НАҚШИ СУЛЊУ СУБОТ ДАР БУНЁДИ ЉОМЕАИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
Аннотация: дар ин мақола нақши сулҳу субот ҳамчун омили асосии рушди давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Муаллиф аҳамияти сулҳи пойдорро дар таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, рушди институтҳои демократӣ ва пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар баррасӣ менамояд. Ҳамчунин, таъсири сулҳу субот ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон таҳлил шудааст.
Ключевые слова: сулҳ, субот, демократия, ваҳдати миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иҷтимоӣ, Тоҷикистон.
Дар љањони муосир имрўз барои њамагон маълум аст, ки њодисањои нави геополитикї ва муташаниљ гардидани ваъзи сиёсї, моро водор месозад, то дар бораи роњњои рушди идеяи сулњ андеша намоем. Имрўз аксари кишварњои дунё бо дарки њамин масъала роњи нави давлатдории демократӣ ва дунявиро зарур ва муњим мењисобанд. Баъди аз пошхўрии Иттињоди Шўравї Љумњурии Тољикистон роњи демократї ва давлати њуќуќбунёдро пеш гирифт. Мутаассифона ин роњи басо бузургро баъзе гурўњњои иртиљои зери фишор ќарор дода, кишвари моро ба љанги шањрванди мубтало гардониданд.
Воќеан њам ин Иљлосия наќши таќдирсоз дорад, аз он истиќлолияти воќеии кишвар оѓоз меёбад. Бо гузашти замон, ин санаи таърихи нуфузи бештар пайдо мекунад, мавриди пажўњиши муаррихону љомеашиносон ќарор мегирад. Масалан, њазорсолањо дур намеравем, фаќат таърихи солҳои 20-30-уми ќарни гузаштаро, ки аслан давраи оѓози ташкилёбии давлати навини тољикон мебошад, имрўзњо меомўзем, бурди бохту он замонро дар риштаи таҳлил љой медиҳем, сабақ мегирем. Ба зиёиён, ходимони сиёсиву љамъиятии он замони миллатамон, ки барои таъсису пойдории давлати тољикон дар доираи Иттиҳоди Шуравї љонфидоиҳо намуданд.
Ва шукр менамоем, ки маҳз таъсиси он љумхури буд, ки барои давлати соњибистиќлоли имрўзи мо заминасоз шуд. Њамин тариќ, авлоди ояндаи мо сањифањои таърихи давраи солњои 90-уми ќарни бистро вараќ мезананд, ба ќањрамониҳои фарзонагони миллат, ки љумҳуриро аз вартаи мањфгардї ва ё аз хатари шоњроњи таърих берун рафтани онро боздоранд. Имрўз њаракати асоси кишварњоро мо барои сулњ ва вањдати инсонњо мушоњида мекунем. Зеро «кўшиши муттасили њаракатњо барои њуввият ба он хотиранд, ки дар раванди њамгирої коњиш ёфтани ахлоќ, маънавиёт, фарњанг ва системањои дигари иљтимої, ки бе онњо мављудияти инсон амалан ѓайриимкон аст, диалектикаи муносибату раванди худшиносии пайгиронаи миллату халќњоро бо хатарњои љиддї мувољењ мегардонад» (2. с. 87(. Дар дањсолаи охир љомеаи љањонї оид ба мустањкам гардидани сулњ дар кишварњои гирифтори љангњои шањрвандї танњо баъд аз имзои созишномаи мусолиња огањ мешавад.
Дар чунин маврид гуфтушуниди расмие, ки аз тарафи мансабдорону сиёсатмадорони соњибистеъдод амалї шуда, љомеаро ба оштию њамбастагї меорад, њамчун раванди сулњ арзёбї карда мешавад. Дар асл, раванди бунёди сулњро ба сифати љараёни расмї ва дар сатњи олї тасаввур кардан нодуруст аст, зеро низоъ кишрњои васеъ ва бахшњои гуногуни љомеаро фаро мегирад. Аз сўи дигар њамаи унсурњои љамъият дар раванди оштї сањм мегузоранд. Њамин тавр, тамоми њаракатњои сулњљўёнае, ки аз боло то поини љомеа амалї шуда, ба низои зўроварона хотима мебахшанд, бунёди сулњро ташкил медињанд. Аз ин љост, ки ба масъалаи сулњ аз ќадим таваљўњи хоса медоданд.
Аз њамин сабаб чизе, ки дар мавриди таваљљўњи мо ќарор мегирад, ин танњо рушд ва инкишофи афкори демократї набуда, балки нишон додани наќши ѓояњои сулњљўёна дар бунёди демократия мебошад.Тањлилгарони масъалањои сиёсї бар он мўътаќиданд, ки «Демократия яке аз кашфиётњои муњими ањли тамаддуни инсоният мебошад. Вай мисли таърихи башар таърихи тўлонї дорад» (1. с. 156(. Демократия аз замони пайдоиши худ ки мо онро дар ќатори пайдоиши давлат ва рушду инкишофи њокимият баробар медонем, низ боиси омўзиш ва тањкиќ мебошад. Бинобар он пайдоиши демократияро ба даврањои дурру дарози таърихи маънидод кардан мумкин аст.
Ба њамин тариќ инкишофёбии муносибатњои сулњ раванди демократияро мустањкам месозад. Имрўз мо мебинем, ки дар давлатњое, ки низоъњои сиёсї, этникї ва нажодї вуљуд доранд, раванди мустањкамшавии демократиро халалдор мегардонанд. Барои пойдории сулњи љамъияти гурўње аз олимон наќши пешвоёни сиёсиро асосї медонанд. Зеро «дар њама давру замон, махсусан дар лањзањои нињоят мураккаб ва таќдирсоз, миллатњо барои доштани Пешво бо тавонмандии комил эътирофгардида ва Роњнамо ниёз доштанд. Ќисмати баркамол ва љавони имрўза, ки мутаносибан - наслњои асри гузашта ва муосир мебошанд, шоњиди онанд, ки шахсиятњои таърихї ба хотири сохтан, аз нобудї эмин доштан, баќо гузоштан, њимоя кардан ва рушду нумўи давлату миллат ба ин унвон ва мартабаи олї ноил гаштаанд» (4(.
Аз ин љо мо ба хулосае меоем, ки раванди сулњи љамъиятиро сиёсатмадорон ва пешвоёни ќавму миллатњои ба танзим медароранд. Њамзамон ќайд кардан љоиз аст, ки дар шароити имрўзаи набардњо ва низоъњои давомдор дар кишварњои Шарќи наздик барои сохтани љањонбинии мувофиќ ба манфиатњои миллии њамин мамлакатњо нест.Зеро эњсосоти одамонро дар љараёни муайяни иљтимої ба танзим даровардан мушкил мебошад. Ва агар дар масъалаи наќши сулњ дар љомеъаи демократии дуруст фикрирони кунем ин раванди пурагардонии тарафайни байни ин ду падида-сулњ ва демократия мебошад. Яъне ваќте ки ба воситаи сулњ демократия барќарор гашт, дар навбати худ демократия њам бояд муњофизатгар ва ифодакунандаи сулњу ороми дар љомеа бошад. Яъне кафолати сулњ барои љоме а бояд бошад.
Ононе ки мафњуми демократияро барои ќонеъ гардонидани талаботњои худ истифода мебаранд ва барои расидан ба максадњои худ сулњи љомеъаро халалдор месозанд, хоини миллату давлат мебошанд. Чунин ашхос њисси ватандўсти, миллатдўсти ва хештаншиносиро надоранд ва метавонанд бо маблаѓи ночизе ки аз тарафи гурўњњо ва давлатњои шубњанок ва душманона барояшон дода мешавад ватани хешро ба коми љангу нооромињо андозанд. Ва дар солњои охир мардуми Тољикистон шоњиди он шуданд ки чунин ашхосони ифротгаро барои фиреби мардум шиорњои диниро истифода бурда, мехостанд, ки њокимиятро ба даст оваранд. Лекин вазоратњои ќудрати, ки сањмашон дар муњофизаткунии њуќуќ ва ороми љамъиятї бењамто аст, тавонистанд роњи низоъро пешгири намоянд.
Ин аз он маълумот медињад, ки мутахасисони давлати љавони тољикистон њам соњиби таљрибаи кофи дар соњаи давлатдори мебошанд ва намегузоранд шахсњо ва гурўњњои шубњанок оромии љамъияти ва сулњро халалдор созанд. Мардуми Тољикистон аз таљрибаи талхи худашон арзиши њаќиќии сулњ ва демократияро медонанд ва олимони он вобастагии ин ду омилро меомўзонанд ва роњњои дар амал татбиќкунии онро кор карда мебароянд. Ва мансабдорони давлати дар навбати худ тавсияњои олимонро ба назар гирифта, таљрибаи дигар давлатњоро дар ин љода омўхта ќонунњо ва идоракунии давлатиро дар амал татбиќ менамоянд. Ва њоло мо меваи њамбастагии сулњу демократияро бањрабардори карда истодаем.
Сулњ ва низоъ ду неруи њаракатдињандае мебошанд, ки њамеша ќисми таркибии таљрибаи инсонї ва воќеияти мањаллї, миллї ва љањониро ташкил медињанд. Омўзиши ин равандњо шояд аз тамоми пажуњишњои илмии љањони имрўз муњимтар бошад. Яъне донистани он, ки мољаро чї гуна cap мезанад, чї тавр љараён мегирад ва чї сон њаёти мардумро таѓйир медињад, инчунин бо кадом роњу восита мо низои хушунатомезро њал мекунем ва шиддати онро ба натиљаи созандаву дигаргунињои мусбат табдил медињем, ањамияти аввалиндараља дорад. Тољикистон нахустин кишвари Осиёи Марказист, ки чунин дастури илмии њаётан муњимро барои донишљўён тањия кардааст.
Ин сабаб ва заминаи таърихї дорад. Дар раванди ба даст овардани истиќлолият Тољикистон ба душворињои љанги хонумонсўзи шањрвандї рў ба рў шуд, вале сарфи назар аз ин, тарафњои даргир тавонистанд гуфтушунидро оѓоз намоянд ва ба низои мусаллањона хотима бахшанд. Таљрибаи сулњи тољикон аслан бењтарин намунаи он мавзўъњоест, ки дар ин китоб баррасї шудаанду мавриди омўзиши донишљўён ќарор мегиранд. Зиёда аз ин, дар Тољикистон мисолњо ва ѓояву равандњои зиёди марбут ба вазъиятњои низоъ ва мусолињаро метавон мушоњида кард, ки мавриди пажуњиш ќарор додани онњо аз ањамият холї нест.
Водии Фарѓона бо сарњади, ањолї ва захирањои фаровони табиї сарчашмаи бузурги масъалањои њалталаб аст: чї гуна миллатњои ба њам вобаста метавонанд мушкилоти муайянро, аз истифодаи муштараки захирањои табиї то масъалањои миллию њуќуќї, муњокима ва њал намоянд? Дар Тољикистон бисёр њолатњои дигаре низ мављуданд, ки донишљўён метавонанд мавриди омўзиш, пажуњиш ва корбасти амалї ќарор дињанд. Масалан, чї гуна метавон муносибати эњтиромонаи байни давлат ва динро дар љумњурї ва умуман, минтақа ноил шуд? Чї тарз метавон масъалањои сарњадї ва муносибатњои байналмилалиро дар чунин як минтаќае њал кард, ки фарогири кишварњои Афгонистон, Узбекистон, Ќиргизистон, Чин ва Покистон аст - минтаќае, ки дар он бунёди муносибатњои устувори байнидавлатї ва таъмини сулњи бардавом ба осонї даст намедињад?
Чї сон метавон низоъњои дохилї ва минтаќавии марбут ба захирањои табиї - об, нафт ва газро бартараф кард? Чй тавр дар ин минтаќа њамзистии миллатњоро метавон таъмин кард ва њамзамон ба рушди њуввияти миллї мусоидат намуд? Аз нигоҳи таҳлилгарони илми сиёсатшиносӣ «меъёрҳои инсонї бояд масъалаи асосии сулњљўї ва бунёди љомеаи сулњпарвар ва бенизоъ гардад»» (3. с. 3(. Танҳо инсонҳо метавонанд сабабгори муносибатҳои низоъангез ва сулњомез гарданд.
Дар оғозу анљоми ҳаргуна муносибатҳои љамъиятӣ меёрҳои инсонї мављуд мебошанд. Ба ин маънӣ, гуфтугўи пойдор дар фазои устувори љамъиятӣ яке аз воситаҳои шаҳрвандон аст, ки барои рушд додани муносибатҳои демократи роњњои нави пойдории сулҳро таъмин менамояд. Раванди шаҳрвандии сулњ, ки моҳияти он гуфтугўи пойдор мебошад, равандест, ки дар љараёни он шаҳрвандони берун аз доираи ҳукумат аввал номатлуб будани низоъро эътироф мекунанд ва стратегияи сулҳро кор карда мебароянд. Дар љомеа ҳамавақт мафҳумҳои сулҳу субот мутлақ буда наметавонанд.
Зеро таърихи инсоният ҳамеша дар љараёну дигаргуни қарор мегирад. Дар ҳамин замина дар кишвари мо ба таври мунтазам корҳои банақшагирифтаи зиёде амали карда мешаванд, ки бар зидди густариши ақидаҳои номатлуб, андешаҳои ифротгароёна нигаронида шудаанд. Ҳамкориҳои минтақавї бошанд метавонанд сатњи шароитҳои камбизоатиро паст намоянд ва ба рушди бемайлони иќтисодї сабаб гарданд. Чунин ҳолати беҳтаршавии шароити моддии љомеа ба рушди давлати демократи ва ҳуқуқбунёд сабаб мегардад. Ҳамин тариќ, вањдати миллӣ, ки пойдор шуду дар касб кардани зинаҳои олии худ ќарор дорад, нахуст неъмати љамъиятӣ арзёбӣ мегардад. Дар воќеъ ибтидои соли 1996 гурўњи сиёсатмадорон, роњбарони азоёни сиёси ва њаракати миллӣ Матни ањдномаи ризояти љомеаи Тољикистонро тањия намуда барои муњокима омада сохта буданд.
Дар натиљаи ҳамингуна ќарорҳои таърихї мо рушду нумўи љомеаро мушоњида мекунем. Аз ин рў, давлат дар роњи баланд бардоштани таърихи миллат ва аз ин рў ѓани гардонидани сатњи ѓоявии истиќлолу ифтихори миллї пайдарпай дар ташкили чорабинињои илмї-фарњангии умуми миллї назари љиддї медињад.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 6 (99) том 2
Ссылка для цитирования:
НАҚШИ СУЛЊУ СУБОТ ДАР БУНЁДИ ЉОМЕАИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН // Журнал «Вестник науки» от 14 июня 2026 г. № 6 (99) том 2. С. 1148 - 1154. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/31802 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/31802
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
