Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 16 ноября 2025 г.
  4. Научная статья № 1
Просмотры  89 просмотров

НАҚШ, АҲАМИЯТ ВА ЗАМИНАҲОИ ИҚТИСОДӢ - ИҶТИМОИИ ПАЙДОИШИ СОЊИБКОРЇ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аннотация: Мақолаи мазкур ба таҳлили нақш ва аҳамияти рушди соҳибкорӣ дар равандҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Муаллиф заминаҳои асосии пайдоиш ва ташаккули фаъолияти соҳибкориро дар даврони гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ мавриди баррасӣ қарор дода, омилҳои мусоидаткунанда ва монеаҳои рушди ин соҳаро таҳлил менамояд. Дар мақола ба таври мушаххас нақши соҳибкорон дар рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъкид мегардад. Ҳамзамон, пешниҳодҳо ҷиҳати беҳтарсозии муҳити ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ироа шудаанд.

Ключевые слова: соҳибкорӣ, рушди иқтисодӣ, заминаҳои иҷтимоӣ, бозори меҳнат, фаъолияти соҳибкорӣ, сиёсати давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули соҳибкорӣ, инноватсия, сармоягузорӣ.

Соҳибкорӣ ин ҳама гуна фаъолияти мустақилона, ташаббускоронаи шаҳрвандон аст, ки бо ба ӯҳдаи худ гирифтани барору нобарории кор, бо масъулияти амволи худ барои ба даст овардани фоида ё даромад ба амал бароварда мешавад. Бо назар андохтан ба ин таъриф ба осонӣ мулоҳиза мегардад, ки соҳибкорӣ ду ҷанба - яке гуворо ва дигаре ногувор, дорад.Ҷанбаи гуворо – ин имконияти ба даст овардани даромад ва фоида, манфиати иқтисодӣ ёфтан мебошад. Ҷанбаи ногувор аз он иборат аст, ки тамоми бори ташвиш, ҷидду ҷаҳд, масъулият ва барору нобарории натиҷаи кори пешгирифта, бар ӯҳдаи худи соҳибкор меафтад. Хатаре мавҷуд аст, ки на танҳо чизе ба даст оварда нашавад ва манфиате ҳосил нагардад, балки он чи ки ҳаст аз даст биравад.Дар бораи соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам тасаввуроти нодуруст мавҷуд аст. Дар тахайюли ашхоси нисбат ба низоми бозаргонию тиҷорат нафрат дошта образи кадом як хел соҳибкории қаллоб, ки чизеро хариду фурӯхт, фиреб карду бе меҳнат як даста пул ба даст овард.

Мувофиқи ин гуна тасаввурот соҳибкорӣ – ин пули бисёри бе дарди миён ба даст оварда мебошад. Ҳол он ки дар воқеият сахту беамон ҷоеро ёфтан даркор аст, ки харидан мумкин бошад, сипас маълум кардан лозим аст, ки оё харидорӣ кардан меарзад, оё бо нархи арзон харидан муяссар мегардад, оё мол хубу ривоҷдор аст ё не, нигоҳдории онро таъмин кардан, ба ҷои фурӯш расонидани он ва ин ҷойро ба даст овардан, фурӯшандаҳои рақобатиро танг карда баровардан, ҷалб кардани харидор, водор кардани ӯ ба харид бо нархи ба тарзи қобили мулоҳиза баланд, вале дастрас мумкин мегардад, боз андоз супоридан, ӯ бо рэкетчиён, мансабдорон ва дигар ашхосе, ки соҳибкор бо онҳо вобастагӣ дорад ҳисоб баробар кардан лозим меояд. Ҳамин тавр, сарсониеро аз сар мегузаронӣ, ки дар корхона (завод) нест, аз саҳар то шом дар даву тоз мегардӣ ва фаромӯш мекунӣ, ки рӯзи истироҳат гуфтанӣ гап ҳаст. Рӯзу шаб лозим мешавад, ки на дар бораи хурсандиҳои зудгузар, на дар бораи футбол, на дар бораи пинаки назди экрани телевизор фикр кунӣ, балки дар хусуси молҳо, нархҳо, таҳвили молҳо, анборҳо, нақлиёт, муҳофизат, харидорон, инспекторҳои мақомоти андоз андеша намоӣ. Ҳамин тавр, ҳар рӯз ба ҳамин минвол мегузарад. Ҳаракат дар самти соҳибкорӣ, пешрафт дар ин роҳ самарабахштарин тариқаи дигаргунсозии иқтисодиёт, ба субъектҳои асили иқтисодӣ, мардони кордону пуртаҷриба табдил додани шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Ин шарти асосии гузариш ба иқтисодиёти навъи бозаргонӣ аст.Соҳибкорӣ – ин мафҳуми бағоят серпаҳлӯ мебошад. Дар китоби дарсии америкоӣ «Консепсияи соҳибкорӣ» истилоҳи «соҳибкорӣ» ҳамчун системаи корбарӣ, ба вуҷуд овардани маҳсулоти зарурӣ, кор, шоҳроҳи иқтисодиёт, манбаи қонеъ сохтани талаботҳои мо ва ниҳоят, тарзе ки мо зиндагонӣ мекунем, таъриф дода шудааст.

Америкоиҳо моҳияти соҳибкорӣ ва нақши онро дар ҳаёти иқтисодии одамон ва ҷомеа ана ҳамин тавр мефаҳманд. Албатта ин мафҳуми пурвусъати истилоҳ аст, вале вай умумӣ фарогир будани соҳибкориро таъкид менамояд .Тавсифи соњибкорї, ки дар китоби «Соњибкории бозаргонї» оварда шудааст, љолиби диќќат аст: Соњибкор дар фаъолияти худ ќодир аст комбинатсияи зарурї ва ё ба њам алоќаманд намудани манфиати шахсиро бо фоидаи љамъият бо маќсади гирифтани даромад таъмин намояд. Чї тавре, ки мебинем, дар ин мафњум унсури муњими муайянкунандаи соњибкорї – зарурати ба њам алоќаманд намудани манфиати шахсї ва фоидаи љамъият нишон дода шудааст. Чунин ифода кардани моњияти соњибкорї дар шароити муосир бештар мувофиќ мебошад.

Соҳибкорӣ мафҳуми серпаҳлӯ аст ва аз ин рӯ навъу хислатҳои фаъолияти соҳибкориро муайян намудан амри зарурӣ мебошад. Чунон ки пештар гуфта шуд соҳибкорӣ ин фаъолият аст. Вале оё ҳар гуна фаъолиятро соҳибкорӣ шуморидан мумкин аст. Масалан, ҳар кор фаъолият аст, вале ҳар кадом кор худ ба худ соҳибкорӣ нест.

Кор, фаъолият танҳо замоне соҳибкорӣ дониста мешаванд, ки мақсади онҳо ба даст овардани фоида ё даромад бошад. Соҳибкорон барои ба даст овардани нафъ дар шакли фоида, ки аз фарқи байни даромадҳо ва хароҷотҳои пулӣ иборат мебошад, кӯшиш менамоянд. Масалан, соҳибкор ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул аст. Вай аз Хитой мол меорад.

Хароҷотҳои ӯ аз харидани мол, хароҷоти гумрукӣ, нақлиётӣ, андозҳо ва ғайра иборат мебошад. Даромадро бошад ҳангоми фурӯхтани молҳо ба даст меорад. Мисол, соҳибкор ба маблағи 1000 сомонӣ мол фурӯхт. Хароҷоти ӯ 700 сомониро ташкил медиҳад.

Фоида баробари 300 (1000-700) сомонӣ мешавад.Дар бисёре аз таърифҳои соҳибкорӣ қайд карда мешавад, ки ин фаъолияти шаҳрвандон ё гурӯҳи шаҳрвандон, шахсони хусусӣ ва ташкилотҳо мебошад. Бо ин таъкид карда мешавад, ки соҳибкорӣ бар моликияти хусусӣ асос меёбад. Ба моликияти хусусӣ моликияти шахсӣ, оилавӣ, гурӯҳӣ, коллективӣ, саҳҳомӣ дохил мешавад. Вале бояд қайд кард, ки дар иқтисодиёт инчунин соҳибкории давлатӣ мавҷуд аст.

Давлат метавонад як ҳиссаи муайяни маблағҳои давлатиро дар соҳибкорӣ гузорад.Дар баъзе мавридҳо давлат соҳибкорӣ ва соҳибкоронро дастгирӣ менамояд, аз ҷумла дар Тоҷикистон фаъолияти соҳибкорї дастгирӣ карда мешавад. Аз муҳимтарин хислатҳои соҳибкорӣ, серҳаракатӣ, чобукӣ, ташаббускорӣ, ҷӯяндагӣ мебошад, ки ин хислатҳо соҳибкориро аз шаклҳои шахшудаи фаъолияти иқтисодӣ фарқ мекунонад. Соҳибкор мунтазам дар ҷустуҷӯи тариқаҳои амале мебошад, ки аз рӯи ақидаи ӯ метавонанд ба мувафаққият ӯро ноил созанд. Вай ҳар замон маҳсулот, технология, молҳо, бозор, нархҳо ва сифати маҳсулотро мувофиқи талаботи вазъияти иқтисодӣ тағйир медиҳад. Ҷустуҷӯи муштариён, маблағҳои пулӣ, асъори хориҷӣ, маводу таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, бино, робитаву тамос, алока бо одамони даркорӣ, ҳуҷҷату маълумот, амалу андешаи ҳамарӯза ба ибораи дигар қисмати соҳибкорон аст.

Ба ҳамин сабаб аст, ки ӯ доимо дар шитоб аст ва ҳеҷ гоҳ вақт барои ӯ кофӣ нест, фарқи байни рӯзҳои кору истироҳатро намедонад, субҳ барвақт мехезад ва дер ба хоб меравад, кӯшиш мекунад, ки якчанд корро дар як вақт ба анҷом расонад.Гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ тағйиротҳои кулии сохтории истеҳсолоти ҷамъиятиро, ки ба бартарафкунии инҳисорот ва тараққиёти рақобат равона карда шудааст, талаб мекунад. Чӣ тавре, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ тасдиқ мекунад ҳалли ин масъала бе инкишофи соњибкорї, ки дар шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтааст, ғайриимкон аст.Ташкилёбии сохтори хурду миёнаи бозорӣ бе истисно дар ҳамаи соҳаҳо ва доираи иқтисодиёти мамлакат ба мақсадҳои ҷараёни иқтисодии хоҷагии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.Дар шароити гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ соњибкории хурду миёна дар иқтисодиёт мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Ғанӣ гардонидани бозор бо моли хушсифат ва хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи истеъмолӣ, ҷоннок кардани масъалаҳои молиявӣ, ҳалли муаммоҳои шуғли аҳолӣ, устуворгардонии тамоми системаи иқтисодӣ ба таври бевосита ба ҷараёни инкишофи соњибкории хурду миёна алоқаманд аст.Мақсади барпо кардани соњибкории хурду миёна мусоидат кардани гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва тақвият додани соҳибкорӣ мебошад.Яке аз вазифаҳои асоси соњибкории хурду миёна дар иқтисодиёт ин ташаккули рақобат комил ва бартараф намудани корхонаҳои бузурги инњисорӣ мебошад, яъне тараққиёти соњибкории хурду миёна қисми муҳими барномаи ғайриинҳисорикунонии иқтисодиёти миллӣ мебошад.Соњибкории хурду миёна натанҳо дар доираи истеъмолот, балки ҳамчун истеҳсолкунандаи механизмҳои хурд, ниммасолеҳҳо, қисмҳои ҷудогона ва дигар унсурҳое, ки барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ заруранд самаранок мебошанд. Бояд қайд кард, ки соњибкории хурду миёна имкониятҳои зиёд доранд. Таҷрибаи бисёрсолаи кишварҳои тараққикарда нишон медиҳад, ки бе шабакаи васеи соњибкории хурду миёна фаъолияти бозори молӣ ғайри имкон аст, чунки онҳо дар шароити тағйирёбанда қобиляти тези мутобиқшавӣ ва ҳаракатнокиро доранд.Мавҷуд будани миқдори зиёди соњибкории хурду миёна имконият фароҳам меоранд, ки сохтори иқтисодӣ ба суръати њарчи бештар дигаргун сохта шавад.

Аслан дар соњибкории хурду миёна, хусусан дар соњаи истењсолї технологияи комилан нав мавриди истифода қарор мегиранд, ки минбаъд инкишоф ёфта истеҳсолоти алоҳидаро ташкил медиҳанд.Вазифаи муҳими соњибкории хурд аз он иборат аст, ки корхонаҳои бузург ва миёнаи истеҳсолоти оммавӣ ва силсилавии маҳсулоти саноатӣ доштаро аз тавлиди молҳои камадад озод месозад. Масалан корхонаҳои азими автомобилсозии ИМА, Љопон дорои даҳҳо хазор ширкатҳои хурди соҳибкорӣ мебошанд, ки ба корхонаи мошинсозӣ қисмҳои эҳтиётӣ ва таркибҳои номураккабро таъмин мекунанд.Бартариятҳои асосии соњибкории хурду миёна:Қобилияти рақобатӣ ва демократӣ пайдо кардани истеҳсолот,Бавуҷуд овардани миқдори зиёди ҷойҳои нави корӣ,Имконияти зуд дарк кардани тағйирёбии талаботи бозор,Васеъ истифода кардани захираҳои ашёи маҳалӣ,Барои сермаҳсул гардонии меҳнат шароитҳои мусоид фароҳам овардан,Эҳё кардани истеҳсолоти ёрирасон ва ҳунарҳои халқӣ,Мусоидат кардан ба пешрафти иқтисодӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистони моии шаҳрҳои хурд ва марказҳои хурди истиқоматӣ. Дар марҳилаи аввали ташкилёбии корхонаҳои хурд, ки ба суръати зиёд афзоиш ёфтанд, иқтисодчиён натиҷаҳои назаррасро умедвор буданд, ки ин падида ба инкишофи ҳамаҷонибаи рақобат, афзоиши имкониятҳои содиротӣ ва ғанӣ гардонидани бозор ба молу хадамот меоварад.Тақвияти ислоҳоти иқтисодӣ ва болоравии иқтисодиёти бозоргонӣ барои ташаккули муҳити рақобатнок бо роҳи инкишофи донишкадаҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароит барои инкишофи соҳибкории хурд таъсири мусбӣ расонида истодааст. Ноустувории низоми иқтисодии имрӯза дар Тоҷикистон бо нокифоягии инкишофи бахши соҳибкории хурду миёна, ки заминаи устувори иқтисодиётро дар бар мегирад, вобастагии калон дорад.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 11 (92) том 3


Ссылка для цитирования:

Саидова Ҳ.М., Шарипова З.Т. НАҚШ, АҲАМИЯТ ВА ЗАМИНАҲОИ ИҚТИСОДӢ - ИҶТИМОИИ ПАЙДОИШИ СОЊИБКОРЇ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН // Журнал «Вестник науки» от 16 ноября 2025 г. № 11 (92) том 3. С. 17 - 23. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/26458 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/26458



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2025.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.