Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 26 апреля 2026 г.
  4. Научная статья № 70
Просмотры  7 просмотров

ДЕКОЛОНИЗАЦИЯ ВА НЕОКОЛОНИЗАЦИЯ ДАР ТАЪРИХИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМЛАЛӢ

Аннотация: дар реферат равандҳои деколонизатсия ва неоколониализм ҳамчун омилҳои асосии ташаккули муносибатҳои байналмилалӣ дар асри XX ва ибтидои асри XXI мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Муаллиф сабабҳои деколонизатсия (заифшавии метрополияҳо пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ташаккули дуқутбӣ, афзоиши ҳаракатҳои миллии озодихоҳӣ) ва марҳилаҳои онро (Осиё, Африқо, минтақаҳои боқимонда) баррасӣ намудааст. Таваҷҷуҳи асосӣ ба нишон додани фарқи байни деколонизатсияи сиёсӣ ва вобастагии иқтисодию фарҳангии баъдии он равона шудааст. Неоколониализм ҳамчун низоми муносибатҳои нобаробар, ки дар он давлатҳои пешрафта тавассути қарзҳо, ширкатҳои трансмиллӣ, технология, фарҳанг ва иттилоот назоратро нигоҳ медоранд, тавсиф гардидааст. Дар реферат мисолҳои мушаххас аз Африқо, Осиё, Амрикои Лотинӣ ва Осиёи Марказӣ оварда шуда, нақши сохторҳои байналмилалӣ (МВФ, Бонки Ҷаҳонӣ) дар таҳкими неоколониализм нишон дода шудааст. Хулоса: деколонизатсия истиқлоли сиёсиро фароҳам овард, аммо неоколониализм вобастагии иқтисодӣ ва фарҳангиро нигоҳ дошт, ҳалли мушкилот ислоҳоти сохторҳои ҷаҳонӣ ва ташаккули ҳамкории одилонаи байналмилалиро тақозо мекунад.

Ключевые слова: деколонизатсия, неоколониализм, муносибатҳои байналмилалӣ, истиқлол, вобастагии иқтисодӣ, ҷаҳони сеюм, ширкатҳои трансмиллӣ, мустамлика.

Муқаддима. Ҷараёни ташаккули муносибатҳои байналмилалӣ ба унвони яке аз падидаҳои муҳими таърихи садаи бистум, беш аз ҳама аз ҷониби ду раванди муқобили ҳам – колониализм ва деколонизатсия шакл гирифтааст. Агар колониализм ҳамчун сиёсати забт ва истисмори сарзаминҳо ва халқҳои заиф, ки дар тӯли чанд аср ҷаҳонро ба метрополияҳо ва мустамликаҳо ҷудо кард, шинохта шавад, пас деколонизатсия раванди баръакс – раҳоӣ аз ин вобастагӣ ва ташаккули давлатҳои соҳибихтиёр буд. Ин равандҳо, сарфи назар аз тӯли таърихии худ, имрӯз ҳам дар шакли нав – неоколониализм идома дошта, сохтори муносибатҳои байналмилалиро муайян мекунанд. Мақсади мазкур таҳлили ҳар ду раванд ва нишон додани таъсири онҳо ба сиёсати ҷаҳонӣ мебошад.[1].

Деколонизатсия (аз лот. de – барҳамдиҳӣ ва colonia – мустамлика) – раванди тадриҷии барҳамдиҳии низоми муносибатҳои мустамликавӣ мебошад, ки дар натиҷаи он колонияҳои пешин (ё доминионҳо, қаламравҳои ваколатдор ва протекторатҳо) истиқлоли сиёсӣ ба даст меоваранд ва ба субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ табдил меёбанд. Дар адабиёти таърихӣ, раванди деколонизатсия аксар вақт ба се марҳилаи асосӣ ҷудо карда мешавад. Дар аввал (солҳои 1945–1955) колонияҳои Осиё (мисол Индия, Покистон, Индонезия, Бирма) озод шуданд. Дар марҳилаи дуюм (солҳои 1955–1970) Африқои тропикӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ зери вазнини муборизаи миллӣ қарор гирифт.

Дар марҳилаи сеюм (солҳои 1970–1990) колонияҳои Португалия ва дигар қаламравҳои боқимонда озод карда шуданд.[2]. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки раванди деколонизатсия аз ҷониби тағйири мувозинати қувваҳои байналмилалӣ пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ сурат гирифт, вақте ки ИҶШС ва ИМА ҳамчун қутбҳои нав пайдо шуданд ва миллатҳои мустамликадиҳанда заиф гардиданд. Таъсири бевоситаи ИҶШС ва лагери сотсиалистӣ омили асосии пошхӯрии системаи мустамликавии ҷаҳон гардид.[2.14]. Марҳилаҳои деколонизатсия ва натиҷаҳои он.

Дар давраи солҳои 1945–1950 дар Осиё даҳҳо давлат ташаккул ёфтанд. Масалан, соли 1947 Ҳиндустон ва Покистон истиқлол ба даст оварданд, соли 1949 Индонезия ва соли 1954 Вьетнам аз ҳукмронии Фаронса раҳо шуданд. Аммо санаи асосии барои Африқо соли 1960 гардид, ки ҳамчун «Соли Африқо» таърих шуд, дар ҳамин сол Генеральная Ассамблеяи СММ эъломияи муҳим дар бораи додани истиқлолият ба кишварҳои мустамликаро қабул намуд.[1]. Бо вуҷуди ин, зиёда аз 50 сол баъд, масъалаи деколонизатсия пурра ҳал нашуд.

Як қатор минтақаҳо (17 қаламравӣ аз рӯи рӯйхати СММ) ҳанӯз ҳам ба ҳайати дигар давлатҳо дохил мешаванд ё мақоми маҳдуди байналмилалӣ доранд. Неоколониализм (аз юн. neos – нав, ва колониализм) – системаи муносибатҳои байни давлатҳои пешрафтаи Ғарб ва собиқ мустамликаҳои онҳо мебошад, ки шаклҳои пешинаи тобеъияти мустамликавиро тағйир дода, аммо ҷиҳатҳои асосии он (эксплуататсия, ғайрибаробарии иқтисодӣ) нигоҳ дошта шудаанд. Тибқи назарияи муосири сиёсӣ, неоколониализм ба ду шакли асосӣ – анъанавӣ (иқтисодӣ ва сиёсӣ) ва нав (фарҳангӣ, технологӣ, рақамӣ, экологӣ) ҷудо карда мешавад.[5.35]. Дар доираи неоколониализм анъанавӣ, метрополияҳои собиқ аз механизмҳои зерин истифода мебаранд: Таҳмили қарзҳои гарон ва нобаробар (воситаҳои асосӣ – МВФ ва Бонки Ҷаҳонӣ), Монополия дар савдо, бозорҳо ва нархгузории ашёи хом, Ҷалби элитаҳои маҳаллӣ (компрадорӣ) барои нигоҳдории назорат.

Дар ибтидои асри 21 шаклҳои нави неоколониализм пайдо шуданд: Технологикӣ – истифодаи бартарии технологии ИМА ва Ғарб барои ҳукмронӣ, Рақамӣ – назорати ҷараёни маълумот, сохтмони платформаҳои глобалӣ, Экологӣ – ҷудокунии корхонаҳои ифлоскунанда ба минтақаҳои тараққӣкарда ва ҷорӣ намудани қоидаҳои экологӣ барои манфиати пешрафтагон.[9.84]. Неоколониализм дар муносибатҳои муосири байналмилалӣ. Ҳоло муносибатҳои байни кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли рушд ғайримутаносибӣ боқӣ мондааст. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки мақсади аслии неоколониализм баҳракашии захираҳои инсонӣ ва табиист. Пас аз пошхӯрии ИҶШС, кишварҳои Ғарб барои амалӣ намудани манфиатҳои иқтисодӣ ва сиёсии худ васеъ имконият пайдо карданд.

Чунончи: Африқо то ҳол дар назди МВФ ва бонкҳои Ғарб қарзи калон дорад, ки аз ҳисоби он захираҳои табииаш истихроҷ мешавад, Дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ (масалан, Филиппин) элитаҳои маҳаллӣ ҳамчун воситаи таъсири Ғарб амал мекунанд, Қитъаи Амрикои Лотинӣ объекти назорати доимии ИМА ва ТНК мебошад.[3]. Таъсири ин ду раванд ба низоми муосири байналмилалӣ се самти асосӣ дорад: Сиёсии ҷаҳонӣ – пас аз тарки колониализм, ҷаҳон ба «Ғарб» (собиқ метрополияҳо) ва «Ҷануби ҷаҳонӣ» (кишварҳои тараққӣкарда) ҷудо шуд. Иқтисодиёт – гарчанде ки маркази технология ва молия дар Ғарб боқӣ монд, собиқ мустамликаҳо нақши таъминкунандагони ашёи хомро иҷро мекунанд. Арзишҳо ва идеология – тавассути расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва таҳсил, «Ғарб» арзишҳои худро ба кишварҳои тараққӣкарда таҳмил мекунад.

Дар солҳои 2020–2025 боз як тағйирот ба мушоҳида мерасад: қутбҳои нави қудрат (Чин, Русия) низ ба рақобати неоколониалӣ ҳамроҳ шуда, ба ҷои «глобализми либералӣ» системаи нави бисёрқутбиро пешниҳод мекунанд.[9.79-85]. Хулоса. Раванди деколонизатсия ба сӯи озодшавии садҳо миллат ва ташаккули сохтори муосири давлатӣ роҳ кушод. Аммо он тавре ки пешбинӣ мешуд, ба мустақилияти пурраи иқтисодӣ ва фарҳангӣ нарасонд.

Неоколониализм ба шакли нави муносибатҳои иерархӣ табдил ёфт, ки дар он баробарии ҳуқуқии кишварҳо бо тобеияти амалӣ ҳамроҳ мешавад. Имрӯз мубориза бар зидди неоколониализм як қисми стратегияи зиёди давлатҳои тараққӣкарда ва гурӯҳҳои нави ҷаҳонӣ (BRICS, ШОС) гардидааст. Муваффақият дар ин мубориза аз ташаккули механизмҳои воқеии ҳамкории байналмилалӣ ва пешбурди моликунияти миллӣ вобаста аст.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 4 (97) том 4


Ссылка для цитирования:

Қобилов М.З. ДЕКОЛОНИЗАЦИЯ ВА НЕОКОЛОНИЗАЦИЯ ДАР ТАЪРИХИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМЛАЛӢ // Журнал «Вестник науки» от 26 апреля 2026 г. № 4 (97) том 4. С. 649 - 654. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/29968 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/29968



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2026.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.