АМНИЯТИ МИЛЛӢ ДАР КОНТЕКСТИ МАНФИАТҲОИ ДАВЛАТӢ: ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВӢ
Аннотация: дар мақола мафҳумҳои «манфиатҳои миллӣ» ва «амнияти миллӣ» ҳамчун категорияҳои бунёдии сиёсатшиносӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Муаллиф таснифи манфиатҳои миллиро ба асосӣ ва ғайриасосӣ, доимӣ ва муваққатӣ пешниҳод намуда, онҳоро бо намунаҳои таърихӣ ва сиёсӣ (Русия, ИМА, СССР, Сурия, Чехословакия, Дания) шарҳ медиҳад. Таҳқиқи назарияҳои реализм, неореализм ва постмодернизм дар фаҳмиши амният имкон медиҳад, ки се навъи омодагӣ (сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ) ҳамчун воситаҳои асосии таъмини амнияти миллӣ муайян карда шаванд. Дар мақола ҳамчунин вазифаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми таъмини амният, инчунин равишҳои гуногуни муайян кардани манфиатҳои миллӣ дар фазои пасошӯравӣ баррасӣ шудаанд.
Ключевые слова: манфиатҳои миллӣ, амнияти миллӣ, суверенитет, қудрати давлатӣ, таҳдидҳои ҳарбӣ, омодагии сиёсӣ, омодагии иқтисодӣ, омодагии низомӣ, реализм, неореализм, пасошӯравӣ, Тоҷикистон.
Дар адабиёти илмӣ бо назардошти дараҷаи муҳимият ва маҳдудияти замонӣ манфиатҳои асосӣ ва ғайриасосӣ, доимӣ ва тағйирёбандаро ҷудо мекунанд. Ба манфиатҳои асосии миллӣ самтҳои умумӣ ва муҳимтарини фаъолияти давлат ҷиҳати таъмини амнияти миллӣ, ҳалли вазифа ва ҳадафҳои стратегӣ мансубанд. Василаҳои расидан ба ҳадафҳои аслиро метавон чун манфиатҳои ғайриасосӣ ҳисобид. Агар манфиатҳои доимӣ ба кишвар дар тамоми марҳилаҳои таҳаввули он хос бошанд, пас манфиатҳои ғайридоимӣ ё муваққатӣ ба давраи муайян хос мебошанд.
Дар ин замина агар манфиатҳои доимӣ ва муваққатии Тоҷикистонро таҳлил намоем метавон гуфт, ки истифодаи иқтидори дохилии гидроэнергетикӣ барои боло бурдани некуаҳволии шаҳрвандон дар ҳамин марҳалаи рушди мамлакат манфиатҳои асосӣ ва доимӣ мебошанд. Сохтмони неругоҳҳои гидроэнергетикӣ ва хатҳои интиқоли барқ метавонанд чун манфиатҳои ҳаминдавраӣ хизмат кунанд, ки барои расидан ба манфиати асосӣ равона шудаанд. Донишманди рус Ю.Бойко бо таҳқиқи мундариҷаи дохилии манфиатҳои миллӣ ба хулосае омадааст, ки манфиатҳои миллӣ ҳамчун категория раванди мураккаби иҷтимоиву равониро инъикос мекунанд, ки моҳияти он дар дарки (тавассути низоми мутаҳаррики категорияҳои ҷуфти – «хусусӣ-умумӣ», «гузашта-имруза», «маънавӣ-моддӣ», «мақсаднок- бемақсад», «мо ва онҳо») ниёзҳои умумии гуруҳҳои аҳолӣ, ки таърихан дар ҳудуди муайян зиндагӣ мекунанд зоҳир мешавад. Агар ҷомеа аз нигоҳи психологӣ ҳар қадар пешрафта бошад, масъалаи мувофиқати манфиатҳои субъектҳои он – шахс ва гуруҳҳои гуногун ҳамон қадар муҳиммияти бештар касб мекунад» [Бойко Ю.
Формирование и реализация национальных интересов // Научно-аналитический журнал Обозреватель – Observer. -2007, №11. –С.86]. Донишманди мазкур чунин функсияҳои манфиатҳои миллиро ҷудо мекунад: 1) иҷтимоӣ-коммуникативӣ, 2) замина барои қабули қарори стратегӣ ва 3) идеологӣ ҳамчун воситаи дастгирии ин ё он аъмоли сиёсӣ. [Бойко Ю. Формирование и реализация национальных интересов // Научно-аналитический журнал Обозреватель – Observer. -2007, №11. –С.87]. Бо назардошти ин амр, ҳар як кишвар ба таври худ бо такя ба таҷрибаи миллӣ, ҳадафи гузошташуда ва вазифаҳои мавҷуда манфиатҳои миллиро мушаххас месозад.
Аксари донишмандон мафҳуми манфиатҳои миллиро бо категорияи «амнияти миллӣ» алоқаманд мекунанд. Чун амнияти миллӣ аслан моҳият ва мундариҷаи манфиатҳои миллиро муайян мекунад. Амният ҳамроҳ бо ниёз ба ғизо, либос, манзил, иттилоот аз ҷумлаи муҳимтарин талаботи инсон ба шумор меравад. Амният як чизи ашёӣ, моддӣ набуда, як навъ шакли абстрактии ифодаи қобилият ва устувории ҳаётии объекти олами конкретист. Ҳамзамон амният мафҳуми амиқ ва мушаххасу равшан буда моҳиятан ва мазмунан баҳри ҳифзи манфиатҳои ҳаётии инсон, ҷомеа ва давлат равона шудааст.
Аз нуқтаи назари ҷаҳонбинӣ мафҳуми амният падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсист, ки ҷанбаҳои гуногуни ҳаётро фаро мегирад. Дар намуди умумиаш амният – ҳолат ва вазъест, ки набудани таҳдидро нишон медиҳад. Аммо таърих шоҳид аст, ки на ягон инсон ва на ягон ҷомеаи инсон то ҳол ба ин вазъ соҳиб нашудааст. Аз лиҳози назарӣ метавон ду навъи амниятро ҷудо кард: а) адами гипотетикии хатар, имконияти ҳар гуна фалокатҳо, катаклизмҳо барои иҷтимоъ (умумияти иҷтимоӣ, шахси алоҳида, низоми иҷтимоӣ), б) воқеан эмин будан аз хатар, қобилияти муқовимати устувор бо онҳо.
Масъалаи амният имрўз дар назди инсоният хислат ва нишонаҳои нав гирифта, гуногунрў, мутаҳаррик ва пур аз таззодҳост. Метавон гуфт, ки омилҳои зерин омўзиши масъалаи амниятро мубрам гардондаанд: – вазъи фалокатбори муҳити атроф, – инкишофи равандҳои демографӣ, ки вазъиятро дар ҷаҳон ноустувор хоҳанд гардонд. – фаъолияти амалан назоратнашавандаи антропогенӣ ва таъсири харобиовари он ба табиат, – торафт рушантар гаштани ҳадди косташавии захираҳои табиӣ дар ҳолати ба қадри кофӣ набудани таваҷҷуҳ ба инкишофи технологияи сарфкунандаи захираҳо, – дар ҷаҳон мавҷуд будани василаҳои харобиовари муборизаи мусаллаҳона ва зиёд шудани теъдоди кишварҳои ҳавасманд (бахусус кишварҳои дар ҳоли рушд) ба доштани ин силоҳҳо, – афзудани низоъҳои мусаллаҳона ва ҷангҳо дар манотиқи гуногуни сайёра, Дар адабиёти илмии муосир мафҳуми амният – миллӣ, минтақавӣ, байналхалқӣ – ба сифати синтези натиҷаҳои муттаҳидшавӣ, ҳамкориҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҳар як кишвар ва ҳамаи онҳо дар маҷмўъ бо тамоми гуногуннавъии ҳаёти байналхалқӣ пешниҳод мешавад. Гоҳе ки сухан аз амнияти миллӣ меравад, пеш аз ҳама амнияти давлат на ҳамчун низоми сохторҳои ҳукуматӣ ва идоравӣ, балки тарзи таърихан шаклгирифтаи мавҷудияити миллатҳо ё гурўҳи миллатҳо ва қавмҳо дар назар дошта мешавад, ки инъикоси худро дар ниҳодҳои мувофиқи сиёсӣ ёфтаанд ва ин ниҳодҳо вижагии ҳамкориҳои ҷомеа ва давлат ва вазъи ҳуқуқи инсонро нишон медиҳанд. Чунин андеша маъмул аст, ки дар Ғарб бори аввал мафҳуми амнияти давлатро раиси ҷумҳури ИМА Т.
Рузвелт дар соли 1904 ба кор бурда аст, ва аввалин таърифи илмии амниятро, ки бо манофеи миллӣ алоқаманд аст, рузноманигор ва сиёсатшиноси маъруфи амрикоӣ Уолтер Липпман (соли 1943) пешниҳод кардааст: «Давлат дар ҳоле дар вазъи эмин будан аст, ки ў манфиатҳои қонунии хешро ба хотири рафъи ҷанг қурбон намекунад ва ў дар ҳолест, ки дар ҳолати зарур будан ин манфиатҳоро бо роҳи ҷанг ҳифз мекунад». Донишманди рус Ирина Прохоренко дар он андеша аст, ки амнияти миллӣ – ин чунин мутобиқати шароити дохиливу хориҷист, ки ба ҳаёти давлат таъсир мерасонанд ва дар ин ҳол таҳдидоти ҷиддӣ вуҷуд надошта давлат қобилияти вокуниши адекватиро ба таҳдидоти ба вуҷуд оянда гум накардааст». Дар ҳар ду ҳолат амният ҳамчун вазъият ва сиёсат аз ду мабдаъ – манфиатҳои миллӣ ва қудрати кишвар бармеоянд. Дар идораи ягонаи фаъолияти давлатҳо набудани мақомоти роҳбарикунандаи олии ҷаҳонӣ кишварҳоро ўҳдадор мекунад, ки дар ҳифзи манфиатҳои хеш фақат ба қувваи худ такя кунанд.
Реализми нав бошад, мафҳуми «беназмии баркамол» -ро дохил мекунад, ки мувофиқи он институтҳои байналхалқӣ ва меъёрҳову қоидаҳои рафтори қабулшуда оқибати бархўрди манфиатҳои давлатҳоро тасҳил мекунанд ва инчунин як қадар равобити байни кишварҳоро аз «сояи ҷанг» берун мекунанд. Реалистони нав исбот мекунанд, ки манфиатҳои миллӣ ва амнияти миллӣ бевосита бо сохтори низоми байналхалқӣ алоқаманданд. Аммо василаи асосии ба даст овардан ва ҳифзи амнияти миллӣ ҳам дар реализм ва ҳам дар реализми нав қудрат (пеш аз ҳама ҷанбаи ҳарбиву сиёсии он) эътироф шудааст ва василаи асосии таъмингари амнияти байналмиллалӣ бошад, тавозуни қувва аст. Боз як хусусияти муҳими фаҳмиши реалистии мафҳуми амният он аст, ки пеш аз ҳама хислати муҳофизатӣ дорад: амният ҳамчун ҳолати ғайри таҳдидангез фаҳмида мешавад.
Чунин фаҳмиши амният нақши онро чун маҷмўи воситаҳо дар таъмини ҳолати ғайритаҳдидангез ноаён мегузорад. Тавре ки донишманди рус Н.А. Косолапов менависад, таваҷҷуҳ накардан ба чунин ҷанбаи амният чун қобилияти рақобатнокии давлат дар мубориза барои ҳифзи мавҷудият ва пешравии хеш метавонад ба оқибатҳои ҷиддӣ оварад. Иттиҳоди Шўравӣ бештар ба таҳкими иқтидори ҳарбии худ, мақомоти махсуси дохилӣ таваҷҷуҳ мекард, вале на аз чизе, ки худро ҷиддӣ ҳифз мекард, яъне на аз ҳуҷуми душмани хориҷӣ ва на аз иғвои дохилӣ, балки аз ҳисоби ғайри фаьол будани система барҳам хурд.
Аз нуқтаи назари реализми сиёсӣ бозингари асосии амнияти миллӣ ва байналмилалӣ кишвар аст. Маҳз кишварҳо сабабу натиҷа, айбдори асосӣ (сарчашмаи таҳдидот) дар таҳдид ба амният мебошанд. Аз навиштаҳои аксари муҳаққиқони умури байналмиллалӣ бармеояд, ки «манфиатҳои миллӣ», «бақои кишвар» (survival), «ҳифзи мавҷудияти кишвар» ва «амнияти миллӣ» мафҳумҳои мухталифе ҳастанд, ки мутаваҷҷеҳи як маънӣ ва падида мебошанд, ки «ҳифзи вуҷуди худ» аст.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 5 (98) том 4
Ссылка для цитирования:
АМНИЯТИ МИЛЛӢ ДАР КОНТЕКСТИ МАНФИАТҲОИ ДАВЛАТӢ: ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВӢ // Журнал «Вестник науки» от 24 мая 2026 г. № 5 (98) том 4. С. 1483 - 1488. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/30809 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/30809
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
