Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 7 июня 2026 г.
  4. Научная статья № 3
Просмотры  12 просмотров

МАМЛАКАТҲОИ БА ИҚТИСОДИЁТИ БОЗОРӢ ГУЗАРАНДА

Аннотация: мавзӯи «Мамлакатҳои ба иқтисодиёти бозорӣ гузаранда» ба таҳлил ва омӯзиши раванди ислоҳоти иқтисодӣ дар кишварҳое бахшида шудааст, ки аз низоми ба нақшагирии марказонидашуда ба иқтисоди бозорӣ мегузаранд. Дар ин раванд, тағйироти сохторӣ дар соҳаҳои моликият, рақобат, озодсозии нархҳо, сиёсати пулию молиявӣ ва рушди бахши хусусӣ аҳамияти калидӣ доранд. Мисолҳои маъруф аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Аврупои Шарқӣ ва Балкан нишон медиҳанд, ки муваффақияти гузариш аз омилҳои сиёсию иқтисодӣ, сатҳи истиқрори донишгоҳҳо, сармоягузории хориҷӣ ва омодагии иҷтимоӣ вобаста мебошад. Ин мавзӯъ барои фаҳмидани механизмҳои гузариш, мушкилот ва дастовардҳои давлатҳои дар ҳоли тағйири модели иқтисодӣ аҳамияти хоса дорад.

Ключевые слова: иқтисодиёти бозорӣ, гузариш, озодсозии иқтисодӣ, хусусигардонӣ, ислоҳоти сохторӣ, давлатҳои гузаранда, рақобат, бахши хусусӣ.

Гурўҳи давлатҳои ба иқтисоди бозорӣ гузаранда тақрибан 23% МУД-и ҷаҳониро истеҳсол менамоянд. Ҳамаи ин давлатҳо аз системаи идоракуниву фармондеҳӣ ба иқтисодиёти бозории замонавӣ мегузаранд. Бинобар ин гурўҳи давлатҳоро давлатҳои ба иқтисоди бозорӣ гузаранда меноманд. Зарурияти гузаштан ба муносибатҳои иќтисодии бозорӣ аз тарафи кулли давлатҳои системаи сотсиалистӣ ҳамчун ҳодисаи таърихи эътироф гардид, чунки системаи идоракуниву фармондеҳи дар мусобиқа бо иқтисоди бозори аз рўи ду нишондиҳандаи муҳими иқтисодӣ (ҳосилнокии меҳнат ва дараҷаи зиндагии аҳолӣ) афзалиятро аз даст дод. Дар ҳамаи давлатҳои ба иқтисодиёти бозорӣ гузаранда ислоҳоти системавӣ, яъне дигаргунсозии системаи иқтисодию иҷтимоӣ ҳам дар иқтисодиёт, ҳам дар маориф ҳам дар сиёсат ва гузаштан ба шакли нави муносибатҳои бозорӣ ба амал омад.

Ислоҳоти системавиро ба ду модел ҷудо менамоянд. Ислоҳоти радикалӣ (қатъӣ) «табобати садамот» ва ислоҳоти тадриҷӣ (оҳиста-оҳиста). Ба ислоҳоти радикалии системавӣ гузаронидани дигаргуниҳои васеъ ва дар муддати кўтоҳ ташкил намудани база барои гузаштан ба иқтисодиёти бозорӣ дар назар дошта мешавад. Дар ҳолати модели ислоҳоти системавии тадриҷӣ (эволютсионӣ) бошад, нисбатан дар мўҳлати дароз (оҳиста-оҳиста) гузаштан аз системаи идоракуниву фармондеҳӣ ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ дар назар дошта мешавад. Ҳам дар мамлакатҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, ҳам дар давлатҳои ИДМ ҳар ду намуди ислоҳот аз пурра шикастани ҳамаи механизмҳои хоҷагидори ва системаи сиёсии ин давлатҳо шурўъ гардид ва ҳамаи донишгоҳҳои системаи банақшагирӣ пурра аз байн рафт. Ҳамаи давлатҳои ин зергурўҳ, ҳоло пурра ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ гузаштанд.

Модели радикалии (қатъии) гузариш ба иқтисоди бозорӣ дар Полша, Маҷористон, Чехия, Республикаҳои назди Балтика, Молдавия, Македония, Словения, Хорватия, Руминия, Мугулистон, Булғория, Россия, Қазоқистон, Ќирѓизистон истифода гардид. Танҳо дар ҶМЧ ва Ветнам, агарчанде механизми банақшагирӣ ҷой дошта бошад ҳам дар бисёр паҳлўҳои хоҷагидорӣ (моликият, муносибатҳои молиявию қарзӣ, инвеститсионӣ) муносибатҳои иқтисоди бозорӣ татбиқ гардид. Бо роҳи модели тадриҷӣ (эволютсионӣ) ҶМЧ ва Ветнам аз давлатҳои ИДМ - Белоруссия, Озорбойҷон, Ўзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ба иқтисодиёти бозорӣ мегузаранд. Шароитҳои аввалии барои гузаронидани ислоҳотҳои системавӣ.

Азбаски давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) мўҳлати зиёд (зиёда аз 70 сол) дар системаи идоракуниву фармондеҳӣ қарор доштанд ва пурра моликият дар ихтиёри давлат буду моликияти хусусӣ вуҷуд надошт, нисбат ба давлатҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ гузаштан ба муносибатҳои бозорӣ мураккабтар буд. Ғайр аз ин дар давлатҳои ИДМ системаи ягонаи давлатдории марказонидашуда вуҷуд дошт ва давлатҳои ба тозагӣ соҳибистиќлолшудаи ин зергурўҳ таҷрибаи давлатдорӣ надоштанд ва ин омил барои гузаронидани ислоҳоти системавӣ боз то андозае вақти иловагиро талаб мекард. Бинобар ин гузариш ба муносибатҳои иқтисодии бозорӣ дар аксари давлатҳои ИДМ мўҳлати тўлониро мехост. Дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ гуногун буд. Дараҷаи баланди пешравии иқтисодиёт дар давлатҳои назди Балтик ҷой дошта буд ва дараҷаи пасти пешравӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ.

Масалан, даромади миллӣ ба сари аҳолӣ дар Эстония зиёда аз ду маротиба нисбат ба Тоҷикистон зиёд буд. Албатта дараҷаи баланди пешравии иқтисодиёт барои гузаштан ба муносибатҳои бозорӣ нисбат ба дараҷаи пасти рушди он имкониятҳои зиёд фароҳам меоварад. Бартарии давлатҳои назди Балтика боз дар он буд, ки ҳоло ин давлатҳо барои қабул намудани арзишҳои иқтисоди бозорӣ тайёр буданд. Аҳолии таҳҷоии ин давлатҳо аз лиҳози фарҳангу тафаккур ба қабул кардани тамаддуни Ғарб бештар тайёр буданд, зеро ки солҳои тўлонӣ дар зери таъсири ин тамаддун мезистанд.

Дар давлатҳои Аврупои Ғарбӣ бошад, системаи фармондеҳию банақгаширӣ 2 маротиба камтар аз мўҳлаташ фаъолият намуд (нисбат ба давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ) на элементҳои моликияти хусусӣ ва бозорӣ ҷой доштанд, ба монанди: савдои хусусӣ, корхонаҳои хурд, хоҷагиҳои деҳқони. Ғайр аз ин дар ин давлатҳо менталитети аҳоли, дараҷаи фарҳангу дигар омилҳои иқтисодию иҷтимои фарқ мекунанд ва ин омилҳо барои гузаштан ба системаи муносибатҳои бозори мусоидат менамоянд. Бо ҳалли сабаб ин гурўҳи давлатҳо ба муносибатҳои иқтисодии бозорӣ дар мўҳлати кўтоҳ гузаштанд. Ҳамин тавр, шароитҳои гузариш ба иқтисоди бозорӣ бо роҳи ислоҳоти системавӣ дар мамлакатҳои ин зергурўҳ якхела набуд, бинобар мўҳлати гузариш ҳам фарқ кард. Ташаккули ислоҳоти иқтисодӣ ва механизми бозори дар муносибатҳои иқтисодии хориҷии давлатҳои ин зергурўҳ яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти системавӣ ба шумор меравад. Ин раванд пеш аз ҳама, аз даст кашидани давлат аз монополия дар савдои хориҷӣ ва муносибатҳои асъори сар шуда, дорои се самти муҳим: танзими савдои хориҷи, муносибатҳои асъорӣ ва инвеститсияҳои хориҷӣ аст.

Дар соҳаи савдои хориҷӣ механизми танзим паҳлўҳои зерини он: махдудиятҳои тарифию ѓайритарифӣ, режими гумруки, танзими андозбанди, ҳавасманднамоии содирот бо роҳи маблағгузориҳо, имтиёзҳо ва дигар дастгириҳо (карздиҳию суѓуртакуни) аз тарафи давлатро дарбар мегирад. Дар соҳаи муносибатҳои асъорӣ, пеш аз ҳама, механизми бозгаштани асъор (дар ҷараёни амалиётҳои содироти), ташаккули сиёсати қурби асъор ва қоидаҳои он, ки ба ҳаракати капитал ва бозгашти он мусоидат менамоянд, аҳамияти калон дорад. Маълум аст, ки асъори хориҷи ба монанди дигар молҳо нарх дорад, ки дар бозори асъор дар асоси талабот ва пешниҳод ташаккул меёбад. Талабот агар ба хотири харидори намудани молҳои воридотии хориҷи ба амал ояд, пешниҳод бошад дар асоси содирот намудани маводу хизматрасони ба хориҷи давлат ба амал меояд, яъне аз даромади содирот. Ҳамин тавр, аз дуруст ба роҳ мондани сиёсати муносибатҳои содиротию воридоти ҳаҷми бозгашти асъор ва қурби асъор вобаста мебошад.

Доир ба ислоҳоти системавӣ дар бахши муносибатҳо вобаста ба инвеститсияҳои хориҷӣ. Ба ҳар як давлати ба муносибатҳои бозори гузаранда маълум аст, ки инвеститсияҳо ҳамчун яке аз омили муҳими истеҳсолот барои дигаргунсозии сохтори ва техникию технологии он нақши аввалиндараҷаро мебозанд ва дар давраи гузариш аз ҳисоби захираҳои молиявии дохили ин корро анҷом додан имконнопазир мебошад. Аз ин рў, ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ барои пешравии иқтисодиёти миллӣ ногузир аст, ки ин дар навбати худ ташкил намудани иқлими мусоиди инвеститсионӣ ва қатъиян дигаргунсозии муносибатҳоро доир ба инвеститсияҳои хориҷӣ талаб менамояд. Мамлакатҳои ба иқтисодиёти бозорӣ гузаранда дар роҳи бунёди низоми нави иқтисодӣ қарор доранд.

Гарчанде ин раванд бо мушкилоти гуногун ҳамроҳ бошад ҳам, таҷрибаи бисёр давлатҳо нишон медиҳад, ки ислоҳоти пайгирона метавонад ба рушди устувори иқтисодӣ, баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мусоидат намояд. Барои муваффақияти ин раванд нақши давлат, соҳибкорон ва ҷомеа хеле муҳим мебошад.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 6 (99) том 1


Ссылка для цитирования:

Мастова Г.Н., Муродова Н.Ш. МАМЛАКАТҲОИ БА ИҚТИСОДИЁТИ БОЗОРӢ ГУЗАРАНДА // Журнал «Вестник науки» от 7 июня 2026 г. № 6 (99) том 1. С. 45 - 49. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/31314 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/31314



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2026.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.