ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВИИ МАФҲУМИ «ИД» ДАР ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН ВА КИШВАРҲОИ АНГЛИСЗАБОН
Аннотация: мақолаи мазкур ба баррасии муқоисавии мафҳуми «ид» дар фарҳангҳои тоҷикӣ ва англисзабон бахшида шудааст. Дар матн табиати истилоҳии вожаи «ид», решаҳои этимологӣ ва мавқеи он дар фарҳанг ва забони тоҷикон мавриди таҳлил қарор мегирад. Мақола хусусиятҳои асосии идҳои динӣ, миллӣ ва фарҳангиро дар ҷомеаи тоҷикон тавсиф намуда, ҳамзамон истилоҳҳои «holiday» ва «festival»-ро ҳамчун ифодаҳои мафҳуми ид дар фарҳанги англисзабон шарҳ медиҳад. Бо усули муқоисавӣ муштаракот, фарқиятҳо ва вазифаҳои иҷтимоию маънавии идҳо дар ду муҳит таҳлил шудаанд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз фарқиятҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, идҳо дар ҳар ду ҷомеа ҳамчун падидаи иҷтимоӣ нақши устувор дар тақвияти арзишҳои миллӣ, ҳувияти фарҳангӣ ва ҳамбастагии инсонӣ дошта, онҳоро ба унсури муҳимми тамаддуни умумибашарӣ табдил медиҳанд.
Ключевые слова: ид, истилоҳ, истилоҳшиносӣ, фарҳанги тоҷикӣ, фарҳанги англисзабон, holiday, festival, муқоисаи фарҳангӣ, ҷашн, маросими миллӣ, идҳои динӣ, арзишҳои фарҳангӣ, этнолингвистика.
Муқаддима. Мафҳуми «ид» ҳамчун яке аз падидаҳои муҳими фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар ҳама ҷомеаҳо нақши муҳимми арзишӣ, маънавӣ ва ҳувиятсоз дорад. Дар фарҳанги тоҷикон ид бештар бо анъанаҳои таърихӣ, арзишҳои миллӣ ва маросимҳои суннатӣ пайванд дошта, таҷассумгари ягонагӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба мероси гузаштагон мебошад. Дар кишварҳои англисзабон низ мафҳуми «holiday» ё «festival» дорои мазмуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буда, ҳамзамон хусусияти дунявӣ ва фароғатии бештар касб кардааст.
Таҳлили муқоисавии ин мафҳум имкон медиҳад, ки умумиятҳо ва тафовутҳои маъноӣ, рамзӣ ва функсионалии он дар ду муҳити фарҳангӣ ошкор гарданд. Баррасии этимологӣ ва фарҳангии истилоҳҳои марбут ба ид нишон медиҳад, ки онҳо на танҳо воҳидҳои луғавӣ, балки инъикоскунандаи ҷаҳонбинӣ ва низоми арзишҳои ҳар як халқ мебошанд. Аз ин рӯ, омӯзиши муқоисавии мафҳуми «ид» дар фарҳанги тоҷикон ва кишварҳои англисзабон барои таҳқиқоти забоншиносӣ ва фарҳангшиносӣ аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дорад. Мавод ва усулҳои тадқиқот.
Дар раванди таҳқиқоти мазкур маводи асосиро номгузориҳои идҳо ва маросимҳои суннатӣ дар фарҳанги тоҷикон ва кишварҳои англисзабон ташкил медиҳанд. Барои таҳлил намунаҳои идҳои маъруф, аз қабили Наврӯз, Иди Рамазон, Иди Қурбон дар фарҳанги тоҷикон ва Christmas, Easter, Halloween, New Year дар фарҳанги кишварҳои англисзабон интихоб карда шуданд. Ҳамчунин мавод аз сарчашмаҳои луғавӣ, адабиёти илмӣ оид ба забоншиносӣ, фарҳангшиносӣ ва этнолингвистика, инчунин аз матнҳои энсиклопедӣ ва фарҳангӣ ҷамъоварӣ гардид. Натиҷаи таҳқиқот нишон медиҳанд, ки мафҳуми «ид» ҳам дар фарҳанги тоҷикон ваҳам дар фарҳанги кишварҳои англисзабон ҳамчун падидаи муҳими иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баромад мекунад. Дар ҳар ду фарҳанг идҳо бо арзишҳои маънавӣ, анъанаҳои таърихӣ ва ҷаҳонбинии мардум алоқаманд буда, нақши муҳим дар таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ ва нигоҳдории мероси фарҳангӣ доранд.
Муҳокимаи таҳқиқот нишон медиҳад, ки мафҳуми «ид» дар фарҳангҳои гуногун на танҳо як падидаи фарҳангӣ, балки як унсури муҳими иҷтимоӣ ва маънавӣ мебошад. Таҳлили муқоисавии идҳо дар фарҳанги тоҷикон ва кишварҳои англисзабон собит месозад, ки сарфи назар аз фарқиятҳои таърихӣ ва динӣ, идҳо дар ҳар ду муҳит вазифаи муттаҳидсозии ҷомеа ва нигоҳдории арзишҳои фарҳангиро иҷро мекунанд. Истилоҳ аз лотинӣ terminus ҳад, ҳудуд воҳиди махсуси луғавӣ буда, барои ифода, муайянсозӣ ва шарҳи мафҳумҳои дақиқу мушаххас, ки дар доираи низоми муайяни илмӣ, техникӣ ё иҷтимоӣ расман қабул гардидаанд, хизмат мекунад. Калима ва ибораҳое, ки маънои аниқро ифода намуда, дар доираи ихтисосҳои муайяни илмӣ, техникӣ, санъат шакл гирифтаанд, ҳамчун истилоҳоти соҳавӣ шинохта шуда, барои ифодаи мафҳумҳои махсус ва таъмини дақиқият дар муоширати касбӣ истифода мегардад.
Чун дигар воҳидҳои забон, истилоҳ низ ҳамчун унсури низоми забонӣ ба қонунмандиҳои фонетикӣ, морфологӣ ва наҳвии забон итоат намуда, дар доираи меъёрҳои забонӣ истифода мешавад. Тавре ки Н. Турсунзода қайд менамояд, «истилоҳ ба сифати ифодаи хосси характернок барои мавзуи соҳаи муайян, зуҳурот, хосият ва муносибати он хидмат мекунад. Дар доираи чунин низоми фаҳмиш истилоҳ бояд якмаъно, мунтазам ва услубан бетараф бошад.
Истилоҳ ва калимаҳои умумиистеъмол метавонанд ба ҳамдигар мувофиқ шаванд» [11, 78]. Мақсади асосии ин мақола таҳлили муқоисавии мафҳуми «ид» дар фарҳанги тоҷикон ва кишварҳои англисзабон мебошад. Ҳар як миллат идҳоро мувофиқи таърих, мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ таҷлил мекунад.. Истилоҳи «ид» яке аз воҳидҳои муҳимми лексикаи фарҳангӣ дар забони тоҷикӣ буда, дар тӯли таърих ҳам дар матнҳои фарҳангӣ ва ҳам дар адабиёти динӣ мавқеи устувор пайдо кардааст. Вожаи мазкур аз забони арабӣ иқтибос гардида, ба воситаи забон ва фарҳанги исломӣ ба муҳити тоҷикзабон ворид шудааст.
Аз нигоҳи этимологӣ, он аз решаи ‘авд ба маънои «бозгаштан», «такрор шудан» бармеояд ва ҳамин хусусияти даврияти солонаи ҷашнҳо асоси номгузории ид дониста мешавад. Дар забони тоҷикӣ истилоҳи «ид» дорои ду маънои асосӣ мебошад: Идҳои динӣ, аз қабили Иди Рамазон ва Иди Қурбон, ки бо маросимҳои мазҳабӣ, ибодат ва анъанаҳои муайяни иҷтимоӣ тавсиф мешаванд, Идҳои миллӣ ва суннатӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон ва Сада, ки бештар хусусияти фарҳангӣ, мавсимӣ ва иҷтимоӣ доранд. Ҳар ду навъи ид дар шуури фарҳангии тоҷикон ҳамчун анъанаҳои устувори марбут ба тақвими миллӣ ва иҷтимоии ҷомеа пазируфта шудаанд. Аз нигоҳи забоншиносӣ, истилоҳи «ид» ба гурӯҳи воҳидҳои лексикаи фарҳангӣ ва терминологияи этнолингвистӣ дохил мешавад. Он на танҳо номгузории воқеаҳоро инъикос мекунад, балки маҷмӯи амалҳои маросимӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро низ ифода менамояд.
Дар матнҳои илмӣ, этнографӣ ва таърихӣ «ид» ҳамчун истилоҳе баррасӣ мегардад, ки бо сохтори маънавӣ ва анъанаҳои миллӣ иртиботи мустақим дорад. Ҳамчунин, истилоҳи «ид» дар тадқиқоти забоншиносии муқоисавӣ ҳамчун намунаи иқтибоси фарҳангии дорои устувории истилоҳӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, нишон медиҳад, ки чӣ гуна калимаи иқтибосӣ метавонад дар забони қабулкунанда хусусияти фарохмаъно пайдо кунад. Дар фарҳанги тоҷикӣ «ид» танҳо як рӯзи ҷашн нест, балки маҷмӯи арзишҳои иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки дар раванди ташаккули ҳувийяти миллӣ нақш мегузорад.[2,30]. Идҳо яке аз падидаҳои муҳим ва қадимии фарҳанги башарӣ мебошанд. Онҳо на танҳо рамзи шодӣ ва фароғатанд, балки воситаи эҳёи арзишҳои маънавӣ, мустаҳкам намудани ваҳдат ва эҳтиром ба гузашта ба шумор мераванд.
Дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ид чунин шарҳ дода шудааст. 1. ҷашн, рўзи ҷашн, рўзи хурсандӣ ва тантана ба муносибати ягон ҳодисаи мубораки таърихӣ ё миллӣ. 2. умуман шодӣ ва хурсандӣ, иди Истиқлол ҷашне, ки ба муносибати соҳибихтиёр эълон шудани кишвар гирифта мешавад, иди Зафар ниг. иди Ғалаба, иди Май ҷашни якуми май, иди Наврўз иди миллии соли нави тоҷикон ва дигар халқҳои эронинажод, ки мутобиқи соли шамсӣ дар аввали фарвардин ҷашн гирифта мешавад, иди Рамазон идест, ки мусулмонон ба муносибати тамом шудани рўзагирии сирўзаи моҳи рамазон дар рўзи якуми моҳи шавволи соли ҳиҷрии қамарӣ баргузор мекунанд, иди Сиём, иди Фитр, иди саиди фитр ниг. иди Рамазон, иди Соли Нав иди соли нави милодӣ, ки ҳамасола дар оғози соли нави милодӣ – якуми январ баргузор мегардад, иди Ғалаба 9-уми май, ки рўзи ғалаба бар Олмони фашистӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст, иди Қурбон а) рўзи даҳуми моҳи зилҳиҷҷаи ҳиҷрии қамарӣ, ки мувофиқи маросими исломӣ ҳоҷиён дар Макка гўсфанд ва ё шутур қурбонӣ мекунанд, иди Азҳо, б) иди динии мусулмонон, ки ҳар сол дар ин рўз қайд мекунанд. синоними калимаи ид- дар забони тоҷикӣ айём, ҷашн буда чунин шарҳ дода мешаванд. 1. Айём. явм (рўзҳо). 2. даврон, замон. 3. вақт, фасл, мавсим: айёми аҷуз, айёми гузашта, айёми ид, айёми наврўз, айёми обхезӣ, айёми ҷавонӣ, айёми барфу борон, айёми собиқа, гардиши айём гузашти рўзгор. Ҷашн 1. ид, рўзи тантана ва сурур (ба муносибати ягон воқеаи фараҳбахшу хуб): ҷашни Истиқлол, ҷашни Наврўз. маҷлиси шодмонӣ ба муносибати санаи таваллуди касе ё солгарди ягон ҳодисаи таърихӣ ва ғ.: ҷашни Соли забони тоҷикӣ, ҷашни 1150- солагии Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, ҷашни сивупанчсолагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашн доштан ҷашн гирифтан,(кардан) ид кардан. Муқаддас 1. пок, соф, тоза. 2. азиз, гиромӣ, моҳиятан азиз ва муаззам донисташуда, вазифаи муқаддас, даргоҳи муқаддас, китоби муқаддас, хоки муқаддас. 3. д. пок ва олӣ донисташуда (аз назари динӣ). Дар забони англисӣ истилоҳи «ид» бештар бо вожаҳои Holiday ва Festival ифода меёбад.
Holiday – рӯзи истироҳат ё ҷашн мебошад, ки метавонад хусусияти динӣ ё миллӣ дошта бошад. Festival – ҷашни фарҳангӣ ё динӣ, ки бо анъанаҳои хос таҷлил мегардад. Муҳимтарин идҳо дар кишварҳои хориҷӣ чунинанд: Christmas (Иди Мавлуди Масеҳ) – таҷлили таваллуди Исои Масеҳ, рамзи муҳаббат ва эҳсон. Easter (Иди Пасха) – ҷашни эҳёи Масеҳ ва рамзи ҳаёт ва умед.
Thanksgiving Day (Рӯзи сипосгузорӣ) – ҷашни шукргузорӣ ба Худо барои баракатҳои зиндагӣ, махсусан дар ИМА ва Канада. Halloween – ҷашни қадимии кельтӣ, ки решаҳои асотирӣ дорад ва рӯзи 31 - уми октябр таҷлил мегардад. New Year’s Day (Соли нав) – оғози соли нави милодӣ, ки бо ҷамъомад ва шодӣ таҷлил мегардад. Дар ин ҷомеаҳо идҳо воситаи мустаҳкам кардани робитаҳои оилавӣ, изҳори муҳаббат ва эҳсон ба дигарон мебошанд. [3,33].
Муқоисаи фарҳангии идҳои тоҷикӣ ва англисзабон яке аз самтҳои муҳими таҳқиқоти фарҳангшиносӣ ва забоншиносии муқоисавӣ ба ҳисоб меравад. Баррасии ин падида имкон медиҳад, ки умумиятҳои таърихӣ, арзишӣ ва рамзии ду фарҳанг муайян карда шаванд, инчунин хусусиятҳои хоси ҳар як анъана дар заминаи равандҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ошкор гарданд. Чуноне ки К. Гирс фарҳангро ҳамчун «низоми маъноҳо ва рамзҳо» тавсиф мекунад, идҳо яке аз механизмҳои асосии интиқоли ин низом ба наслҳо маҳсуб меёбанд (Geertz, 1973).
Ба андешаи Ю.М. Лотман, фазои семиотикии фарҳанг тавассути рамзҳо ва маросимҳо ташаккул меёбад, ки идҳо ҷузъи муҳими он мебошанд (Лотман, 1992). Муқоисаи идҳо нишон медиҳад, ки ҳар ду ҷомеа тавассути маросимҳои ҷашнӣ низоми арзишҳо, ҷаҳонбинӣ ва хусусиятҳои тамаддунии худро инъикос намуда, ба пойдории ҳувийяти миллӣ ва таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунанд. Истилоҳи «ид» дар забони англисӣ вобаста ба маъно ва замина чунин ифода мешавад: «Holiday» истилоҳи умумие мебошад, ки дар фарҳанги «OXFORD Advanced learners dictionary» чунин шарҳ дода шудааст.
Ин истилоҳ идҳо, рӯзҳои истироҳат ва ҷашнҳоро фаро гирифта, рӯзҳои дорои аҳамияти фарҳангӣ, динӣ ё иҷтимоиро ифода менамояд. National holidays – идҳои миллӣ- (ҷашнҳое, ки аҳаммияти миллӣ доранд ва ба таърих, фарҳанг ва истиқлолияти давлат вобастаанд). Public holiday – иди расмӣ рӯзҳое, ки аз ҷониби давлат расман эълон шуда, одатан рӯзи истироҳат мебошанд). Festival – вақте ки ид хусусияти фарҳангӣ ё анъанавӣ дорад ҷашн, маросими идона, суннатҳо ва ҳувийяти фарҳангии мардумро инъикос менамояд.
Истилоҳи holiday аз таркиби ду калимаи забони англисии қадим — holy («муқаддас») ва day («рӯз») ба вуҷуд омадааст. Дар ибтидо, holiday ба рӯзҳои муқаддаси динӣ ишора мекард, ки дар онҳо фаъолияти меҳнатӣ қатъ мегардид. Дар забони англисии муосир, маънои holiday васеъ гардида, он ҳам рӯзҳои динӣ ва ҳам идҳои миллӣ, давлатӣ ва ҳатто рӯзҳои истироҳатӣ ва ҳам рўзҳои таътилро дар бар мегирад. Ҳамин тавр, holiday бештар ба ҷанбаи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ид, яъне истироҳат ва қатъи кор, таъкид менамояд. Истилоҳи festival аз забони лотинӣ («festivus» — «шодмон, идона») тавассути забони фаронсавӣ (festival) ба забони англисӣ ворид шудааст.
Ин истилоҳ асосан ба ҷашнҳои оммавӣ, фарҳангӣ ва анъанавӣ ишора мекунад, ки бо мусиқӣ, рақс, намоиш ва дигар шаклҳои фаъолияти иҷтимоӣ ҳамроҳанд. Дар муқоиса бо «holiday», «festival» бештар ҷанбаи фарҳангӣ ва маросимии ҷашнро ифода мекунад ва ҳатман бо истироҳати расмӣ ё қатъи фаъолияти меҳнатӣ вобаста нест. [6,44]. Аз нуқтаи назари семантикӣ ва функсионалӣ, истилоҳоти «ид», Ăγом holiday ва festival ҳаммаънои мутлақ нестанд, балки дар доираи фарҳангӣ ва иҷтимоии худ тафовути маъноӣ доранд: Дар забони шуғнонӣ истилоҳи «ид» бештар бо вожаи «Ăγом» ифода меёбад. Мафҳуми «Ăγом» аз форсӣ гирифта шуда, рӯзҳои хос, маросимҳои суннатӣ ва амалҳои рамзиро ифода мекунад.
Ин мафҳум бо истилоҳоти «ҷашн», «маросим», «рӯзи муқаддас» ва таъбирҳои тавсифӣ ифода шуда, хусусияти этномаданию маросимиро дорад. Хулоса. Ҳам дар фарҳанги тоҷикон ва ҳам дар фарҳанги англисзабон идҳо ҳамчун таҷассумгари муҳаббат, шодӣ ва арзишҳои маънавӣ мавқеи муҳим доранд. Гарчанде ки решаҳои таърихӣ ва мазмунҳои онҳо фарқ доранд, ҳадафи аслӣ як аст — ҷамъ овардани мардум, тақвияти дӯстӣ ва эҳтиром ба инсон. Омӯзиши муқоисавии мафҳуми «ид» нишон медиҳад, ки арзишҳои умумибашарӣ дар ҳама фарҳангҳо мавҷуданд ва идҳо воситаи эҳёи ин арзишҳоянд. Ҳамин тариқ, ҳам дар фарҳанги тоҷикон ва ҳам дар фарҳанги англисзабон идҳо ҳамчун падидаи муҳими иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва маънавӣ нақши калидӣ мебозанд.
Онҳо на танҳо воситаи таҷассум ва интиқоли арзишҳои миллӣ, балки омили таҳкими ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироии ҷомеа мебошанд. Гарчанде ки заминаҳои таърихӣ, маросимҳо ва унсурҳои рамзии идҳо дар ин ду муҳит фарқ мекунанд, моҳияти онҳо — тарғиби муҳаббат, шодмонӣ, эҳтиром, саховат ва ҳамбастагӣ — муштарак боқӣ мемонад. Таҳлили муқоисавӣ нишон медиҳад, ки идҳо ҳамчун ҷузъи муҳими мероси фарҳангӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ ва ҳифзи анъанаҳо саҳми назаррас доранд. Дар баробари ин, онҳо фазои муколамаи байнифарҳангиро фароҳам оварда, заминаи шинохти арзишҳои умумибашариро муҳайё месозанд.
Аз ин рӯ, омӯзиши мафҳуми «ид» на танҳо аҳамияти илмӣ-назар иявӣ, балки арзиши амалӣ низ дошта, ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди тафаккури таҳаммулгароёна мусоидат менамояд.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 4 (97) том 1
Ссылка для цитирования:
ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВИИ МАФҲУМИ «ИД» ДАР ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН ВА КИШВАРҲОИ АНГЛИСЗАБОН // Журнал «Вестник науки» от 5 апреля 2026 г. № 4 (97) том 1. С. 503 - 511. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/29573 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/29573
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
