'
Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо

  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки №3 (48) том 2
  4. Научная статья № 2

Просмотры  126 просмотров

Карамшоева Г.Ќ.

  


ВАЗЪИ ИЉТИМОЇ-ИЌТИСОДИИ ТОЉИКИСТОН ДАР СОЛЊОИ 20-ЮМИ АСРИ ХХ *

  


Аннотация:
мақола ба вазъияти иҷтимоию иқтисодии тоҷикистон дар солҳои 20-сари асри XX бахшида шудааст   

Ключевые слова:
иқтисод, соҳаи иҷтимоӣ, Тоҷикистон   


УДК 33

Карамшоева Г.Ќ.

Кафедраи таърихи умумии

Донишгоњи давлатии Хоруѓ ба номи М. Назаршоев

(Хорог, Тољикистон)

 

ВАЗЪИ ИЉТИМОЇ-ИЌТИСОДИИ ТОЉИКИСТОН ДАР СОЛЊОИ 20-ЮМИ АСРИ ХХ

 

Шарҳ: мақола ба вазъияти иҷтимоию иқтисодии тоҷикистон дар солҳои 20-сари асри XX бахшида шудааст.

 

Калидвожаҳо: иқтисод, соҳаи иҷтимоӣ, Тоҷикистон.

 

Сохтмони љомеаи нави сотсиалистї дар Иттињоди Шўравї ба иљрои се вазифаи муњим- саноатикунонї, коллективонии хољагии ќишлоќ ва инќилоби маданї иртиботи ќавї дошт. Иљори ин се вазифа тибќи наќшаи ленинї бояд ќадам ба ќадам ва зина ба зина амалї мегардад. Давлатикунонии замин дар ИЉШС бо маќсади мустањкам намудани муносибатњои синфи коргару дењќон ва индустрикунонї имкон доданд, ки дар аввали давраи сохтмони сотсиалистї хољагии ќишлоќ ба дигаргунињо ноил гардид. Анљумани партия, ки 15-декабри 1927 доир шуд, вазифањои асосиро дар хољагии ќишлоќ колективкунонии хољагињо якдасти дењќон ба хољагии калонтар муаян намуд. Аммо колективонї дар њамаи љумњурињо бо як маром ва шакл намегузашт, зеро иќтисодиёт ва шароити ин љумњурињо якхела набуд.

Баъди таъсисёбии Љумњурии мухтори Тољикистон, ки ба воситаи Љумњурии Ўзбекистон ба њайати Иттињоди Шўравї ворид мегардид, ба зиммаи он аз марказ вазифањои мушаххас аз љумла, инкишофи соњаи обёрї коркарди заминњои нав, ташкили муњољирати дохилиљумњуриявї ва ба ин васила инкишофи соњаи пахтакорї гузошта шуд. Дар Анљумани нахустини Муассисони љумњурї (моњи декабри соли 1926) низ масоили мазкурро баррасї намуд. Ногуфта намонад, ки ин љараён, шаклу усулњои он бевосита ба рафту њаљми корњои обёрикунї, истифодаи заминњои нав вобастагии зич дошт. Солњои 20-ум давраи саршавии корњои обёрию коркарди заминњои навкорам ба њисоб мерафтанд [1,5].

  Солњои 20-ум – аввали 30-юм яке аз душворињое, ки дар назди љумуњурии навбунёди Тољикистон меистод, ин баргардонидани замину мулки бобої ба аксари фирориёни аз хориљ баргашта буд. Њалли ин масъала чандон осон набуд, зеро аксари заминњои гурезагон дар дасти табаќањои гуногуни ањолї буд ё худ дар натиљаи љангњои дохилї вайрону хароб гардида буданд. Бояд тазаккур дод, ки масъалаи барќарорсозии системањои обёрикунии љумњурињои Осиёи Миёна вижагињои худро дошт. Ин хусусият пеш аз њама аз он иборат буд, ки дар Тољикистон, махсусан дар ноњияњои љанубу шарќї ва марказии он барќарор ва минбаъд инкишоф додани ирригатсия ва мелиоратсия нисбат ба дигар љумњурињо дертар оѓоз гардид. Сабаби асосї дар он буд, ки дар ин љо вазъияти њарбї- сиёсї нисбатан тезу тунд буда, дастањои ѓоратгаронаи босмачиён дурру дароз амал мекарданд. Ѓайр аз ин љумњурї аз лињози, иќтисодї нињоят суст буд ва барои њарчи тезтар барќарор кардани системањои обёрикунї маблаѓи кирої људо карда наметавонист. Бинобар њамин барќарор кардани системањои обёрї бо љараёни барќарор кардани хољагии кишоварзї ќариб, ки баробар сурат мегирифт. Барќарории ин системањо аз соли 1923 (дар ноњияњои љанубу шарќї ва марказии Тољикистон) оѓоз ёфта, то ибтидои солњои 30-юм идома меёбад. Аз ин рў дар тўли солњои 20-ум се масъалаи муњим: барќарор кардани хољагии кишоварзї, системањои обёрикунї ва муњољир кардани ахолии ноњияњои серодам ба ноњияву вилоятњои мўњтољи ќувваи корї дар як ваќт баробар амалї гардонида мешуданд.

Дар шароити Тољикистон, ки њама аслан обёрии сунъї ба роњ монда шуда буд, омили аз њама муњимтарин барќарорсозии хољагии кишоварзї мањсуб мегашт. Ирригатсия ва мелиоратсияи замин, инчунин омили муњимми аз худ кардани дањњо њазор гектар заминњои нокорам ва бекорхобида буд. Масъалаи аз ноњияњои серањоливу камзамини кўњсор ба водињои камањоливу серзамин кўчонидани хољагихои дењќонї ва аз лихози хољагиву мењнатї ва маданиву маиши љойгиру мустањкам кардани мухољирон ба њарчи тезтар ва хубтару сифатн он ќадар барќарору инкишоф додани системахои обёрї алоќаи ногусастанї дошт.

Тахлилу тањќиќи њуљљатхои эътимоднок ва таљрибаи таърихии солњои бистум нишон медињад, ки мањз дар њамин давра барќарор ва минбаъд инкишоф додани системањои обёрї ба ёрии молиявии Њукумати Иттињод, сањми њаматарафаи худи Љумхурии Тољикистон ва дењќонони мењнаткаши он вобастагии зич дошт. Маълум, ки Њокимияти Шўравї аз ибтидо ба масъалаи барќарору инкишофи ирригатсияву мелоратсияи замин дар ќаламрави Осиёи Миёна ањамияти баѓоят калон медод. Зеро ин сарзамини нињоят бойю ѓанї ва минтаќаи обёришаванда ба њисоб мерафт. Барои инкишофи соњањои гуногуни кишоварзї ва махсусан, зироати муњимми техникї -пахта, ки мамлакат ба он эњтиёљи зиёд дошт, шароити нињоят мусоиди табиї мављуд буд. Дар њаќиќат инкишофи ирригатсия ва мелиоратсияи замин барои хољагии халќ ахамияти нињоят калон дошт[1,49].

Дар пленуми Бюрои Осиёимиёнагии КМ ЊК(б) 4 июли соли 1925 таъкид шуда буд: «Заминњои обёришавандаро зиёда карда, аз тарафи миёнањолону камбаѓалон истифода бурдани об ба низом дароварда шавад». Пленум ба инкишофи минбаъдаи ирригатсия даъват кард.

 Тирамоњои соли 1924 дар арафаи таъсис ёфтани Љумњурии Мухтори Тољикистон дар ќаламрави он 113, 4 њазор гектар замин, аз љумла дар округи обёришавандаи Вахш – 6715, Кофарнињон – 30 њазор, Ќизилсу - 6,6 њазор, Истаравшан - 30 њазор, Сурхоб – 27, 3 њазор, Кўњистони Бадахшон – 3,6 њазор гектар замин обёрї карда мешуд. Сабаби асосии камии заминњои обёришаванда дар солњои задухўрдњои дастањои босмачиён вайрон ва аз кор баромадани 80 фоизи системањои ирригатсионї дар ноњияњои љанубии Тољикистон ба њисоб мерафт[1,51]. Дар натиљаи ба таври оммавї ба роњ мондани корњои барќрорсозии иншоотњои обёрї аллакай солњои 1924- 1925-ум зиёда аз 20 гектар заминњои аз кор монда барќарор ва ба кор дароварда шуда буданд. Дар нимаи дуюми солњои 20-ум дар Тољикистон барои аз байн бурдани муносибатњои феодалї ва ташкил намудани шароитњо барои гузариш ба муносибатњои сотсиалистї љамъомадњои зиёди сиёсї, иќтисодї, сотсиалистї, гузаронида мешуданд. Дар натиљаи ба таври оммавї ба роњ мондани корњои барќарорсозии иншоотњои обёрї аллакай солњои 1924- 1925-ум зиёда аз 20 њазор гектар заминњои аз кор монда барќарор ва ба кор дароварда шуданд.

Барќарорсозии системаи обёрї дар њаёти иќтисодии љумњурї яке аз вазифањои муњим ва дар навбати худ хеле душвор буд ба маблаѓу ќувваи зиёдеро талаб мекард. Аз ин рў, њукумати марказї ва љумњурї ба он ањамияти хеле љиддї медоданд. Ин дар мисоли људо кардани маблаѓи њарсола возењ дида мешуд. Масалан, агар барои барќарорсозии системањои ирригатсионї солњои 1924 -1925 –ум 22130 сўм људо карда шуда бошад, пас солњои 1925 -26 –ум њаљми ин маблаѓ ба 504000 сўм расид, ки он нисбат ба соли аввал 716 % зиёдтар буд [5,113].

Масъалаи барќарор кардан ва минбаъд тараќќї додани ирригатсия ва мелиоратсияи замин дар давоми солњои 20-ум яке аз масъалањои муњимми барќарорсозии хољагии халќи љумњурї њисобида мешуд. Бинобар њамин њам њукумати љумњурї ба он диќќати махсус медод. Бо маќсади ба низом даровардан ва ба наќша гирифтани роњбарии рафти барќарор сохтан ва минбаъд инкишоф додани системањои обёрї моњи июли соли 1925-ум дар назди Комиссариати халќии замин Раёсати хољагии оби Љумњурии мухтори Тољикистон таъсис дода шуд. Дар ноњияњо бошад округњои обёрикунии мањаллї ташкил гардидаанд[БМД]. Шўъбаи Осиёимиёнагии Шўрои Мењнат ва Мудофиаи ИЉШС ќарор кард, ки ба Тољикистон мутахасисони бењтарини соњаи ирригатсия фиристода шавад.

Ташкил ва сохтмони каналњо, ки солњои 1925-1929 давом кард, бешубња бо маќсади зиёд намудани заминњои обї буд. Воќеан дар натиља ду маротиба миќдори ин заминњо зиёд шуд, ва аз 98 то 210 њазор гектар расид[4,8]. Ин имконият дод, ки дар Тољикистон миќдори хољагињои безамин кам шаванд ва сатњи иќтисодии хољагињои мустаќилонаи дењќонњо баланд гардад. Аз њама зиёд дар љумњурї намудњои оддии хољагии кооперативї ташаккул ёфтанд. Соли 1929 дар ќишлоќњо дар натиљаи фаъолияти ташкилотњои њукуматию њизбї иттифоќи камбаѓалон ва иттифоќи касабаи коргарони хољагии ќишлоќ ќадамњои љиддї дар ташкили хољагињои колективона гузошта шуд.

Дар њаќиќат ба ин масъала њукумати љумњурї ањамияти љиддї дода, њар сол маблаѓгузориро ба корњои ирригатсионї зиёд мекард. Масалан, агар дар соњои 1926-1927–ум ба корњои ирригатсионї таќрибан 735 њазор сўм сарф шуда бошад, пас солњои 1928- 1929-ум ин маблаѓ ба 1миллиону 880 расид [3].

Дар солњои 20-ум дар Тољикистон низ баробари мафњуми муњољират мафњуми сокиншавї истифода мегардид, ваќте ки 15 декабри соли 1928 ќонун дар бораи «Ќоидањои умумии истифодаи замин ва заминсозї дар ИЉШС» ќабул карда шуд, мафњуми сокиншавї аз байн рафт ва дигар дар њуљљатњои ќонунгузорї дучор намеояд.

 

РЎЙХАТИ АДАБИЁТ:

 

Абулњаев Р. Таърихи муњољират дар Тољикистон (1917- 2000). Душанбе, 2014

БМД Љумњурии Тољикистон, ф.9, р.1, д.229, в.153.

Материалы к вопросу земельных отношениях в Таджикистане. Сталинабад, 1930

Срдняя Азия в цифрах. - С.8.

Њамроев М. Деятельность коммунистической партии по развитию ирригатсии в Таджикистане. Из- во «Дониш», Душанбе, 1972

 

Karamshoeva G.K.

Department of General History

Khorog State University named after M. Nazarshoev

(Khorog, Tajikistan)

 

SOCIO-ECONOMIC SITUATION OF TAJIKISTAN

IN THE 20S OF THE XX CENTURY

 

Abstract: the article is devoted to the socio-economic situation in Tajikistan in the 20s of the XX century.

 

Keywords: economy, social sphere, Tajikistan.

  


Полная версия статьи PDF

Номер журнала Вестник науки №3 (48) том 2

  


Ссылка для цитирования:

Карамшоева Г.Ќ. ВАЗЪИ ИЉТИМОЇ-ИЌТИСОДИИ ТОЉИКИСТОН ДАР СОЛЊОИ 20-ЮМИ АСРИ ХХ // Вестник науки №3 (48) том 2. С. 11 - 16. 2022 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/5366 (дата обращения: 27.04.2024 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/5366



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки СМИ ЭЛ № ФС 77 - 84401 © 2022.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ 'О противодействии экстремистской деятельности' (далее - Федеральный закон 'О противодействии экстремистской деятельности'), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.