Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 15 февраля 2026 г.
  4. Научная статья № 52
Просмотры  27 просмотров

ХУСУСИЯТҲОИ ВОЖАСОЗИИ ПАСВАНДИ –ДОН ДАР СОХТАНИ НАВЪҲОИ ГУНОГУНИ ЗАРФИЯТ (ДАР ЗАМИНАИ МАВОДИ «ЁДДОШТҲО» – И С. АЙНӢ)

Аннотация: калимасозӣ яке аз усул ва роҳҳои асосии такмили таркиби луғавии ҳар як забон, аз ҷумла забони тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Бо пасвандҳо сохтани вожаҳо як бахши бисёр муҳим ва пурарзиш буда, доираи омӯзиши он хеле доманадор мебошад.Дар ин мақола танҳо бархе аз вожаҳое, мавриди таҳқиқ қарори дода шудааст, ки онҳо тавассутим пасванди –дон сохта шудаанд ва таҳқиқот дар заминаи маводи «Ёддоштҳои» –и С.Айнӣ сурат гирифтааст. Ҳадафи ба риштаи таҳқиқ кашидани ин масъла дар он аст, ки бо вуҷуди пурмаҳсул буданаш дар калимасозӣ аз ҷониби муҳаққиқони соҳа камтар таваҷҷуҳ зоҳир гардида, танҳо ишораҳоии мухтасар ва кутоҳ ироа гардидааст.Дар «Ёддоштҳо» С. Айнӣ калимаҳои бо пасванди –дон сохташударо хеле зиёд ба кор бурдааст, ки бархе аз онҳо дар фарҳангоҳои тафсирии забони тоҷикӣ ва гӯйишҳои он сабт нагардидаанд. Бештари ин навъи калимаҳо бунёди тоҷикӣ дошта, барои такмили фарҳангҳо мусоидат мекунанд.

Ключевые слова: забони тоҷикӣ, пасванди дон, калимасозӣ, таҳқиқот, Ёддоштҳо, такмили фарҳангҳо.

Калимасозӣ яке аз воситаҳои асосӣ ва муҳимми ғанӣ гардидани таркиби луғавии ҳар як забони дар дунё мавҷудбуда, аз ҷумла забони тоҷикӣ низ ба ҳисоб меравад. Аз пажуҳишҳои илмҳои забоншиносӣ маълум мешавад, ки бештари вожаҳову истилоҳоти нав дар натиҷаи дигаргунии давраҳои гуногуни таърихӣ, сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ, тиҷоратӣ, пешрафти техника ва технологияҳои ҳозиразамон бо бархе аз тағйироту таҳаввулоти калимасозӣ мувофиқи қонуну қоида ва меъёрҳои махсуси дохилии забон, инчунин сохти грамматикии он ба вуҷуд меояд. Яке аз роҳ ва воситаҳои пурмаҳсули калимасозӣ, ин усули вожасозии морфологӣ ба ҳисоб рафта, он дар навбати худ ба бахшҳои алоҳида ҷудо мешавад. Масалан, бо пасвандҳо сохта шудани калимаҳо қисмати сермаҳсули вожасозии морфологӣ буда, тавассути чунин пасвандҳо навъҳои зиёди калимаҳои нав рӯйи кор омадаанд, ки доираи омӯзиш ва пажуҳиши онҳо хеле васеъ ва доманадор мебошад.

Дар ин мақола танҳо бархе аз калимаҳое мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор мегиранд, ки дар «Ёддоштҳо» –и С.Айнӣ тавассути пасванди –дон таркиббандӣ шудаанд. Пасванди –дон дар забони тоҷикӣ дар сохтани калимаҳои нав пурмаҳсул мебошад. Бо вуҷуди он, ки бо ин пасванд калимаҳои зиёде сохта шуда бошанд ҳам, ин масъала за ҷониби донишмандони соҳа ба таври мукаммал, бавижа дар асоси маводи ягон асари бадеӣ мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст. Муҳиммияти таҳқиқи алоҳида қарор гирифтани пасванди –дон дар он ифода меёбад, ки айни замон доираи истифодаи бархе аз вожаҳои бо ин пасванд сохташуда рӯз то рӯз маҳдуд гардида, қисмати дигар аз байн рафтаанд.

Навгонии таҳқиқи ин хели вожаҳо дар забони тоҷикӣ масъалаи муҳим ва боарзиш бошад ҳам, ба ҷуз аз баъзе ишораҳои кутоҳу мухтасар дар асарҳои монографии Ш.Рустамов [6,С.19], О.Қосимов [3]. мавриди ҷудогонаи пажуҳиш қарор нагирифтааст. Аз таҳқиқи О. Қосимов маълум мешавад, ки пасванди –дон бунёди хеле куҳан дошта, сарчашмаи он ба забонҳои давраи бостон ва миёнаи эронӣ иртибот доштааст: «Суффикс –дон в среднеперсидском представлен в этой же форме и восходит к древнеиранскому – dana от √-da «устанавливать» [3,С. 128] иқтибос аз С. Зелеман (С. G.

Saleman) ва Р. Ҳорн (P. Horn). О.Қосимов муҳаққиқи лексикаи «Шоҳнома» –и Фирдавсӣ буда, чунин калимаҳоро, ки бо пасванди –дон сохта шудаанд, дарёфт намудааст: намакдон, дукдон, устудон/устодон, хокдон, зиндон, хонадон [3, с.128]. Чуноне аз ин мисолҳо маълум мешавад, бештари онҳо имрӯз ҳам дар забони тоҷикӣ истифода мешаванд, ба истиснои устудон / сутудон, ки маънои √»дахма, гӯрхонаи габрон, гӯрхонаи оташпарастон, гӯристон» -ро [8,С.276] дорад, ба ёди фаромӯшӣ рафта, ба гурӯҳи калимаҳои куҳнашуда (архаистӣ) дохил гардидааст.

Муҳаққиқ дар бораи вожаҳои устудон / сутудон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, андешаи худро чунин баён кардааст: «Слово сутудон / устудон «оссуарий» не членится на составные части, так как его предполагаемая корневая морфема усту / суту не представлена в языке в самостоятельном виде [3, С. 128]. Инчунин муҳаққиқ С.Мирзоев ба калимасозии пасванди –дон дар забони яғнобӣ мароқ зоҳир намуда, роҷеъ ба ин масъла як мақолаи муфассал таҳти унвони «Андешаи бархе аз донишмандони яғнобшинос дар бораи суффикси –дон / дун» ба нашр расонида, бо мисолҳои зиёд ва дақиқ исбот кардааст, пасванди –дон / дун дар забони яғнобӣ каммаҳсул набуда, балки пурмаҳсул будани онро муқаррар карда, андешаи худро чунин ҷамъбаст намудааст: «Андешаи бархе аз донишмандони яғнобшинос дар хусуси бемаҳсул будани пасванди -don / dun беасос мебошад, бо пасванди –don / dun дар забони яғнобӣ вожаҳои зиёде сохта шудааст, ки он нишонаи пурмаҳсулии онро нишон медиҳад» [4,С. 27]. Дар ин мақола мо хусусиятҳои дастурӣ, калимасозии пасванди –дон, ҷиҳати этимологии решаи калимаҳои бо ин пасванд сохташуда, доираи истифодаи онҳо дар забони тоҷикӣ ва амсоли инҳоро дар заминаи «Ёддоштҳо» –и С.Айнӣ мавриди баррасӣ қарор додем, ки бархе аз онҳо дар доираи як мақола таҳлил ва таҳқиқ мешаванд. Муҳаққиқи шинохтаи гӯйишҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқӣ С.Раҳматуллозода (С.Хоркашов) дар боби якуми монографияи худ, ки «Нақши пасвандҳо дар сохтани исмҳо» унвон дорад, дар қатори дигар пасвандҳои гурӯҳбандишуда, дар бораи пасванди –дон (-дун) низ ба таври мухтасар маълумот ироа намуда, андешаи худро чунин баён кардааст: «Аз калимаҳои гуногун исмҳое месозад, ки номи ашё, рӯзгор, ҷой макон, зарфият ва номи узви инсон ё ҳайвонро мефаҳмонад, ки теъдоди онҳо 23-то буда, ба сурати зайл овардан мумкин аст» [5,С.88-89].

Муҳаққиқ онҳоро ба чор даста гурӯҳбандӣ намудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз: 1.Исмҳое сохтааст, ки номи ашёи рӯзгорро ифода мекунанд: бордон // бордун //, йахдон // йахдун, хумдун «дули осиё», чамадон // чамадун // ҷамадон «ҷомадон», чироғдун // чъроӯдун, чагдун // чахдун «оташдон, танури заминӣ,» нондун «сандуқи махсуси ноннигаҳдорӣ». 2. Калимаҳое сохтааст, ки зарфиятро далолат мекунанд: кълидун // келидун // килидон // кълидон // кълиғдун «калиддон, лӯкидон, кулфу калиди чубин, токчаи зарфгузории доирашакл, лукидон // лукидун // лъкидон «калиддон», қошуқдон // қошуғдун // қошъғдун «сабадчаи аз навъи дарахт бофташуда, ки дар он қошуқ,кафлес, кафгир ва монанди инҳо нигоҳ дошта мешавад, намакдун // нъмакдун // нъмъкдун «намакдон», руғандун «равғандон, ҷойи равғанғуншавии ҷувоз, чироғдун «равғани чароғ» ҷузъи чароғи сиёҳ, ки дар он равғани зағир рехта мешавад. [ҳамон ҷо]. Чуноне ба мушоҳида мерасад, аксарияти мислҳое, ки забоншинос С.Раҳматуллозода овардаанд дар «Ёддоштҳо» –и С.Айнӣ ба мушоҳида мерасанд. Пасванди –дон дар баробари сохтани калимаҳои забони тоҷикӣ аз калимаҳои дигар забонҳо низ вожаҳои нав сохтааст, ки чунин ҳолат дар маводи «Ёддоштҳо» –и С.Айнӣ низ ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми таркиббандии чунин навъи калимаҳо ба ҳайси асос исмҳои аз ҷиҳати баромади забониашон гуногун, ки мутааллиқ ба забонҳои тоҷикӣ, арабӣ, русӣ мебошанд ба кор рафтаанд. 1.

Аз асосҳои забони тоҷикӣ. Пасванди –дон аз асосҳои тоҷикӣ калимаҳои хеле зиёд сохтааст ва яке аз пурмаҳсултарин пасвандҳое дар забони тоҷикӣ ба ҳисоб меравад, ки дар «Ёддоштҳо» – и С.Айнӣ ҳам чашмрас мебошанд: сиёҳидон,оташдон,тафдон,равғандон, хонадон, коҳдон,лойдон, яхдон, нондон, хумдон,туфдон,тобадон, ангиштдон. 2. Аз асосҳои забони арабӣ. Дар «Ёддоштҳо» чунин навъи калимаҳо хеле кам ба мушоҳида мерасанд: қаламдон,шамъдон. 3.

Аз асосҳои забони аврупоӣ, ки тавассути забони русӣ ба забони тоҷикӣ гузаштаанд. Аз чунин навъи калимаҳо дар «Ёддоштҳо» – и С.Айнӣ низ вожаҳои папиросдон ва карасиндон –ро истифода намудааст. Таркиби луғавии забон ҳамеша дар инкишоф аст ва он ҳама гуна навигариҳои дар ҳаёти ҷамъият баамаломадаро ба воситаи калимаҳо дар худ инъикос менамояд. Асоси таркиби луғавии забонро маъмулан калимаҳои аслии худи забон ташкил медиҳанд.

Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳоест, ки дар раванди инкишофи таърихӣ дар таркиби луғавии он тағйироти зиёде ба вуҷуд омадааст, вале бо вуҷуди ин вожаҳое мавҷуданд, ки аз замони пайдоиши забони форсӣ то ба ҳол мавриди истифода қарор доранд. Бояд қайд, ки забони форсӣ – тоҷикӣ ҳанӯз дар аҳди сулолаи Сомониён ба авҷи аъло расида буд ва баъди пошхурии ин давлат ҳам забони тоҷикӣ беш аз ҳазор сол ҳамчун забони расмӣ –коргузории давлатӣ истифода мешуд. Пеш аз таҳлили ҳар як калима ба омӯзиши он аз ду ҷиҳат муносибат кардан лозим аст: Аз рӯйи вижагиҳои овозӣ – дастурӣ, Аз ҷиҳати хусусиятҳои луғавӣ – маъноии он. Инчунин ҳангоми талаффуз вижагии овозии калима зоҳир мешавад, аз ин рӯ, баробари омӯзиши ҳар як вожа таркиби овозии он низ баррасӣ мегардад.

Дар забон вобаста ба маъно ва мафҳумҳои ифодамекардаашон вожаҳо ба ҳиссаҳои гуногуни нутқ гурӯҳбандӣ мешаванд. Бинобар ин, ҳар як ҳиссаи нутқ роҳу усулҳои овозсозӣ муҳиммияту маъноҳои дастурӣ ва вазифаҳои синтаксисӣ (наҳвӣ) – грамматикии ба худ хосро доранд, ки маводи мавриди пажуҳиши мо ҳам аз чунин қонуну қоидаҳо истисно нестанд. Вижагиҳои дастурии вожа – таркиби морфологии он, шакл, сохт, тағйирот ва вазифаҳои гуногуни онро дар нутқ грамматика меомӯзад. Дар бахши луғатнигорӣ (омӯзиши луғат) пеш аз ҳама дар бораи моҳияти луғавии калима, вижагиҳои услубии онҳо,пайдоиш (баромад, этимология) ва доираи истеъмолашон маълумот дода мешавад.

Масалан, вожаи қаламдон аз рӯйи сохт ба бахши калимаҳои сохта алоқаманд буда, аз ду ҷузъ: қалам ва пасванди – дон корбаст гардидааст. Ҷузъи аввал аз рӯйи мансубияти ба ҳиссаҳои нутқдошта, ба исм тааллуқ дорад. Аз ҷиҳати баромад вожаи қалам мутааллиқ ба забони арабӣ буда, дорои маъноҳои гуногуни луғавӣ мебошад. Маънои асосии он «изи тарошида, ки бо он хат менависанд» мебошад [7, 668]. Муродифҳои тоҷикии он хома, килк ба ҳисоб мераванд, ки за ҷиҳати доираи истеъмол тафовут доранд.

Вожаҳои тоҷикии хома ва килк дорои хусусиятҳои услуби асарҳои бадеӣ ва публитсистӣ буда, муродифи арабии онҳо қалам хусусияти умумитоҷикӣ дорад ва доираи истеъмоли он васеъ аст. Аз ин ҷиҳат, метавон гуфт, ки дар забони адабии тоҷикӣ қалам нақши муҳим дошта, пурра ҷойгузини лексемаҳои тоҷикии хома ва килк гардидааст. Васл шудани пасванди –дон ба қалам мафҳуми калимаро дигар кардааст, яъне ба ин восита он маънои нав пайдо намуда, зарфиятро ифода мекунад, ки дорои чунин маъност: қаламдон қуттии махсуси дарозрӯя, ки дар он қаламу сиёҳӣ, қаламқад ва ғайраҳо нигоҳ дошта мешавад [7,669]. Вожаи қаламдон дорои давраи муайяни таърихӣ буда, имрӯз низ дар забони тоҷикӣ дар ҳамин шакл ва маъно маъмул аст.

Дар давраи нави ташаккули забони тоҷикӣ низ ин калима мақоми худро нигоҳ доштааст. Аз мутолиаи асарҳои нависандаи мумтоз ва чирадасти тоҷик С. Айнӣ маълум мешавад, ки ӯ ин калимаро дар осори худ дар мавридҳои лозимӣ истифода намудааст. Бинобар ин, ҳамчун намуна метавон мисоле аз осори бадеии ӯ ишора кард: Падрам бо ҳамин мақсад як рӯзи бозори Ғиждувон, ки худ ба Маҳалаи Боло рафтагор буд, маро ҳамроҳи худ то бозор гирифта бурд ва дар он ҷо ба ман як каламдон, ду найқалам як каламтарош, як қаламқат, як ҷузъгири мешигӣ, як бандча лос ва чор тахта коғази машқии хӯқандӣ харида ба ман дод... [1, қ1, 117].

Ба ҳамин минвол, метавон ёдовар шуд, ки маънои луғавии калима ҳангоми номбар гардидани предмет (ашё), ҳодиса, вижагӣ ва монанди инҳо зоҳир ёфта, он ба маънои асосии калима далолат мекунад. Вижагии морфологӣ ва синтаксисии калимаҳо маънои дастурии онҳо ба ҳисоб мераванд. Масалан, вожаи мавриди андешаи мо – қаламдон-исм, исми ҷинс, ғайришахс, беҷон,конкрет, аз ҷиҳати шакл – танҳо, аз рӯйи сохт исми сохта мебошад. Дар ҷумла мубтадо ё дигар аъзои ҷумла шуда метавонад.

Чунин вижагӣ ва аломатҳои вожаи қаламдон маъноҳои дастурии он ба шумор мераванд. Мазмун ё мафҳуми ҳар як калима дар раванди амалиёт ва таҷрибаи ҳаёт (зиндагӣ) муқаррар мегардад. Аз ин рӯ, ҳар як калима дар муносибатҳои анъанавии (суннатӣ) одамон мафҳуми асосии худро мустаҳкам мекунанд. Мусаллам аст, ки ҳар як калима дорои маънои махсуси луғавӣ мебошад.

Аз ҷумла, вожаҳои ёридиҳанда (пешоянду пасвандҳо,пайвандаку ҳиссачаҳо) низ маъно доранд, яъне маъноҳои грамматикиро ифода карда метавонанд, зеро онҳо барои ифодаи андеша унсурҳои зарурии забон ба ҳисоб мераванд, ки пасванди –дон аз ин қоидаҳо истисно нест ва дар сохтани калима (калимасозӣ) нақши муҳимро ба ҷо овардааст. Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки калима ҳамеша барои ифодаи як маъно хизмат накарда, балки вожаҳое ҳам мавҷуданд ё ба мушоҳида мерасанд, ки ашё ва мафҳумҳои гуногуну ҳархеларо низ ифода карда метавонанд. Яъне бархе аз вожаҳои забон ба ҷуз аз маънои аслӣ – маънои луғавии худ, дар матн ба маъноҳои дигар – маъноҳои маҷозӣ низ истифода шуда метавонанд. Вожаи қаламдон, аз ҷумла, дар фасли «Хатмашқкунӣ» хеле зиёд ба кор рафтааст ва дар умум истифодаи он бист маротиба ба мушоҳида расид, ки онҳоро С.Айнӣ ба таври зайл тасвир кардааст: Ман ба хари бехӯрҷин савор шуда, қаламдонро, ки ҳамаи асбобаш дар дарунаш буд, ба ҷузгир ва коғаз ба тарзи лӯла печонда ба пеши худ гирифта, аз бозор баромадам ва дар ҳолате, ки хурсандии маро поёне набуд, ба роҳ даромадам [ 1, қ.1,117]. Ман бедиққатона бастаро каҷ монда будаам, ки каламдони шаффоф ғеҷида баромада, ба тарафи деворча, ба даруни ҷӯй афтод [ 1,қ.1, 117].

Дар ҷӯй об набуд ва қаламдон ҳам дар он ҷо наменамуд. [1,қ.1, 117]. Лекин дар он ҷо дар даруни ҷӯй як чоҳи ҳандақмонанди дарозшакл канда будаанд, ки қалмдонам – қаламдони ҷоноҷонам дар даруни он чоҳ ғалтидааст [1, қ.1,118]. Оташдон. Ин калима дар забони тоҷикӣ серистеъмол буда, дар осори адибони тоҷик низ чи дар асарҳои мансур ва чи манзум ба таври фаровон ба кор рафтааст.

Вожаи оташдон дар осори С.Айнӣ ҳам дар чанд маврид рӯйи кор омадааст, ки метавон ҳамчун намуна ба онҳо ишора кард: -Худам гурусна мондаам, ошпазӣ барои ман ҳеҷ ташвиш надорад, ту намебудӣ ҳам, ягон чиз пухта мехурдем, - гуфт Шоҳмирзо як чойи тоза дам карда оварда монд ва худ ба сари дегу оташдон рафт [Одина,135], Дар охири қатори оташдонҳо як дегро бар рӯйи оташдон ба тарзи одӣ монда буданд, ки дар вай равған доғ мекарданд [1,қ.1,27].Чуноне аз ин ҷумла ба назар мерасад, вожаи оташдонро нависанда ду дафъа ба кор бурдааст, ки яке дар шакли ҷамъ ва дигаре танҳо омадааст. Дар гуфтори мардуми тоҷик ба гунаи дегдон низ роҷеъ аст. Оташдон ба услуби адабии забони тоҷикӣ иртибот дошта, муродифи он марбут ба бархе аз гӯйишҳои забони тоҷикист. Аз ин рӯ, С.Айнӣ дар асарҳои бадеӣ ва ёддоштии худ бештар ба сурати адабии он эътибор додааст, зеро оташдон барои тамоми минтақаҳои тоҷикнишин фаҳмост ва хусусияти умумитоҷикиро ба худ касб намудааст.

Гузашта аз ин, ҷузъи аввал решаи (асос) калима бунёди куҳани таърихӣ дошта, дар давраҳои гуногуни ташаккул ва таҳаввули забони тоҷикӣ ба тағйироте рӯ ба рӯ нашуда, то ба имрӯз асолати бунёдии худро нигоҳ доштааст, ки ин яке аз вижагҳои барҷаста ва махсуси калимаҳои решагии таркиби луғавии забон мебошад. Вожаи оташдон дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» сабт гардида, чунин тавзеҳ ёфтааст: ҷое, ки оташ афрӯхтаанд, кӯра, манқал, дегдон [8.41]. С. Айнӣ вожаи оташдонро дар «Ёддоштҳо» ба таври фаровон ба кор бурдааст, ки метавон бархе аз онҳоро ҳамчун намуда овард: - Боракалло! – гуфт падарам, -бе сабаб «сарфаи сари оташдон – савдогари Ҳиндустон» нагуфта будаанд [1,қ.1, 22]. Ҳарчанд ин ҳуҷра ҳам якдра ва ҷои дастурӯшӯӣ ва оташдонаш дар пойгоҳаш буда, лекин вусъати рӯи ҳуҷра ва пойгоҳ ба анҷом расондани ошпазӣ ва дастурӯйшӯиро осонтар мекард [ 1,қ.2, 247].

Чуноне ба мушоҳида мерасад, С. Айнӣ дар бархе аз мавридҳо дар матн (як ҷумла) вожаи оташдонро чор бор ба кор бурдааст, ки ҳар якеро дар мавридҳои гуногун ба таври мушаххас баён намудааст: Махдум панҷшоха аз хорҳои хушк, ки дар канори шимолии чуқурӣ ғарам карда мондагӣ буданд, даста-даста оварда, дар пеши оташдон ғун кард ва баъд аз он ба оташкови оҳании сарпанҷадор як даста хорро ба даруни оташдон дароварда, оташ даргиронд ва пеш-пеш дастаҳои хорро бо оташков ба даруни оташдон тела медод ва аз ғарам бо панҷшоха боз дастаҳои хорро кашонда, дар пеши оташдон ғун мекард. Дар ин матн нависанда бо як маҳорати сухандонӣ ва суханпардозӣ ҳар вожаи истифоданамуда оташдонро дар ифодаи амале нишон додааст, ки онро метавон ба чор ҷумла ифода кард: Хорро ба даруни оташдон дароварда оташ даргиронд, Пеш-пеш дастаҳои хорро бо оташков ба даруни оташдон тела медод, Аз ғарам бо панҷшоха боз дастаҳои хорро кашонда дар пеши оташдон ғун мекард, Махдум панҷшоха аз хорҳои хушк, ки дар канори шимолии чуқурӣ ғарам карда мондагӣ буданд, даста-даста оварда, дар пеши оташдон ғун мекард. Нондон.

Дар ин калима асос (реша) нон буда, барои тамоми мардуми форсизабон мафҳуми ягона дорад. Ин вожа танҳо дар баъзе гӯйишҳои забони тоҷикӣ ва забонҳои шарқии эронӣ, аз ҷумла забони яғнобӣ ба гунаи нун талаффуз мешавад. Чуноне аз ин ҷо маълум мешавад, овози садоноки «О» дар бархе аз лаҳҷаҳо ва забони яғнобӣ ба овози садоноки «у» таҳаввул ёфтааст. Вожаи нон –ро мураттибони ФЗТ ба таври зайл тавзеҳ дода, мисолҳои зиёдеро низ овардаанд: нон хуроке, ки ордро хамир карда ва завола гирифта дар танӯр мепазанд [7, 869].

Мураттибони фарҳанг шоҳидҳои зиёдеро барои навъҳои гуногуни нон аз осори манзум ва мансури адибони адабиёти классикӣ оварда, тавзеҳ додаанд.Аз шоҳидҳои нишондода маълум мегардад, ки 1200 сол пеш вожаи нон дар шакли имрӯза ба кор мерафтааст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки вожаи нон таърихи хеле қадима дошта, то ба ҳол дар ҳамон шакл ва маъно дар забонҳои гуногуни эронӣ ҳифз шудааст. Масалан, Рӯдакӣ дар яке аз байтҳои худ вожаи нонро ба таври зайл ба риштаи назм даровардааст: Кашкин нонат накунад орзу, Нони самин хоҳӣ гирду калон. (7,869).

Нони самин навъи ноне будааст, ғафсу фахида. Дар давраҳои баъдии ташаккули забони тоҷикӣ ба вожаи нон пасванди –дон ҳамроҳ шуда,номи зарферо ба вуҷуд овардааст, ки дар он нон нигоҳ медоранд. Вожаи нондон дар ФЗТ ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин ҷо бармеояд, ки шояд дар давраҳои аввали ташаккулёбии забони тоҷикӣ маъмул набудааст ва дар давраи нави ташаккули забон калимаи нондон ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ ба вуҷуд омада, доираи истифодаи он васеъ гардидааст.

Бинобар ин, С.Айнӣ дар осори худ аз вожаи нондон истифода кардааст: Баъд нондонро кушода як порча нонро бурда-бурда карда гирифтам[1,қ.1,129]. - Аз даруни нондон кома гирифта, бо меҳмон хӯрда нишинетон! [1,қ.3,269]. Шамъдон. Вожаи шамъдон дар забони тоҷикӣ таърихи дерина дошта, имрӯз низ байни мардуми тоҷик мустаъмал аст. Дар ин калима ҷузъи асосӣ, яъне решаи он шамъ буда, аз ҷиҳати баромад мутааллиқ ба забони арабӣ мебошад,ки дар ФТЗТ ҳамчун моддаи махсуси луғавӣ ба таври зайл тавзеҳ дода шудааст: шамъ яке аз манбаъҳои равшанидиҳанда, ки аз мум ё чарбу тайёр карда ба дарунаш пилта монда мегиронанд. [8,624].

Муродифи вожаи мавриди таҳқиқ калимаи иқтибосии дигар, ки марбут ба забони рӯсӣ аст, ин свеча мебошад ва дар гуфтори мардуми тоҷик хеле роиҷ гаштааст. Баъдан ба лексемаи шамъ пасванди калимасози –дон ҳамроҳ гардида, аз он вожаи нав, яъне шамъдонро ба вуҷуд овардааст, ки дорои маънои зарфи шамъгузорӣ мебошад. Яъне шамъдон маънои зарфи махсусеро ифода мекунад, ки дар он шамъ гузошта мешавад ва дар забони тоҷикӣ дорои истифодааш фаровон аст. Дар давраи нави ташаккули забони тоҷикӣ дар осори адибони тоҷик, аз ҷумла «Ёддоштҳо» –и С.

Айнӣ ба мушоҳида мерасад, ки ба маънои имрӯзааш ба кор рафтааст. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки вожаи шамъдон низ дорои давраҳои таърихии муайян – куҳан буда, дар ҳамон шаклу маъно, бидуни ягон тағйирот то ба имрӯз омада расидааст. Вожаи шамъдон дар «Ёддоштҳо» дар як маврид ба таври зайл истифода гардидааст: -Хӯҷаин ба болохона даромада, шамъдон ва гӯгирд бароварда, дар шабгаҳ шамъро даргиронд [1, қ.3,229]. Роҷеъ ба ин масъла муҳққиқ С.Мирзоев таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла дар бораи нақши пасванди –дон дар сохтани калимаҳо ва вазифаҳои грамматикии он дар забони яғнобӣ мақолаи алоҳида ва мукаммалеро ба нашр расонидааст, ки дар он калимаҳои зиёде бо ин пасванд баррасӣ гардидаанд.

Инчунин, муҳаққиқ калимаҳои бо пасванди –дон корбастшударо аз рӯйи мансубияти ба ҳиссаҳои нутқдоштаашон ба шаш гурӯҳ дастабандӣ намудааст, ки хеле ҷолиб аст [4,7-29 ]. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки дар бархе таркибҳо калима баробари маънои луғавиашон як ё чанд ҷузъи маънои грамматикидошта низ таҷассум ёфта метавонанд. Бинобар ин, дар маводи таҳқиқотии мо низ вожаҳои зиёде мавҷуд аст, ки ба ҳиссаҳо, яъне ҷузъҳо тақсим мешаванд ва ҳар ҷузъи он дорои маънои луғавӣ ва вазифаҳои мушаххаси грамматикиро ифода мекунанд. Аз ин ҷиҳат, вожаи шамъдон аз чунин вижагиҳо истисно нест.

Дар ин калима ҷузъи шамъ худи номи предметро мефаҳмонад, ки дар чунин қолаб калимаҳои зиёде сохта шуда, маъноҳои гуногунро ба худ касб намудааст. Аз таҳлил ва таҳқиқи пасванди –дон дар калимасозӣ дар асоси маводи «Ёддоштҳо» –и С.Айнӣ метавон ба таври умум ба чунин натиҷа расид: Пажуҳиши калимаҳо бо пасванди –дон сохташуда яке аз масълаҳои мубрами забони тоҷикӣ ба ҳисоб меравад, махсусан аз маводи «Ёддоштҳо» –и С.Айнӣ, зеро бештари ин навъи вожаҳо суннатӣ ё этнолингвистӣ буда, дар маҷмуъ матолиби зиёди гузаштаи мардуми тоҷикро ифода мекунанд. Калимаҳои бо пасванди –дон истифоданамуда С.Айнӣ дар «Ёддоштҳо» аз ҷиҳати фарогирии бахшҳо хеле ҷолибу рангинанд. Бештари ин калимаҳо ҳамчун калимаҳои суннатӣ на танҳо барои забони тоҷикӣ, балки барои омӯзиши фарҳанги миллии мардумони эронитабор дорои аҳаммияти илмӣ мебошад.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 2 (95) том 3


Ссылка для цитирования:

Мирзоев С.Ҷ., Ҳикматова М.Ҳ. ХУСУСИЯТҲОИ ВОЖАСОЗИИ ПАСВАНДИ –ДОН ДАР СОХТАНИ НАВЪҲОИ ГУНОГУНИ ЗАРФИЯТ (ДАР ЗАМИНАИ МАВОДИ «ЁДДОШТҲО» – И С. АЙНӢ) // Журнал «Вестник науки» от 15 февраля 2026 г. № 2 (95) том 3. С. 464 - 476. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/28958 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/28958



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2026.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.