Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 25 января 2026 г.
  4. Научная статья № 115
Просмотры  23 просмотра

МАФҲУМИ МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚӢ ДАР ОСОРИ МУҲАММАД ҒАЗЗОЛӢ

Аннотация: дар мақола масоили ахлоқ дар осори мутафаккири бузурги исломӣ АбУҳомид Муҳаммад ал-Ғаззолӣ мавриди таҳлил қарор дода мешаванд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба назарияҳои ахлоқии ӯ, тарбияи нафс, поксозии қалб, муносибати инсон бо Худо ва ҷомеа равона шудааст. Муаллиф нишон медиҳад, ки Ғаззолӣ ахлоқро пояи асосии камолоти инсон шуморида, онро бо имон, маърифат ва амалҳои нек зич пайваст медонад. Дар асоси осори маъруфи ӯ, аз ҷумла «Эҳёу улуми-д-дин», арзишҳои ахлоқие чун адолат, сабр, ихлос, тавозӯъ ва масъулияти иҷтимоӣ баррасӣ мегарданд. Мақола аҳамияти андешаҳои ахлоқии Ғаззолиро барои ҷомеаи муосир ва тарбияи маънавии шахсият таъкид мекунад.

Ключевые слова: фалсафа, ислом, ахлоқ.

Ғаззолӣ дар «Эҳё»(масалан, Баёни фазилати хушхӯӣ ва бадхӯӣ (с.107), «Баёни аломатҳои хушхӯӣ», с.144, «Баёни ҳусни гуруснагӣ ва фазилати ӯ ба ихтилофи аҳволи мардумон»(с.202), «Баёни фазилати касе, ки шаҳвати фараҷ ва чашмро хилоф кунад», с. 218, «Баёни фазлати ҳилм», с. 361 ва ғ. дар Ҷ.III,), вале равшантару аниқтар дар «Меъёр»-ҳо андешаҳои мухтасари худро дар бораи фазоил оғоз намуда, ҳар кадоми онҳоро вориди баҳс карда, баъдан ҳар кадоми онро муфассалан шарҳу тавзеҳ додааст. Ба андешаи Ғаззолӣ фазилатҳо бисёранд, вале дар чаҳор чиз ҷамъ мешаванд, ки муштамил ба шӯъбаҳо ва анвои он аст: ҳикмат (фазилати нерӯи ақлӣ), шуҷоат (фазилати нерӯи ғазабӣ), иффат (фазилати нерӯи шаҳвонӣ) ва адолат (иборат аз ҷойгирии ҳамаи ин нерӯҳо ба тартиби лозим аст, бо ин фазилат аст, ки ҳама умур ба шакли том ва тамом дармеоянд. Аз ин рӯ, гуфтаанд: осмонҳо ва замин бар пояи адл устувор аст) [1]. Ба андешаи ӯ, танҳо чаҳор фазоили асосӣ вуҷуд доранд, ки бар таҳлили нафс асос ёфтаанд.

Се фазоили асосӣ, аз ҷумла, ҳикмат, шуҷоат ва иффат (эътидол), ки ба қувваҳои зеҳнӣ (ақлӣ), ғазабӣ ва шаҳвоният мутаносибанд, вуҷуд доранд. Вазифаи фазилати асосии чаҳорум, яъне адолат дуруст ҷойгир кунонидани ин қувваҳо дар муносибат ба якдигар мебошад. Боқимонда тамоми фазоиле, ки Ғаззолӣ аз онҳо сухан мегӯяд, ба он тобеъ мебошад. Барои онҳо ҷойҳои махсусе дар асоси он нақше, ки онро дар табақандии умумии фазоил бояд иҷро кунанд, дар зери ҳар кадом фазилат ҷудо гардидааст.

Барои фаҳмидани ин тақсимбандӣ бояд пешниҳод кард, ки дар он ақсоми фазоили асосии Ғаззолӣ оварда шудаанд. Дар «Баёни пайомадҳои фазилати ҳикмат ва разилатҳои он, ки фиреб ва балоҳат аст» – ҳусни тадбир (некӯ тааммул кардан), ҷудати зеҳн (қудрат ба ҳукми дуруст), гузиниши роъй (иборат аз суръати вуқуф бар илал ва асбобе аст, ки инсонро дар умури зиндагӣ ба саранҷоми некӯ мерасонад), ва савоби занн (пиндошти дуруст) ва разилатҳои фиреб (даҳо, ҷарбуза) ва балоҳат (хомӣ, бетаҷрибагӣ, ҳумқ ва ҷунун)-ро шарҳ додааст, ки ба дунболи фазилати ҳикмат меоянд [2]. Дар «Баёни он чи дар пайи фазилати шуҷоат меояд» Ғаззолӣ – сифатҳоеро аз қабили: карам (бахшиш), наҷдат (ёри додан ба касе), кибру-н-нафс (бузургдилӣ), эҳмол (бурдборӣ), ҳилм (шикебоӣ), шаҳомат (далерӣ), нубл (бузургворӣ), виқор (сангинӣ)-ро ҳамчун пайомадҳои фазилати шуҷоат ва ду разилати ҳавли шуҷоатанд: таҳаввур ва ҷубн шарҳу баён намудааст, ки сабаби пайдошавии сифатҳое зайл мешаванд: велхарҷӣ (сарф кардани маблағ барои корҳои нолозим, бо хотири худнамоӣ), бахшишнамоӣ (дар зарурат сарф накардани маблағ ва ифтихор ба умури ҳақир), ҷасорат (ночиз шуморидани марг дар ҷое, ки чунин коре набояд кард), нукул (худдории ношӣ аз тарси ҳалокат дар мавриде аст, ки худдорӣ шоиста нест), баландпардозӣ, сиғари нафс (худро кучак гирифтан, худро барои корҳои камтар аз шоистагӣ омода нишон додан), бетобӣ (сӯи таҳаммули аламҳо ва ранҷҳо), такаббур, пастигароӣ, уҷб (худписандӣ). Ғаззолӣ таъкид намудааст, ки таҳаввур сабаби афзоиш ва ҷубн сабаби коҳиш ёфтани шуҷоат мегардад. Дар боби «Баёни он чи дар пайи фазилати иффат меояд» Ғаззолӣ чунин сифатҳоро овардааст: ҳаё (шармсорӣ), хиҷолат (шармандагӣ), мусомаҳа (гузашт), сабр (бурдборӣ), сахо (бахшандагӣ, кушодадастӣ), ҳусни тақдир (андоза нигаҳ доштан), дамосат (нармхӯӣ), интизом, ҳусни ҳайат (оростагӣ), қаноат (ризоят ба кам), ҳудуъ (оромиш), вараъ (парҳезгорӣ), талоқат (хушгӯӣ), зарофат (хушсуханӣ) ва тасаххут (сарзаниши мулоим ё сахт) [3].

Таблиса нишон медиҳад, ки тавсифи ин фазоили Ғаззолӣ дар умум ба андешаи файласуфон ва махсусан файласуфони мусулмон, комилан мувофиқат менамояд. Масалан, чаҳор фазоили афлотунӣ асоси дигар фазоилро таъмин мегардонад. Ин таблиса ба таблисаи Мискавайҳ, ба истиснои он ки ӯ баъзе фазоили дуввумдараҷаро ба саховат дохил кардааст ва Мискавайҳ ба шумора, тартиб якчанд фазоили дуввумдараҷа мувофиқ нест. Масалан, Ғаззолӣ, кибру н-нафс (бузургдилӣ) ва нубл (бузургворӣ)-ро ба шуҷоат мансуб кардааст, вале Мискавайҳ онро як қисми саховат меҳисобад, ки дар навбати худ, ба эътидол мансуб донистааст.

Андешаҳои Ғаззолӣ ҳамчунин ба андешаҳои Ибни Сино низ шабоҳати зиёд доранд. Ҳар ду бар он андеша мувофиқанд, ки ҳеҷ кадом фазоил ба категорияи адолат мансуб намебошанд, вале бо шумора ва ҷойгиршавии фазоили дигар аз ҳам фарқ мекунанд. Ибни Сино танҳо аз ду фазоиле таҳти эътидол, аз ҷумла сахо ва ризо ном бурда, шумораи зиёди фазоили дуввумдараҷаи худро ба ҳикмат мансуб медонад, дар ҳоле, ки Ғаззолӣ тамоман акси онро анҷом додааст. Баъзе шабоҳатҳои дигар дар байни фазоиле, ки Ғаззолӣ дар фазоиле, ки Форобӣ ва Ибни Адӣ оварданд, вуҷуд дорад, гарчанде ки онҳо, барои Ғаззолӣ, Ибни Сино ва Мискавайҳ умумӣ мебошанд, ваҳдати сохторро ошкор накардаанд [4]. Шабоҳати наздики таснифи ин фазоил, ки Ғаззолӣ ва файласуфони исломӣ анҷом додаанд, нишон медиҳад, ки Ғаззолӣ фазоили фалсафиро қабул кардааст.

Агар мо шарҳи Ғазолиро бо шарҳи файласуфони юнонӣ, аз ҷумла Арасту муқоиса намоем, ин нуқтаи назари фалсафиро метавон пурратар фаҳм кард ва ин муқоиса нишон хоҳад дод, ки оё файласуфони мусулмон дар шарҳҳои худ андешаҳои ғайримусулмониро ворид намудаанд ё не. Арасту таснифоти фазоили худро ба мисли Ғаззолӣ шаклбандӣ накардааст. Сарфи назар аз ин, таснифоти фазоили ӯ, ки чаҳор фазоили афлотуниро дар бар гирифтааст, дар рӯйхати фазоиле қарор гирифтаанд, ки онҳоро файласуфони мусулмон пешниҳод намудаанд. Дар «Этикаи Никомах» Арасту фазоилро ба ахлоқӣ ва ақлӣ (интеллектуалӣ) ҷудо кардааст.

Фазоили ахлоқӣ инҳоянд ҷасорат, эътидол, саховатпешагӣ, бузургии нафс, ифтихор, сабукӣ, нармӣ, ҳалимӣ, ростӣ, зиракӣ, дӯстӣ, ва адолат. Ҳалимӣ - Хоксорӣ - фазилати дурӯғини ахлоқӣ мебошад. Фазоили ақлии (интеллектуалии) асосӣ инҳоянд – санъат, илм, ҳикмати назарӣ ва интеллект. Ба фазоили интеллектуалии дуввумдараҷа, ҷудати фикр, дарк ё фаҳмиши хуб ва муҳокима дохил мешаванд. Фазоили пешниҳоднамудаи файласуфони мусулмонро дар партави фалсафаи анъанаи юнонӣ баррасӣ карда, баъзе тағйирот ва иловаҳоро метавон мушоҳида кард, ки онҳо замоне пайдо шуданд, ки файласуфони мусулмон саъй доштанд, ки фалсафаи ахлоқии юнониро бо принсипҳои асосии ислом мутобиқ гардонанд.

Масалан, Мискавайҳ фазилати донишҳои диниро, аз ҷумлаи «ибодат» ва «вараъ» (худнигаҳдорӣ)-ро ворид намудааст. Илова бар фазоиле, ки дорои маънои динӣ мебошанд, файласуфони мусулмон фазоилеро аз қабили «хоксорӣ»-ро дохил кардаанд, ки файласуфоне ҳамчун Арасту онро аз шумораи фазоили комил наҳисобидаанд. Чунин тағйирот, ки дар дигар фаслҳои диссертатсия баррасӣ хоҳанд шуд, барои фаҳмидани шарҳи фазоили Ғаззолӣ муҳиманд, зеро то андозаи муайян онҳо ба фазли ин фазоили фалсафӣ имконпазир гардидаанд. Аз ҷониби дигар, Ғаззолӣ фазоилро дар он шакли пешкашнамудаи файласуфони мусулмон, қабул надорад. Ӯ ба онҳо тағйироти шахсии худро ворид намуд, то тавонад, ки ин фазоилро ба назарияи ахлоқӣ ворид намоянд.

Тавзеҳоти Ғазолиро оид ба ҳар кадом ақсоми фазоили муҳим муҳокима карда, итминон дорем, ки мулоҳизоти умумии худро шарҳ дода, онҳоро асоснок намоем, ки онро зимни баррасии фазоили фалсафӣ баровардаем[5]. Ғаззолӣ ба мисли Мискавайҳ андешаҳои худро аз ҳикмат оғоз намудааст, дар ҳоле, ки Арасту на аз ҳикмат, балки аз шуҷоат оғоз намудааст. Дар «Мизон ал-амал» Ғаззолӣ ҳикматро шарҳ дода навиштааст, ки «Мақсуди мо аз ҳикмат он аст, ки Худои таъоло онро дар ин гуфтор бузург донистааст: «касе, ки дорои ҳикмат аст, аз хайри бисёре бархурдор аст» (Қуръон, 2:269) ва пайёмбар фармудааст: «Ал-ҳикмат золат ал-муъмин» (ҳикмати гумшуда ё мавриди ҷустуҷӯи маъмин аст), мансуб ба нерӯи ақлӣ аст. Дар он чи пештар омад донистӣ, ки нафсро ду нерӯ аст: яке он ки рӯй ба фароз дорад ва ҳамон аст, ки нафс, ҳақоиқи улуми зарурӣ ва назариро ба тавассути он аз малои аъло (ҷаҳони барин) фаро мегирад ва инҳо улуми яқинии содиқ аз азал то абад аст ва бо ихтилофи давронҳо ва умматҳо тағйир ва табдил пайдо намекунад монанди илм ба Худои таъоло ва сифоташ, фариштагонаш, китобҳояш ва фиристодагонаш ва анвои офаридаҳояш дар ҷаҳон. Балки аз ҷумлаи улуме аст, ки нафӣ ва исбот бар шайъи воҳид ва дар ҳоли воҳид, содиқ нест ва чунин аст улуми ҳақиқӣ ва ин улум ҳикмати ҳақиқӣ мебошанд».

Нерӯи дигар он ки, рӯй ба фуруд дорад, яъне дар ҷиҳати ҷисм ва тадбир ва сиёсат он амал мекунад ва нафс ба тавассути он корҳои некро лармеёбад ва номаш ақли амалӣ аст. Инсон бо ақли амалӣ, қуввои нафс, аҳли балад ва аҳли манзили худро идора мекунад» [6]. Дар «Меъёрҳо» ҳикмат фазилати нафси инсонӣ мебошад, зеро нафси инсонӣ дорои ду қувва: назарӣ ва амалӣ мебошад, ду шакли ҳикмат, аниқтараш ҳикмати назарӣ ва ҳикмати амалӣ вуҷуд дорад, ки ба ин ду қувва мутобиқат доранд. Ҳикмати назарӣ ба соҳаи маърифати (шинохти) Худо, сифатҳо, малоикаҳо, пайёмбарон ва ваҳйи илоҳӣ дахл доранд. Маҳз ҳамин дониш ҳикмати ҳақиқӣ мебошад, зеро ҳадафи хосаи ҳикмати назарӣ – шинохти Худо аст, на дониши оддӣ.

Дар «ал-Мақсад ал-Ақсо» Ғаззолӣ ҳикматро ҳамчун донишҳои одамони олитарин тавассути донишҳои беҳтарин муайян мекунад. Аммо ӯ илова мекунад, ки беҳтарин дониш маърифати Худо аст ва Худо беҳтарин ва зеботарин чиз мебошад. Ҳар касе, ки ҳама чизро шинохта Худоро намешиносад, сазовори он нест, ки ӯро ҳаким биномем, дар ҳоле, ки ҳар касе Худоро мешиносад, ҳаким аст, ҳатто агар дар донишҳои дигари улуми расмия ноқис бошад ҳам. Пас, ба андешаи Ғаззолӣ, ҳикмати асосӣ - шинохтани Худо аст, аммо ин фазилати олӣ намебошад. Дар тафоввут аз Арасту, ки фазилати олиро ҳамчун шакли (формаи) дониши комил меҳисобид, Ғаззолӣ ҳикматро меҳисобад, ки ба андешаи ӯ, дар ин ҷаҳон дониши комилтарин ба ҳисоб рафта, барои он муҳим аст, ки вай ба сӯи муҳаббат ба Худо мебарад.

Муҳаббат ба Худо аз маърифати оддии Ӯ болотар аст, ҳарчанд, ки вай дар натиҷаи чунин дониш меояд. Андеша дар бораи он ки муҳаббат ба Худо на шинохтани Ӯ олитарин фазилат мебошад, фаҳмиши ирфонии фалилатро тахмин мекунад. Баррасии минбаъдаи ин масъала баҳодиҳии таъсири ирфонро ба ахлоқи Ғаззолӣ тақозо мекунад, аз ин рӯ, то замони машғул шудан бо андешаҳои ӯ оид ба фазоили ирфонии Ғаззолӣ, бояд онро як тараф гузошт. Сарфи назар аз он ки ҳикмати назарӣ ҳикмати олӣ набошад ҳам, вай болотар аз ахлоқӣ (яъне амалӣ) мебошад. Ҳикмати ахлоқӣ (ҳикма хулуқия), фазилати қисми амалии нафси инсонӣ буда, танҳо дар маънои маҷозӣ ҳикмат номида мешавад. Ғаззолӣ инро дар «Меъёрҳо» ҳамчун ҳолат ва фазилати нафси оқила муайян кардааст, ки вай қувваҳои ишқ ва барангезандаи онро идора намуда, аз шинохтани рафтори саҳеҳ иборат мебошад.

Дар «Эҳё» ҳамон як фазилат вуҷуд дорад, ки он на ҳамчун фазилати ахлоқӣ, балки ҳамчун «ҳолати нафс» муайян шудааст, ки зимни он саҳеҳро аз носаҳеҳ дар ҳама ҳолатҳои озод муайян мекунад. Ин фазилат, ки дар чунин шакл муайян шудааст, ба фазилати «ҳикмати амалӣ»-и Арасту мувофиқат намуда, «ба сифати ақли ба ҳақиқат расанда, ки бо амали барои инсон хуб ва бад алоқаманд» мебошад. Мисли ҳикмати амалии Арасту, фазилати ҳикмати амалии Ғаззолӣ ҳам аз ҳикмати назариявӣ вобаста намебошад, аммо дар он маъно ақлӣ мебошад, ки вай фикр кардан, ба андеша рафтанро дар назар дорад. Аммо ин мувофиқат вақте тамом мешавад, ки Ғаззолӣ ҳикмати ахлоқиро ҳамчун ҳадди миёнаи байни ду ҳадди ифротӣ муайян мекунад: пурӣ, ки фиреб (ҳибб) аст ва нуқсон, ки аҳмақӣ (масса) аст. Ӯ аввалиро ҳамчун «ҳолате, ки инсон дар он дорои макр ва ҳилла буда, ба қаҳру ғазаб иҷоза медиҳад, ки ба объекти марғуб бо услубе ҳаракат кунад, ки аз он заруртар ва афзунтар аст». Ӯ ҳамоқатро ҳамчун «ҳолати нафс, ки ба қаҳру ғазаб монеъ мешавад», ҳамчун қобилияти ба даст овардани сатҳи лозимӣ маънидод мекунад: «Ин фазилатро ду разилат аст: яке макру фиреб, дигаре ҳамоқат ва балоҳат ва инҳо ҷанбаҳои ифрот ва тафрити ақли амалианд.

Дар ин ҳолат инсон ҳиллагар мешавад аз тариқи итлоқ нерӯҳои ғазабӣ ва шаҳвонӣ, ки барои ба даст овардани матлуб, ҳаракати зоид аз воҷиб мекунанд. Аммо ҳамоқат ва балоҳат, ҷиҳати тафритии (ақли амалӣ) аст ва нуқсони эътидоли он аст ва ин ҳолате дар нафс аст, ки ду нерӯи ғазабӣ ва шаҳвониро камтар аз андоза воҷиб мегардонад. Маншаи он кундии фаҳм ва камии иҳота ба дурустии корҳост» [8]. Арасту таълимоти худро доир ба ҳадди (васат) миёна танҳо нисбати фазоили алоҳидаи ахлоқӣ истифода мебарад, на нисбат ба ҳикмати амалӣ. Ҳикмати амалӣ танҳо дар китоби VI, фасли V Этикаи Никомах пайдо мешавад, ки дар он нуқсони ҳадди ифротии норасоӣ ва ё зиёдатӣ (пурӣ) зикр нашудааст.

Андешаҳои Арасту оид ба фазоил моро бовар мекунонад, ки ин фазилат ба он қисми нафс мансуб аст, ки андешаро ташаккул медиҳад.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 1 (94) том 4


Ссылка для цитирования:

Насриддинов Ҳ.Н. МАФҲУМИ МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚӢ ДАР ОСОРИ МУҲАММАД ҒАЗЗОЛӢ // Журнал «Вестник науки» от 25 января 2026 г. № 1 (94) том 4. С. 939 - 946. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/28560 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/28560



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2026.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.