НАЗАРЕ БА ХУСУСИЯТҲОИ ЛИНГВОФАРҲАНГИИ НОМГӮЙИ РАНГҲОИ АБРЕШИМ ДАР ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА ЧИНӢ
Аннотация: Дар мақола зикр гардидааст, ки забон аз калима ва таркибҳои зиёде ташаккул ёфта, ҳар яке аз онҳо барои бойу ғанӣ гардонидани таркиби луғавии он нақши беҳамтоеро бозида метавонанд. Муаллиф мавриди муқоиса қарор додани номгӯйи рангҳои абрешимро номгӯйи рангҳоро дар забонҳои тоҷикӣ ва чинӣ дар он мебинад, ки маҳз дар ин ду кишвар бештар абрешими тоза истеҳсол менамоянд ва барои онро ороиш додан аз рангҳо истифода менамоянд. Дар номгӯйи рангҳо бештар хусусиятҳои лингвофарҳангӣ ба мушоҳида мерасанд.
Ключевые слова: забони чинӣ, забони тоҷикӣ, лаҳҷа, шева, ранг, лингвокултурология, Чин, Тоҷикистон, абрешим, номгӯйи рангҳо, хусусият, муқоиса.
Забон аз калима ва таркибҳои зиёде ташаккул ёфта, ҳар яке аз онҳо барои бойу ғанӣ гардонидани таркиби луғавии он нақши беҳамтоеро бозида метавонанд. Махсусан, калимаву истилоҳоти ифодакунандаи номгӯйи рангҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва чинӣ нақши беҳамто дорад. Чаро мо, маҳз, номгӯйи рангҳоро дар забонҳои тоҷикӣ ва чинӣ мавриди муқоиса қарор додем. Сабабаш пеш аз ҳама дар он аст, ки , маҳз, дар ин ду кишвар бештар абрешими тоза истеҳсол менамоянд ва барои онро ороиш додан аз рангҳо истифода менамоянд.
Аз шарофати тиҷорати абрешим дар биёбону даштҳои беобу гиёҳ қофилаю корвонҳо пайваста рафтуо дошт, дар сари шоҳроҳу чорсуҳо корвонсарою манораҳои мудофиавӣ, марказҳои тиҷоратӣ ва шаҳракҳо қомат меафрохтанд [18, с. 93]. Рангҳоро мардуми тоҷик на танҳо дар коркарди абрешим истифода мебурданд, инчунин, дар коркарди пахта низ истифода менамуданд. Дар айни замон ин кор, яъне рангрезӣ тавассути технология ба сомон расонида мешавад, ки ин падида дар сарчашмаҳои таърихӣ низ ёдрас гардидааст, аз қабили:"Коркарди пахтаро мегирем. Бо коркарди пахта дар мамлакоти мо соҳибкорони Италия ва Куриёи Ҷануби машғуланд [16, с. 51].
Рангҳо дар тасвирии забонии ҷаҳони қавмҳои тоҷикон ва чиниҳо мавқеи муайянро бозида, номгузории онҳо низ ба фарҳангу тамаддун ва таърии ин қавмҳо иртиботи ногусастанӣ доранд. Аслан, калимаи ранг чунон ҳам дар зеҳни мардуми тоҷик нишастааст, ки тавассути он калимаҳои ранга, рангабаранга, ранг ба ранг, рангбаст, рангдиҳӣ, рангдор, рангзан, рагзанӣ, рангзард, рангин, рангинкамон, рангкада, рангкардагӣ, рангкунӣ, рангомез, рангомезӣ, рангоранг, рангорангӣ, рангпар, рангпарида, рангрез, рангрезхона, рангрезӣ, рангубор ва ғайра пайдо шудаанд [6, с. 200]. Маҳз, дар номгузории рангҳо тасвири забонии ҷаҳони қавмҳо инъикос меёбанд. Ин аст, ки дар забони тоҷикӣ ар қиёс бо забони чинӣ ибораҳои халқии зерин тавассути вожаи "ранг" ба зуҳур омадаанд.
Аз қабили: ранг баромадан - баъд аз шустушӯ тоза ва озода шудан, ранги рӯй гагштан- ранг зард шудан, ранги рӯяша хӯрдан- хароб ва лоғар шудан, рангу рӯй ба ҷояш- нағз ва солим, ранга гирондан- хаставу лоғар ва хароб шудан, ранга канондан (ба – ғазаб омадан ранг- ранг тофтан- ҷило додан, ялақос задани чизе [11, с. 261]. Суоле ба миён мояд, ки чаро дар айни замон ҳамаи ҳунарҳои мардумӣ, аз он ҷумла, абриешимресиву, рангрезӣ аз нав эҳё гардида истодаанд. Ҷавоби ин суолро аз сатрҳои зерин пайдо намудан мумкин аст: "Дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ бояд халқу миллатҳо симои маънавии миллӣ аз ҷумла арзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонад. Ин тақозои ҳаёт ва вазифаи муқаддаси ҳар як миллати огоҳу соҳибфарҳанг мебошад. Чуноне ки гуфтем дар таъриху тамаддуни башарӣ бисёр халқҳо ва қамҳои гуногун бинобар нигоҳ дошта натавонистани асолати худ ба халқҳову миллатҳои бузург ва тавонотар омехта, ҳастии забониву фарҳангии худро гум карда, оқибат аз байн рафтаанд" [17, с. 35].
Рангҳо дарр номгузории на танщо маводщои абрешимин, инчунин, бисёр ашёҳо нақши беҳамторо бозида, барои ифодаи хусусиятҳои инҳо хизмат менамоянд. Ба назар чунин менамояд, ки дар забони тоҷикӣ номгӯйи ҳафт ранг вуҷуд дорад, ки тавассути онҳо риштаҳои абрешимин оро дода шуда, аз забони тоҷикӣ ба забони чинӣ бемонеа тарҷума мешаванд,а з қабили сафед-白色的 (Báisè de), сиёҳ-黑色的 (Hēisè de), сурх- 红色的 (Hóngsè de), зард-黄色的 (Huángsè de), сабз -绿色的 (Lǜsè de), кабуд-蓝色的 (Lán sè de) ва ғайра. Ҳангоми омӯхтани номҳои рангҳои чинӣ, ба назар гирифтани оҳангҳо муҳим аст. Забони чинӣ забони оҳангӣ аст ва талаффузи як ҳиҷо бо оҳангҳои гуногун метавонад маънои онро комилан тағйир диҳад. Масалан, вожаи 红 (hóng) - сурх бо оҳанги нодуруст метавонад ҳамчун калимаи, комилан, дигар қабул карда шавад. 红 (hóng) дар тони якум (gōng) талаффуз шуда, маънояш дар забони чинӣ "сӯзанӣ" ё "гулдӯзӣ" мебошад [19].
Аз ин лиҳоз лозим донистем, номгӯйи рангҳое, ки тавассути онҳо абрешим ранг карда мешавад, ҳамчун намуна орем: Дарки аҳаммияти фарҳангии рангҳо дар Чин на танҳо барои омӯхтани забон, балки барои муоширати самаранок бо соҳибони забон низ калиди муҳим аст. Рангҳо дар фарҳанги Чин бо маъноҳои рамзӣ шинохта шудаанд, ки дар тули ҳазорсолаҳои таърих таҳаввул ёфтаанд. Дар ин маврид лозим донистем ба маъноҳои асосии муҳимтарини рангҳо назар андозем, аз қабили:红 (hóng) - сурх: рамзи хушбахтӣ, бахти нек, шодӣ ва шукуфоӣ аст. Ин ранге, ки хушбахтӣ меорад.
Дар фарҳанги Чин ин ранг дар рӯзҳои ид, махсусан, соли нави чинӣ ва туйҳо васеъ истифода мешавад.黄 (huáng) - зард: таърихан бо қудрати императорӣ алоқаманд буда, танҳо император метавонист либоси зард пӯшад. Акнун он рамзи сарват, қудрат ва маркази коинот аст. 蓝 (lán) - кабуд: бо бефаноӣ ва маънавиёт алоқаманд аст. Инчунин, баҳорро дар тақвими анъанавии чинӣ ифода мекунад.绿 (lǜ) - сабз: рамзи ҳамоҳангӣ, рушд ва саломатӣ буда, дар баъзе мавридҳо, он метавонад маънои манфӣ дошта бошад, масалан: "绿帽子" - "кулоҳи сабз" рамзи хиёнати ҳамсар аст, ки маҳз, ин хусусияташ бештар хусусияти лингвофарҳангиро зоҳир менамояд.白 (bái) - сафед: бар хилофи ҷаҳони Ғарб, дар Чин ин ранг бо мотам алоқаманд аст ва дар маросимҳои дафн истифода мешавад. Аммо, дар Чини муосир, таҳти таъсири фарҳанги Ғарб, ранги сафед, инчунин, бо покӣ ва бегуноҳӣ робита пайдо кардааст.黑 (hēi) - сиёҳ: рамзи торикӣ аст ва аксар вақт маънои манфиро ифода менамояд, аммо дар тафаккури мардумони чинизабон ин ранг бо ростқавлӣ ва қувват низ алоқамандӣ дорад.
Дар забони тоҷикӣ низ рангҳо рамзи худро доранд. Масалан, парчами Тоҷикистон аз се ранг иборат буда, чунин рамзҳоро ифода менамоянд:Ранги сурх - рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва Истиқлол, ранги сафед - нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз - нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Хусусиятҳои лингвофарҳангӣ дар номгӯйи рангҳое, ки тавассути онҳо абрешим ранг карда мешавад, дар забони тоҷикӣ ва чинӣ дар вобастагӣ бо ҳодисае ё падидае ва чизе ба зуҳур омадаанд. Масалан, дар забони чинӣ ранги 血红色(Xiě hóngsè) дар вобастагӣ бо сурхии хун пайдо шудааст.
Аз таҳлилҳои боло бармеояд, ки ранги сурх на танҳо дар тафаккури мардуми Чин нақши беҳамто дорад, инчунин, дар тафаккури милллии мардуми мо низ нақши муайянро мебозидааст. Ва ҳатто дар гузашта номи катибаро "Катибаи Сурхкӯтал" гузоштаанд, Дар китоби "Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориё то Сомониён" чунин оварда шудааст:" Катибаи Сурхкӯтал, ки аслан аз 25 сатр иборат аст,бо алифбои юнонии дар замони дар замони кӯшониён маъмул, валеяке аз забонҳоишарқиэронии барои илм камошно сабт шудааст [18, с. 111]. Дар забони тоҷикӣ ибораи "ранги кавол" вуҷуд дорад, ки онро бештар дар ифодаи маънои "ранги зарди баланд" истифода мебаранд.
Ба пайдоиши номи ин ранг, ки тавассути он абрешим ранг карда мешавад ва матоъи гулбастро ранг менамоянд, назар афканда, чунин маълумотҳоро пайдо намудем. Аз рӯйи андешаҳои бархе аз забоншиносон дар солҳои 1952-1953 дар шаҳри Кӯлоб намояндагони на чандон калони гурӯҳҳои этникие пайдо шудааанд. Мардуми Кӯлоб эҳсос намуданд, ки онҳо намояндагони забони дигар мебошанд, зеро ҳангоми муошират бо якдигар забони махсусеро истифода менамуданд, ки барои аҳолии тоҷикзабон ва узбекзабон нофаҳмо буд. Ин гурӯҳҳои этникӣ дар минтақаи Кулоб ба касбу корҳои гуногун машғул шуда, бо мардуми маҳаллӣ унс гирифтанд.
Миёни мардуми Кӯлоб бо номи каволӣ маъмул гаштаанд. Аз рӯйи мушоҳидаҳои донишманди рус И. Оранский соли 1956 дар водии Ҳисор як гурӯҳи этнографӣ аз Афғонистон омада, маскан гирифта, дар байни мардуми Ҳисор бо номи «афғонҳои марҷонфурӯш» маъмул гардидаанд. Гарчанде, дар аввал оид ба баромади ин гурӯҳи этникӣ ягон маълумоти муфассал пайдо карда наметавониста бошанд ҳам, аммо баъзе тахминҳое мавҷуданд, ки гӯё «афғонҳои марҷонфурӯш»-и ҳисорӣ ва «кавол»-и кӯлобӣ ду шохаи як гурӯҳи этникӣ ё як забон маҳсуб меёбанд.
Албатта, аз рӯйи мушоҳидаҳое, ки намудем, гурӯҳҳои этникии «кавол» боз дар водии Ҳисор бо номҳои «афғонҳои рангфурӯш», «афғонҳои носфурӯш», «афғонҳои рӯймолфурӯш», «афғонҳои чарчинфурӯш», «афғонҳои марҷонфурӯш» ва айни замон бошад, бо номи «афғонҳои мӯйисарфурӯш» ва дар нутқи ҷавонон бо номи «афғонҳои бойчик» маъмуланд [2, с. 73]. Аз сабаби он ки ин гурҳи этникӣ номи каволро доштанд, аз ин лиҳоз Номи ранги зарде, ки онҳо истеҳсол менамуданд низ номи каволро гирифтааст.Вобаста ба пайдоиши рангҳое, ки тавассути онҳо абрешим ранг карда мешавад мо онҳоро тавонистем ба гурӯҳҳои зерин ҷудо намоем:а) номгӯйи рангҳои абрешиме, ки дар иртибот бо гулу растаниҳо пайдо шудаанд: кирмизӣ, норинҷӣ, зарди заъфарон, сабзи пистагӣ, сабзи алафӣ, гулобӣ, бунафш, қаҳваранг ва ғайра.Аз ин рангҳои овардашуда дар забони чинӣ бештар ранги 橙(chéng)- норинҷӣ пазируфта буда, дар гузашта занҳо абрешимро бо ин ранг ранг мекарданд. Ин ранг дар тафаккури миллии мардуми тоҷик ифодагари рамзи гармӣ ва хурсандӣ мебошад. Инчунин, ин ранги дар иртибот бо ғуруби офтоб пайдо шуда, намудҳои мандаринӣ- 橘黄 (júhuáng) ва норанҷии сиёча-深橙 (shēnchéng)- ро низ доро мебошад.Калимаи қирмизӣ дар забони тоҷикӣ таърихи пайдоиши хеле куҳан дошта, дар осори пурғановати ниёгонамон низ ба мушоҳида мерасад:Дорам талабе зи ёри ҷонӣ ду - се кафш,Не зард бувад, на қирмизиву на бунафш.
Не чарм, на сахтиён на мешӣ бошад, Не куба ба ӯ расида бошад, на дарафш [9, с. 421]. Ибораи зарди заъфарон, ки тавассути ин ранг бештар занҳои тоҷик абрешимро ранг менамоянд, аз ду ҷузъ зард ва заъфарон ташаккул ёфтааст. Қисми дуюми ин вожа калимаи иқтибосии арабӣ буда, бештар хусусияти лаҳҷавиро ба худ касб намудааст. Инчунин, дар ин бахш мо бо калимаи" ќизилќиёќ"- (гиёҳе, ки аз он хаси сурх ҳосил мекунанд) рӯ ба рӯ шудем, муҳаққиқ Г.З. Абдуллоева ин вожаро диалектизми лексикӣ меҳисобад [1, с. 30].Роҷеъ ба ин гиёҳ муҳаққиқон андешаҳои худро ба таври зайл баён гамудаанд: "То Инқилоби Бухоро рангрезҳо аз нил, гиёҳи рӯян, испаноқро истифода менамуданд.
Нил барои ҳосил ранги кабуди баланд, кабуди сиёҳтоб истифода мешуд. Дар бозорҳои Бухоро як пуд нил 192 сум арзиш дошт. Нилро бештар ба Қаратоғ туркманҳо аз соҳили Амударё меоварданд. Баъди ҳамроҳ шудани Тоҷикистон бо Россия аз Самарқанд рангҳои қуттигӣ меоварданд.
Дар рӯйи қуттӣ 7-калла навишта шуда буд, ки ҳар каллаи он ба дую ним килло баробар буд. Рӯян ранги садбаргӣ ё ҷигарии баланд аст, ки ки онро аз гиёщи рӯян истҳсол менамуданд [4, с. 70].б) номгӯйи рангҳои абрешиме, ки дар иртибот бо сангҳо ва металҳо пайдо шудаанд: ақиқӣ, фирӯза, зарди тиллоранг, нуқраранг, занги зангор ва ғайра. Тавассути вожаи занг дар забони тоҷикӣ ибораи "занги дил шустан", ки ба маънои "ғами дилро баровардан, хушҳолӣ кардан" мавриди истифода қарор дорад [5, с. 145].Ибораи "алочаи ақиқӣ", ки аз абрешими тоза омода мешавад ба маънои "алочаи сурх"-ро дода метавонад. Дар луғат вожаи "ақиқ"ҳамчун як навъ санги қиматбаҳо, ки сурхранг ва зарди нораҷӣ аст, ақиқ шинондан ба чизе, бо ақиқ зиннат додан, маҷозан сурхранг, сурх, дабони ақиқ, лабони сурҳ, ақиқи Яман ( яманӣ) ақиқи сурхи машҳуре, ки аз Яман меоранд, ҷоми ақиқ киноя аз қадаҳи пур аз шароби сурх тафсир шудааст [10, с. 52].Номи илмии ақиқ дар сарчашмаҳо ҳамчун "сердолик" ишора шуда, он аз номи шаҳри Сардисӣ гирифта шудааст, ин шаҳр дар Оисиёи Хурди қадим мавҷуд будааст.
Рангҳои зард, сурх норанҷӣ моҳтобӣ сабз кабудча қавҳаранг ин санг мавҷуд аст [4, с. 32].Дар гузашта миёни мардуми ибораи " зарди тиллоранг" маъмул набуд, зеро дар гузашта дар сарзамине, ки мардуми мо истиқомат менамуданд он қадар тилло вуҷуд надошт. Роҷеъ ба ин масъала муҳаққиқон чунин нигоштаанд: "Сарфи назар аз он ки бостоншиносон водии Зарфшонро яке аз марказҳои қадимии маъданҳои қимматюбаҳо (тиллову нуқра шуморидаанд, бозёфтҳо аз тиллову нуқра сохташудаи Саразм начандон бисёр буданд [15, с. 31]. Тавассути вожаи тилло /зар дар забони тоҷикӣ на танҳо номи ранг, балки бисёр калимаҳо ташаккул ёфтаанд Масалан, вожаи зарбоф / зарбафт дар осори марҳилаҳои инкишофи забони класикии русӣ дар шакли зарбафъ, зарбавъ, зарбав, изарбавъ, изарбафъ, изарбат ба маънои либос болопӯш, либоси нисбатан ғафстари ба зар орошуда дучор меояд [13, с. 66]. Гарчанде тасвири забонии мардуми тоҷик ва чинизабон гуногун буда, онҳо аз рӯйи сохтори морфологӣ низ дигар бошанд ҳам, вале умумият дар баъзе мавридҳо ба мушоҳида мерасанд.
Масалан, дар забони чинӣ вожаи тиллоранг дар шакли 金黄 (jīnhuáng) вуҷуд дорад, ки ба мисли тоҷикӣ нисбат ба тилло ба зуҳур омадааст [20].Ҳангоми рангрезии бирешим, инчунин мо бо ибораи "ранги фирӯза" рӯ ба рӯ мешавем. Ин ранг низ дар иртибот бо санги қимматбаҳои "фирӯза" ба зуҳур омадааст. Роқеъ ба пайдоиши ин ранг муҳаққиқон чунин овардаанд: "Пирӯза/Фирӯза яке аз сангҳои қимматбаҳои ороишӣ мебошад, чандин садсола пеш ба забонҳои славянӣ махсусан ба забони русӣ роҳ ёфтааст. Дар навиштаҳои асрҳои 16 ва 17 дар ин забон дар шакли baruza/бирюза ба кор рафтааст.
Дар ин забон бештар дар шакли бирёза мустаъмал будааст, ки дар забони имрӯзаи русӣ ин вожа ба дигар маъно истифода мешаввад [7, с.162].Мувофиқи маълумоти М. Фасмер ин вожа аз забони авестоӣ (paittiraökah) ба забони форсӣ (piröse) гузашта, тариқи забони туркӣ( piruzä) , ба забони русӣ вом гардидааст [12, с. 168].Ранги сафед ранги дӯстоштаи мардуми тоҷик аст. Аз ин лиҳоз бофандагони тоҷик бештар бирешуми рангаш сафедро ҳангоми бофтани матоъҳои абрешимӣ истифода менамуданд. Аз гузашта ранги сафед дар тафаккури миллии тоҷик ҳамчун чизи муқадас нақш бастааст, ки навиштаҷот дар сарчашмаҳои таърихӣ аз ин гувоҳӣ медиҳанд, аз қабили: "Аз қазои тақдир зимоми садорати пойтахти Хусрави Парвиз, ки ба йавли Табарӣ, дар қасраш дувоздаҳ ҳазор канизаку ромишгар, панҷоҳ ҳазор аспу астари хосса, дувоздаҳ ҳазор уштури сапед ва ганҷу зару сарвати беҳисоб дошт гардидааст" [3, с.624]. Ҳамин тариқ ҳангоми таҳлили мавод собит намудем, ки номгӯйи рангҳои абрешим дар забонҳои тоҷикӣ ва чинӣ хусусиятҳои хоси лингвофарҳангиро доро буда, дар онҳо ҳам умумият ба мушоҳида мерасанд ва ҳам фарқият.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 11 (92) том 4
Ссылка для цитирования:
НАЗАРЕ БА ХУСУСИЯТҲОИ ЛИНГВОФАРҲАНГИИ НОМГӮЙИ РАНГҲОИ АБРЕШИМ ДАР ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА ЧИНӢ // Журнал «Вестник науки» от 23 ноября 2025 г. № 11 (92) том 4. С. 701 - 711. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/26713 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/26713
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
