ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВИИ МОДЕЛҲОИ ЗАРБУЛМАСАЛ ВА МАҚОЛ ДАР ЗАБОНҲОИ ШУҒНОНӢ-РУШОНӢ ВА АНГЛИСӢ
Аннотация: ин мақола таҳлили муқоисавии моделҳои зарбулмасал ва мақолҳои шуғнонӣ-рушонӣ ва англисиро пешниҳод мекунад. Дар ин мақола муайян кардани хусусиятҳои монандӣ ва фарқияти моделҳои забони шуғнонӣ-рушонӣ ва англисӣ мебошад. Дар он асосан модели семантикӣ, модели сохторӣ ва модели функсионалӣ дар асоси паремиологияи ин ду забон баррасӣ мешаванд. Модели семантикӣ асосан ба маънои зарбулмасал ва мақолҳои гуногун диққат дода, онҳоро дар ду забон муқоиса ва шарҳ медиҳад. Модели сохторӣ бошад, ба сохтори зарбулмасал, яъне аз кадом қисми нутқ (исм, сифат, феъл) зарбулмасали шуғнонӣ-рушонӣ ва ё англисӣ ташаккул ёфтааст, таваҷҷуҳ мекунад. Модели функсионалӣ бошад, муайян мекунад, ки зарбулмасал ва ё мақол кадом амал ва ё вазифаро иҷро мекунад. Дар ин мақола асосан ҳафт модели функсионалӣ пешниҳод шуданд, ки аз рӯи онҳо зарбулмасалҳо ва мақолҳо таҳлил шудаанд.
Ключевые слова: зарбулмасал, мақол, паремия, семантика, модели семантикӣ, модели сохторӣ, модели функсионалӣ.
Муқаддима. Зарбулмасал ва мақолҳо қисми муҳими фарҳанги миллӣ ва нишонаи забони умумиҷаҳонӣ мебошад. Онҳо таҷрибаҳои зиндагии мардум, меъёрҳои ахлоқӣ ва мафҳумҳои некӣ ва бадӣ, кор, тақдир, ақл ва муносибатҳои инсониро инъикос мекунанд. Зарбулмасалҳо на танҳо вазифаҳои номинативӣ, балки инчунин вазифаҳои арзёбӣ, дидактикӣ ва фарҳангӣ-намояндагиро низ иҷро мекунанд.
Зарбулмасал ва мақолҳо ҳамчун воҳидҳои устувори забонӣ, ки дониши коллективиро дар бар мегиранд, вазифаҳои назарраси маърифатӣ, муоширатӣ ва прагматикиро иҷро мекунанд. Бо рушди забоншиносии омӯзишӣ муқоисаи моделҳои зарбулмасал ва мақолҳо дар забон махсусан муҳим аст. Омӯзиши муқоисавии зарбулмасалҳои шуғнонӣ-рушонӣ ва англисӣ ба мо имкон медиҳад, ки ҳам моделҳо монанд ва гуногунро дар зарбулмасал ва мақол муайян кунем. Аҳамияти (актуалность)ин таҳқиқот дар он аст, ки муяан карадани хусуиятҳои монандӣ ва фарқияти модели семантиқӣ, модели сохторӣ ва модели функсионалӣ мебошад.
Мақсади (цель) ин мақола муайян ва муқоисаи моделҳои семантикӣ, сохторӣ ва функсионалии зарбулмасал ва мақолҳои шуғнонӣ-рушонӣ ва англисӣ мебошад. Ҳадафҳои тадқиқот(задачи): Муаян кардани монандӣ ва фарқият модели семантикӣ, модели сохторӣ ва модели функсионалӣ. Бисере аз олимон дар бораи моделҳои семантикӣ ақидаҳои худро баррасӣ карданд. Масалан В. М.
Мокиенко мафҳуми «модели фразеологӣ»-ро ҳамчун «инварианти сохторӣ-семантикии комбинатсияҳои устувор, ки схематикӣ семантикаи онҳоро инъикос мекунад» таҳия кардааст, ки дар забоншиносии муосир хеле васеъ истифода мешавад, [7, 287]. Мафҳуми моделсозии зарбулмасалро бояд бо ду роҳ фаҳмид. Аввалан, аз нигоҳи моделсозии робитаи системавӣ (дохилӣ) байни мундариҷаи онҳо ва шаклҳои ифодаи он (хусусиятҳои зарбулмасал ҳамчун воҳидҳои системаи забонӣ). Дуюм, аз нигоҳи моделсозии мундариҷа ва/ё шаклҳои ифодаи онҳо ҳамчун шаклҳои мушаххаси забонӣ ё нутқӣ (новобаста аз хусусиятҳои зарбулмасал ҳамчун воҳидҳои системаи забонӣ).
Фаҳмиши аввал дар бораи моделсозии зарбулмасалро метавон беруна ҳисобид, зеро он ҳадафи тахассус ва тавсифи онҳоро ҳамчун як навъ воҳидҳои забонӣ дорад. Фаҳмиши дуюм барои зарбулмасалҳо имманентӣ аст, зеро ҳадафи асосии он дақиқтарин муайян кардани хусусиятҳо ва хосиятҳои зарбулмасал, новобаста аз он ки онҳо бо хусусиятҳо ва хосиятҳои дигар воҳидҳои забонӣ ҳастанд. Муайян кардани имкониятҳо (шартҳо ва маҳдудиятҳо)-и моделсозии зарбулмасал ҳамчун воҳидҳои забонӣ бидуни кӯшишҳои моделсозии хусусиятҳо ва хосиятҳои инфиродии онҳо ҳамчун воҳидҳои мушаххаси забонӣ/нутқӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, яке аз муҳимтарин вазифаҳои паремиологияи муосир муайян ва тавсифи мукаммал дар асоси қоидаҳои моделсозии забонӣ, хусусиятҳои гуногуни семантикӣ, сохторӣ ва функсионалии зарбулмасалҳо мебошад, яъне таҳияи моделҳои мувофиқи зарбулмасал ва тасдиқи мунтазами онҳо бо истифода аз мавод аз забонҳо бо сохторҳои гуногун.
Моделҳои зарбулмасалро аз рӯи мавзӯи моделсозӣ ба семантикӣ, сохторӣ, функсионалӣ ва ғайра ҷудо кардан мумкин аст. [2, -248.]. Модели семантикӣ. Моделҳои семантикӣ схемаҳои устувори маъно мебошанд, ки бар асоси онҳо калимаҳо, ибораҳо, зарбулмасалҳо ва матнҳо сохта мешаванд. Онҳо нишон медиҳанд, ки маъно чӣ гуна ташкил ёфтаасат, муносибат дар байни ашёҳо, амалҳо ва чи хел арзёбӣ мешаванд.
Модели ё назария «Маъно-Матн» дар СССР дар солҳои 1960 ва 1970, асосан аз ҷониби И. А. Мелчук, Ю. Д.
Апресян ва А. К. Жолковский таҳия шудааст. Асосҳои назариявии он дар китоби И.
А. Мелчук дар соли 1974 (нашри дуюм дар соли 1999, ба адабиёти тавсияшуда барои ин боб нигаред) пурра ва пайваста пешниҳод шудаанд. Ин модел дар забони ҳамчун механизме асос ёфтааст, ки маъноҳои додашударо ба матнҳои мувофиқ ва матнҳои додашударо ба маъноҳои мувофиқ табдил медиҳад. Гузариш аз маъноҳо ба матнҳо, яъне синтези забон, дар модел бештар инкишоф ёфтааст.
Модел системаи сатҳҳо ва қоидаҳои гузариш байни онҳоро пешбинӣ мекунад. [5, 259]. Ба таври кутоҳ: Модели семантикӣ = формулаи маъно. Масалан: Time is money [8, 209], «Вақт бузург аст» Waxt qimat [11, – 89]. Мафҳуми вақтро ҳамчун арзиши иқтисодӣ дар бар мегирад, ки хоси фарҳанги англисзабон аст.
Дар зарбулмасали шуғнони вақт ҳамчун як ҷузъи муққадас шуморида мешавад, ки бояд сарфакорона сарф шавад. Вақт = арзиш – талафоти он дар ин мақоли англисӣ манфӣ буда, дар мақоли шуғнонӣ-рушонӣ мусбат мебошад.Дар фарҳанги англисизабон вақт ҳамчун сармояи иқтисодӣ фаҳмида мешавад, ки онро метавон «сарф кард», «гум кард» ё «сармоягузорӣ кард». Фарҳанги шуғнонӣ-рушонӣ бошад ба ҷои манфиати иқтисодӣ, ба вазифаи ахлоқии меҳнат диққат медиҳад. Мисоли дигар.
No pain, no gain [8, 209]. «То дард набини, роҳат намебини» Mehnat kini rohata wini..[11, – 89 ]. «Меҳнат кунӣ роҳат мебини». Ин зарбулмасалҳои аз рӯи маънои маҷозӣ якхел буда, модели семантикияш меҳнат мебошад.
Ин зарбулмасалҳои ҳам забони англисӣ ва ҳам забони шуғнонӣ-рушонӣ аз ҷиҳати маънои семантикияш якхела яъне бе кӯшиш, натиҷа дарефт намешавад.Зарбулмасали ангилсӣ кӯшишро = хуб, танбалро = бад арзёбӣ карда, зарбулмасали англсӣ меҳнатро ҳамчун арзиши мусбат ҳисоб мекунад. Фарҳангҳои шуғнонӣ-рушонӣ ва англисӣ ба муваффақияти шахсӣ ва рақобат нигаронида шудаанд.Тасвири меҳнат фарҳанги анъанавии кишоварзӣ-деҳқониро инъикос мекунад. Модели сохторӣ. Моделсозии сохторӣ тавсифи воҳидҳои забонӣ дар асоси сохтори расмӣ ва грамматикии онҳо, новобаста аз маънои мушаххаси онҳо мебошад.
Яъне чи хел ҷумла сохта шудааст? Ҳангоми таҳлили сохтор ва грамматикии воҳидҳои фразеологӣ, мо хусусиятҳои пешниҳодкардаи Э. Ф. Арсентьеваро ба назар гирифтем: ифодаи морфологии ҷузъи асосӣ, сохтори синтагматикии воҳидҳои фразеологӣ, хусусияти муносибатҳои синтаксисӣ, усули ифодаи муносибати синтаксисӣ, ва мавқеи ҷузъи асосӣ нисбат ба ҷузъи вобаста [13]. Бар асоси хусусиятҳои сохтори грамматикӣ, мо гурӯҳҳои маъмултаринро муайян кардем: инҳо исмҳо, феълҳо, сифатҳо, зарфҳо ва ибораҳои ҷумла.
Таҳлили мавод ба мо имкон медиҳад, гурӯҳҳои сершумортарин ин исм ва феъл мебошанд. Ҷузъи асосии воҳидҳои фразеологӣ мазмуни исм мебошад. «Нақши бартаридоштаи исмҳо дар сохтори воҳидҳои фразеологӣ бо сабабҳои онтологӣ шарҳ дода мешавад, яъне онҳо барои номбар кардани объектҳои воқеияти субъективӣ хизмат мекунанд» [27, -3]. Барои воҳидҳои фразеологии мазмунӣ асосан зарбулмасал ва мақол, як навъи сохтории маъмулӣ омезиши исм ва исм аст: «N + N» / «Исм+Исм». Навъи атрибутивӣ-пешпозитивӣ бо ҳамшафатӣ дар забони шуғнонӣ-рушонӣ: Bacha firixta [4, 14] «Кудак ин фаришта».
Дар ин мақол bacha ва firixta ҳар ду исм мебошанд. Xac zindagi [4, 14] «Об ҳаёт аст». Дар ин мақол xac ва zindagi исмҳо мебошанд. Bewa purmewa [4, 14] «Бева пурмева аст».
Дар ин мақол калимаҳои bewa purmewa ҳар ду исм мебошанд. Бар хилофи забони шуғнонӣ-рушонӣ, дар забонҳои англисӣ, байни исм ва исм ҳам назорат вуҷуд дорад: Time is money [10, -132.] «Вақт ин сарват аст». Калимаҳо time ва money дар зарбулмасали боло исм мебошанд. Speech is silver, silence is gold «Сухан ин нуқра ва хомушӣ ин тилло аст»[3].
Дар зарбулмасали боло бошад, калимаҳои speech, silver, silence, gold исм мебошанд. Knowledge is power [12, -15] «Дониш ин қувват аст». Дар ин зарбулмасал бошад, knowledge ва power исмҳо мебошанд. Модели «N+Prep+N» / «Исм + пешоянд+ Исм» барои ду забон хос аст.
Дар ин зерсинф омезиши исм бо исм бо ёрии тобеияти пешоянд иҷро мешавад. Дар фразеологизмҳои англисӣ асосан зарбулмасалҳо ва мақолҳо бо навъи атрибутивӣ-пешояндӣ бо пасояндагӣ ва пайвастагии синтаксисӣ, ки байни ҷузъҳо мавҷуданд, ифодаи морфологӣ надоранд ва бо тартиби муайян калимаҳо иҷро мешаванд: Kud az faltow pir sod [11, – 89]. «Саг аз бисер нигоҳ кардан пир мешавад». Дар ин зарбулмасал kud ва faltowисм буда az пешоянд мебошад.
Xinur wi pic ti nist [11, -89] «Хинур дар рӯяш намудор нест». Калимаҳои Xinur ва pic исм буда, wi пешоянд мебошад. Yoc az nuri pok [11, – 89] «Аллов аз нури пок». Калимаҳо Yoc ва nuri pok исм буда, az пешоянд мебошад.
Дар забони англисӣ бошад чунини мисолҳо вуҷуд дораннд: Out of sight, out of mind [9] «Агар аз назар дур бошад, аз фикр ҳам дур кун». Out «берун», sight «чашм», mind «тафакур» исм буда, of «аз» пешоянд мебошад. Мисоли дигар Necessity is the mother of invention [9, -156.] «Зарурат модари ихтиро аст». Дар зарбулмасали боло калимаҳои mother «модар» ва invention «ихтироот» исм буда, of пешоянд мебошад.
Инчунини дигар Pride goes before a fall [6] «Мағрурӣ пеш аз суқут меравад». Pride «мағрурӣ»ва fall «суқут» исм буда, before «пеш» пешоянд мебошад. Ҷузъҳо дар воҳидҳои фразеологии субстантивии англисӣ метавонанд бо роҳи пайванди мураккаб пайваст шаванд: «N+and+N» / «Исм + ва + Исм». Ин пайвандак хусусияти якхелагӣ ва ё монандиро инъикос мекунад. [27, 3]Масалан: Chōr-at ɣan dāδ-an abr-at awō [11, – 89] «Зану шавҳар ранги абру ҳаво». Дар ин зарбулмасал ду маротиба модели сохтории «N+and+N» / «Исм + ва + Исм» дида шуда, калимаҳои Chōr «шавҳар», ɣan «зан», abr «абр», awō «ҳаво» буда, калимаи at пайвандаки «ва» мебошад.
Дар забони англисӣ бошад, зарбулмасали Time and tide wait for no man [17, -239] «Вақт ва мавҷ интизори касе нестанд». Дар ин заобулмасал модели сохтории «N+and+N» мушоҳида шуда, калимаҳои Time «вақт» ва tide «мавҷ» исм буда, and «ва» пайвандак мебошад. Дар воҳидҳои фразеологии субстантивӣ як навъи сохтории маъмул омезиши сифат ва исм «Adj+N» / «Сифат/Исм» мебошад. Шаклҳои мушаххаси татбиқи ин модел дар забонҳои муқоисашаванда гуногунанд мебошад. [27, -3].
Лекин модели сохтории зарбулмасал ва мақол дар забонҳои шуғнонӣ-рушонӣ ва англсӣ якхела дида мешавад,Масалан зарбулмасали шуғнонӣ-рушонӣ: Tischujin xacta jam nasod. «Оби рехта ҷамъ намешавад». Модели ин зарбулмасал сохтори «Сифат/Исм» дошта, яъне Tischujin «рехта» сифат буда, xac «об» исм мебошад. Зарбулмасали англисии A cracked bell is never sound [9, 201] «Занги шикаста ҳеҷ гоҳ садо намедиҳад» аз рӯи модел яъне «Adj+N» ва ҳам маъно ба модели шуғнонӣ-рушонӣ монанд буда, калимаи cracked «шикаста» сифат буда, bell «занг» исм мебошад.
Воҳидҳои фразеологии феълӣ воҳидҳое мебошанд, ки феъл ҳамчун ҷузъи асосӣ доранд. Воҳидҳои фразеологии феълӣ бо тобеият метавонанд муносибатҳои мақсаднок ё зарфии мақсаднокро ифода кунанд. Воҳидҳои фразеологии феълӣ, ки муносибатҳои мақсаднокро ифода мекунанд, метавонанд сохторҳои гуногун дошта бошанд. Сохтори соддатарин омезиши феъл ва исм аст.
Модели сохтории онҳо чунин намуд дорад: «V+N» / «Феъл + Исм». [27, -3]. Мисол: Rupc pi angur nafiript lovd id tuxp [11, – 89] «Рӯбоҳ ба ангур нарасида турш гуфт». Дар ин зарбулмасал модели «Феъл + Исм» яъне lovd «гуфт» феъл ва tuxp «турш» исм мебошад. Зарбулмасали аглисӣ бошад, Actions speak louder than words [16] «Амалҳо аз суханон баландтар сухан мегӯянд» буда, аз рӯи модели «V+N» speak «гуфтан» феъл ва words «калимаҳо» исм ба модели шуғнонӣ-рушонӣ баробар мебошанд.
Модели дигар бо ёрии пешванд тавассути сифат ё зарф истифода шуда чунин сохторро нишон медиҳад: «Adj/Adv+N+V» / «Сифат/зарф + Исм + Феъл». Мисол: Ar begona ruz jir mawev. [11, – 89] «Ба равзани бегона санг напарто». Дар ин зарбулмасал сохтори модели «Сифат + Исм + Феъл» истифода шуда калимаҳои begona «бегона» сифат, ruz «равзана» исм, ва mawev «напарто» феъл мебошанд. Зарбулмасали англисӣ бо чунин сохтор яъне «Adj/Adv+N+V» The early bird catches the worm [21, -67] «Паррандаи барвақт кирмро сайд мекунад».
Дар ин зарбулмасал калимаҳои early «саҳархез» сифат, bird «паранда» исм, ва catches «қапидан» феъл мебошанд. Модели дигари феълӣ чунин сохтор дорад: «Prep+N+V»/»Пешоянд + Исм+Феъл»: Pi cwincreʒ shal δaδi jiriɣd [11, – 89]. «Ба ҳеҷаи занбӯр даст расонӣ, неш мезанад». Ин зарбулмасал сохтори модели «Пешоянд + Исм+Феъл» пеша гирифта, Pi «Ба» пешоянд, cwincreʒ «ҳеҷаи замбӯр» исм, shal δaδi «даст расондан» феъл мебошад.
In need, we learn [25]. «Дар ҳолати зарурӣ, мо меомӯзем». Дар ин зарбулмасал калимаҳои In «Дар» пешоянд, need «зарурият» исм, learn «меомӯзем» феъл мебошанд. Модели дигари феъли чунин мубошад: «N+Prep+V» / «Исм+Пешоянд + Феъл».
Зарбулмасали англисие, ки чунин сохтор дорад, Baxt az tawakal bar Xuthoyand [4, 14]. «Бахт аз таввакал бар Худо». Дар ин мақол модели сохтории мушоҳида мешавад. Яъне Baxt «бахт» исм, az «аз» пешоянд, tawakal «таввакал» феъл мебошанд.
Зарбулмасали англисӣ бо чунини модели «N+Prep+V» чунин сохт дорад: A time to speak and a time to be silent [23, -73]. «Вақти сухан гуфтан ва вақти хомӯш мондан. Дар ин зарбулмасал time «вақт» исм, to «ба» пешоянд ва speak «гуфтугу» феъл мебошанд. Модели дигари сохторӣ ин «Prep+N+V» / «Пешоянд +Исм+Феъл» чунин мебошад.
Зарбулмасали шуғнонӣ-рушонӣ Ar bozor sawat baxta wini [4, 14]. «Ба бозор раву бахтатро меёбӣ». Дар ин зарбулмаса модели «Пешоянд +Исм+Феъл» ҳамчун Ar «ба» пешоянд, bozor «бозор» исм, sawat «рафтан» феъл мебошанд. Зарбулмасали англсӣ бо чунин модел яъне «Prep+N+V» In time comes wisdom [30, -238] «Бо мурури замон хирад меояд».
Дар ин зарбулмасал In «дар» пешоянд, time «вақт» исм ва comes «омадан» феъл мебошанд. Модели функсионалӣ. Модели функсионалии зарбулмасал ва мақолҳо соҳаи илме мебошад, нуқти матн кадом функсияро иҷро мекунад. Яъне модели додошуда кадом амал ё вазифаро дар зарбулмасал иҷро мекунад.
Асосан ҳафт функсияи прагматикии зарбулмасал ва мақол вуҷуд дорад. [1, – 414].фаъолият мекунанд. Функсияи моделсозӣ. Он дар ҳама зарбулмасалҳо, веллеризмҳо, масалҳо ва латифаҳои гузашта ифода ёфтааст. Маънои прагматикии ин функсия дар он аст, ки ин вазифа модели шифоҳиро (зеҳниро) дар таъмин мекунад.
Клишеҳои зарбулмасал бавосита амал карда, модели мувофиқро пешниҳод мекунанд. Масалан: Aray piδ čisat yakbor ẋičand. «Се маротиба чен куну як маротиба бур». Зарбулмасали англсӣ бошад, Better twice measured than once wrong [28, -193] «Ду маротиба дуруст чен кардан беҳ аз як маротиба хато».
Ин зарбулмасал функсияи модели рафтор, омодагӣ, санҷиш, амал, амали шитобкорона, хатогӣ, натиҷаи манфӣ, инчунини дигар модели сабабу натиҷаро яъне эҳтиёт, муваффақият шитобкорӣ, хатогӣ ва нокомро ифода мекунад: Функсияи иттилоотӣ. Ин функсия дар доираи васеъи зарбулмасалҳо. асасан дар клишеҳои тиҷоратӣ, муаммоҳо, масалаҳо дида мешавад. Ҳар як зарбулмасал як чизи таълимӣ ва ё тарбиявиро дорад. Як қаттор ҷаҳонбиниро муаррифӣ мекунанд, дигарон қоидаҳои тафаккур, сеюм қоидаҳои рафтор ва ғайра. Аммо ҳамаи онҳо як хусусияти умумӣ доранд: онҳо чизҳои муфиди муайянро меомӯзонанд.
Функсияи иттилоотии зарбулмасал дар он аст, ки он донишро дар бораи ҷаҳон, дар бораи мантиқи тафаккур, дар бораи меъёрҳои иҷтимоӣ, дар бораи маҳорати нутқ интиқол медиҳад. Он на танҳо дастур медиҳад, балки маълумоти мушаххасро низ мерасонад. Масалан: Ẋuʒ di sut parkta razd/Tonec ẋuʒ nasuj parkta narazd. Where there is smoke, there is fire [15, -194] «Дар ҷое ки дуд ҳаст, оташ ҳам ҳаст».
Маълумот дар бораи муносибати эҳтимолии падидаҳо. Мисоли дигар Badi ɤam fuk waxt xuši. «Бади ғам ҳамеша хушбахтӣ». Дар забони англсӣ After rain comes fair weather.
«Баъди борон ҳавои соф меояд» Дар бораи табиат малумот медиҳад. Мисоли дигар: Tirin pal pal birin šapal. «Боло пал пал (зебо) поён лой (безеб)». All that glitters is not gold. [25] «Ҳар он чизе, ки дурахшон аст, тилло нест».
Ин зарбулмасалҳо маълумотро дар бораи намуди зоҳирӣ фиребанда аст. Функсия пешгӯикунанда. Ин асосан ба зарбулмасалҳое, ки дар онҳо. пешгӯи зоҳир мегардад. Моҳияти асосии ин функсия пешгӯии оянда аст.
Функсияи пешгӯикунанда дар он аст, ки мақол пешгӯии ояндаро дар асоси мушоҳида, таҷриба ё эътиқод ифода мекунад. Масалан: Az jawandta jaw růy δedat az žindaman žindam. «Чи қадаре, ки мекори ҳамон қадар ба даст меори». As you sow, so shall you reap. [31, -517].
«Ҳар чӣ ки мекорӣ, ҳамонро хоҳӣ даравид». Пешгӯии ин зарбулмасалҳо чунинн аст, ки натиҷаҳои оянда аз амалҳои ҳозира вобастааст. Bašandirata bašandi yovdat gandgira gandagi. «Ба хубӣ хубӣ меояд ба бадӣ бадӣ «.
Зарбулмасал англисӣ What goes around comes around [22]. «Чизе, ки меравад бармегардад». Маънои ин зарбулмасалҳо ҳама чиз бармегардад. Пешгӯии ин дар он аст, ки оё дар оянда некӣ ё бадӣ ба инсон бармегардад?
Функсияи ҷодугарӣ. Ин функсия беҳтар дар афсунҳо, хоҳишҳо, савгандҳо, ва баъзе таҳдидҳо ифода ёбад. Моҳияти ин функсияи ҷодугарӣ дар он аст, ки амалҳои дилхоҳро бо калимаҳо бедор кунад ва иродаи худро ба табиат ё одамон таҳмил кунад. Ин функсия дар зарбулмасалҳо кам дида мешавад балки танҳо дар зарбулмасалҳое зоҳир мешавад, ки аз ҷиҳати шакл ё истифода ба орзуҳо, дуоҳо, наздиканд. Čoẋkan zeri čoẋ.
«Чоҳкан зери чоҳ». He who digs a pit for others falls into it himself proverbs [18, -684]. «Касе ки барои дигарон чоҳ меканад, худаш ба он меафтад». Дар назари аввал, ин зарбулмасали ахлоқӣ (вазифаи моделсозӣ) ба назар мерасад.
Аммо дар сухан, он метавонад хусусияти ҷодугарӣ ва огоҳкунандаро дар назар дорад. Барои истифодаи ин зарбулмасал ҳамчун адолатро таҷассум мекунад, ногузирии ҷазоро тасдиқ мекунад, ё ин ки ба ҷазо даъват мекунад. Мисоли дигар Dewoland mis ɤůɣ̌ yast. «Девор ҳам гуш дорад».
Curse not the king, no not in thy thought. [29]. «Подшоҳро ҳатто дар фикрат ҳам лаънат накун». Ин зарбулмасалҳо ҳамчун функсия огоҳкунандае доранд, ки ягон гап бади ё ғайбати касе накунед, ки ба гӯшаш мерасонанд. Функсияи манфӣ-коммуникатсионӣ мебошад.
Ин функсия хоси. зарбулмасалҳои гуногун мебошад. Аммо зоҳиран дар афсонаҳо, суханронӣ, (баъзан як калима, аксар вақт такроршаванда, маҳкумшуда, бе ягон маъно) дар гуфтугу дида мешавад. Инчунини дигар афсонаҳои дилгиркунанда ва посухҳо дида мешавад. Маънои зарбулмасалҳое, ки ин вазифаро иҷро мекунанд, ин пешгирӣ аз посух додан ё рад кардани далели рақиб аст.
Функсияи муоширати манфии зарбулмасалҳо ин истифодаи ҳикмати мардумӣ барои хотима додан, рад кардан, ва ё тамом кардани ба сӯҳбати нохуш. Дар ин ҳолатҳо одамон аз зарбулмасалҳо истифода мебарнд, ки ба гӯши чунин шахс расида мешавад, муоширатгар дигар хоҳиши муошират надорад. Arčay xu kor kiẋt. «Ҳар кас кори худро кунад».
Mind your own business. [24, -94]. «Ба кори худ диққат диҳед». Функсияи ин зарбулмасал сигнали мустақим ба ҳамсӯҳбат мебошад. Дар вақти муошират ба гуши шахс расонда мешавад, ки ба кори худ машғул шаву ба дигарон дахолат накун.
Мисоли дигар Xoli deg xaẋaf tangast kiẋt. «Деги холӣ садои баланд дорад». Empty vessels make the most noise [47]. «Зарфи холӣ садои зиёд мекунад».
Функсияи ин зарбулмаслҳо рад кардани суханони холӣ ва тариф кардан аст. Таъкид мекунад, ки гап заданро бас кунед, ба кор шурӯъ кунед. Ишора ба он шахсе, ки бисёр гап мезанад, зеро дарунаш холӣ аст. Функсияи фароғатӣ.
Хусусияти асоси ин функсия фароғат буда, асосан дар латифаҳо ва муаммоҳо ва зарбулмасалҳо дида мешавад. Фароғат дар вақти муошират мушоҳида мешавад. Функсияи фароғатии зарбулмасалҳо ин истифода аз ҳикмати мардумӣ барои эҷоди ҳаҷв, барои баланд бардоштани муди одам. Бар хилофи ибораҳои ахлоқӣ, ҳадафи асоси ин функсия бедор кардани табассум мебошад.
Масалан: Tut az xir qimatdi sic. «Шумо аз офтоб қиматаред». As useful as a chocolate fireguard [32]. «Муҳим ҳамчун оташгирандаи шоколад».
Функсияи ин зарбулмасалҳо дар он аст,ки аз сабаби бемаъни будани мазмунаш одам ба ханда меояд. Kůrta yakbor yak bor ar čo δed. «Кур якбор ба чоҳ меафтад». Once bitten, twice shy [26, -320].
«Якбор ки газид дуюбор шарм дорад». Функсия ин зарбулмасалҳо огоҳӣ тавасути ҳаҷв расонида мешавад. Функсияи ороишӣ. Аз назари паремиологҳо муҳимтарин функсия. шуморида мешавад.
Моҳияти оҳияти асоси ин функсия ороиши нутқ аст. Функсияи ороишизарбулмасалҳо ин истифодаи ҳикмати мардумӣ барои оро додани нутқ мебошад. Дар ин ҳолат, зарбулмасал на танҳо маълумот ё дастур медиҳад, он забонро равшан, зинда, образнок ва пур аз эҳсосот мегардонад. Масалан: Yi darxt qatita jangal nasod.
«Бо як дарахт ҷангал намешавад». One swallow does not make a summer [14, -100.]. «Бо як фурӯбарӣ тобстон намешавад». Функсия ороишии ин зарбулмасал дар калимаҳое, ки ба табиат таалуқ доранд мебошанд.
Онҳо ба монанди дарахт, ҷангал, тобистон буда ба зарбулмасал ороиш, образ ва тасвири мушаххас медиҳанд. Ин дар тасаввуроти шунаванда тасвири ҷангали шукуфон ва гармии тобистонро ба вуҷуд меорад. Аз тарафи дигар ин зарбулмасалҳо огоҳ мекунанд, ки бо як рамз ба хулоса омадан номумктн аст. Мисоли дигар Ya arang růpcak ca.
«Ӯ ҳамчун рӯҳбо». He is a wolf in sheep’s clothing [20]. «Гург дар либоси барра». Дар зарбулмасали шуғнонӣ-рушонӣ рӯҳборо ба одамоне, ки фиребгар ҳасатан тасвир карданд.
Дар зарбулмасали англсӣ мардро бо гург тасвир карда, ин рамзи даррандагӣ, ва гӯсфанд, рамзи бегуноҳӣ мебошад. Ба хулосае омадем, ки зарбулмасалҳо функсияҳои гуногунро иҷро карда, на ҳамаи зарбулмасалҳо дорои ҳама функсияҳо дошта бошад. Хулоса. Ҳамин тариқ, дар ин таҳқиқот моделҳои зарбулмасалҳо ва мақолҳои забони шуғнӣ ва англисиро аз нигоҳи муқоисавӣ таҳлил карда шуд. Муайян карда шуд, ки зарбулмасалҳо дар ҳар ду забон ҳам арзишҳои умумиинсонӣ ва ҳам ҷаҳонбинии хоси фарҳангиро инъикос мекунанд.
Таҳлил нишон дод, ки бисёр зарбулмасалҳо модели семантикии монандро дар асоси таҷрибаи умумиинсонӣ доранд, аммо аз рӯи заминаи маҷозӣ, лексемаҳои калидӣ ва тафсири фарҳангии худ фарқ мекунанд. Паремиологияи забони англисӣ бештар ба оқилона будан, масъулияти инфиродӣ ва прагматизм нигаронида шудааст, дар ҳоле ки анъанаи шуғнонӣ-рушонӣ ба арзишҳои коллективӣ, меъёрҳои ахлоқӣ, сабр ва нигоҳи динӣ-фалсафӣ ба ҳаёт таъкид мекунад. Модели сохторӣ бошад аз бисер ҷиҳатҳо монанд буда, фарқияти асосӣ дар сохторе, ки бо феъл сар мешавад дида мешуд. Дар забони англисӣ бисёр зарбулмасалҳое, вуҷуд доранд, ки шакли ing гирифта, дар аввали ҷумла монда мешаванд.
Дар забоно шуғнонӣ-рушонӣ бошад, чунин сохтор кам ба назар мерасад. Аз рӯи модели функсионалӣ бошад, зарбулмасал ва мақолҳо забони шуғнонӣ-рушонӣ ва англисӣ аз рӯи функсияи модел, функсияи иттилооотӣ, функсияи пешгӯикунанда, монанд буда, аз рӯи функсияи ҷодугарӣ, фароғатӣ гуногун мебошанд. Осоноо кор дар буд, ки зарбулмасалҳо ба моделҳо ҷудо шуданд. Душвории кор дар буд, ки эквиваленти ҳар як зарбулмасал ёфт нашуд фақат аз рӯи модели додшуда онҳо ҷо ба ҷо шуданд.
Аҳамияти амалии ин кор дар истифодаи эҳтимолии натиҷаҳои бадастоварда дар китобҳои лексикология, фразеология ва муоширати байнифарҳангӣ, инчунин дар омӯзиши минбаъдаи луғати паремиологӣ ва семантикаи муқоисавӣ мебошад.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 3 (96) том 3
Ссылка для цитирования:
ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВИИ МОДЕЛҲОИ ЗАРБУЛМАСАЛ ВА МАҚОЛ ДАР ЗАБОНҲОИ ШУҒНОНӢ-РУШОНӢ ВА АНГЛИСӢ // Журнал «Вестник науки» от 15 марта 2026 г. № 3 (96) том 3. С. 354 - 367. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/29308 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/29308
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
