Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 24 мая 2026 г.
  4. Научная статья № 174
Просмотры  8 просмотров

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Аннотация: мақолаи мазкур ба баррасии масъалаҳои муҳими стратегияи давлатӣ ва нақши он дар таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосири геополитикӣ бахшида шудааст. Муаллиф ҷанбаҳои асосии амнияти миллӣ, аз ҷумла амнияти ҳарбӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ва идеологиро мавриди таҳлил қарор дода, таҳдиду чолишҳои асимметрии замони муосир, ба монанди терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳоро меомӯзад. Дар мақола таваҷҷуҳи махсус ба сиёсати хориҷии кишвар, устувории марзҳои давлатӣ (бо назардошти омили Афғонистон) ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ зоҳир шудааст. Дар хулоса, аҳамияти тақвияти ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ ҳамчун унсури калидии муқовимат ба мафкураҳои бегона ва ҳифзи суботи дохилӣ зарур арзёбӣ мегардад.

Ключевые слова: стратегияи давлатӣ, амнияти миллӣ, соҳибихтиёрӣ, таҳдидҳои геополитикӣ, амнияти минтақавӣ, омили Афғонистон, устувории сиёсӣ, ҳувияти миллӣ, амнияти иттилоотӣ, созмонҳои байналмилалӣ.

Амният падидаи собит ва мушаххас нест, омили забон, идеологӣ ва авзоъ ва аҳволи байналмилалӣ ва ҳамчунин мавқеияти кишвар ва диду назари роҳбарон дар чигунагии амният ва роҳи ба дасторӣ ва ҳифзи он таъсири босазое дорад. Амрико пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум ҳифз ва дифоъ аз тамомияти арзӣ ва истиқлоли кишварҳои Аврупои ғарбиро, ки дар НАТО дар соли 1949 бо ў ҳампаймон шуданд, қисми амнияти худ дониста аҳд кард (моддаи 5 НАТО), ки ҳар ҳамла ва таҷовуз алайҳи муттаҳиддини уропоии худро ҳамла ба хоки Амрико мешуморад. Моддаи 5 Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) чунин мегуяд: «Имзокунандагони паймон мувофиқат мекунанд, ки ҳамла алайҳи як ва ё бештари онон дар Аврупо ва ё Амрикои шимолӣ ба манзалаи ҳамла алайҳи тамоми аъзои паймон хоҳад буд ва дар натиҷа аъзо мувофиқат мекунанд, ки дар сурати рўй додани чунин ҳамлае ҳар як аз аъзо дар моддаи 5 Маншури Милали Муттахид шинохта шуда аст, дар алоҳидагӣ ва ё ба таври дастаҷамъӣ барои ирода ва ҳифзи амнияти минтақаи Атлантики Шимолӣ ба кўмаки кишвар ва ё кишварҳои имзокунандаи паймон, ки мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, бишитобанд». Русҳо, ки аз қадим кўшиш доштаанд бар навоҳии байни хоки Русия ва Аврупои ғарбӣ назорат кунанд, дифоъ аз истиқлол ва тамомияти арзии кишварҳои сотсиалистии Аврупои шарқиро ба ўҳда гирифта ва дар чаҳорҷўбаи Паймони Варшава (1955) ҳар таҷовузеро ба Аврупои шарқӣ таҷовуз ба хоки шўравӣ ҳисобида ва аксуламали шадид нишон додаанд.

Роҳбароне мумкин аст аз даст додани нисбии истиқлоли мамлакат ва ё аз байн рафтани қисмате аз хоки кишвари худро ба хотири ҳифзи ҳукумати худ ва ё таҳким бахшидан ба як идеологияи хос, мухолиф бо амният надонанд. Роҳбарони Сурия дар соли 1958 ба хотири иттиҳод ва натсионализми араб аз истиқлол ва тамомияти арзии кишвари худ чашм пушида онро бо Миср як намуданд. Ленин дар қарордоди марти соли 1918 «Брест-Литовск» чаҳоряки хоки Аврупоии Русияро, ки аз замони Пётри Кабир тасарруф шуда буд, ба Олмон вогузор кард, зеро барои Ленин манфиатҳои кишвари Русия ба танҳоӣ ва ҳифзи минтақаҳои васеъ аҳамияти ҳаётӣ надошт, балки «коммунистӣ кардани дунё» ва эҷоди «ҳукумати коргарии ҷахонӣ» дар дараҷаи аввали аҳамият қарор гирифта буд. Дар соли 1938 Чехословакия ба ҷои муқобилият бо Гитлер аз қисмате аз хоки худ дар ноҳияи Судет чашмпушӣ кард.

Яъне дар ин ҷо аз ҳифзи хок ба хотири дигар ҳадафҳо ва арзишҳо сарфи назар шуд. Дания дар соли 1940 бинобар ултиматуми Олмон иҷозати пайдо шудани қувваи Гитлерро дар ин кишвар содир намуд. Ба ин тартиб аз истиқлоли худ ба хотири ҳифзи ҷони мардум чашм пўшид. Маъмулан амнияти мамлакатро баробар бо қудрат ва амнияти низомӣ медонанд.

Аъмоли қудрати низомӣ, яъне наздикшавӣ ба ҷанг барои ҳифзи амният ва касби манфиатҳои миллӣ яке аз равишҳои маъмул дар равобити байналмилал буда аст. Вале ин ба он маънӣ нест, ки амният фақат аз тариқи аслиҳа, технологияи ҷангӣ ва доктринаҳои низомӣ ба даст меояд, балки ҷанг ва такя ба қудрати низомӣ маъмулан ба унвони охирин роҳи ҳал ё васила ба кор гирифта шуда ва мешавад. Кишварҳо дар гузашта ва то ба ҳол барои ҳифз ва касби амният дар саҳнаи сиёсати хориҷӣ тактика ва роҳҳои дигареро низ мавриди истифода қарор додаанд, ки баъзе аз онҳо дар асари шикаст дур шудаанд, вале теъдоде ҳанўз ҳам мавриди қабул ва роиҷ мебошанд. Бархе дигар аз роҳҳое, ки барои ҳифзу касби амният дар равобити байналмиллал ба кор рафта аст, ба қарори зер аст: а) канораҷўӣ, б) адами тааҳҳуд ё адами вобастагӣ ба паймони мухталиф (бетарафӣ), в) тавозуни қувва, г) амнияти дастаҷамъӣ ва эҷоди созмонҳои байналмилалӣ, д) эҷоди иттиҳодияҳои дифоъӣ ва қарордодҳои низомӣ, е) дипломатия.

Амнияти миллӣ категорияи сиёсат аст, ки усул, восита ва роҳҳои таъминкунии манфиатҳои миллии давлатро ҳам дар дохили давлат ва ҳам дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ ифода мекунад. Амнияти байналхалқӣ бошад, чунин ҳолати муносибатҳои байналхалқиро устувор мекунад, ки дар он манфиатҳои миллии ҳамаи субъектҳои сиёсати ҷаҳонӣ амалӣ мешаванд. Амниятро ҳамеша вобаста ба қудрати низомӣ донистаанд, аммо амниятро наметавон фақат аз тариқи қудрати низомии кишвар ба даст овард. Амнияти мамлакат мумкин аст ҳатто дар сурати доро будани қудрати низомии қобили мулоҳиза аз ҷиҳати мутаадид ба хатар афтад.

Метавон гуфт, ки омилҳо ва падидаҳои зерин амнияти кишварро ба хатар меандозанд: 1. Зуҳур ва тавсеаи идеологияе, ки мухолифи идеологияи ҳокими кишвари дигар бошад. 2. Зиёдшавӣ ва «таркиши аҳолӣ»-и кишвари ҳамсоя (бахусус ҳамсояи душман). 3. Пешрафти иқтисодии кишвари ҳамсоя (бахусус ҳамсояи душман). 4.

Такяи иқтисодӣ, илмӣ, низомии зиёд ба кишвари хосе. 5. Адами суботи иҷтимоӣ. 6. Заифӣ ва кўчакӣ (аз назари қудрат). 7. Мавқеияти номусоиди ҷуғрофӣ. 8.

Афзоиши қудрати низомии кишвари душман. Амнияти миллӣ бо бехатарии низоми ҷамъиятиву сиёсии давлат хеле алоқаманд аст. Аз дигар ҷиҳат дар роҳи пиёда кардани ҳадафҳои худ, давлат бо дигар давлатҳо муносибат дорад, ки дар амалишавии онҳо ё мусоидат мекунанд ё муқобилят мекунанд. Барои ҳамин консепсияи амнияти миллии ҳар як кишвар бояд дар асоси ба ҳисобгирии таҳдидоти хориҷию дохилӣ сохта шавад.

Таърихан се воситаи асосии таъмини амнияти миллӣ маълум аст. Воситаи аввал ба худпарастии иҷтимоӣ ва имконияти ҳар худсарӣ дар амалисозии он такя мекунад. Моҳиятан ин бо зўрӣ бор кардани талаби худ ба дигарон мебошад, ки барои он бартарии худ зарур аст (воситаи ҳифзкунанда). Воситаи дуюм низ ба қувва, ба имконияти муқобилият кардан ба таҷовузгари эҳтимоли такя мекунад.

Бо вуҷуди ин номатлуби ё ҳатто дастнорасии зўрии ҳукмфармо ба онҳое, ки ҳозир на таҷовузгари воқеи ва на эҳтимоли мебошанд, эътироф мешавад. (воситаи «рақобатӣ»). Моҳияти воситаи сеюм бо кўшиши ба даст овардани амният тавассути даст кашидан умуман аз зўрӣ, тавассути раванди яроқпартоии умумӣ алоқаманд аст. Дар замони ҳозира ғайривоқеӣ будани ин восита аён аст.

Барои ҳамин дар амалияи сиёсӣ ҳангоми эҷоди низоми амнияти миллӣ ду консепсияи аввал истифода мешавад. Тайи асрҳои зиёд қувва ва афзалияти ҳарбӣ ба давлат барои ҳифзи худ ва ҳуҷум хизмат кардааст. Ҳар қадаре, ки давлат аз лиҳози ҳарбӣ буд, нерўманд мебуд, ҳамон қадар эҳтимоли ба ҳуҷуми давлати дигар гирифтор шуданаш кам мешуд. Қувва ё нерў ба давлат имконият медод, ки ҳудудҳои ҳамсояро забт карда бо ҳамин хавфи ҳуҷумро аз хориҷ кам кунад. Ҳамзамон истифодаи қувва чун воситаи асосӣ алайҳи душман ба давлат имкони ба ҳадаф расиданро медод. Дар замони ҳозира маънии қувваи ҳарбӣ тағйир ёфтааст. Бо зуҳури силоҳи ҳастаӣ, ракетаҳои баллистикии ҳозиразамон, ки метавонанд дар дақиқаҳои кўтоҳтарин ба ҳадаф расанд ва нерўи зиёди харобиовар доранд, консепсияи бартарии нерў барои таъмини амният ва расидан ба ҳадаф маънии анъанавиашро гум кардааст.

Бо пешрафти илму техника ва такмили силоҳ нигоҳдории қувваҳои мусаллаҳ хеле гарон шуд. Мусаллаҳшавии бошитоби минбаъда метавонист давлатро ба заъфи иқтисодӣ орад. Ҳатто бо доштани яроқи ҳозиразамон ва қўшуни беҳтарин ягон давлат наметавонад худро аз ҳуҷуми ракетаҳои қорапаймо ҳифз намояд ва афзалиятро, ки ўро аз нобудшавӣ ҳифз намояд, нигоҳ дорад. Яке аз сабабҳои косташавии қадру манзалати қувваи ҳарбӣ нисбати замони гузашта зуҳури даврони силоҳи ҳастаӣ буд. Аммо дар тўли тамоми тамаддуни инсонӣ дар фаҳмиши инсон мафҳуми қувват ва бартарӣ бевосита ба мафҳуми амнияти худи фард, оила, давлат ва ҳамчунин бо имконияти расидан ба ҳадафҳои худ алоқаманд буд.

Дар он сурат ивазшавии ин суннатҳо дар замони ҳозира душвор хоҳад шуд. Аз ин рў нерўи ҳарбии давлат боз муддати зиёд чун унсури таркибии амнияти миллӣ боқӣ хоҳад монд. Таъмини амнияти миллӣ бешак яке аз муҳимтарин ҳадафҳои сиёсати хориҷии ҳар кишвар дар ҳар давраву замон ба шумор меравад. Зарурияти дифоъ аз кишвар дар баробари таҷовузи эҳтимолӣ маъмулан аз улувияти хосе бархўрдор аст.

Фақат замоне ин омили аҳамият метавонад коста шавад, ки мақоми ҳуқуқи байналмиллал ончунон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди эҳтиром қарор гирад, ки дигар ҳеҷ кишваре хаёли таҷовуз ба дигареро дар сар напарваронад ва ё созмонҳои байналмилалӣ аз чунон нерўи фавқдавлатӣ бархўрдор шаванд, ки битавонанд аз ҳар таҷовуз дар ҳар ҷо ва ба ҳар сурат ҷилавгарӣ кунанд. Ба ақидаи баъзе муҳаққиқон таъриф ва тариқаҳои таъмини амнияти миллӣ аз замони ҷанги дувуми ҷаҳон то кунун таҳаввули зиёде ёфтааст ва таъмини он ба назари соҳибназарони имрўза лоақал се навъи омодагиро дар бар мегиранд: омодагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ. Омодагии сиёсиро метавон бо роҳҳои зер таъмин кард: 1. Ақди паймонҳои дифоӣ ба хотири муқобилият ба таҷовуз ва дар канора қарор додани душман. 2.

Анҷоми музокира ба манзўри ҷилавгарӣ аз иқдомоте, ки мумкин аст ба ҷанг бианҷомад. 3. Истифода аз системаи амнияти байналмилалии мавҷуд барои дифои дастаҷамъона. 4. Таъин ва иҷрои ҳадафҳои сиёсӣ, ки такя ба пуштибонии мардум дорад. 5. Истифода аз буҳронҳои байналмиллалӣ барои иҷрои ҳадафҳои сиёсӣ.

Омодагии иқтисодӣ дар воқеъ иборат аст аз: 1. Доро будани манбаъҳои табии муҳим ва маводи ғизоии лозим ва низ дигар маводи хом ва ё ақаллан имкони дастрасӣ ба маводи мазкур. 2. Доштани истеъдод ва маҳорати техникӣ барои истеҳсоли силоҳҳои муҳим барои амалиёти низомӣ. 3. Доштани моли кофӣ барои пардохти харҷҳои мазкур бе он, ки ба буҳрони иқтисодӣ гирифтор шавад.

Омодагии низомӣ инҳоанд: 1.Доштани як тарҳи дарозмуддати стратегӣ ё дифоӣ ба хотири муқовимат ба душман. 2. Доштани як нерўи низомии корозмуда, ки битавонад бо хубӣ аз силоҳҳои муосир истифода кунад. 3.Доштани тарҳҳои лозим барои таъмини ҳамоҳангӣ байни ғайринизомиён ва нерўҳои низомӣ дар ҳолати буҳронӣ ва ҷанг. 4. Доштани имкони тайёркунии озуқа ва воситаҳои ҳамлу нақл барои нерўҳои низомӣ. 5. Доштани омодагии рўҳӣ аз тарафи мардум (хоҳ ба таври табиӣ, хоҳ аз роҳи таблиғот эҷод шуда бошад).

Манофеъи миллӣ – усули бунёдии таъмини фаъолияти ҳаётии давлат аст, ки пайравӣ аз он на танҳо имкони ҳифзи миллат, балки таъмини пешомади зарурии рушди миллатро медиҳад. Дуршавӣ аз ин асл, ивази он бо асли дигар, хоҳ интернатсионализми пролетарӣ бошад хоҳ манфиатҳои умумибашарӣ, ногузир ба оқибатҳои ногувор оварда мерасонад, ки қобил аст миллатро аз пешомади минбаъда мавҷуд будан ба ҳайси субъекти мустақил, комил ва соҳибихтиёри равобити байналмилал маҳрум месозад.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 5 (98) том 4


Ссылка для цитирования:

Собирова М.Б. СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ // Журнал «Вестник науки» от 24 мая 2026 г. № 5 (98) том 4. С. 1489 - 1495. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/30810 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/30810



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2026.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.