Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 31 мая 2026 г.
  4. Научная статья № 183
Просмотры  14 просмотров

МАҚОМИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ИЛМӢ

Аннотация: мақолаи мазкур ба таҳлили фалсафӣ, тамаддуншиносӣ ва сиёсӣ-фарҳангии Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таҳқиқ шудааст. Ҳадафи таҳқиқ муайян намудани мақоми ин ташаббус дар рушди дипломатияи маърифатӣ, таҳкими муҳити илмӣ ва густариши нуфузи маънавии Тоҷикистон дар фазои байналмилалӣ мебошад. Методологияи таҳқиқ ба равишҳои герменевтикӣ, таърихи фалсафа, муқоисавӣ ва аксиологӣ асос меёбад. Дар натиҷаи таҳлил муайян гардид, ки таъсиси ҷоиза механизми таҳкими хештаншиносии миллӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва рушди фарҳанги инсонгароёнаи маърифат мебошад.

Ключевые слова: Ибни Сино, дипломатияи маърифатӣ, муҳити илмӣ, хештаншиносии миллӣ, фазои фарҳангӣ, виҷдони ахлоқӣ, маърифат, давлатдорӣ, мероси фарҳангӣ.

Мақсад ва методологияи таҳқиқ. Ҳадафи асосии таҳқиқ муайян намудани мақоми Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар ташаккули дипломатия, густариши муҳити илмӣ ва таҳкими нуфузи маънавии давлат дар фазои байналмилалӣ мебошад. Объекти таҳқиқ сиёсати илмӣ ва фарҳангии давлат дар шароити муосир буда, предмети таҳқиқ таҳлили фалсафӣ ва тамаддуншиносии ташаббуси таъсиси ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино маҳсуб мегардад. Методологияи таҳқиқ ба усулҳои таърихи фалсафа, герменевтикӣ, муқоисавӣ, аксиологӣ асос ёфтааст. Дар таҳқиқ осори Ибни Сино, андешаҳои мутафаккирони муосири фалсафа ва санадҳои расмии давлатӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.

Навгонии илмии таҳқиқ. Навгонии илмии таҳқиқ дар он зоҳир мегардад, ки бори аввал Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун механизми дипломатияи маърифатшиносӣ, ҳифзи ҳофизаи муҳити фарҳангӣ ва таҳкими нуфузи фарҳангии давлат аз диди фалсафӣ ва тамаддуншиносӣ таҳлил карда мешавад. Аҳаммияти назариявӣ ва амалии таҳқиқ. Аҳаммияти назариявии таҳқиқ дар тавсеаи таҳқиқоти синошиносӣ, фалсафаи давлатдорӣ ва дипломатияи маърифатӣ зоҳир мегардад.

Аҳаммияти амалии он бошад, метавонад дар сиёсати фарҳангӣ, таҳияи барномаҳои маърифатӣ, густариши дипломатияи илмӣ ва таҳкими хештаншиносии миллӣ истифода шавад. Дар таърихи башарият шахсиятҳое зуҳур намудаанд, ки фаъолияти маънавӣ ва ақлонии онҳо аз доираи замон ва марзҳои сиёсӣ фаротар рафта, ба ҷузъи шуури фарҳангии инсоният табдил ёфтааст. Ин гуна шахсиятҳо уфуқҳои нави маънавии таърихро шакл медиҳанд. Абӯалӣ ибни Сино аз ҷумлаи ҳамин нобиғаҳои нодири таърих мебошад.

Дар шахсияти ӯ хирад, виҷдони ахлоқӣ ва масъулияти инсонӣ ба шакли воҳид таҷассум ёфтаанд. Ӯ таҷассумгари анъанаи бузурги илмӣ мебошад, ки дар он хирад аз виҷдони ахлоқӣ, масъулияти инсонӣ ва каромати башарӣ ҷудо нест. Дар таълимоти Ибни Сино илм танҳо дар он сурат арзиши ҳақиқии маънавӣ касб менамояд, ки ба ҳифзи каромати инсон, адолати иҷтимоӣ ва камоли ахлоқии ҷомеа хизмат кунад. Аз ҳамин рӯ, синошиносӣ илмро аз сатҳи фаъолияти сирф зеҳнӣ болотар мебардорад. Дар ин раванд илм ба шакли масъулияти маънавии инсон дар назди ҷомеа ва ҳастӣ мубаддал мегардад.

Дар чунин низоми андешаварзӣ илм амонати маънавии ҷомеа ва василаи ҳифзи каромати инсон мегардад. Маҳз ҳамин хусусият мероси ӯро то имрӯз ба ҷузъи шуури илмии инсоният мубаддал сохтааст. Дар шароити муосир, ки ҷаҳон бо буҳронҳои ахлоқӣ, илмӣ ва маънавӣ рӯ ба рӯ гардидааст, рӯ овардан ба мероси Ибни Сино аҳаммияти махсуси тамаддуншиносӣ касб менамояд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-712 «Дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» аз ҳамин нигоҳ аҳаммияти муҳим дорад.

Ин иқдом идомаи мантиқии он навъи давлатдорие мебошад, ки илмро арзиши муҳимми фарҳанг ва омили ҳифзи суботи маънавии ҷомеа арзёбӣ менамояд. Ин иқдом нишон медиҳад, ки давлат илм ва фарҳанги маърифатро ҳамчун ҷузъи муҳимми рушди ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ арзёбӣ менамояд. Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино (980-1037) дар муҳити илмӣ ва фарҳангии Мовароуннаҳру Хуросон ба камол расида, ба яке аз нодиртарин мутафаккирони муҳити фарҳангии башарӣ табдил ёфт. Ӯ дар Афшанаи назди Бухоро таваллуд шуда, аз айёми ҷавонӣ ба омӯзиши мантиқ, риёзиёт, табииёт, фиқҳ ва тиб рӯ овардааст. Истеъдоди фавқулода ва қудрати нодири зеҳнии ӯ боис гардид, ки ҳанӯз дар синни ҷавонӣ ҳамчун табиб, файласуф ва мутафаккири барҷаста эътироф гардад.

Пас аз муолиҷаи амири Сомонӣ Нӯҳ ибни Мансур, Ибни Сино ба китобхонаи машҳури Сомониён роҳ ёфт, ки дар ташаккули ҷаҳонбинии энсиклопедӣ ва андешаи низомманди илмии ӯ нақши ҳалкунанда бозид. Баъди суқути давлати Сомониён ӯ ба марказҳои гуногуни хирадии Хоразм, Рай, Ҳамадон ва Исфаҳон сафар намуда, фаъолияти илмӣ ва фалсафии худро дар шароити пурошӯби сиёсӣ идома дод. Дар Исфаҳон Ибни Сино ба таҳқиқоти риёзӣ ва ҳайатшиносӣ низ машғул гардид. Академик А.А.

Михайлов дар асоси ҳисобҳои илмӣ эҳтимоли мушоҳидаҳои астрономии Ибни Синоро дар соли 1032 тасдиқ намудааст. Ин далел бори дигар собит месозад, ки фаъолияти илмии ӯ танҳо ба тиб ва фалсафа маҳдуд набуда, илмҳои дақиқ ва тафаккури таҷрибавиро низ фаро мегирифт. Бо вуҷуди муҳоҷиратҳо, фишорҳои сиёсӣ, дасисаҳои дарборӣ ва ҳатто зиндон, Ибни Сино фаъолияти илмии худро қатъ накард. Ӯ осори бузурге чун «Шифо», «Қонуни тиб», «Ишорот ва танбеҳот», «Наҷот» ва «Донишномаи Алоӣ»-ро таълиф намуд. «Қонуни тиб» садсолаҳо дар донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун китоби асосии тиб истифода мешуд [7.

С. 144-149]. «Донишномаи Алоӣ» бошад, дар ташаккули забони илмии тоҷикӣ ва фарҳанги маърифатии миллӣ аҳаммияти бунёдӣ дошт. Осори Ибни Сино то имрӯз дар фалсафаи маърифат, фалсафаи тиб ва назарияи илм аҳаммияти назариявӣ ва методологӣ доранд. Маҳз ҳамин хусусият осори ӯро ба ҷузъи фаъоли шуури муҳити фарҳангии муосир ва манбаи таҷдиди фарҳанги инсонгароёнаи маърифат табдил додааст. Ӯ хирадро на ҳамчун воситаи қудрат, балки ҳамчун шакли хидмат ба инсон, ҳифзи каромати маънавӣ, ифодагари масъулияти ахлоқии илм ва василаи ҳифзи маънои инсон дар ҳастии иҷтимоӣ арзёбӣ менамуд.

Дар фалсафаи Ибни Сино масъалаҳои вуҷуд, моҳият, нафс ва ақли фаъол ҷойгоҳи марказӣ доранд. Ӯ илм ва ақлро василаи худшиносии инсон ва дарки мақоми ӯ дар низоми ҳастӣ медонад. Ибни Сино, инсон мавҷуди соҳибақлест, ки тавассути андешаварзӣ метавонад миёни табиат, ҷомеа ва арзишҳои маънавӣ тавозун барқарор намояд. Дар низоми андешаварзии ӯ механизми такомули инсон ва василаи ҳифзи тартиби маънавии ҷомеа маҳсуб мегардад. Аз ҳамин ҷост, ки дар низоми андешаварзии синошиносӣ маърифат аз ахлоқ, тиб аз виҷдони ахлоқӣ ва илм аз масъулияти ҷамъиятӣ ва маънавии инсон ҷудо нест.

Ин хусусият фалсафаи ӯро аз доираи таърихи хирад фаротар бурда, ба сатҳи фарҳанги умумиинсонӣ, аксиологияи маънавии фазои фарҳангӣ ва герменевтикаи виҷдони ахлоқии маърифат мерасонад. Таҳқиқоти синошиносӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мероси Абӯалӣ ибни Сино яке аз пояҳои ташаккули шуури илмӣ ва худогоҳии фарҳангии ҷомеаи тоҷик ба шумор меравад. Дар монографияи «Синошиносӣ дар Тоҷикистон дар асри XX ва ибтидои асри XXI» таъкид мегардад, ки синошиносӣ дар муҳити илмии Тоҷикистон ҳамчун самти мустақили таҳқиқоти таърихиву фалсафӣ ташаккул ёфта, дар даврони истиқлол хусусияти нави фазои фарҳангӣ ва миллӣ касб намудааст. Дар таҳқиқоти мазкур инчунин нишон дода мешавад [6.

С. 118-124], ки осори Ибни Сино дар муҳити илмии Тоҷикистон механизми гуфтугӯи тамаддунҳои Шарқ ва Ғарб арзёбӣ гардидааст. Аз ҳамин рӯ, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тибро метавон идомаи мантиқии ҳамин раванд арзёбӣ намуд, зеро давлат тавассути чунин иқдомҳо мероси илмии миллиро ба фазои байналмилалии илмӣ ворид менамояд. Дар таҳқиқоти синошиносии Тоҷикистон махсус таъкид мегардад [9. С. 55-60], ки фалсафаи Ибни Сино бар ҳамгироии хирад, ахлоқ ва маърифат асос ёфтааст ва маҳз ҳамин хусусият ӯро ба шахсияти умумибашарии ҷаҳони фарҳангии муосир табдил додааст.

Аз ин рӯ, ҷоизаи мазкур эҳёи фарҳанги инсонгароёнаи маърифат ва масъулияти маънавии хирадро ифода менамояд. Шодравон устоди мо, академик Мӯсо Диноршоев таъкид менамояд: «Ибни Сино аз ҷумлаи он мутафаккиронест, ки дар таърихи фарҳанги башарӣ тавонист донишҳои замони худро ба низоми воҳиди фалсафӣ муттаҳид созад» [1. С. 42-48]. Ба андешаи ӯ, Ибни Сино мутафаккири доиратулмаорифии сатҳи ҷаҳонӣ буда, яке аз фарогиртарин низомҳои илмӣ-фалсафии асрҳои миёнаро бунёд намудааст, ки мантиқ, табииёт, хирадшиносӣ, ахлоқ, сиёсат, риёзиёт ва илоҳиётро дар бар мегирифт.

Аз ин рӯ, Ибни Сино ифодагари ҳамгироии илм, ахлоқ ва фарҳанг дар ҷаҳони башарӣ мебошад. Абӯалӣ ибни Сино дар таърихи муҳити фарҳангии башарӣ рамзи ҳамгироии илм, ахлоқ ва фарҳанг дар ҷаҳони муосир мебошад, ки дар осори ӯ ин арзишҳо ба шакли ягона таҷассум ёфтаанд. Осори ӯ нишон медиҳанд, ки дар андешаварзии шарқ хирад аз ахлоқ ҷудо нест ва табиб пеш аз ҳама масъулияти маънавӣ дар назди инсон дорад. Чунонки дар таҳқиқоти академик Мӯсо Диноршоев таъкид мегардад, низоми фалсафии Ибни Сино яке аз нахустин низомҳои фарогири илмӣ дар таърихи фарҳанги башарӣ буда, дар рушду камоли афкори фалсафии Шарқ ва Ғарб таъсири нозудуданӣ гузоштааст.

Дар «Қонуни тиб» Ибни Сино масъалаи тандурустиро ҳолати мутавозини рӯҳ, ҷисм ва муҳити иҷтимоӣ шарҳ медиҳад. Аз ҳамин ҷост, ки фалсафаи тиббии ӯ то имрӯз хусусияти умумибашарӣ дорад. Мартин Ҳайдеггер менависад: «Хатари асосӣ на худи техника, балки фаромӯш гардидани моҳияти инсон аст» [2. С. 73-79]. Ӯ масъалаи ҳифзи моҳияти инсонро дар шароити ҳукмронии техника ва тафаккури технократӣ яке аз масъалаҳои асосии муҳити фарҳангии муосир медонад.

Ба андешаи ӯ, технократия метавонад инсонро аз маънои аслии ҳастии худ дур созад. Дар ҳамин замина мероси Ибни Сино ҳамчун намунаи ҳифзи инсонгароӣ ва масъулияти ахлоқии илм аҳаммияти махсус касб менамояд. Аз ҳамин дидгоҳ, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Синоро метавон ҳамчун талоши ҳифзи фарҳанги инсонгарои хирад дар шароити ҷаҳони технократии муосир арзёбӣ намуд. Ҳанс-Георг Гадамер таъкид менамояд: «Фаҳмиш ҳамеша дар уфуқи анъана ва таҷрибаи таърихӣ ташаккул меёбад» [3. С. 55-61].

Аз ҳамин рӯ, фаҳмиши ҳақиқии хирад бидуни иртибот бо анъана ва таҷрибаи маънавии фазои фарҳангӣ ғайриимкон аст. Дар ҳамин замина, Юрген Ҳабермас хирадро қисми муҳими [4. С. 102-109] «ақлонияти муоширатӣ» арзёбӣ намуда, зарурати иртиботи хирад ва масъулияти иҷтимоиро таъкид мекунад. Аз ҳамин рӯ, таъсиси ҷоиза ба номи Абӯалӣ ибни Сино иртиботи маънавии ҷомеа бо фарҳанги илмии худ мебошад.

Дар шароити ҷаҳони пуртаниши муосир, ки инсоният бо буҳронҳои ахлоқӣ, эпидемиологӣ ва маънавӣ рӯ ба рӯ гардидааст, арзиши хирад ба пояи ҳифзи суботи маънавии ҷомеа, механизми ҳифзи каромати инсон ва заминаи гуфтугӯи тамаддунҳо табдил меёбад. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тибро метавон ҳамчун талоши эҳёи фарҳанги инсонгароёнаи маърифат, таҷдиди эътимоди ҷомеа ба рисолати ахлоқии илм ва бозгашти андешаварзии муосир ба арзишҳои виҷдони ахлоқии хирад арзёбӣ намуд. Шарҳи расмии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2026, №1180, ки дар сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор гардидааст таъкид менамояд, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб пеш аз ҳама ба мақсади арҷгузорӣ ба саҳми ин фарзанди бузурги миллати тоҷик дар рушди илми тиб ва низоми ҷаҳонии тандурустӣ равона гардидааст. Дар матни шарҳ махсус қайд мешавад, ки ташаббуси мазкур на танҳо аҳаммияти миллӣ, балки ҷойгоҳи байналмилалӣ дошта, метавонад барои рушди низоми байналмилалии тандурустӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ нақши муассир гузорад.

Чунин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки давлат илмро ҳамчун унсури стратегии ҳифзи муҳити фарҳангӣ, амнияти маънавии ҷомеа, устувории шуури миллӣ ва идомаи ҳофизаи таърихии миллат арзёбӣ менамояд. Дар чунин шароит арҷгузорӣ ба илм шакли ҳифзи ҳастии маънавии ҷомеа ва таҷдиди мақоми ахлоқии хирад дар шуури ҷамъиятӣ мебошад. Давлатдорӣ ба механизми ҳифзи суботи маънавии миллат ва ҳувияти фарҳангӣ мубаддал мегардад. Дар шарҳи расмӣ инчунин таъкид мегардад, ки дар осори Абӯалӣ ибни Сино масъалаҳои саломатӣ, муҳити зист ва пешгирии бемориҳои сироятӣ мавқеи муҳим доранд.

Ин нукта аҳаммияти махсус дорад, зеро ҷомеаи муосир имрӯз бо буҳронҳои нави биологӣ ва эпидемиологӣ рӯ ба рӯ мебошад. Мероси Ибни Синоро метавон ҳамчун шакли барвақтии андешаварзии глобалии тиббӣ арзёбӣ намуд. Дар таҳқиқоти синошиносии тоҷик махсус қайд мегардад, ки Ибни Сино масъалаи тандурустӣ ва андешаи илмиро дар доираи низоми куллии фалсафӣ баррасӣ намуда, робитаи инсон, ҷомеа ва хирадро ба сатҳи нави андешаварзии илмӣ баровардааст. Осори ӯ масъалаи тандурустиро аз доираи табобати ҷисмонӣ берун бурда [8.

С. 91-96], ба сатҳи тавозуни инсон, муҳит, ахлоқи иҷтимоӣ ва фарҳанги масъулияти ҷамъиятӣ мерасонад. Дар ин замина, таъсиси ҷоизаи байналмилалӣ ба номи ӯ талоши таҷдиди инсонгароёнаи маърифат дар фазои фарҳангии муосир мебошад. Дар шарҳи расмӣ инчунин таъкид мешавад, ки таҳқиқоти илмӣ ва пешниҳодҳои амалии Абӯалӣ ибни Сино то имрӯз аҳаммияти худро нигоҳ доштаанд ва дар шароити муосир тавассути усулҳои нави илмӣ тасдиқ мегарданд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки мероси Ибни Сино хусусияти танҳо таърихӣ надошта, дорои потенсиали доимии эпистемологӣ мебошад.

Маҳз ҳамин ҷиҳат ҷоизаи мазкурро ба рамзи нави дипломатияи илмӣ, муколамаи байналмилалии илмӣ, эҳёи шуури инсонгарои фазои фарҳангӣ ва ташаккули фарҳанги ояндашиносии илмӣ табдил медиҳад. Дар чунин шароит хирад тадриҷан ба воситаи муҳими ҳамдигарфаҳмии башарӣ мубаддал гардида, барои густариши муколамаи фарҳангӣ ва ҳамкории байналмилалӣ замина фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути чунин иқдомҳо кӯшиш менамояд, ки мероси илмии тоҷиконро ба унсури фаъоли гуфтугӯи тамаддунҳо, фарҳанги байналмилалии илм ва дипломатияи муосири маърифатӣ мубаддал созад. Дар ҷаҳони муосир хирад ба яке аз омилҳои муҳимми нуфузи фарҳангӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Таҷрибаи созмонҳои байналмилалии илмӣ ва тандурустӣ нишон медиҳад, ки илм имрӯз воситаи муҳими муколама ва ҳамкории байнидавлатӣ мебошад.

Давлатҳое метавонанд мавқеи устувори фарҳангӣ ва илмии худро ҳифз намоянд, ки илмро омили рушди сармояи маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа арзёбӣ мекунанд. Аз нигоҳи аксиологияи сиёсӣ, чунин ҷоизаҳо дар густариши дипломатияи маърифатӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо нақши муҳим доранд. Пол Рикёр хотира ва мероси фарҳангиро [5. С. 88-94] ҳамчун механизми ҳифзи маъно ва таҷдиди шуури иҷтимоӣ арзёбӣ мекунад.

Дар ҳамин замина, ҷоизаи мазкурро метавон ҳамчун шакли эҳёи ҳофизаи илмии ҷомеа ва таҳкими худшиносии фарҳангии миллат арзёбӣ намуд. Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад [10. С. 201-207], ки кишварҳое, ки мероси илмӣ ва фарҳангии худро ба унсури дипломатияи маърифатӣ табдил додаанд, дар арсаи байналмилалӣ нуфузи устувортар ва таъсири фарҳангӣ бештар пайдо намудаанд. Таъсиси ҷоиза ба номи Ибни Сино низ метавонад барои Тоҷикистон чунин нақши стратегиро иҷро намуда, ҷойгоҳи фарҳанги илмии тоҷиконро дар фазои байналмилалии илмӣ таҳким бахшад.

Аз нигоҳи ояндашиносӣ, чунин иқдомҳо метавонанд заминаи ташаккули модели нави рушди илммеҳварро ба вуҷуд оваранд. Дар чунин модел илм механизми ташаккули фарҳанги масъулияти ҷамъиятӣ, рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими ҷаҳонбинии илмии ҷавонон мегардад. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки ҷомеаҳое, ки ба илм ҳамчун омили стратегии рушди дарозмуддат муносибат мекунанд, дар ҳифзи суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори фарҳангӣ муваффақтаранд. Имрӯз сатҳи рушди илмӣ на танҳо нишондиҳандаи пешрафти техникӣ, балки меъёри устувории фарҳангӣ ва қобилияти ҷомеа барои муқовимат ба буҳронҳои глобалӣ мебошад.

Дар фалсафаи давлатдории муосир давлат фазои ҳифзи арзишҳои маънавӣ, кафили идомаи ҳофизаи фазои фарҳангии миллат ва масъули ҳифзи амнияти маънавии ҷомеа мебошад. Арҷгузорӣ ба илм ва шахсиятҳои бузург дар асл шакли ҳифзи ҳастии фарҳангии ҷомеа аст. Ҷомеае, ки илмро ба меҳвари хештаншиносии миллӣ табдил медиҳад, пояҳои устувории маънавии худро ҳифз менамояд. Фалсафаи давлатдорӣ, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тибро метавон ҳамчун шакли ҳофизаи илмии миллат арзёбӣ намуд. Давлат тавассути чунин иқдомҳо низоми арзишҳоеро эҳё месозад, ки ҳастии маънавии ҷомеаро устувор нигоҳ медоранд.

Дар чунин шароит хирад аз доираи фаъолияти касбӣ фаротар меравад. Он ба унсури муҳими рушди фарҳангӣ, таҳкими шуури ҷамъиятӣ ва устувории ҳувияти миллӣ мубаддал мегардад. Маҳз ҳамин ҷиҳат нишон медиҳад, ки ташаббуси Пешвои миллат дар таъсиси ҷоиза талоши ворид сохтани мероси илмии тоҷикон ба муҳити муосири фарҳангӣ ва ҳифзи пайванди маънавии наслҳо мебошад. Ҷомеае, ки ба мероси илмии худ эҳтиром мегузорад, дар асл ба қобилияти илмии худ эътимод пайдо мекунад ва заминаҳои рушди устувори фарҳангӣ, хештаншиносии миллӣ ва амнияти маънавиро таҳким мебахшад. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар асл нишон медиҳад, ки давлат илм ва тандурустиро ҳамчун арзишҳои бунёдии рушди миллӣ, пояи суботи маънавӣ ва унсури ҳифзи ҳастии фарҳангии ҷомеа эътироф менамояд.

Ин ҷоиза метавонад дар ташаккули фарҳанги нави эҳтиром ба илм, рушди шуури илмии ҷавонон ва таҳкими масъулияти иҷтимоии муҳаққиқон нақши муҳим бозад. Ҳамчунин он ба густариши ҷаҳонбинии инсонгароёна ва ташаккули андешаи ояндашиносии миллӣ мусоидат менамояд. Барои насли ҷавон чунин иқдом мактаби виҷдони ахлоқӣ ва эҳёи эҳтиром ба илм мебошад. Ҷавоне, ки мероси Ибни Синоро ҳамчун намунаи ҳамгироии хирад, ахлоқ ва масъулияти инсонӣ дарк мекунад, илмро танҳо воситаи касб намешуморад. Ӯ онро ҳамчун рисолати маънавӣ ва шакли хизмат ба Ватан, ҷомеа ва инсоният эҳсос менамояд. Мӯсо Диноршоев махсус таъкид менамояд [11. С. 73-78], ки нубуғи Ибни Сино дар муҳити илмӣ ва фарҳангии халқи тоҷик парвариш ёфта, баъдан ба ҷузъи ҷудонопазири шуури фарҳангии ҷомеа табдил гардид.

Аз ҳамин рӯ, эҳтиром ба мероси Ибни Сино дар асл идомаи фарҳанги таърихии эҳтиром ба илм, виҷдони ахлоқӣ ва масъулияти иҷтимоии дониш мебошад. Дар шароите ки фазои иттилоотии муосир баъзан илмро ба унсури истеъмолгароӣ ва рақобати технократӣ табдил медиҳад, таҷрибаи Ибни Сино собит месозад, ки маърифати ҳақиқӣ бидуни одамиятмеҳварӣ ва масъулияти ахлоқӣ наметавонад ҷомеаро ба суботи маънавӣ расонад. Дар рафти таҳлил муайян гардид, ки чунин ташаббусҳо дар шуури ҷомеа эҳсоси ифтихори фарҳангӣ, пайванди маънавӣ бо мероси илмии тоҷикон ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдориро таҳким мебахшанд. Аз ҳамин рӯ, ки ҷоизаи мазкур рамзи сиёсатест, ки хирадро ҳамчун омили рушди ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ арзёбӣ менамояд.

Дар рафти таҳқиқ муайян гардид, ки Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб на танҳо шакли арҷгузорӣ ба мероси илмӣ ва фалсафии тоҷикон, балки механизми муҳими дипломатияи маърифатӣ ва таҳкими муҳити илмӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад. Таҳлил нишон дод, ки ташаббуси мазкур метавонад барои густариши нуфузи маънавии Тоҷикистон, таҳкими хештаншиносии миллӣ ва рушди гуфтугӯи тамаддунҳо нақши муассир гузорад. Натиҷаҳои таҳқиқ собит месозанд, ки мероси Ибни Сино дар шароити муосир хусусияти танҳо таърихӣ надошта, ҳамчун низоми арзишии инсонгароёна барои рушди илм, ахлоқ ва фарҳанги ҷамъиятӣ аҳаммияти амалии муҳим дорад. Дар ин замина, таъсиси ҷоиза метавонад барои рушди муҳити илмии Тоҷикистон, таҳкими ҷаҳонбинии илмии ҷавонон ва баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии муҳаққиқон мусоидат намояд.

Аҳаммияти амалии таҳқиқ дар он зоҳир мегардад, ки натиҷаҳои он метавонанд ҳангоми таҳияи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди илм, сиёсати фарҳангӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими дипломатияи илмӣ истифода шаванд. Ҳамчунин, муҳтавои таҳқиқ метавонад дар самти таҳияи курсҳои таълимии синошиносӣ, фалсафаи илм ва таърихи афкори тоҷикон мавриди истифода қарор гирад. Дурнамои таҳқиқ ба омӯзиши муқоисавии нақши мероси Ибни Сино дар ташаккули дипломатияи илмӣ ва фарҳангии давлатҳои Шарқ ва Ғарб, инчунин таҳлили таъсири ташаббусҳои илмӣ ба рушди ҳувияти миллӣ ва суботи маънавии ҷомеа равона мегардад. Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино метавонад ба яке аз механизмҳои муҳимми дипломатияи илмӣ ва таҳкими ҳувияти фарҳангии Тоҷикистон дар асри XXI табдил ёбад.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 5 (98) том 5


Ссылка для цитирования:

Комилов Д.Р., Музаффарзода М.М. МАҚОМИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ИЛМӢ // Журнал «Вестник науки» от 31 мая 2026 г. № 5 (98) том 5. С. 1602 - 1613. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/31169 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/31169



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2026.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.