоти маҷмӯӣ ба истеҳсолоти фардӣ гузаштанд, ки ин имкониятҳоро технологияҳои компутерӣ фароҳам овардааст. Инкишофи илму техника ва технологияҳои муосир истеҳсолоти фардиро мисли истеҳсолоти маҷмӯӣ арзон гардонидааст. Чунин тенденсия (тамоюлот) дар соҳаи савдо низ дида мешавад, ки ба бозор бо воситаи почтаҳои электронӣ «закас» мешавад.
Ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои демографии истеъмолкунандагон ва ба қисматҳо тақсим кардани (сегментатсияи бозор) бозори истеъмолӣ- талаботи истеҳсолоти муосир гаштааст. Дар умум ҳаминро қайд мекунам, ки муайян кардани сифати аҳолии давлатҳои ҷаҳон ба масъалаҳои муайян кардани равандҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ алоқаманд аст. Бе муайян кардани сифати аҳолии давлатҳои ҷаҳон дурнамои истеҳсолот ва истеъмолот, сохтмонҳои манзилӣ ва маишӣ, тандурустӣ ва маориф, сохтори фонди нафақа имконнопазир аст.Масъалаҳои ташвишовари демографӣ чӣ дар гурӯҳи давлатҳои демографи чӣ дар гурӯҳи давлатҳои депопулятсионӣ ва чӣ дар гурӯҳи давлатҳои афзоиши баланди табиӣ дошта боқӣ мемонад, ҳарчанд характери ин масъалаҳо гуногунанд. Лекин масъалаи асосӣ дар ҳамаи ин гурӯҳи давлатҳо масъалаисаломатии аҳолӣ ва сифати аҳолӣ меистад.
Диффиренсиатсияи териториявии потенсиали демографӣ торафт зиёд мешавад: дар шимол гурӯҳи давлатҳои депопулятсионӣ, дар ҷануб гурӯҳи давлатҳои афзоиши баланди табиӣ дошта ҷойгир шудааст. Вобаста ба ин фишори демографӣ на танҳо ба бозорҳои меҳнатии минтақаҳои ҷанубӣ, балки ба минтақаҳои шимолии он низ меафзояд. Ин масъала аз нав тақсимкунии захираҳои меҳнатиро бо ёрии механизмҳои танзими муҳоҷират ба вуҷуд меорад [12.C-28]. Дарозумрӣ ин имконияти зиёд умр дидани инсон мебошад ва яке аз талаботҳои умумии одамон мебошад.
Нишондиҳандаи заминавӣ дар ин ҷо ҳисоб кардани давомнокии миёнаи назардошти умри навзод мебошад, ки барои занон ва мардон алоҳида-алоҳида ҳисоб карда мешавад. Ин нишондиҳанда бевосита васеъ шудани имконияти инсонро (дастрасии хизмати тиббӣ, маориф, дараҷаи некӯаҳволӣ) нишон дода, яке аз нишондиҳандаҳои паҳншудатарини омори байналхалқӣ мебошад. Маълумотнокӣ-ин имконияти гирифтани дониш, мубодилаи ахбор мебошад, ки ин барои иштироки баробарҳуқуқ дар ҳаёти ҷамъияти муосир зарур аст. Дар ҷаҳони муосир арзиши маълумотнокӣ бузург буда, дар замони инқилоби илмӣ-техникӣ он боз ҳам афзуда истодааст.
Саводнокии аҳолӣ заминаи асосии гирифтани ҳамаи намудҳои маълумотро ташкил мекунад, бинобар ин дараҷаи маълумотнокии аҳолии калон, ин намуди нишондиҳандаи индекси инкишофи иқтидори инсон мебошад.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 11 (92) том 1
Ссылка для цитирования:
ТАЪСИРИ ОМИЛҲОИ ИҚТИСОДӢ – ДЕМОГРАФӢ БА РУШДИ СИФАТИ АҲОЛӢ // Журнал «Вестник науки» от 2 ноября 2025 г. № 11 (92) том 1. С. 615 - 622. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/26251 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/26251
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
