ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ ДАР ДАРСИ МУОСИРИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ
Аннотация: дар мақолаи мазкур омезиши азхудкунии забони хориҷии ба касб нигаронидашуда тавассути технологияи муосири рақамӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, самаранокии он, ки ба рушди сифатҳои шахсии донишҷӯён, донистани фарҳанги мамлакати забони ҳадафманд ва азхудкунии малакаҳои махсус дар асоси дониши касбӣ-лингвистӣ фаро мегирад, нишон дода шудааст.Қайд гардидааст, ки технологияи муассири таълими забони англисии ба соҳа нигаронидашуда ҳамчун воситаи ташаккули тамоюли касбии мутахассиси оянда ҳангоми омӯзиши маводи англисии касбӣ равобити дуҷониба байни хоҳиши донишҷӯ барои ба даст овардани дониши махсус ва муваффақияти азхудкунии забонро таъмин менамояд.
Ключевые слова: забони англисӣ, технологияи рақамӣ, методикаи таълим, мултимедиа, салоҳияти касбӣ-лингвистӣ, бозори меҳнат.
Таълими забони англисӣ тавассути технологияи муосири рақамӣ яке аз унсурҳои асосии системаи омодакунии мутахассисони касбӣ дар ҳама самтҳои касбу кори ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба ҳисоб меравад. Хусусан, қонеъ кардани ниёзҳои ҷомеа бо мутахассиси муосир на танҳо миқдори муайяни дониши касбӣ, балки фарҳанги баланд, ахлоқи амиқ, низоми ташаккулёфтаи арзишҳо ва эътиқод, мавқеи шаҳрвандӣ, қобилияти навоварӣ, фаъолияти хуби касбӣ ва ғайраро талаб мекунад. Омӯзиши муассири забони англисӣ тавассути технологияи рақамӣ бошад, барои рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат ва қонеъ намудани талаботи ҷомеаро таъмин менамояд. Нақши афзояндаи таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони англисӣ асосан ба омилҳои зерин рабт дорад: - рушди муносибатҳои байналмилалӣ дар ҳама самтҳо, - зиёд гардидани шумораи корхонаву ширкатҳои муштарак». - рушди шабакаҳои технологияи рақамӣ, - истифодаи бештари таҷҳизоти воридотӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дар таҷрибаи корхонаҳои муосир». - мутобиқгардонии сатҳу сифати маҳсулот ба талаботи истеъмолкунанда тавассути техникаву технологияи навин, - гузариш аз шумора ба сифат ва гайраҳо. Ҳамаи ин омилҳо боиси зиёд шудани талабот ба мутахассисоне мегардад, ки бо забони англисӣ озодона ҳарф мезананд ва қобилияти муоширати забони хориҷиро ба роҳ монда метавонанд, инчунин қобилияти кор карда тавонистан бо технологияҳои иттилоотӣ - комуникатсиониро дар соҳаҳои мухталифи касбу кор доро мебошанд.
Дар ин замина салоҳияти касбиву забонии мутахассиси муосир ҳамчун сифати ҷудонашавандаи шахс рушд менамояд, ки дар қобилияти умумӣ ва омодагии фаъолияти ӯ зоҳир мешавад. Дар асоси дониш ва таҷрибае, ки дар раванди омӯзиш ба даст меорад, ба таври мустақилона аз уҳдаи дилхоҳ супориш мебарояд. Бояд қайд кард, ки технологияи муосири рақамӣ на танҳо воситаи пешниҳоди мавод, балки воситаи назорат низ мебошад. Онҳо пешниҳоди босифати маводро таъмин мекунанд ва аз шабакаҳои мухталифи мухобиротӣ (матн, аниматсионӣ, графикӣ, садоӣ ва ғ.) истифода мебаранд.
Технологияҳои нав имкон медиҳанд, ки раванди таълим фардӣ ва пурзӯр карда шавад. Донишҷӯ метавонад масири таълимии худро интихоб кунад ва бо суръати бароҳат ҳаракат кунад. Усули дифференсиалӣ барои фаъолияти бомуваффақияти ҳар як донишҷӯ шароит фароҳам оварда, эҳсосоти мусбатро ба вуҷуд меорад ва аз ин рӯ, ҳавасмандии таълимии ӯро зиёд мекунад. Ҷанбаи дигари мусбати истифодаи ТИК дар раванди таълим қобилияти он аст, ки баҳогузории хонандаро объективӣ мегардонад [8, с. 381-383]. Марҳилаи муосири рушди методикаи таълими забони англисӣ бошад, бо равишҳои нав дар муайян намудани ҳадафҳои таълим хос аст. Ҳадафҳои махсуси таълими забони англисӣ дар ташаккули салоҳияти касбӣ – лингвистӣ ва коммуникатсионӣ - лингвистии донишҷӯён бояд махсус нигаронида шуда бошад [4, с. 27-30].
Дар методикаи муосири таълими забони англисии ба касб нигаронидашуда бо истифода аз технологияи навин тавассути азхудкунии миқдори муайяни дониши расмӣ ва малакаҳои мувофиқи марбут ба ҷанбаҳои гуногуни забонӣ аз ҷузъиётҳои фарогирири луғати касбӣ-соҳавӣ, фонетика ва грамматика иборат аст. Ҳамин тавр, мо гуфта метавонем, ки чунин омилҳо дигар диққати таълим ба забон на ҳамчун система, балки ҳамчун воситаи асосии муоширатӣ касбӣ низ таъмин менамояд. Истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ дар дарсҳои муосири забони англисӣ ба мо имкон медиҳад, ки фаъолияти маърифатии донишҷӯёнро тақвият дода, равиши ба шахсият нигаронидашударо ҳангоми таълим бо дарназардошти қобилияти хонандагон ва сатҳи омодагии онҳо роҳандозӣ намоем. Фаромуш набояд кард, ки баланд бардоштани сатҳ ва сифати омӯзиши забонҳои хориҷӣ мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи ҳукумати кишвар қарор дошта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд, ки «... аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам тезонидани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод карда шаванд». Ҳамчунин, дар ин замина вобаста ба истифодаи самараноки технологияи рақамӣ низ таъкид гардид, ки «Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардад... Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем [6, матн].
Усулу шаклҳои нави таълим пайдо шудаанд, ки дар навбати худ на танҳо истифодаи технологияҳои гуногуни мубодила ва интиқоли иттилоот, инчунин истифодаи онҳо дар раванди таълим ба амал бароварда мешавад. Дар ин замина як низоми калони методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, ки ба рушди дониши коммуникатсионии донишҷӯён ва баланд бардоштани малакаҳои касбиву нутқи онҳо равона карда шудааст ташаккул меёбад. Вазифаи асосии забони хориҷӣ аз таълим додани амалияи азхудкунии забони хориҷӣ, ташаккули дониши ибтидоӣ, яъне қобилияти иҷро кардани забони хориҷӣ оғоз ёфта, робитаҳои байналмилалӣ ва байнизабониро муҳайё месозад [2, с. 216-217]. Асри XXI асри технологияҳои рақамӣ мебошад.
Дар замони муосир омӯзгорон имконият пайдо карданд, ки дар дарс воситаҳои гуногуни техникӣ, аз қабили компютерҳо, таҷҳизоти видео ва аудиоӣ, телевизиони моҳвораӣ, барномаҳо ва сомонаҳои махсуси забономӯзӣ, интернет ва бисёр воситаҳои дигарро истифода баранд [1, с. 27-30]. Ин ҳама имкон медиҳад, ки дарсҳои муосири забони англисӣ ҷолибтар ва самарабахштар гардида, ҳавасмандии донишҷӯён ба омӯзиши забони хориҷӣ афзоиш ёбад. Дар ниҳоят, донишҷӯён бо истифода аз навтарин васоили техникӣ натанҳо забони хориҷиро меомӯзанд, балки метавонанд он воситаҳоро пурра дар зиндагии ҳаррӯзаашон низ истифода баранд. Масалан метавонанд бо ҳамсолони хориҷӣ муошират бо истифода аз барномаҳои забономӯзӣ, ки ба таври худкор фаъол ҳастанд, муоширатҳои виртуалии асливу сунъиро ба роҳ монанд.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи маъхазҳо ва воситаҳои мухталиф, муосир ва тоза таваҷҷӯҳи шунавандагонро ба вуҷуд оварда, ҳавасмандии онҳоро ба таҳсил зиёд мекунад. Технологияи муосири педагогӣ бошад хусусиятҳои раванди таълимро инъикос намуда, фаъолияти педагогӣ, хусусиятҳои ҳамкории байни онҳо ва идоракунии самаранокии зарурии ин равандро таъмин мекунад [5, с. 41-43]. Имрӯзҳо хеле муҳим аст, ки раванди гирифтани маълумот бояд воситаи мутобиқ кардани мутахассиси ҷавон ба ҳаёт ва фаъолияти муосири ҷомеа гардад. Аз ин рӯ, муносибати ба салоҳият нигаронидашуда оид ба таълими забони англисӣ аҳамияти махсус дорад, ки ташаккули қобилияти муоширатии донишҷӯён бо забони англисиро дар соҳаҳои мушаххаси касбӣ, корӣ ва илмӣ бо назардошти хусусиятҳои салоҳиятҳои устувори муосир таъмин менамояд.
Аз ин рӯ, мо бо итминон гуфта метавонем, ки забони англисӣ воситаи муассири тамоюли касбиву муоширатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавӣ ва ғайриихтисосӣ мебошад. Тамоюли касбӣ дар таълими забони англисӣ дар раванди фаъолияти нутқӣ амалӣ мешавад. Донистани луғатҳои махсуси соҳавӣ бошад барои хондани матнҳо аз рӯи ихтисос зарур аст, ки он тавассути истифодаи технологияи муосири рақамӣ ҳадафманд роҳандозӣ мегардад. Ба омӯзгор лозим меояд, ки бо назардошти тахассус маводи луғату матнро вобаста ба соҳаи ихтисоси донишомӯз интихоб карда, раванди таълими забони касбӣ, азхудкунии хусусиятҳои хониш ва тарҷумаи адабиёти касбӣ, хониши матнҳои таълимӣ, машқҳои ҳатмӣ барои мустаҳкам намудани луғат, хониш бо доираи умумии мундариҷа ва бо унсурҳои таҳлилро ба роҳ монад [7, с. 44-46]. Ҳадафи дигари таълими забони англисии касбӣ тавассути технологияи муосири рақамӣ ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ қобилияти мустақилона хондани адабиёти лозима аз рӯи ихтисос бо мақсади гирифтани маълумот аз манбаъҳои забонҳои хориҷӣ мебошад. Ҳар қадаре ки донишҷӯ бо забони модарии худ салоҳиятноктар бошад, ҳамон қадар ҳавасмандии ӯ барои азхуд кардани маълумоти иловагӣ зиёд мешавад, яъне дарккунии ӯ дар дарси забони англисӣ фаъолтар мегардад.
Асосноккунии зарурати татбиқи истифодаи технологияи рақамӣ дар раванди таълими муассисаҳои таҳсилоти олӣ айни замон зарурӣ мебошад, зеро чунин зарурат бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, аз ҷумла қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи технологияи рақамӣ дастгирӣ карда мешавад. Ғайр аз он, зарурати истифодаи ТИК дар раванди таълим бо таҷриба собит шудааст, ки дар оянда як ҷузъи асосии самараноки дидактикӣ дар раванди таълими муассисаҳои таҳсилоти олӣ хоҳад буд [10, с. 188-192]. Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олӣ дар раванди азхудкунии фанни таълимии забони англисӣ ташаккули донишҷӯёнро натанҳо дар доираи салоҳиятҳои фаннӣ ва умумӣ, балки касбиро низ дар назар дорад. Дар аудитория донишҷӯ бо асосҳои забони англисӣ, луғатҳои зарурии касбӣ, ибораҳои фразеологӣ, истилоҳоте, ки бештар дар адабиёти махсус ё соҳаи ихтисос ва дар забони муошират аз рӯи ихтисос истифода мешаванд шинос мшуда, инчунин матнҳои дорои луғати махсусро мутолиа намуда, маводи грамматикиро дар нутқи диалогӣ ва монологӣ мустаҳкам мекунанд. Ҳангоми азхудкунии мундариҷаи забони англисии ба касб нигаронидашуда донишҷӯён ба ҳолатҳои фаъолияти касбӣ ва робитаҳои байнисоҳавӣ ворид мешаванд ва ин ҳавасмандии иловагии онҳоро ҷиҳати омӯхтани забони хориҷӣ, инчунин азхудкунии ихтисоси интихобкарда зиёд мегардонад. Истифодаи самараноки технологияҳои муосири педагогӣ бошад, дар дарсҳои англисӣ ба мо имкон медиҳад, ки дар баробари забономӯзӣ фаъолияти маърифатии донишҷӯёнро низ тақвият дода, равиши ба шахсият нигаронидашударо ҳангоми таълим бо дарназардошти қобилият ва сатҳи омодагии онҳо роҳандозӣ менамояд [11, с. 116-120].
Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар дарси забони англисӣ метавонад самаранокии раванди таълимро ба таври назаррас баланд бардорад. Истифодаи барномаҳои мултимедиявӣ тавассути технологияи муосири рақамӣ ҳангоми таълими забони англисии соҳавӣ махсусан муҳим аст. Мултимедиа имкон медиҳад, ки раванди таълими ҳамгирошуда амалиётҳоро ҳамзамон бо тасвирҳои статикӣ ва динамикӣ (видеофилмҳо, тасвирҳои аниматсионии графикӣ, презентатсияҳо), матнӣ ва садоӣ гузаронад. Таъсири он ҳамзамон ба шунавоӣ ва биниши донишомӯз, инчунин ҳаҷм ва дараҷаи азхудкунии иттилооти интиқолшударо дар воҳиди вақти муайяншуда меафзояд.
Бо усулҳои анъанавии гузаронидани дарс муаллим ҳамчун интиқолдиҳандаи асосии иттилоот барои донишҷӯён баромад мекунад ва ӯ аз донишҷӯ мутамарказгардонии диққат, тамаркуз, шиддати хотираро талаб мекунад. На ҳар донишҷӯ қодир аст, ки тибқи ин талабот фаъолият кунад. Дар айни замон, талаботи муосир ба сатҳи таълим имкон намедиҳад, ки миқдори иттилооте, ки донишҷӯ барои азхудкунии мавзӯи дарс талаб мекунад, кам карда шавад. Аммо, ҳангоми ташкили дарс бо истифодаи барномаҳои тариқи ТИК амалишаванда ба донишҷӯён маълумот бо шаклҳои тарҳрезишуда ва бо истифода аз эффектҳои аниматсионӣ дар шакли матн, диаграмма, графика, расмҳо пешниҳод карда мешавад. Ҳамаи ин, ба андешаи дидактикаи муосир, имкон медиҳад, ки маводи таълимӣ нисбат ба шакли анъанавӣ равшантар ва осонтар шарҳ дода шавад.
Инчунин хеле муҳим аст, ки дар чунин дарсҳо донишҷӯён инфиродӣ кор карда, барои дарки маводи нав бо суръати худ ба пеш ҳаракат кунанд [9, с. 360-362]. Технологияи навин ба ташкил ва идоракунии забон дар тамоми марҳилаҳои омӯзиш кӯмак мерасонад. Ҳангоми таълим бо истифода аз технологияи рақамӣ, донишҷӯён машқҳоро ҳамзамон иҷро мекунанд ва ҳар як донишҷӯ фавран аз натиҷа огоҳ карда мешавад, ки ин боиси баланд шудани сатҳи ҳавасмандии онҳо ба раванди таълим мегардад. Бе истифодаи технологияи рақамии муосир барои омӯзгор санҷиши иҷрои тамоми машқҳои аз ҷониби ҳамаи донишҷӯён иҷрошуда бо назардошти вақти барои дарс пешбинигардида хеле мушкил аст. Аз ин ҷиҳат, муаллим тахмин мекунад, ки агар донишҷӯ ҳангоми иҷрои як машқи мушаххас чӣ гуна амалиётро бо маводи лексикӣ иҷро карданро донад, пас ӯ бешубҳа қодир аст, ки ҳамон амалиётро дар дигар машқҳову вақти пешбинишуда анҷом диҳад. Ҳангоми таълим бо истифода аз технологияи навин, назорат дар тамоми марҳилаҳои омӯзиши забон ба амал меояд, зеро бо ёрии он ҳатто иҷрои мушкилиҳои пешомадаро ба таври мустақилона пешбинӣ намудан мумкин аст. Ҳадафи дигари технологияи инноватсионӣ омода намудани инсон барои зиндагӣ дар олами доимотағйирёбанда мебошад.
Моҳияти чунин тарзи таълимро мутобиқ намудани раванди таълим ба имкониятҳои инсон ва амалӣ гардонидани онҳо ташкил медиҳад. Афзалияти истифодаи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим бошад, тағйироти сифатии шахсияти хонандаро ҳам аз лиҳози дониш ва ҳам аз лиҳози ташаккули шахсияти ӯ дар муқоиса бо низоми анъанавӣ меомӯзад. Иҷрои иқдоми мазкур ҷиҳати ба фаъолияти касбӣ ворид намудани барномаҳои то ҳол дар амал татбиқнашудаи тарбиявӣ ва дидактикӣ, ки роҳҳои бартараф намудани бӯҳрони педагогиро пешниҳод менамоянд, имконпазир мегардад. Инкишоф додани малакаи асоснок намудани амалҳо, мустақилона муайян ва коркарди иттилооти бадастомада, ташаккули тафаккури эҷодии хонанда, инчунин бо истифодаи дастовардҳои навтарини илм инкишоф додани хонандагонро бартариҳои асосии ворид намудани технологияи инноватсионӣ ба раванди таҳсилоти кишвар мебошад [3, с. 121-123]. Ҳамин тариқ, технологияи муосири рақамӣ дар раванди таълими забони англисии ба касб нигаронидашуда ҷиҳати фардикунонӣ ва пурзӯргардонии раванди таълим шароит фароҳам оварда, дар як вақт бо сарфаи вақти муайяншуда иҷрои амалҳои гуногуни таълимиро таъмин менамояд.
Хулоса, шаклҳои ғайримуқаррарӣ ташкил намудани дарсҳои муосири забони англисӣ тавассути технологияи самараноки рақамӣ имкон медиҳад, ки на танҳо таваҷҷӯҳи донишҷӯён ба мавзӯи омӯхташаванда баланд бардошта шавад, балки мустақилияти эҷодии онҳо инкишоф ёфта, барои онҳо роҳҳои осони кор бо манбаъҳои гуногуни илмӣ омӯзонида шавад.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 6 (99) том 2
Ссылка для цитирования:
ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ ДАР ДАРСИ МУОСИРИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ // Журнал «Вестник науки» от 14 июня 2026 г. № 6 (99) том 2. С. 792 - 800. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/31759 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/31759
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
