'
Научный журнал «Вестник науки»

Режим работы с 09:00 по 23:00

zhurnal@vestnik-nauki.com

Информационное письмо

  1. Главная
  2. Архив
  3. Вестник науки №3 (48) том 2
  4. Научная статья № 3

Просмотры  110 просмотров

Карамшоева Г.Ќ.

  


ВАЗЪИ ИЉТИМОЇ-ИЌТИСОДИИ ТОЉИКИСТОН ДАР СОЛЊОИ 30-ЮМИ АСРИ ХХ *

  


Аннотация:
мақола ба вазъияти иҷтимоию иқтисодии тоҷикистон дар солҳои 30-сари асри XX бахшида шудааст   

Ключевые слова:
иқтисод, соҳаи иҷтимоӣ, Тоҷикистон   


УДК 33

Карамшоева Г.Ќ.

Кафедраи таърихи умумии

Донишгоњи давлатии Хоруѓ ба номи М. Назаршоев

(Хорог, Тољикистон)

 

ВАЗЪИ ИЉТИМОЇ-ИЌТИСОДИИ ТОЉИКИСТОН ДАР СОЛЊОИ 30-ЮМИ АСРИ ХХ

 

Шарҳ: мақола ба вазъияти иҷтимоию иқтисодии тоҷикистон дар солҳои 30-сари асри XX бахшида шудааст.

 

Калидвожаҳо: иқтисод, соҳаи иҷтимоӣ, Тоҷикистон.

 

Соли 1929 дуюмин конференсияи њизбии Тољикистон оид ба замин гузаронида шуд, дар натиља миќдори хољагињои безамин ва камзамин муайян шуданд, ки назар ба Љумњурињои Ўзбекистон ва Ќирѓизистон 2-3 маротиба зиёдтар буданд[4]. Сохтмони колхозњо дар Тољикистон тибќи ќонуни «Замину об» дар ноњияњои Шарќї сар шуда буд.  Мувофиќи гузорише, ки 5-январи соли 1930 дар мавзўъи «Колективизатсиякунонї ва ёрї ба колхозњои давлатї» КМ ЊК(б) Тољикистон манзур намудааст санаи ба охир расиданидан коллективизатсиякунонии дигар ќишрњои дењќонон муайян карда шуд. Тибќи њамин њуљљат синфи кулакњо пурра аз байн рафт.

Дар њаќиќат далелњои сершумор шоњиди онанд, ки дар ибтидои нимаи дувуми солњои 20-ум дар дењоти љумњурї ќисми зиёди дењќонон безамин буданд, аз тарафи дигар, дењќонони мувофиќи шароити онваќта заминдор низ кам набуданд. Принсипњои адолати иљтимої сахт вайрон карда шуда буд. Масалан, соли 1926 дар вилоятњои алоњидаи Тољикистон аз 3, 35% то 22, 49% дењќонон безамин буданд, аз  0,14% то 10,33% дењќонон бошанд, зиёда аз 10 десятина замин доштанд. Дар шароити водињои фарох дењќоне, ки аз 10 десятина ва аз он зиёд замин дошт, ўро њамчун дењќони муќќарарї ё худ миёнањол њисобидан мумкин буд. Аммо дар шароити вилоятњои кўњї, аз љумла вилояти Ѓарм, ашхосе, ки аз 10 десятина ва аз он зиёд замин дошт, ў бой шуморида мешуд. Дар вилояти Ѓарм дар њамин давра 44254 хољагї вуљуд дошт, ки њар яки он ба њисоби миёна аз 5,9 кас иборат буд. Аммо заминњои кораме, ки дар ин вилоят буданд, ба њамаи хољагињо намерасиданд ва бегуфтугў талаботи дењќононро ќонеъ карда наметавонистанд. Ба ифодаи дигар, њатто гузаронидани ислоњоти замину об њам ин масъаларо ба таври мусбат њал карда наметавонист.

 Тибќи њуљљати расмие, ки 10-декабри соли 1929 ба ќайд гирифта шудаст, солњои 1929-1930 дар љумњури зиёда аз 16-њазор хољагии муттањидаи дењќони ташкил ёфтааст.  Барои ташкили ин хољагињо 2456 сўм људо гардида буд[6]. Ин пулњоро барои кредити колхозњо људо карда буданд. Баробари он  колхозњо бисёр оид ба андози чорвои корї ва ашёњои лозимаи аграрї имтиёзњои зиёдро соњиб буданд. Яке аз калонтарин воќеае, ки ба болоравии њаракати колхозї мусоидат намуд корњои бањорї таъминоти бо техникаи зарурат буд. Дар калонтарин ноњияњои пахтакорї -Шањринав, Арал, Саройкамар ва Шањритус зиёда аз 300 адад тракторњо ва дигар техникањо тавассути 4-стансияи мошину тракторї ба кишти бањорї сафарбар шуданд.

Дар пешрафти њаракати колхозї дар Тољикистон наќши муњимро ёрии бевоситаи марказњои саноатї, махсусан коргарони муассисањои бофандагии «Трёх гозная мануфактура», «Глуховская», «Яхрома», «Красная знамия», «Плоретарская победа» ва дигар заводњо, ки дар ноњияњои пахтакорї љумхурї сарвариро ба даст гирифта, мардум тарзи кор бо техникаро меомўзонд бозида буд.

Бо ќарори пленуми КМ ЊК(б) ИШ ба дењањои барои расонидани чунин ёрии техникї Тољикистон дар аввали соли 1930 25-њазор кадрњои баландихтисосро равона карда шуданд. Биступанљ њазор нафарашон барои бо тарзи дуруст кор дар колхозњо ва интизоми мењнат ва дигароро меомўзониданд. Дар байни дењќонон махсусан коргарон С.Чекунов, Ю.Безкин, А.Макаров, И.Афонин, О.Евполова, Л.Крилова ва дигарон обурў ва нуфузи зиёдеро ба даст оварданд. Дар Тољикистон ва дигар ноњияњои кишавар гузариш ба роњи колхоздорї дар њолати муборизаи шадиди синфї мегузашт. 15-марти соли 1930 КИМ  ШКХ-и љумњурї, доир ба манъ намудани худсарона идора намудани хољагињо аз тарафи бойњо (куллак) њуљљатеро ќабул намуд карда шавад. 4-майи њамон сол КИМ ШКХ ЉШС Тољикистон њуљљати дигари муњимеро ќабул намуданд, доир ба истифодаи замини бойњо ва ќабул карда шуд[5]. 

Моњи феврали соли 1930 Бюрои Осиёи Миёнагии ЊК(б) ИШ 36 ноњияи минтаќаро ноњияњои саросар колективонї эълон намуд, ки ба ин гуруњ 4 ноњияи Тољикистон низ шомил буданд. Аммо дар ду ноњия- Конибодом ва Ѓончї шароити зарурї барои саросар коллективонї мављуд набуд.

Дар Анљумани 1 ЊМ(б) Тољикистон, июли соли 1930 намоянда аз ноњияи Лаќаї- тољик ба колхоз чигуна дохил шуданро наќл намуд: «Инструктор ба ќишлоќ меояд ва дењќононро љамъ намуда чунин мегўяд: «Пагоњ њама љамъ шуда колхоз ташкил мекунем, якљоя кор мекунем, унсурњои бегона бойњо,  муллоњо ва ѓайраро аз байн мебарем» [Мирзоев 133]. Дар миёнаи соли 1930 аз миќдори умумии колхозњои љумњурї 66,2-артелњо, 33,7-тозњо, 0,1%-коммунањо ташкил медоданд[2]. Аммо бо усули иљбории маъмурї ташкил намудани колхозњо, амалан набудани хољагињо боиси зуд аз байн рафтани онњо мешуд. Соли 1930 миќдори зиёди колхозњо дар округи Хуљанд, дар муддати 10-рўз теъдоди колхозњо то 40%-кам шуданд. Дар Кулоб, Ќурѓонтеппа, Њисор ва Панљакет, дар муддати 1-моњ аз 15март то 15 апрел 12- колхоз аз байн рафт[3].

Умуман агар соли 1933-юм 8482 хољагї ба ноњияњои пахтакори љумњурї муњољир шуда бошанд, аз он 3388 хољагї аз рўйи наќшаи пешакї,  5094 хољагии дигар берун аз наќша њиљрат карда буданд, ки ин њам яке аз вижагињои амалї гардидани ин чорабинї ба шумор меравад. Аз ин миќдор ба ноњияњои Шањринаву Кўлоб, Янгибозору Њисор, Фархор ва чанде дигар 3447 хољагии дењќонон муњољир шудаанд.

Соли 1931 бошад колхозњои Тољикистон аз  830 ба 1848 расиданд. Умуман миќдори хољагињои муттањидшудаи дењќонї аз 15,7 то ба 36,6% зиёд шуд. Дар охири соли 1931, 14-савхозњои нав ва майдонњои корам ба 23,7 њазор гектар расиданд[1]. Соли 1932 41,9%  хољагии дењќонї колективонида шуданд. Ба колхозњо 65,3% заминњои корам тобеъ  буданд. Коллективонии хољогии кишоварзї дар ЉШС Тољикистон назар ба дигар љумњурињо суст буд.  Яке аз рўйдодњои муњиме, ки августи соли 1933 доир шуд, ин якумин анљумани колхозчиёни љумњурї буд, анљомёбии 5-соларо љамъбаст намуда масъалањои навбатии сохтмони колхозиро ба миён гузошт.

Аввали солњои 1934 колхозњои љумњурї 106-њазор (60,9%) хољагии дењќониро муттањид менамуданд. Дар аввали соли 1934 дар ноњияњои Ѓарм 29,2%, дар Кулоб 27% колхозњо ташкил карда шуд[1].

2-феврали соли 1935 дар Сталинобод, Анљумани 2-и колхозчиён гузашт, ки дар кори он 227 вакил аз 36-ноњияи љумњурї иштирок намуданд. Ин аљуман Оинномаи нави ТОЗ-њои  ЉШС Тољикистонро ќабул намуд. Дар ин Оиннома масъалањои муњими хољагињои аграрї аз ќабили маќсад ва вазифањои колхоз,  истифодабарии замин ворид гардида буд. Нисбат ба Оинномаи соли 1930 ба колхозњо њуќуќњои зиёд ва имконият фароњам оварда буд. Њукумати советї ба колхозњо,ёрии техникї ва пулиро идома медод.

Агар  соли 1932 дар Тољикистон 21-њазор колхозњо ташкил шуда бошад, дар солњои 1937-1940, адади онњо 4,0 расид. Соли 1937  89,9%- хољагињои кишоварзиро муттањид мекард ва  намуди ассосї хољагиро ТОЗ-њо ташкил медоданд.

 

РЎЙХАТИ АДАБИЁТ:

 

Абулњаев Р. Таърихи муњољират дар Тољикистон (1917- 2000). Душанбе, 2014

АИП  КМ ЊКТ.- ф.3, оп.5, д.648, л.34.

БМД Љумњурии Тољикистон, ф.9, р.1, д.229, в.153.

Мирзоев М. Из истории борьбы Коммунистической партии Таджикистана за создание условий массовой коллективизации сельского хозяйства Таджикистана. Сталинабад, 1957.

Систаматическое собрание действующих законов Таджикской ССР.-Сталинабад,1930.-

Таджитская ССР за 25 лет.-. 52.

 

Karamshoeva G.K.

Department of General History

Khorog State University named after M. Nazarshoev

(Khorog, Tajikistan)

 

SOCIO-ECONOMIC SITUATION OF TAJIKISTAN

IN THE 30S OF THE XX CENTURY

 

Abstract: the article is devoted to the socio-economic situation in Tajikistan in the 30s of the XX century.

 

Keywords: economy, social sphere, Tajikistan.

  


Полная версия статьи PDF

Номер журнала Вестник науки №3 (48) том 2

  


Ссылка для цитирования:

Карамшоева Г.Ќ. ВАЗЪИ ИЉТИМОЇ-ИЌТИСОДИИ ТОЉИКИСТОН ДАР СОЛЊОИ 30-ЮМИ АСРИ ХХ // Вестник науки №3 (48) том 2. С. 17 - 21. 2022 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/5367 (дата обращения: 26.04.2024 г.)


Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/5367



Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com


Вестник науки СМИ ЭЛ № ФС 77 - 84401 © 2022.    16+




* В выпусках журнала могут упоминаться организации (Meta, Facebook, Instagram) в отношении которых судом принято вступившее в законную силу решение о ликвидации или запрете деятельности по основаниям, предусмотренным Федеральным законом от 25 июля 2002 года № 114-ФЗ 'О противодействии экстремистской деятельности' (далее - Федеральный закон 'О противодействии экстремистской деятельности'), или об организации, включенной в опубликованный единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими, без указания на то, что соответствующее общественное объединение или иная организация ликвидированы или их деятельность запрещена.