НАЗАРЕ БА АЛОҚАМАНДИИ ЗАБОН ВА НУТҚ
Аннотация: дар мақола дарҷ гардидааст, ки муайян намудани алоқамандии забон ва нутқ яке аз масъалаҳои муҳими илми забоншиносӣ маҳсуб меёбад. Муаллиф овардааст, ки ба андешаи як гурӯҳ олимон забон ҳодисаи биологӣ, равонӣ, синфӣ, гурӯҳӣ маҳсуб меёбад, аммо аксарияти донишмандон забонро ҳодисаи иҷтимоӣ мешуморанд, ки андешаи онҳо то андозае дуруст аст, зеро, дар ҳақиқат, забон ҳодисаи иҷтимоӣ буда, бо пешрафти ҷомеа рушд ва тараққӣ менамояд.Дар мақола оварда шудааст, ки яке аз хусусиятҳои барҷастатарини забон аз насл ба насл гузаштани он маҳсуб меёбад. Одамон забонро аз ҷомеа меомӯзанд, на ба таври ирсӣ. Бо тағйироти ҷомеа забон низ тағйир меёбад.Ҳамин тариқ, дар мақола хулосабандӣ шудааст, ки забон моли халқ аст, вале нутқ фардӣ. Забон ва нутқ бо ҳам алоқамандии зич доранд. Забон низоми умумии воситаҳои муошират аст, нутқ бошад истифодаи амалии ҳамин низом дар фаъолияти ҳаррӯзаи инсон. Забон ва нутқ аз ҳам ҷудонашаванда буда, яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад.
Ключевые слова: забон, нутқ, ҷомеа, инсон, барандагони забон, фаъолияти нутқ, нутқи шифоҳӣ, хусусияти забон, хусусияти нутқ.
Дар мақолаи мазкур хусусиятҳои асосии забон ва нутқ муайян карда шуда, алоқамандии онҳо нишон дода шудааст. ин масъалаест, ки солҳои дароз боиси баҳси олимон гаштааст. Гарчанде то айни замон андешаҳои гуногун роҷеъ ба масъалаи мазкур вуҷуд дошта бошад ҳам, аммо ба назари мо он андешаҳо фарогири тамоми ҷанбаҳои мавзуи мазкур буда наметавонад. Албатта, бояд зикр намуд, ки забон бо пешрафти ҷомеа рӯ ба рушд ниҳода, дар он масъалаҳои тоза ва нав пайдо шуданд. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои рушди забон шароити мусоид фароҳам оварда шуд [1,с.3].
Пеш аз оне ки ба сари мақсад оем, бояд аввал муайян намоем, ки забон чист? Он кадом вазифаҳоро адо менамояд? Фарқи забон аз нутқ дар чӣ зоҳир мешавад? Чаро забон ин маҷмуъ ва низоми аломати ягонаи муошират ба ҳисоб меравад?
Забон ин моли халқ аст. Нутқ бошад, нишонаи ягонаи муттасили муоширатест, ки дар асоси маводи мушаххаси забонии барои алоқа истифодашаванда ба зуҳур меояд. Чӣ тавре ки дар боло зикр намудем, муайян намудани моҳияти забон яке аз масъалаҳои муҳими илми забоншиносӣ маҳсуб меёбад. Ба андешаи як гурӯҳ олимон забон ин ҳодисаи биологӣ мебошад.
Гурӯҳи дуюми олимон дар он андешаанд, ки забон ҳодисаи равонӣ аст. Гурӯҳи сеюм забонро ҳодисаи синфӣ ва гурӯҳи дигар ҳодисаи нажодиву авлодӣ мешуморанд [8,с.176]. Ба ақидаи забоншиносон М. Норматов ва Ф.
Зикриёев забон на ҳодисаи биологӣ на равонӣ, на синфӣ ва на нажодиву авлодӣ аст. Онҳо ба мисли дигар олимони забоншинос забонро ҳодисаи иҷтимоӣ мешуморанд, ки андешаи онҳо то андозае дуруст аст, зеро, дар ҳақиқат, забон ҳодисаи иҷтимоӣ буда, бо пешрафти ҷомеа рушд ва тараққӣ менамояд. Бо пешрафти ҷомеа дар таркиби луғавии забон ғарам-ғарам вожа ворид гашта онро боз ҳам ғановатмандтар менамоянд. Забон воситаи муоширати одамон аст.
Бе ҷомеа ва муносибатҳои байни одамон забон вуҷуд дошта наметавонад. Яке аз хусусиятҳои барҷастатарини забон аз насл ба насл гузаштани он маҳсуб меёбад. Одамон забонро аз ҷомеа меомӯзанд, на ба таври ирсӣ. Бо тағйироти ҷомеа забон низ тағйир меёбад.
Бо пешрафти илм, техника ва фарҳанг калимаҳои нав пайдо мешаванд ва баъзе калимаҳо аз истифода мебароянд. Дигар хусусияти барҷастаи он ба ҳамаи аъзои ҷомеа хизмат кардани он маҳсуб меёбад. Забон барои мубодилаи афкор, дониш, эҳсосот ва таҷриба истифода мешавад. Ҳамин тариқ, забонро барои он ҳодисаи иҷтимоӣ меҳисобанд, зеро он маҳсули ҷомеаи инсонӣ буда, барои муошират ва ҳамкории одамон хизмат мекунад ва берун аз ҷомеа вуҷуд дошта наметавонад. Чӣ тавре дар боло зикр намудем, яке аз васифаҳои асосии забон воситаи муоширати одамон будани он маҳсуб меёбад, Роҷеъ ба ин масъала муҳаққиқ Г.З.
Абдуллоева диду нигоҳи худро баён намудааст: «Гарчанде солҳои дароз ҷумлаи «забон воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон», ки ин вазифаи забонро В.И. Ленин муайян намудааст, барои баррасии таърифи забон хизмат намуда бошад ҳам, аммо бо мурури замон диду нигоҳи муҳаққиқону олимон оид ба масъалаи баррасии истилоҳи «забон» дигар гашт» [2, с.3]. Дар айни замон андешаҳои олимон роҷеъ ба забон хеле зиёд ба мушоҳида мерасад, ки ба назари мо ҳар яке аз онҳо моҳияти худро доранд. Дар ҳақиқат, ҳар як муҳаққиқ ва донишманде, ки ба ҳалли ин масъала даст задааст, забонро ба таври худ шарҳу тавсеҳ додааст.
Масалан, дар китоби пурарзиши «Забони миллат- ҳастии миллат» Пешвои муаззами миллат забонро чунин тафсир намудаанд: «Забон дар маҷмуъ як қисмати муҳим ва ё ба ибораи дигар як бахши нигорандаи таърихи халқи мо буда, оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи халқи тоҷик бо ҳама шебу фарози он инъикос ёфтааст»[13,с.13]. Ин андешаҳо сад дар сад дурустанд, зеро дар забон, дар ҳақиқат, роҳи дуру дарози тайкардаи халқи тоҷик бо ҳама шебу фарози он инъикос ёфтааст. Бояд зикр кард, ки намояндагони илми забоншиносӣ забонро ба забони адабӣ ва лаҳҷаву шеваҳо ҷудо менамоянд, ки ин мафҳумҳоро низ олимон ба таври худ шарҳу эзоҳ додаанд. Масалан, забоншиноси варзидаи тоҷик Ҳ.
Маҷидов ибораи «забони адабӣ»-ро чунин таъриф додааст: «Забони адабӣ аз дастовардҳои муҳимтарини ҷомеаи мутамаддин маҳсуб меёбад. Истифодаи мунтазами он дар риштаҳои мухталифи хоҷагидорӣ, иқтисодиёт ва маишати ҳамарӯзаи мамлакат аз маърифат, фарҳанг ва завқи баланди аҳли он ҷомеа дарак медиҳад [7,с.3]. Забони адабиро ворисони забон дар риштаҳои гуногун истифода менамоянд. Он дорои меъёрҳое, мебошад, ки аз тарафи ворисони он қабул гардидаанд.
Инчунин, яке аз меъёрҳои асосии забон, пеш аз ҳама, сода ва оммафаҳм будани он маҳсуб меёбад. Ҳанӯз дар даврони худ устод Айнӣ дар бобати ин масъала андешаи худро чунин баён намуда буд: «Мо тарафдори забони содаи тоҷикӣ ҳастем»[5,с.112]. Ин суханони устод Айнӣ дорои фалсафаи худ мебошанд, зеро яке аз хусусиятҳои барҷастатарини забон ин содагии он мебошад.Забон бояд ба ворисонаш мушкилиро пеш наорд. Дар ин маврид метавонад суоле пайдо шавад. Чӣ тавр метавонад, забон барои ворисонаш ҳангоми аз худ кардан, мушкилиро пеш орад, дар ин маврид мо иддае аз забонҳоро метавонем ҳамчун намуна орем.
Албатта, ҳамчун мисол забони чиниро овардан хеле бамаврид аст, зеро ин забон аз 10- то шева 52-то лаҳҷа ва зиёда аз 7-8 ҳазор иероглиф иборат аст, ки онҳо барои азхуд намудан ба ворисонаш мушкилиҳоро пеш оварда метавонад. Чӣ тавре дар боло зикр намудем, забон бо гузашти айём рушду такомул ёфта, ҳамеша дар тағйирот аст. Забон танҳо дар фаъолияти одамон такмил ёфта, азхудкарда мешавад [4, с.13]. Забон барои ин ки чу алмос буррову чун теѓи куњан корхурда бошад, бояд мудом хизмати мардумро ба љо оварад ва њама мушкилоти ўро дар мубодилаи афкор осон кунад, вале мардум њам аз забони модарии худ бехабар набошанд, њамеша ба омўхтану такмили он бикўшанд, то худ бишносанд ва ба сўйи маърифат, маънавият ва тараќќиёти њаёти љамъият рањсипор гарданд [6, с.3]. Ҳамин тавр, бояд дарҷ намуд, ки моҳияти забон бисёрҷанба аст, бинобар ин ҳар як муҳаққиқ вобаста ба назария, мақсад ва самти таҳқиқоти худ онро ба таври хос тавсиф кардааст.
Пеш аз оне ки моҳияти забон ва нутқро муайян намоем, вазифаҳои муҳими нутқро бояд донем. Масъалаҳои асосии забоншиносӣ ба сохтор ва фаъолияти забон алоқаманданд. Дар тули асрҳои зиёд, намояндагони илми забоншиносӣ кӯшиш кардаанд, ки ба саволҳои забон чист? чӣ гуна инкишоф меёбад? нутқ чист? ва ғайраро пурра шарҳ диҳанд. Бо вуҷуди рушди босуръати илми забоншиносӣ забоншиносон натавонистанд масъалаҳои марбут ба забонро пурра дарк ва ҳал кунанд.
Тибқи таърифи умум қабулшуда, забон як системаи аломатҳоест, ки шакли хаттиро бо мундариҷаи семантикӣ алоқаманд мекунад. Нутқ, дар навбати худ, як шакли таърихан инкишофёфтаи муошират байни одамон аст. Фердинанд де Соссюр яке аз аввалин олимоне буд, ки пояи назарияи умумии забонро гузоштааст. Ӯ ҳама равандҳои суханронӣ ва гӯш карданро зери як истилоҳи умумӣ муайян кард: фаъолияти нутқ. Дар доираи маҷмуи равандҳои нутқ, ӯ ду ҷанбаи қутбиро муайян кард: забон ва нутқ.
Ба андешаи ӯ, забон ҷузъи асосии фаъолияти нутқ аст. Гарчанде ки он танҳо бо конвенсияҳои зарурии қабулшуда дар ҷомеа ифода карда шавад ҳам, вале бе забон фаъолияти нутқ ғайриимкон аст. Забон мисли луғат буда, бе азхуд кардани он муоширати шифоҳӣ ғайриимкон мегардад. Забон як системаи лексикӣ ва грамматикӣ аст, ки дар зеҳни одамони мансуб ба як ҷомеа вуҷуд дорад.
Нутқ, дар навбати худ, амали истифодаи забон барои ифодаи андешаҳои инсон аст. Забон ва нутқ бо ҳам зич алоқаманданд. Аз як тараф, забон барои фаҳмо будани нутқ зарур аст. Аз тарафи дигар, таърихан нутқ ҳамеша пеш аз забон буд.
Ин маънои онро дорад, ки рушди забон дар нутқ инъикос меёбад ва нутқи зинда шаклест, ки нутқ вуҷуд дорад ва инкишоф меёбад. Бо вуҷуди ин, Фердинанд де Соссюр қайд кард, ки забон ва нутқ мафҳумҳои мухталифанд. Муқобилиятҳои муҳимтарин байни забон ва нутқ инҳоянд: 1.Забон як падидаи иҷтимоӣ аст, дар ҳоле ки нутқ равонӣ аст, 2.Забон як падидаи умумӣ аст, дар ҳоле ки нутқ инфиродӣ аст, 3.Забон ахроникӣ ва ғайритаърихӣ аст, дар ҳоле ки нутқ таърихӣ аст, 4.Забон майл ба статикӣ дорад, дар ҳоле ки нутқ равон аст, 5.Забон як системаи абстрактӣ аст, дар ҳоле ки нутқ бо субъект тавсиф мешавад, Забон ба қонуниятҳои забонӣ тобеъ аст, дар ҳоле ки нутқ нест. Ҳамин тариқ, забон ва нутқ падидаҳои мураккаб ва ба ҳам вобастаанд. Ин мафҳумҳо аксар вақт синонимӣ истифода мешаванд.
Аммо, фарқ кардани онҳо зарур аст, зеро забон як системаи мураттаби аломатҳо аст, дар ҳоле ки нутқ истифодаи забон дар муоширати шифоҳӣ аст. Забон ба рушди ҷомеаи инсонӣ имкон медиҳад. Маҳз, забон аст, ки ба ҷамъоварӣ ва интиқоли иттилоот аз насл ба насл мусоидат мекунад. Нутқ фаъолияти муоширатии инсон аст, ки аз нигоҳи таърихӣ як шакли муоширати инсонӣ мебошад.
Нутқ воситаи универсалии муошират аст, зеро маънои муошират дар интиқоли иттилоот тавассути нутқ камтар гум мешавад. Инчунин, вазифаҳои асосии нутқ аз созмондиҳӣ ба як низоми ягонаи нишонаҳо табдил додани падидаҳо, ашёҳо, амалҳо ва дигар маъноҳо иборат мебошад. Вобаста ба фаъолияти одамон навъҳои нутқ гуногун мешаванд. Аслан, нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ маъмул аст, ки вобаста ба тарзи амал онҳоро фарқ менамоем.
Нутқи шифоҳӣ як навъи нутқест, ки тавассути гуфтор дарк карда мешавад, яъне берунӣ аст. Нутқи шифоҳӣ танҳо як бартарии фарқунанда дорад, ки барои дарки шунавоӣ пешбинӣ шудааст [2, с.21]. Бояд тазаккур дод, ки нутқи шифоҳӣ як ҳаракат, як раванд аст.Нутқи шифоҳӣ дар навбати худ ба хелҳои зерин ҷудо мешавад: 1. Диалог (муколама), 2.
Монолог. Аслан, калимаи «муколама» исм буда, аз забони арабӣ ба забони мо иқтибос шудааст. Муродифҳояш дар забони тоҷикӣ музокира ва муҳосиба мебошанд. Гуфтугӯйи ду ва ё якчанд шахсро муколама меноманд.
Одатан, дар муколама нутқи якчанд нафар шунида мешавад. Аз ин лиҳоз, муколама дорои мавзуи аниқ буда, метавонанд, муколамакунандагон дар доираи як мавзуъ сухан кунанд. Илова бар ин, гуфта метавонем, ки дар муколама аз рӯйи дараҷаи муаррифии мавзуи суҳбат, бар асоси он чизе, ки қаблан гуфта шуда буд, нутқи суханкунандагон шунида мешавад. Албатта, дар муколама дар аксарияти ҳолатҳо набудани робитаи дохилии байни баромадкунандагон, муносибати баръакс ба мавзуи суҳбат, метавонад дар муошират, дарки моҳият, маънои аслии нутқ мушкилот эҷод кунад.
Дар муколама суҳбаткунандагоне, ки иштирок мекунанд, бо нутқи хеш сухани якдигарро пурра мекунанд, аммо дар аксарияти ҳолатҳо изҳороти кутоҳи сухан ба назар мерасад [2, с.22]. Дар ҳақиқат, дар ин маврид сханони Г.З. Абдуллоева хеле бамаврид аст, зеро дар ҳақиқат дар муколама суханони посухдиҳанда хеле кӯтоҳ аст. Муодили калимаи «монолог» дар забони тоҷикӣ- форсӣ вуҷуд надошта, дар луғат дар шакли «мунулуг» нишон дода шудааст.
Мушоҳидаҳо собит намуданд, ки калимаи монолог аз забони юнонӣ дар ҳамин шакл ба забони олмонӣ иқтибос шуда, шакли monolog – гуфтугӯ бо худро гирифта аст. Тавассути забони олмонӣ ба дигар забонҳо ворид гаштааст [9 с.871]. Маънои аслии ин истилоҳ «нутқи як қаҳрамони драма, ки тавассути он андешаҳои лирикиву фалсафӣ ва нуқтаи назари хешро ба худ ё тамошобинон изҳор менамояд». Аммо бидуни маънои аслии худ, инчунин мафҳуми «гуфтугӯйи худро бо худ» низ ифода менамояд.
Монолог як навъи гуфторест, ки бештар хусусияти фардӣ дорад. Дар монолог вазъият нопурра тавсиф карда мешавад. Дар монолог бештар нақши асосиро интонатсия, қиёфабозӣ, чеҳра мебозад. Дар монолог нақши асосиро интонатсия, қиёфабозӣ ва ҳаракатҳои чеҳра мебозанд, зеро гӯянда танҳо сухан мегӯяд ва шунаванда имкони ҷавоби мустақим надорад.Дар монолог интонатсия ҳиссиёт, муносибат ва мақсади сухангӯро нишон медиҳад.
Бо тағйири оҳанг сухан таъсирбахштар мегардад. Қиёфабозӣ ва мимикаи чеҳра эҳсосотро (шодӣ, ғам, ҳайрат, хашм ва ғайра) ифода мекунанд ва маънои суханро пурратар месозанд. Дар монолог маҳз ҳамин воситаҳо диққати шунавандаро нигоҳ медоранд ва ба беҳтар фаҳмидани фикри гӯянда кӯмак мекунанд. Аз ин рӯ, дар монолог воситаҳои ғайривербалӣ (интонатсия, қиёфабозӣ, ишораҳо) аҳаммияти калон доранд, зеро онҳо таъсирнокӣ ва равшании нутқро зиёд мекунанд. Ҳангоми назар афкандан ба чеҳраи гӯянда аллакай дарк намудан мумкин аст, ки ӯ чӣ мехоҳад, хурсанд аст ё ғамгин. Инчунин, дар монолог гуногунии мавзуъ, номукаммалӣ ва парокандагии баёни фикр ба назар мерасад.
Нутқи хаттӣ дар шаклҳое сурат мегирад, ки барои дарки визуалӣ дастрасанд. Одатан, дар нутқи хаттӣ озодии сухан бештар ба назар мерасад. Бо таҳияи изҳорот дар нутқи хаттӣ, ҷустуҷӯйи калимаҳои зиёд ба чашм мерасад. Дар аксарияти ҳолатҳо дар нутқи хаттӣ вақт ҷудо карда мешавад, зеро мавзуи он ба самте равона карда мешавад, дар ин ҳолат бо вуҷуди озод буданаш нутқкунанда дар фосилаи кутоҳи вақт фикри худро пурра ҷамъбаст карда наметавонад.
Баръакси суханронии шифоҳӣ, ки мавҷудияти як ҳолати умумӣ ба назар мерасад ва ҳамсуҳбатонро муттаҳид мекунад, дар нутқи хаттӣ истифодаи воситаҳое, ки муошират ва мубодилаи афкорро ба вуҷуд меоранд, ба назар намерасанд. Нутқи хаттӣ муаррифии шахсро дар аксарияти ҳолатҳо талаб намекунад. Дар баъзе мавридҳо ҳангоми навиштанани иншо, пур кардани анкетаҳо навиштани ному насаби нависандаи матн талаб карда намешавад. Инчунин, якчанд намудҳои нутқи хаттии дигаре мавҷуданд, ки бо хусусиятҳои хоси худ аз якдигар фарқ менамоянд. Ҳамин тавр, силсилаи зерини ҷузъҳои нутқи хаттиро фарқ кардан мумкин аст: мақолаҳо, монографияҳо, рисолаҳои илмӣ ва ғайра.
Дар партави раванди техникие, ки босуръат рушду такомул карда истодааст, як намуди нави дигари нутқи хаттӣ ба вуҷуд омадааст. Ин низоми паёмакнависӣ (смс) мебошад, ки бештар ҳангоми муошират дар шабакаҳои интернетӣ, ба назар мерасад. Дар мавриди навиштани паёмак (смс) нависанда озод аст. Ӯ чи тавре ки метавонад, воситаҳои забониро ҳамон тавр истифода менамояд. Аз ҷиҳати маъно гарчанде ки паёмак (смс) бештар ба нутқи шифоҳӣ наздик бошад ҳам, аммо аз сабаби хаттӣ ба сомон расонида шуданаш онро ба нутқи хаттӣ марбут медонем. Ҳангоми тафсир намудани истилоҳи «паёмак (смс)» аксарияти муҳаққиқон онро ба нутқи гуфтугӯйӣ дохил намудаанд.
Пеш аз он ки оид ба ин навъи истилоҳ суҳбат намоем, бояд аввал маълумот пайдо намоем, ки худи паёмак (смс) чист? Паёмак (смс) ин хидмати стандартии паёмҳои мухтасар буда, имкон медиҳад, ки истифодабарандагон байни худ паёмҳои матнии кутоҳро мубодила карда тавонанд. Паёмак (низ) таърихи пайдоиши худро дорад. Аввалин паёмаки матнии кутоҳ соли 1992 бо канали барномавии сети аврупоӣ GSM баррасӣ гардида буд, ки нависандааш муҳандиси фирмаи Vodafon маҳсуб меёфт.
Ин аввалин паёмак (смс) дар ҷаҳон буда, чунин ба анҷом расонида шуда буд: «Merri Christmas -92». Ва танҳо соли 2000 –ум бо ба ин навъ фиристодани хабар боз таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, ки бениҳоят қулай буд. Ба ақидаи бархе аз муҳаққиқон бояд паёмак (смс) фарогири интонатсия ва аломатҳои забонӣ бошад. Калимаҳои услуби баланд дар паёмак бештар мавриди истифода қарор гиранд.
Инчунин, бо калимаҳои ифодакунандаи ҳурмату эҳтиром оғоз гардида, самимиятро ифода карда тавонад. Албатта, ҳангоми хондани паёмак (смс) бештар калимаҳои кутоҳкардашуда ба назар мерасанд, аз қабили дӯст мд (дӯстат медорам), инт (интизорам), то боз (то боздид), муч ( бӯса кардам) ва ғайра. Навиштани паёмак (смс) гарчанде озод бошад ҳам, аммо маърифату дониши нависандаи он пас аз хондан муайян карда мешавад [2, с.23]. Хулоса. Ҳамин тариқ, Забон моли халқ аст, вале нутқ фардӣ.
Забон ва нутқ бо ҳам алоқамандии зич доранд. Забон низоми умумии воситаҳои муошират аст, нутқ бошад истифодаи амалии ҳамин низом дар фаъолияти ҳаррӯзаи инсон. Забон ва нутқ аз ҳам ҷудонашаванда буда, яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Дар забон роҳи тайкардаи халқу миллат инъикос меёбанд.
Забон ва нутқ падидаҳои мураккаб ва ба ҳам вобастаанд. Ин мафҳумҳо аксар вақт синонимӣ истифода мешаванд. Аммо, фарқ кардани онҳо зарур аст, зеро забон як системаи мураттаби аломатҳо аст, дар ҳоле ки нутқ истифодаи забон дар муоширати шифоҳӣ аст. Забон ба рушди ҷомеаи инсонӣ имкон медиҳад.
Маҳз забон аст, ки ба ҷамъоварӣ ва интиқоли иттилоот аз насл ба насл мусоидат мекунад.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 6 (99) том 3
Ссылка для цитирования:
НАЗАРЕ БА АЛОҚАМАНДИИ ЗАБОН ВА НУТҚ // Журнал «Вестник науки» от 21 июня 2026 г. № 6 (99) том 3. С. 1178 - 1187. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/32092 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/32092
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
