Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 7 июня 2026 г.
  4. Научная статья № 164
Просмотры  8 просмотров

МАДАНИЯТИ ЗАМОНИ ЭҊЁ ДАР АНГЛИЯ ВА ФАРОНСА

Аннотация: мақолаи мазкур ба баррасии хусусиятҳои ташаккул ва инкишофи маданияти замони Эҳё дар Англия ва Фаронса дар асрҳои XV–XVII бахшида шудааст. Муаллиф заминаҳои таърихии пайдоиши ҳаракати гуманистиро дар ин мамлакатҳо таҳлил намуда, ба нақши сулолаи Тюдорҳо дар Англия ва таъсири мактабҳои инсонпарварии Италия ба муҳити фарҳангии Фаронса таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Дар мақола ҳаёт ва фаъолияти намояндагони барҷастаи илм, адабиёт, фалсафа ва театри ин давр, аз ҷумла Томас Мор, Френсис Бэкон, Вилям Шекспир ва Франсуа Рабле мавриди омӯзиш қарор гирифта, ғояҳои асосии асарҳои оламшумули онҳо таҳқиқ шудааст. Инчунин, раванди рушди илмҳои дақиқ, фалсафа ва санъати тасвирӣ дар заминаи муборизаҳои шадиди мафкуравӣ ва сиёсии он замон нишон дода шудааст.

Ключевые слова: маданияти замони Эҳё, Англия, Фаронса, гуманизм, сулолаи Тюдорҳо, Томас Мор, Вилям Шекспир, Френсис Бэкон, Франсуа Рабле, Гаргантюа ва Пантагрюэл, театр, фалсафа, санъати тасвирӣ.

Эҳё дар Англия таърихан ба давраи ба сари ҳукумат омадани сулолаи Тюдорҳо ва аз вақти ба тахт нишастани Генрихи VII (1485) то вақти вафоти малика Елизавета (1603)-охирин намояндаи ин сулола рост меояд. Маҳз дар давраи ҳукумронии сулолаи Тюдорҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакат болоравии ҳаракати гуманистӣ, пешравии илму маърифат, афкори эҷодии мислаш диданашуда ва тараққии шаҳрҳо, савдо, муомилоти пулию молӣ дида мешавад. Дар инкишофи адабиёти инсонпарваронаи Англия, инчунин як қатор шоирон, аз ҷумла Томас Мор (1478-1535), Томас Уайт (1503-1542), Эдмунд Спенсер (1552-1599), нависандагон Ҷон Лилли (1554-1606), дрманависон Ҷон Бейл (1495-1563), Томас Кид (1558-1593), Роберт Грин (1553-1590) ва ниҳоят Вилям Шекспир (1564-1616) саҳми арзандае гузоштаанд. Томас Мор яке аз намояндагони машњури Англия мебошад, ки дар оилаи њуќуќшинос ба дунё омада, дар замони њукмронии император Генрихи VIII мансаби конслериро ба даст оварда буд, аммо ба фаъолияти пешгирифтаи император норозигї байён намуда, аз њокимият дур гардид.

Асари машњури ў «Хаёл» мебошад, ки соли 1516 ба нашр расид. Номи пурраи ин асар «Китоби тиллої ва фоиданоку аљиб дар бораи шакли бењтарини идоракунии давлат» мебошад, ки дар љазираи Хаёл амалї мегардад. Дар натиљаи иншо намудани асар, муаллиф ба хулосае меояд, ки њама чиз бо пул муайян карда мешавад. Дар китоби мазкур ў вазъи душвори зиндагониро таљассум намуда, барои бартараф намудани он, барњам додани моликияти хусусиро пешнињод менамояд, аммо ин кор боиси муфлисии њукумат ва тамоми мансабдорон мегардид. [5, C.98] Барои паст гардондани норозигии Томас њукумат ўро ба мансаби баланд сарфароз гардонд, аммо ин амал таъсире набахшид.

Баръакс ў аз имконияти худ истифода намуда, барои манфиати халќ рўйи рост тадбирњо меандешид. Соли 1535 њукумат ўро душмани халќ эълон намуда, ба ќатл мањкум намуд. Заминаи асосии инкишофи маданияти эњёи Англия ба замони њукмронии хонадони Тюдорњо рост меояд. Онњо худро њомиёни илму маданият муаррифї намуда, барои инкишофи он тамоми чорањоро меандешиданд.

Дар нимаи дувуми асри XVI инсондустї дар мамлакат ба таври васеъ пањн гардида, донишгоњи Кембриљ ба такягоњи он табдил ёфт. Дар ин давра, олимон ва равшанфикрони нав ба њаёти адабї ќадам нињода, барои пешрафти он талош мекарданд. Дар ин давра бештар адабиёти бадеї маќоми бузургро соњиб гардид. Дар ин самт Љон Скейтон (1460-1529), Томас Уайет (1503 -1542), Граф Серри (1417-1547), Филипп Сидней (1554-1586) ва Эдмунд Спенсерро (1552-1599) номбар намудан ба маврид аст.

Дар баробари ин шахсиятњо боз гурўњи дигари равшанфикрон низ буданд, ки эъљодиёти онњо характери яктарафа дошт. Дар байни ин гурўњ маќоми Љон Лили номи асараш «Эвфуэс», Томас Лоља номи асараш «Розалини» баланд мебошад. Театр яке аз шакли нисбатан инкишофёфтаи маданияти Эњё дар Англия театр ба њисоб мерафт ва чун муассисаи маљлиси халќї њисоб мешуд. Дар ин давра, дар як худи шањри Лондон ба ѓайр аз театрњои шахсии мансабдорон, 9 театри дигар фаъолият мекарданд.

Дар байни театрњо «Глобус», ки соли 1599 ташкил ёфта буд, аз њама бузургтар ба њисоб мерафт. Барои пурмазмун гардонидани кори театрњо песањои нав офарида шуданд, ки дар байни онњо «Томас Кид», «Фољеаи Испания», «Темурланги Бузург», «Доктор Фаус» ва ѓайрањо намоёнанд. Хусусияти ин- гуна песањо ватандўстї, инсондўстї ва истиќлолхоњию мардонагии ањолї барои озодии хеш ба њисоб мерафт. [4. C. 220].

Дар давраи инкишофи маданияти эњёи Англия аќидањои фалсафї низ инкишоф меёфтанд. Намояндаи пешќадами соњаи фалсафа Френсис Бэкон (1561-1626) ба њисоб рафта, дар омўзиши фалсафии ў гуманизм ва натурфалсафа мавзуњои асосї ба њисоб мераванд. Масъалаи асосии бањси фалсафии ў «Њокимияти инсонї дар рўйи замин», яъне аз худ намудан ва инкишоф додани илми замона, махсусан физика ба шумор мерафт. Барќарор намудани давлати намунавї ва пешрафтаро ў дар асараш «Атлантидаи нав» баррасї намудааст.

Солњои (1597-1625) асари дигари ў «Таљрибањо» нашр мегардад, ки дар он тамоми андешањои сиёсии ў мавриди бањс ќарор гирифтаанд. Аќидањои сиёсии худро Бэкон ба тариќи зайл баррасї менамояд. Агар ањолии мамлакат гурусна бошад, њатто чорањои вазнинтарини њукумати њам давлатро аз шикасту таназзул рањо сохта наметавонад. «Сарчашмаи њамаи шўришњо ва бедодгарињо сараввал нокифоягии њаёти моддии ањолї мебошад…».

Барои бартараф намудани ин бетартибињо Бэкон ќабули ќонуни адолатнокро талаб мекунад. Дар ибтидои асри XVII маданияти эњёи Англия боз ба муќовимати дутарафа дучор гардид, ки интињои он ба њаёту фаъолияти Бэкон вобвастагї дошт. Худи Бэкон бошад, соли 1626 дар натиљаи таљрибаи тадќиќотњои физикии худ, гирифтори касалии вазнин гардида, вафот мекунад. Вилям Шекспир намояндаи давраи охири Эҳёи Англия мебошад. Ӯ нависандаест, ки дар эҷодиёти худ тамоми комёбиҳои афкори тафаккури замон, санъати давр таҷассуми худро ёфтанд.

Шекспир дар даврае ҳаёт ба сар мебурд ва эҷод мекард, ки дар Англия ҷараёни ҷамъоварии ибтидоии сармоя ба қавли К.Маркс дар шакли классикиаш давом мекард. Дар ин давра дар ҳаёти адабии давр низ тағйиротҳои ҷиддӣ дида мешаванд ва ин пеш аз ҳама дар асосан ташаккул ёфтани поэтикаи драмаи англияӣ зоҳир мегардид. Драмаи инсонпарваронаи Англия тахминан аз миёнаи асрҳои XVI сар карда инкишоф меёбад. Аз охири солҳои 80-аввали солҳои 90-уми асри XVI сар карда дар Англия аввалин насли драматургон (драманависҳо) пайдо мешавад, ки санъати инсонгароёнаро дар театр ҷо мекунанд.

Ба гурӯҳи мутаффакирон дар баробари Ҷон Лилли (1553-1606), Роберт Грин (1560 -1592), Кристофер Марло (1564 -1593) Вилям Шекспир низ дохил мешуд. Шекспир дар шаҳрчаи Стредфорд дар Эвон дар оилаи косиби ҳунарманд (дастпӯшакбоф) ба дунё омадааст ва рузгор ва фаъолияти он чунин гузаштааст, мактаби маҳаллии граматикиро хатм мекунад, забони лотиниро ба хубӣ аз худ менамояд, бо забони юнонӣ шинос мегардад, ва бисёр ҷавон хонадор мешавад. Соли 1587 ба Лондон кӯчида ба вазифаи суфлёрӣ ё ёрдамчии режиссёри театерҳои гуногун кор мекунад. Соли 1593 ба театри беҳтарини Лондон, ки ба он Ҷемс Бербеҷ сарварӣ мекард, ба вазифаи актёр ва драманавис ба кор шуруъ мекунад.

Дар иҷрои писари Бербеҷ Ричард Бербеҷ фоҷиаҳои Шекспир -»Гамлет» ва «Ричарди III» намоиш дода мешуданд [1. C.120] Соли 1593 Шекспир бо гурӯҳи ашрафони ҷавон дӯстдорони театр наздикӣ пайдо мекунад ва ба яке аз онҳо Граф Саутемптон ду достони худ: «Венера ва Адонис», «Лукретсияи беномусгардида» ва маҷмуаи «Сонетаҳо»-и худро мебахшад. Соли 1612 бо сабабҳои номаълум театр ва фаъолияти драматургии худро тарк карда ба зодгоҳаш-Стредфорд бармегардад. 23-юми апрели соли 1616 дар рӯзи таваллудаш вафот мекунад. Шекспир дар адабиёти инсонгаронаи Англия пеш аз ҳама ҳамчун драматург ва муаллифи 37 песа машҳур аст.

Фаъолияти драматургии Шекспир ба 3 давра ҷудо мешавад. Солҳои 1592-1600. Дар ин давра Шекспир асосан мазҳакаҳои «Хоби шаби тобистон» (1595), «Савдогари Венетсия» (1596), «Ғавғои бисёр аз ҳеҷ» (1598), «Ин ба Шумо чӣ хел хуш меояд» (1599), «Шаби дувоздаҳум» (1600), Силсилаи хроникҳои «Ричарди III» (1592), «Ричарди II» (1595), ду қисми «Генрихи V» (1599), ва аввалин асаҳои фоҷиавии худ «Ромео ва Ҷулъетта» (1595) ва «Юлий Сезар»(1599)-ро эҷод мекунад. [2. C. 480].

Давраи дуюми эҷодиёти Шекспир солҳои (1601-1608) – ро дарбар мегирад. Дар ин давра драматург қариб ҳар сол яктогӣ фоҷиа эҷод мекунад: «Гамлет» (1601), «Отелло» (1604), «Шоҳ Лир» (1605), «Макбет» (1605), «Антонии ва Клеопатра» (1605), «Кориолан» (1607), «Тимони Афинӣ» (1608), «Андоза ба андоза» низ маҳсули ҳамин давра мебошад, эҷод мекунад. Давраи сеюми эҷодиёти Шекспир солҳои (1608-1612)-ро дар бар мегирад. Дар ин давра драматург танҳо трагикомедия эҷод мекунад.

Муҳимтарини онҳо «Симбелин» (1609), «Афсонаи зимистон» (1610) ва «Тӯфон» (1612) мебошанд. Чунин хусусият пайдо кардани асарҳои давраи охири эҷодиёти Шекспир ҳамоно аз ҳаёти ҷамъиятии давр сар мезанад. Дар ин хусус баъзе ақидаҳое пайдо шуда буданд, ки мувофиқи он Шекспир гӯё бо вазъияти давр ба муросо омадааст. Дар асл Шекспир дар ин асарҳояш боз ба рӯҳияи аввали инсонгароёнаи худ бармегардад. Ӯ ба ғалабаи некӣ аз болӣ боварии комил дорад.

Вале ин боварии шоир акнун на дар солҳои наздик, балки дар ояндаи номуайян мавқуф гузошта шудааст. Маҳз аз ҳамин сабаб ин асарҳои Шекспир бо пардаи фантастикӣ ва шартӣ рӯпӯш карда шудаанд, вале муҳим ин, ки Шекспир ба ғояҳои гуманизм, барқарор гардидани озодӣ ва тантанаи ақлу хирад, ба ғалабаи адалат аз болои беадолатӣ боварӣ дорад. Дар Англия раванди ба амал омадани маданияти эњё ва инкишофи илмњои фалсафа, эстетика ва гуманизм (инсондўстї) дар асоси таъсири маданияти Эњёи Италия амалӣ гардида, таъсири он ба андешањои пешќадами намояндагони тамоми мамлакатњои Ѓарб низ назаррас буд. Нахуст падидаи маданияти Эњё дар Англия њанўз аз асри XIV оѓоз ёфта, намояндагони машњури он Љеффри Чосер ва Уилям Ленгленд буданд, аммо муноќишањои Томас Мор байнихудии феодалони мансабдори мамлакат монеаи ин гардид.

Дар замони муборизањои маданияти хусусияти дунявїдошта бо фарњанги калисої дар мамлакат шеърњои хусусияти динї дошта ва романњои ритсарї васеъ пањн гардида буданд. Дар баробари ин шеърњои шевагии халќї низ мавриди инкишоф ќарор мегирифт. Аз ибтидои асри XVI дар мамлакат адабиёти инсондўстї низ пањн гардида, маркази асосии он донишгоњи Оксфорд ба њисоб мерафт, ки дар он олимон новобаста аз тартиботи сахти динї фаъолият менамуданд. Инсондўстони машњури ин мамлакат А.

Гросси ва Љон Клет дар Италия тањсил намуданд. Фаъолияти асосии инсондўстонаи Клет аз он иборат буд, ки ў дар тамоми баромадњои худ ба муќобили љазои љисмонї дар мактабњо ва хусусияти схолистикї доштани тањсилоти онњоро мањкум менамуд. Мањз бо дастгирии ў дар мамлакат мактабњои грамматикї ташкил дода шуданд. Гуманистони Фаронса аз гуманистони давраи аввали Эҳё бо васегии доираи ҳавасаҳои ақлонии худ фарқ мекарданд.

Бузургтарини онҳо хусусиятҳои «одами уневарсали»-ро ноил мегардиданд. Дар байни онҳо яке аз намоёнтарин гуманистон Франсуа Рабле буд, ки ҳамчун табиб, натуралист, бостоншинос, ҳуқуқшинос, шоир, филолог ва ҳаҷвнавис шӯҳрат пайдо карда буд. Эҷодиёти Маро, Маргарита Наварская, Ронсар, Де Обиний ва дигарон низ аз доираи васеи назари онҳо шаҳодат медиҳад. Дар адабиёти инсонгароёнаи Фаронса якчанд марҳилаҳо дида мешаванд: нимаи аввали асри XVI- давраи инкишофи ғояҳои гуманистӣ, афзалияти рӯҳбаландӣ, боварӣ ба бинои ҳаёти боз ҳам мукаммал, нимаи дуюми асри XVI – пайдоиши аввалин шакку шубҳаҳо ва пушаймониҳо дар муҳити гуманистон, ки бар асари таъқиби озодфикрӣ аз тарафи дин рух дода буд.

Дар асри XV ва нимаи аввали асри XVI дар маданияти Фаронса таѓйироти куллї ба амал омад, ки ибтидои инкишофи он аз мактабњои эњёи Италия об мехўрад. Дар асоси мактабњои инсондўстонаи Италия дар Париж низ соли 1530 мактаби инсондўстї-Коллељ де Франс яке аз бонуфузтарин муассисащои тащсилоти олӣ ва тадқиқотии ҷаҳон мебошад ташкил дода шуд, ки дар он олимони намоёни Фаронса ба монанди Бертолемей Масон, Ж. Туссен, Ф. Вотобл ва О.

Фине фаолият мекарданд. Дар Шинон (Турен) дар оилаи заминдори давлатманд ва адвокат ба дунё омадааст. Аз хурдӣ ба монастир (дайр) дода мешавад. Дар ин ҷо ӯ ба ҷойи илоҳиёт рисолаҳои ҳуқуқшиносӣ ва асарҳои адибони антиқиро меомӯзад.

Дере нагузашта бо сабабҳои номаълум дайро тарк карда, ба тиб машғул мешавад ва соли 1532 ба вазифаи табиби госпитали Лион таъин мегардад. Баъдтар ба Рим сафар карда бо маҳсули маданияти қадимиён шинос мешавад ва гиёҳҳои доругии Шарқро меомӯзад, инчунин ба сафари ҷанубӣ Фаронса мебарояд. Боз ба Рим сафар мекунад, ба мансаби кашиш (поп) ноил мешавад, вале вазифаҳои кашишии (попии) худро адо накарда аст дар Париж вафот мекунад. Фаъолияти эҷодии Рабле дар ду самт-илмӣ (олимӣ) ва нависандагӣ давом кардааст.

Асарҳои олимонаи Рабле чандон ҷолиб нестанд. Онҳо асосан ба тафсири асарҳои қадимиён (масалан,»Афоризмҳо»-и Гиппократ) оид ба тиб ва рисолаҳои ҳуқуқии қадимиён бахшида шудааст. Рабле дар адабиёти умумиҷаҳонӣ пеш аз ҳама ҳамчун нависанда шуҳрат дорад. Бузургтарин асари ӯ романи «Гаргантюа ва Пантагрюэл» мебошад.

Роман дар асоси асари беимзои халқӣ, ки соли 1532 дар Лион зери сарлавҳаи «Воқеа номаҳои бузург ва бебаҳо дар бораи Гаргантюаи бузургу азимҷусса « аз чоп баромада буд, навишта шудааст. Дар ин асар бе имзо муаллифи номаълум хеле устокорона романҳои ритсарии асримиёнаро ҳаҷв мекард. Дар он саргузаштҳои аҷоибу ғароиб, ки бо иштироки шоҳи «гогҳо ва магогҳо» Артур рух медоданд, тасвири худро ёфта буданд. Рабле мехоҳад, ки ба шакли хандаовару ҳаҷвомези роман мазмуни чуқури ҳаётиро ҷо кунад.

Ба ин мақсад ӯ дар худи ҳамон сол (1532) романи худро ҳамчун давоми китоби беимзоӣ халқӣ бо номи «Корнома ва қаҳрамониҳои даҳшатангези Пантагрюэли бошараф, шоҳи дипсодҳо, писари Гаргантюаи бузурги азимҷусса» аз чоп мебарорад. Роман бо тахаллуси Алкофрибас Назе аз чоп баромада буд. Дар он ду қаҳрамони асосӣ-Пантагрюэл ва ҳамсафари доимии ӯ Панург амал мекунанд. Асар бештар рӯҳияи ҳазлу шухиро дорад.

Бо вуҷуди ин дар он баъзе майлҳои инсонгароёнаи муаллиф ҳис карда мешавад: муроҷиати зиёд ба дунёи антиқ, ҳаҷви олимони бесаводи Сорбонна ва ғайра. Аз муваффақияти китоби аввал рӯҳбаланд гардида Рабле соли 1534 бо тахаллуси пешина китоби дуюми худро бо номи «Қиссаи зиндагии пурдаҳшати Гаргантюаи азимҷусса, падари Пантагрюэл» аз чоп мебарорад. Ин китоб дар асл қисми аввали романро ташкил медод. Асар ба ҷузъ сужетҳои ҳаҷвӣ Гаргантюа ва волидайни ӯ, ба модиёни азимҷусса савор шуда ба сафар баромадани ӯ ва аз тарафи вай дуздида шудани зангӯлаҳои калисои ҷомеи Нотр-Дам дигар тамоми воқеаҳо маҳсули тахайюли худи нависанда мебошад.

Муболиға дар бисёр мавридҳо то ба дараҷаи иғроқ мерасад, вале бо вуҷуди ин тасвирҳо нависанда ба образҳои реалии давр шабоҳат доранд. Муаллиф фикрҳрои асосии танқидии худро маҳз зерин пардаи ҳамин гуна тасвирҳои шухӯ ҳазломез баён менамояд. Рабле дар ин китоб дар мисоли тарбияи Гаргантюа зиддияти байни тарбияи кӯҳнаи схоластикӣ ва нави инсонгароёнаро нишон медиҳад. Аввалин муаллимони Гаргантюа аз субҳ то шом ба ӯ ҳамагуна чизҳои беҳударо меомӯзонанд: алифборо аз охир сар карда мехонанд, ҳар рӯз беист ба хондани 26-30 ракъат намоз дар калисо маҷбур мекунонад, аз Гаргантюа хоҳиш мекунанд, ки зангӯлаҳои дуздидаашро баргардонад ва ғайра.

Дар натиҷаи чунин машғулиятҳои дигаркунанда Грагантюа, аз рӯйи мушоҳидаҳои падараш, рӯз аз рӯз маъюсу ғамгин шуда, зеҳнаш кунд мегардад. Бинобар ин падараш қарор медиҳад, ки писарашро аз мактаби калисоӣ гирифта ба мактаби нави гуманистӣ диҳад, то ки дар ин ҷо писарашро дар рӯҳияи инкишофи ҳаматарафаи ҳам рӯҳӣ ва ҳам ҷисмонӣ тарбия намоянд. [6, C.320]. Яке аз қаҳрамонони дӯстдоштаи Рабле монах (роҳиб) Ҷан-марди зиндадил, ҳаётдӯст, шуҷоъ, марде, ки мехоҳад бо дастони худ ҷаҳонро дигар созад, калисои Телемро таъсис медиҳад. Ба ақидаи муаллиф ин калисо ҷойи танҳо одамони ҳаматарафа такамулёфта, ростгӯю ростқавл, бо ҳам дӯсту меҳрубон, мушфиқу ҳамдам мебошад.

Маҳз аз ҳамин сабаб Роҳиб Ҷан дар болоитоқи дарвозаи калисо барои одамони дурӯя, риёкор, шайхони мунофиқ, ҷанҷолӣ, суханчин, лагандбардор, бадахлоқ, судхӯр ва ғайра манъ мебошад. Калисои роҳиб Ҷан барои одамони хушчақчақ, боадаб, рафиқони дӯсту меҳрубон, ки зиндагии оқилонаро аз сар мегузаронанд, таъин шудааст. Роҳиб Љан ба бошандагони ин калисо иҷозат додааст, ки тавре, ки мехоҳанд ҳамон тавр зиндагӣ кунанд? Ӯ ба хирадмандии онҳо бовар дорад. Зеро ба ақидаи роҳиб Љан, шахси оқил барои худ кори нозебро муносиб намебинад.

Рабле дар ин китоб зимни мамнуъҳои дохил кардаи роҳиб Ҷан шахсиятҳои муайяни даврашро, ки корашон ба гуфторашон мувофиқат намекард, ҳаҷв намудааст. Рабле дар ин китоб низоъҳои феодалиро низ сахт танқид мекунад. Ӯ дар мисоли Пикрошол, ки барои як пора нон шуда ба муқобили падари Гаргантюа ҷангро оғоз мекунад, ҷангҳои доимии феодалонро, ки бо ҳар баҳонае ба вуҷуд меомад, маҳкум сохтааст. Қаҳрамони дигари асар-Панург образи ширинкори шӯх, чаққон, дӯстдори ҳаргуна ҳангомаю моҷараҳои ҳазломез мебошад. Ӯ ҳарчанд 63 тарзи пайдо кардани пулро донад ҳам, вале ҳамеша аз «дарди бепулӣ» менолад, зеро гиребони ашрофзанҳои сернозу ишва кайкро мегузорад, Ӯ махсусан дар калисо шӯхӣ карданро дӯст медорад: боре ӯ ба табақчаи дасти поп як танга гузошта, як кафи онро мебардорад. Дар сурати эътирози поп дарҳол аз каломи муққадас мисол меоварад, ки гуфтааст:»Якат ҳазор гардад». Қисми сеюми роман бо номи «Китоби сеюми корнамоиҳои қаҳрамонона ва нуқтҳои Пантагрюэли наҷиб» баъди 10 сол соли 1546 аз чоп мебарояд. Рабле ин қисми асарашро бо номи худ нашр карда буд.

Дар ин қисм муаллиф оид ба масъалаи зангирии Панург сухан меронад. Пантагрюэл ва дӯстонаш барои ҳалли ин масъала ба назди Шишаи илоҳӣ меоянд. Нависанда бо ҳамин восита хонандаро бо шаҳру деҳот ва ҷазираҳое шинос мекунад, ки сокинони он қариб симои одамии худро гум кардаанд. Онҳо ба ҷазираи Прокуратия меоянд ва мебинанд, ки мардуми ин ҷо ҳама аз одамони ҷанҷолӣ, тӯҳматчӣ ва итоаткор, мутеи хуҷаини худ мебошад.

Ниҳоят Пантагрюэл ва дӯстони вай ба назди коҳини тӯйи зангирии Панург ҷавоби «Нӯшед»- ро мешунаванд. Роман бо тахаллуси Алкофрибас Назе аз чоп баромада буд. Дар он ду қаҳрамони асосӣ- Пантагрюэл ва ҳамсафари доимии ӯ Панург амал мекунанд. Асар бештар рӯҳияи ҳазлу шухиро дорад.

Бо вуҷуди ин дар он баъзе майлҳои инсонгароёнаи муаллиф ҳис карда мешавад: ба мисли муроҷиати зиёд ба дунёи антиқ, ҳаҷви олимони бесаводи Сорбонна ва ғайра. [3. C. 170]. Нависанда моҳияти асосии фалсафаи асари худро маҳз дар ҷавоби «Нушед»ҷой додааст. Яъне ӯ зиндагии хушњолонаи рӯизаминиро назар ба ваъдаҳои он дунёӣ ба одамон васият кардааст, ки ба душвориҳои зиндагии давраи феодалӣ, зӯровариҳои калисоӣ католикӣ нигоҳ накарда, ҳаётро хурсандона ба сар баранд, илмҳои замонро аз худ кунанд, ҳақиқатро ҷӯянд, дар роҳи ба даст овардани некӯаҳволии умум устувор бошанд. Њанўз дар ибтидои асри XVI дар мамлакат мактабњои нав ташкил карда шуданд, ки маќсадашон баланд бардоштани маданияти омма ба шумор мерафт.

Бо маќсади мустањкам намудани назорат аз болои фаъолияти кории олимон дар Фаронса газетаи махсус бо номи «Gosette ofe Franse» таъсис дода шуд. Дар миёнањои асри XVI офаридањои фарњангии олимону донишмандон мавриди таъќибот ќарор дода шуданд. Дар муќобили ин тартибот дар мамлакат ташкилоти нави илмї ба монанди Плеяда бо сардории шоир Ронсар (1524 -1585) ва Дю Белле (1522-1560) ташкил дода шуд, ки вазифаи асосии он пешбурди маданияти инсондўстии мамлакат ба шумор мерафт. Соли 1549 нахуст нашрияи ин ташкилот «Муњофизат ва баланд бардоштани забони фаронсавї» нашр карда шуд, ки дар он масъалаи инкишофи илм ва маданият дар мамлакат инъикос гардида буд.

Комёбињои мадании Фаронса дар ин давра ба фаъолияти илмии Декарт (1596-1650) алоќаманди дорад. Масъалаи асосии кори илмии ў дар асарњояш «Меъёр барои идораи аќл (1629), «Рисола дар бораи рўшної (1633-1644)», «Ибтидои фалсафа» ва ѓайрањо баррасї гардидаанд. Дар баробари Декарт дар инкишофи илм Пиер Гассенди (1592-1655) наќши бузург бозидааст. Аќидањои илмии Гассенди ба муќобили аќидаи метафизикии Декарт равона гардида, ў асосан аќидаи материалистиро тарафдорї мекард.

Гассенди соли 1624 асари худ «Муќобили Аристотеликњо»-ро нашр намуда, дар он характери дуалистї доштани аќидањои Декартро танќид намудааст. Дар баробари шахсиятњои номбурда дар њаёти фарњангии Фаронса дар асри XVI ва нимаи аввали асри XVII Пиер Корнел (1606-1684), Никола Пусен (1594 -1665), Сирано де Берҷерак (1619 -1655) ва ѓайра наќши бузург бозидаанд. Пер Корнел олим, мутафаккир, драматург дар оилаи мансабдор-Руана ба дунё омада, дар солњои 40-ум ба дараљаи баланди эъљодиёти адабии худ расид. Аз эљодиёти ў асари фољиавию мазњакавии «Сид», ки соли 1636 нашр гардидааст, машњур мебошад.

Дар ин асар масъалањои иќтисодии мамлакат баррасї гардидааст. Соли 1640 ду асари ў «Горатси» ва «Тсинна» низ аз чоп баромаданд, ки дар эњёи фарњанги мамлакат таъсири мусбии худро расонданд. Дар ин давра дар Фаронса санъати рассомї низ ба дараљае баланд инкишоф меёфт, ки дар байни намояндагони он Љан Гуҷон (1510 -1568), С.Руэ (1590 -1649), Љак Колло (1593-1635), Клода Лорена (1600 -1682) машњуранд. Соли 1648 бо маќсади инкишоф додани санъати рассомї дар мамлакат Академияи рассомон ва њайкалтарошон ташкил дода шуда буд. Ќайд намудан зарур аст, ки раванди инкишофи маданияти Фаронса дар шароити вазнини таърихї ба амал омада буд, ки тохтутозњои байнихудї ва манфиатљўйии њокимон, сади роњи он мегардид.

Аммо новобаста аз ин нокомињо маданияти Фаронса дар асри XVI ва нимаи авали асри XVII инкишоф ёфта, барои наслњои ояндаи мамлакат заминаи рушдро фароњам овард.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 6 (99) том 1


Ссылка для цитирования:

Негматов Д.Н. МАДАНИЯТИ ЗАМОНИ ЭҊЁ ДАР АНГЛИЯ ВА ФАРОНСА // Журнал «Вестник науки» от 7 июня 2026 г. № 6 (99) том 1. С. 1446 - 1457. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/31475 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/31475



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2026.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.