Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 9 ноября 2025 г.
  4. Научная статья № 68
Просмотры  59 просмотров

ТОРУМОРИ ҚУШУНҲОИ ФАШИСТИ ДАР КАМОНАКИ КУРСК

Аннотация: Муҳорибаи Курск (июл - августи 1943) яке аз муҳорибаҳои калонтарини Ҷанги Бузурги Ватани буд, ки дар он Артиши Сурх ҳуҷуми охирини асосии Вермахтро дар фронти Иттифоқи Советию Германия барбод дода, ниҳоят ташаббуси стратегиро ба дасти худ гирифт. Дар ҷанг амалиёти мудофиавӣ барои зада гардондани ҳуҷуми немисҳо ва амалиёти минбаъдаи ҳуҷум, ки дар рафти он Орёл ва Белгород озод карда шуданд, иборат буд. Ин муҳориба дар ҷанг нуқтаи гардиш гардид, ки баъд аз он Германия ба мудофиаи стратеги ва қушунҳои советӣ ба ҳуҷум гузаштанд.

Ключевые слова: Ҷанги бузурги ватани, муҳорибаи Курск, камонаки Курск, қушунҳои фашисти, торумор.

Дар таърихи инсоният, ба хусус халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ як ҳодисаи мудҳиш ва фаромӯшнашудани боқӣ мондааст. Дар рафти ҷанг зиёд муҳорибаҳои хунин ва дар айни замон ватандӯстона рух додаст, ки омӯзиш ва донистани он барои ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон ва доираҳои илмӣ аз аҳамият холи нест. Яке аз чунин муҳорибаҳои шадид ин бешак муҳорибаи Курск (июл - августи 1943) ба шумор меравад. Моҳи ноябри соли 1942 Артиши Сурх дар назди Сталинград ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашт, бо ҳамин то моҳи марти соли 1943 беш аз 100 дивизияи душманро маҳв намуда, бартарияти стратегиро дар тамоми фронтҳо ба дасти худ гирифт.Қувваҳои тарафи муқобил бо Ҳампаймонҳои хеш, аз ҷумла артиши давлатҳои Руминия, Италия ва Венгрия дар гирду атрофи Волга, Дон ва Кавкази Шимолӣ талафоти ниҳоят калон доданд.

Бо ҳамин, хатти фронт тағийр ёфта ба Севск - Рилск ва Краснодар – Славянск кӯчид.Бо фармони сарвари Олмон – Гитлер моҳи феврали соли 1943 сарлашкарони ботаҷрибаи Вермахт (Артиши Олмони фашистӣ) генерал - фелдмаршал Манштейн вазифадор гардид, ки ҳуҷуми ҷавобии армияҳои гуруҳи “Ҷануб" - ро дар минтақаҳои Донбасс ва Харков ба роҳ монад. Дар таҳияи нақшаи мазкур худи Гитлер ба ҳайси Сарфармондеҳи Олии Қӯшунҳои Мусаллаҳи Олмон бевосита иштирок намуд.Баҳори соли 1943 дар бештари фронтҳо то андозае оромӣ ҳукмрон гардид, фақат дар баъзе фронтҳои Воронеж, Ҷануби Ғарбӣ, Ҷанубӣ ва Қубан муҳорибаҳо давом мекарданд. Дар ин айём тарафи душман барои таҳким додани мавқеи худ талоши зиёд намуд. Онҳо ният доштанд, ки бо ин роҳ дар самти ҷанубӣ қувваҳои иловагӣ ҷамъ карда, сипас ба муқобили фронти Ҷануби Ғарбӣ ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаранд.Аз ҳуҷҷатҳои ғанимат гирифта шуда пасон маълум гардид, ки стратегҳои Вермахт ният доштанд, ки дар сурати фароҳам омадани вазъияти мусоид, дар Курск амалиёти қӯшунҳои худро зиёд намоянд.

Пас аз таҳлили дақиқи Ставкаи Сарфармондеҳии Артиши Сурх, Штаби генералӣ ва фармондеҳии фронти Воронеж ба чунин хулоса омаданд, ки душман ният дорад ба армияҳои 6 - ум ва 7 - уми гвардия зарбаи асосӣ занад.Хатти мудофиавии артиши 6 - ум ва 7 - уми гвардия ба 114 километр ва дар артиши дигари фронт 130 километрро ташкил мекард. Дар айни замон, ба ихтиёри артиши мазкур қариб тамоми қисмҳои захиравии Сарфармондеҳии Олӣ, қӯшунҳои танкӣ дода шуданд. Захираҳои худи фронт низ омодагии ҷангӣ мегирифтанд. Артиши 6 - уми гвардия артиши якумитанкиро барои мустаҳкам кардани имкониятҳои ҷангӣ дар ақибгоҳ ҷойгир кунонида буд.

Ин неру як навъ мавқеи истеҳкомҳои пурқуввати мудофиавӣ сохт. Артиши 69 – ум низ пурра ба муҳориба омода шуда буд. Илова бар ин, дар ақибгоҳи қушунҳои 6 - ум ва 7 - уми гвардия, яъне, дар минтақаи оперативӣ заҳираҳои фронт, аз ҷумла, корпуси 35 - уми гвардияи тирандоз, корпусҳои 2 - юм ва 5 - уми гвардияи танкӣ ҷойгир шуда буданд.Агарчӣ баъзе пажуҳишгарон истеъдоди ҳарбии фармондеҳи фронти Воронеж - Н.Ф.Ватутинро зери суол бурда бошанд ҳам, аммо дар асл ӯ дар масъалаҳои оперативӣ ва стратегӣ сарлашкари донишманд ва ғайюр буд.Дар миёни донишмандони таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ назарҳое паҳн шуданд, ки гӯё Ватутин вазъиятро он вақт дуруст намедонистанду дар бораи теъдоди қувваҳо ва воситаҳои ҷонибҳо маълумоти дуруст надоштааст, комилан ғалат аст. Инро мо ҳангоми таҳқиқ мушаххас намудем.

Зимни таҳқиқотҳо маълум гардид, ки дар шароити хоси оперативие, ки он вақт ба вуҷуд омада буд, ба даст овардани чунин маълумот кори осон набуд, на танҳо барои Ватутин, балки барои ҳамаи сарлашкарони дигар низ. Албатта, барои дуруст муайян кардани потенсиали мудофиавӣ дар муҳорибаҳои калон, дуруст ҳисоб кардани восита ва қувваҳои нақши калон дорад, аммо дар баробари ин, бояд умқи оперативиро низ ба назар гирифтан лозим буд, зеро дар ин сурат, ба саҳву хато роҳ дода намешуд.Дар нахустин рӯзи набард Вермахт ба муқобили қӯшунҳои 6 - ум ва 7 - уми гвардияи фронти Воронеж панҷ корпус (корпуси 2 - юми танкии СС, корпуси 3 - юми танкӣ, корпуси “Рэус”) - ро истифода бурд. Дар ҳоле, ки ба минтақаи мудофиавии фронти Марказӣ бо се корпус зарба зада буд. Қушунҳои фронти Брянск ва Ғарбӣ 15 июл тавассути фронти Марказӣ ба ҳуҷум гузаштанд. Ҳамин тавр, дар атрофи шаҳри Орёл ҳуҷуми пурзӯри се фронт вусъат ёфт, ки мақсади наздиктарини он торумор кардани гурӯҳи душман дар инҷо буд.Бояд қайд кард, ки фронти Воронеж ва Степной 23 июли ҳамон сол ба хати пеши фронт баромада, якбора ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашта наметавонистанд. Сарфи назар аз ин, Сарфармондеҳи Олӣ - Сталин ҳаминро талаб мекард.

Аммо барои ҳамла бояд пешакӣ сӯзишворӣ захира мегардид, лавозимоти иловагии ҷангӣ оварда мешуд, ҳамкории тамоми намуди қушунҳо санҷида мешуд, корҳои хадамотӣ дар сатҳи олӣ сурат мегирифт. Ҳамчунин, бояд қушунҳои артиллерӣ ва танкӣ аз нав гурӯҳбандӣ мешуданд. Мувофиқи муҳосиботи дақиқтарин, барои ҳалли вазифаҳои дар боло зикр гардида, ҳадди ақал ҳашт шабонарӯз вақт лозим буд. Дар рафти ҷанг маълум гардид, ки Сарфармондеҳии қушунҳои немис иқтидори ҷангии қувваҳои худро аз будаш зиёд баҳо дода, потенсиали ҷангии Артиши Сурхро заифтар шумурдааст.Ин навбат душман ба танкҳои “Паланг” - у “Юз” ва тӯпҳои “Фердинанд” умед баста буд. Ба назари стратегҳои Вермахт, силоҳҳои мазкур ба Артиши Сурх зарбаҳои ҷиддӣ зада, онро маҷбур ба ақибнишинӣ мекунад.

Бо вуҷуди он ки барои мошини ҷангии Олмон ҳанӯз ҳам иқтисодиёти кишварҳои зиёди Аврупо кор мекарданд, аммо баъди муҳорибаҳои шадид дар фронти шарқӣ, дигар онҳо бо иқтидори рӯзафзуни ҳарбӣ ва иқтисодии Давлати Советӣ рақобат карда наметавонист.Бартарияти моддии Иттиҳоди Шуравӣ ба туфайли афзалияти сохти ҷамъияти шуравӣ, муборизаи қаҳрамононаи тамоми мардуми он зери роҳбарии Ҳизби коммунист дар фронтҳо ва ақибгоҳ мумкин гардид.Муҳорибаҳои Курск, Орёл ва Белгород аз бузургтарин набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва умуман Ҷанги Дуюми ҷаҳон ба шумор мераванд. Дар ин ҷо қӯшунҳои яккачин ва пурзӯртарини Олмони фашистӣ маҳв шуданд. Дар натиҷа, боварии ҳарбиён ва халқи немис ба Гитлер ва ҳукумати ӯ кам шуд. Маҳви неруҳои ҳарбии немис дар Курск заминаро барои озодсозии на танҳо ҳудудҳои дар зери юғи фашистон боқӣ монда, балки аз зери фармони Гитлер баровардани як қатор давлатҳои Аврупо, аз ҷумла, Полша, Чехославакия, Венгрия, Югославия, Руминия, Булғория фароҳам овард.Афзоиши иқтидори авиатсияи шуравӣ, нируҳои зиреҳпӯш ва артиллерияи он имкон доданд, ки дар муддати хеле кӯтоҳ қисмҳои Артиши Сурх гурӯҳбандӣ гардида, артишҳои зарбазане ташкил кунад, ки ба зарбаҳои он Вермахт дигар тоб оварда наметавонист.Чунин бартарияти стратегӣ имкон дод, ки нақшаи муҳориба дар камонаки Курск коркард шавад.

Татбиқи ин нақша ба шикасти Вермахт овварда расонд ва ниятҳои Гитлер дар мавриди ҳамлаи калонмиқёс алайҳи Артиши Сурх дар соли 1943 ба боди фано рафт.Ҳамин тавр, Вермахт баъди торумор шудан дар камонаки Курск ташаббуси стратегиро аз даст дод ва душвориҳои ба амаломадаро рафъ карда натавонист. Ин боиси паст шудани руҳияи ҷангии аскарону афсарони артиши Олмон гардид. Албатта Гитлер ва атрофиёнаш умеди пирӯзӣ дар муҳорибаи Курскро доштанд, аммо ба ҳадаф нарасиданд. Дар нақшаи муҳорибаи Курск, ки ҳанӯз Сарфармондеҳи Олӣ моҳи май таҳия ва тасдиқ намуда буд, дар рафти ҷанг чандин бор дигаргун гардид. Ҳамаи ин албатта боназардошти вазъияти ҷангӣ ба вуҷуд меомад.

Ин нақшаи марҳалаи дуюми торумори душман дар Орёл, Белгород ва Харков буд ва он қисми таркибии нақшаи ҷангии тобистони соли 1943 ҳисоб мешуд.Нерӯҳои Артиши Сурх дар камонаки Курск иборат буданд: 17 аз дивизияи пиёдагард, 70% аз дивизияи танкӣ ва 30 фоизи дигарро дивизияҳои моторишуда ташкил медоданд.Ҳайати шахсии артиши Олмони фашистӣ дар ин ҷанг тахминан аз 900 ҳазор одам, 10 ҳазор тӯпу миномётҳо ва 2700 танк иборат буд. Тамоми ин қувваҳо дар қитъаи 600 км., ҷойгир шуда буданд. Ин баробар буд ба 14 фоизи тӯли тамоми фронт миёни Артиши Сурх ва Вермахт. Зиёда аз 200 самолёти душман дар ин набард иштирок карданд, ки онҳо 60 фоизи тамоми самолётҳоро дар фронти Шарқии Олмон (дар ҷанги Олмон зидди Иттиҳоди Шуравӣ) ташкил медоданд.

Бо чунин иқтидор ба муваффақияти ҳуҷуми худ тарафи душман боварии калон дошт, аммо ҷараёни муҳориба ин дафъа ҳам нишон дод, ки Гитлер ба хатогии бузурге роҳ роҳ додааст. Ба иборати дигар, иқтидори ҷангии худро аз будаш зиёд тасаввур карда, баракс, ба имкониятҳои Артиши Сурх баҳои ғайриобъективӣ додааст. Ин дар ҳоле буд, ки имкониятҳои ҳарбиву иқтисодии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ рӯз то рӯз қувват мегирифту маҳорат ва рӯҳияи ҷангии аскарон ва афсарони он меафзуд, Ҳамин тавр, тобистони соли 1943 ҳайати шахсии Артиши амалкунандаи Шуравӣ то 6,4 миллион нафар афзуд, он қариб бо 99 ҳазор тӯпу миномётҳо, наздики 2200 дастгоҳҳои ҷангии артиллерияи реактивӣ, 9580 танк ва тӯпҳои зиреҳпӯши худгард, 8300 самолётҳои ҷангӣ мусаллаҳ гардида буд. Сарфармондеҳии Олии Шуравӣ бо дар назардошти ин потенсиал, аз як ҷониб, ва ба даст гирифтани ташаббуси стратегӣ аз ҷониби дигар, тасмим гирифт, ки тобистони соли 1943 ҳамлаи васеъ ва густурдаеро алайҳи Вермахт шурӯъ кунад.

Аз нокомиҳо ва талафоти гӯшношуниди Вермахт Гитлер хело ваҳшатзада шуда буд. Вай ин маротиба ҳам сабабҳои шикастро на дар иштибоҳҳои худ, балки дар иштибоҳҳои стратегии фелдмаршалҳо ва генералҳои артиш дида, онҳоро гунаҳко намуда, аз вазифаҳояшон сабукдӯш кард.Аммо ӯ дарк намекард, ки шикасти амалиёти калони стратегӣ зери унвони шартии “Ситадел” на фақат ба иллати иштибоҳҳои фармондеҳон, балки дар натиҷаи омилҳои зиёд, аз ҷумла, омилҳои ҳарбӣ - стратегӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва моддӣ сурат гирифта буд. Қайд намудан зарур аст, ки дар навбати аввал ё худ марҳилаи аввал чораҳои мудофиавиро дар муҳорибаи назди Курск тақвият бахшида буданд. Ба назар гирифтан лозим аст, ки фронтҳои Брянск ва Ғарбӣ 12 июл ба муқобили гурӯҳи душман дар самти Орёл ба ҳуҷум гузашта, ба фронти Марказӣ ёрии калон расонданд. Ин гитлерчиёнро маҷбур намуд аз қушунҳое ки ба муқобили фронти Марказӣ амал мекарданд, фавран ҳафт дивизияро гирифта, ба ин самт равон кунанд.Дар марҳилаи дуюми муҳориба ё ҳуҷуми ҷавобӣ дар як вақт сар нашуд.

Масалан, дар Белгород 3 август, яъне баъди 20 рӯзи ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаштани фронтҳои Марказӣ, Брянск ва Ғарбӣ сар шуд. Ба ин фронтҳо барои тайёрӣ вақти камтар лозим буд, зеро онҳо нақшаи ҳуҷуми ҷавобӣ ва ҳаматарафа таъмин намуданашро қаблан баррасӣ карда буданд.Дар фронтҳои Брянск ва Ғарбӣ, фармондеҳон, генерал - полковникҳо М.М.Попов ва К.Д.Соколовский нахустин шуда, ба ҳуҷум гузашта, дар самти Орёл ба душман зарба заданд. 15 июл Фронти марказӣ зери роҳбарии генерали армия - К. Рокосовский низ ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашт. Дар натиҷаи амалиёти муштараки се фронт, ки бо номи “Кутузов” машҳур аст, 18 август платсдарми Артиши Вермахт дар Орёл осебпазир гардид ва ниҳоят, қувваҳои армияи фашистӣ, ки дар инҷо ҷамъ омада буданд, торумор гардиданд.Барои ба ҳуҷум гузаштани Артиши Сурх дар самти Белгород вақти бештар лозим буд, зеро қушунҳои фронти Степной, ки бояд дар ин амалиёт иштирок мекарданд, аз қабл нақшаи тайёр карда надоштанд.

Сабаб ин буд, ки онҳо дар ихтиёри Ставка ва ҳамчун қувваи захира нигоҳ дошта мешуданд.Бинобар ин, ҳанӯз вазифаҳои мушаххас дар назди онҳо гузошта нашуда буд, гузашта аз ин, ба кадом мавқеъҳои душман ҳамла карданашон ҳам маълум набуд.Вобатса ба ҳамин нақша Г. К Жуков менависад, ки дар рафти тайёрӣ ва татбиқи ҳуҷуми ҷавобӣ ман асосан бо қушунҳои фронтҳои Воронеж ва Степной кор кардам, 30 - 31 июл бо супориши Сарфармондеҳи Олӣ ба қитъаи армияи 4 - уми танкии фронти Ғарбӣ парвоз карда рафтан лозим омад. Мувофиқи нақшаи таҳиягардида, фронтҳои Воронеж ва Степной дар амалиёти мазкур, ки унвони шартии “Румянсев” – ро дошт, бояд ба паҳлуҳои ҳамсояи ин ду фронт аз Белгород, Харков ҳамла карда, сипас, қисмати ғарбиро давр зада, ба самти Богодухов - Валки – Новая Водолага зарбаи асосиро мезаданд.Бояд баробари расидани қушунҳои Шуравӣ ба Харков, фронти Ҷануби – Ғарбӣ ба ҳуҷум мегузашт. Артиши 57 - ум, ки ба он генерал Н.А.Гаген фармондеҳӣ мекард, бояд Харковро аз қисмати ҷанубӣ - ғарбӣ давр зада, мезад.Дар вақти ба зарбаи ҷавобӣ гузаштани қушунҳои фронти Воронеж дар самти Орёл, он ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гардид.

Инро низ ба назар гирифта, фармондеҳон кӯшиш мекарданд, ки мушкилиҳои дар пешистодаро заррае ҳам бошад, коҳиш диҳанд. Сарфи назар аз ин, ҳайати шахсӣ, техникаи ҷангӣ ва воситаҳои моддӣ талафоти калон диданд. Неруҳои ҳарбии Олмон ба мавқеъҳои мудофиавие, ки қаблан сохта буданд, ақиб нишаста, ба зада гардондани ҳуҷуми Артиши Сурх тайёрӣ диданд. Хадамоти ҷосусии Шуравӣ муайян намуд, ки олмниҳо барои тақвият бахшидани гурӯҳи худ дар Белгород ва Харков аз самтҳои дигар оҷилан дивизияҳои танкӣ ва моторишударо интиқол доданд.Ин ҳама тасмимгириҳои Вермахт аз он гувоҳӣ медод, ки дар ин самт, алалхусус барои қушунҳои фронти Стеной душвориҳои зиёд ба амал меоянд, зеро бояд ба истеҳкомиҳои хуби мудофиавии артиши Вермахт, ки дар Белгород сохта шуда буданд, ҳуҷум кунанд.Сарфи назар аз ин, Ставка имкониятҳои фронти Степнойро дуруст истифода кард Агар қувваҳои он дар рафти муҳорибаи мудофиавӣ барои тақвият додани фронти Воронеж истифода намешуданд, Артиши Сурх дар фронти мазкур дар вазъияти хеле хатарнок қарор мегирифт.

Фармондеҳии Шуравӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин роҳ додан намехост, зеро паёмади хавфноки он маълум буд.Доир ба он ки фронти Степной дар самти Белгород якбора, бо тамоми неру ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузарад, як масъаларо бояд ба назар гирифт. Вақте тасмим гирифта шуд, ки артиши фронти Степной барои тақвият додани фронти Воронеж истифода бурда шавад, фронти мазкур ҳоло барои иҷрои чунин вазифаи стратегӣ омода набуд.Барои гузаштан ба ҳуҷуми ҷавобӣ дар самти Белгород – Харков танҳо 20 июл пурра муайян шуд, аммо барои дар амал ҳамаҷониба тайёр кардани фронтҳо ҳоло ҳам вақт лозим шуд.Санаи 23 июл қушунҳои Шуравӣ душманро ба ақибнишинӣ маҷбур карда, ба қисмати шимоли Белгород баромаданд ва мавқеъҳои мудофиавиеро, ки фронти Воронеж то рӯзи 5 июл ишғол мекард, ба даст дароварданд.Ин муҳорибаи бузург миёни аскарони Шуравӣ ва қушунҳои Олмони фашистӣ қариб 50 рӯз давом кард ва ниҳоят, бо ғалабаи Артиши Сурх анҷом ёфт. Дар натиҷа, 30 дивизияи якачини немис, аз ҷумла 7 двизияи танкии он торумор гардиданд.Дар умум қӯшунҳои душман қариб 500 ҳазор нафар сарбозро талаф доданд. Дар баробари ин, 1500 танк, 3 ҳазор тӯп ва зиёда аз 3700 адад самолётро неруҳои ҳарбии олмонӣ аз даст дод.

Ин талафот ва барбод рафтани нақшаи ҳуҷум Вермахтро маҷбур кард, ки дар тамоми фронтҳо ба мудофиаи стратегӣ гузарад.Дар ин бора донишманди немис В. Гертлис бо андӯҳи бузург навишта буд: “Муҳорибаи азим дар хати камонаки Курск барои Артиши Олмон оғози бӯҳрони ҳалокатовар буд”.Шаҳрҳои Москва, Сталинград ва Курск дар ғалаба зидди фашизми гитлерӣ се давраи муҳими таърихӣ гардиданд. Шикасти Артиши Олмон дар камонаки Курск иқтидори афзояндаи Давлати Советӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи онро ба намоиш гузошт. Ғалаба зери роҳбарии Ҳизби Коммунистӣ, ҳам дар фронт ва ҳам дар ақибгоҳ натиҷаи ҷидду ҷаҳди тамоми халқи Шуравӣ буд. Артиши Сурх дар муҳорибаҳои назди Курск мардонагии беамсол, қаҳрамонии гӯшношунид ва маҳорати ҷангӣ нишон дод. Ҳукумат зиёда аз 100 ҳазор аскару афсар ва генералҳоро бо ордену медалҳо мукофотонида, ба шуҷоати ҷангии қӯшунҳо баҳои баланд дод.

Теъдоди зиёди ҷанговарон ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ноил гардиданд.Торумори қушунҳои фашистии немис дар назди Курск аҳамияти калони байналхалқӣ дошт ва обрӯю этибори Иттиҳоди Шуравиро боз ҳам баландтар бардошт. Шикасти фоҷиабор гитлерчиёнро маҷбур кард, ки тобистони соли 1943 14 дивизия ва қисмҳои зиёди тақвиятшударо аз дигар фронтҳо гирифта, ба фронти шӯравию Олмон фиристад ва неруи ҳарбии худро дар Европа коҳиш диҳад.Кӯшиши Гитлер барои ба даст гирифтани ташаббуси стратегӣ тамоман барбод рафт. Акнун Вермахтро ҳеҷ қувва наҷот дода наметавонист. Масъалаи шикасти Олмон вақтро талаб мекард.

Стратегия ва тактикаи оперативии фармондеҳони советӣ ба марҳилаи нав ва баландтар баромад.Ҳуҷуми ҷавобӣ дар назди камонаки Курск назар ба ҳуҷумҳои ҷавобӣ дар назди Москва ва Сталинград бо он фарқ мекард, ки паёмади он пешакӣ муайян гардида буд. Дар ин муҳориба 22 армияи комилан муҷаҳҳаз ва пуриқтидори қушунҳои умумӣ, 5 армияи танкӣ, 6 армияи ҳавоӣ ва қувваҳои калони авиатсияи дурпарвоз дар он иштирок намуданд.Дар рафти муҳорибаи Курск нахустин бор соединенияҳои танкӣ ва механиконидашуда ба таври васеъ истифода бурда шуданд. Армияҳои танкӣ, дивизия ва корпусҳои артиллерӣ, армияҳои пуриқтидори ҳавоӣ хислати амалиётҳоро дар фронт, ҳам аз ҷиҳати миқёс ва ҳам аз ҷиҳати мақсадҳои худ ба таври назаррас тағйир доданд. Қушунҳои советӣ назар ба давраи якуми ҷанг чандин карат мутаҳарриктар гардида буданд. Ва ин имкон дод, ки маневрнокӣ ва суръати шабонарӯзии амалиётҳо ҳангоми ҳуҷуми ҷавобӣ беҳтар таъмин шавад.

Зичии оташи артиллерияю миномётҳо ва танкҳо ба маротиб афзуд. Дар муҳорибаҳои тобистони соли 1943 Артиши Сурх имкон ёфт, ки дар як километри фронт зичии оташро то ба 150 - 200 тӯп ва 15 - 20 танк расонад.Ба ғалабаи қушунҳои советӣ дар назди Белгород, Орёл ва Харков аз бисёр ҷиҳат партизанҳо, ки дар ақибгоҳи душман амал мекарданд, ёрӣ расониданд.Онҳо махсусан дар Белоруссия, вилоятҳои Смоленск, Орёл ва назди дарёи Днепр роҳҳои оҳани зиёдеро тарконида, ба фашистон зарари ҷиддӣ расонданд.Рӯҳияи баланди маънавӣ – сиёсии ҳайати шахсии қушунҳои советӣ яке аз омилҳои ҳалкунандае буд, ки ғалабаро дар камонаки Курск таъмин намуд. Дар ин кор саҳми ташкилотҳои партиявӣ ва комсомолӣ хеле калон буд. Ҳамин тариқ, муҳорибаи қариб думоҳаи Курск бо ғалабаи пурраи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Советӣ анҷом ёфт, натиҷаи он бошад, аҳамияти беназири байналхалқӣ дошт.Дар натиҷаи истифодаи иқтидори яроқи советӣ ва муборизаи фидокоронаи халқи советӣ дар ин муҳориба, Германияи гитлерӣ ба фалокат мувоҷеҳ гардида, заминаи торумори он гузошта шуд.Ғалаба дар назди Курск фронти муборизаи миллӣ - озодихоҳии халқҳоеро, ки дар зери юғи фашизм мезистанд, боз ҳам васеътар ва фаъолтар гардонд. Мардуми советӣ муҳорибаро дар хатти камоншакли Курск дар лавҳи хотир нигоҳ дошта, аз артиши қаҳрамони худ, ки корнамоии бузурги ватанпарастона ва интернасионалӣ зоҳир карда буд, аст, миннатдор буд ва эҳтироми онро ба ҷо меовард.

Аз ҷониби дигар, ба ҳеҷ як таҳрифгари таърих муясар намешавад, ки онро аз хотираи халқҳои ҷаҳон ҳазф кунад.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 11 (92) том 2


Ссылка для цитирования:

Негматов Д.Н. ТОРУМОРИ ҚУШУНҲОИ ФАШИСТИ ДАР КАМОНАКИ КУРСК // Журнал «Вестник науки» от 9 ноября 2025 г. № 11 (92) том 2. С. 569 - 579. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/26380 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/26380



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.