Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо
  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки от 1 ноября 2026 г.
  4. Научная статья № 44
Просмотры  77 просмотров

АҲАМИЯТИ ДИДАКТИКИИ РУШДИ ТАФАККУРИ ЭҶОДИИ ХОНАНДАГОН ТАВАССУТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ ТАШКИЛИ МУКОЛАМАҲОИ ТАЪЛИМИЮ ТАРБИЯВӢ ДАР МУҲИТИ РАҚАМИИ ТАЪЛИМӢ

Аннотатсия: дар мақола масъалаҳои рушди тафаккури эҷодию инноватсионии хонандагон тавассути истифодаи технологияҳои муосири ташкили муколамаҳои таълимию тарбиявӣ дар шароити рақамикунонии низоми таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Бо назардошти дигаргуниҳои муосир дар соҳаи маориф, зарурати гузариш аз усулҳои анъанавии таълим ба равишҳои интерактивӣ, таҳқиқотӣ ва муколамавӣ асоснок гардида, имкониятҳои муҳити рақамӣ дар ташаккули мустақилияти фикрӣ, қобилияти таҳлилу муқоиса, пешниҳоди андешаҳои нав ва ҳалли эҷодии масъалаҳо муайян карда мешаванд. Диққати махсус ба ҳамгироии воситаҳои рақамӣ, технологияҳои зеҳни сунъӣ ва усулҳои инноватсионии муколамаи педагогӣ равона гардидааст. Ҳамзамон, роҳҳои ташкили ҳамкории фаъоли омӯзгору хонанда, рушди фарҳанги муоширати созанда, худбаҳодиҳӣ ва фаъолияти эҷодии гурӯҳӣ баррасӣ мешаванд. Дар натиҷа, самтҳои такмили технологияҳои муколамавии таълим ва имкониятҳои истифодаи онҳо барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди салоҳиятҳои эҷодию инноватсионӣ ва омодасозии хонандагон ба фаъолияти мустақилона дар ҷомеаи рақамӣ пешниҳод мегарданд.

Калидвожаҳо: тафаккури эҷодӣ, тафаккури инноватсионӣ, муколамаи таълимӣ, муколамаи тарбиявӣ, технологияҳои рақамӣ, таълими интерактивӣ, зеҳни сунъӣ, муҳити рақамӣ, мустақилияти фикрӣ, салоҳиятҳои эҷодӣ, ҳамкории педагогӣ, рақамикунонии таҳсилот.

https://doi.org/10.68367/33669

УДК 37.091.3:004.9

Ҳумайрои Шералӣ Иброҳими

ассистент

Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ

кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ

Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода

(Душанбе, Тоҷикистон)

 

АҲАМИЯТИ ДИДАКТИКИИ РУШДИ ТАФАККУРИ

ЭҶОДИИ ХОНАНДАГОН ТАВАССУТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ

ИННОВАТСИОНИИ ТАШКИЛИ МУКОЛАМАҲОИ

ТАЪЛИМИЮ ТАРБИЯВӢ ДАР МУҲИТИ РАҚАМИИ ТАЪЛИМӢ

 

Аннотатсия: дар мақола масъалаҳои рушди тафаккури эҷодию инноватсионии хонандагон тавассути истифодаи технологияҳои муосири ташкили муколамаҳои таълимию тарбиявӣ дар шароити рақамикунонии низоми таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Бо назардошти дигаргуниҳои муосир дар соҳаи маориф, зарурати гузариш аз усулҳои анъанавии таълим ба равишҳои интерактивӣ, таҳқиқотӣ ва муколамавӣ асоснок гардида, имкониятҳои муҳити рақамӣ дар ташаккули мустақилияти фикрӣ, қобилияти таҳлилу муқоиса, пешниҳоди андешаҳои нав ва ҳалли эҷодии масъалаҳо муайян карда мешаванд. Диққати махсус ба ҳамгироии воситаҳои рақамӣ, технологияҳои зеҳни сунъӣ ва усулҳои инноватсионии муколамаи педагогӣ равона гардидааст. Ҳамзамон, роҳҳои ташкили ҳамкории фаъоли омӯзгору хонанда, рушди фарҳанги муоширати созанда, худбаҳодиҳӣ ва фаъолияти эҷодии гурӯҳӣ баррасӣ мешаванд. Дар натиҷа, самтҳои такмили технологияҳои муколамавии таълим ва имкониятҳои истифодаи онҳо барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди салоҳиятҳои эҷодию инноватсионӣ ва омодасозии хонандагон ба фаъолияти мустақилона дар ҷомеаи рақамӣ пешниҳод мегарданд.

 

Калидвожаҳо: тафаккури эҷодӣ, тафаккури инноватсионӣ, муколамаи таълимӣ, муколамаи тарбиявӣ, технологияҳои рақамӣ, таълими интерактивӣ, зеҳни сунъӣ, муҳити рақамӣ, мустақилияти фикрӣ, салоҳиятҳои эҷодӣ, ҳамкории педагогӣ, рақамикунонии таҳсилот.

 

МУҚАДДИМА

Оид ба мубрамияти мавзуи зери таҳқиқ қарор шаванда, тибқи маълумоти муҳаққиқони амрикоӣ, аз ҷумла таҳқиқоти классикии П. Ранкин, вақти муошират аз рӯйи намудҳои фаъолияти нутқӣ ба таври зерин тақсим мешавад «1- шунидан – тақрибан 45%, 2 -гуфтор (муошират) – тақрибан 30%, 3 - хондан – тақрибан 16%, 4 - навиштан – тақрибан 9%, ҳамин тариқ, тақрибан 75%-и вақти умумии муошират ба муколамаи шифоҳӣ, яъне шунидани фаъоли ҳамсуҳбат ва баёни андешаҳои худ, рост меояд» [21]. Аз ин мавқеъ, рушди тафаккури эҷодии хонандагон дар шароити дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ, пешрафти технологияҳои рақамӣ ва афзоиши талабот ба неруи зеҳнии инсон яке аз масъалаҳои муҳимми илми педагогика ба ҳисоб меравад, ки тарз ва усули ташкили муколамаҳо дар ҷараёни таълими ҳамаи зинаҳои таҳсил муҳим арзёбӣ мегардад. Ин раванд аз синни хурдсолӣ оғоз ёфта, дар марҳилаҳои минбаъдаи ташаккули шахсият мазмуну хусусиятҳои нав пайдо мекунад. Кӯдак тавассути шунидан, фаҳмидан, савол додан, ҷавоб гуфтан, муқоиса намудани андешаҳо ва ибрози мавқеи худ тадриҷан аз шаклҳои одии муошират ба фаъолияти мураккаби зеҳнию эҷодӣ мегузарад. Аз ин нигоҳ, муколама танҳо воситаи мубодилаи иттилоот набуда, балки механизми дидактикии ташаккули дониш, рушди нутқ, мустақилияти фикрӣ, худшиносӣ ва қобилияти эҷодкоронаи шахсият ба ҳисоб меравад.

Дар шароити низоми таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пайваста технологияҳои инноватсионии таълим мавриди омӯзиш ва тадбиқ қарор мегиранд, аз он ҷумла гузариш ба системаи 10-холаи баҳогузорӣ, ки аз 01.09.2025 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи масъалагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (01.09.2022) оид ба зарурати ҷорӣ намудани низоми баҳодиҳии бисёрхола чунин изҳори назар намудаанд: «Бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот, вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад» [18]. тадбиқ карда истодааст. Дигар масъалаҳои ба ин мавзуъ вобаста тақозои онро менамоянд, ки ба мазмуну мундариҷаи таълими фанҳо, инчунин дар раванди ташкили маҳфилҳо ва муколамаҳо ин мавзуъ метавонад зери таҳқиқ қарор гирад ва аз ин мавқеъ бояд қайд намуд, ки дар давоми таҳсил оғоз аз синфи 1 то синфи 11 хонандагон «176 номгӯи фанҳои таълимиро аз худ менамоянд» [14] ва эҳтимолияти ташкил намудани муколамаҳо низ метавонанд дар самтҳои гуногун ба роҳ монда шаванд.

Аҳамияти чунин фарогирии васеи фаннӣ на танҳо дар азхудкунии донишҳо, балки дар фароҳам овардани имкониятҳои гуногуни муколамавӣ, таҳлилӣ, таҳқиқотӣ ва эҷодӣ зоҳир мегардад. Ҳар як фан метавонад муҳити мустақили рушди тафаккур бошад, ба шарте ки омӯзгор хонандаро аз мавқеи қабулкунандаи ғайрифаъоли иттилоот ба иштирокчии фаъоли муҳокима, таҳлил ва эҷоди дониш гузаронад. Дар таҳқиқоти педагогию психологӣ тафаккури эҷодӣ ҳамчун қобилияти инсон барои дарки масъалаҳо аз мавқеъҳои гуногун, муайян намудани робитаҳои нави байни падидаҳо, пешниҳоди андешаҳои ғайримуқаррарӣ ва дарёфти роҳҳои мустақилонаи ҳалли мушкилот шарҳ дода мешавад. Л.С. Виготский нақши тахайюл, таҷрибаи иҷтимоӣ ва фаъолияти эҷодиро дар инкишофи кӯдак асоснок намуда, нишон медиҳад, ки фаъолияти эҷодӣ бо таҷрибаи андӯхтаи инсон робитаи зич дорад [5]. Б.Г. Ананев рушди шахсиятро дар алоқамандӣ бо фаъолияти маърифатӣ, муошират ва хусусиятҳои инфиродии инсон таҳлил менамояд [1]. Бо назардошти ин, мақсади мақола асоснок намудани аҳамияти дидактикии муколамаҳои таълимию тарбиявӣ дар рушди тафаккури эҷодии хонандагон ва муайян кардани имкониятҳои истифодаи технологияҳои инноватсионию рақамӣ дар низоми таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои расидан ба мақсади мазкур вазифаҳои таҳқиқот аз таҳлили асосҳои назариявии рушди тафаккури эҷодӣ, муайян намудани нақши муколамаҳо дар марҳилаҳои гуногуни таҳсилот, гурӯҳбандии салоҳиятҳои муколамавию эҷодӣ, баррасии имкониятҳои технологияҳои рақамӣ ва пешниҳоди меъёрҳои арзёбии натиҷаҳои рушди хонандагон иборат мебошанд.

 

МАВОД ВА УСУЛҲОИ ТАҲҚИҚОТ.

Асоси маводии таҳқиқотро осори илмии олимони соҳаи педагогика ва психология, таҳқиқоти марбут ба рушди иқтидори эҷодӣ, усулҳои интерактивии таълим, технологияҳои инноватсионии педагогӣ ва маводи таҳлилӣ оид ба имкониятҳои ташкили муколамаҳои таълимию тарбиявӣ ташкил медиҳанд. Дар таҳқиқот равишҳои назариявии Л.С. Виготский [5], Б.Г. Ананев [1], С.С. Кашлев [10], Г.К. Селевко [16], В.С. Лазарев [13] ва дигар муҳаққиқон мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Аз нигоҳи методологӣ таҳқиқот ба муносибатҳои шахсиятмеҳвар, фаъолиятӣ, салоҳиятнокӣ ва муколамавӣ такя менамояд. Муносибати шахсиятмеҳвар ба инобат гирифтани хусусиятҳои инфиродии хонанда, муносибати фаъолиятӣ ба ҷалби ӯ ба фаъолияти мустақилонаи маърифатӣ, муносибати салоҳиятнокӣ ба ташаккули қобилиятҳои амалии истифодаи дониш ва муносибати муколамавӣ ба рушди тафаккур тавассути ҳамкории фаъоли иштирокчиёни раванди таълим равона мегардад. Дар раванди таҳқиқот усулҳои таҳлили назариявӣ, муқоиса, ҷамъбаст, низоммандсозӣ, тасниф ва моделсозии консептуалӣ истифода шуданд. Тавассути таҳлили назариявӣ моҳияти тафаккури эҷодӣ ва робитаи он бо муколамаи таълимӣ муайян карда шуд. Усули муқоиса барои баррасии имкониятҳои шаклҳои анъанавӣ ва инноватсионии муколама истифода гардид. Бо усули низоммандсозӣ самтҳои рушди салоҳиятҳои муколамавию эҷодӣ гурӯҳбандӣ шуда, дар асоси ҷамъбасти назариявӣ меъёрҳои арзёбии онҳо пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин, натиҷаҳои таҳқиқоти таҷрибавии солҳои 2024–2026 дар 6 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, Ваҳдат ва Ҳисор ҳамчун маводи муқоисавии хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар таҳқиқоти мазкур 324 нафар дар марҳилаҳои гуногун фаро гирифта шуда, инчунин дар доираи гузаронидани озмоишҳои педагогӣ 24 нафар омӯзгорон ширкат варзидаанд, ки зимни баргузории озмоишҳои мазкур 24 тарзи баҳогузорӣ ба фикрронии эҷодии хонандагон дар раванди муколамаҳо ва мазмунҳои интихоб гардида, дида баромада шудаанд.

 

УСУЛҲО ВА МАВОДИ ТАҲҚИҚОТ.

Дар доираи пурсишҳо, яъне муколамаҳои баргузоргардида, маҷмӯи саволҳои «То чӣ андоза шумо дар бораи 4 озмунҳои ҷумҳуриявие, ки ҳар як сол баргузор мегарданд, маълумоти аниқ доред» (1), ҳангоми гузариш аз як зинаи таъсил, барои мисол аз синфи 1 ба 2 (2), бо ҳамин мазмун аз 6 ба 7 (3), махсусан синфи 9-ро хатм намоед, чӣ имкониятҳо доред? (4), кадом ихтисосро интихоб намудаед ва оё дар бораи фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доред (5), ва маълумотҳои иттилоотиро истифода бурда метавонед (6), дар бораи олимпиадаҳои фаннӣ маълумот доред? (7), ва дар онҳо ширкат меварзед (8), оид ба ашъори эҷодию фарҳангии шоирону нависандагони форсу тоҷик чӣ гуна онҳоро аз худ менамоед (9), ва ба худ кадом баҳо мегузоред, аз нуқтаи гузариш ба низоми 10-холаи баҳогузорӣ (10), то чӣ андоза дар маҳфилҳои фаннӣ ширкат меварзед? (11), то чӣ андоза зарурияти онҳоро эҳсос менамоед (12), чӣ гуна муносибат ба иҷрои масъалаҳо, яъне вазифаҳое, ки аз ҷониби омӯзгорон ҳамчун вазифаҳои хонагӣ дода мешаванд, доред (13), бо истифода аз низоми 10-хола ба худ чӣ гуна баҳо мегузоред (14), таъкиди Низоми Ганҷавӣ оиди он, ки «Акнун, ки ба 14 расидед»-ро [21, с. 53] чӣ гуна шарҳ медиҳед (15), агар ба сини 14 нарасида бошед, кадом муваффақият дар ҷараёни таълим доред (16), чӣ қадар шеърҳоро аз ёд медонед (17), кадом фанҳоро бисёртар меомӯзед ва дар доираи омӯзиши онҳо кадом корҳоро ба сомон расонидаед (18), таваҷҷуҳи шумо ба расмкашӣ ва эҷоди образҳо чӣ гуна аст (19), то чӣ андоза таваҷҷуҳ ба омӯзиши фанҳои дақиқ доред ва барои чӣ (20), кадом касбро интихоб намудаед ва барои чӣ (21), муносибати шумо ба омӯзгор, яъне чӣ гуна ба супоришҳои пешниҳодшаванда муносибати ҷиддӣ доред (22), агар ба шумо савол диҳанд, ки пас аз синфи 1, 2...ва бо ҳамин мазмун ба кадом муваффақият расидаед, чӣ гуна ҷавоб медиҳед (23), ва ба худ кадом холро сазовор медонед аз 1 то 10 хол (24). Ҳаҷми умумии интихоб 152 хонандаро ташкил дод. Усулҳои назариявӣ (таҳлили адабиёт ва нашрияҳои илмӣ, ҷамъбаст ва низоммандсозӣ) ва таҷрибавӣ (пурсиш, саволнома, санҷиш ва мушоҳида) истифода шуданд.

Дар марҳилаи якум (муайянкунанда) бо назардошти синну соли хонандагон ва мазмуни ҷузъи эҷодии фаъолияти инноватсионӣ — қобилияти тавлиди ғояҳои нав, муаррифии натиҷа ё маҳсулот ба аудитория, арзёбии маҳсулоти инноватсионӣ, ҳамоҳангсозии эҷодкорона ва истифодаи воситаҳои маълум дар асоси эҳсоси ботинӣ ва худбаҳодиҳӣ, истифодаи самараноки таҷрибаи эҷодӣ дар шароити навоварӣ, азхудкунӣ, татбиқ ва паҳн намудани навовариҳои эҷодию иҷтимоан муҳим — аз миёни унсурҳои гуногуни иқтидори эҷодӣ се ҷузъ ҷудо карда шуд: 1) ангеза (муносибати мусбат ба фаъолияти эҷодӣ, майл ба пешниҳоди роҳҳалҳои нав ва такмили усулҳои маъмул), 2) креативият (тавлиди ғояҳои нав ва истифодаи эҷодкоронаи таҷрибаи мавҷуда дар шароити инноватсионӣ), 3) малакаҳои муоширатӣ (баён кардани андешаҳои худ, муаррифии ғояҳои инноватсионӣ ба аудитория ва ҳамкорӣ бо гурӯҳ ҳангоми ҳалли масъала).

Дар доираи гузаронидани озмоишҳои педагогӣ, ки дар онҳо хонандагони синфҳои 6, 7 ва 8 иштирок намуданд, гурӯҳои (ГН) ҳамин 78 нафарро ташкил дода, гурӯҳҳои озмоишӣ бошанд, 74 нафарро ташкил доданд. Барои баҳогузорӣ дар ҳамогангӣ ба системаи 10-холаи баҳогузорӣ бо истифода аз методикаи А.Б. Батишев бо овардани мафҳуми «Сатҳи рушди иқтидори эҷодии шахсият» (СИЭШ) – ба тарзи кутоҳ карда шуда СЭ [3, с. 38] мавриди истифода қарор гирифта, дар ин раванд чунин меъёрҳо ба асос гирифта шудаанд. СЭ.01 - Сатҳи ниҳоят паст, СЭ.02 - Сатҳи паст, СЭ.03 - Сатҳи аз миёна паст, СЭ.04 - Сатҳи каме пасттар аз миёна, СЭ.05 - Сатҳи миёна, СЭ.06 - Сатҳи каме баландтар аз миёна, СЭ.07 - Сатҳи аз миёна баланд, СЭ.08 - Сатҳи баланд, СЭ.09 - Сатҳи ниҳоят баланд, СЭ.10 – Сатҳи нобиғагии истеъдод, шаклҳои дар муколама истифода бурда шуда (ШМИ), тарзи баргузории муколама (ТБМ), ба тарзи инфиродӣ (ТИ), ба тарзи гурӯҳӣ (ТГ), мусобиқаи зеҳнӣ (МЗ), Ҷадвали 1.

 

Ҷадвали 1. Натиҷаҳои ташхиси сатҳи рушди иқтидори эҷодӣ дар марҳилаи муайянкунанда, натиҷаҳои умумӣ барои ҳамаи дар озмоишҳои педагогӣ иштирок варзида.

Сатҳ ГН: қимат, % ШМИ ТБМ ГО: қимат, % ШМИ ТБМ
СЭ.01 14 1,7, 10 ТИ, ТГ 7 1,7, 10 ТИ, ТГ
СЭ.02 12 2,4,6 МЗ 8 2,4,6 МЗ
СЭ.03 10 3,5 ТИ, МЗ 8 3,5 ТИ, МЗ
СЭ.04 13 8,12,14 МЗ 13 8,12,14 МЗ
СЭ.05 17 13,15 ТИ,ТГ 9 13,15 ТИ,ТГ
СЭ.06 20 9,17 ТГ 10 9,17 ТГ
СЭ.07 6 11,19 МЗ 11 11,19 МЗ
СЭ.08 4 18,20,22 ТИ 10 18,20,22 ТИ
СЭ.09 2 23,16 ТИ 11 23,16 ТИ
СЭ.10 2 24 ТГ, МЗ 13 24 ТГ, МЗ

Эзоҳ: Ҷадвали мазкур дар раванди гузаронидани озмоишҳои педагогӣ аз ҷониби муаллиф таҳия гардида, бо истифода аз он диаграммаҳои таҳлилӣ-хулосабарорӣ сохта шудаанд.

 

Таҳлили ҷадвал нишон медиҳад, ки дар марҳилаи аввали гузаронидани озмоишҳо вобаста аз мавзуъҳое, ки дар доираи онҳо муколама гузаронида шудаанд – дар доираи 24 мавзуъ 8%-и хонандагони ГН ва 34%-и ГО дорои сатҳи баланди рушди иқтидори эҷодӣ мебошанд (СЭ.10, СЭ.09, СЭ.08). Дар сатҳи паст бошад, ин нишондодҳо дар доираи 36% қарор дошта - барои гурӯҳҳои назоратӣ, барои гурӯҳҳои озмоишӣ бошад - ин нишондод ба 23% баробар аст. Пас аз даровардани тағйироту иловаҳо ва машғулиятҳои амалӣ оиди натиҷаҳои ба даст омада, нишондодҳои мазкур дар марҳилаҳои дигар зина ба зина тағйир ёфта, барои гурӯҳҳои назоратӣ дар доираи нишондодҳои СЭ.10, СЭ.09 ва СЭ.08 нишондодҳо барои гурӯҳҳои назоратӣ дар доираи 18% ва барои гурӯҳҳои озмоишӣ бошад ба 35% зиёд гардиданд. Айнан ба ҳамин мазмун барои гурӯҳҳои назоратӣ аз нигоҳи меъёрҳои СЭ.01, СЭ.02, СЭ.03 нишондодҳои оморӣ то 8.5% барои гурӯҳҳои назоратӣ ва 14.5% барои гурӯҳҳои озмоишӣ зиёд гардиданд.

Зимни баровардани хулосаҳо ва омӯзиши сатҳи омодагии ҳар як хонанда мафҳуми муколама дар доираи ташаккули салоҳиятҳои хонандагон ва омӯзгорон дида баромада шуданд, ки мафҳуми салоҳият дар ин равнад ҳамчун «1- қобилияти хуб ва самарабахш иҷро кардани кори мушаххас (амал), 2 – мутобиқу мувофиқ мудан ба талаботи пешниҳодшуда, 3 – доро будан ба қобилияти иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва сатҳи баёну фикру андеша», [7, с. 10] ки аз ҷониби муҳаққиқи тоҷик Гулова Н. ин мафҳумҳо шарҳ дода шудааст, ба асос гирифта шудааст. Инчунин дар доираи шарҳи мафҳумҳои зикргардида ва баҳогузории қобилияти хонандагон аз нигоҳи муаррифии қобилиятҳои эҷодӣ дар раванди гузаронидани муколамаҳо бо истифода аз мақсадҳои дидактикии дар 24 мавзуъ овардашуда, аз мазмуну мундариҷаи он мақсадҳоеро, ки Дэн Уиллингэм дар китоби «Ҳамчун шахси муваффақ таҳсил намо» оварда шудаанд, ки бо чунин маъно овардашудааст, яъне: «Мафҳуми хонанда буданро аз нав дарк намоед. Яъне, самаранокии таълим на танҳо аз тарзи рафтори хонанда дар шароити муайян, балки пеш аз ҳама аз амалҳои мустақилона, ташаббускорӣ ва қобилияти ӯ барои нишон додани маҳорати худ дар вазъиятҳои номуайян вобаста аст. Хонандаи воқеан фаъол ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо номуайянӣ қобилиятҳои худро зоҳир намуда, бо андешаҳои нав, амалҳои эҷодӣ ва натиҷаҳои ғайричашмдошт дигаронро ба ҳайрат меорад» [19, с. 287]. Хусусияти асосии кори таҷрибавию озмоишӣ он аст, ки бозиҳо, усулҳо ва машқҳои татбиқшуда рушди як ё якчанд ҷузъи иқтидори эҷодиро фаъол месозанд, ба таври мустақим ё ғайримустақим сифатҳои зарурии хонандагонро инкишоф медиҳанд ва онҳоро ба фаъолияти инноватсионӣ ҳавасманд менамоянд.

НАТИҶАҲО ВА БАРРАСӢ.

Таҳлили маводи назариявию методӣ нишон медиҳад, ки рушди тафаккури эҷодии хонандагон бо сатҳи ташкили муколамаҳои таълимию тарбиявӣ, хусусияти ҳамкории омӯзгору хонанда ва имкониятҳои муҳити таълимӣ робитаи зич дорад. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ муколама воситаи азхудкунии донишҳои аввалия, рушди нутқ ва саволгузорӣ мебошад. Дар зинаи таҳсилоти умумии асосӣ хонандагон тадриҷан ба муҳокимаҳои масъалагузор, таҳлили муқоисавӣ, баҳсҳои таълимӣ ва фаъолияти таҳқиқотӣ ҷалб мегарданд. Дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бошад, муҳити муколамавӣ барои ташаккули мавқеи мустақили илмӣ, асоснок намудани андешаҳо, ҳимояи ғояҳо ва рушди қобилиятҳои инноватсионӣ имконият фароҳам меорад. Дар асоси ҷамъбасти маводи таҳқиқот ҳашт самти ба ҳам алоқаманди рушди салоҳиятҳои муколамавию эҷодии хонандагон муайян карда шуданд. Самти якум - ташаккули қобилияти ибрози ақида мебошад, ки ба рушди мустақилияти фикрӣ ва эътимод ба имкониятҳои шахсӣ мусоидат менамояд. Самти дуюм - фаҳмидани мавзуъ ва баёни мазмуни он буда, азхудкунии бошууронаи донишҳоро таъмин мекунад. Самти сеюм - ба фаҳмидани маънои сухан ва андешаи дигарон равона гардида, фарҳанги шунидан ва эҳтироми мавқеи ҳамсуҳбатро инкишоф медиҳад. Самти чорум - воридшавӣ ба муҳитҳои гуногуни муколамавиро дар бар мегирад. Самти панҷум - ба ташаккули маҳорати суханварӣ, баёни мантиқӣ ва далелнокии андешаҳо равона шудааст. Самти шашум - дарки аҳамияти тафаккури эҷодӣ ва ҷозибияти баёни андеша мебошад. Самти ҳафтум - ғанигардонии тафаккури эҷодӣ тавассути мероси адабӣ ва фарҳангӣ буда, самти ҳаштум - ташаккули қобилияти худбаҳодиҳӣ ва худрушддиҳиро фаро мегирад. Самтҳои мазкурро метавон ҳамчун маҷмуи салоҳиятҳои муколамавию эҷодӣ баррасӣ намуд, ки дар ҳамбастагӣ ба ташаккули шахсияти мустақиландеш, суханвар ва ташаббускор мусоидат мекунанд. Дар шароити рақамикунонии таҳсилот имкониятҳои татбиқи ин самтҳо васеъ мегарданд. Истифодаи платформаҳои таълимӣ, воситаҳои интерактивӣ, китобхонаҳои электронӣ, муҳитҳои маҷозӣ ва технологияҳои зеҳни сунъӣ метавонад шаклҳои анъанавии муоширати омӯзгору хонандаро такмил диҳад.

Дар асоси таҳлили назариявию методологӣ модели рушди салоҳиятҳои муколамавию эҷодии хонандагон таҳия гардид, ки ҳашт самти асосии ташаккули тафаккури эҷодиро дар зинаҳои гуногуни таҳсилот бо истифода аз технологияҳои муосири педагогӣ ва рақамӣ муттаҳид менамояд (Расми 1).

 

МОДЕЛИ РУШДИ САЛОҲИЯТҲОИ

МУКОЛАМАВИЮ ЭҶОДИИ ХОНАНДАГОН.

Расми 1. Модели педагогии ташаккул ва рушди салоҳиятҳои муколамавию эҷодии хонандагон дар зинаҳои таҳсилоти умумӣ дар муҳити рақамӣ.

 

Модели пешниҳодшуда робитаи мутақобилаи муколамаи таълимию тарбиявӣ, ҳашт самти рушди салоҳиятҳои муколамавию эҷодӣ ва технологияҳои рақамиро инъикос намуда, барои ташаккули мустақилияти фикрӣ, қобилияти худбаҳодиҳӣ, суханварӣ ва фаъолияти эҷодию таҳқиқотии хонандагон заминаи педагогӣ фароҳам меорад. С.С. Кашлев имкониятҳои усулҳои интерактивии таълимро барои фаъолгардонии иштирокчиёни раванди омӯзиш баррасӣ намудааст [10]. Г.К. Селевко бошад, технологияҳои педагогиро ҳамчун воситаҳои ташкили ҳадафмандонаи фаъолияти таълимӣ шарҳ медиҳад [16]. Бо такя ба ин равишҳо, истифодаи муколамаҳои масъалагузор, баҳсҳои илмӣ, бозиҳои нақшӣ ва зеҳнӣ, муаррифии рақамии лоиҳаҳо, таҳияи харитаҳои зеҳнӣ ва муҳокимаи асарҳои адабӣ барои рушди тафаккури эҷодӣ мувофиқ арзёбӣ мегардад. Дар баробари ин, истифодаи зеҳни сунъӣ бояд ба дастгирии фаъолияти мустақилонаи хонанда равона карда шавад. Он метавонад барои таҳияи саволҳо, муқоисаи андешаҳо ва арзёбии пешакии пешниҳодҳо истифода гардад, аммо набояд ҷойгузини тафаккури мустақил ва фаъолияти эҷодии хонанда бошад. Яке аз самтҳои муҳими баррасии натиҷаҳо аҳамияти озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар рушди қобилиятҳои зеҳнию эҷодии хонандагон мебошад. Озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикон — оинаи таърихи миллат», «Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат» ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ метавонанд муҳити мусоиди рушди суханварӣ, худифоданамоӣ, таҳлил ва муаррифии донишҳо бошанд. Аҳамияти дидактикии чунин озмунҳо танҳо дар муайян намудани ғолибон маҳдуд намегардад. Раванди омодагӣ, мутолиаи мустақилона, омӯзиши сарчашмаҳо, муҳокимаи мавзуъҳо ва муаррифии натиҷаҳо барои ташаккули салоҳиятҳои зеҳнию эҷодӣ имконият фароҳам меорад.

 

Дар натиҷаи ҷамъбасти назариявӣ барои арзёбии рушди тафаккури эҷодии хонандагон ҳашт меъёр пешниҳод карда мешавад.

 

Ҷадвали 2. Меъёрҳо ва нишондиҳандаҳои пешниҳодии арзёбии

рушди тафаккури эҷодии хонандагон. Манбаъ: таҳияи муаллиф.

Меъёрҳои арзёбӣ Нишондиҳандаҳои асосӣ
Маърифатӣ Фаҳмидани мавзуъ, таҳлил, муқоиса ва хулосабарорӣ
Муоширатӣ Ибрози ақида, шунидани дигарон ва иштирок дар муколама
Эҷодӣ Пешниҳоди ғояҳои нав ва ҳалли ғайримуқаррарии масъалаҳо
Суханварӣ Баёни мантиқӣ, далелнокӣ ва таъсирбахшии нутқ
Фарҳангию адабӣ Истифодаи мероси адабӣ, ғанигардонии луғат ва тахайюл
Рақамӣ Истифодаи мақсаднок ва бехатари воситаҳои рақамӣ
Рефлексивӣ Худбаҳодиҳӣ, муайян намудани камбудиҳо ва худтакмилдиҳӣ
Инноватсионӣ Табдил додани ғояҳо ба пешниҳодҳо ва натиҷаҳои амалӣ

 

Дар асоси ҷамъбасти таҳлилҳои назариявӣ модели меъёрӣ-нишондиҳандавии арзёбии рушди тафаккури эҷодии хонандагон таҳия гардид, ки ҳашт меъёри ба ҳам алоқаманд ва нишондиҳандаҳои асосии онҳоро фаро мегирад (Расми 2).

 

МОДЕЛИ АРЗЁБИИ РУШДИ ТАФАККУРИ ЭҶОДИИ ХОНАНДАГОН.

Расми 2. Модели меъёрӣ-нишондиҳандавии арзёбии

рушди тафаккури эҷодии хонандагон.

 

Модели пешниҳодгардида имкон медиҳад, ки сатҳи ташаккул ва рушди тафаккури эҷодии хонандагон аз рӯйи маҷмуи меъёрҳои маърифатӣ, муоширатӣ, эҷодӣ, суханварӣ, фарҳангию адабӣ, рақамӣ, рефлексивӣ ва инноватсионӣ ба таври низомманд арзёбӣ гардида, самтҳои такмили минбаъдаи он муайян карда шаванд.

Барои ҳар як меъёр се сатҳи ташаккул — паст, миёна ва баланд — пешниҳод мегардад. Сатҳи паст бо иштироки маҳдуд дар муҳокимаҳо ва душвории пешниҳоди андешаҳои мустақилона тавсиф мешавад. Сатҳи миёна бо қобилияти фаҳмидан ва шарҳ додани масъалаҳо, иштирок дар муколама ва пешниҳоди ғояҳои алоҳида муайян мегардад. Сатҳи баланд бошад, бо мустақилияти фикрӣ, пешниҳоди роҳҳои нав, асоснок намудани мавқеи шахсӣ ва қобилияти татбиқи эҷодкоронаи донишҳо фарқ мекунад. Дар таҳқиқоти муқоисавии хориҷии мавриди баррасӣ истифодаи технологияҳои бозии дорои мазмуни масъалагузор ба тағйироти мусбати сатҳи рушди иқтидори эҷодии хонандагон алоқаманд будааст. Мувофиқи натиҷаҳои пешниҳодшуда, дар гурӯҳи озмоишӣ ҳиссаи хонандагони дорои сатҳи баланди рушди иқтидори эҷодӣ 2,7 баробар афзуда, ҳиссаи хонандагони дорои сатҳи паст 2,6 баробар коҳиш ёфтааст. Ин натиҷаҳо аҳамияти технологияҳои фаъоли педагогиро нишон медиҳанд. Бо вуҷуди ин, татбиқи онҳо дар муҳити рақамии муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба таҳқиқоти мустақили таҷрибавӣ ва санҷиши самаранокии меъёрҳои пешниҳодшуда ниёз дорад.

 

ХУЛОСА.

Таҳлили асосҳои назариявию методӣ ва имкониятҳои амалии ташкили муколамаҳои таълимию тарбиявӣ нишон медиҳад, ки рушди тафаккури эҷодии хонандагон бояд ҳамчун раванди пайваста ва бисёрҷанба баррасӣ гардад. Аҳамияти дидактикии ин раванд дар он зоҳир мегардад, ки хонанда аз синни хурдсолӣ то хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тадриҷан қобилиятҳои фаҳмидан, таҳлил намудан, ибрози ақида, суханварӣ, муоширати созанда, пешниҳоди ғояҳои нав ва худрушддиҳиро аз худ менамояд. Дар натиҷаи таҳқиқоти назариявӣ ҳашт самти рушди салоҳиятҳои муколамавию эҷодӣ муайян ва низоми пешниҳодии меъёрҳои арзёбии онҳо таҳия гардид. Ин натиҷаҳо метавонанд барои такмили фаъолияти омӯзгорон, ташкили муҳити фаъоли муколамавӣ ва таҳияи воситаҳои методии рушди тафаккури эҷодӣ истифода шаванд. Бо назардошти хусусиятҳои низоми таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи технологияҳои инноватсионии муколамавӣ бояд ба ҳамгироии донишҳои фаннӣ, мероси адабию фарҳангӣ, имкониятҳои рақамӣ ва фаъолияти мустақилонаи хонандагон равона карда шавад. Озмунҳои ҷумҳуриявии илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ метавонанд ҳамчун воситаи иловагии ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ ва муаррифии қобилиятҳои хонандагон хизмат намоянд. Ҳамгироии таҷрибаи омодагӣ ба чунин озмунҳо бо фаъолияти ҳаррӯзаи таълимӣ барои ташкили муҳити устувори рушди тафаккури эҷодӣ аҳамияти амалӣ дорад. Дар маҷмуъ, ташкили ҳадафмандонаи муҳити муколамавии таълимӣ метавонад рушди тафаккури эҷодиро ба яке аз самтҳои асосии ташаккули шахсияти мустақиландеш, донишманд, суханвар ва омода ба фаъолияти инноватсионӣ табдил диҳад.

 

АДАБИЁТ:

 

1. Ананьев Б.Г. Избранные психологические труды: в 2 т. / под ред. А.А. Бодалева и др. М.: Педагогика, 1980. 288 с.

2. Ахметжанова Г.В. Педагогическая деятельность как особый вид деятельности человека: монография. Тольятти: ТолПИ, 2010. 80 с.

3. Батышев А.С. Практическая педагогика для начинающего преподавателя. М.: Ассоциация «Профессиональное образование», 2003. 200 с.

4. Батяева Е.Х., Ким Т.В., Барышникова И.А. и др. Проблемно-ориентированное обучение: сущность, недостатки, преимущества // Медицина и экология. 2016. № 1 (78). С. 115–122

5. Выготский Л.С. Воображение и творчество в детском возрасте. СПб.: СОЮЗ, 1997. 96 с.

6. Григорьева С.Г. Инновационная деятельность учителя как педагогическое явление // Вестник ЧГПУ им. И.Я. Яковлева. 2011. № 3–1. С. 49–56

7. Гулова Н. Баъзе масъалаҳои салоҳиятҳои касбии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ. Душанбе: «Сифат», 2019. 104 с.

8. Дурдонаи назми классик ва муосири тоҷик. Душанбе: «Адабиёти бачагона», 2021. 496 с.

9. Зинченко В.П., Моргунов Е.Б. Человек развивающийся: очерки российской психологии. М., 1994. 333 с.

10. Кашлев С.С. Интерактивные методы обучения: учебно-методическое пособие. 2-е изд. Минск: ТетраСистемс, 2013. 224 с.

11. Кравченко Т.Ю. Развитие критического мышления и творческого потенциала учащихся через проектную деятельность на уроках биологии // Молодой ученый. 2023. № 23 (470). С. 542–544

12. Лагода В.А., Киселева Л.В. Развитие творческого потенциала учащихся через организацию исследовательской и проектной деятельности // Научный альманах. 2021. № 11–2 (85). С. 131–135

13. Лазарев В.С. Инноватика в школе. Екатеринбург, Сургут: Гуманитарный университет, 2011. 159 с.

14. Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2024 ва солҳои минбаъда. Душанбе: ҶДММ «Табъу нашр», 2023. 95 с.

15. Некрасов А.С. Сущность понятия «Творческий потенциал человека» // Гуманитарные ведомости ТГПУ им. Л.Н. Толстого. 2019. № 3 (31). С. 149–157

16. Селевко Г.К. Энциклопедия образовательных технологий: в 2 т. Т. 1. М.: Народное образование, 2005. 556 с.

17. Сластенин В.А., Подымова Л.С. Педагогика: инновационная деятельность. М., 1997. 224 с.

18. Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирок дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара. URL: https://khovar.tj/2023/09/r-zi-donish-va-darsi-sul-dar-donishgo (дата обращения: 14.10.2026)

19. Уиллингэм Д. Учись как профи. 14 супернавыков, чтобы освоить всё, что хочешь / пер. с англ. И. Ильковой. Москва: Манн, Иванов и Фербер, 2003. 346 с.

20. Хуторской А.В. Педагогическая инноватика: методология, теория, практика. М.: УНТТДО, 2005. 222 с.

21. Электронный ресурс. URL: https://www.google.com/search?q


Полная версия статьи PDF

Номер журнала «Вестник науки» № 11 (104) том 1


Ссылка для цитирования:

Ҳумайрои Шералӣ Иброҳими АҲАМИЯТИ ДИДАКТИКИИ РУШДИ ТАФАККУРИ ЭҶОДИИ ХОНАНДАГОН ТАВАССУТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ ТАШКИЛИ МУКОЛАМАҲОИ ТАЪЛИМИЮ ТАРБИЯВӢ ДАР МУҲИТИ РАҚАМИИ ТАЪЛИМӢ // Журнал «Вестник науки» от 1 ноября 2026 г. № 11 (104) том 1. С. 444 - 460. 2026 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/33669 (дата обращения: 18.11.2026 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/33669



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки © 2026.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ «О противодействии экстремистской деятельности» (далее - Федеральный закон «О противодействии экстремистской деятельности»), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.