Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 25 января 2026 г.
  4. Научная статья № 190
Просмотры  25 просмотров

МАТНИ ЖАНРҲОИ ПУБЛИТСИСТӢ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН

Аннотация: мақолаи мазкур ба таҳлили дискурсии матни жанрҳои публитсистӣ дар телевизион бахшида шуда, телевизионро ҳамчун ниҳоди марказии ташаккули шуури ҷамъиятӣ, ҷаҳонбинӣ, арзишҳои иҷтимоӣ ва ҳуввияти шаҳрвандӣ баррасӣ мекунад. Муаллиф нишон медиҳад, ки матни публитсистии телевизионӣ на танҳо воқеиятро инъикос, балки онро тафсир, арзёбӣ ва идеологизатсия намуда, ба механизми пурқуввати таъсири маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ табдил меёбад. Дар мақола моҳияти жанр ҳамчун категорияи матншиносӣ ва дискурсӣ шарҳ дода шуда, хусусиятҳои забонӣ, визуалӣ ва аудиалӣ-интонасионии матни телевизиониро ҳамчун низоми бисёрқабатаи семиотикӣ таҳлил мегарданд. Репортажи таҳлилӣ, мусоҳиба, ток-шоу, барномаҳои баҳсӣ, суханронӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ ҳамчун навъҳои асосии жанрҳои публитсистӣ баррасӣ мешаванд, ки ҳар кадом модели хоси коммуникативӣ ва стратегии таъсир доранд. Хулосаи асосӣ он аст, ки публитсистикаи телевизионӣ дар шароити ҷомеаи муосир ба яке аз абзорҳои калидии шаклгирии афкори умум, фарҳанги сиёсӣ ва ҳувияти миллӣ табдил ёфта, таҳлили филологии он барои сиёсати иттилоотӣ ва таҳкими фарҳанги маънавии ҷомеа аҳамияти стратегӣ дорад.

Ключевые слова: матни телевизионӣ, жанрҳои публитсистӣ, дискурси расонаӣ, сохтори бисёрқабата, забон, тасвир ва овоз, лингвопрагматика, таъсири идеологӣ, шуури ҷамъиятӣ, афкори умум, ҳуввияти миллӣ.

Телевизион дар ҷомеаи муосир ниҳоди марказии ташаккули шуури ҷамъиятӣ, ҷаҳонбинӣ, арзишҳои иҷтимоӣ ва ҳувияти шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад, ки дар худ на танҳо функсияи хабардиҳӣ, балки рисолати таъсиррасонии маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро таҷассум менамояд. Маҳз тавассути телевизион воқеият на танҳо инъикос, балки тафсир, арзёбӣ ва идеологизатсия мешавад, ки ин раванд телевизионро ба механизми дискурсии қудратманд мубаддал мегардонад [1:45]. Дар ин фазои пуртазод ва пуртаъсир, жанрҳои публитсистӣ, аз қабили шарҳи сиёсӣ, мусоҳиба, ток-шоу, репортажи таҳлилӣ, барномаҳои баҳсӣ ва суханрониҳои ҷамъиятӣ, нақши меҳварӣ доранд. Онҳо ҳамчун шаклҳои фаъоли маърифати иҷтимоӣ амал намуда, миёни ахбор, арзёбӣ ва таъсир робитаи зинда ва динамикӣ барқарор месозанд.

Аз ин ҷост, ки публитсистикаи телевизионӣ на танҳо инъикоси воқеият, балки сохтакори маъно (конструктори маъно) дар фазои иттилоотии ҷомеа мебошад [2:101]. Аз нигоҳи филологӣ, матни публитсистии телевизионӣ дорои як қатор хусусиятҳои мураккаби жанриву дискурсист, ки аз ҷумла инҳоянд: иҷтимоӣ будани мазмун, яъне вобастагии мустақим ба мушкилоти ҳаёти ҷомеа, равонашавии қавӣ ба афкори омма, бо ҳадафи шаклдиҳӣ ва танзими мавқеъҳои иҷтимоӣ, таъсирбахшии баланд, ки на танҳо ба ақл, балки ба эҳсос, ирода ва арзишҳои тамошобин таъсир мерасонад, синтези ахбор ва арзёбӣ, ки дар он далел бо тафсири мавқеъомез якҷо мегардад, бартарияти сохтори диалогӣ, ки муҳити муоширати мустақим, интерактивиро муҳайё мекунад [3:252]. Ин маҷмӯи аломатҳо матни публитсистии телевизиониро аз матни хаттии классикии публитсистика ҷудо намуда, онро ба як воҳиди мураккаби семиотикӣ, яъне ҳамзамон забонӣ, овозӣ ва визуалӣ табдил медиҳад. Ба ибораи дигар, дар телевизион калима танҳо калима нест, балки бо образ, оҳанг, ҳаракат ва рамз якҷо шуда, ба низоми мукаммали таъсири маънавӣ мубаддал мегардад [4:129].

Дар ҳамин замина, масъалаи таҳлили илмии матни жанрҳои публитсистӣ дар телевизион дар илми забоншиносӣ, журналистика ва филологияи муосир ҳамчун яке аз самтҳои калидии таҳқиқоти дискурсӣ баромад мекунад. Зеро маҳз тавассути таҳлили ин матн метавон: механизмҳои таъсири расонаиро ошкор сохт, табиати забони ҷомеаи муосирро дарк намуд, равандҳои идеологӣ, фарҳангӣ ва сиёсиро таҳлил кард. Аз ин рӯ, омӯзиши филологии жанрҳои публитсистии телевизион на танҳо аҳаммияти назариявӣ, балки зарурати стратегии фарҳангӣ ва маорифӣ барои ҷомеаи имрӯзӣ ба шумор меравад [5:61]. Дар илми муосири матншиносӣ ва назарияи дискурс мафҳуми жанр ҳамчун яке аз категорияҳои бунёдии ташаккули матн ва муоширати инсониву иҷтимоӣ баррасӣ мегардад.

Жанр на танҳо қолаби шаклӣ, балки модели устувори коммуникативӣ, меъёри таърихии баён ва низоми интизомии ташкили маъно мебошад. Ба таъбири М. М. Бахтин, ҳар як жанр «шакли нисбатан устувори баёни сухан» аст, ки дар ҷараёни рушди иҷтимоӣ ташаккул ёфта, бо мақсаду вазифаи муайяни коммуникативӣ вобаста мебошад [3:252].

Аз ин нуқтаи назар, жанр дорои чор унсури асосии сохторист, ки ҳастии онро ҳамчун категорияи матншиносӣ таъмин месозанд: Мақсади муайян (интенсия) - ҳар жанр ба иҷрои ҳадафи мушаххаси коммуникативӣ равона мешавад: хабар додан, таъсир расонидан, баҳс кардан, ташаккули афкор ва ғ., Функсияи коммуникативӣ - жанр вазифаи муайяни иҷтимоӣ иҷро мекунад (иттилоотӣ, танзимкунанда, таъсирбахш, арзёбкунанда), Сохтори махсуси дохилии матн - пайдарпайии мантиқӣ, композитсия, қолаби синтаксисӣ ва интизоми семантикӣ, Қолаби услубӣ - маҷмӯи васоити лексикӣ, грамматикӣ ва экспрессиявӣ, ки табиати жанрро муайян мекунанд [6:92]. Ҳамин тавр, жанр ҳамчун пайванди байни забон ва ҷомеа, байни шакл ва мазмун, байни фикр ва таъсир амал мекунад. Аз ин ҷост, ки жанрро наметавон танҳо ҳамчун категорияи соф лингвистӣ арзёбӣ кард, он ҳамзамон дорои табиати фалсафӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Дар миёни жанрҳои гуногуни матн (бадеӣ, илмӣ, расмӣ-коргузорӣ, гуфторӣ), жанри публитсистӣ мақоми махсус дорад. Он ҳамчун шакли миёнавии байни ахбори воқеӣ ва тафсири арзёбкунанда, байни далел ва мавқеи иҷтимоӣ, байни хабар ва таъсир ташаккул ёфтааст [2:101].

Жанри публитсистӣ аз дигар жанрҳо бо се аломати поягоҳӣ фарқ мекунад: Иттилоотиву арзёбкунанда будан - яъне ҳамзамон ахбор додан ва арзёбии онро ба хонанда ё бинанда пешниҳод намудан, Сотсиалӣ будан - вобастагии мустақим ба масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа, сиёсат, ахлоқ, фарҳанг, давлатдорӣ, Таъсиррасон будан - равонашавӣ на танҳо ба зеҳн, балки ба эҳсос, ирода ва мавқеи шаҳрвандии аудитория [1:45]. Ин хусусиятҳо жанри публитсистиро ба ниҳоди фаъоли ташаккули афкори умум, механизми таъсири иҷтимоӣ ва абзори муборизаи идеологӣ табдил медиҳанд. Дар ин маъно, публитсистика танҳо «баёни фикр» нест, балки амали иҷтимоӣ тавассути матн мебошад. Дар таҳқиқоти муосири дискурс, жанр ҳамчун шакли ташкили маъно дар фазои муоширати иҷтимоӣ таҳлил мегардад.

Тибқи назарияи дискурсии Т. ван Дейк, жанр на танҳо шакли баён, балки модели идоракунии маъно, қудрат ва таъсир мебошад [7:29]. Ин махсусан дар жанрҳои публитсистии телевизион равшан эҳсос мешавад, зеро: жанр самти тафсири воқеиятро муайян мекунад, жанр тарзи қабули ахборро аз ҷониби аудитория танзим менамояд, жанр марзи миёни «хабар» ва «таъсир»-ро муайян месозад. Аз ин рӯ, таҳлили жанр дигар танҳо таҳлили шакли матн нест, балки таҳлили фарҳанги муошират, идеология ва шуури ҷамъиятӣ мебошад. Публитсистика дар низоми шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ҳамчун шакли фаъоли муносибати инсон ба воқеияти иҷтимоӣ баромад менамояд.

Он на танҳо воситаи интиқоли ахбор, балки механизми фаъоли дарки воқеият, арзёбии иҷтимоӣ ва шаклдиҳии мавқеи шаҳрвандӣ мебошад. Маҳз дар доираи публитсистика воқеият на ба таври бетараф, балки ба таври арзишманд, мавқеъдор ва масъулиятшиносона инъикос мегардад [8:115]. Тибқи таълимоти Е. П.

Прохоров, публитсистика он шакли фаъолияти маънавист, ки дар он ҳамзамон: ахбор ҳамчун далели воқеӣ, мавқеъ ҳамчун муносибати муаллиф, арзиш ҳамчун меъёри иҷтимоӣ, масъулияти иҷтимоӣ ҳамчун уҳдадории ахлоқӣ дар як воҳиди ягонаи матнӣ таҷассум меёбанд [1:45]. Ин чор унсур публитсистикаро аз дигар шаклҳои сухан (хабарнависии холис, матни илмӣ, матни бадеӣ) фарқ мекунад ва онро ба ниҳоди мустақили ташаккули шуури ҷамъиятӣ табдил медиҳад. Публитсистика дар ҷомеаи муосир на танҳо воқеиятро инъикос мекунад, балки рафтори иҷтимоиро танзим менамояд. Тавассути он: меъёрҳои ахлоқӣ таблиғ мешаванд, арзишҳои сиёсӣ мустаҳкам мегарданд, тасаввуроти шаҳрвандӣ шакл мегиранд, мафҳуми адолат, масъулият, ватан, қонун таҷассум меёбанд.

Аз лиҳози сотсиолингвистӣ, публитсистика ҳамчун миёнарав байни қудрат ва ҷомеа, байни давлат ва шахс, байни воқеият ва тафсири он амал мекунад [9:149]. Аз ин ҷост, ки публитсистика ҳамеша бо идеология, сиёсати давлатӣ ва фарҳанги ҷамъиятӣ иртиботи мустақим дорад. Яке аз хусусиятҳои поягоҳии публитсистика - дугонагии табиати он мебошад: Аз як тараф, он ахбори воқеӣ медиҳад, Аз тарафи дигар, он тафсир, арзёбӣ ва таъсир мерасонад. Ин хусусият боиси он мегардад, ки матни публитсистӣ ҳамзамон: манбаи иттилоот, абзори тарбия, василаи идеологӣ ва механизми таъсири равонӣ гардад [4:149].

Дар ин маъно, публитсистика танҳо «нақли воқеият» нест, балки амали иҷтимоӣ тавассути матн мебошад. Бо пайдоиши телевизион, публитсистика ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид. Агар публитсистикаи классикӣ асосан ба шакли хаттӣ ва сухани зинда такя мекард, публитсистикаи телевизионӣ ба сатҳи визуалӣ-аудиалӣ баромад, ки таъсири онро даҳҳо маротиба афзоиш дод. Телевизион ба публитсистика се унсури иловагӣ ворид намуд: Образи визуалӣ (кадр, ҳаракат, рамз), оҳанги овоз (интонация, тембр, суръат), энергияи ҳузури мустақим (эффекти «ҳозир будан»).

Дар натиҷа, публитсистикаи телевизионӣ ба як низоми мураккаби семиотикӣ табдил ёфт, ки дар он калима, овоз ва тасвир якҷо амал мекунанд. Тибқи таҳқиқоти Т. ван Дейк, дискурси расонаӣ (аз ҷумла публитсистикаи телевизионӣ) яке аз механизмҳои асосии идоракунии афкор, қудрат ва идеология мебошад [7:29]. Телевизион: воқеиятро интихоб мекунад, тарзи дарки онро муайян мекунад, ҳуввияти «муҳим» ва «номуҳим»-ро месозад, модели тафаккури ҷамъиятиро шакл медиҳад. Аз ин рӯ, публитсистикаи телевизионӣ дар ҷомеаи муосир танҳо соҳаи журналистика нест, балки ниҳоди стратегии фарҳангӣ, сиёсӣ ва маънавӣ мебошад.

Публитсистика шакли фаъоли шуури ҷамъиятӣ мебошад, ки дар он ахбор, арзиш, мавқеъ ва масъулият якҷо таҷассум меёбанд, ки он воқеиятро на бетараф, балки арзёбӣ ва тафсир мекунад. Телевизион публитсистикаро ба сатҳи визуалӣ-аудиалӣ бароварда, таъсири онро чандин маротиба тақвият додааст. Публитсистикаи телевизионӣ ба яке аз абзорҳои асосии шаклгирии афкори умум, идеология ва фарҳанги сиёсӣ табдил ёфтааст. Матни жанрҳои публитсистӣ дар телевизион аз лиҳози табиати коммуникативӣ, шакли ифода ва механизми таъсир дорои сохтори бисёрқабата (полисистемавӣ) мебошад.

Бар хилофи матни хаттии классикӣ, ки асосан ба як сатҳи забонӣ такя мекунад, матни телевизионии публитсистӣ дар ҳамбастагии се қабати асосӣ ташаккул меёбад: забонӣ, визуалӣ, овозу оҳанг (аудиалӣ-интонасионӣ). Ин се сатҳ на ба таври ҷудогона, балки ҳамчун низоми ягонаи семиотикӣ амал намуда, дар маҷмӯъ таъсири пурқуввати коммуникативӣ, равонӣ ва идеологӣ ба шуури бинанда мерасонанд [1:45]. Сатҳи забонӣ пояи асосии ташаккули маъно дар матни публитсистии телевизион мебошад. Дар ин сатҳ маҷмӯи зерунсурҳои зерин мавқеи калидӣ доранд: лексикаи арзишӣ ва иҷтимоӣ (ватан, адолат, субот, хатар, масъулият, ислоҳот, амният), синтаксиси таъсирбахш (ҷумлаҳои кӯтоҳу зарбадор, ҷумлаҳои риторикӣ, саволҳои таъсиргузор), шаклҳои баҳснок ва арзёбкунанда (баҳои мусбӣ/манфӣ, муқоиса, таъкид, таъна), омӯзиши услуби китобӣ ва гуфторӣ, ки ба матн хусусияти ҳамзамон расмӣ ва зинда мебахшад [6:92].

Забони публитсистии телевизион на танҳо вазифаи иттилоотӣ, балки вазифаи таъсиррасонӣ, баҳсбарангезӣ ва тарбиявӣ иҷро мекунад. Аз ин рӯ, ин забон бештар ба забони прагматикӣ-таъсирбахш тааллуқ дорад, на ба забони холиси хабарнависӣ. Ба таъбири В. В.

Виноградов, забони публитсистӣ «забони амал аст, на танҳо забони нақл» [9:149]. Яъне, он ҳамеша ба дигаргун сохтани ҳолати равонии аудитория равона мегардад. Сатҳи визуалӣ яке аз муҳимтарин фарқиятҳои матни телевизионӣ аз матни хаттӣ мебошад. Ин сатҳ тавассути: кадр, ҳаракати камера, ифодаи чеҳра, ишора, рамзи рангу фазо, монтаж ташаккул меёбад.

Тасвир дар телевизион на танҳо воқеиятро нишон медиҳад, балки маъно месозад, эҳсос меофарад ва тафсири воқеиятро идора мекунад. Ба таъбири Ю. М. Лотман, тасвир ҳамчун «матни рамзӣ» амал мекунад, ки қодир аст маънои зиёдтар аз калима тавлид намояд [4:129].

Дар жанрҳои публитсистӣ (хусусан дар репортаж, мусоҳиба, ток-шоу): чеҳраи инсон метавонад далел гардад, ашк далели ахлоқӣ, ҳаракат далели сиёсӣ, сукут далели таъсирбахш. Аз ин лиҳоз, сатҳи визуалӣ ба яке аз абзорҳои марказии таъсири шуури ҷамъиятӣ табдил ёфтааст. Сатҳи овозу оҳанг (аудиалӣ-интонасионӣ) унсури сеюм ва бисёр таъсиргузори матни публитсистии телевизион мебошад. Ин сатҳ тавассути: интонатсия, тембр, суръати нутқ, таваққуф (пауз), оҳанги эҳсосӣ амал мекунад.

Интонатсия заҳмати маънои калимаҳоро тақвият медиҳад, тағйир медиҳад ё ҳатто комилан дигар мекунад. Як ҷумла метавонад вобаста ба оҳанг: даъват шавад, таҳдид гардад, эҳсос барангезад, ё бетараф намояд. Дар телевизион овоз танҳо воситаи шунидан нест, балки механизми таъсири равонӣ ва ахлоқӣ мебошад [10:49]. Хусусияти асосии матни жанрҳои публитсистӣ дар телевизион дар он ифода меёбад, ки: калима танҳо калима нест, тасвир танҳо тасвир нест, овоз танҳо овоз нест, балки ҳамаи онҳо якҷоя низоми муттаҳиди семиотикӣ-дискурсӣ ташкил медиҳанд.

Ба таъбири Т. ван Дейк, чунин ҳамбастагӣ ба матни расонаӣ имконият медиҳад, ки ҳамзамон: маълумот диҳад, воқеиятро тафсир кунад, мавқеъ бисозад, шуурро идора намояд [7:29]. Аз ин рӯ, таъсири матни публитсистии телевизионӣ нисбат ба дигар шаклҳои матн чандин баробар пурқувваттар аст. Матни публитсистии телевизион дорои сохтори бисёрқабата ва полисистемавӣ мебошад. забонӣ маъно ва мавқеи иҷтимоиро меофарад. визуалӣ образ месозад ва эҳсосро идора мекунад. овозу оҳанг таъсири равонӣ ва ахлоқиро тақвият медиҳад. Ҳамбастагии ин се сатҳ матни телевизионро ба абзори қавитарини таъсири иҷтимоӣ ва идеологӣ табдил медиҳад. Матни телевизионии публитсистӣ аз лиҳози услубӣ ҳамчун шакли махсуси баён дар фазои расонаӣ баромад мекунад, ки дар худ ҳамзамон аломатҳои забони адабӣ, гуфтории зинда, услуби сиёсӣ-ижтимоӣ ва нутқи таъсирбахш-ро муттаҳид месозад.

Маҳз ҳамин омезиш ба он қудрати баланди таъсири равонӣ, ахлоқӣ ва идеологӣ мебахшад. Хусусиятҳои асосии услубии ин матн дар чанд меҳвар ҷамъбаст мегарданд. Яке аз аломатҳои марказии забони публитсистии телевизион бартарии ҷумлаҳои риторикӣ мебошад. Ҷумлаи риторикӣ на барои гирифтани ҷавоб, балки барои: бедор кардани эҳсоси бинанда, фаъол сохтани андеша, шиддат бахшидан ба масъала, ташдиди мавқеи иҷтимоӣ истифода мешавад. Масалан: «Оё метавон нисбат ба тақдири Ватан бетараф буд?».

Ин гуна ҷумлаҳо шуури бинандаро ба ҳолати ҳамфикрӣ, ҳамдардӣ ё эътироз ворид месозанд. Ба таъбири В. В. Виноградов, саволи риторикӣ яке аз муҳимтарин воситаҳои экспрессия ва таъсиргузории нутқи публитсистӣ мебошад [7:29].

Дар телевизион ин таъсир бо овоз, оҳанг ва тасвир боз ҳам чанд баробар тақвият меёбад. Матни телевизионии публитсистӣ ба таври фаровон аз калимаҳои арзишбор (аксиологӣ) истифода мебарад, аз қабили: адолат, миллат, субот, ватан, амният, озодӣ, масъулият, қонун, ваҳдат. Ин калимаҳо танҳо воҳидҳои луғавӣ нестанд, балки «нишонаҳои арзишӣ»-и шуури миллӣ ва сиёсӣ мебошанд. Онҳо: фазои ахлоқии матнро месозанд, ҷаҳонбинии идеологиро муайян мекунанд, таъсири ахлоқӣ-равониро тақвият медиҳанд.

Т. Г. Добросклонская қайд мекунад, ки маҳз лексикаи арзишӣ воситаи асосии идеологизатсияи матни расонаӣ мебошад [9:149]. Дар телевизион ин калимаҳо ҳамеша бо тасвир, чеҳра ва овоз пайваста шуда, ба рамзҳои зиндаи иҷтимоӣ табдил меёбанд.

Гарчанде публитсистика анъанавӣ ба сухан такя мекунад, публитсистикаи телевизионӣ бо тасвирнокии фавқулбаланд фарқ мекунад. Тасвирнокӣ дар ин ҷо ҳам маънои: образофаринии каломӣ (эпитет, истиора) ва ҳам тасвирнокии визуалӣ (кадр, ҳаракат, ишора, чеҳра) дорад. Дар таълимоти Ю. М.

Лотман, тасвир дар расона на танҳо воқеиятро нишон медиҳад, балки онро рамз мекунад ва маънодор месозад [1:45]. Масалан, чеҳраи пурдарди як модар дар барномаи иҷтимоӣ метавонад таъсире расонад, ки садҳо ҷумлаи хабарӣ расонда наметавонад. Ҳамин аст, ки тасвирнокӣ дар телевизион ба таъсиргузортарин унсури услубӣ табдил меёбад. Матни публитсистии телевизионӣ дорои табиати гибридӣ (омехта) мебошад. Дар он: унсурҳои услуби китобӣ (калимаҳои мубҳам, мавҳум, сиёсӣ). бо унсурҳои забони гуфтугӯӣ (содагӣ, зиндаӣ, муроҷиати мустақим). якҷо истифода мешаванд.

Ин омезиш ба матн имконият медиҳад, ки ҳамзамон: ҷиддӣ ва расмӣ, вале фаҳмо, зинда ва наздик ба бинанда бошад. Ба андешаи М. Н. Кожина, ин хусусият аз публитсистика «услуби миёнарав» месозад миёни илм, бадеият ва гуфтори зинда [4:129].

Дар телевизион ин миёнаравӣ шакли равшантар мегирад, зеро нутқ ҳам шунида мешавад ва ҳам дида. Яке аз фарқиятҳои калидии матни телевизионии публитсистӣ муроҷиати мустақим ба бинанда мебошад. Ин муроҷиат дар шаклҳои зерин амалӣ мегардад: истифодаи шаклҳои «шумо», «мо», хитобҳои эҳсосӣ («ҳамватанони азиз», «дӯстони гиромӣ»), даъватҳои мустақим («биёед бетараф набошем»). Ин хусусият телевизионро аз дигар расонаҳо ҷудо мекунад, зеро байни гӯянда ва бинанда иллюзияи муоширати зинда ба вуҷуд меояд.

Т. ван Дейк ин равандро «таъсири мустақими дискурсии қудрат ба шуури омма» мешуморад [6:92]. Матни телевизионии публитсистӣ дорои услуби баландэкспрессивӣ ва арзишмеҳвар мебошад. Ҷумлаҳои риторикӣ воситаи асосии бедорсозии эҳсос ва андеша мебошанд. Калимаҳои арзишнок меҳвари семантикӣ ва идеологии матнро ташкил медиҳанд. Тасвирнокӣ таъсири ахлоқӣ ва равониро чанд баробар меафзояд.

Омӯзиши услубҳои хаттӣ ва гуфторӣ матнро ҳам ҷиддӣ ва ҳам фаҳмо мегардонад. Муроҷиати мустақим ба бинанда телевизионро ба қавитарин абзори таъсири иҷтимоӣ табдил медиҳад. Жанрҳои публитсистӣ дар телевизион шаклҳои асосии ташаккули дискурси иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, ҳар яке дорои модели махсуси матн, психологияи таъсир ва сохтори дискурсӣ мебошанд. Телевизион ин жанрҳоро аз шакли хаттӣ ба сатҳи визуалӣ-аудиалӣ мебарад ва ба онҳо таъсири бисёрқабата мебахшад.

Репортажи таҳлилӣ жанрест, ки дар он далели воқеӣ бо тафсири арзёбкунанда пайваст мегардад. Агар репортажи классикӣ асосан ҳадафи хабардиҳӣ дошта бошад, репортажи таҳлилӣ ба: шарҳи сабабу натиҷа, арзёбии сиёсию иҷтимоӣ ва ташаккули мавқеи тамошобин равона мешавад [2:101]. Аз нигоҳи матншиносӣ, ин жанр дорои: пайдарпаии мантиқӣ, таносуби воқеият, тафсир, бартарии сохтори мантиқӣ-далоилнок мебошад. Мусоҳиба шакли диалогии публитсистика мебошад, ки дорои потенсиали баланди таъсири равонӣ аст.

Дар телевизион мусоҳиба на танҳо мубодилаи иттилоот, балки: майдони бархӯрди мавқеъҳо, фазои ташаккули эътимод ва воситаи таъсири мустақим ба шуури бинанда мегардад [8:146]. Аз нигоҳи лингвопрагматикӣ, мусоҳиба дорои: суханҳои барангезанда, саволҳои стратегӣ ва посухҳои арзёбкунанда мебошад. Барномаҳои баҳсӣ жанри полемикии телевизион мебошанд, ки дар онҳо: бархӯрди афкор, зиддияти мавқеъҳо, рақобати маънавӣ ва идеологӣ. ба таври зинда амалӣ мегардад [1:92]. Ин жанр ба ташаккули: фарҳанги баҳс, шуури интиқодӣ ва тафаккури шаҳрвандӣ мусоидат мекунад.

Суханронӣ жанри классикии таъсирбахши идеологӣ дар телевизион мебошад. Он дорои: сохтори декларативӣ, лексикаи арзишӣ, интонатсияи баланди таъсир аст. Суханронӣ дар телевизион ба воситаи: калима, тасвир, оҳанг. ба механизми пурқуввати таъсири сиёсӣ ва ахлоқӣ табдил меёбад [9:150]. Барномаҳои иҷтимоӣ жанри ҳассос ва ахлоқмеҳвар мебошанд, ки ба: мушкилоти иҷтимоӣ, тақдири инсон, адолати иҷтимоӣ, маъюбият, беморӣ, камбизоатӣ мепардозанд.

Ин жанр дорои: таъсири баланди эмпатикӣ, нерӯи ташаккули ҳамдардӣ ва функсияи ахлоқии баланд мебошад [4:134]. Матни телевизионии публитсистӣ аз нигоҳи лингвопрагматика дорои функсияи амалӣ-таъсирбахш мебошад. Он: на танҳо хабар медиҳад, балки рафтор месозад, ақида шакл медиҳад, арзиш меофарад. Тибқи назарияи дискурсии Т. ван Дейк, чунин матн ба доираи. дискурси расонаӣ дохил мешавад, ки вазифаи он идоракунии шуури омма тавассути забон мебошад [5:24].

Матни телевизионӣ: стратегияи таъсир дорад, тактикаи баҳс дорад, механизмҳои манипулятсионӣ дорад ва модели ҷаҳонбиниро сохта медиҳад. Аз ин рӯ, публитсистикаи телевизионӣ на танҳо соҳаи журналистика, балки ниҳоди қудрати маънавӣ ва идеологӣ мебошад. Матни публитсистии телевизион дар ҷомеаи муосир дорои таъсири гуногунқабата мебошад. Он: меъёрҳои ахлоқиро шакл медиҳад, фарҳанги сиёсиро месозад, тафаккури шаҳрвандиро инкишоф медиҳад, сатҳи худшиносии миллӣ ва иҷтимоиро боло мебарад.

Дар шароити ҷомеаҳои гузариш, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, жанрҳои публитсистии телевизион дорои: нақши давлатсоз, нақши ваҳдатофар, нақши ҳуввиятсоз мебошанд. Аз ин рӯ, телевизион на танҳо расона, балки муассисаи маънавии миллӣ низ ба ҳисоб меравад. Матни жанрҳои публитсистӣ дар телевизион як падидаи сентезии забон, тасвир, овоз ва идеология мебошад, ки он дорои таъсири амиқи равонӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ аст. Ҳар як жанри публитсистӣ (репортаж, мусоҳиба, баҳс, суханронӣ, барномаи иҷтимоӣ) модели махсуси дискурсӣ ва стратегии таъсир дорад. Публитсистикаи телевизионӣ дар ҷомеаи муосир ба механизми калидии ташаккули шуури ҷамъиятӣ, фарҳанги сиёсӣ ва ҳувияти миллӣ табдил ёфтааст.

Таҳлили филологии ин матн барои рушди журналистика, забоншиносӣ, фарҳангшиносӣ ва сиёсати иттилоотӣ аҳаммияти стратегӣ дорад.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 1 (94) том 4


Ссылка для цитирования:

Мирзода З. МАТНИ ЖАНРҲОИ ПУБЛИТСИСТӢ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН // Журнал «Вестник науки» от 25 января 2026 г. № 1 (94) том 4. С. 1606 - 1618. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/28635 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/28635



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2026.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.