Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 24 мая 2026 г.
  4. Научная статья № 112
Просмотры  10 просмотров

АҲАМИЯТИ ХОНИШИ БЕРУН АЗ СИНФ ДАР ТАШАККУЛИ МУОШИРАТИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Аннотация: дар мақолаи мазкур дар бораи шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати техникаю технология, ташаккули қобилияти салоҳияти муоширати самараноки кӯдак сухан меравад. Синфи ибтидоӣ ин яке аз заминаҳои муҳими рушди шахсияти кӯдак мебошад. Барои ташаккули дурусти муоширати кӯдак хониши берун аз синф аҳамияти хоса дорад. Хониши берун аз синф ин на танҳо дониши кӯдакро бой мегардонад, инчунин омили асосии рушди кӯдак мебошад. Мақсади асосии ташкили хониши берун аз синф ин ҳаматарафа рушд додани шавқу ҳаваси кӯдак, майлу хоҳиш ва қобилияту истеъдоди кӯдак мебошад. Ташкили ҳар гуна машғулиятҳои хониши берун аз синф характери муфиди ҷамъиятӣ дошта, дар кӯдак маҳорат, малака ва донишро ташаккул медиҳад.

Ключевые слова: салоҳият, кӯдак, муошират, нутқ, хониши берун аз синф, шавқу ҳавас, маҳорат, малака, қобилият, истеъдод, хонандагони синфҳои ибтидоӣ, мактаб, маҳфилҳо.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати техника ва технология ташаккули қобилияти муоширати самаранок дар кӯдакон аҳамияти махсус пайдо кардааст. Хусусан дар синфҳои ибтидоӣ, ки заминаи асосии шахсияти кӯдак дар ин давраи басо муҳим гузошта мешавад, рушди нутқ ва муошират яке аз вазифаҳои муҳимтарини мактаб ва омӯзгорон ба шумор меравад. Барои ташаккули дурусти муоширати кӯдак хониши берун аз синф ва корҳои берун аз синфии кӯдак нақши калидӣ дорад. Хониши берун аз синф на танҳо воситаи ғанигардонии дониш аст, балки омиили муҳими рушди нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ низ мебошад.

Нутқи хаттӣ барои кӯдак падидаи нав аст, ки аз ҷамъ кардани маҳорати ҷудогона ба вуҷуд намеояд. Ин ҷо кори мақсаднок лозим аст. Нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ бо хусусиятҳои гуногуни равонӣ фарқ мекунад, баробар донистани механимҳои онҳо хатоии ҷиддӣ аст. Кӯдак мушкилоти зиёди душворро эҳсос мекунад, то даме ки механизми нутқи хаттӣ дар ӯ худ ба худ пайдо намешавад.

«Кӯдак ҳамеша медонад, ки дар бораи чӣ ва барои чӣ сухан мегӯяд: нутқи шифоҳии ӯ бо мавҷудияти вазъият ва ҳамсӯҳбат ҳавасманд мешавад ва азбаски онҳо доимо тағйир меёбанд, ангезаи нутқ низ пайваста тақвият меёбад» [1.99]. Яке аз бартариҳои муҳими хониши берун аз синф дар он аст, ки он муҳити озоди фикронӣ фароҳам меорад. Дар синф хонанда бештар ба барномаи таълимӣ вобаста аст, аммо берун аз синф метавонад китобҳои дустдоштаро мутоила намояд. Ин озодӣ шавқу рағбати хонданро зиёд намуда ба ташаккули мустақилияти фикрӣ мусоидат меекунад. Ҳамин мустақилияти кӯдак дар муошират низ инъикос ёфта, ӯ метавонад мустақилона фикри худро баён созад.

Хониши беруназсинф шакли муҳими фаъолияти таълимӣ буда, берун аз дарси расмӣ сурат мегирад. Мақсади асосии ташкили хониши берун аз синф ва корҳои берун аз мактабӣ ин ҳаматарафа инкишоф додани шавқу ҳавас, майлу хоҳиш, рағбат, қобилияту истеъдоди мактаббача ва ташкили бошууронаи вақти холии кӯдак мебошад. Бо ёрии корҳои беруназсинфӣ хусусият ва истеъдодҳои ниҳонии кӯдак кашф карда мешавад. Фақат ба воситаи таълим инкишоф додани истеъдод, ташаккул додани қобилияти эҷодии кӯдак ғайриимкон аст.

Агар машғулиятҳо берун аз синф гузаронида шаванд, худи муҳит ба кӯдак интихоби роҳи дурустро нишон медиҳад. Агар машғулиятҳои берун аз синфӣ набошанд, дар пеши кӯдак душворие пеш меояд, ки ӯ вақти холиии худро чӣ хел сарф намояд. Ин боис мешавад, ки дар бисёрии мавридҳо ҳангоми интихоб кардани ихтисос кӯдак ба мушкили бархурд намоянд. Хониши берун аз синф ва корҳои берун аз синф дар ҷараёни таълиму тарбия ба таври махсус ташкил карда мешаванд.

«Корҳои беруназсинфӣ яке аз воситаи муҳими тарбияи мактабиён буда, дар мактаб берун аз дарсҳо ба мақсади муайян гузаронида мешавад. Корҳои берун аз синфӣ аз муаллими синфҳои ибтидоӣ ва роҳбарони синф истифода бурдани намудҳои гуногуни фаъолиятро талаб мекунад, ки хусусияти тарбиядиҳиӣ ва инкишофдиҳӣ дошта бошанд» [6, 313]. Боиси қайд аст, ки ин ба мактабиён имконияти аз ҳама гуногунтарин методҳое, ки талаботҳои онҳоро қонеъ мекунанд, имконият фароҳам меоварад, яъне кӯдак ба ҳама гуна намудҳои санъат, китоб, маҳфил, машғулият ва корҳои гуногун дилбастагӣ пайдо кунад, истифода намоянд. Ин рағбат доштани кӯдакро ба соҳаи дилхоҳ нишон медиҳад.

Корҳои берун аз синф муносибати мактабро бо ҳаёти ҳарруза устувор месозад. Ташкили таҷрибаҳои ғоявию сиёсӣ, корҳои муфиди ҷамъиятӣ, фаъолияти бадеии кӯдак гоҳо манбаи асосии фаҳмиш ва идроки донишҳое, ки дар ҷараёни таълим бача аз худ мекунад, боис мегардад. Тамоми намуди корҳои берун аз синфӣ характери ихтиёрӣ доранд, яъне дар онҳо хонандагон мутобиқи шавқу ҳавас иштирок менамоянд. Характери корҳои берун аз синфӣ тағйирёбанда аст.

Онҳо нисбат ба ҷараёни таълимӣ ба иштирокчиёни фаъол вобастагии зич доранд. Кӯдаконе, ки дар корҳои берун аз синфӣ иштирок мекунанд, синнусоли гуногун доранд. Ин як моҳият ва мафҳуми дигар аст, ки новобаста аз синну сол кӯдак дар маҳфили дилхоҳ иштирок намояд, қобилият ва истеъдоди худро нишон диҳад. Дар ин гуна корҳо маҳдудияти коллективҳои ибтидоии синфӣ бартараф карда мешавад.

Алоқа байн кӯдакои хурдсол ва наврасону калонсолон мустаҳкам мешавад. Кӯдак метавонад аз фаҳмишу қобилияти дигар кӯдакон баҳравар гардад. «Мо дар канори ҷангал нишаста будем, гирду атроф садои якнавохти паррандаҳо садо медод, дар ҳаво бӯи алаф паҳн буд. Мо хомуш будем.

Кӯдаконро зиёд сухан гуфтан даркор нест, онҳо на танҳо сухан шунаванд, балки хомуш низ бошанд. Дар ҳамин лаҳза чизи шунида ва дидаашро дарк карда, онро ба сухан табдил диҳанд» [7, 16]. Ташкили ҳар гуна машғулиятҳо характери муфиди ҷамъиятӣ дошта, дониш, маҳорат, малака ва қобилияти шахсии кӯдакро инкишоф медиҳад. Аҳамияти басо бузурги ташкили ҳар гуна машғулиятҳо чӣ фаннӣ бошанд, чӣ ҷамъиятӣ доираи васеи кӯдаконро дар бар мегирад.

Дар ин гунна маҳфилҳо хонандагони сустхон низ имконияти иштирок карданро доранд. Чунин хонандагон, яъне онҳое, ки дар таълим душворӣ мекашанд, метавонанд дар маҳфили «дастони моҳир» иштирок варзанд. Имрӯз бо ибтикори сиёсати давлат ва Вазорати маориф ҳар гуна муассисаҳо ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо кӯдакон тамоми ҳунарҳо аз худ намуда, маҳорат ва малакаи худро рушд диҳанд. Дар ҳамаи раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ академияҳои хурд ташкил карда шудаанд, ки кӯдак метавонад тамоми лаёқати худро рушд диҳад.

«Машғулиятҳо дар муассисаҳои берун аз мактабӣ шавқу рағбати кӯдакон ва наврасонро ташаккул медиҳанд. Ба ҳар як кумак мерасонад, ки ӯ метавонад интихоби касби оянда ва роҳи зиндагии тарбияггирандаро муайян намояд» [3, 41]. Шаклҳои оммавии корҳои берун аз синф гуногунанд: оммавӣ(мубоҳисаҳо, конфренсияҳо, олимпиада), гуруҳӣ: (кружокҳо, векторинаҳои фаннӣ) ва индивидуалӣ. Хело муҳим аст, ки ҳама гуна шакли ташкили хониши берун аз синф моҳияти муҳимро ошкор сохта, барои инкишофи кӯдакон шароит фароҳам оварад. Ҳамон хониши берун аз синф афзалияти зиёд дорад, ки дорои мантиқи педагогӣ буда, натиҷаи хуб дорад. Ҳар гуна маҳфилҳои берун аз синф бояд шавқу ҳаваси хонандаро зиёд намуда, ҷараён ва худи фаъолият, иштирок дар он дар ҳар як бача эҳсоси қаноатмандиву хушнудиро ба вуҷуд оварад.

Ин ҳолат муҳимтарин меёри шаклҳои самараноки корҳои берун аз синф ва хониши берун аз синф мебошад. Меёри дигари дуруст истифода бурдани он ин аст, ки ин дар ҷараёни фаъолият бодиққатӣ, саргармӣ ва фаъолии кӯдак зоҳир мегардад. Аз ҷиҳати равонӣ хониши берун аз синф барои кӯдак аҳамияти калон дорад. Он ба рушди хаёл, эҳсосот ва ҳамдардӣ мусоидат мекунад.

Кӯдаконе, ки китоб мехонанд, бештар эҳсосотро дарк мекунанд ва метавонанд ҳолати дигаронро беҳтар фаҳманд. Ин намуди қобилият дар муошират хело муҳим арзёбӣ мегардад, зеро муоширати самаранок на танҳо баён кардани фикр, балки фаҳмидани дигарон низ мебошад. Аҳамияти хониши берун аз синф ҳам педагогон ва ҳам равоншиносон дар ҳаёти кӯдак мусбат арзёбӣ мекунанд. «Мактаби мо ана дар ҳамин ҷо сар мешавад.

Аз ин ҷо ба осмони кабуд, боғ, қишлоқ, офтоб нигоҳ мекунем» [8, 50]. В.А.Сухомлинский дар асарҳои «мунтахаби педагогӣ»-и худ дар бораи мактаби зери осмони кабуд ҳикоятҳо овардааст. Олим хониши берун аз синфро дар зиндагии кӯдак беҳтарин мешуморад. Кӯдакро ба олами мактабӣ тавре дохил кунондан даркор, ки дар пеши назари онҳо ҳар рӯз ба мактаб рафтан лаҳзаи шодиву хурсандӣ бошад.

Кори оламдаркунӣ барояшон бояд дилгиркунанда набошад. Ҳар як мактаб набояд ба бозии беохири зоҳиран шавқовар ва бемаънӣ мубаддал шавад. Ҳар як рӯзи нав, ҳар як дақиқаи зиндагӣ ақлу фаросат, эҳсосот ва иродаи кӯдаконро бояд қавӣ гардонад. Кӯдакон табиатан кунҷкоб ва кашшофи олам ҳастанд. Пас ба зиндагии кӯдак бигузор аз олами ҳайратангез афсонаҳо, бозиҳо чи тавре, ки ӯ тасаввур мекунад ва он забоне, ки ба ӯ илҳом мебахшад, иборат бошад. Тавассути ҳар як афсона фантазия, бозӣ, эҷодкории кӯдак, қобилияти муоширати кӯдак инкишоф меёбад. Ҳар кӯдакро бо олами атроф тавре ошно кардан даркор, ки онҳо бояд ҳар рӯз як чизи навро кашф намояд, ҳар қадами онҳо ба сӯи сарчашмаи тафаккур ва нутқ пур аз навгониҳо бошад.

«Равоншиносони шуравӣ бар он ақидаанд,ки то чӣ андоза муҳим аст, ки ба кӯдакон ҳар чӣ барвақт фаҳмидан, сухан гуфтан ва фикр кардан омӯзонда шаванд. Вақте ки кӯдак номи чизҳоро намедонад гуё онҳоро намебинад. Кӯдак ҳар қадар бештар бубинад ва бишнавад, ҳамон қадар бештар мехоҳад бубинад ва бишнавад» [2, 39]. Дар ташкил ва барузории хониши берун аз синфии хонандагони синфҳои ибтидоӣ муаллим нақши калидӣ дорад.

Омӯзгор ташкили ҳар гуна корҳо ва маҳфилҳоро бо дархости волидайн, хонандагон ва аҳли ҷомеа барои ташаккул додани қобилияти эҷодии дастпарварони худ ташкил мекунад. Ҳар як маҳфил, ҳар як кори берун аз синф ин машғулияти берун аз дарсии кӯдак ба шумор рафта, кӯдаконро бо як мақсади муайян иштирок дар машғулиятҳои фаннӣ, техникӣ ё варзишӣ мутаҳид менамояд. Дар синфҳои ибтидоӣ ташкил намудани чунин маҳфилҳо ин шиносии кӯдак бо олами техникаю технологияи замони муосир, инкишофи қобилияти эҷодӣ, ташаккул додани лаёқати кӯдак мебошад. Дар ҳар маҳфил кӯдак фаъолияти хубро нишон медиҳад. Чунин хонишҳои берун аз синф дар мактабҳои ҳамагонии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳе як маротиба мутобиқи нақша ҷчбаргузор мегарданд.

Дар чунин машғулиятҳо одатан кӯдакон бо хоҳиши худ иштирок меварзанд. Дар ин гуна маҳфилҳо муаллим барои кӯдакон супоришҳои алоҳида медиҳанд ва то маҳфили бадина кӯдак бояд бо тайёрии пухта биёяд. Бисёрии корҳои берун аз синфӣ ба хониши берун аз синфӣ вобаста аст. Ба монанди: викторинаҳои адабӣ, ҳафтаи китоби бачагона, театр, конфренсияи китобхонон, вохури бо адибони варзида ва ғайра.

Барои ташкили чунин корҳо ба муаллимони синфҳои ибтидоӣ китобдори мактаб кумакрасон мебошад. Муаллимони синфҳои ибтидоӣ дар гузаронидани чунин маҳфилҳо аз методҳои сӯҳбат, ҳикоя, афсона, гузаронидани мизи мудаввар, намоиш додани ҳар гуна видиороликҳо истифода бурда метавонанд. Вазифаи ҳар муаллим аз он иборат аст, ки чунин хонишҳои берун аз синфро шавқовар ва дилписанд ташкил намоянд. Чунин хонишҳои берун аз синф имконият медиҳанд, ки кӯдакон дар як муддати кӯтоҳ соҳиби дониши зарурӣ мегарданд ва ба воситаи ин гуна маҳфилҳо нутқи худро ташаккул медиҳанд.

Дар ин бора педагоги барҷастаи рус К.Д.Ушинский чунин изҳори ақида дорад: «Нутқ ва муошират асоси рушди тафаккури кӯдак мебошад. Нутқ ин мафҳуми тафаккур аст. Нутқ ин моҳияти асосии тарбияи кӯдак мебошад»[9, 465]. Муошират яке аз шартҳои асосии рушди кӯдак, муҳимтарин омили ташаккули шахсияти ӯ мебошад.

Муошират намуди асосии фаъолияти инсон буда, ба шинохт ва арзёбии худ тавассути дигарон равона шудааст. Масъалаҳои муоширатро аз давраҳои пеш олимон ба монанди: Л.С.Виготский, А.В.Запарожец, А.Н.Леонтьев, С.Л.Рубинштейн, Д.Б. Эльконин ва дигарон мавриди таҳлил дар китобҳои худ қарор доданд. Муошират на танҳо ба ташаккули кӯдаки солим, балки ба ташаккули кӯдакони имконияти маҳдуд низ таъсири калон расонида, ба иҷтимоишавии онҳо дар ҷомеа мусоидат мекунад.

Муошират модарзодӣ нест, бинобар ин рушди он дар ҷараёни ҳаёт ва фаъолияти муштарак амалӣ мегардад. Яке аз усулҳои ташаккулдиҳандаи муошират ва нутқи кӯдак дар синфҳои ибтидоӣ ин хондани афсона мебошад. Афсона дар тарбияи кӯдак нақши муҳимро доро аст. ки дар зери таъсири ҳиссиёте, ки нақшҳои афсонавӣ бедор месозанд, кӯдак бо калимаҳо фикрикуниро меомӯзад. Бе афсонаи шавқовар, ки ӯ фарогирандаи шууру ҳиссиёти тафаккури кӯдак аст, ташаккули нутқи кӯдак имконнопазир аст.

Кӯдак қаноатмандии худро дар он эҳсос мекунад, ки фикри ӯ дар олами образҳои афсонавӣ зиндагонӣ мекунад. Як афсонаро агар ӯ барои кӯдак ҷолиб бошад, метавонад панҷ, даҳ маротиба нақл кунад. Муҳимияташ дар он аст, ки ҳангоми ҳар бор аз нав нақл кардани афсона кӯдак ҳатман як калимаи навро илова мекунад. Агар дар ҳаёти кӯдак афсона мавҷуд намебуд, кӯдакон дар бораи олами ғайриреалӣ фикр намекарданд.

Афсона барои кӯдак як оламест, ки кӯдак дар он зиндагӣ мекунад, мубориза мебарад. Сухан дар афсона қувваи маънавии кӯдакро ифода мекунад. Масалан: кас сурудро на танҳо шунидан, балки замзама кардан ҳам мехоҳад. Кӯдак низ афсонаро на танҳо гӯш кардан, балки худаш ҳам ҳикоят кардан мехоҳад.

Дар вақти нақл кардани ягон афсона шармгинтарин кӯдак низ далер мешавад. Нутқи кӯдак агар дар шароити дигар канда-канда бошад, дар вақти нақл кардани афсона равон, ифоданок ва хушҳоанг мешавад. Ба воситаи афсона кӯдак эҷодкор мешавад ва фикру эҳсосоти худро ташаккул медиҳад. «Кӯдак ба дарду ғами қаҳрамонони афсона шарик мешавад, агар бадкирдор ва бадбахтие дучор шавад, бачагон бо шавқ омада чунин мегӯянд: «хуб шуд, хуб шуд», ва агар шахси нек дучори бадбахтӣ шавад, ғамгин мешаванд, афсус мехуранд ва ба ғаму дарди ӯ шарик мешаванд» [4, 87].

Афсона ин боигарии маънавӣ ва ақлу заковати одам мебошад, ки дар онҳо психолоияи халқ, муносибати халқ ба тамоми паҳлуҳои зиндагӣ хеле образнок, вале оддӣ ифода мегардад. Барои ҳамин афсонаҳои халқӣ хусусан дар дили кӯдакон ҷойгоҳи махсус доранд. Онҳо кӯдакро мафтун ё ба хашму ғазаб меоваранд. Маҳз ҳамин ҷиҳати афсона ба олати рӯҳии кӯдак таъсири калони психологӣ дорад.

Кӯдак агар ҳамон як афсонаро борҳо шунавад, афсона ба дилаш намезанад. Дар вақти гӯш кардани афсона кӯдак ба ғаму дарди қаҳрамонҳои афсона шарик мегардад, яъне кӯдак бо қаҳрамонҳои афсона шодиву ғусса мехӯрад. Мафҳуми афсона аз он иборат аст, ки маҳз тавассути афсона кӯдак ба дарду ғами дигарон бепарво нашуданро эҳсос мекунад. Афсона инчунин дигар яке аз воситаҳои рушди нутқи кӯдак ба ҳисоб меравад.

Олим ва равоншиноси барҷаста И.П.Павлов борҳо таъкид кардааст, ки нутқ дар одам аҳамияти басо бузург дорад ва онро» иловаи фавқулода» ба фаъолияти мағзи инсон нисбат ба фаъолияти асабии ҳайвонот медонист. Инкишофи фаъолияти асабии олӣ ва рушди дурусти нутқи кӯдак аз ташкили ҳаракатҳои гуногуни мураккаб, амалҳо ва бозиҳо вобаста аст. Аз ҷумла пайдоиши бозиҳои нақшӣ ва тасвирӣ низ зери таъсири нутқ ба амал меоянд. Аз ҳамин сабаб рушди нутқ яке аз вазифаҳои муҳимтарини тарбия дар синни барвақти бачагӣ ба ҳисоб меравад.

Кӯдак ором мекунад ва ба гӯш кардан сар мекунад, вақте ки калонсол ба ӯ сухан мегӯяд. «Аз давраи давраи барвақти кӯдаки инсон ба ашё ва падидаҳои муҳит шинос мешавад, онҳоро аз худ мекунад ва дар мағзи сараш робитаҳои устувор байни таасуротҳои бевосита ва калимаҳо ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷа калимаҳо ҷойгузини ашёҳои воқеи гардида, ба мисли сигналҳо амал мекунанд ва метавонанд ҳамон гуна вокунишҳоро ба вуҷуд оваранд.» [5, 37]. Хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз дигар зинаҳои синну сол бо хусусиятҳои равонӣ ва нутқии худ фарқияти калон доранд.

Дар ин марҳила: захираи луғавии кӯдак бо суръат меафзояд. шавқу рағбат ба нақл, шунидан ва хондани ҳикояву афсона зиёд мешавад. кӯдакон ба муоширати гурӯҳи шавқ пайдо мекунанд. нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ рушд мекунад. малакаи шунидан ва фаҳмидани сухани дигарон ташаккул меёбад. тарзи ифодаи фикр инкишоф меёбад. Муаллимони макотибҳои аҳамагонӣ дар шароити имрӯзаи ҷаҳон ӯҳдадор ҳастанд, ки ҳар гуна усул ва методҳои гуногунро истифода бурда хониши берун аз синфро барои кӯдак рангин созанд. Барои самаранок ташаккул додани салоҳияти муоширатӣ дар ҷараёни хониши берун аз синф усулҳои зеринро бояд муаллимон истифода баранд: сӯҳбат ва муҳокимаи асари хондашуда. нақли мазмуни асар бо суханҳои худ. вобаста ба асари хонашуда намоиш додани саҳнача. саволу ҷавоб миёни хонандагон оид ба асари мутоилашуда. ташкил кардани корҳои гуруҳӣ ва инфиродӣ дар хониши берун аз синф. Ин усулҳо барои омӯзгорон имконият медиҳанд, ки ҳар як кӯдак ҳатто кӯдакони сустхон низ метавонанд дар чунин хониши берун аз синф фаъолона иштирок намуда, малакаи нутқии худро такмил диҳанд.

Омӯзгор дар ҷараёни хониши берун аз синф нақши раҳнамо ва ташкилкунандаро иҷро мекунад. Ҳар омӯзгор вазифадор аст: муҳити озоди муоширатро фароҳам оварад. хонандагонро ба баён намудани фикр ҳавасманд созад. фаъолияти кори гуруҳиро дуруст ба роҳ монад. Хониши берун аз синф ҳамчун воситаи муассири ташаккули салоҳияти муоширатии хонандагони синфҳои ибтидоӣ аҳамияти хоса дорад. Он на танҳо ба рушди тафаккур муоидат мекунад, инчунин хонандагонро барои муоширати фаъол ва самаранок дар ҷомеа омода месозад. Истифодаи мақсадноки усулҳо ва шаклҳои гуногуни хониш метавонад сифати таълим ва тарбияи хонандагонро ба таври назаррас баланд бардорад.

Шаклҳои фаъолияти маърифатии беруназсинфии хонандагон нисбат ба раванди таълим хело гуногунанд. Кӯдакон дар конкурс, векторина, сӯҳбатҳо иштирок карда, дар бораи навигариҳои илму техникаи олам ҳикояҳо мешунаванд, дар бозиҳои хусусияти маърифатӣ дошта иштирок намуда, китобҳои хондаашон ва филмҳои дидаашонро муҳокима мекунанд. «Китоб муҳимтарин манбаи фаъолияти маърифатии хонандагон, манбаи худомӯзии онҳо ба шумор меравад. Муҳаббат ба китоб, доираи хониши хонанда, таъсири мундариҷаи он ба характери бача, ҳамаи инҳо нишондиҳандаҳои равшананд, ки дараҷаи инкишофи маънавию маданияти хонандаро муайян месозад» [10, 207].

Ташкили ҳар гуна гуна машғулиятҳо барои ташаккули маҳорат ва малакаи кӯдак, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ хело заруранд. Хамаи инҳо боис шуд, ки имрӯзҳо бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2020 ба ифтихори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ҷумҳурии мо баргузор шуд. Имрӯз тайи шаш сол ҳаст, ки ин озмунҳо идома доранд. Бар зами «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» боз маҳфили «Тоҷикистон ватани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат», «Шоҳномахонӣ»имрӯзҳо дар тамоми сар то сари мамлакат ташкил карда шудаанд.

Мақсади асосии ташкили ин маҳфилҳо, ки он ҳам чун хониши берун ба ҳисоб мераванд, ҷалби ҳар чӣ бештари насли наврас ба китоб ва китобхонӣ, пос доштани муқаддасоти давлат ва пайгири кардан аз сиёсати имрӯзаи давлат мебошад, чунки нарасону ҷавонон идомадиҳандаи сиёсати давлат ва ояндаи он мебошанд. Хулоса хониши берун аз синф чунин афзалиятҳо дорад: ҳар як кӯдак ба воситаи мутоилаи асарҳо бо фарҳаги миллӣ ва ҷаҳонӣ ошноӣ пайдо мекунад. бо арзишҳо ва анъанаҳои ахлоқии тамоми халқу миллатҳо шинос мешавад. кӯдак мазмун ва хусусиятҳои матнҳои гуногунро аз худ мекунад. дар муҳокимаҳои гуногун иштирок мекунад ва фикри худро баён месозад. ба сатҳи зарурии рушди нутқ ноил мешавад.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 5 (98) том 4


Ссылка для цитирования:

Мамадназарбекова У.И. АҲАМИЯТИ ХОНИШИ БЕРУН АЗ СИНФ ДАР ТАШАККУЛИ МУОШИРАТИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ // Журнал «Вестник науки» от 24 мая 2026 г. № 5 (98) том 4. С. 995 - 1005. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/30748 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/30748



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2026.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.