Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 7 июня 2026 г.
  4. Научная статья № 315
Просмотры  9 просмотров

ТАЪСИРИ ТАЃЙИРЁБИИ ШАРОИТЊОИ МЕТЕОРОЛОГЇ БА ДЕГРАДАТСИЯИ ПИРЯХЊОИ ЊАВЗАИ ДАРЁИ ВАНЉОБ

Аннотация: вобаста ба тағйирёбии иқлим ва ба таври бесобиқа гарм шудани ҳаво, обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳо масъалаи таъминоти минтақа бо обро дар солҳои наздик боз ҳам печидатар хоҳад кард. Тоҷикистон дорои захираи фаровони об аст, манбаи ин оби фаровон дар навбати аввал боришоти зиёди барфу борон дар минтақаи баландкӯҳ бошад, аз сӯи дигар пиряхҳо ҳастанд ва дар натиҷаи пайиҳам боридани барф ва ба сардии ҳаво ба зудӣ об нашудан, он дар минтақа қомат афрухтаанд. Қариб нисфи ҳамаи қитъаҳои пиряхи Осиёи Миёна дар ҳудуди Тоҷикистон дар баландии 3500-5300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст.

Ключевые слова: аблятсия, фирн, водӣ, морена, кар, трог, тундра, суфташавӣ, морфологияи пиряхҳо.

Аз рўйи маълумотњои гуногун, дар ҳавзаи дарёи Ванҷоб 291 пирях мављуд буда, майдони умумии онњо 353,9 км2-ро ташкил медињад, ки аз ин миќдор 243 пирях масоњати аз 0,1 км2 бузургтар дошта, майдони умумиашон ба 350,4 км2 мерасад [5]. Дар њавзаи дарёи Язѓулом 269 пирях воќеъ гардида, майдони умумиашон ба 313,0 км2 расида, аз шумораи умумии пиряхњо 244-тои онњо бо масоњати зиёдтар 0,1 км2, 310,9 км2 майдони умумї доранд. Дар маљмўъ, ба њисоби миёна майдони яхбандии ҳавзаи дарёи Ванҷоб 1,22 км2 ва масоњати яхистони њавзаи дарёи Язѓулом 1,16 км2 буда, агар пиряхњои водигии дендритию мураккабро ба шохањои алоњида људо накунем, пас майдони миёнаи як пирях дар њарду њавза баробар мешавад. Мувофиќи маълумоти Каталоги пиряхњои ИЉШС [3, 147], ҳавзаи дарёи Ванҷоб 61,3% майдони яхистон дорад, ки ќисми аъзами он дар саргањи њавза, алалхусус дар њавзаи пиряхи ЉГР ва њавзаи бузургтарин шохоби чапи дарёи Ванљоб рўди Абдуќањњор воќеъ гардидаанд.

Ин нишондињанда дар њавзаи дарёи Язѓулом 62,9%-ро ташкил дода, ќисми зиёди майдони яхистони он ба њавзаи шохобњои асосии дарёњои Мазордара ва Раќзов љойгир шудаанд. Њанўз аз маълумотњои солњои 60-70-уми асри гузашта [3, 147] маълум аст, ки дар болооби ҳавзаи дарёи Ванҷоб пиряхњои азиме, чун Хирсон, ЉГР ва Абдуќањњор ва дар њавзаи њамшафаташ дарёи Язѓулом пиряхњои њамному Раќзоб љойгир шудаанд. Мувофиќи њисобњо, дар саргањи дарёи Ванљоб ба њисоби миёна майдони як пирях 2,44 км2 буда, ин бузургї дар њавзаи шохобњои дарёи Язѓулом ба 1,71 км2 баробар мебошад. Инчунин, бе људо намудани пиряхњои шоханоку мураккаби њавзањои болозикр ба шохањои алоњида масоњати як пирях дар онњо мувофиќан 2,75 ва 2,01 км2 -ро ташкил медињанд. Тибќи арзёбињои илмї [4], таѓйирёбии иќлим бо даврањои 15-сола, 30-сола, 70-сола, якасра ва бисёрасра маълум буда, таѓйироти майдони яхбандињо низ ба ин ќонуният тобеъ аст ва ќисме аз пиряхњоро, ки ба ин таѓйирот дучор меоянд, лаѓжанда мегўянд [2].

Давраи лаѓжиш на танњо аз таѓйири иќлим, балки аз љойгиршавии маконии пирях, шакли нишебї ва сабабњои зиёди дигар вобаста буда, њар замон дар сатњи пиряхњо миќдори зиёди барфу ях љамъ мешаванд. Бо таъсири љозиба ин миќдори зиёд ба поён њаракат намуда, мављи яхро ташкил мекунанд ва пирях «тўл» мекашад ва баъдан, обшавї ба вуљуд омада, андозаи пирях коњиш меёбад. Азбаски Тољикистон кишвари офтобрўя аст, аз ин рў, дар марзи он пиряхњои лаѓжанда зиёданд. Бояд тазаккур дод, ки то ваќтњои наздик доир ба пиряхњои њаракатнок маълумоти сањењ мављуд набуда, онњоро аз 18 то 37 арзёбї мекунанд [1, 25].

Вале, истифодаи далелњои системањои иттилоотии географї ва аксбардорињои моњворавї нишон медињад, ки миќдори чунин пиряхњо дар ЉТ ба 612 расида, дар байни онњо танњо 7 пирях – Хирсон, Ян Рипка, Дењдал, Фаридуншоњ, ЉГР ва Ровак нисбатан хуб омўхта шудаанд. Бузургтарин пиряхи ѓайриќутбии љањон пиряхи Тољикистонро низ ба ин гурўњ дохил кардан мумкин аст, зеро он дар солњои 1868, 1910, 1913, 1937, 1951, 1963, 1973, 1989, 2001 ва 2011 лаѓжиш кардааст. Маълумотњои глятсиологї ва аксњои моњворавї нишон медињанд, ки дар раванди таѓйирёбии иќлим нисбат ба дигар пиряхњои ноњияњои яхистони кишвар пиряхњои њавзаи дарёи Зарафшон бештар деградатсия (таназзул, коњишёбї) ёфта, гармшавии глобалии иќлим боиси камшавии майдону шумораи пиряхњои Тољикистон гардидааст, ки њолатро тавъам ба пиряхњои њавзаи дарёи Зарафшон, дар пиряхњои Тољикистон, Гандо, Корженевский ва ѓайра мушоњида кардан мумкин аст. Фарзи мисол, Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон њангоми яке аз суханронињои хеш оид ба вазъи имрўзаи пиряхњои Тољикистон андешаронї намуда, зикр карданд, ки «дар тўли 70-80 соли охир пиряхи Тољикистон зиёда аз як километр аќиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст.

Зиёда аз ин, њаљми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи аќибравии нўги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медињад» [9]. Бояд тазаккур дод, ки чунин манзара ќариб дар тамоми ноњияњои яхистони сайёра ба мушоњида мерасад [7]. Аз љумла, тибќи пешгўињои Гурўњи коршиносони байнињукуматї оид ба таѓйирёбии иќлим, дар назар дошта шудааст, ки њарорати њаво дар њавзаи бањри Арал то охири асри XXI ба андозаи 3,7°С баланд мешавад ва ин ќимати буњронї дар системањои кўњии Њимолой ва Тибет мебошад [10]. Чунки зери таъсири гармшавии глобалии иќлим обшавии пиряхњои минтаќа вусъат ёфта, аз соли 2011 то соли 2020, назар ба ду дањсолаи ќабл 65% афзудааст ва бо чунин тамоюл онњо метавонанд, дар интињои асри љорї 80% њаљми кунуниашонро талаф дињанд.

Дар баробари таназзулёбии пиряхњои Њимолой ва Тибет тадќиќоти гуногуни олимони дигар [6] низ нишон медињад, ки майдони яхбандињо дар давоми солњои 1957-1980 дар Њисору Олой то 15% ва дар њудуди Помир 28% кам шудааст. Аз ин рў, ин раванд дар баробари мушкилоти таъминоти зиндагии ањолї ва норасоии об љузъњои экосистемаи манотиќи кўњиро боз њам мушкилтар гардонад. Тавъам ба ин, бо назардошти сенарияи A1B Гурўњи коршиносони байнињукуматї оид ба таѓйирёбии иќлим нишон дода шудааст, ки то соли 2050 майдони яхбандињо дар баландкўњњои Осиё беш аз 20% бо суръати ~0,7%/сол коњиш меёбад [8]. Коршиносон арзёбии мазкурро дар асоси мониторинги беш аз 67 000 пиряхи Осиё, ки беш аз 120 000 км2 масоњат доранд ва инчунин, бо истифода аз модели RegCM гузаронидаанд. Њамзамон, тибќи гузориши Гурўњи коршиносони байнињукуматї оид ба таѓйирёбии иќлим, барои сенарияи B1 њарорат то соли 2050 ба 1,29°C ва барои сенарияи А2 то 1,65°C афзуда, боиси вусъат ёфтани раванди обшавии пиряхњо мегардад.

Тавъам ба ин, тањлилњои мушаххаси минтаќавї [6] нишон медињанд, ки њарорати њаво дар минтаќа, дар муќоиса бо давраи солњои 1961-1990 ба андозаи ~2°C боло рафтааст. Бо назардошти ин пешгўии њарорат, бо истифода аз моделњои раќамии релеф (SRTM ва ASTER) дар фосилаи 60 м, кам шудани њаљми пиряхњо дар зерњавзаи Панљ то 75,5% ва зерњавзаи Вахш 53% арёзбї шудааст [10]. Бо назардошти ин андешањо, дар љадвали 4.1 муќоисаи ќимати њисобии майдони яхбандї ва њаљми пиряхњо дар њавзаи дарёњои Вахш ва Панљ барои солњои 2003 ва 2050 нишон дода шудааст. Зиёдшавї ва камшавии (умуман, динамикаи) пиряхњо пеш аз њама бо шароити ѓизогирї ва обшавии онњо вобаста буда, њаракати онњо бошад, бо љойивазкунии массаи худи ях ба як самти муайян алоќаманд аст.

Ба туфайли чандирї будани ях дар зери таъсири ќувваи кашиши замин ва фишор љойи њудро иваз мекунад. Њаракати массаи яхро ќобилияти калони тавоноии пирях, нишебии мавќеи љойгиршавии он ва баландшавии њарорати нисбии њаво муайян мекунад. Пиряхњои бузург назар ба пиряњои хурд суръати њаракати бештар доранд ва одатан њаракати пиряхњоро бо андозаи см/шабонарўз ё метр/сол чен мекунанд.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 6 (99) том 1


Ссылка для цитирования:

Тоҳирзода Б.М. ТАЪСИРИ ТАЃЙИРЁБИИ ШАРОИТЊОИ МЕТЕОРОЛОГЇ БА ДЕГРАДАТСИЯИ ПИРЯХЊОИ ЊАВЗАИ ДАРЁИ ВАНЉОБ // Журнал «Вестник науки» от 7 июня 2026 г. № 6 (99) том 1. С. 2765 - 2769. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/31626 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/31626



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2026.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.