Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 19 апреля 2026 г.
  4. Научная статья № 2
Просмотры  19 просмотров

ТАКМИЛИ МУҲИТИ МОЛИЯВИИ СОҲИБКОРӢ АЗ НУҚТАИ НАЗАРИ ОЛИМОНИ ВАТАНӢ ВА ХОРИҶӢ

Аннотация: ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, такмили маҷмӯи муносибатҳои иқтисодии марбут ба ташаккули муҳити мусоиди соҳибкорӣ, вазъи муҳити молиявии соҳибкорӣ, рушди иқтисодиёти кишвар ва ҳам минтақаҳои алоҳида шароитҳои муфидро муҳайё сохта истодааст. Аз ин ҷост, ки «Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд».

Ключевые слова: иқтисод, соҳибкорӣ, пешрафт.

Рушди ҳамаҷониба, мустаҳкам намудани истиқлолияти иқтисодї, ҷустуҷӯи манбаъҳои молиявї, истифода ва афзоиш додани нерӯи фаъолияти соҳибкорӣ, ҳамчун омилҳои асосии рушди соњибкорї дониста шаванд њам, вале њанўз омилњое мављуданд, ки ба рушди соњибкорї монеа эљод менамоянд. Аз ин лиҳоз, мебояд аз нуқтаи назари олимони хориҷиву ватанӣ истифода кард. Айни замон дар адабиёти иќтисодї шумораи зиёди тафсирҳои мафҳуми «муҳити молиявии соҳибкорӣ» вуҷуд доранд. Яке аз иќтисодчиёни рус Э.А.

Теплякова чунин мешуморад, ки «муњити молиявии соњибкорї- омилњое мебошад, ки дар шароити соҳибкории корпоративӣ маҷмӯи қувваҳои беруна аз ҳудуди корхона ба њисоб рафта, ба қобилияти менеҷери молиявӣ дар мубодилаи пул ва гирифтани даромад таъсир мерасонад». Дигар муњаќќиќон Л.А. Ковалерова, Ю.С. Караваева чунин мешуморанд, ки «муҳити молиявии соҳибкории корпоративӣ - маҷмӯи қувваҳои таъсиррасонандаанд, ки ширкатҳо бо дарназардошти онњо бояд барномаҳои худро таҳия кунанд.

С.А. Гурфова муҳити молиявии корхонаро «ҳамчун маҷмӯи муносибатҳои мутақобилаи бисёрҷонибаи тиҷоратии корхона бо субъектҳо ва объектҳои муносибатҳои молиявӣ» медонад». И.А. Чернухина ба ибораи муњити молиявии соњибкорї «ибораи «корпоративї»-ро илова намуда, онро ба чун муњити иљтимої донистааст ва онро фаъолияти озоди иќтисодии соњибкор, муносибатњои озоди иќтисодї донистааст, ки ба рушди соњибкорї ва афзоиши сармояи соњибкор оварда мерасонад».

Ба аќидаи И.А. Чернухина розї шудан мумкин аст, «вале ќобили зикр аст, ки муҳити молиявии соҳибкории корпоративӣ метавонад ба фаъолияти корпоратсия ҳам манфӣ ва ҳам мусбї таъсир расонад, яъне он ба ташаккули шароит, омилҳо, муњити молиявї, ки дар он корпоратсия фаъолияти худро амалӣ хоҳад кард, мусоидат мекунад». Дар тањќиќот ќайд мегардад, ки муҳити молиявии соҳибкорӣ ин маҷмӯи шароит ва омилҳои гуногунест, ки ба натиҷаи фаъолияти соҳибкорӣ таъсир мерасонанд. Е.И.

Комиссарова чунин мешуморад, ки «тибқи назарияи идоракунии стратегӣ мавқеи стратегии корхона бо маҷмӯи муҳити молиявии он бањо дода мешавад». Ба аќидаи В.И. Воронов муҳити молиявии корхона ҳамчун «низоми шароит ва омилҳое фаҳмида мешавад, ки ба ташкил, шакл ва натиҷаҳои фаъолияти молиявии он таъсир мерасонанд. Вобаста ба хусусияти таъсири шароиту омилҳои инфиродӣ, инчунин имкони назорати онҳо аз ҷониби корхона дар раванди фаъолияти молиявӣ, ҳамчун ҷузъи муҳити умумии молиявии фаъолияти корхона дониста шуда, чунин сохтор дорад: муњити молиявии беруна: муҳити таъсири бавосита, муҳити молиявии берунии таъсири мустақим, муҳити молиявии дохилӣ».

С. Пантелеев муҳити молиявиро «қисми ҷудонашавандаи иқтисодиёт дониста, иштирокчиёни асосии онро ширкатҳо, сармоягузорон ва бозорҳо» донистааст. Аз нуқтаи назари олимони ватанӣ низ муњити молиявии соњибкорї мавриди тањќиќ ќарор гирифтааст. Масалан, Ќ.Б.

Шамсиев «рушди соњибкории истењсолиро дар комплекси агросаноатї мавриди тањќиќот ќарор дода, муњити молиявиро пояи асосии рушди самаранокии иќтисодии соњибкории истењсолї донистааст. Муњаќќиќ, танзими давлатии фаъолияти соњибкориро дар муњайё намудани фазои соњибкорї, тавассути тањияи консепсияи њамкории стратегии давлат, истењсолот, инноватсия, ташкилотњои суѓурта ва ќарзї асоснок намудааст. Хусусан мавќеи ташкилотњои суѓуртаро баланд бањо дода, зарурати истифодаи хизматрасонии суѓуртавиро омили асосии таъмини муњити молиявї дар сатњи микроиќтисодї донистааст». Нуќтаи назари Ќ.Б.

Шамсиев «доир ба истифодаи имкониятњои ташкилотњои суѓуртавї дар шароити зиёд будани хавфњои табиї, ки соњаи кишоварзии Тољикистон аз он њамасола хисороти зиёд мебинад, чун омили бењтар намудани муњити молиявї боиси дастгирист, зеро дар дигар тањќиќотњо ин омил мавриди тањќиќот ќарор нагирифта буд». Дигар олими тољик Ф.Н. Наљмиддинов дар тањќиќоти диссертатсионии худ «механизмњои ташкилию иќтисодии рушди соњибкориро ба ду ќисм људо намудааст: механизми ташкилї- институтсионалии танзим - меъёрию њуќуќї, шароит ва ќоидањои пеш бурдани соњибкорї бо назардошти хусусиятњои миллї ва механизми иќтисодї-истифодаи танзими молиявї, дастгирии моддї ва инфрасохторӣ». Дар тањќиќоти Ф.Н.

Наљмиддинов ягон омили нави муњити молиявї ошкор нашуда бошад њам, вале тибќи тањќиќот ба назар гирифтани хусусиятњои миллии муњити молиявї аз фоида холї нест». Яке аз муњаќќиќони муваффаќ У.С. Хикматов «муњити соњибкорї»-ро њамчун «муносибати байни омилњои иќтисодї, њуќуќї, сиёсї, технологї, иљтимоию фарњангї, табиї, демографї» шарњ додааст. Ба аќидаи ў «яке аз мушкилоти асосии ташаккули фазои соњибкорї ва рушди соњибкорї дар кишвар мављудияти монеањои зиёди маъмурї мебошад, ки дар нињояти кор барои рушди босуръати фаъолияти соњибкорї имконият намедињанд». Ў ба он назар аст, ки асосҳои назариявӣ ва методологии ташаккули муҳити молиявии соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ бо назардошти хусусиятҳои рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тањия карда шавад.

Муњаќќиќ У.С. Хикматов таљрибаи љањонии муњити молиявии соњибкориро мавриди тањќиќот ќарор дода, иброз намудааст, ки усулњои бунёди муњити молиявии дар мамлакатњои рушдкарда истифодашаванда барои Тољикистон метавонад њамчун методология истифода шаванд, зеро Тољикистон дорои хусусиятњои хоси рушди иќтисодиётро дорост. Аз љумла иќтисодиёти кишвар дар њолати гузариш ба иќтисодиёти бозорї ќарор дорад, асосњои њуќуќию-меъёрии он ба такмил ниёз дорад, сиёсати андозбандї рушди иќтисодиётро њавасманд намегардонад, дахолат ба фаъолияти соњибкорї аз љониби сатњњои гуногуни идораи давлатї љой дорад. Нархњо пурра озод бошанд њам, вале бо сабаби нињоят баланд будани харољотњои истењсолї дараљаи даромаднокии соњањоро таъмин карда наметавонанд. Њосилнокии мењнат паст буда, раќобатпазирии мањсулотњоро дар бозор таъмин карда намешавад.

З.Х. Лолаев моњияти иќтисодии муњити молиявии рушди соњибкориро «дар дастгирии давлатї, тавассути ба низом даровардани санљишњои фаъолияти соњибкорї аз љониби сохторњои давлатї маънидод кардааст. Ба назари ў санљишњои бемаврид метавонанд омили боздорандаи рушди соњибкорї гарданд». Дурустии пешнињоди З.Х.

Лолаев борњо дар Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон таъкид гардидааст. Аз љумла дар Паёми соли 2024 омадааст, ки «Татбиқи ислоҳот дар самти санҷиши субъектҳои хоҷагидор имкон дод, ки то имрӯз шумораи мақомоти санҷиш аз 31 то ба 23 ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз 300 ҳазори соли 2016-ум то 42 ҳазор дар соли 2024-ум кам гардад». Муҳити молиявии соҳибкорӣ маҷмуи субъектҳои хоҷагидорест, ки берун аз ҳудуди корхона фаъолият намуда, ба қобилияти амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ба даст овардани даромад таъсир мерасонанд. Ё муњити молиявии соњибкориро метавон њамчун маљмуи шароит ва омилњои мухталифе, ки ба фаъолияти корхона таъсир мерасонанд, баррасї кард.

Муҳити молиявӣ метавонад ба вазъи молиявии корхона, ба қобилияти фаъолияти самаранок дар бозор таъсир расонад. Бояд изњор намуд, ки муњити молиявии соњибкорї, инчунин имкониятҳо ва иќтидори молиявии онњоро аз рўи мавќеи он дар бозор муайян менамоянд. Нуќтаи оптималї мувофиќ омадани имкониятҳои молиявии соњибкорон ба фаъолияти самаранокии онњо дониста мешавад.Истењсолкунанда танњо дар њамон ваќт фаъолияти истењсолию тиљортии худро баланд бардошта метавонад, ки агар талаботи худро бо захирањои моддию молиявї таъмин карда тавонад. Баръакс, агар мавќеи соњибкор дар бозор суст гардад ва њосилнокии мењнаташ коњиш ёбад, ў наметавонад уњдадорињои худро иљро намояд ва маљбур мешавад фаъолияти соњибкории худро ќатъ намояд.

Вобаста ба марҳилаи давраи ҳаёти истењсолкунанда, муҳити молиявии соҳибкорӣ метавонад тағйир ёбад, аммо он нест карда намешавад. Он бояд таѓйир ва ташаккул ёбад ва ба талаботи бозор мутобиќ гардад. Дар амалия ба муҳити молиявии соҳибкорӣ субъектҳои гуногун, ки хољагиро ињота намудаанд ва ба он сару кор доранд таъсири бевосита дошта, метавонанд њам ба сифати омили рушд ва боздоранда амал намоянд. Онњо берун аз хољагї фаъолият намуда, ба фаъолияти соҳибкорӣ ва натиљањои иќтисодию-молиявии он таъсир дошта бошанд.

Ба таври дигар, муњити молиявии соњибкорї, њамчун маљмӯи имконият ва омилњои ба фаъолияти соњибкорї таъсиррасон донист. Дар шароити раќобати носолим ин омилњо ба фаъолияти хољагидорї ва њаракати мол дар бозор таъсири бевосита доранд. «Фаъолияти соњибкор дар њамон ваќт самараи хуб дода метавонад, ки дар бозор мавќеи хуб дошта бошад ва имкониятњои молиявии ташкили самараноки истењсолотро таъмин карда тавонад. Дар бадтарин ҳолат, истењсолкунанда, ки имкониятҳои худро аз ҳад зиёд баҳо додааст, наметавонад ӯҳдадориҳои худро иҷро кунад ва муштариёни эҳтимолии худро қонеъ гардонад.

Вобаста ба марҳилаи давраи ҳаёти истењсолкунанда, муҳити молиявии соҳибкорӣ метавонад тағйир ёбад, аммо он нест карда намешавад. Он бояд таѓйир ва ташаккул ёбад ва ба талаботи бозор мутобиќ гардад». Муњаќќиќони соњаи иќтисод ва молия макромуњит ва микромуњити молиявии соњибкориро људо намуданд, ки дар расми 1. оварда шудааст. Расми 1.

Муњити молиявии истењсолот.Сарчашма: Тањияи муаллиф.Аз расм бармеояд, ки муњити молиявии соњибкорї аз сармоя, бозорњои молия, дастгирии давлат, ташкилотњои молиявї ва хонаводаҳои аҳолӣ вобастагї дорад. Чуноне, ки аз нишондињандањои расми 1. бармеояд, ба макромуњит омилњое шомил карда шудаанд, ки аз фаъолияти соњибкор вобастагї надорад ва баръакс ин омилњо метавонанд ба рушди соњибкорї таъсири мусбї расонанд. Ба микромуњит бошад, омилњои ворид карда шудаанд, ки соњибкор худаш метавонад онњоро интихоб намояд ва бо онњо муносибати иќтисодї намояд. Макромуҳити соҳибкорӣ муҳити васеътар ба њисоб меравад, ки дар маҷмӯъ ба муҳити бозорӣ, таъсири муњити табиӣ, таъсири муњити техникӣ вобастагї дорад.

Муњити сиёсӣ муњите мебошад, ки ба он вазъи ороми кишвар, муносибат бо мамлакатњои њамсоя, набудани њаргуна монеъањои сарњадї, сатњи баланди демократия, сатњи пасти фасод дохил мешаванд. Ба фаъолияти самараноки соњибкорї санадҳои меъёрию њуќуќии рушди соњибкорї, сиёсати савдо, гумрук, андоз ва молия таъсири бевосита доранд. Яке аз масъалањои муњим, њимояи соњибкор аз таъсири воридоти мањсулоти истењсолкунандаи он аз хориљи кишвар ба њисоб меравад, зеро дар шароити ворид гаштани мањсулотњо бо нархњои демпингї соњибкор наметавонад самараи хуб ба даст орад ва маљбур мешавад аз фаъолияти соњибкорї даст кашад. Рушди соњибкориро бе таъмини захирањои инсонї амалї намудан ѓайриимкон аст.

Барои Тољикистон, ки дар њолати хуби демографї ќарор дорад, ин омил метавонад чун захираи арзон истифода шавад. Вале дар назди соњибкорї хавфи дигаре меистад, ки агар пардохти музди мењнати коргари кироя ба рўзгузаронии он кофї набошад, он аз фаъолият даст мекашад ва роњи муњољирати мењнатиро пеш мегирад. Мутаассифона, ин гуна амалњо дар Тољикистон равнаќ ёфта, њамасола миќдори зиёди захирањои мењнатї кишварро тарк менамоянд. Микромуҳити соҳибкорӣ аз муњитњои ба фаъолияти соњибкор бевосита таъсиррасонанда иборат буда, аз ќобилияти ташкилотчигии он вобаста мебошад.

«Ба он таъминкунандагон, миёнаравон, харидорон (муштариён), рақибон, истеъмолкунандагон дохил мешаванд. Мушкилии ҷойгиршавӣ аз ҷониби дилерҳо аз ҳисоби ҷамъшавии маҳсулоти тайёр дар ҷойҳои аз ҳама бештар ҷамъомадаи муштариён њал карда мешавад». Мавҷудияти маҳсулоти зарурӣ дар як ваќти муайян талаботро таъмин намуда боиси рушди соњибкорї мегардад. Миёнаравон ба соњибкори истеҳсолкунандаи молҳо кӯмак мерасонанд, ки молҳои истењсолкардаи онњоро аз макони истеҳсол то ба макони истеъмол интиқол диҳанд.

«Ба онҳо ташкилотҳои нигоҳдорӣ ва нақлиёт низ дохил мешаванд. Агар ташкилотњои нигоҳдории маҳсулоти тайёр захира ва сифати онро таъмин намоянд, пас ташкилотҳои нақлиётӣ маҳсулоти тайёрро ба ҷойҳои лозима интиқол медиҳанд.Миёнаравњои маркетингї ин созмонҳое мебошанд, ки бо таҳқиқоти маркетингӣ, инчунин проблемаҳои омӯзиш ва баҳодиҳии хавфи соҳибкорӣ машғуланд (агентиҳои таблиғотӣ, ширкатҳои машваратӣ ва ғ.)». Вазифаи асосии онҳо ба соњибкорон дар ёфтани бозор ва шароити дурусти фурўши молњо расонидани кўмак ва пешгўии хатарњои эњтимолї ба њисоб меравад. «Аммо, дар айни замон, соњибкорон аз хизматрасонии чунин ширкатҳо хеле кам истифода мебаранд, ки фаъолияти маркетингии онҳоро душвор мегардонад».

Ба ќавли Сатторзода Э.И. ва Олимов С.И. «солњои охир дар баробари маблаѓгузории буљетї барои рушди соњањои воќеии иќтисоди миллї, инљунин маблаѓњои ќарзии пешнињодшуда дар рушди соњањои иќтисодиёт, наќши калон бозида истодааст». Ашуров И.С., Насриддинов Ш.С. чунин мешуморанд, ки «то кунун механизми комили суғуртакунонии хавфњои соњибкории истењсолї дар хољагии ќишлоќ ташкил карда нашудааст. Ширкатњои суғуртавї новобаста аз шакли моликияташон маљмўи пурраи хизматрасонињоеро, ки дар мамлакатњои пешрафтаи љањон вусъат ёфтаанд, таъмин карда наметавонанд».

Мизоҷонро Гурфова С.А. ба гурӯҳҳои зерин тақсим намудааст: «истеъмолкунандагони бозори истеъмолӣ - шахсоне, ки молҳо ё хидматҳоро барои истеъмоли шахсӣ мехаранд, харидорони бозор - ташкилотҳое, ки молҳо ё хидматҳоро барои истифодаи минбаъда дар раванди истеҳсолии дигар молҳо харид мекунанд, харидорони миёнаравии бозор - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки барои фурӯш ва фоидаи минбаъда дар соҳаи муомилот мол ё хизматрасонӣ мехаранд, харидорони бозори муассисаҳои давлатӣ мақомоти давлатӣ мебошанд, ки молҳо ё хидматҳоро барои эҳтиёҷоти худ, инчунин барои истифодаи хидматрасониҳои коммуналӣ ё хайрия харидорӣ мекунанд, харидорони бозори байналмилалӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки молро барои мақсадҳои гуногун берун аз қаламрави истеҳсолии худ харидаанд». Гурӯњбандии мизољон имконият медињад, ки соњибкор дар бораи онњо маълумоти зарурӣ дошта бошад. Микромуњити молиявии соњибкорї аз фаъолияти раќибон вобаста мебошад. Самаранокии фаъолияти соњибкорї аз он вобаста мебошад, ки соњибкор дар кадом масофа аз бозор ќарор дорад, захирањои иќтисодї нисбат ба раќибон дастрас аст ё не, сифати моли истењсолкардаи соњибкор нисбат ба моли раќибон дар кадом њолат аст ва ғайрањо.

Ба муҳити молиявии дохилӣ, сохтори ташкилии корхона, идора, молиякунонї, фурўш, муњосибот, бањисобгирии андоз, технологияи истењсолот ва диг. дохил мешаванд. Ба муњити берунаи соҳибкорӣ маҷмӯи вазъи сиёсї, иќтисодї, рушди технологияи муосир, вазъи табию-экологї, иљтимоию маданї, муносибати сохторњои алоњида ва диг. дохил карда шудаанд, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ ва натиљаи молиявии он таъсир мерасонанд. Муҳити молиявии беруна ба рушди соњибкорї таъсири ғайримустақим дорад, ки дар сатҳи макроиқтисодӣ таъсирбахшанд ва ба соњибкорї таъсир мерасонанд. Бояд дар назар дошт, ки рушди соњибкорї ба имкониятњои истењсолию иќтисодии соњибкор вобастагии ногусатанї дорад.

Танњо њамон соњибкоре дар раќобати бозор тоб оварда метавонад, ки муњити молиявии созгор дошта бошад ва тибќи стратегияи тањиякардаи худ фаъолият намояд, ки манфиатњои њам раќибон ва њам истеъмолкунандгонро ба назар гирад.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 4 (97) том 3


Ссылка для цитирования:

Баҳодурова Қ.Қ. ТАКМИЛИ МУҲИТИ МОЛИЯВИИ СОҲИБКОРӢ АЗ НУҚТАИ НАЗАРИ ОЛИМОНИ ВАТАНӢ ВА ХОРИҶӢ // Журнал «Вестник науки» от 19 апреля 2026 г. № 4 (97) том 3. С. 31 - 41. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/29769 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/29769



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2026.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.