Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 14 июня 2026 г.
  4. Научная статья № 173
Просмотры  11 просмотров

АРЗИШҲОИ ҲАЁТИ ИНСОНӢ ДАР РУБОИЁТИ УМАРИ ХАЙЁМ ВА ОСОРИ ИЛЁ АБУМОЗӢ

Аннотация: дар мақолаи мазкур арзишҳои ҳаёти инсонӣ дар рубоиёти Умари Хайём ва осори Илё Абумозӣ мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Муаллиф бо такя ба усули таҳлили муқоисавӣ ба баррасии мавзуъҳои асосии эҷодиёти ин ду шоири барҷаста, аз ҷумла нопойдории дунё, бевафоии зиндагӣ, шодмонӣ ва ғанимат донистани умр мепардозад.Дар ҷараёни таҳқиқ муайян карда мешавад, ки ҳар ду шоир, сарфи назар аз фарқиятҳои замонӣ ва муҳити иҷтимоӣ, дар баёни арзишҳои ҳаёт дидгоҳи муштарак доранд. Умари Хайём бо истифода аз рамзҳо ва тасвирҳои фалсафӣ, ба мисли «кӯза» ва «май», нопойдории олам ва фонӣ будани инсонро ифода менамояд. Дар навбати худ, Илё Абумозӣ ин маъниҳоро тавассути образҳои табиат, аз ҷумла паранда ва ситора, бо сабки романтикӣ баён мекунад.Ҳамчунин дар мақола таъсири афкори фалсафии Хайём ба эҷодиёти Абумозӣ нишон дода шуда, робитаи маънавии миёни ин ду шоир равшан мегардад.Таъкид мешавад, ки ҳар ду адиб инсонро ба шодмонӣ, дурӣ аз ғаму андӯҳ ва истифодаи самараноки ҳар лаҳзаи зиндагӣ даъват мекунанд.Дар натиҷа, муаллиф ба хулосае меояд, ки арзишҳои ҳаёти инсонӣ дар осори ин ду шоир бар пояи дарки нопойдории дунё ва зарурати ғанимат донистани умр бунёд ёфта, дорои аҳаммияти умумиинсонӣ мебошанд.

Ключевые слова: Умари Хайём, Илё Абумозӣ, нопойдории дунё, шодмонӣ, ғанимат донистани умр, рубоиёт, фалсафа.

МУҚАДДИМА. Адабиётшинос њангоми омўзиш ва тањќиќи масъалањои мухталифи пайвандњои адабї, пеш аз њама ба омилњои дохилї ва берунии љараёни адабї рў ба рў мешавад. Њодисањои мазкури адабї бо вуљуди хусусиятњои вижаашон љињатњои умумии пурќуввате низ доранд, ки барои муайян намудани шаклњои равобити адабї ва зуњурёбии онњо наќши љиддие мебозанд. Ин равандро адабиётшиносон В.М. Жирмунский, Д.С.

Лихачев, В.Г. Рейзов дар мисоли адабиёти рус ва иртиботи он ба адабиёти хориљї ва халќњои дуру наздик омўхта, хизмати шоиста анљом додаанд. Донишманди муосири араб Љурљи Сайда дуруст ќайд мекунад, ки њиљрати шоир аз Миср ба Амрико ва дур буданаш аз дунёи адаб дар љодаи камоли шоирии Илё Абумозї таъсири амиќ гузоштааст. Илова ба ин, дар рушду такомули шахсияти шоир дар њавзаи шеъру шоирї кумаки шоён намуда, ба ин далел, ки ў аз таќлиди шоироне чун Борудї, Сабрї, Шавќї ва Њофиз Иброњим дурї љуста, дар шеъраш руњи тозае дамида буд.

Зеро дар ин давра Илё Абумозї ќасидањои баланде чун «Фалсафаи њаёт»-ро таълиф кард, аз як тараф, тањаввулоти бузург дар ин марњалаи эљодиёташ буд, аз тарафи дигар, дар радифи шуарои мактаби адабии «Мањљар» ба унвони яке аз шоирони мумтоз шинохта шуд. Абумозї дар тамоми осораш аз ду сабки комилан зебо истифода бурда: 1) дар оѓози эљодиёташ ба таќлид аз гузаштагон шеър мегуфт, 2) пас аз пайвастан ба «Робитаи ќаламї» марњилаи баъдии эљодиёти шоир оѓоз шуда, ў бештар ба мактаби романтизм таваљљуњ кардааст. МАВОДҲО ВА МЕТОДҲО. Асосии сарчашмаи маводи мақола «Рубоиёти Хайём» (бо забони асл) ва «Девонњо»-и Илё Абумозї мебошад.

Дар канори он, љињати ќиёс тарљумањои арабии рубоиёти Хайём мавриди бањрабардорї ќарор гирифтанд. Ба шумори муњимтарин сарчашмањои тањќиќ китобњои «Рубоиёти Хайём (ба чор забон тољикї-форсї, русї, ўзбекї, англисї)»-и У. Назир, «Шинохти рубоиёти Умари Хайём»-и Г. Сафиева ва девони Илё Абумозї ва ѓайра шомил гардидаанд.

Дар мақола мавзуи арзишњои њаёти инсонї дар рубоиёти Умари Хайём ва осори Илё Абумозї аз рӯйи методи таҳлили муқоисавӣ баррасӣ гардидааст. Асосњои методологии ва назариявии мақоларо дастовардњои илмии донишмандони ховаршинос ва адабиётшиносони ватанию хориљї, ба монанди Љ. Зайдон, Ш. Зайф, М.

Ас-Сибої, Љ. Аз-Зањовї, А. Ан-Наљафї, С. Њидоят, А. Мирзоев, М.

Султонзода, Ќ. Восеъ, М. Муллоањмадов, Т. Мардонї, Н.

Зоњидї, А. Абдусаттор, С. Муњаммад, Б. Ас-Содот Њиљозї ва дигарон ташкил медиҳад.

Объекти тањќиќ - объекти асосии тақиқии мақола тањлили ќиёсї ва баррасии мавзуии арзишњои њаёти инсонї дар рубоиёти Умари Хайём ва осори Илё Абумозї мебошад. Дар тўли таърих камтар ба чашм мерасад, ки осори гуногуни эљодкорон бидуни њељ таъсирпазирї аз замонаи онон падид омада бошанд. Умари Хайёми Нишопурї низ аз ин доира берун нест. Ў низ монанди бисёре аз андешамандони дигар тањти таъсири љараёнњои фикрии рўзгори худ будааст. Забењуллоњи Сафо дар баёни авзои он давра менависад: «Мардумони он давра, мардумоне мутаассиб дар аќоид ва дар нашри мазњаби худ сахтгир ва нисбат ба касоне, ки аз аќоидашон пайравї намекарданд, бисёр сахтгирї менамуданд.

Ба њамин сабаб бо тасаллути онон сиёсати динии хосе дар Эрон роиљ шуд. Дар ањди тасаллуташон басе аз мафосид ва маойиби ахлоќї дар миёни мардум пањн шуд, ки мардум аз ин нобасомонињо ранљидахотир буданд. Њамин боис шуду мардум аз ин вазъ интиќод карданд»[12, с. 170]. Илова бар он, авзои ногувор таъсири бисёр бад ба хирадмандоне чун Умари Хайём расонд, чунонки бисёре аз эшон ногузир аќоиди худро беш аз гузашта бо орои ањли мазоњиб биёмезанд. Ян Рипка дар тањлиле аз авзои сиёсї ва иљтимоии ин давра чунин изњори аќида дорад: «Дар ин давра њар чизе зудгузар ва нопойдор пиндошта мешуд ва бузургон ногањон ќурбони одамкушони беному нишон мешуданд.

Эътиќодњои куњна љойи худро ба боварњои нав медоданд, аширањои кўчнишин аз сарзаминњои ношинохта ба маркази тамаддун њуљум мебурданд. Фарњанги куњани Эронро ба оташ мекашиданд. Умари Хайём, ки аз ин авзоъ осї шуда буд, натавонист ба дарки иљтимоии худ тањќиќи инќилобї бибахшад. Равобити иљтимоии он рўзи Эрон бенињоят равшан буд, табаќае, ки дар воќеъ Умари Хайём намояндаи идеологии он ба шумор мерафт, метавонист муддаии наќши инќилобї бошад.

Аммо сармояи бозаргонї ва равобити колої, пулї, ки Умари Хайём мебоист ба он такя кунад, дар асл дўстї бо феодолизмро ба унвони як њадафи мушаххас надошт, чунин аст, ки манфиатгарої дар љањонбинии Умари Хайём падид ояд» [14, с. 299]. Аз назари сиёсї низ бояд гуфт, ки Нишопур сањнаи љангњои хунин миёни силсилањои гуногун, чун салчуќиёну ѓазнавиён ва низ ќатлњои берањмонаи сиёсї ба дасти исмоилиён ва тадриљан решакан шудани фарњанги зардуштї буд. Дар њаќиќат, баъзе муњаќќиќон муътаќиданд, ќарне, ки Умари Хайём дар он мезист, ќарни ошўбњои сиёсї ва иљтимої будааст ва бешубња ин шароит дар шаклгирии андешаи Умари Хайём таъсиргузор будааст. Монанд ба ин шароит дар замони Илё Абумозї дар сарзамини Лубнон низ, ки тањти султаи императори усмонї буд, бисёр шадидтар ба чашм мерасид, чаро ки ин кишвар, ба далели парокандагии нажодї ва вуљуди мазоњиби гуногун имконияти муносибе барои фурўзон шудани шуълањои љанг буд.

Вуљуди фирќањои мухталиф аз тарафи дигар, зарурати дахолат кардани ќудратњои љањонї шуда буд ва њар як аз кишварњои муќтадир ба бањонаи њимоят аз гурўњи хос дар авзои дохилии Лубнон дахолат мекарданд. Дар воќеъ, бояд гуфт, ки моњи рабеъ-ул-охири ќарни нуздањум мутобиќ ба 1889 м., яъне њамзамон бо таваллуди Абумозї кишвари Лубнон тањаввулоти муњиммеро шоњид буд. Метавонем ин давраро давраи ќавмиятњо ва нањзати миллатњо таъриф намоем, зеро ки инсон дар пайи талош барои исботи вуљуди худ ва ибрози шахсияти худ баромада буд. Ба њар њол бояд гуфт, ки мардуми Лубнон бо шароити сиёсї - иљтимоии сахте њамчун љангњои дохилї ва муњољират рў ба рў буданд.

Табиатан ин шароит дар нигориши онон ба бархе масоил, аз љумла зиндагї наќши муассире доштааст. НАТИЉАЊО. Бевафоии дунё беш аз њар мавзуи дигаре зењни Умари Хайёмро ба худ машѓул намуда, бахши муњимми рубоиёташро ин мавзуъ ташкил додааст. Ин мавзуъро наметавон дар танњої баррасї кард.

Барои тањлили он шоир аз вожагону мавзуъњое, ки ба он иртибот доранд, ба тасвир мегирад. Барои мисол, вожаи «кўза», ки дар дохили он май нигањ дошта мешавад ва май василаи хушгузаронии умр аст, аз хок сохта шудааст. Ва дар як муддати муайян ин кўза метавонад шиканад ё дар зери барфу борон боз ба хок мубаддал шавад. Хайём мегўяд дар дунё њеч чизе нест, ки абадї боќї монад, њатто кўза низ дар оташ пухта мешавад, дар раванди рўзгор боз метавонад ба асли худ баргардад[11, с. 245].

Чунончи: Аз кўзагаре кўза харидам боре, Он кўза сухан гуфт зи њар асроре. Шоње будам, ки љоми зарринам буд, Акнун шудаам кўзаи њар хамморе [1, с. 352]. Хайём дунёро чизе љуз хобу хаёл ва афсона намедонад: Шодї маталаб, ки њосили умр дамест, Њар зарра зи хоки Кайќубодеву Љамест. Ањволи љањону балки гетї яксар, Хобеву хаёлеву фиребеву дамест [1, с. 25].

Ва дар љойи дигар чунин сурудааст: Дар пардаи асрор касеро рањ нест, З-ин таъбия љони њеч кас огањ нест. Љуз дар дили хоки тира манзилгањ нест, Май хўр, ки чунин фасонањо кўтањ нест [1, с. 188]. Ин мафњум дар ашъори Умари Хайём то ба он андоза ањаммияти муњим дорад, ки зењни ўро њамвора ба худ машѓул доштааст. Якчанд ба кўдакї ба устод шудем, Якчанд ба устодии худ шод шудем. Поёни сухан шунав, ки моро чї расид, Аз хок даромадему бар бод шудем [2, с. 31].

Алиризо Заковатї масъалаи мазкурро мавриди баррасї ќарор дода, ба ин натиља мерасад, ки: «Таъкиди Умари Хайём дар баъзе сурудањояш бар бесуботии олам, гувоње бар њаќиќат танњо мављуди љовид, яъне Худованд аст» [13, с. 127]. «Бевафоии дунё» аз љумлаи мавзуъњои мутадовили адабиёт аст. Аз ашъори њар шоир аз њар халќу нажод метавон порае ёфт, ки ба ин мавзуъ бахшида шуда бошад. Ва дар ашъори шоири Илё Абумозї низ ба мушоњида мерасад.

Воќеан, Илё Абумозї ин мазмунро бо таъсирпазирї аз фалсафаи Умари Хайём иброз намудааст, ки он яке аз мењварњои асливу асосии мавзуї дар сурудањои Њакими Нишопур аст. Абумозї низ дар ашъори хеш бо зарофати хос ин матлабро ба тасвир кашида, барои баёни бевафоии дунё ба таври мустаќим вориди мавзуъ нашуда, балки парандагонеро мисол меорад, ки бо вуљуди дардњои бисёр, чун љароњат ва кушта шудан ба василаи сайёд ва ё шикор шудан тавассути паррандагони ќавитар боз наѓмасарої мекунанд ва ба кўтоњии умрашон ањаммият намедињанд. Пас шоир бо тамсил аз инсонњо даъват мекунад, ки ба зиндагии бевафои ин дунё дил набанданд, чун оќибат ба хок бармегарданд. تَتَغنَّى والصقر قد ملك الجوَّ عليها والصائدون السبيلا. تتغنى عمرها بعض عام أفتبكى وقا تعيش طويلا. اُطلُب اللَّهو مثلما تطلبُ الأط يارُعند الهجير ظِلاً ظَليلا. أنت لأرض أولا وأخيرا كنت ملكا أو كنت عبدا ذليل [11, 355]. (Тарљума: парандагон дар њоле, ки шоњинњо дар осмон бар онњо бастаанд, боз наѓмасарої мекунанд.

Бо ин ки умрашон зиёд нест, боз наѓма месароянд. Пас, ту эй инсон, дар њоле ки дар ин замон, ки зиндагї мекунї, чаро зорї мекунї? Бинобар ин, аз пайи хушї бош, њамон гуна, ки парандагон дар ављи гармо дар љустуљўй сояе пойдоранд. Ту, эй инсон, чї фармонраво бошї ва чи бандаи таслим ин замин муддате аз они туст.).

Ин шоири барљастаи араб муътаќид аст, ки њамаи махлуќот фанопазиранд ва дунё вафо надорад, ба инсон хитоб мекунад, ки ту ба мисли ситораи осмон њастї, ки њамеша дурахшу равшан њастї, вале аслан аз фанопазирї дар хатар нестї. لا خُلودٌ تحت السماءِ لِحىِّ فلماذا تُراودُ المُستحيلا. كلُّ نجمٍ إلى الافول ولكن آفة النجم أن يخاف الأُفولا [11, 355]. (Тарљума: дар зери осмон, љовидонагї барои њељ зиндае ёфт намешавад, пас чаро амри мањолеро талаб мекунї? Њар ситорае ѓуруб хоњад кард, вале офати ситора дар ин аст, ки аз ѓуруб битарсад.). Дар њаќиќат, шоир дар ин љо ба љовидонхоњии инсон дар ин дунё эътироз мекунад ва ин амрро барои ў амри ѓайримумкин медонад. МУҲОКИМАҲО.

Бар асоси он чи дар оинаи ашъори ин ду шоири барљаста мушоњида гардид, њар ду шоир ба мафњуми нопойдории дунё таъкид намуда, онро ба яке аз мавзуъњои асосии шеъри худ ќарор додаанд. Дар натиљаи муќоисаи ин ду пора шеър маълум мегардад, ки Илё Абумозї шеъри худро дар зери таъсири Умари Хайём сурудааст. Њар ду шоир дар баёни мафњуми нопойдорї ва фонї будани инсони хокї, аз ноумедї дар сурудањои худ бањра бурдаанд. Масалан, тамсили парандагони заифу нотавон ва ё ситорае, ки ба ѓуруб рў меорад, дар шеъри Абумозї ва низ кўза, ки намуди инсони хокї аст, дар шеъри Умари Хайём, нишонгари заволи умри инсонњо ва зиндагии кўтоњи онњо мебошад. Тавсифњое, ки њар як аз ин ду шоир дар шеъри худ аз он истифода кардаанд, гўиё њама гузаро будани љањони моддї ва нопойдории онро нишон медињанд.

Аз ин рў, ин ду шоири озодандеш ба хонандаи худ илќо мекунанд, ки аз ин умри дурўза аз лаззатњои љањон, неъматњои дунявї ва ѓанимат шумурдани рўзњои бебозгашти умр бањра баранд ва хешро ба ѓаму кулфат мубтало насозанд. ХУЛОСА. Аз он чи гуфта шуд дармеёбем, ки ин ду шоир шодмонї ва фарањмандї аз лаззатњои зиндагониро, зербинои андешаи худ ќарор додаанд. Ин мазмун яке аз мењваритарин андешањои шеъри онњо ба шумор меояд.

Шодмониву хурсандї ва хушњолї ва фаромўш кардани гузашта ва бањрамандї аз имрўз, аз вижагињои муштараки сурудањои њар ду шоир мебошад. Бо ин њама, чунин ба назар мерасад, ки сохтори шеъри Абумозї ќувват ва истењкоми сурудањои Умари Хайёмро надорад. Шояд ин амр аз он љињат бошад, ки Абумозї њамчун Умари Хайём нигоришњои амиќи фалсафї ва ирфонї нисбат ба масоили мухталиф, аз љумла дунё ва њаќиќати вуљуд, надоштааст. Фалсафаи Умари Хайём барои шодмонї, бањрагирї аз май ва маъшуќа мебошад.

Аммо Абумозї бештар ба рўй овардан ба табиат, ки аз шохањои мактаби романтик мебошад, такя намудааст.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 6 (99) том 2


Ссылка для цитирования:

Сайфуллоев М.Ҳ. АРЗИШҲОИ ҲАЁТИ ИНСОНӢ ДАР РУБОИЁТИ УМАРИ ХАЙЁМ ВА ОСОРИ ИЛЁ АБУМОЗӢ // Журнал «Вестник науки» от 14 июня 2026 г. № 6 (99) том 2. С. 1487 - 1495. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/31841 (дата обращения: 29.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/31841



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2026.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.