АЗ ТАЪРИХИ ОМӮЗИШИ ВОЖАВУ ИСТИЛОҲОТИ МАЪДАНШИНОСӢ ДАР ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Аннотация: Маълум аст, ки одамон бо бисёр канданиҳои фоиданок ҳанӯз дар замони пеш шинос шуда буданд. Бо мурури замон ин бахши илм рушд кард ва вожаву истилоҳоти зиёде барои ифодаи мафҳумҳои минерологӣ рӯйи кор омаданд. Илова бар ин, маъданҳо, ҷавоҳирот ва сангҳои гаронбаҳо ба фарҳанги мардум низ роҳ ёфт, ки ин таваҷҷуҳи бисёре аз бахшҳои илмро ба худ ҷалб кард. Илми забоншиносӣ ва қисмати истилоҳшиносӣ аз ин қатор истисно нест. Дар мақолаи мазкур муаллиф кӯшиш намудааст, ки пажуҳишҳои дар самти истилоҳшиносӣ, махсусан вожаву истилоҳоти маъданшиносӣ, ки дар забони тоҷикӣ анҷом ёфтаанд, номбар намуда, дар баробари ин вижагиҳои онҳоро нишон диҳад. Дар таҳқиқҳое, ки дар ин самт ба анҷом расидаанд, аз ҷониби муаллифи мақола то қадри имкон аз нигоҳи илмӣ баҳогузорӣ шудааст. Ин мақола даромаде ҳаст, барои омӯзиши вожаву истилоҳоти маъданшиносӣ дар забони тоҷикӣ.
Ключевые слова: таърихи омӯзиш, истилоҳот, минерология, таҳқиқот, хусусият, омӯзиши минбаъда, забони тоҷикӣ.
Маъданшиносӣ яке аз бахшҳои вижаи соҳаи коркард ва тавлиди саноати коргоҳу корхонаҳо ба ҳисоб меравад. Истилоҳи минерология ё "минералӣ" аз калимаи қадимии лотинии "minera" – маъдан, сангшуда мебошад. Аз номи истилоҳи соҳа маълум мешавад, ки фаҳмиши ин бахш ба коркард ва дастёбӣ ба конҳо ва канданиҳои кӯҳиро далолат мекунад. Вожаву истилоҳоти маъданшиносӣ собит месозанд, ки ҳанӯз дар давраҳои қадим мардуми мо ба фарҳангу ҳунар ва маданияти коркарди маъдану филизот ба таври суфтаву сайқалдиҳӣ ошно будаанд ва коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ ва ихтисосҳое чун заргар, маъданшинос маъмул будаанд.
Муҳаққиқи таърихи забони тоҷикӣ С. Ҳалимов дар китоби "Таърихи забони адабии тоҷик" аз хусуси аҳаммияти илмӣ, адабӣ, ҷуғрофӣ ва забонии "Ҳудуд-ул-олам" маълумот дода, таъкид менамояд, ки "Дар ин китоб мо номи бисёр филизу маъданҳо мис, сурб, мағнотис, зар, сим, оҳан, зог (зок), симоб, арзиз, номи бисёр сангҳои гаронбаҳо, лоҷувард, санги сурма, санги фасон, пирӯза зумуррад, забарҷад, ҷароғсанг ва ғайраҳоро дучор мекунем" [19, с. 27]. Ба ғайр аз ин, дар китобҳои илмиву бадеии классикӣ дар бораи маъдан ва сангҳои қиматбаҳо ишораву маълумоти зиёдеро вохӯрдан мумкин аст. Масалан, дар бораи маъдани буссад дар "Аҷоибнома"-и Аҳмади Тӯсӣ маълумоти ҷолиби диққат оварда шудааст. Муаллиф аз ҷилову макони пайдоиш, хусусияти табобатӣ ва рангҳои гуногуни он хабар медиҳад: "Буссад аз чанд навъ бувад: сурх ва сиёҳ ва сапед.
Ба табъ сард аст ва қобиз. Бисоянд ва ба ҷароҳатҳо кунанд хун бозбандад ва дар чашм кашанд, тақвият диҳад. Ва агар дар шароб кунанд, дилро қувват диҳад ва равшан кунад. Дар қаъри дарё рӯяд: чун дарахти сапед бувад ба дом онро бикашанд ва баркашанд.
Чун бод ва ҳаво ба вай расад, сурх гардад ва мутаҳаҷҷар шавад (ба санг табдил ёбад). Ва баробар ба зар фурӯшанд. Искандар гӯяд, ҳар кӣ буссадро бо худ дорад, ниқрис (дарди бандҳои усутухони дасту пой)-ро бибарад ва саръро сокин кунад [7, с. 139].Дар рӯзгори Сосониён низ навъҳои гуногуни сиккаҳо мавҷуд буданд, ки онҳо ғолибан аз филиззот ва маъданҳои қиматбаҳо сохта мешуданд ва аксари онҳо мансуб ба шоҳони ин хонадон буданд. Шарҳи вожаи сикка низ дар фарҳангҳо пули зарбшудаи филизӣ, сикка задан филиззотро ба шакли пул даровардан, пул баровардан ва монанди инҳо маънидод шудааст [18, с. 243].
Дар асри X истеҳсоли маъдан дар ҳудуди Осиёи Миёна хеле равнақ ёфта буд. Аз ҷумла, дар Фарғона оҳан, қалъагӣ, нуқра, симоб, мис, сурб ва, инчунин мум, санг, пахта, фирӯза, навшодир ва ғ. истеҳсол мекарданд, аз Қармазор, аз қарибии Хуҷанд нуқраи зиёде мегирифтанд ва ин кон бо номи Кӯҳи сим машҳур аст [5, с. 467]. Аз ин лиҳоз, рушди калимаву истилоҳоти маъданшиносӣ дар забон бо сабабу омилҳои воқеӣ рушд намуд. Илова бар ин, дар садаи мазкур истеҳсолу истихроҷи дигар навъи маъданҳои кӯҳӣ, ҷавоҳирот ва сангҳои қиматбаҳо низ дар ноҳияҳои болооби Зарафшон маркази истеҳсоли оҳан, тилло, нуқра, зок ва Дарвозу Шуғнону Бадахшон маркази истеҳсоли тилло, нуқра, лаъл, лоҷувард дониста мешуд [5, с. 467].Яке аз аввалин донишмандоне, ки доир ба истилоҳоти маъданшиносӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст, Абураёҳони Берунӣ мебошад.
Вай дар китоби маъруфи худ, ки аз забони арабӣ ба забони русӣ тарҷума шуда, дастараси хонандагони тоҷик гардидааст, бисёр хосиятҳои химиявӣ, физикӣ ва ҷанбаъҳои этникиву фарҳангии маъданҳоро шарҳу тафсир додааст [2]. Масалан, ӯ ҳангоми ба забони арабӣ овардани муродифоти вожаи марҷон чунин маълумоти забонӣ додааст:: луълуа, дурра, марҷана, нутфа, тума туамийа, латимийа, садафийа, саффана, ҷумана, ванийа, ҳайҷмана, харида, хӯса, саъсаъа ва хасл. Ва ранги онро аз рӯйи тозагӣ ва софӣ ба қатраи об монанд кардааст [2, с. 129].Бояд таъкид кард, ки доир ба омӯзиши вожагони ифодакунандаи минерология, ҷавоҳирот ва сангҳои қиматбаҳо корҳои арзишманде ба субот расидаанд. Заргарӣ, ки сарчашмааш маъданҳо мебошад, бахши дигари таҳқиқёфта дар забони тоҷикӣ дар солҳои охир ба шумор меравад.
Онро забоншиноси тоҷик Маҳмудов М. ба риштаи таҳқиқ кашидаанд [6].Маъданҳо ва вожаву истилоҳоти марбут ба онҳо дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ низ хеле инкишоф ёфтаанд. Муҳаққиқи тоҷик Розиқов Б. вожагони коркарди тилло ва нуқраро дар гӯйишҳои Хуҷанд ва Уротеппа таҳқиқ намудааст. Маводи фаровони рисолаи мазкур баёнгари он аст, ки вожаҳои соҳавӣ вобаста ба минтақаҳои рушди онҳо тафовут доштааст [11].Тибқи маълумоти сарчашмаҳо ба ин кор ҳунармандону заргарон низ таваҷҷӯҳ зоҳир намудаанд. Онҳо мувофиқи табъ ва завқи худ номи ин гурӯҳи калимаҳоро дар китоб ё баёзашон оварда, таркиби онҳоро шарҳ медодаанд.
Масалан, заргаре бо номи Низомии Хуросонӣ дар асри XII ёддошти маъданшиносии худро зери унвони "Ҷавоҳирнома" навиштааст, ки дар бораи якчанд сангҳои оройишии гаронбаҳо ва филиззот маълумот медиҳад [4, с. 14].Дар забони тоҷикӣ миқдори калимаву истилоҳоти соҳаи маъданшиносӣ зиёд аст. Бинобар ин, олимон ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудаанд. Ҷолибияти ин масъала боз дар он аст, ки ба ин кор олимони соҳаҳои минерология, химия, забоншиносӣ мароқ зоҳир намудаанд. Маслан, донишманди тоҷик, кимёшинос Рауф Баротов дар китоби арзишманди худ "Сангҳои гаронбаҳо ва оройишии Тоҷикистон" доир ба чанд минерали кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо аз нигоҳи химиявӣ ва забоншиносӣ маълумоти муфид додааст. Маълумотҳои овардаи ин донишманд ҷанбаъҳои этнографӣ ва лингвокултурологӣ низ доранд.
Яке аз таҳқиқоте, ки доир ба истилоҳоти маъданшиносӣ қисман маълумот медиҳад, монографияи Бобомуродова Маҳбуба Умриевна мебошад. Ин таҳқиқ "Пажуҳиши (таҳқиқи) этнолингвистии вожагони оройишии занон" ном дошта, доир ба баъзе минералҳо, аз қабили фирӯза, ақиқ, марҷон ва дигар унсурҳои ороишие, ки бо канданиҳои фоиданок рабт доранд, оварда шуда, аз нигоҳи этнолингвистӣ шарҳу тафсир ёфтааст [3].Ба ғайр аз ин монография муаллифи мазкур чанд мақолаи дигар доир ба вижагиҳои сангҳои қиматбаҳо ба нашр расонидааст, ки дар онҳо сухан дар бораи истилоҳоти минерологӣ низ меравад. Боби якуми диссертатсия ҷанбаи назариявӣ дошта, масъалаи омӯзиш ва пажӯҳиши истилоҳот дар забоншиносии муосир дарҷ шудааст. ҳамзамон, дар навбати худ, муаллиф бо истинод ба сарчашмаҳо андешаҳои донишмандонро дар бораи истилоҳот ва нақши онҳо дар забон таъйид менамояд. Андешаҳои донишмандони русу аврупо низ аз назари муҳаққиқ дур намондааст.
Боби дуюми диссертатсияи мазкур ба ҷанбаъҳои сохтории истилоҳот ва мафҳумҳои минерологӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ тааллуқ дорад. Муаллиф дар ин боб калимасозии морфологӣ, сохта шудани истилоҳот ба воситаи пешванд ва пасвандҳоро дар забонҳои муқоисашванда баррасӣ намудааст. Боби сеюми диссертатсия ба масъалаи маъношиносии истилоҳоти минерологӣ бахшида шуда, дар ин бахш омонимҳо, синонимҳо, антонимҳо, калимаҳои ҳамовоз ва дигар ҷанбаҳои вобаста ба маъно таҳқиқ гардидааст. Дар хулоса натиҷаҳои бадастовардаи муаллиф сабт ёфта, бо бандҳои мушаххас оварда шудаанд.Дигар аз пажуҳишҳое, ки дар хусуси истилоҳоти маъданшиносӣ ба анҷом расидааст, диссертатсияи номзадии Олимова Адолат Сафаралиевна мебошад, ки дар ҳаҷми 190 саҳифа интишор ёфтааст.
Ин диссертатсия "Структурно-семантический анализ минералогических терминов в таджикском и английском языках" унвон дошта, зери роҳбарии профессор Парвонахон Ҷамшедов дифоъ шудааст. Дар диссертатсияи мазкур шаклгирии вожаҳои маъданшиносӣ, сохтор, маъно ва мавридҳои корбурди онҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ мавриди пажуҳиш қарор гирифтааст. Муаллифи мазкур маҳсули заҳматҳои худро пештар аз оне, ки диссертатсияи номзадии хешро анҷом диҳад, фарҳанги соҳавии сезабонаро нашр намудааст [9]. Кимёшиноси тоҷик Тухтасунов О. натанҳо хусусиятҳои химиявӣ, балки хосиятҳои забонии онро низ дар мақолае пажуҳиш намудаанд, ки боиси тазаккур аст.
Дар мақола, ки "Таҳлили этимологии номи нуқра дар забонҳои гунгун" ном дорад, баромади вожаи нуқраро тайид намудааст [15].Таъкид кардан зарур аст, ки дар фарҳангҳои тафсириву тарҷумавӣ ва соҳавии забони тоҷикӣ дар бораи бисёр вожаву истилоҳоти маъданшиносӣ маълумот пайдо кардан мумкин аст. Барои мисол метавон аз фарҳанги Нуров П. ёдовар шуд [8].Аз муҳаққиқони хориҷие, ки доир ба вожаву истилоҳоти маъданшиносӣ дар забонҳои гуногун таҳқиқ анҷом додаанд, мавриди таъкид ва ёдоварист. Онҳоро аз рӯйи самти бахшҳои илм шартан ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст: 1. Муҳаққиқоне, ки вобаста ҳафриётҳо ва падидаҳои таърихиву фарҳангии маъданҳо ишораҳо кардаанд,2.
Муҳаққиқоне, ки хосиятҳои химиявӣ, физикӣ ва техникии маъданҳоро дар асоси нишондодҳои илмӣ пажуҳиш намудаанд,3. Донишмандоне, ки ба вожаву истилоҳоти маъданшиносӣ аз нигоҳи забони таваҷҷуҳ кардаанд.Бинобар маълумоти О. А. Сухарева марҷон дар маснуоти заргарӣ аз ибтидои асри XX сар карда, хеле шуҳрат пайдо кардааст.
Аз ҷумла вай дар хусуси аз навъи оройишии сари синаву гардан бо номи "Муҳрамарҷони ҳафтшаклдор" ёдовар шудааст, ки аз занҷирҳои нуқрагини ба ҳам пайваст сохта мешаванд [13, с. 64].Азбаски маъданшиносӣ як бахши пешрафтаи илми замони муосир ба шумор меравад, доир ба он китобҳои таълимиву методии зиёде рӯйи чоп омадаанд, ки бештарашон хусусиятҳои химиявии маъданҳоро бозгӯ менамоянд. Аммо шарҳи истилоҳоти соҳаи маъданшиносӣ истисно нест. Танҳо ба забони русӣ ва дар доираи илмии академии Русия шумораи онҳо аз 10 адад мегузарад. Олимони рус ба ин кор ҳанӯз аз асри XVIII шуруъ намудаанд.
Масалан, соли 1807 фарҳанги тафсирии маъданшиносӣ чоп шудааст [12].Эрон низ давлате ҳаст, ки ба илму фарҳанг таваҷҷуҳи беандоза дорад. Фарҳангҳои тафсирие, ки дар ин кишвар рӯйи чоп омадаанд, шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Ин аст, ки доир ҳунарҳои мардумие, ки дар ҷумҳурии ҳамзабони мо маълуманд, дар як китоб ҷамъ оварда шудаас, ки "Фарҳанги ҳунар" ном дорад. Азбаски маъданҳо, ҷавоҳирот ва сангҳои гароннарх ба фарҳанги мардум ҷойгоҳи хос доранд, дар китоби мазкур вожаву истилоҳоти соҳаи маъданшиносӣ фаровон дарҷ шудаанд [16].Ҳамин тавр, дар доираи як мақолаи илмӣ наметавон тамоми пажуҳишҳое, ки доир ба вожаву истилоҳоти маъданшиносӣ таҳқиқ шудаанд, фаро гирифт.
Вале он чизе мо дар боло номбар кардем, муште аз хилвор буда, омӯзишу пажӯҳиши вожаву истилоҳоти маъданшиносиро дар забони тоҷикӣ равшан менамояд.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 11 (92) том 4
Ссылка для цитирования:
АЗ ТАЪРИХИ ОМӮЗИШИ ВОЖАВУ ИСТИЛОҲОТИ МАЪДАНШИНОСӢ ДАР ЗАБОНИ ТОҶИКӢ // Журнал «Вестник науки» от 23 ноября 2025 г. № 11 (92) том 4. С. 712 - 719. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/26714 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/26714
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
