МАЪРИФАТШИНОСӢ ВА АХЛОҚШИНОСӢ ДАР АФКОРИ ДАЛЕР КОМИЛОВ
Аннотация: Ин таҳқиқи муфассал бар пояи шарҳи фаъолияти илмиву фалсафии Далер Комилов, файласуф, шарқшинос ва маърифатшиноси тоҷик асос ёфта, дидгоҳҳои ӯро дар заминаҳои маърифатшиносӣ, ахлоқшиносӣ ва герменевтика бо услуби таҳлилӣ ва муқоисавӣ инъикос мекунад. Муаллиф дар осори худ фалсафаро на танҳо ҳамчун илм, балки ҳамчун шакли маърифати инсониву иҷтимоӣ тавсиф намуда, бо истифода аз усулҳои герменевтикаи фалсафӣ, фалсафаи забон, виҷдоншиносӣ ва муқоисаи фарҳангҳо, ба ташаккули равиши интердисиплинарии таҳқиқоти ахлоқӣ ва маънавӣ ноил гардидааст.Дар осори калидии ӯ аз қабили «Ҳикмати модар», «Фарҳанги мухтасари ахлоқшиносӣ», «Китоби Ҷанбаҳои фалсафии илми саратоншиносӣ», «Футурология», «Ҳикмати ватандорӣ» ва «Ҳикмати инсоншиносӣ» - масъалаҳои меҳварии фалсафа чун виҷдон, ирфон, арзиш, маърифат ва масъулияти инсон таҳлили амиқи иҷтимоӣ ва фалсафӣ ёфтаанд. Д.Комилов равиши герменевтикии Гадамерро бо таълимоти фалсафаи Шарқ, махсусан Ибни Сино ва Мавлоно, ҳамоҳанг карда, модели таҳқиқии муосири тоҷикиро ба вуҷуд овардааст, ки тавозуни байни анъана ва навгароиро дар шакли илмӣ дар бар мегирад.Д. Комилов дар баррасии мафҳумҳо ба семиотика ва фалсафаи забон такя карда, истилоҳоти ахлоқиро дар се сатҳ фалсафӣ, иҷтимоӣ ва таълимӣ бо назари ҳамгиро ва мултидисиплинарӣ тавзеҳ медиҳад. Аз нигоҳи ӯ, инсон маркази таҷассумёфтаи виҷдон ва маърифат дар фарҳанг мебошад, ки ирфон ва шуури ахлоқиро дар худ мепарварад.Ин таҳқиқ бо истифода аз манбаъҳои аслӣ ва мақолаҳои илмии солҳои 2023–2025 аз ҷумла дар маҷаллаҳои "Вестник науки", "Маҷаллаи илмии Америка", "Журнал философии" ва "Oriens.uz" анъанаи фалсафии тоҷикро дар партави афкори муосир ва усули герменевтикӣ эҳё намуда, ба тавсеаи фалсафаи инсонгароёна ва ахлоқшиносии миллӣ мусоидат мекунад.
Ключевые слова: Далер Комилов, маърифатшиносӣ, ахлоқшиносӣ, герменевтикаи фалсафӣ, фалсафаи виҷдон, ирфон, фарҳанги ахлоқӣ, Ибни Сино, футурология, тасаввуф, фалсафаи забон, муқоисаи фарҳангҳо, инсоншиносӣ, ахлоқи тиббӣ, ватандорӣ, масъулият, арзиш.
Далер Комилов, файласуф, шарқшинос муҳаққиқи барҷастаи замони истиқлоли тоҷик буда, ҳамчун намояндаи равшанфикри мактаби фалсафаи маънавӣ дар асри XXI шинохта мешавад. Ӯ соли 1986 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд ёфта, таҳсилоти олиро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси шарқшинос хатм намудааст. Сипас дар зинаҳои аспирантура риштаи таърихи фалсафа фаъолона таҳқиқ бурда, ба ташаккули тафаккури риштаҳои фалсафа, синошиносӣ, тасаввуф, диншиносӣ, маърифатшиносӣ, ахлоқшиносӣ, футурология (ояндашиносӣ) ва инсоншиносӣ ноил шудааст. Осори ӯ, ба монанди "Луғатномаи ҷайбии тоҷикӣ, арабӣ, англисӣ ва русӣ" (ҳаммуаллиф). ( - Душанбе, 2012), "Дар талаби ҳикмат (ба шарофати 50 - умин солгарди доктори илмҳои фалсафа профессор Рустам Комилов)" "(ҳаммуаллиф).
( - Душанбе, 2015), "Тасаввуф (дастури таълимӣ)" ( - Душанбе, 2015), "Таърихи эшони Шоҳӣ" ( - Душанбе, 2017), "Эмомалӣ Раҳмон: Ормони бегазанди таърихи навини тоҷик "(ҳаммуаллиф) ( - Душанбе, 2019), "Авиценноведения в Таджикистане в ХХ и начале ХХI вв" ( - Душанбе, 2020), "Диншиносӣ (китоби дарсӣ)" "(ҳаммуаллиф) ( - Душанбе, 2020), "Таърихи идоракунии давлатӣ (монографияи илмӣ)" "(ҳаммуаллиф) ( - Душанбе, 2020), "Шинохти ифротгароӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ" ( - Душанбе, 2020), "Нақши Пешвои миллат дар тарбияти ҷавонон" "(ҳаммуаллиф) ( - Душанбе, 2020) "Ҳикмати пешво (монографияи илмӣ)" "(ҳаммуаллиф) ( - Душанбе, 2023), "Ҳикмати ватандорӣ (дастури таълимӣ ва маводи ёрирасон)" "(ҳаммуаллиф) ( - Душанбе, 2024), "Таърихи фалсафаи тоҷик (китоби дарсӣ)" "(ҳаммуаллиф) ( - Душанбе, 2024), "Аз таърихи ҳикмати ахлоқ ва адолат (монография)" ( - Душанбе, 2024), "Ҳикмати инсоншиносӣ (монография)" ( - Душанбе, 2024)", "Ҳикмати модар" (монография) (- Душанбе, 2025), "Футурология (ояндашиносӣ)" (дастури таълимӣ) (ҳаммуаллиф) ( - Душанбе, 2025), "Ҳикмати модар" (монография)( - Душанбе, 2025), "Ҷанбаҳои фалсафии илми саратоншиносӣ" (дастурамал барои кормандони соҳаи тиб) (ҳаммуаллиф) ( - Душанбе, 2025), "Фарҳанги мухтасари ахлоқшиносӣ" (дастури таълимӣ) (ҳаммуаллиф) ( - Душанбе, 2025), ки дар он робитаи хирад, виҷдон, ахлоқ ва ирфон дар заминаи фалсафӣ ва ахлоқи таҳлил мешавад ҳамчунин истилоҳоти асосии ахлоқиро дар се сатҳи фалсафӣ, иҷтимоӣ ва таълимӣ бо усули герменевтикӣ баррасӣ мекунад. Д.Комилов дар таҳқиқоти худ бештар аз усули герменевтикаи фалсафӣ, таҳлили муқоисавии фарҳангҳо ва фалсафаи забон истифода мебарад, ки дар мақолаҳои ӯ, монанди бо равшании илмӣ инъикос меёбанд. Ҳар яке аз ин китобҳо ҳамчун маҳсули тафаккури герменевтикии фалсафӣ, дар заминаи дарки иҷтимоӣ ва муқоисавии арзишҳо шакл гирифта, равиши методологии муаллифро бо низоми фалсафӣ таҷассум менамоянд. Фарҳангномаҳо ва осори илмии ӯ - аз ҷумла "Ҳикмати модар", "Фарҳанги мухтасари ахлоқшиносӣ", "Китоби саратоншиносӣ" ва "Футурология" - масъалаҳои ҳаёт, арзиш, маъно ва масъулияти инсонро дар олам дар чорчӯби афкори фалсафӣ ва виҷдонӣ баррасӣ менамоянд. Комилов Далер Рустамович ҳамчун яке аз файласуфони барҷастаи муосири тоҷик ва намояндаи равшани фалсафаи шарқӣ, тавассути герменевтикаи фалсафӣ ва назари мукаммали маърифатӣ, андешаҳояшро ба низоми фикрии муосир ворид намуда, заминаи устуворе барои дарки фалсафа, тасаввуф, ахлоқ ва давлатдорӣ фароҳам овардааст.
Осори ӯ на танҳо шарҳи мафҳумҳо, балки бозтоби шуури маънавии миллӣ ва умумибашариро ташкил медиҳанд.Ҳикмати маърифатшиносӣ ва ахлоқ дар афкори Далер Комилов дар асоси як равиши ҳамгиро ва интердисиплинарӣ бунёд ёфтааст, ки тавассути он масъалаҳои шинохт, арзиш ва виҷдон дар равобити байни фарҳангҳо ва заминаҳои иҷтимоӣ мавриди таҳқиқ қарор мегиранд. Ӯ дар мақолаҳои илмии худ, модели таҳлили фалсафии худро тавассути усули герменевтикии дарки муқоисаи тамаддунҳо ва шарҳи маънавии арзишҳои миллиро рушд медиҳад. Д.Комилов бо истифода аз равиши герменевтикии Г.Гадамeр, ки дарки тафсири фарҳангӣ медонад, ва фалсафаи забони Витгенштейн, ки забонро ҳамчун шинохт медонад, нишон медиҳад, ки маърифат дар доираи забон, фарҳанг ва таҷрибаи виҷдон ташаккул меёбад.Дар китоби Фарҳанги мухтасари ахлоқшиносӣ, усули герменевтикии истилоҳотшиносӣ истифода шуда, арзишҳои ахлоқӣ дар се сатҳ фалсафӣ, иҷтимоӣ ва таълимӣ таҳлил мегарданд. Дигар асари бо ҳаммуаллифии Д.Комилов Футурология низ бо равиши маърифатии виҷдон ва фалсафаи ахлоқӣ кӯшиш мекунад нишон диҳад, ки ояндасозии маънавӣ бояд бар пояи ҳикмат, масъулият ва ахлоқ бошад.Методологияи таҳқиқоти ӯ асосан бар усулҳои:Герменевтикаи фалсафӣ,Муқоисаи фарҳангҳо (Шарқ ва Ғарб),Фалсафаи забон ва семиотика,Виҷдоншиносӣ ва ахлоқшиносӣ,Ҳамин тавр, ҳикмати маърифатшиносӣ ва ахлоқ дар афкори Д.Комилов равиши таҳқиқоти муосирро бо усули таҳлили анъанаҳои маънавиёти тоҷик муттаҳид намуда, ба рушди ҳикмати иҷтимоӣ ва худшиносии фалсафии ҷомеаи муосир замина мегузорад.Фаъолияти илмии ӯ ба масъалаҳои асосии виҷдон, ирфон, ахлоқи тиббӣ, шинохти маърифатӣ ва фалсафаи иҷтимоӣ нигаронида шудааст. Масалан, дар мақолаи "Нақши виҷдон дар низоми ахлоқии динӣ ва дунявӣ" (2025), ӯ бо таҳлили муқоисавӣ собит менамояд, ки виҷдон на танҳо падидаи этикӣ, балки меҳвари танзими иҷтимоӣ мебошад.
Дар китоби "Ҳикмати модар" (2025), Комилов ирфон ва виҷдонро ҳамчун шохаҳои асосии маърифати ахлоқӣ тавсиф мекунад. Мақолаи "Ирфон ва шинохти ҳақиқат" низ равшан месозад, ки ирфон дар назарияи ӯ яке аз зерсохторҳои фалсафаи маънавӣ буда, бо маънои вуҷуд ва шуури ахлоқӣ иртиботи зич дорад. Ҳамчунин дар китоби "Китоби саратоншиносӣ" ӯ ахлоқи тиббиро бо пояҳои фалсафии арзиш ва масъулияти инсон тавъам карда, онро бо равиши виҷдоншиносӣ ва табобати маънавӣ тавсеа медиҳад. шинохти инсон, фалсафаи исломӣ ва таҳлили фалсафии равандҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ нигаронида шуда, дар осораш ӯ бо истифода аз усулҳои герменевтикаи фалсафӣ, муқоисаи фарҳангҳо, равиши мултидисциплинарӣ ва таҳлили ахлоқӣ модели методологии худро офаридааст. Комилов бо баррасии ҳамгироии анъана ва муосир, ба ташаккули дидгоҳи миллӣ - фалсафии тоҷикон ва таҳкими суботи маънавии ҷомеа мусоидат намуда, равиши маърифатии худро ҳамчун пайванди мантиқии виҷдон, ахлоқ ва ақл дар ҳоли таҳаввул муаррифӣ менамояд.Фаъолияти ӯ бештар ба таҳқиқи риштаҳои фалсафаи шарқӣ, ба вижа дар мақолаҳои «Осиё ва Аврупо: иртиботи фалсафаи маърифат ва дин» ва «Ирфон ва шинохти ҳақиқат», ки дар онҳо бо усули герменевтикии фалсафӣ матнҳо ва андешаҳои шарқӣ бо ғарбӣ муқоиса мешаванд, равиш меёбад. Д.Комилов дар ин осор таълимоти Ибни Сино ва ирфони суннатиро бо методи муқоисавии фарҳангҳо тавсиф намуда, дарки ахлоқ, маърифат ва виҷдонро дар заминаи герменевтика ва фалсафа таҳлил мекунад.
Махсусан дар «Ҳикмати модар» ва «Фарҳанги мухтасари ахлоқшиносӣ», равиши герменевтикӣ ба дарки истилоҳоти ахлоқӣ ва нақши арзишҳо дар ҷомеа мусоидат намуда, методи тадқиқотии ӯро равшантар нишон медиҳад. исломӣ ва муосир равона гардида, бо истифода аз усули герменевтика, таҳлили муқоисавӣ ва ахлоқшиносӣ равиши махсуси таҳқиқотии худро ташаккул додааст. Дар мақолаҳои илмии солҳои 2024–2025, бахусус дар «Статус человековедческой мудрости в мировой культуре» ва «Ҳикмати модар», Комилов инсонро на танҳо ҳамчун мавҷуди маънавӣ, балки ҳамчун маркази нури маърифати фалсафӣ тасвир мекунад. Аз назари ӯ, инсон ҷавҳари шуури ахлоқӣ ва виҷдонӣ буда, маҳз тавассути ирфон ва таҷрибаи маънавӣ қобили дарки худ ва олам мегардад. Шинохти инсон дар афкори Д.Комилов раванди фалсафии таҳаввулоти ботинӣ ва иҷтимоӣ аст, ки ба самти ташаккули ҷомеаи маърифатӣ, ҷомеае, ки дар он виҷдон, ахлоқ ва маърифат пояи ҳастии иҷтимоиро ташкил медиҳанд ҳидоят мекунад.Дар як силсила мақолаҳо ("Tasawwuf and its Schools", "Ирфон ва шинохти ҳақиқат", 2025), Д.Комилов ба омӯзиши тасаввуф ҳамчун шакли таҷрибавии фалсафа рӯ меорад. Ӯ мактабҳои тасаввуфиро бо назари муқоисавӣ таҳлил карда, онҳоро методи маърифатшиносӣ арзёбӣ менамояд.
Дар ин замина, равиши нақшбандия дар таълифи ӯ бо методологияи маънавии ирфонӣ баррасӣ шудаанд.Таҳқиқоти мукаммали Д.Комилов, аз ҷумла мақолаҳои "Историко - политико - правовые взгляды Ибн Сино" ва "Исследование научных трудов Ибн Сины в современном Таджикистане" баёнгари онанд, ки Ибни Сино дар маркази фикри фалсафии ӯ қарор дорад. Д.Комилов Ибни Синоро на танҳо файласуф, балки давлатшинос, ахлоқшинос ва инсоншинос меҳисобад, ки назари ӯ бояд дар низоми маорифи муосир татбиқ гардад.Дигар мақолаи илмии Далер Комилов таҳти унвони Фалсафаи нур: тафсири герменевтикӣ ва мактаби ирфонии "Нури мутлақ" дар таърихи тафаккури башарӣ мебошад. Муҳаққиқ мафҳуми «нури мутлақ» дар ирфон ва фалсафаи мутафаккирони Шарқ на танҳо ишораи рамзӣ, балки зерсохти метафизикии фаҳмиш, маърифат ва ахлоқ аст. Мақолаи мазкур бо истифода аз усулҳои герменевтикаи фалсафӣ, ирфоншиносӣ ва онтологияи нур, ба таҳқиқи ҷойгоҳи нури мутлақ ҳамчун фазои маънавии ҳастӣ ва шарти зуҳури маъно мепардозад.Нур дар фалсафаи Ибни Сино, Суҳравардӣ ва Ибни Арабӣ асли ташаккули вуҷуд аст.
Он на танҳо сифати илоҳӣ, балки шароити падидории ҳақиқат мебошад. Суҳравардӣ тамоми ҳастиро бо низоми нурӣ мураттаб карда, Ибни Сино нурро бо "ақли аввал" ва "файзи Илоҳӣ" мепайвандад. Дар ирфон, нур муҳити кашфи ботин ва таҷаллиёти маънавист.Бар асоси андешаҳои Гадамeр ва Ҳайдеггер, фаҳмиш дар фазои нурии маънавӣ, на дар заминаи маълумоти зоҳирӣ сурат мегирад. Нур ҳамчун "фазои аёният" (Lichtung) муҳити имкони маъно ва ҳузури он мегардад.
Забон, аз нигоҳи герменевтикӣ, муҳити зуҳури нур аст, ки маъно дар он аз анъана, таърих ва виҷдон сарчашма мегирад.Виҷдон дар афкори Муҳаммад Ғаззолӣ ва Ибни Арабӣ маҳалли таҷаллии нур ва заминаи ахлоқ аст. Ахлоқ, агар аз фазои нурии виҷдон нашъат нагирад, зоҳирӣ ва сунъӣ мемонад. Нури мутлақ ҳамчун пояи маънавии озодӣ, масъулият ва худогоҳии инсонӣ, иродаи ахлоқиро бедор мекунад.Д.Комилов нишон медиҳад, ки зеҳни сунъӣ қобилияти фаҳмиш бо маънои онтологӣ ва виҷдонӣ надорад, зеро дар он фазои нурии маънавӣ мавҷуд нест. Нур на танҳо иттилоот, балки шарти ҳузур ва фаҳмиши маъно мебошад.
Аз ин рӯ, герменевтикаи нур талаб мекунад, ки фаҳмиш ҳатман заминаи ботинӣ, ахлоқӣ ва таърихӣ дошта бошад.Ҳунар ва забон ҳамчун муҳити нурӣ маърифати ботинро таҷассум мекунанд. Забон, тибқи таълимоти Ҳайдеггер ва Витгенштейн, фазои фаҳмиш ва зуҳури ҳастист. Ҳунар, аз нигоҳи ирфон, василаи интиқоли нур аст, ки қалбро равшан ва виҷдонро бедор мекунад.Нури мутлақ ҳамчун мафҳуми марказии фалсафаи ирфонӣ ва герменевтикӣ, ба унвони заминаи метафизикӣ, маънавӣ ва ахлоқии фаҳмиш дар мақола ба таври мукаммал таҳқиқ шудааст. Муаллиф бо як равиши фалсафии мутаҳидкунанда нишон медиҳад, ки нур метавонад модели умумии пайванди илм, ахлоқ, маърифат ва виҷдон мегардад. Дар замони рақамӣ ва пешрафти зеҳни сунъӣ, баргаштан ба мафҳуми "нури мутлақ" ҳамчун фазои ҳузур ва масъулияти маънавӣ, зарурати методологӣ ва ахлоқист.Д.Комилов дар мақолаи "Виҷдон ҳамчун омили дарунӣ дар танзими ахлоқи инсоният" (2025) бо усули муқоисавӣ нишон медиҳад, ки виҷдон заминаи пайванди низоми ахлоқӣ аст. Ӯ виҷдонро ҳамчун муҳаррики дохилии ахлоқӣ тавсиф мекунад, ки метавонад ба ягонагии фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намояд.Бо таҳияи фарҳанги мухтасари зеристеъмоли муфассали чаҳорзабона ва таҳқиқи мафҳумҳои семиотикӣ, Д.Комилов забонро ҳамчун воситаи маърифат ва таҷассуми ҷаҳонбинӣ арзёбӣ мекунад.
Тафсири истилоҳоти "ҳақиқат", "маърифат", "озодӣ", "одоб" ва "инсон" дар осори ӯ дорои борҳои фарҳангӣ ва фалсафӣ мебошанд.Осори Д.Комилов дар асоси усули герменевтикаи фалсафӣ, муқоисаи фарҳангҳо, маърифатшиносӣ ва таҳлили ахлоқӣ таҳия шудаанд. Ӯ дар мақолаҳои худ тавозуни байни илм ва ирфон, ақл ва виҷдон, дин ва ахлоқро ҳамчун пояи тафаккури муосири шарқӣ устувор месозад.Комилов Д.Р дар китоби худ "Ҳикмати модар" (2025) ба яке аз мавзӯъҳои амиқи иҷтимоӣ ва ахлоқӣ, нақши модар ва арзишҳои зан дар фалсафаи инсонӣ рӯ меорад. Ин асар на танҳо як таҳқиқи иҷтимоест, балки дорои шохаҳои фалсафаи ахлоқӣ, виҷдоншиносӣ ва маърифати фарҳангӣ низ мебошад. Д.Комилов модарро ҳамчун намунаи инсони комил ва манбаи виҷдони ҷамъиятӣ медонад, ки фарҳанги маърифатӣ ва ахлоқии ҷомеа бар пояи эҳтироми ӯ ташаккул меёбад. Ӯ дар заминаи таълимоти мутафаккирони Шарқу Ғарб ва фалсафаи муосири ахлоқӣ, нақши модарро ҳамчун меҳвари худшиносии инсонӣ баррасӣ мекунад.Дар китоби мазкур пайванд байни арзишҳои ахлоқии суннатӣ ва мушкилоти маънавии асри XXI ба таври дақиқ муҳокима мешавад. Д.Комилов инчунин масъалаи муҳофизати арзишҳои оилавӣ ва баробарии ахлоқии марду занро бо истилоҳоти фалсафӣ ва далелҳои мантиқӣ таҳлил мекунад.Ин фарҳангнома, ки аз ҷониби Комилов Д.Р бо ҳаммуаллифӣ таҳия шудааст, намунаи равшани як кори фалсафӣ - таълимӣ дар риштаи ахлоқшиносӣ мебошад.
Китоб бо услуби илмиву фарҳангӣ мафҳумҳои асосии ахлоқро шарҳ медиҳад ва кӯшиш мекунад, ки онҳоро дар се самт фалсафӣ, иҷтимоӣ ва таълимӣ тавсиф кунад. Мафҳумҳое чун "виҷдон", "одоб", "адолат", "муҳаббат", "инсонгароӣ" ва дигарҳо дар заминаи афкори мутафаккирони маорифи муосир таҳлил шудаанд. Аз нигоҳи фалсафии герменевтикӣ, фарҳанг на танҳо ҳамчун маҷмӯи истилоҳот, балки ҳамчун воситаи фаҳми низоми арзишҳо дар ҷомеа пешниҳод шудааст.Д.Комилов дар ин китоб бо истифода аз анъанаи ахлоқшиносӣ ва тафаккури муосир, кӯшиш кардааст, ки луғати фалсафии тоҷикиро бо забонҳои дигар (англисӣ, русӣ ва арабӣ) муаррифӣ кунад. Ин китоб на танҳо як асари луғатшиносӣ, балки як хазинаи фалсафаи амалии ахлоқ мебошад, ки барои донишҷӯён, устодон ва муҳаққиқон дастури муҳим ба ҳисоб меравад.Комилов Д.Р дар ин китоби муҳим, ки ба масъалаҳои тиббӣ бахшида шудааст, бо як назари фалсафб ба саратон ҳамчун мушкилоти на танҳо биологӣ, балки маънавию иҷтимоӣ менигарад.
Вай кӯшиш мекунад, ки фаҳми беморӣ ва табобати онро дар доираи ахлоқи тиббӣ, масъулияти шахсӣ ва виҷдонӣ ҷой диҳад. Дар байни тавсияҳои амалии тиббӣ, муаллиф ба масъалаҳои ҳуқуқи бемор, шаъну шараф, умед, маърифати беморӣ ва муносибати инсон бо марг таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.Аз нигоҳи фалсафии Д.Комилов, саратон фақат як бемории ҷисмонӣ нест, балки таҷрибаи маънавӣ аст, ки инсонро водор месозад дар бораи ҳаёт, арзишҳо ва мақоми худ дар олам андеша кунад. Ӯ бо риояи ахлоқи тиббӣ, вазифаи мутахассисонро дар наҷоти маънавии инсон ва кӯмак ба ҷустуҷӯи маънои ҳаёт муҳим арзёбӣ мекунад.Ин китоб намунаи нодири пайвастани фалсафа, ахлоқ ва амалияи тиббӣ мебошад, ки барои донишҷӯёни тиб, мутахассисони самти тандурустӣ ва фалсафаи тиббӣ манбаи арзишманд ба шумор меравад.Д.Комилов дар асари таҳқиқотии худ оид ба футурология, ки бо ҳаммуаллифӣ соли 2025 барои чоп омода гардидааст, ба мавзӯи ояндашиносӣ аз дидгоҳи фалсафӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ӯ футурологияро на танҳо ҳамчун илм, балки ҳамчун равиши ахлоқӣ ва виҷдонӣ дар пешгӯии воқеиятҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баррасӣ мекунад. Бахшҳои алоҳидаи рисола ба мавзӯъҳои "Ҷомеаи ояндадор", "Таҳаввули маърифати инсонӣ", "Нақши ахлоқ дар ояндасозӣ" ва "Тахассуси виҷдон дар барномаи тамаддун" бахшида шудаанд.Д.Комилов футурологияро бо равишҳои фалсафаи Шарқ, хусусан бо таълимоти Ибни Сино, Форобӣ мутобиқ месозад ва нишон медиҳад, ки на танҳо илм, балки виҷдон, ахлоқ ва фарҳанг низ ояндаи инсониятро шакл медиҳанд. Дар қисматҳои алоҳида масъалаи тавозун байни навгонӣ ва ахлоқ, пешгӯии иҷтимоӣ ва адолати фардо муҳокима шудааст.
Д.Комилов нақши инсонро ҳамчун масъул ва офарандаи ояндаи футурологӣ қарор медиҳад.Асари мазкур намунаи нодири таҳқиқоти мукаммали илмӣ - фалсафӣ оид ба футурология дар фазои илмии тоҷик маҳсуб мешавад ва барои донишҷӯён, муҳаққиқон ва сиёсатмадорон як дастури бунёдӣ дониста мешавад.Дигар асари Д.Комилов "Ҳикмати инсоншиносӣ" (2025), ба таҳқиқи равандҳои ахлоқӣ ва маънавии инсоншиносӣ дар партави фалсафаи муосир ва фарҳанги миллӣ мепардозад. Ӯ бо такя ба методологияи герменевтикӣ ва назарияи бисёрзабонию бисёрфарҳангӣ, нишон медиҳад, ки инсоншиносӣ ҳамчун ҷараёни фалсафӣ танҳо ба таҳқиқи табиати инсон не, балки ба худшиносӣ, маънои ҳаёт ва иртиботи иҷтимоии ӯ равона шудааст.Дар ин таҳқиқ, Д.Комилов инсонро ҳамчун наҳзати тафаккурӣ ва ҳузури иҷтимоие мебинад, ки дар фарҳанг, забон ва арзишҳои ахлоқии ҷомеа таҷассум меёбад. Ӯ нишон медиҳад, ки тафсири инсон аз нигоҳи фарҳанг ва таърих, асоси тафаккури муосири миллӣ ва фалсафаи иҷтимоиро ташкил медиҳад. Д.Комилов инсоншиносиро дар партави ахлоқ ва виҷдон ҳамчун василаи шинохти ҷомеа ва арзишҳои он таъриф мекунад.Бо истифода аз таҳлили муқоисавии фарҳангҳо ва арзишҳои инсонӣ дар шарқу ғарб, муаллиф таъкид менамояд, ки инсоншиносӣ бояд дар заминаи ахлоқ, виҷдон ва маърифат рушд ёбад. Ҳамин тавр, Д.Комилов ҳикмати инсоншиносиро дар асри XXI ҳамчун ҳикмати таҳаммул, муколама ва маънавиёт муаррифӣ мекунад.Асари дигари Д.Комилов «Китоби тасаввуф», бо нигоҳи фалсафаи ирфонӣ ба мактабҳои маърифатии Ислом бо ишора ба нақшбандия, қодирия ва равияҳои мутасаввифона таваҷҷуҳ мекунад. Ӯ таълимоти муҳаққиқони тасаввуфро бо меъёрҳои маърифат, ахлоқ ва виҷдон муқоиса мекунад ва ирфонро ҳамчун нерӯи муттаҳидкунандаи ақл ва қалб медонад.Асари «Диншиносӣ» бошад, равиши фалсафаи динӣ ва иҷтимоии муосирро пайгирӣ мекунад ва динро ҳамчун низоми маънавии иҷтимоӣ ва решаи ахлоқ ва виҷдон тавсиф менамояд. Д.Комилов дар он ба нақши таърихии дин, иртиботи дин ва давлат, ҳамзистии мазҳабҳо ва таҳаммул дар ҷомеаи муосир диққат медиҳад.Бо ин таҳқиқот, Д.Комилов ҷаҳони маърифат ва ахлоқро бо арсаи иҷтимоӣ ва сиёсии замони муосир пайванд медиҳад ва мақоми фалсафаи миллӣ ва инсонгароиро тавсеа мебахшад.Дастури таълимии "Ҳикмати ватандорӣ" бо ҳаммуаллифӣ дар радифи осори бунёдии Д.Комилов қарор доранд, ки бо назари фалсафӣ ва таҳлили мукаммали масъалаҳои давлат, ахлоқ ва миллатдорӣ тартиб дода шудаанд.Д.Комилов таҳқиқи васеи фалсафаи миллӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқиро дар партави таҷрибаи таърихии тоҷикон ва ҷаҳонбинии муосир анҷом додааст. Ӯ бо истинод ба намунаҳои таърихӣ ва назарияи муосири фалсафии давлатдорӣ, ба монанди афкори мутафаккирон бунёдҳои виҷдон, масъулият ва ахлоқро ҳамчун решаҳои фалсафаи давлатдорӣ баррасӣ менамояд. Масалан, дар қисматҳои марбут ба таърихи давлатдории тоисломӣ ва исломии тоҷикон, муаллиф нишон медиҳад, ки пояҳои ахлоқӣ ва виҷдонии идоракунии ҷомеа дар мероси гузашта реша дошта, дар фазои истиқлол бо шакли нав эҳё шудаанд.
Д.Комилов дар ин асар равиши герменевтикиро истифода бурда, бо муқоисаи таълимоти динӣ ва фалсафаи сиёсии муосир дарки навин аз мафҳумҳои «хирад», «адолат», «масъулият» ва «шаъну шараф» - ро пешниҳод мекунад. Д.Комилов таҳқиқи мукаммали фалсафаи миллӣ, ҷаҳонбинии давлатсозии муосир ва пояҳои маънавии ҷомеаи тоҷикро ба роҳ мемонад. Ӯ бо истифода аз методи муқоисавии таърихӣ ва герменевтикии фалсафӣ, масъалаҳои поягузории ахлоқӣ ва ҳуқуқии давлатро аз замони классик то замони истиқлол таҳлил мекунад. Дар ин рисола, фалсафа на танҳо ҳамчун дониш, балки ҳамчун воситаи ташаккули ҳуввияти миллӣ ва масъулияти иҷтимоӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.Китоби "Ҳикмати ватандорӣ" дар навбати худ як таҳлили фалсафӣ ва ахлоқии арзишҳои марбут ба мафҳуми Ватан, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳифзи истиқлол мебошад. Д.Комилов дар ин асар виҷдон, фидокорӣ, адолат ва масъулияти таърихиро ҳамчун унсурҳои муҳими ватандорӣ арзёбӣ намуда, таъкид мекунад, ки ватандорӣ танҳо дӯст доштани Ватан нест, балки маърифати фалсафии зиндагӣ ва амали виҷдонии инсон аст.Дар ҳарду асар, Д.Комилов бо як назари фалсафии ҳамгиро, давлат, миллат, инсон ва виҷдонро дар як низоми маънавии пайваста қарор медиҳад. Ӯ ба хулосае мерасад, ки рушди устувори миллӣ бе пояи фалсафаи ахлоқӣ ва маърифати ватандорӣ имкон надорад.Ҳамин тариқ, Комилов Далер Рустамович бо сабки таҳлилӣ ва мазмуни ҷараёни тафаккур, аз зумраи мутафаккирони навгарои фалсафаи тоҷик буда, дар якҷоягӣ бо анъанаи Шарқ ва донишҳои муосири навини маърифатшиносӣ ахлоқро тарҳрезӣ кардааст.
Осори ӯ манбаи боэътимоди омӯзиш ва равишсозӣ барои пажӯҳишгарони фалсафа ва ахлоқшиносӣ мебошанд.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 11 (92) том 2
Ссылка для цитирования:
МАЪРИФАТШИНОСӢ ВА АХЛОҚШИНОСӢ ДАР АФКОРИ ДАЛЕР КОМИЛОВ // Журнал «Вестник науки» от 9 ноября 2025 г. № 11 (92) том 2. С. 768 - 781. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/26407 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/26407
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
