МУҚОИСАҲОИ САБКӢ ВА МАЪНАВИИ ТАРҶУМАҲОИ «МАҶОЛИС-УН-НАФОИС»: ТАҲЛИЛИ «ЛАТОИФНОМА» - И ФАХРИИ ҲИРАВӢ ВА ТАРҶУМАИ ҲАКИМШОҲИ ҚАЗВИНӢ
Аннотация: дар воқеъ таърихи адабиёти форсу тоҷик бисёр ғанӣ ва хонданибоб буда, то он ҷое, ки донишмандон ва шавқмандони ин роҳ ба тарҷума намудани баъзе аз тазкираҳо пардохтаанд. Аз зумраи ин тазкираҳо «Маҷолис-ун-нафоис»-и Алишер Навоӣ аст, ки ба забони турки чағатоӣ таълиф гардида ва аз муҳимтарин сарчашмаҳо барои омӯзиши таърихи адабиёт ва санъати безаволи тарҷумонӣ дар асрҳои XV–XVI маҳсуб мегардад.бори нахуст ин асарро соли 928/1521–22 шоири давраи Таҳмосбии сафавӣ Фахри ибни Султон Муҳаммади Амирӣ, ки машҳур ба Фахрии Ҳиротӣ аст, ба забони форсӣ тарҷума намудааст. Фахрӣ номи тарҷумаи асарро «Латоифнома» мениҳад.тарҷумаи дигари «Маҷолис-ун-нафоис» дар солҳои 925/1522–23 дар Истанбул аз ҷониби Муҳаммад Ҳакимшоҳи Қазвинӣ сурат гирифтааст. Дар муқоиса бо сабки иншои тарҷумаи Фахрии Ҳиравӣ, тарҷумаи Ҳакимшоҳи Қазвинӣ ба фасоҳат ва равонӣ баробар нест, балки он бо зебогии ҳамоҳангӣ дар матн салосат (равонии сода)-ро надошта, инчунин пойбандии санъатҳои бадеии асар ва ҷинсҳои калима ба шакли сохтакорона ва маҷбурӣ инъикос ёфта, таъсири луғати муҳити ӯро дар ибороти форсии вай зоҳир сохтааст.
Ключевые слова: адабиёти классикии форсу тоҷик, Фахрии Ҳиравӣ, Ҳакимшоҳи Қазвинӣ, Маҷолис-ун-нафоис, Мир Алишер Навоӣ, Латоифнома.
Мир Низомиддин Алишери Навоӣ (т.09.02.1441 в.03.01.1501 милодӣ) шоир, дониишманд, адиб, нависанда ва сиёсатмадорӣ барҷасатаи рӯзгорӣ фармонравои Темуриён ва муосири замони зиндагии Султотн Ҳусайни Бойқиро (842-911ҳ.) дар Ҳирот будааст. Номи пурраи Алишер ибни Ғиёсиддини Кичкина Бахшӣ ё Кичкина Баҳодур мулаққаб ба Низомиддин аст. Ӯ яке аз маъруфтарин сиёсатмадорони ва фарҳангмардони рӯзгори фармонравоии сулолаи Темуриён маҳсуб мегардад. Навоӣ марди некусифату донишманду шоир буда ба ду забон форсӣ ва чағатоӣ эҷод намуда, эътиқод дошт ки забони модариаш турки чағатоӣ аз назари адабӣ аз форсӣ бартар аст. Иллати тарҷумаи ин тазкираро Фахрии Ҳиравӣ дар бисёре аз мардумон, ки бо забони туркии чағатоӣ оҷиз будан медонад.
Дар ин маврид Фахрии Ҳиравӣ дар баёни макориими ахлоқи Навоӣ ва иллати тарҷумаашро чунин баён мекунад: «Ба арзи шарифи ғаввосони гавҳарсанҷӣ дарёи маъонӣ ва саррофони сарбозӣ сухандонӣ мерасонад, ки дарде каши майфурушони саҳарӣ ва туроби иқдоми ҷуръанушонӣ ҷумули фақр Фахри Султон Муҳаммад ибни Амирӣ: ки қабл аз ин ҳар гоҳ назари дарвешона бар саҳоифи арвоқи атбоқӣ ин нусхаи бадеъ, ки дурри маънояш ба ҷавоҳири алфозӣ туркӣ музян буду мавсум ба «Маҷолис-ун-нафоис» ки андаке аз хазоинӣ маъонӣ ва қадре аз ҷавоҳири маъодин ниҳонӣ олиҷоҳи маорифи дастгоҳ, қидваи арбоби фазлу таҳрир, Мир Низомиддин Алишер меафтод. Аз рӯи хушҳоли дар хотирам мегашт ва бар забонам мегузашт, ки. Ин пайкари ангехта аз килки хаёл, Воқеъ шуда поку соф чун оби зулол. Монанди нигорест бар аҳли камол, Сар то қадамаш латофати ҳусну ҷамол [1, 2].
Доир ба ҳаёту фаъолияти Алишери Навоӣ он чӣ равшан аст ӯ дар ин ҳангом аз чеҳраҳои волои сиёсии дарбор маҳсуб мегардидааст. Аз зумраи мақомҳо ва мансабҳое, ки аз сӯи Султон Ҳусайн Мирзо ба Амир Алишери Навоӣ вогузор гардид метавон ба тасадди мақоми меҳрдорӣ, аморати девони аъло ҳукумати Ҳирот ва ҳукумати Астаробод ишора намуд. Бо вуҷуди ин ҳама Навоӣ бештар майл ба он дошт, ки танҳо надим ва мушовири султон бошад ва бадин сабаб ба тақриб аз пазираш мансабҳои сиёсӣ гурезон буд. Ӯ саранҷом соли 906ҳ. дар шаҳри Ҳирот дори фониро падруд гуфт [2, 162]. «Маҷолис-ун-нафоис»- и Мир Алишери Навоӣ, ки асли он ба забони Турки Чағатоӣ аст, мусаҳҳеҳи муҳтарамми он дар мавриди нусхабардорӣ аз тарҷумаҳои он ва нусхаҳои турки чағатоӣ ин китоб чунин баён доштааст: «Нусхаи туркии ин китоб, ки дар Теҳрон фаровон аст барои истифода дар дастрас буд, вале истифода аз он китоб мутаассир менамуд, зимни таҳқиқот маълум гардид, ки тарҷумаи форсии онро бояд ба даст овард ва тарҷумаи нахустини он бо номи «Латоифнома» аст, ки нусхаҳои он дар осорхонаи Британия таҳти шумораи 7669 Аdd мавҷуд аст.
Баъд аз муқобалаи он ду нусха ба масаҳҳеҳ, маълум мегардад, ки тарҷумаи форси аз асли туркии «Маҷолис-ун-нафоис» буда, аз ҳайси иборат ба кулли мухталиф ҳастанд ва аз иттифоқоти он дар як замон вале дар ду шаҳр яке Ҳирот дигаре Исломбул (Истанбули имрӯза) ба қалами ду мутарҷим яке Ҳиротӣ дигаре Қазвинӣ анҷом тарҷума шудааст.». Тарҷумаи мазкур аз боби муқоиса ҳар яке аз он ду дорои хусусиятҳо ва бартариҳое аст, ки дар ҳадди худ китоби мустақил ва манфиатноке мебошад. Ҳамчунн мусаҳҳеҳи муҳтарам боз як нусхаи дигарро, ки тарҷумаи Ҳакимшоҳи Қазвинӣ буд аз Исломбул акси китобро барояш мефиристанд ва як нусхаи дигарро, ки базабони турки чағатоӣ буд истифода мебарад ва дар ҳамаи ҷойҳои китобаш таъбир ба нусхаҳои ب الف ج истифода намудааст. Ва мусаҳеҳ ҳарду тарҷумаҳоро дар китоб ҷамъ намудааст то барои муҳаққиқони таърихи адабиёт махсусан қарни нуҳум таваҷҷуҳ доранд маводи аввалияи хубе бошад. Нусхабардорӣ ва муқобала намудани аз соли 1319ҳ. шуруъ гардида то соли 1323ҳ. идома ёфта дар муддати чаҳор сол ба итмом расидааст [3, 1-3].
Бори нахуст ин асарро соли 928/1521-22 шоири давраи Таҳмосбӣ сафавӣ Фахри ибни султон Муҳаммади Амирӣ, ки машҳур ба Фахрии Ҳиротӣ аст тарҷума намудааст. Фахри номи тарҷумаи асарро «Латоифнома мениҳад. Вай ҳафт маҷлиси аввалро ба ҳафт «латоиф» табдил дода маҷлиси ҳаштумро сахт ихтисор мекунад. Ва аз 164 байти туркии султон Ҳусайн танҳо танҳо 2 байт нигоҳ медорад.
Мутарҷим бар асар маҷлиси нуҳумро афзуда дар навбати худ маҷлисро боз бар нуҳ қисм ҷудо мекунад ва дар қисми нахусти он аз аҳволу ашъори Алишери Навоӣ маълумот меорад, ки ин дар асари худи Навоӣ набуд. Дар қисми дуюми маҷлиси нуҳум зикри латоифи 12 нафар «содоти уззом» омадааст. Дар қисми сеюм зикри латоифи 17 нафар «улумои ислом» омада, дар байни онҳо номи Насими Фархорӣ, Хоҷа Ҳашимӣ Бухороӣ ва Огаҳии Хуросонӣ мавҷуд аст. Дар қисми чоруму панҷум дар бораи 17 нафар уламову фузало, ҳамчун Ҳасаналии Ҳиротӣ, Лоиқи Самарқандӣ, Муҳаммади хандон маълумот додааст. Қисми шашуми иловаи Фахрӣ назар ба қисмҳои дигари равзаи нуҳум калон буда дар он зикри латоифи 117 нафар аҳли адаби «соири авом» омадааст, ки аз онҳо 67 тан ба мисли Ҳайдари кулчапаз, Файзии кордгар, Мирами сиёҳ аз шаҳру диёрҳои Хуросон будаанд [4, 75].
«Маҷолис-ун-нафоис» ин «Латоифнома»-и Фахрии Ҳиравӣ аст, ки асли нусхаи он мутааллиқ ба китобхонаи Ҳоҷи муҳаммади Нахҷувонӣ мебошад. Ин нусха ба хаттӣ настаълиқӣ хатти Ҳирот навишта шуда ва холи аз ғалатҳову афтодагиҳо нест. Ва дар ҳошияи он ба таври мутафариқ пораҳое аз «Туҳфаи сомӣ» нигоштаанд. Таърихи китобати он ба соли 992 ҳ. аст, ки 64 сол баъд аз таълифи аслии китоб тарҷума шудааст.
Ва чунон, ки гуфта шуд нусхаи дигар аз ҳамон тарҷума дар осорхонаи Британия мавҷуд аст, ки ба таърихи рамазони 965ҳ. яъне 37 сол баъд аз таълифи аслии он навишта шуда, мутаассифона дастраси ба он барои муҳаққиқ муяссар нагардид. Дар матни китоб ҳеҷ ишорае ба таърихи он тарҷума надорад. Вале чун муаллифи мазкур китоби худро ба номи Шоҳ Исмоил ибни Ҳайдари Сафавӣ мутаваллид ба 892ҳ. ваф. 930 ва писараш Соммирзои Сафавӣ 923-941ҳ. ва амирул умаро Дурмишхон, ҳадяи маҷлиси вазири Хуроосн Хоҷа Ҳабибуллоҳи Соваҷӣ намудааст дар ин байт ишора ба номи ӯ кардааст. Сипеҳри лутфу карам осафи Сулаймон ҷоҳ, Муҳибби Оли набию валийи Ҳабибуллоҳ [5, 27]. Ҳамчунин як фасли тамом дар хотимаи китоб махсус зикри Мирзо Шоҳ Ҳусайн вазир намуда ва китобро ба номи ӯ хатм кардааст.
Пас аз муқоисаи таворих аҳволи ин ашхос дар ин нукта маълум мешавад, ки чун ҳукумати Соммирзо дар Хуросон ва вуруди Дурмишхон ба Ҳирот дар соли 927ҳ. воқеъ шуда ва қатли Мирзо Камолиддин шоҳ Ҳусайни Исфаҳонӣ вазири аъзам шоҳ Исмоил дар соли 929ҳ. рӯй дода аст, аз ин қарор китоби «Латоифнома»-и Тарҷумаи Фахрии Ҳиравӣ дар соли 928ҳ. бояд таълиф шуда бошад. Асли ин тарҷума дар қиёс бо тарҷумаи Ҳакимшоҳи Қазвинӣ ба ибороти муншиёна ва бо сулосат анҷоми таҳрир ёфта ва баёнгари сухандонии муаллифи он аст. Ва изофаҳои бисёр аз тарафи мутарҷим ба асли «Маҷолис-ун-нафоис»-и турки васл шуда, илова бар он дар охири китоб фасли хоссе ба унвони маҷлиси нуҳум бо асл зиёдат сохтааст. Ва дар он феҳрист аз 189 нафар шоир ва гӯяндагоне, Мир Алишер исми онҳоро набурдааст зикр кардааст. Ӯ дар аввал шарҳи ҳоли муаллифи асар, яъне худи Мир Алишери Навоиро баён карда, инчунин аҳволи бисёре аз мардону бузургони таъриху маорифпарварони замони худро васф менамояд, ки дорои фавоиди бисёр буда зикр намудааст [6, 132].
Дар «Риёз-уш-шуаро»-и худ Волаи Доғистони чунин мефармояд: «Мавлоно Фахрӣ дар зуҳду вуруъ ягонаи замон ва дар тасаввуф нодираи даврон аст. Чанд маснавӣ дар риштаи назм кашида ва аз муосирини шоҳ Таҳмосаби мағфури мозӣ аст» [7, 68]. Тарҷумаи дигари «Маҷолис-ун-Нафоис» дар солҳои (925/1522-23) дар Истанбул аз ҷонибӣ Муҳаммад Ҳакимшоҳи Қазвинӣ сурат гирифтааст. Ҳакимшоҳ табиби шоҳи Туркия султон Салимхон (1512-1520) буд. Ӯ номи маҷлисҳои асарро ба биҳишт гардонидааст. Ҳафт биҳишти аввали асар мувофиқи завқи мутарҷим гоҳ мухтасар ва гоҳо бо иловаҳо тарҷума шудааст. Иловаҳои Ҳакимшоҳ дар шарҳи аҳволи адибони Ироқ бештар аст.
Аз хусуси аҳволу ашъори адибони Хуросону Мовароуннаҳр қадҳои мутарҷим чандон зиёд нест. Масалан ӯ ба шарҳи аҳволи Ҳилолӣ хеле кам илова дохил карда бошад, оид ба Дарвеши Деҳакӣ, ки аз вилояти Қазвин аст иловаҳои бисёр дохил кардааст. Ҳакимшоҳ Муҳаммади Қазвинӣ дар биҳишти панҷум ба зикри 19 тан аз амирзодаҳои Хуросон мепардозад. Ва аз ҷумлаи эшон Амир Давлатшоҳ ибни Фирӯзшоҳ аст, ки дар мавриди эшон чунин гуфтааст. «Писар амаки амир Алоуддавла асфарул аймани ва шарҳу азамат ва шавкати эшон бе поён аст ва эҳтиёҷ ба баён надорад.
Амир Давлат шоҳ амири хуштабъ, муаддаб ва фақир ва дарвеш машраб буд. Бо ихтиёр тарки аморат намуд ва фақру дарвеши ихтиёр фармуд. Ва ин матлаъ аз ӯст»: Матлаъ. Зиҳи аз офтоби оризат чашми ҷаҳон равшан, Нуҳ чашм он равшанӣ карда диламро хону мон равшан [8, 108].
Амир Ҳасани Ҷалоир- туфайлӣ тахаллуси ӯст ва амирул умаро ва соҳиби ихтиёр подшоҳи олампаноҳ буд, ва бисёр хуштабъ ва хушмашраб буд ҷавоне буд ва дар услуби қасида беназир ва паҳлавон, ва қасидаҳои хуби дилпазир ба номи подшоҳ Ҷаҳонгир султон Ҳусайни Ғозӣ дорад ва ин матлаъ яке аз онҳост. Матлаъ. Биҳамдиллоҳ, ки дигар раҳ ба иқболи шаҳи одил, Бурун омад гулам аз хор ва хор аз пову по аз гул. Ва дар мавриди хатми тарҷумааш Ҳакимшоҳ чунин мефармояд: санаи таърихие, ки барои ихтитоми он дар саҳифаи охир зикр шуда ин аст « ба гӯши малоики нуҳум ақди гавҳар», ки ҳамон соли 929ҳ. аз он истихроҷ мешавад.
Пас аз ин ки 33 сол аз таълифи «Маҷолис-ун-нафоис» гузашт Фахрии Ҳиравӣ онро дар соли 928ҳ. бо унвони «Латоифнома» ба забони форсӣ тарҷума карда ва баъд аз ӯ Ҳакимшоҳ Муҳаммади Қазвинӣ дуввумин тарҷумаи форсии онро дар соли 929ҳ. ба поён расонид [9, 54]. Аз ин рӯ маълум мегардад, ки тарҷумаи Фахри дар Ҳирот ва бо ин тарҷума тақрибан ҳар ду дар як замон анҷом гирифтааст. Ва ин тарҷума бар хилофи тарҷумаи Ҳирот, ки ба номи шоҳ Исмоили аввал аст, ба номи рақиб ва душмани ӯ яъне султон Салимхон мбни султон Боязидхон ибни султон Муҳаммадхон маъруф ба фотеҳи Масдар мебошад. ва мутарҷими он маъруф ба Муҳаммад ибни Мубораки қазвинӣ аст, ки чун дар дарбори султон шуғли табобатгарӣ дошта ба унвони Ҳакимшоҳ маъруф будааст. Дар нусхаи Теҳрон, ки зоҳиран ғалат ба назар меёбад номи ӯро бо ин тартиб сабт кардааст: «Шоҳ Муҳаммад ибни Ҳоҷи Муборакшоҳ алмутаттиб» ва дар нусхаи Исломбул, ки муътабар ва мавсуқ аст чунин омада: «ибнал Муборак Муҳаммадул Қазвинӣ алмадъу биҳаким» [6, 409].
Ва ин мутарҷим низ мисли Фахрии Ҳиротӣ як фасл бар асли китоб афзудааст, яъне фаслҳои китобро ба ҳафт биҳишт тақсим намуда ва тарҷумаи маҷлиси ҳаштумро, ки муштамил бар зикри аҳволи Султон Ҳусайни Бойқиро аст ба нақли мухтасаре аз аҳволи ӯ дар маҷлиси ҳафтум иктифо намудааст. Ва тамоми ашъори туркии ӯро ҳазф намуда ва дар ифаз фаслеро, ки худ изофа карда, биҳишти ҳаштум номида аст. Ва онро ба ду равза тақсим карда: Равзаи аввал: дар зикри шуарои мозӣ қабл ааз замони Султон Салимхон. Равзаи дуввум дар зикри Султони мазкур ва шуарои дарбори ӯ.
Дар қиёс ба тарҷумаи Фахрӣ равзаи аваал бештар аз Баҳористони Ҷомӣ иқтибос шуда ва дар бештари маридҳо матлабҳо ва ашор роинан аз он китоб нақл намуда ва зоҳиран қадру қиммати таърихии муҳиме надорад, инчунин дар бисёре аз мавридҳо ба иштибошҳот ва саҳвҳои ғариб дучор шудааст. Илова бар он муқоисаҳи дигар бо тарҷумаи Фахрӣ ин изофа дар тарҷумаи матн ва илҳоқоте дорад, ки онҳоро низ дар ҳадди худ бисёр нофеъ ва қиммат мебошанд. Аз ҷумла дар биҳишти шашум зикри чиҳил тан аз шуарои Ироқ ва Озарбойҷонро намуда аст, ки дар аҳди салтанати Султон Яъқуб ва дар дарбори ӯ мезистаанд, ки онро низ бар асли туркии «Маҷолис-ун-нафоис» изофа кардааст. Ва аз он ҷумла шарҳи ҳоли нисбатан муфассале аз Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад Давони олими бузург, ки дар нимаи охири асри нуҳуми ҳиҷрӣ мезист ва устоди худи мутарҷим буд овардааст.
Дар муқоиса бо сабки иншои тарҷумаи Фахрии Ҳиравӣ тарҷумаи Ҳакимшоҳи Қазвинӣ ба фасоҳат ва равонӣ баробар нест. Балки он бо зебогии ҳамоҳангӣ дар матн, салосатро (равонӣ сода) надошта инчунин пойбанди санъатҳои бадеии асар ва ҷинсҳои калима ба шакли сохтакорона ва маҷбурӣ инъикос ёфта, таъсири луғати муҳити ӯро дар ибороти форсии вай зоҳир месозад. Аз гуфтаҳои боло чунончӣ маълум мегардад Мир Алишери Навоӣ шахсияти сиёсӣ, адабӣ ва таърихии мумтоз буда ҷойгоҳ ва нуфузи арзандаи худро дар фарҳанги тоҷику форс ва ақвоми туркон гузоштааст. Дар робита бо тарҷумаи Ҳакимшоҳи Қазвинӣ нисбат ба Фахрии Ҳиравӣ тасҳеҳи Ҳикмат аз он ихтилофот чашмгирӣ бо асли матни туркии «Маҷолис-ун-нафоис» дорад.
Тафовути дигар Қазвинӣ дар баъзе ҷойҳо ҷузъе аз номи мушаххасоти шоиронро ҳазф карда ва гоҳе тарҷумаи ӯ шомили бахши тарҷумаи ҳоли онон нест. Баъзе аз байтҳои шоирон низ дар тарҷумаи Қазвинӣ ҳазф шудааст. Ҳамон тавр унвонҳои теъдоде аз шоирон ҳамроҳ бо шарҳи аҳволи онон дар матни тарҷума сабт нашудааст. Қазвинӣ дар муқоиса бо тарҷумаи Фахри гоҳе лақабҳоеро ба мушаххасот баъзе шоирон изофа кардааст ва гоҳо иттилооти тоза ба шарҳи аҳволи онон афзуда аст. Байтҳое низ дар тарҷумаи Қазвинӣ вуҷуд дорад, ки ҷузъи изофаҳои мутарҷим аст ҳамон гуна, баъзан шоироне ҳам муаррифӣ ва шарҳи аҳволи онҳо ба матни тарҷума изофа шудааст. Хусуияти фарқкунандаи тарҷқмаи Қазвинӣ ин дар ихтилофоти матлабҳои ӯ ба матни турки аст. Ӯ дар шарҳи аҳвол ва абёти шоирон гоҳо чандон озодона даст ба тарҷума зада аст, ки матлаби ӯ ба матн асли китоб ихтилоофоти бисёре дорад.
Фахрии Ҳиравӣ дар тарҷумааш 16-тан аз шоҳону салотини шоирро зикр намудааст, аммо Ҳакимшоҳи Қазвинӣ 6- тан аз эшонро дар тарҷумааш ҳазф намудааст, ки онҳо Абубакр Мирзо, Султон Искандари Шерозӣ, Султон Ҳаким, Султон Аҳмад мирзо, Бойқиро Мирзо ва шоҳ Ғариб Мирзо мебошанд.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 6 (99) том 2
Ссылка для цитирования:
МУҚОИСАҲОИ САБКӢ ВА МАЪНАВИИ ТАРҶУМАҲОИ «МАҶОЛИС-УН-НАФОИС»: ТАҲЛИЛИ «ЛАТОИФНОМА» - И ФАХРИИ ҲИРАВӢ ВА ТАРҶУМАИ ҲАКИМШОҲИ ҚАЗВИНӢ // Журнал «Вестник науки» от 14 июня 2026 г. № 6 (99) том 2. С. 1202 - 1210. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/31810 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/31810
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
