Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 14 июня 2026 г.
  4. Научная статья № 90
Просмотры  17 просмотров

АСОСҲОИ ДИДАКТИКИИ ТАШКИЛ ВА ФАОЛСОЗИИ КОРҲОИ МУСТАҚИЛОНАИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ШАРОИТИ НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАҲСИЛОТ

Аннотация: дар мақолаи мазкур асосҳои дидактикии ташкил, идоракунӣ ва фаъолсозии корҳои мустақилонаи донишҷӯён (КМД) дар шароити низоми кредитии таҳсилот баррасӣ шудаанд. Муаллиф таҳаввули таърихии усулҳои назорат ва баҳогузории донишро аз Мисру Юнони қадим то замони муосир таҳлил намуда, шабоҳати сохтории муколамаи суқротиро бо алгоритмҳои муосири компютерӣ нишон медиҳад. Дар мақола ҷузъҳои сохторӣ, шартҳои самаранокӣ ва сатҳҳои панҷгонаи кори мустақилонаи донишҷӯён тибқи низоми П.И. Пидкасистий тасниф карда шудаанд. Инчунин, аҳамияти ворид намудани дафтарҳои кории сохторӣ барои рушди тафаккури эҷодӣ, мустақилияти маърифатӣ ва маданияти кори фикрии мутахассисони оянда асоснок карда шудааст.

Ключевые слова: низоми кредитии таҳсил, кори мустақилонаи донишҷӯён, асосҳои дидактикӣ, фарҳанги иттилоотӣ, муколамаи суқротӣ, дафтари корӣ, фаъолияти маърифатӣ, тафаккури эҷодӣ, сатҳҳои кори мустақилона, технологияҳои таълимӣ.

Дастрасии таҷриба яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои пешрафти ҷомеа буда, дар он се лаҳзаҳои асосиро ҷудо кардан мумкин аст: 1. Нигоҳ доштани дониш, маҳорат ва малакаи ба дастоварда барои насли оянда. 2. Дастрас намудани ин донишу малака ва маҳорат ба насли оянда. 3. Аз тарафи таълимгирандагон аз худ кардани ин дониш, малака ва маҳорат. Ҳар яке аз лаҳзаҳои номбаршуда бо ташаккулёбии маданияти иттилоотии омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ ва дақиқ алоқаманд буда, барои тадқиқоти мазкур аҳамияти калон дорад.

Таҷрибаи мукаммалшуда аз насл ба насл гузаронида мешуд. Вобаста ба моҳияти худ муаммоҳои таълим ва назорати дониш ҳанӯз аз давраҳои қадим ақли инсонро фаро гирифтааст. Олими Юнони кадим Суқрот дар сӯҳбатҳо бо шогирдони худ шакли саволу ҷавобро истифода мебурд. Усули таълими ӯ дар оянда номи «суқротӣ» ё «Сӯҳбати суқротӣ»-ро гирифта, то имрӯз дар амал истифода мешавад.

Суқрот таълимро бо санҷиши азхудкунии маводи омӯхта якҷоя намудааст. Услубҳои истифода бурдаи ӯ ба истифодаи компютер дар таълими имрӯза монанд аст [8, с.240]. Дар замони муосир бошад, таълим дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми кредитӣ нигаронида шудааст. Ин низом омӯзиш 3 марҳилаи кадриро дар бар мегирад: бакалавр, магистр, докторант.

Дар айни замон, махсусан гузариш аз низоми анъанавии таълим ба низоми кредитии таҳсил мубрам мегардад. Маълум аст, ки ҳангоми гузариш ба низоми кредитии таҳсилот ҳаҷми машғулиятҳои аудиторӣ кам шуда кори мустақилонаи донишҷӯ бевосита меафзояд. Дар ин маврид фаъолсозии кори мустақилона донишҷӯен барои васеъ ва мустаҳкам намудани маводи таълим мусоидат мекунад. Барои таъмини самаранокӣ ва сифати таълим дар низоми кредитӣ зарур аст, ки таҳияи барномаҳо, нақшаҳо, дастурамалҳо, принсипҳои интихоби мазмуни курсҳои омӯзишӣ, принсипҳо ва усулҳои таълим, ташкили раванди таълим, корҳои мустақилонаи донишҷӯен ба роҳ монда шавад. Ҳангоми гузариш ба низоми кредитии таҳсилот, пеш ҳама азхудкунии дониш дар корҳои мустақилонаи донишҷӯён дар машғулиятҳо бо роҳбарии омӯзгор ҳатман дар зери назорат аст.

Омўзгор дар шароити низоми кредитӣ ташкилкунандаи мустақилияти маърифати фаъолияти донишҷӯен аст. Корҳои мустақилонаи донишҷӯён ин яке аз василаҳои баланд бардоштани сифати таълим ва тайер намудани мутахассисони оянда мебошанд. Мувофиқи оинномаи низоми кредитии таълим аз се ду ҳиссаи қисми умумии маводи омӯхташавандаро донишҷӯ мустақилона аз худ мекунад. Кори мустақилона дар мактабҳои олӣ воситаи ташкил ва идоракунии мустақилият ва фаъолияти донишҷӯен дар раванди таълим мебошад.

Таҳлилҳои равониву омӯзишӣ нишон медиҳанд, ки гуногунии муносибатҳо ва муайян намудани мафҳуми «кори мустақилонаи донишҷӯен» ҳамчун шакли таълимию илмии маърифатӣ, усули тафаккури эҷодӣ ва воситаи таълим мебошад. Барои самаранок ташкил намудани корҳои мустақилонаи донишҷӯён ба омўзгорони мактаби олӣ зарур аст, ки принсипҳои ташкили онҳоро донанд ва онро оқилона истифода баранд [6,с206]. Дар ин маврид ташкили ба монандӣ бозиҳо, мусоҳибаҳо, мусобиқаҳо, муаррифиҳо, ҳалли масъалаҳо ва ғайраҳо диққати ҷиддӣ додан зарур аст. Дар раванди таълим ба донишҷӯен зарур аст, ки намудҳои гуногуни корҳои мустақилонаи таълимӣ ва фаъолияти эҷодӣ барои худтатбиқнамоии онҳо истифода баранд.

Корҳои мустақилона дар раванди фаъолияти донишҷӯ се сатҳро дар бар мегирад: 1) азхудкунӣ ва такрори маводи омӯзишӣ, 2) азхудкунии маводи таълимӣ бо такя ба таҷрибаи худ, 3) донишҷӯ бояд мустақилона воситаҳо ва усулҳоро интихоб намояд. Дар раванди таълимии муассисаи олӣ ду намуди кори мустақилона дида мешавад: 1. синфӣ. 2. беруназсинфӣ. Банақшагирии миқдори вақти кори мустақилонаи беруназсинфӣ дар фанни таълимии ҷудошуда ба зиммаи муаллим вогузор мешавад. Вазифаи муаллим аз он иборат аст, ки донишҷӯён мустақилона омӯзишро тавассути ҷустуҷӯи дониш ва иттилоот мустақилона аз маъхазҳои гуногуни иттилоотӣ омӯзанд.

Мустақилият- ин як падидаи бисёрҷабҳавӣ ва аз нигоҳи равонӣ одӣ нест. Чӣ хеле, ки К Д. Ушинский мегуяд танҳо кори мустақилона барои чуқур азхуд кардани дониш шароит фароҳам меорад [4,c.72]. Вазифаҳои ҳар як кори мустақилона ин мусоидат намудан ба азхудкунии оптималии маводи таълим, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ, азхудкунии усулҳои маърифат ва ташаккули ниёз ба худомӯзӣ мебошад. Ҷузъҳои алоҳидаи сохтории фаъолияти мустақилона инҳоянд: 1.

Пурмазмунӣ – ин тақсими вазифаи маърифатӣ, ҳадафи фаъолияти таълимӣ. 2. Муҳокимавӣ - интихоб, муайян, истифодаи усулҳои мувофиқ ва амалҳое, ки боиси ба даст овардани натиҷаҳо мегарданд. 3. Ҳавасмандкунандагӣ: ниёз ба дониши нав, ки вазифаҳои худомӯзӣ ва огоҳӣ аз фаъолиятро иҷро мекунад. Таҳлили ҷузъҳои фаъолияти мустақилонаи шахс тақсим намудани унсури ягона – зеҳнияти мустақилро талаб мекунад (амали маърифатӣ). Ҳавасмандкунӣ ин як мафҳуми алоҳида аст, он бо фаъолияти мустақилона ҳамроҳӣ мекунад. Ҳавасмандӣ ин ниёз ба дониши нав, амалигардонии дониши мавҷуда, табдилдиҳӣ, аз нав гурӯҳбандии донишомӯзон - коркарди иттилоотӣ бе алгоритм ё стандарти додашуда мебошад. Натиҷаи ниҳоии зуҳури мустақилият дар раванди таълим дараҷаи огоҳии донишҷӯ аз аҳамияти таълим, қобилияти омӯзиш, ташаккули услуби инфиродии фаъолияти зеҳнӣ мебошад.

Нақши муаллим дар фаъолияти мустақилонаи донишҷӯ аз кӯмак расонидан ба донишҷӯён дар иҷрои супоришҳо иборат аст. Аз ҷиҳати омӯзишӣ асосёфта чунин кӯмакеро дар назар дорад, ки ҳадди ақали он ба донишҷӯ имкон медиҳад, ки дар иҷрои супориш бомуваффақият пеш равад. Ин кӯмак бевосита бо фароҳам овардани вазъи муваффақият дар раванди фаъолияти мустақил алоқаманд буда, вазифаҳои ҳавасмандгардонӣ, таълимӣ ва танзимро иҷро мекунад. [4, с.192]. Ташкили фаъолияти мустақилона истифода бурдани гурӯҳи зерини техникӣ тавсия дода мешавад: 1. Ҳавасмандӣ (гузоштани ҳадафи машғулиятҳои омӯзишӣ, нишон додани аҳамияти амалии фаъолияти таълимӣ ва натиҷаҳои он). 2.

Таълимӣ (кӯмаки иттилоотӣ) - ёдраскунӣ, конкретсозӣ, таҳияи саволҳои роҳбарикунанда. Агар мо ин усулҳоро моҳирона омезиш кунем, мо метавонем азхудкунии маводро бо сифати баланд таъмин намуда, қудрати иродавиро тақвият медиҳем. Донишҷӯ бояд ба манбаъҳои баланд сифати маълумоти таълимӣ дастрасӣ дошта бошад, дар бораи усулҳои оқилонаи таълим дониш дошта бошад, усулҳо ва воситаҳои худтанзимкуниро донад ва ба кор барад, инчунин хоҳиши азхуд кардани маводи таълимии мувофиқро дар ҳаҷми муайян ва вақти муайян дошта бошад. Барои муваффақ шудан ба ин шартҳо бояд амалҳои зеринро иҷро намоем: 1.

Шавқи донишҷӯёнро ба омӯзиши ин ё он мавзӯъ бедор намоем, нақш ва аҳамияти маводи мушаххаси таълимиро барои тахассуси касбии ӯ ошкор кунед. 2. Ҳама маводи таълимро барои машғулиятҳои синфӣ ва беруназсинфӣ интихоб намуда, чораҳои назоратӣ ва ислоҳиро омода кунем. Ба ташкили фаъолияти мустақилонаи донишҷӯёни курси якум бояд диққати махсус дода шавад. Кори мустақилонаи таълимӣ маҳорати муҳим дар фаъолияти ҳар як мутахассис мебошад, аз ин рӯ, таълими фаъолияти мустақилона яке аз роҳҳои ташаккул додани малакаҳои касбӣ мебошад. [1, с.53].


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 6 (99) том 2


Ссылка для цитирования:

Шакарбекова Д.С. АСОСҲОИ ДИДАКТИКИИ ТАШКИЛ ВА ФАОЛСОЗИИ КОРҲОИ МУСТАҚИЛОНАИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ШАРОИТИ НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАҲСИЛОТ // Журнал «Вестник науки» от 14 июня 2026 г. № 6 (99) том 2. С. 787 - 791. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/31758 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/31758



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2026.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.