Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 25 января 2026 г.
  4. Научная статья № 56
Просмотры  30 просмотров

ҶАҲОНИШАВӢ ВА ХАТАРҲОИ ОН БА ТАРБИЯИ АХЛОҚИЮ МАЪНАВИИ ҶАВОНДУХТАРОН

Аннотация: дар шароити ҷаҳонишавии муосир, ки бо рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, густариши фазои медиавӣ ва ҳамгироии фарҳангҳо тавсиф меёбад, масъалаи ҳифзи арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа, бахусус дар миёни ҷавондухтарон, аҳамияти хоса пайдо мекунад. Мақолаи мазкур ба таҳлили назариявӣ ва иҷтимоӣ-фалсафии таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба раванди ташаккули ахлоқ ва маънавиёти ҷавондухтарон бахшида шудааст. Дар он моҳияти мафҳуми ҷаҳонишавӣ, самтҳои асосии таъсири он ба низоми арзишҳо, инчунин хатарҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ ва ахлоқӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ба масъалаҳои тағйирёбии меъёрҳои рафтор, заъифшавии арзишҳои суннатӣ, таъсири фарҳанги оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Ҳамзамон, нақши оила, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеа ва сиёсати давлатӣ дар пешгирии таъсири манфии ҷаҳонишавӣ ва таҳкими тарбияи ахлоқӣ-маънавии ҷавондухтарон таҳлил мегардад. Хулосаҳои тадқиқот метавонанд дар таҳияи барномаҳои тарбиявӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ истифода шаванд.

Ключевые слова: ҷаҳонишавӣ, тарбияи ахлоқӣ, тарбияи маънавӣ, ҷавондухтарон, арзишҳои миллӣ, фарҳанги оммавӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, худшиносии миллӣ, ахлоқи иҷтимоӣ, хатарҳои фарҳангӣ.

Дар нимаи дуюми асри XX ва ибтидои асри XXI раванди ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) ҳамчун яке аз падидаҳои мураккаб ва фарогири иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд омада, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири амиқ гузошт. Ҷаҳонишавӣ пеш аз ҳама бо густариши равобити байналмилалӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ, афзоиши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва интиқоли босуръати арзишҳо, ғояҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ заминаи асосӣ гузошт. Гуфтан мумкин аст, ки ин раванд на танҳо шакли нави робитаҳои ҷаҳониро ба вуҷуд овард, балки низоми арзишҳо ва ҷаҳонбинии инсонро низ тағйир дод. Яке аз самтҳои ҳассос ва осебпазири таъсири ҷаҳонишавӣ соҳаи тарбияи ахлоқӣ ва маънавии насли ҷавон ба шумор меравад. Дар ин миён, ҷавондухтарон ҳамчун гурӯҳи иҷтимоие, ки дар оянда нақши модар, тарбиятгар ва нигаҳбони арзишҳои маънавии ҷомеаро бар дӯш доранд, бештар зери таъсири ин раванд қарор мегиранд.

Ба таъкиди Э. Гидденс, ҷаҳонишавӣ «фосила ва замонро фишурда намуда, воқеаҳои маҳаллиро ба равандҳои ҷаҳонӣ вобаста месозад» [6, с. 64]. Ин вобастагӣ, махсусан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва фарҳанги оммавӣ, ба тағйири тасаввуроти ахлоқӣ ва рафтори иҷтимоии ҷавонон мусоидат мекунад. Дар шароити ҷомеаи тоҷик, ки дорои суннатҳои бойи ахлоқӣ, фарҳангӣ ва оилавӣ мебошад, масъалаи ҳифзи тарбияи маънавии ҷавондухтарон аҳаммияти хоса дорад.

Арзишҳое чун ҳаё, иффат, эҳтиром ба оила, масъулияти иҷтимоӣ ва худшиносии миллӣ дар фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи устувор доранд. Аммо таҳти таъсири ҷаҳонишавӣ, бахусус тавассути маҳсулоти фарҳанги оммавии хориҷӣ, ин арзишҳо ба чолиш рӯ ба рӯ мешаванд. Масъала боз ҳам мураккабтар мегардад, вақте ки васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба манбаи асосии ташаккули шуур ва рафтори ҷавонон табдил меёбанд. М.

Кастеллс ҷомеаи муосирро «ҷомеаи шабакавӣ» номида, таъкид мекунад, ки иттилоот имрӯз қудрати асосии таъсиррасон ба шахсият аст [10, с. 215]. Дар чунин муҳит, ҷавондухтарон бештар бо қолабҳои сунъии зебоӣ, тарзи ҳаёти ғайрианъанавӣ ва меъёрҳои ахлоқии бегона рӯ ба рӯ мешаванд, ки метавонад ба заиф гардидани худшиносии маънавӣ ва ахлоқии онҳо оварда расонад. Аз нигоҳи фалсафӣ ва иҷтимоӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ раванди ташаккули сифатҳои ботинии инсон, меъёрҳои рафтор ва ҷаҳонбинии ӯ мебошад. Э.

Дюркгейм ахлоқро ҳамчун падидаи иҷтимоӣ арзёбӣ намуда, таъкид мекунад, ки он «берун аз шахсият вуҷуд дошта, тавассути ҷомеа ва ниҳодҳои иҷтимоӣ ташаккул меёбад» [9, с. 72]. Аз ин рӯ, тағйирёбии муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки дар натиҷаи ҷаҳонишавӣ ба амал меояд, бевосита ба низоми ахлоқии шахсият, аз ҷумла ҷавондухтарон, таъсир мерасонад. Аз ин рӯ аҳаммияти омӯзиши ин масъала дар он зоҳир мегардад, ки ҷомеаи муосир ҳамзамон ниёз ба ҳамгироӣ бо ҷаҳон ва ҳифзи ҳувияти миллӣ дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ ва маънавӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа мебошад.

Ин нукта зарурати омӯзиши илмии хатарҳои ҷаҳонишавӣ ба тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавондухтаронро боз ҳам тақвият медиҳад. Бо ин мақсад дар мақола раванди тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавондухтарон дар ҷомеаи муосир, таъсири ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ ва ахлоқии он ба тарбияи ҷавондухтарон, таҳлили назариявӣ ва иҷтимоӣ-фалсафии ҷаҳонишавӣ ва муайян намудани хатарҳои он ба ташаккули ахлоқӣ ва маънавии ҷавондухтарон, инчунин пешниҳод намудани роҳҳои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва маънавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Бояд қайд кард, ки тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ яке аз самтҳои асосии ташаккули шахсият ба шумор рафта, дар тамоми марҳилаҳои рушди ҷомеа аҳаммияти калидӣ доштааст. Аз нигоҳи фалсафӣ, ахлоқ маҷмӯи меъёрҳо, арзишҳо ва қоидаҳои рафторест, ки муносибати инсонро бо ҷомеа, табиат ва худи ӯ муайян менамояд.

Маънавият бошад, ҷанбаи ботинии ахлоқ буда, ҷаҳонбинӣ, эътиқод, идеалҳо ва маънои зиндагии инсонро фаро мегирад. Ба ақидаи Э. Дюркгейм, ахлоқ «низоми меъёрҳои иҷтимоист, ки тавассути онҳо ҷомеа рафтори фардро танзим мекунад» [8, с. 68]. Дар ҷомеаи муосир тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ на танҳо ҳамчун раванди иҷтимоӣ, балки ҳамчун мушкили глобалӣ баррасӣ мегардад.

Ин ҳолат пеш аз ҳама бо тағйирёбии муҳити иҷтимоӣ, густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ ва таъсири қавии фарҳанги оммавӣ вобаста аст. Рушди маънавии инсон зинаи олии худтакмилёбӣ буда, бидуни ташаккули арзишҳои ахлоқӣ шахсият комил намегардад. Аз ин рӯ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ бояд ҳамчун раванди мураккаб ва бисёрсатҳавӣ фаҳмида шавад. Ҷавондухтарон ҳамчун гурӯҳи иҷтимоии махсус дар раванди тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ ҷойгоҳи хос доранд. Ин хусусият пеш аз ҳама бо нақши иҷтимоии онҳо ҳамчун модар, ҳамсар ва тарбиятгари насли оянда вобаста аст.

Дар фарҳанги анъанавии тоҷикӣ тарбияи ҷавондухтарон ҳамеша бо мафҳумҳои ҳаё, иффат, покдоманӣ, масъулият ва эҳтиром ба арзишҳои оилавӣ алоқаманд будааст. Муҳаққиқони тоҷик таъкид мекунанд, ки «ахлоқи зан дар фарҳанги миллӣ на танҳо хислати шахсӣ, балки арзиши ҷамъиятӣ мебошад» [14, с. 41]. Аммо дар шароити муосир, хусусан зери таъсири ҷаҳонишавӣ, мазмуни тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ тағйир меёбад. Ҷаҳонишавӣ бо худ арзишҳои нави фарҳангӣ меорад, ки на ҳамеша бо суннатҳои миллӣ мувофиқат мекунанд. З.

Бжезинский қайд мекунад, ки фарҳанги оммавии ҷаҳонӣ бештар ба истеъмолгароӣ, инфиродгароӣ ва озодии бидуни маҳдудият такя мекунад [5, с. 121]. Ин тамоюлҳо метавонанд ба заиф гардидани меъёрҳои ахлоқии анъанавӣ дар шуури ҷавонон, бахусус ҷавондухтарон, оварда расонанд. Аз нуқтаи назари педагогикаи иҷтимоӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавондухтарон бояд ба ташаккули ҳисси масъулият, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба фарҳанг ва арзишҳои умумибашарӣ равона гардад. Ҷ. Дьюи таъкид менамояд, ки тарбия танҳо интиқоли дониш нест, балки «раванди ташаккули шахсият дар заминаи арзишҳо ва таҷрибаи иҷтимоӣ мебошад» [7, с. 87].

Дар ин замина, тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ бояд ҷавондухтаронро ба зиндагии мустақилона ва масъулиятнок омода созад. Ҳамин тариқ, моҳияти тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавондухтарон дар шароити муосир аз як тараф ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва анъанавӣ ва аз ҷониби дигар ба мутобиқшавӣ ба воқеиятҳои ҷаҳонишавӣ нигаронда шудааст. Нодида гирифтани яке аз ин ҷанбаҳо метавонад ба буҳрони ахлоқӣ ва маънавӣ дар ҷомеа оварда расонад. Бояд гуфт, ки нақши оила, маориф ва муҳити иҷтимоӣ дар ташаккули ахлоқӣ ва маънавии ҷавондухтарон хеле муҳим мебошад. Оила ҳамчун ниҳоди ибтидоии иҷтимоӣ дар ташаккули ахлоқ ва маънавияти шахсият нақши асосӣ мебозад.

Маҳз дар муҳити оила аввалин меъёрҳои рафтор, муносибат ба дигарон ва арзишҳои ахлоқӣ ташаккул меёбанд. Оила «мактаби нахустини ахлоқ» буда, муҳити оилавӣ барои ҷавондухтарон бештар таъсири мерасонад, зеро онҳо бештар ба рафтори модар ва фазои маънавии хонадон такя мекунанд. Дар ҷомеаи анъанавии тоҷик, оила на танҳо воҳиди иҷтимоӣ, балки мактаби ахлоқ ва маънавият ба ҳисоб мерафт. Арзишҳое чун итоат ба калонсолон, эҳтиром ба падару модар, масъулият дар муносибатҳои иҷтимоӣ маҳз дар муҳити оила ташаккул меёфтанд.

Аммо дар шароити муосир, таҳти таъсири муҳоҷират, тағйирёбии сохтори оила ва таъсири васоити ахбори омма, нақши тарбиявии оила то андозае заиф гардидааст. Муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки «коҳиши назорати ахлоқии оила ба афзоиши таъсири муҳити беруна оварда мерасонад» [2, с. 93]. Маориф низ ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ дар ташаккули ахлоқӣ ва маънавии ҷавондухтарон нақши калидӣ дорад. Мактаб ва донишгоҳ на танҳо дониш медиҳанд, балки ҷаҳонбинӣ ва мавқеи ахлоқии шахсиятро шакл медиҳанд.

Ба ақидаи Ҷ. Дьюи, муассисаҳои таълимӣ бояд муҳите фароҳам оваранд, ки дар он арзишҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ амалӣ гарданд [7, с. 102]. Аммо дар амал, низоми маориф бештар ба ҷанбаҳои маърифатӣ тамаркуз намуда, масъалаҳои тарбияи ахлоқиро дар сатҳи дуюм қарор медиҳад. Муҳити иҷтимоӣ, аз ҷумла васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, имрӯз ба яке аз омилҳои асосии таъсиррасон ба шуур ва рафтори ҷавондухтарон табдил ёфтааст.

М. Кастеллс ҷомеаи муосирро «ҷомеаи иттилоотӣ» номида, қайд мекунад, ки иттилоот на танҳо дониш, балки арзишҳоро низ интиқол медиҳад [10, с. 219]. Дар чунин муҳит, ҷавондухтарон бештар бо моделҳои рафтори бегона рӯ ба рӯ мешаванд, ки на ҳамеша ба меъёрҳои ахлоқии миллӣ мувофиқанд. Илова бар ин, гурӯҳи ҳамсолон низ дар ташаккули ахлоқ ва маънавияти ҷавондухтарон таъсири назаррас дорад.

Агар муҳити иҷтимоӣ арзишҳои мусбатро тарғиб кунад, шахсият дар самти солим рушд меёбад. Аммо дар ҳолати баръакс, эҳтимоли ташаккули рафтори ғайриахлоқӣ зиёд мегардад. С. Ҳантингтон бар он назар аст, ки бархӯрди арзишҳо бештар дар сатҳи шуури ҷавонон зуҳур мекунад [18, с. 57]. Ҳамин тариқ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавондухтарон натиҷаи таъсири мутақобили оила, маориф ва муҳити иҷтимоӣ мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти ин ниҳодҳо зарурати аввалиндараҷа дорад, зеро танҳо дар ин сурат метавон аз хатарҳои ахлоқӣ ва маънавӣ пешгирӣ намуд.

Яке аз паёмадҳои баҳсбарангез ва ҳамзамон хатарноки ҷаҳонишавӣ таъсири он ба низоми арзишҳои фарҳангӣ ва ахлоқии ҷомеа мебошад. Ҷаҳонишавӣ, пеш аз ҳама, ба густариши фарҳанги оммавӣ мусоидат мекунад, ки хусусияти фаромиллӣ дошта, аксаран арзишҳои истеъмолгароӣ, инфиродгароӣ ва лаззатталабиро тарғиб менамояд. Ба андешаи Р. Робертсон, ҷаҳонишавӣ боиси «якнавохтшавии фарҳангҳо ва заиф гардидани ҳувиятҳои миллӣ» мегардад [1, с. 97]. Ин раванд махсусан ба шуури ҷавонон, бахусус ҷавондухтарон, таъсири амиқ мерасонад.

Дар фарҳанги анъанавии тоҷикӣ, ахлоқи зан ва ҷавондухтар ҳамеша бо мафҳумҳои ҳаё, иффат, покдоманӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва эҳтиром ба арзишҳои оилавӣ пайваст будаст. Ин арзишҳо на танҳо хислати инфиродӣ, балки пояи суботи иҷтимоӣ маҳсуб меёфтанд. Аммо дар шароити ҷаҳонишавӣ, таҳти таъсири фарҳанги оммавии хориҷӣ, меъёрҳои мазкур ба чолиш рӯ ба рӯ мешаванд. Яке аз хатарҳои асосии фарҳангӣ дар ин раванд коҳиши нақши анъана ва суннат дар тарбияи ҷавондухтарон мебошад. Ҷаҳонишавӣ арзишҳои универсалиро пешниҳод менамояд, аммо аксаран ин арзишҳо бе дарназардошти хусусиятҳои миллӣ ва фарҳангӣ паҳн мегарданд.

С. Ҳантингтон бар он назар аст, ки бархӯрди тамаддунҳо бештар дар сатҳи арзишҳои фарҳангӣ ва ахлоқӣ зоҳир мегардад [18, с. 63]. Дар натиҷа, ҷавондухтарон байни арзишҳои миллӣ ва арзишҳои воридотӣ қарор мегиранд, ки метавонад боиси буҳрони ҳувияти маънавӣ гардад. Мардуми тољик, дорои фарњанги бой ва арзишњои баланди ахлоќї мебошад ва имрўз ин фарњанги бойро аксари мардум, хусусан ҷавондухтарон пайравї намекунанд ва рӯ ба таќлиди фарњангу арзишњои дигар халќњо овардаанд, ки ин ба мардуми мо зебанда нест. Имрўз духтари тољик либосе ба тан мекунад, ки ба фарњанги миллї созгор нест.

Мутаассифона, аксари мардум, хусусан ҷавондухтарон ба фарњанги бой ва пурғановати миллати худ ањмият надода, рӯ ба таќлид овардаанд, ки ин њама таъсироти манфии раванди љањонишавї мебошад [11, с. 260]. Хатари дигар дар заиф гардидани меъёрҳои ахлоқии ҷамъиятӣ ифода меёбад. Дар фарҳанги оммавӣ аксар вақт рафтори ғайрианъанавӣ ҳамчун меъёри «муосир» ва «озод» муаррифӣ мегардад. Ин ҳолат метавонад ба тағйири муносибати ҷавондухтарон ба оила, издивоҷ ва масъулияти иҷтимоӣ оварда расонад.

Илова бар ин, ҷаҳонишавӣ ба ташаккули идеалҳои сунъии зебоӣ ва муваффақият мусоидат мекунад. Ҷавондухтарон бештар бо қолабҳои ғайривоқеии зоҳирӣ ва тарзи ҳаёт рӯ ба рӯ мешаванд, ки ин метавонад ба паст шудани худбаҳодиҳӣ, ноустувории равонӣ ва вобастагӣ аз арзёбии беруна оварда расонад. Ба андешаи мо чунин раванд ба суст гардидани рушди маънавӣ ва афзоиши нигарониҳои равонӣ сабаб мегардад. Ҳамин тариқ, хатарҳои фарҳангӣ ва ахлоқии ҷаҳонишавӣ дар ташаккули шахсияти ҷавондухтарон бештар дар шакли заиф гардидани арзишҳои миллӣ, буҳрони ҳувияти маънавӣ ва тағйири меъёрҳои ахлоқии ҷамъиятӣ зуҳур мекунанд. Пешгирии ин хатарҳо таҳлили амиқи илмӣ ва тадбирҳои муназзамро талаб менамояд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ хатарҳои иттилоотӣ ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарбияи маънавии ҷавондухтарон бештар мушоҳида мешавад.

Зеро дар асри XXI фазои иттилоотӣ ба яке аз омилҳои асосии ташаккули шуур ва рафтори иҷтимоии инсон табдил ёфтааст. Ҷаҳонишавӣ, пеш аз ҳама, тавассути технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ амалӣ мегардад. Ба ақидаи М. Кастеллс, ҷомеаи муосир «ҷомеаи шабакавӣ» буда, дар он иттилоот нақши калидӣ мебозад [10, с. 217]. Дар чунин ҷомеа ҷавондухтарон ҳамчун истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бештар зери таъсири иттилооти гуногун қарор мегиранд.

Яке аз хатарҳои ҷиддии иттилоотӣ паҳншавии мундариҷаи ғайриахлоқӣ ва зиддимиллӣ мебошад. Шабакаҳои иҷтимоӣ аксар вақт бе назорати ахлоқӣ фаъолият намуда, арзишҳои гуногун, аз ҷумла арзишҳои мухолиф ба фарҳанги миллӣ ва меъёрҳои ахлоқиро таблиғ мекунанд. Муҳаққиқон таъкид менамоянд, ки «иттилооти беназорат метавонад ба тағйири шуури иҷтимоӣ ва заиф гардидани меъёрҳои ахлоқӣ оварда расонад. Шабакаҳои иҷтимоӣ низ воситаи асосии паҳн гардидани иттилооти беназорат ва бесифат ва омили дур гардидани ҷавонон аз донишҳои илмию назариявӣ, сабаби талаф ёфтани вақти онҳо, паҳн гардидани фарҳанги бегона гардидааст» [15, с. 315].

Хатари дигар дар вобастагии равонӣ аз фазои виртуалӣ ифода меёбад. Ҷавондухтарон вақти зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ сипарӣ намуда, тадриҷан аз муҳити воқеии иҷтимоӣ дур мешаванд. Ин ҳолат метавонад ба заиф гардидани муносибатҳои оилавӣ, коҳиши муоширати воқеӣ ва паст шудани сатҳи масъулияти иҷтимоӣ оварда расонад. Илова бар ин, шабакаҳои иҷтимоӣ қолабҳои нави рафтор ва худмуаррифиро ба вуҷуд меоранд. Ҷавондухтарон бештар талош мекунанд, ки ба меъёрҳои виртуалӣ мутобиқ шаванд, на ба арзишҳои воқеии ахлоқӣ. Ин ҳолат метавонад ба дугонагии шахсият — фарқияти байни «ман»-и воқеӣ ва «ман»-и виртуалӣ оварда расонад.

Ба ақидаи Э. Фромм, чунин дугонагӣ ба буҳрони маънавӣ ва эҳсоси бемаъноии зиндагӣ мусоидат мекунад [17, с. 224]. Хатарҳои иттилоотӣ ҳамчунин дар паҳншавии идеологияҳои бегона ва тафаккури зиддимиллӣ ифода меёбанд. Ҷавондухтарон, ки таҷрибаи кофии таҳлили интиқодии иттилоотро надоранд, метавонанд ба осонӣ зери таъсири таблиғоти ғайримустақим қарор гиранд. Ин ҳолат барои амнияти маънавии ҷомеа хатари ҷиддӣ ба ҳисоб меравад.

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки амнияти иттилоотӣ имрӯз ҷузъи ҷудонашавандаи амнияти миллӣ мебошад [1, с. 176]. Ҳамин тариқ, хатарҳои иттилоотии ҷаҳонишавӣ ба тарбияи маънавии ҷавондухтарон дар шакли паҳншавии мундариҷаи ғайриахлоқӣ, вобастагии равонӣ аз фазои виртуалӣ ва заиф гардидани худшиносии маънавӣ зуҳур мекунанд. Пешгирии ин хатарҳо тақвияти саводнокии иттилоотӣ, назорати иҷтимоӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти оила, маориф ва давлатро талаб менамояд. Дар чунин шароити яке аз омилҳои асосии муқовимат ба хатарҳои ахлоқӣ ва маънавӣ истифодаи самараноки арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ мебошад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки маҳз арзишҳои миллӣ тавонистаанд ҳувияти маънавии ҷомеаҳоро дар шароити буҳронҳои фарҳангӣ ҳифз намоянд.

Ба ақидаи З. Бауман, дар ҷаҳони муосири «ноустувор» арзишҳои анъанавӣ метавонанд ҳамчун такягоҳи маънавӣ хизмат кунанд [1, с. 94]. Фарҳанги миллӣ дар тарбияи ҷавондухтарон ҳамеша ҷойгоҳи хос доштааст. Дар ҷомеаи тоҷик, арзишҳое чун ҳаё, иффат, покдоманӣ, эҳтиром ба калонсолон, масъулияти оилавӣ ва иҷтимоӣ на танҳо меъёрҳои ахлоқӣ, балки пояҳои устувории иҷтимоӣ ба шумор мерафтанд.

Муҳаққиқони тоҷик таъкид мекунанд, ки «тарбияи духтар дар фарҳанги миллӣ пеш аз ҳама тарбияи маънавият ва масъулияти иҷтимоӣ мебошад» [14, с. 57]. Аз ин рӯ, эҳёи ин арзишҳо дар шароити муосир аҳаммияти калидӣ дорад. Яке аз роҳҳои муассири татбиқи арзишҳои миллӣ ворид намудани онҳо ба низоми тарбия ва маориф мебошад. Барномаҳои таълимӣ метавонанд тавассути омӯзиши таърих, адабиёт ва фарҳанги миллӣ ҳисси ифтихор ва масъулияти маънавиро дар шуури ҷавондухтарон ташаккул диҳанд.

Таълим бояд бо таҷрибаи фарҳангии ҷомеа пайваст бошад. Танҳо дар ин сурат тарбияи ахлоқӣ самараи устувор медиҳад. Зеро арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ метавонанд ҳамчун механизми муҳими пешгирии хатарҳои ҷаҳонишавӣ дар тарбияи маънавии ҷавондухтарон хизмат кунанд. Аммо самаранокии онҳо аз тарзи татбиқ, мутобиқшавӣ ба шароити муосир ва ҳамоҳангии онҳо бо дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ вобаста мебошад.

Дар ин раванд нақши давлат, низоми маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Давлат ҳамчун ниҳоди танзимкунандаи сиёсати иҷтимоӣ метавонад заминаи ҳуқуқӣ ва институционалиро барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва маънавӣ фароҳам оварад. Сиёсати фарҳангӣ ва иҷтимоии давлат омили муҳими амнияти маънавӣ мебошад. Зеро яке аз вазифаҳои асосии давлат таҳия ва татбиқи барномаҳои миллӣ оид ба тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ ба масъалаи тарбияи маънавӣ аҳаммияти хоса дода мешавад. Ин раванд бояд бо назардошти таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ ва хусусиятҳои гендерӣ, бахусус вазъи ҷавондухтарон, амалӣ гардад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои занон ва воситаҳои ахбори омма низ метавонанд дар таҳкими тарбияи маънавии ҷавондухтарон саҳми назаррас гузоранд. Барномаҳои фарҳангӣ, тренингҳои маърифатӣ ва ташаббусҳои иҷтимоӣ метавонанд арзишҳои мусбатро тарғиб намоянд. Илова бар ин, баланд бардоштани саводнокии иттилоотӣ ҳамчун механизми муҳими пешгирии хатарҳои ҷаҳонишавӣ баромад мекунад. Ҷавондухтарон бояд қобилияти таҳлили интиқодии иттилоот, фарқ кардани арзишҳои воқеӣ аз сунъӣ ва муқовимат ба таблиғоти манфиро омӯзанд.

Зеро саводнокии иттилоотӣ ҷузъи ҷудонашавандаи амнияти маънавии ҷомеаи муосир мебошад. Таҳкими тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавондухтарон дар шароити ҷаҳонишавӣ танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки фаъолияти давлат, маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоҳанг ва муназзам бошад. Ин ҳамкорӣ метавонад заминаи устувори рушди маънавии насли ҷавонро таъмин намояд. Ҳамин тариқ таҳқиқи мавзӯи «Ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои он ба тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавондухтарон» нишон медиҳад, ки ҷаҳонишавӣ ҳамчун падидаи мураккаб ва фарогири иҷтимоӣ-фарҳангӣ дорои хусусияти дугона мебошад. Аз як тараф, он имкониятҳои васеи муоширати фарҳангӣ, дастрасӣ ба дониш ва рушди инфиродиро фароҳам меорад, вале аз ҷониби дигар, як қатор хатарҳои ҷиддиро ба арзишҳои ахлоқӣ, маънавӣ ва ҳувияти миллӣ, бахусус дар муҳити ҷавонон, ба вуҷуд меорад.

Дар раванди таҳқиқ муайян гардид, ки ҷавондухтарон ҳамчун гурӯҳи махсуси иҷтимоӣ бештар зери таъсири манфии ҷаҳонишавӣ қарор мегиранд. Ин ҳолат пеш аз ҳама бо нақши иҷтимоии онҳо ҳамчун модар, тарбиятгар ва интиқолдиҳандаи арзишҳои маънавии ҷомеа вобаста аст. Тағйирёбии меъёрҳои ахлоқӣ, заиф гардидани суннатҳои миллӣ, паҳншавии фарҳанги оммавӣ ва таъсири беназорати фазои иттилоотӣ метавонанд ба буҳрони ахлоқӣ ва маънавӣ дар шуури ҷавондухтарон оварда расонанд. Дар маҷмӯъ, натиҷаҳои таҳқиқ нишон медиҳанд, ки ҳифзи тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавондухтарон дар шароити ҷаҳонишавӣ танҳо тавассути муносибати мутавозин имконпазир аст.

Яъне, ҷомеа бояд аз як тараф ба равандҳои ҷаҳонӣ ҳамгиро гардад ва аз ҷониби дигар, арзишҳои миллӣ ва маънавии худро ҳифз ва рушд диҳад. Бе чунин мувозинат, эҳтимоли заиф гардидани пояҳои ахлоқии ҷомеа ва ноустувории маънавии насли ҷавон зиёд мегардад. Бо дарназардошти таҳлилҳои назариявӣ ва амалӣ, инчунин натиҷаҳои тадқиқоти анҷомдодашуда, пешниҳод намудани тавсияҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад: Зарур аст, ки дар доираи сиёсати иҷтимоиву фарҳангии давлат барномаҳои махсуси миллӣ таҳия ва татбиқ карда шаванд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи арзишҳои ахлоқӣ, маънавӣ ва фарҳангии миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бошад. Тақвияти санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба ҳифзи ҷавонон, хусусан ҷавондухтарон, аз таъсири манфии муҳтавои ғайриахлоқии интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити ахбори омма зарур мебошад.

Ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ ворид намудани фанҳо ё бахшҳои махсус оид ба ахлоқ, маънавиёт, фарҳанги миллӣ ва муқовимат ба хатарҳои фарҳангии ҷаҳонишавӣ муҳим аст. Баланд бардоштани сатҳи омодагии омӯзгорон ва устодон дар самти тарбияи ахлоқӣ-маънавӣ, махсусан бо дарназардошти мушкилоти муосири ҷавонон, зарур мебошад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати педагогӣ ва фарҳангии волидон, махсусан дар масъалаи истифодаи дурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, хеле муҳим мебошад. Тақвияти ҳамкории оила, мактаб ва ҷомеа ҷиҳати ташаккули муҳити солими ахлоқӣ барои ҷавондухтарон бояд ба роҳ монда шавад.

Таҳияи барномаҳо, филмҳо ва маводи фарҳангӣ дар ВАО, ки образи мусбати ҷавондухтари соҳибмаърифат, ватандӯст ва ахлоқмандро инъикос мекунанд, зарур мебошад. Омӯзиши таҷрибаи кишварҳои гуногун дар масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мутобиқсозии он ба шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад ва дар ин замина таҳияи дастурҳои методӣ ва воситаҳои таълимӣ дар заминаи натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ барои омӯзгорон ва мураббиён мувофиқи мақсад мебошад. Хулоса, татбиқи маҷмӯи тавсияҳои пешниҳодшуда метавонад ба коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ ва таҳкими тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавондухтарон мусоидат намуда, дар рушди ҷомеаи солим, худшинос ва фарҳангмеҳвар нақши муассир бозад.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 1 (94) том 4


Ссылка для цитирования:

Њасанова Х.А. ҶАҲОНИШАВӢ ВА ХАТАРҲОИ ОН БА ТАРБИЯИ АХЛОҚИЮ МАЪНАВИИ ҶАВОНДУХТАРОН // Журнал «Вестник науки» от 25 января 2026 г. № 1 (94) том 4. С. 461 - 474. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/28501 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/28501



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2026.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.