Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 25 января 2026 г.
  4. Научная статья № 116
Просмотры  24 просмотра

АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ ҲАМЧУН РАВАНДИ ТАҲКИМБАХШИ ҲОКИМИЯТИ СИЁСӢ ДАР ТАЪЛИМОТИ ИБНИ СИНО

Аннотация: бозсозии консепсияи синошиносии адолат ҳамчун қонуни ҳастӣ ва нишон додани нақши он дар пойдории ҳокимияти сиёсӣ. Таҳлили матншиносӣ ва герменевтикӣ бар асоси бахшҳои «Илоҳиёт», «Сиёсати мадания» ва «Наҷот», муқоисаи мафҳумии ақли фаъол, моделҳои ҷисмии ҷомеа ва робитаи илм, ахлоқ, қонун, иқтибоси муқоисавӣ бо назарияҳои муосир Ҷ.Ролз, И.Левинас барои тавзеҳи умумибашарии мафҳум.Навгонӣ: пешниҳод кардани хониши онтологӣ–сиёсӣ, ки адолатро «қонуни зиндагӣ» ва механизми ҳамоҳангсоз миёни қудрат ва виҷдон шарҳ медиҳад, шарҳи ҳокимият ҳамчун таҷассуми ақли фаъол, ки қонунро аз маърифат ва ахлоқ маънӣ мебахшад, моделсозии ҷомеа ҳамчун организми маънавӣ, ки дар он адолат нақши гардиши ҳаётро мебозад, таҳияи сегонаи синошиносӣ ҳамчун меъмории пойдории давлат.

Ключевые слова: адолати иҷтимоӣ, ҳикмати амал, ҳокимияти сиёсӣ, ақли фаъол, виҷдон, илм, ахлоқ, қонун, герменевтика, ҷомеа ҳамчун организм, космологияи синошиносӣ, саодати умум, легитимият, давлат ва маънавиёт.

Мафҳуми адолати иҷтимоӣ дар таърихи фалсафаи Шарқ на танҳо як арзиши ахлоқӣ, балки пояи ҳастии сиёсӣ ва маънавиёти ҷомеа ба шумор меравад. Аз Афлотун то Арасту ва аз он ҷо то Абунасри Форобӣ ва Ибни Сино, адолат ҳамеша меъёри тартиби ҷаҳон ва низоми давлат дониста мешуд. Ибни Сино (980-1037), ки ӯро устоди севум пас аз Арасту ва Абунасри Форобӣ мехонанд, адолатро чун раванди зиндаи танзими ҳастӣ дар сатҳи иҷтимоӣ ва сиёсӣ шарҳ медиҳад. Ба назари ӯ, адолат амали якдафъаина нест, балки ҳаракати доимии рӯҳ ва виҷдон ба сӯи тавозуни ҳақиқат ва некуӣ мебошад [1]. Ҳокимият бе адолат, аз нигоҳи Ибни Сино, мисли ҷисмест бе рӯҳ: зоҳир дорад, аммо маъно надорад. Қудрати сиёсӣ танҳо вақте қонунӣ ва пойдор аст, ки ба меъёри виҷдон, хирад ва ахлоқ пайванд ёбад [2].

Дар афкори Ибни Сино дар бораи адолат аз решаи онтологӣ сар мезанад. Ӯ дар бахши илоҳиёти асари бузурги худ «Аш-Шифо» менависад, ки адолат он нерӯест, ки ҳар чизро дар мавқеи ҳақиқии он қарор медиҳад [1]. Ин таъриф, агар ба зоҳир одӣ намояд ҳам, дар асл дар бар мегирад тамоми низоми ҳастишиносии ӯ, ки бар таносуби миёни зот ва сифат, вуҷуд ва арзиш, табиат ва маърифат устувор аст. Адолат дар тафаккури синоӣ танҳо як асли ахлоқӣ нест, ки он ҳукми ҳастӣ мебошад. Ба қавли ӯ, ҷаҳон бо адолат ба вуҷуд меояд ва бо адолат устувор мемонад, чунон ки мувозинати миёни унсурҳо ва ҳаракатҳои табиӣ низ мувозинати адолат аст [2].

Дар он ҷое ки адолат вуҷуд дорад, тартиб ва ҳамоҳангӣ ҳукмфармост, ва он ҷо, ки адолат шикаста мешавад, фасод, зулм ва бемории иҷтимоӣ сар мебардорад. Дар таълимоти Ибни Сино, адолат таҷассуми ҷилваи вуҷуди комил мебошад. Модоме ки ҳар зот аз ҷойгоҳи худ берун нашавад, низоми ҳастӣ солим аст. Ҳамин низом, вақте ба сатҳи иҷтимоӣ меояд, шакли «ҳокимият» ва «қонун» мегирад. Ба ибораи дигар, давлат низ бояд мисли ҷаҳон аз рӯи адолат танзим гардад, то ҳар табақа, ҳар шахс ва ҳар аъзои ҷомеа дар ҷойи хоси худ амал кунад [3].

Дар ин маъно, адолати иҷтимоӣ инъикоси низоми космологӣ дар ҷомеа аст. Ҳокимият, қонун, ахлоқ ва илм бояд монанди унсурҳои табиат ба як тавозуни ҳамоҳанг расанд. Агар яке аз онҳо аз меъёр хориҷ шавад, масалан, қудрат бе хирад гардад ё илм бе виҷдон, тамоми ҷомеа монанди организми бемор аз ҳам мепошад [4]. Ибни Сино бо истифода аз ташбеҳи тиббӣ, ки хоси тафаккури ӯ ҳамчун табиб ва файласуф мебошад, ҷомеаро ба ҷисми инсон монанд медонад. Агар яке аз узвҳо бемор гардад, тамоми ҷисм ба изтироб меафтад.

Бинобар ин, адолат барои ӯ монанди саломатии ҷисм аст: нишонаи мувозинат ва тавозуни нерӯҳои дохилӣ [5]. Аз ин дид, беадолатӣ на танҳо зулм ба дигарон, балки ихтилоф дар нафс ва табиати инсон аст. Чунки инсон, ҷузъи ҷаҳон, бо қонуни тавозуни ҳастӣ ҳамоҳанг аст. Вақте ки инсон ё ҳокимият аз ин қонун хориҷ мегардад, ҳамон гуна ки беморӣ дар бадан пайдо мешавад, фасод дар ҷомеа падид меояд [6].

Афкори Ибни Сино, адолат шифо мебахшад, зеро он нафс ва ҷомеаро ба тавозун меоварад. Ин на танҳо ҷанбаи ахлоқӣ, балки физиологияи иҷтимоӣ дорад: дар ҷомеае, ки адолат барқарор аст, равандҳои маънавӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ бо ҳам дар ҳамоҳангӣ қарор доранд. Дар «Сиёсати мадания», ки бахши амалии «Аш-Шифо» ба ҳисоб меравад, ӯ менависад: Ҳар гоҳ ки нафс ба адолат одат кунад, ҷомеа низ ба саломатӣ мерасад, зеро давлат ин сояи нафси инсон аст [7]. Дар ин ибора, робитаи мустақими байни ахлоқи инфиродӣ ва саломатии сиёсӣ возеҳ аст.

Аз нигоҳи синоӣ, давлат танҳо дар сурати адолати дохилии шаҳрвандон метавонад пойдор бошад. Агар аз дидгоҳи герменевтикаи фалсафии муосир ба мисли Гадамер ё Поп Рикёр ба афкори Ибни Сино назар афканем, мебинем, ки ӯ адолатро ҳамчун фаҳмиши худи ҳастӣ мефаҳмад: маънои ҳастӣ дар ҳамоҳангист. Адолат, пас, на танҳо меъёри сиёсӣ, балки роҳи тафсири маънавиёти вуҷуд мебошад. Дар Ибни Сино адолат шакли фаҳм ва хирад аст, на амали ҳуқуқӣ, балки худи тартиби ҳастӣ дар сатҳи виҷдон.

Ин зина дар як давраи ягонаи маънавӣ ба ҳам мепайванданд. Аз ин рӯ, адолат барои Ибни Сино қонуни ҳаёт, қонуни ҳастӣ ва қонуни давлат, яъне ҳамон нерӯест, ки аз нафс то ҷомеа, аз рӯҳ то сиёсат, низом ва субот мебахшад. Ибни Сино дар миёни файласуфони Шарқ яке аз аввалин мутафаккиронест, ки ҳокимияти сиёсиро бо низоми маърифати онтологӣ ва космологӣ пайваст мекунад. Ба назарияи ӯ, давлат ва ҳокимият танҳо сохтори иҷтимоии зоҳирӣ нестанд, балки таҷассуми рӯҳи ақл дар ҷомеа мебошанд.

Дар ин ҷо, мафҳуми марказии ӯ, ақли фаъол калиди дарки маънои ҳақиқии ҳокимият аст [1]. Ибни Сино ақли фаъолро зинаи болоии шинохт ва нерӯи танзимгари ҳастӣ медонад, ки миёни маъқулот ва ҷаҳон робита барқарор мекунад [8]. Ин ақл, на танҳо манбаи дониш, балки роҳнамои ҳастии инсонӣ аст. Вақте ки ба сатҳи иҷтимоӣ меояд, ин қувва дар шакли ҳокимияти одил ва хирадманд таҷассум меёбад. Ҳамин тавр, ҳокими воқеӣ дар назарияи Ибни Сино касест, ки мисли ақли фаъол амал мекунад: ӯ на бар асоси нафс, балки бар пояи хирад, маърифат ва виҷдон ҳукмронӣ менамояд.

Аз ин рӯ, ҳокимияти сиёсӣ дар таълимоти синоӣ қувваи маънавӣ ва маърифати мутамаркази ҷомеа аст, на воситаи тасаллути иродавӣ ё зӯр [1]. Ҳоким мисли ақли фаъол аст, ки нури маърифатро ба нафс мерасонад, агар ин нур аз байн равад, зулмати ҷаҳолат ва фасод ҳукмрон мешавад [1]. Ибни Сино ҳокимро на танҳо шахси сиёсӣ, балки зоти ахлоқӣ мешуморад. Ӯ менависад: Ҳокими одил он аст, ки нафси худро мутеъ гардонад ва қудратро василаи хизмат ба нафси дигарон созад [9]. Ин ҷумла, шарҳи баланди виҷдонӣ ва ахлоқии ҳокимият аст. Ба андешаи ӯ, ҳоким бояд пеш аз он ки дигаронро идора кунад, нафси худро идора кунад.

Дар ин сурат, ҳокимият аз шакли зоҳирӣ ба шакли маънавӣ мегузарад. Ибни Сино қудратро санҷиши виҷдон медонад. Ҳар гоҳ ҳоким қудратро барои нафси худ истифода кунад, ӯ бемори рӯҳӣ мегардад, беморие, ки дар сатҳи иҷтимоӣ ба зулм табдил меёбад [1]. Аз ин рӯ, адолати иҷтимоӣ дар андешаи ӯ на танҳо воситаи сиёсӣ, балки раванди табобати нафс ва ҷомеа аст. Ибни Сино дар «Сиёсати мадания» ҳокимиятро интизоми маънавиёти ҷамъият медонад.

Давлат бояд ба монанди нафс амал кунад: нафс нерӯҳои нафсонӣ ва хирадиро танзим мекунад, давлат бошад, нерӯҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиро. Дар ҳар ду ҳолат, тавозун аз адолат сарчашма мегирад [8]. Ин мувозинати дохилӣ ҳамон аст, ки Ибни Сино онро механизми худидоракунии ҳокимият меномад. Ҳокимияти адолатпеша ба қонун ниёз дорад, аммо болотар аз қонун ба виҷдон ва маърифат. Зеро қонун шакли берунаи адолат аст, вале виҷдон мазмуни дохилии он мебошад.

Аз ҳамин рӯ, ҳокимияти ҳақиқӣ дар фалсафаи синоӣ на ҳукмронии як шахс, балки ҳукмронии хирад бар нафс аст ва ин хирад, дар сатҳи иҷтимоӣ, ақли фаъоли давлат мегардад [8]. Аз дидгоҳи герменевтикии муосир, таълимоти Сино дар бораи ҳокимият шакли пешрафтаи фалсафаи маънои давлат мебошад. Агар Гегел баъдтар давлатро ҳақиқати ахлоқии ҷомеа меномад, Ибни Сино ин мафҳумро садҳо сол пештар дар сатҳи ахлоқ ва виҷдон дарк карда буд. Ӯ менависад: Давлат бидуни хирад ҷисми беҷон аст, ва ҳоким бидуни адолат мисли нафси беақл аст [9]. Ин гуфта нишон медиҳад, ки ҳокимият барои Ибни Сино танҳо боқӣ мемонад, агар бо маърифат ва ахлоқи одилона ҳамоҳанг бошад. Ҳокимият, вақте ба виҷдон пайванд меёбад, аз зӯр ба нур табдил меёбад [10].

Бо таҳлили таълимоти Ибни Сино метавон хулоса кард, ки ҳокимияти сиёсӣ дар низоми ӯ аз се марҳила иборат аст: Ақли фаъол, сарчашмаи маърифати космологӣ ва танзимгари ҳастӣ, Ақли инсонӣ, воситаи фаҳмиши ин низом дар сатҳи ахлоқ ва виҷдон, Ҳокимияти сиёсӣ, таҷассуми ин хирад дар ҷомеа. Ҳамин тавр, давлат дар андешаи Сино на танҳо сохтори ҳуқуқӣ, балки таҷассуми хирад, маърифат ва ахлоқи иҷтимоӣ мебошад. Он ҷое ки ҳокимият аз хирад ҷудо шавад, фасод пайдо мегардад, ва он ҷое ки адолат бар қудрат ғолиб шавад, давлат маънавӣ мегардад. Тафаккури иҷтимоии Ибни Сино, бар хилофи тасаввури механистии баъзе файласуфони Юнон, дорои як сохтори органикӣ ва динамикӣ аст. Ӯ ҷомеаро мисли ҷисм мебинад, ҷисме, ки аз узвҳо, рагҳо ва равандҳои ҳамоҳанг иборат аст. Мисли он ки ҷисм бе ҳамкории дил, майна ва узвҳои дохилӣ зиндагӣ карда наметавонад, давлат низ бе ҳамоҳангии қувваҳои илмӣ, ахлоқӣ ва сиёсӣ пойдор намемонад [1].

Ба андешаи Ибни Сино, адолат мисли гардиши хун дар ҷисм аст: он ҳаёт мебахшад, тавозунро нигоҳ медорад ва нерӯи маънавиро ба тамоми табақаҳои ҷомеа мерасонад. Дар ҷойе ки ин гардиш қатъ мегардад, зулм, фасод ва ихтилоф сар мебардорад. Аз ин рӯ, ӯ ҷомеаро ҷисми иҷтимоӣ меномад, ки ҳар як узв бояд бо виҷдон ва вазифаи худ мувофиқ амал кунад. Дар «Сиёсати мадания», ки бахши амалии фалсафаи иҷтимоии ӯст, Ибни Сино мегуяд: Ҷомеа, агар аз адолат холӣ гардад, мисли бадане аст, ки хун аз он берун рафтааст [8].

Ин ташбеҳи пурмуҳтаво нишон медиҳад, ки барои ӯ адолат на як шеваи ҳуқуқӣ, балки шакли ҳаётбахши маънавии ҷомеа аст. Ҳар қувва, аз ҳоким то омӯзгор, аз табиб то деҳқон дар ин ҷисм вазифаи махсус дорад. Ҳоким мисли дил аст, ки хунро мефиристад, уламои ахлоқ ва дин мисли майна, ки андешаро танзим мекунад, ва мардум, мисли узвҳои фаъол, ки ҳаётро идома медиҳанд. Ибни Сино таъкид мекунад, ки адолати иҷтимоӣ танҳо дар сурате татбиқ мешавад, ки се рукни асосӣ илм, ахлоқ ва қонун бар ҷойи худ устувор бошанд. Илм (маърифат), шарти аввалини адолат аст, зеро бе дониши ҳақиқӣ ҳукмронӣ ба ҷаҳолат табдил меёбад. Илм барои ҳоким мисли чашм аст: бе он наметавонад самти роҳро бубинад.

Аз дидгоҳи синошиносӣ, адолат қонуни ҳамоҳангсоз аст, мисли тавозуни системаҳои биологӣ. Дар табиат ҳар унсур ба ҳадду ҷойи худ маҳдуд аст, ва агар яке аз ҳад берун равад, низоми тамоми мавҷудот халал меёбад. Ҳамин тавр, дар ҷомеа низ, вақте ки ҳоким ба зулм меафтад ё аҳли илм аз ҳақ рӯ мегардонад, «бемории иҷтимоӣ» сар мезанад. Ин фаҳмишро метавон пешгузаштаи назарияи муосири низоми иҷтимоӣ номид, ки ҷомеаро низоми худидоракунанда медонад. Аммо Сино инро на аз дидгоҳи функсионалӣ, балки аз ҷиҳати маънавӣ ва космологӣ шарҳ медиҳад: ҳамоҳангӣ на танҳо раванд, балки арзиш аст, ва ин арзиш бо адолат ифода меёбад.

Аз дидгоҳи герменевтикаи маърифат, андешаи Ибни Сино дар бораи ҷомеа ҳамчун ҷисм аз фаҳми виҷдони ҳастӣ сарчашма мегирад. Ҷомеа на танҳо сохтори зоҳирӣ, балки таҷассуми маънои маънавии инсон аст. Вақте ки ӯ мегӯяд «ҳар чиз дар ҷойи худ бояд бошад, ин на як дастури сиёсӣ, балки қонуни маънои вуҷуд аст, яъне ҳар шахс танҳо дар ҳамоҳангӣ бо дигарон маънӣ меёбад [9]. Ҷомеа дар тафаккури Ибни Сино танҳо маҷмӯи одамон нест, ки он воҳиди маънавии ҳаёт аст. Мисли организм, ки бе тавозуни дохилӣ намемонад, ҷомеа низ бе адолат суқут мекунад. Аз ин рӯ, адолати иҷтимоӣ барои Сино на воситаи сиёсӣ, балки асоси маънавии ҳастии ҷомеа ва давлат мебошад.

Ин мафҳум, ки баъдтар дар фалсафаи иҷтимоии Ғарб аз Аквинӣ то Ролз инкишоф ёфт, дар Сино шакли комили метафизикӣ дошт: адолат, на танҳо қонун, балки нафаси ҳаёт дар бадани ҷомеа аст. Фалсафаи Ибни Сино аз ибтидо бар ҷудоии ду шохаи хирад асос меёбад: ҳикмати назариявӣ ва ҳикмати амал. Агар ҳикмати назарӣ ҳақиқати ҳастиро дар сатҳи маърифати ақлонӣ меомӯзад, пас ҳикмати амал ба танзими зиндагии инсон дар ҷомеа мепардозад, ба маънои он ки фалсафаи зиндагии одилона. Ба гуфтаи Ибни Сино, ҳадафи ҳикмати амал саодати инсон дар ҷомеа аст.

Дар ин замина, адолат барои ӯ танҳо як меъёри ахлоқ ё як талаботи ҳуқуқӣ нест, балки руҳи худи ҳикмати амал мебошад, яъне қуввае, ки амалро ба маънои хирадмандона мебарад ва сиёсатро ба сатҳи ахлоқи виҷдонӣ боло мебардорад. Ибни Сино дар «Сиёсати мадания» менависад: Адолат амали нафс аст, ки ба василаи он нафс худро ва дигаронро дар ҷойи хоси онҳо мегузорад. Ин ибора нишон медиҳад, ки адолат дар низоми синошиносӣ амалест бар пояи маърифат, яъне на танҳо донистани некӣ, балки татбиқи он дар зиндагӣ. Барои Ибни Сино, фалсафа вақте комил мегардад, ки аз сатҳи назар ба амал бигзарад, ва ҳикмати амалӣ он лаҳзаест, ки ҳақиқат дар шакли зиндагии иҷтимоӣ таҷассум меёбад.

Ин аст, ки адолат дар низоми сиёсии ӯ на воситаи қудрат, балки таҷассуми рӯҳи маънавӣ мегардад. Ҳоким бояд мисли файласуф амал кунад, на аз рӯи нафс, балки аз рӯи хирад. Ибни Сино ҳокимиятро танҳо як ниҳоди ҳуқуқӣ намешуморад. Аз дидгоҳи ӯ, сиёсат ҷанбаи рӯҳонӣ дорад, зеро ҳадафи он на идора, балки такмили инсон аст. Ҳоким бояд мисли устоди ахлоқ бошад, ки мардумро ба сӯи саодати маънавӣ роҳнамоӣ мекунад. Агар андешаи Ибни Синоро бо фалсафаи муосир муқоиса кунем, шабоҳат миёни ӯ ва Ҷон Ролз дар назария дида мешавад. Ҷ.Ролз адолатро некии институтсионалӣ меномад, яъне меъёре, ки низоми сиёсӣ ва иҷтимоиро маънавӣ мегардонад.

Аммо фарқи асосӣ дар он аст, ки дар Ибни Сино ин адолат на аз шартномаи иҷтимоӣ, балки аз субстансияи ҳастӣ ва виҷдони инсон сарчашма мегирад. Ӯ мегӯяд: Адолат пеш аз қонун вуҷуд дорад, зеро қонун аз адолат зодавар аст, на баръакс. Дар ин ҷо, Ибни Сино ба як хулосаи метафизикӣ мерасад: адолат шакли таҷассуми ҳақиқат аст. Аз ин рӯ, сиёсат бояд ба маънои сафари маънавӣ бошад, раванди такомули нафс ба сӯи нури хирад. Дар фалсафаи Ибни Сино, давлат бе адолат мисли ҷисм бе рӯҳ аст. Ҳадафи сиёсат на ҳифзи қудрат, балки саодати умум мебошад.

Аз ин рӯ, ҳикмати амалӣ на ба зоҳир, балки ба ботин нигаронида шудааст: сиёсат бояд бо ахлоқ ва маънавият ҳамоҳанг бошад. Фалсафаи Ибни Сино дар сиёсат аз зоҳир ба виҷдон мегузарад, давлатро аз сохтор ба маъно, ва қудратро аз зӯр ба нуру хирад табдил медиҳад. Ҳамин тавр, адолат ҳамчун ҳикмати амал, меъёри мутамаркази ҳамаи сатҳҳои зиндагӣ аст: аз нафс то ҷомеа, аз виҷдон то давлат, ва аз қонун то саодати маънавӣ. Адолат дар фалсафаи Ибни Сино маҳз ҳамон нуқтаи иттиҳоди хирад ва амал аст. Вай воситаи таҷассуми маърифат дар сиёсати инсонӣ мебошад.

Аз ҳамин ҷиҳат, ҳокимияти сиёсӣ танҳо вақте қонунӣ ва маънавист, ки бо ҳикмати амал ва рӯҳи виҷдон пайванд дорад. Сиёсат, дар маънои синоӣ, «ахлоқи татбиқшуда» аст, ва адолат «хирадест, ки нафсро роҳнамоӣ мекунад». Аз ҳамин ҷиҳат, фалсафаи Сино метавонад дар замони муосир низ ҳамчун пояи фаҳмиши нави сиёсатҳои маънавӣ ва давлатҳои виҷдонӣ хидмат кунад. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва буҳрони маънавии муосир, андешаи Ибни Сино дар бораи адолати иҷтимоӣ ҳамчун пояи ҳастии ҷомеа ва давлат аҳамияти нав касб мекунад.

Адолат, аз дидгоҳи ӯ, на танҳо меъёри сиёсӣ ё ҳуқуқӣ, балки қонуни ҳастӣ аст, ки тамоми ҷаҳон ва инсонро дар як низоми маънавӣ мепайвандад. Ибни Сино адолатро тавозуни ҳастӣ меномад, тавозуне, ки на танҳо дар табиат ва ҷомеа, балки дар сохтори нафси инсон низ ҳукмфармост. Ҳамин андеша ба мо имкон медиҳад, ки адолатро ҳамчун қонуни умумибашарӣ фаҳмем, зеро он на аз шартҳои сиёсӣ, балки аз табиати ҳастӣ сарчашма мегирад. Ба қавли ӯ, ҳамаи ҷисмҳо ва рӯҳҳо дар ҳаракати доимии адолатанд, зеро бе адолат вуҷуд наметавонад пойдор бошад. Аз ин назар, адолат шакли хосе аз ҳамоҳангии космологӣ аст, ки дар сатҳи иҷтимоӣ ва маънавӣ зуҳур мекунад.

Он нерӯест, ки ҷаҳонро бо инсон ва инсонро бо виҷдон мепайвандад. Дар фалсафаи муосир, ин фикрро метавон ба назари Эммонуил Левинас шабеҳ донист, ки мегӯяд: «адолат дар шинохти дигарон оғоз мешавад» — яъне вуҷуд бе масъулият ва бе ахлоқ наметавонад пойдор монад. Барои Ибни Сино низ, адолат шакли муҳаббати ҳастӣ аст: ҷавҳари ҳамбастагии маънавии ҳама мавҷудот. Ибни Сино дар тафсири фалсафии худ адолатро ба нури ҳақиқат шабоҳат медиҳад. Ӯ менависад: Адолат нуре аст, ки ҷаҳони нафс ва ҷомеаро равшан мекунад, бе он ҳар ду дар зулми ҷаҳолат ва нафс фурӯ мераванд.

Ин таъбир дорои аҳамияти рамзӣ ва онтологӣ аст: адолат нури ҳастӣ аст, ки маърифату хирадро дар тамоми сатҳҳо равшан месозад. Давлат, агар ин нурро аз даст диҳад, ба торикии беэътимодӣ ва зулм меафтад. Аз дидгоҳи герменевтикии маънавӣ, ин нур нишонаи виҷдони умумбашарӣ аст, ҳамон виҷдоне, ки инсонро аз зотгароӣ ва зӯрҷӯӣ наҷот медиҳад. Адолат дар тафаккури синоӣ як шакли нуршиносӣ аст, ҷилваи маънавияти ҳастӣ дар сатҳи иҷтимоӣ.

Таълимоти Ибни Сино доираи сиёсиро паси сар мекунад ва ба сатҳи фарҳанг ва маърифат мегузарад. Ба қавли ӯ, «ҳар ҷомеае, ки аз адолат дур шавад, илму ҳунар ва фарҳангро низ аз даст медиҳад [9]. Ин гуфта нишон медиҳад, ки адолат на танҳо воситаи давлатдорӣ, балки шарти фарҳанги маънавӣ аст. Давлати одил метавонад на танҳо тартиби сиёсиро нигоҳ дорад, балки илму ахлоқ ва ҳунарро ҳам парвариш диҳад.

Аз ҳамин рӯ, адолат барои Ибни Сино пояи мутамаркази ҳама гуна созмони маънавии ҷомеа аст ҳамзамон сиёсӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ. Ин андеша имрӯз низ дар муҳити ҷаҳонӣ аҳамияти вижа дорад: ҷомеаи ҷаҳонӣ бе адолати иҷтимоӣ аз ҳам мепошад, чунон ки Сино ҳушдор дода буд, ки фасоди нафс сабаби суқути давлат аст, чунон ки фасоди қувваи ҳаёт сабаби марги ҷисм мегардад. Ба андешаи Ибни Сино, инсон бидуни адолат аз моҳияти худ дур мегардад, зеро виҷдони ӯ маҳз бо эҳсоси адолат бедор мегардад. Вай менависад: Адолат оини нафс аст, ки бе он инсон аз табиати худ хориҷ мешавад.

Аз ин рӯ, адолати иҷтимоӣ шакли виҷдони башарист: он инсонро ба маърифати нафси худ мерасонад. Дар ин ҷост, ки андешаи Ибни Сино аз ҳудуди фалсафаи сиёсӣ гузашта, ба сатҳи фалсафаи маърифат ва ахлоқ мерасад. Адолат дигар танҳо меъёри идора нест, балки шакли фаҳми ҳастии инсонӣ аст. Аз ҳамин нуқта, фалсафаи Ибни Сино бо фалсафаи ахлоқии Кант ва Левинас ҳамоҳанг мешавад: Кант меъёрро «қонуни виҷдон» меномад, ва Ибни Сино онро амали нафси одил. Ҳар ду ба хулосаи ягона мерасанд, ки ҳастӣ бе виҷдон, давлат бе адолат ва инсон бе ахлоқ пойдор нест [10].

Фалсафаи Ибни Сино дар бораи адолат аз доираи ислом ва Шарқ берун меравад, ки он дорои хусусияти умумибашарист. Дар он рӯҳи умумиинсонӣ ҷилва мекунад, ки ҳамаи одамонро дар зери сояи як низоми маънавӣ, низоми адолат, мепайвандад. Ҳар ҷо ки хирад ва адолат ҳузур доранд, он ҷо миллатҳо ва мазҳабҳо ба ҳам мепайванданд. Дар ин маъно, Ибни Сино пешгузаштаи фалсафаи умумибашарии арзишҳо мебошад. Адолати иҷтимоӣ, дар рӯҳи таълимоти ӯ, механизми тавозуни умумибашарӣ, нерӯе, ки инсонро аз худпарастӣ, давлатҳоро аз зулм, ва ҷомеаро аз тафриқа наҷот медиҳад.

Ин аст маънои фалсафии умумибашарии адолат дар тафаккури Ибни Сино ва ин аст ҳикмате, ки имрӯз низ метавонад пояи созиши фарҳангҳои ҷаҳон гардад. Адолати иҷтимоӣ дар андешаи Ибни Сино на як қимати сиёсӣ, балки меъёри ҳастии инсон аст. Он дар айни ҳол фалсафаи давлат, виҷдони раҳбар ва арзиши универсалии фарҳанг аст. Ҳамчун қонуни маънавии ҳастӣ, адолат одамиро ба инсон ва давлатро ба маънавият табдил медиҳад. Адолат, пули виҷдон аст миёни нафс ва давлат, миёни хирад ва қудрат, миёни инсон ва Худо. Ҳикмати Ибни Сино дар бораи адолати иҷтимоӣ моро ба дарки амиқи ҳамбастагии ҳастӣ ва маънавият мерасонад.

Дар нигоҳи ӯ, адолат на як меъёри қонун, балки мавҷудияти хирадмандонаи иҷтимоият аст, ҳамон нерӯе, ки нафс, ҷомеа ва давлатро дар як низоми маънавӣ муттаҳид мекунад. Аз нигоҳи Сино, давлат танҳо вақте пойдор мешавад, ки бар пояи адолат бунёд ёбад. Адолат дар ин ҷо ба маънои қонуни зиндагӣ аст, на ба маънои муқаррароти ҳуқуқӣ: он қонуни ҳастӣ мебошад, ки бо хирад ва виҷдон пайванд дорад. Ҳокимияти беадолат, мисли ҷисми беҷон, аз маъно холӣ мегардад, ва ҳокими одил, баръакс, ба «файласуфи амал» табдил меёбад — шахсе, ки сиёсатро бо маърифат ва ахлоқ меомезад. Адолати иҷтимоӣ дар фалсафаи синоӣ пайванди миёни маърифат ва ҳокимият аст.

Ин пайванд, дар асл, робитаи ду ҷаҳон аст: ҷаҳони зоҳир қудрат, қонун, давлат ва ҷаҳони ботин виҷдон, ахлоқ, маънавиёт. Ҳамин «пули маънавӣ» давлатро аз зӯр ба нур, аз ҳукмронӣ ба роҳнамоӣ ва аз сиёсат ба хирад мегузаронад. Дар ҷаҳони муосир, ки низоми иҷтимоӣ аз беадолатӣ ва бегонагии ахлоқӣ ранҷ мебарад, андешаи Ибни Сино метавонад фаҳмиши давлат ва инсон гардад. Адолат барои ӯ шакли зиндагии маънавии ҷомеа аст, таҷассуми виҷдон дар фазои ҷамъиятӣ. Аз ҳамин рӯ, давлате, ки бар адолат устувор аст, на танҳо пойдор, балки маънавист, ва ҷомеае, ки бар виҷдон асос ёбад, на танҳо муттаҳид, балки хирадманд аст.

Адолат дар тафаккури синоӣ рӯҳи ҳастист, ки аз қалби хирад ба шоҳроҳи давлат мегузарад. Он на меъёри сиёсӣ, балки ҷараёни маънавии зиндагист, пайванди виҷдон ва ҳастӣ. Пас, хулосаи фалсафии ин таълимот чунин аст: Адолат, шакли ҳастии хирадмандонаи инсон аст, Давлат, таҷассуми иҷтимоии виҷдон аст, Ҳокимияти одилона, низоми маънавии зиндагӣ мебошад, Ва фалсафаи синоӣ, роҳи барқарорсозии тавозуни инсон ва олам аст. Ҳамин аст маънои умумибашарии ҳикмати Ибни Сино: адолат ҳамчун қонуни зиндагӣ ва хирад ҳамчун пояи давлат фалсафае, ки дар он маърифат, виҷдон ва ҳокимият ба ваҳдати маънавӣ мерасанд.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 1 (94) том 4


Ссылка для цитирования:

Тураева Ф.Н. АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ ҲАМЧУН РАВАНДИ ТАҲКИМБАХШИ ҲОКИМИЯТИ СИЁСӢ ДАР ТАЪЛИМОТИ ИБНИ СИНО // Журнал «Вестник науки» от 25 января 2026 г. № 1 (94) том 4. С. 947 - 958. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/28561 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/28561



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2026.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.