Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 18 октября 2026 г.
  4. Научная статья № 53
Просмотры  12 просмотров

ФАЗОИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ ОМӮЗГОРИИ ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДА

Аннотация: дар мақолаи мазкур нақш ва аҳамияти фазои инноватсионӣ дар рушди фаъолияти касбии омӯзгорони оянда мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтааст. Муаллиф «фазои инноватсионӣ»-ро тавсиф намуда, онро ҳамчун низоми мукаммали муосири педагогӣ меҳисобад ва таъкид менамояд, ки истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ, усулҳои фаъоли тадрис ва низоми рақамии таълимӣ муҳити эҷодиро барои донишҷён (омӯзгорони оянда) фароҳам меорад. Ин муҳит ба рушди тафаккури эҷодии хонандагон таъсири амиқ мерасонад, ки дар мақола ба таври возеҳ баррасӣ шудааст. Дар мақола муҳаққиқ самти асосии таълимро ба мутобиқгардонии мутахассисони ҷавон ба талаботи таҳсилоти муосир, рушди тафаккури танқидӣ ва эҷодӣ, инчунин маҳорату малакаи истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълими муосир нишон додааст. Муаллиф таъкид мекунад, ки ташкили дуруст ва мақсадноки таълими инноватсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба омодасозии омӯзгорони рақобатпазир ва дорои фарҳанги баланди касбӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

Ключевые слова: фазои инноватсионӣ, омӯзгорони оянда, технологияҳои муосири таълимӣ, низоми муосири таълим, малакаҳои касбӣ, касбият, фасилитатор, ментор, маориф, донишҷӯён, хонандагон, синфхонаҳои виртуалӣ.

https://doi.org/10.68367/33432

Муқаддима: Дар замони муоссир ҷомеаи башарӣ бо суръати баланди техникӣ рушд намуда, илм, техника ва технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ такомул меёбад. Дар чунин шароит гуфтан ба маврид аст. ки низоми маориф низ ба таъғирот ва навгониҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардида истодааст. Дар чунин шароит яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи маориф омода намудани омӯзгорони соҳибкасб, эҷодкор, ташаббускор ва дорои қобилияти истифодаи технологияҳои муоссири таълимӣ ба ҳисоб меравад. Гуфтан ба маврид аст, ки дар шароити рушти технологияи муоссири таълимӣ нақши омӯзгор дучанд гардида, ба ғайр аз нақши интиқолдиҳандаи дониш доштан, инчунин метавонад нақши раҳнамо, тарбиятгар ва ташкилкунандаи фаъолияти маърифатии хонандагон дар фазои муоссири системаи технологияи рақамӣ иҷро намояд.

Фазои иноватсионӣ дар шароити муоссир яке аз омилҳои муҳим барои рушди низоми таҳсилот ба шумор рафта, барои ҷорӣ намудани андешаҳои нав, истифодаи усулҳои муоссири таълим ва рушди қобилияти эҷодии омӯзгорону хонандагон заминаҳои мусоидро фароҳам меоварад. Гуфтан ба маврид аст, ки омода намудани чунин фазо барои баланд бардоштани сифати таълим, рушди тафаккури мустақилона, ташаккули малакаҳои касбӣ ва омода намудани омӯзгорони ба талаботи ҷомеаи муоссир ҷавобгӯ шароит фароҳам меоварад. Фазои иноватсионӣ дар фаъолияти омӯзгорони оянда аҳамияти назариявию амалӣ дошта, барои омода намудани омӯзгорони аз лиҳози маҳорати педагогӣ рушдёфта ва дар шароити муоссири системаи таҳсилоти технологияи рақамӣ рақобатпазир заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Фазои иноватсионӣ дар рушди фаъолияти омӯзгории омӯзгорони оянда.

Фазои иноватсионӣ гуфта муҳити таълимие мебошад, ки барои пиёда намудани андешаҳои нав тавассути технологияи муоссир ва кашфи нави усулҳои эҷодӣ дар таълим, шакли нави муоссири таълим шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Гуфтан ба маврид аст, ки фазои иноватсионӣ барои рӯшди касбӣ, эҷодӣ ва шахсияти омӯзгорони оянда яке аз омили муҳим ба шумор меравад. Рушди техника ва технология рӯз то рӯз дар ҳаёти ҷомеа табаддулоти ҷиддиеро ба вуҷуд оварда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт таъсири худро мегузорад. Махсусан дар соҳаи илму маъориф ва муассисаҳои таълимие, ки ба таълиму тарбияи насли ҷавон нигаронида шудаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар шароити муоссир ба омӯзгор лозим меояд, ки на танҳо таълимдиҳанда бошад, балки тадқиқотгар, эҷодкор, ташкилкунандаи раванди таълими муоссир ва ҳидоятгари хонанда бошад. Яъне ба омӯзгорони муассисаҳои педагогӣ лозим меояд, ки донишҷӯёнро дар ҷараёни таҳсил ба истифодаи технологияҳои нав дар фаъолияти ояндаи педагогияшон омода намоянд. Фазои иноватсионӣ ба омӯзгорони оянда имкон фароҳам меоварад, ки тафаккури эҷодӣ ва интиқодии худро инкишоф диҳанд. Инчунин усулҳои муоссири таълимро омӯхта, дар фаъолияти омӯзгории худ истифода баранд ва барои такмили малакаҳои технологияи иттилоотию каммуникатсионӣ ва инкишофи қобилияти тадқиқоти илмӣ ва педагогии худ талош намоянд.

Омӯзгорони оянда (донишҷӯён) таҷрибаҳои нави таълимие, ки дар раванди таълим мегиранд, дар ҳаёт амалӣ намуда, ба шароити тағйирёбандаи ҷомеа ва фазои иноватсионӣ худро омода намоянд. Яъне гуфтан мумкин аст, ки фазои иноватсионӣ метавонад ба такмили салоҳияти касбӣ, қобилияти эҷодкорӣ, масъулиятшиносӣ, ҳалли масъалаҳои педагогӣ мусоидат намояд. Омӯзгори оянда метавонад дар чунин муҳит маҳорату малакаи касбии худро такмил дода, ба як шахсияти роҳнамои таълим мубаддал гардад. Фазои иноватсионӣ омӯзгори рақоатпазир ва муосир тарбия намуда, барои рушди малакаҳои касбӣ, эҷодӣ ва технологӣ замина фароҳам меорад.

Як нуқтаро қайд намудан ба маврид аст, ки фазои иноватсионӣ танҳо истифодаи технологияи муоссир нест, балки таҳаввулдиҳандаи тафаккури донишҷӯён мебошад ва ҳамчун тарбиятдиҳандаи оянда донишҷӯ аз таҷрибаҳои андухтааш дар раванди таълим усул ва равиши муоссири таълимро аз худ намуда, қадами устувор ба сӯйи оянда мегузорад. Гуфтан ба маврид аст, ки фазои иноватсионӣ ба фаъолияти омӯзгори оянда таъсири мусбат расонида, ӯро барои фаъолияти касбӣ дар шароити муоссири технологӣ омода мекунад. Яъне малакаи эҷодкории омӯзгорияш такмил ёфта, малакаи касбӣ ва дониши рақамияш такмил меёбад ва донишҷӯ усулҳои муоссири таълимро аз худ намуда, дар ҳаёт амалӣ мегардонад. Инчунин аз истифодаи компютер, тахтаи электронӣ ва барномаҳои технологияи рақамиро аз худ менамояд.

Ин омӯзиши муоссир дар ботини омӯзгори оянда ҳисси мустақилиятнокиро дар худ дарк намуда, кӯшиш менамояд, ки мустақилона қарор қабул намудан ва фаъолияти омӯзгории худро барномарезӣ карданро омӯзад. Аз тарафи дигар омӯзгори оянда тафаккури интиқодии худро такмил дода, дар ҳали дилхоҳ масъалаҳо ба тариқи муқоиса, таҳлил корбарӣ мекунад. Фазои иноватсионӣ як раванди модерни таълимӣ буда, омӯзгорони ояндаро аз ҷиҳати касбӣ, эҷодӣ ва технологӣ такмил дода, барои ташаккули шахсияяти омӯзгори ташаббускор, мустақил ва навовар имконият фароҳам меорад. Фазои иноватсионӣ дар рушди фаъолияти педагогии омӯзгорони оянда аҳамияти хос дошта, ба омӯзгори оянда (донишҷӯ) имкониятҳои васеъи муоссири таълимиро ба вуҷуд меорад ва гуфтан мумкин аст, ки муҳити муоссири таълимӣ аз омӯзгор талаб менамояд, ки бо платформаи рақамӣ (Moodle, Google Classroom)доскаҳои интерактивӣва воситаҳои сунъӣ (AI) озодона кор карда тавонад.

Як усули дигари таълими муоссир гузариш аз таълими анъанавӣ ба таълими фаъол мебошад. Гуфтан бамаврид аст, ки фазои иноватсионӣ барои омӯзгор чунин имкониятеро ба вуҷуд меорад, ки дигар на ҳамчун иттилоотдиҳандаи одии дониш бошад, балки раванди дарсро ба баҳсу мунозира ва ҳалли мушкилоти амали равона намуда, бештар нақши фасилитатор ва менторро иҷро намояд. Дигар дарсҳо тавассути технологияи рақамӣ сурат мегирад ва усулҳои таълими нави муоссири рақамӣ (ба монанди Design Thinking, Gamification, Project-Based Learning) ба роҳ монда шуда, дарсҳо ҷолибу замонавӣ мегузаранд.Акнун як нуқтаро таъкид менамоем, ки фасилитатор ва ментор дар фазои иноватсионӣ чӣ нақшро иҷро менамоянд. Гуфтан ба маврид аст, ки фасилитатор ва ментор мафҳумҳое мебошанд, ки дар соҳаи маъориф, илм педагогика ва психология барои такмили касбияти омӯзгорон истифода мешаванд.

Чунин савол ба миён меояд, ки фасилитаторва ментор, ки мафҳумҳои модерн ва нав дар илми педагогика ба шумор мераванд кист? - Фасилитатор шахсест, ки дар гурӯҳҳои хонандагон дар раванди таълим нақши роҳнаморо иҷро намуда, бо хонандагон дар ҳалу фасли мавзӯи дарсҳо бо ҳамдигар ҳамкорӣ намоянд ва ба хонандагон имконият дода мешавад, ки фикру андешаҳои худро озодона баён намоянд. Яъне фасилитатор ӯҳдадор аст, ки шароити мусоиди таълимӣ барои хонандагон фароҳам оварад, хонандагонро ба омӯзиш ҷалб намуда, ба хонандагон як фазои мусоиди озоди тафаккурӣ муҳаё намоянд ва барои қабули қарорҳои гурӯҳӣ мусоидат намояд. Ментор бошад, шахси ботаҷрибае мебошад, ки донишу малакаи касбии худро ба дигарон меомӯзад, барои муайян намудани ҳадафи хонанда кумак мерасонад ва роҳҳои беҳтару хубтарро ба омӯзгорони оянда нишон медиҳад. Агар менторро шахси роҳнамо низ гӯем, хато намекунем, зеро ӯ барои хонанда аз таҷрибаҳои дониши худ роҳҳои муфидро нишон медиҳад ва дар такмил ва рӯшди шахсият ва касбияти омӯзгорони оянда мусоидат мекунад.

Гуфтан зарур аст, ки фазои иноватсионӣ унсурҳои хоси худро дорад, ки дар рушди иноватсия хеле муҳиманд. Якум: технологияи рақамӣ: Системаи LMS,синфхонаҳои виртуалӣ, манбаъҳои кушодаи рақамӣ (OER). Ин мафҳумҳо ба технологияи муоссири таълимӣ шомил мешаванд ва барои ташкили таълими электронию фосилавӣ ва рӯшди фаъолияти омӯзгорони оянда аҳамияти муҳим дорад. Чунин савол ба миён меояд, ки LMS чист? - LMS (Learning Management system) системаи идоракунии омӯзиш мебошад.

Ин платформаи рақамиест, ки тавассути он омӯзгор метавонад раванди таълимро ташкил, идора ва назорат кунанд. Вазифаҳои асосии LMS аз инҳо иборатанд: 1.Ҷойгир намудани маводҳои таълимӣ, китобҳо дар шакли электронӣ, видеодарсҳо. 2. Додани супоришҳо ва санҷидани корҳои донишҷӯён. 3. Гузаронидани тестҳо ва имтиҳонҳо. 4.

Назорати пешрафти таълимгирандагон. Таблица 1. Намунаҳои системаи LMS. Гуфтан ба маврид аст, ки барои амалӣ намудани дарсҳои фосилавӣ омӯзгор маводи лексияро дар Moodle ҷойгир мекунад, донишҷӯён онро хонда, супоришро иҷро намуда, натиҷаи худро мегиранд.

Дарсҳои фосилавӣ тавассути синфхонаҳои виртуалӣ амалӣ мегарданд. Яъне гуфтан зарур аст, ки синфхонаҳои вертуалӣ фазои рақамиест, ки дар он омӯзгор ва донишҷӯён тавассути интернет фосилавӣ ба дарс иштирок намуда, дарс мегузаронанд. Дар синфхонаҳои виртуалӣ дарсҳои фосилавӣ дар вақти муайян гузаронида мешавад, сӯҳбат бо донишҷӯён видеоӣ ва овозӣ амалӣ мегарданд, мавзӯи дарс тавассути доскаи электронӣ презентатсияҳо ва маводи таълимӣ нишон дода мешавад ва сипас масъала ва ё мавзӯи дарс тариқи саволу ҷавоб амалӣ мегардад. Таблица 2.

Намунаи синфхонаҳои виртуалӣ. Хулоса омӯзгор бо донишҷӯён тавассути Zoom ба донишҷӯён дарси лексионӣ мегузаронад, мавзӯи дарсро фаҳмонида, сипас ба саволҳои онҳо ҷавоб медиҳад. OER – ба забони тоҷикӣ манбаи кушодаи рақамӣ тарҷума мешавад ва захираҳои кушодаи таълимӣ ба шумор мераванд. Ин шакли маводи таълимии рақамӣ ва ё дигар шаклҳои маводи омӯзишие мебошанд, ки барои истифода, омӯзиш, нусхабардорӣ, паҳнкунӣ тибқи шартҳои иҷозатномаи кушода дастрасанд.

Ба манбаҳои кушодаи таълимӣ инҳо шомиланд: 1.Китобҳои электронӣ ва дастурҳои таълимӣ. 2. Лексияҳо ва видеодарсҳо. 3. Презентатсияҳо ва маводи омӯзишӣ. 4. Тестҳо ва машқҳои таълимӣ. 5.

Курсҳои ройгони таълимӣ. Таблица 3. Намунаи манбаҳои кушодаи таълимӣ. Гуфтан ба маврид аст, ки омӯзгор тавассути манбаи кушода китоби электрониро гирифта, барои донишҷӯён маводи таълимӣ омода намуда, агар иҷозатнома имкон диҳад, ӯ метавонад маводро тағйир дода, ба дарси худ мутобиқ созад.

Системаҳои номбаршудаи таълимӣ барои рӯшди тафаккури омӯзгорони оянда яке аз василаҳои муҳим ва муоссири таълим ба шумор меравад. LMS – воситаи идоракунии таълим, синфхонаҳои виртуалӣ ва OER- манбаи маводи кушодаи таълимӣ системаҳое, мебошанд, ки истифодаи якҷояи онҳо барои ба вуҷуд овардани муҳити муоссири таълим, муҳити иноватсионӣ ва сифатнокии таълим заминаҳои мусоид фароҳам меоварад. Ин системаҳои муоссири таълимӣ танҳо дар ҳамбастагӣ бо якдигар метавонанд фазои муоссири иноватсиониро ба вуҷуд оранд ва барои омӯзгорони оянда имкониятҳои васеъи таълимиро фароҳам оваранд. Истифодаи технологияи рақамӣ дар системаи таълим имкониятҳои васеъи таълимиро барои донишҷӯён фароҳам меранд.

Донишҷӯён дар фурсати кам метавонанд маводҳои зарурии таълимиро аз манбаҳои гуногун хеле осону қулай дасрас намоянд. Донишҷӯён барои ҷалби таваҷҷӯҳи омӯзиши мустақилона талош менамоянд. Таблица 4. Фарқи байни LMS, синфхонаи виртуалӣ ва OER.

Дар фазои иноватсионӣ ва технологияи рақамӣ нақши технологияи VR – воқеияти виртуалӣ муҳим буда, барои донишҷӯён ё омӯзгорони оянда дасрасии ин технология ба онҳо имконият фароҳам меорад, ки маҳорати педагогии худро санҷанд. Яъне ба тариқи дигар гуем, VR ба омӯзгорони оянда як фазои муносиби иноватсиониро фароҳам меоварад ва бо ҳамин васила метавонанд бо объектҳои виртуалӣ ҳамкорӣ намоянд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар соҳаи маориф ва илм VR барои ташкили дарсҳои интерактивӣ, дарсҳои амалӣ ва барои баланд бардоштани сифати таълим ва ҷалб намудани таълимгирандагон истифода мешавад. Як нуқтаро қайд намудан айни мудаост, ки VR дар шароити муоссири таълими технологияи рақамӣ аҳамияти муҳим дошта, таълими муоссир ба шумор меравад.

Зеро тавассути технологияи VR дарсҳо бо омӯзгорони оянда ҷолиб ва шавқовар мегузаранд. Хонандагон дар баробари маълумот гирифтан имкон доранд, ки он маълумоти гирифтаашонро дар муҳити виртуалӣ мушоҳида ва таҷриба кунанд. Таълими муоссири рақамӣ тавассути технологияи VR амалӣ мегардад ва тавассути воқеияти виртуалӣ равандҳои мураккаби таълимиро ба таври аёнӣ нишон додан мумкин аст. Масалан ҳангоми дарс донишҷӯён метавонанд дилхоҳ элементи химиявиро ҳангоми тадзия шудан ва ё ҳаракати саёраҳоро аёнӣ ва мустақим бубинанд ва маълумоти дақиқ ҳосил намоянд.

Гуфтан зарур аст, ки VR ба донишҷӯён барои таҳлилу тадқиқи дилхоҳ дарс имкон медиҳад, ки таҷрибаи амалӣ гузаронанд ва таҷҳизоти лозимиро истифода намуда, малакаҳои касбии худро инкишоф диҳанд. VR – муҳити виртуалӣ ба хонандагон имконияти васеи таълимиро фароҳам меоварад, ки объектҳои омӯзишро аз паҳлуҳои гуногун омӯзанд, мустақилона ҳал намудани масъалаҳоро омӯхта, қобилияти таҳлилгароиро дар худ инкишоф диҳанд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар системаи таълими рақамӣ ва истифодаи VR нақши омӯзгорон муҳим ва беназир аст. Бинобар ин ба омӯзгор лозим меояд, ки технологияи VR-ро мақсаднок истифода барад.

Яъне омӯзгор мувофиқи барномаи муқараршудаи таълимӣ маводи виртуалиро интихоб намуда, ҳадафи омӯзишро ба хонандагон дақиқан фаҳмонад. Дар раванди таълим фаъолияти хонандагонро назорат ва роҳнамоӣ намуда, натиҷаи омӯзишро арзёбӣ намуда, дастрасии хонандагонро ба маълумоти гирифтаашон ба назар гирад. Барои мисол дар дарси анатомия омӯзгор имконият дорад, ки ба хонандагон чунин фазои виртуалиеро фароҳам оварад, ки донишомӯзон сохтори дилро тавассути технологияи VR мустақим ва воқеъбинона омӯзанд. Сипас донишомӯзон дониши гирифтаи худро баён намуда, супориши дарси гирифтаашонро амалӣ иҷро менамоянд.

Хулоса технологияи VR яке аз василаҳои рӯшди системаи таълими иноватсионӣ буда, барои баланд бардоштани сифати таълим, рушди тафаккури мустақилона ва ташаккули малакаҳои амалии хонандагон, инчунин барои фароҳам овардани муҳити интерактивии омӯзиш шароити нав ва муосир фароҳам меоварад. Фазои инноватсионӣ заминаест барои рушди фаъолияти омӯзгорони оянда ва ба омӯзгорон барои гузариш аз назария ба амалияи муосири педагогӣ кӯмак расонида, ӯро барои фаъолият дар ҷомеаи рақамии зудтағйирёбанда омода месозад.


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 10 (103) том 3


Ссылка для цитирования:

Сафарзода С.Н. ФАЗОИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ ОМӮЗГОРИИ ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДА // Журнал «Вестник науки» от 18 октября 2026 г. № 10 (103) том 3. С. 500 - 509. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/33432 (дата обращения: 07.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/33432



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2026.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.