НАҚШИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ-КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР ТАҶДИДИ СИСТЕМАИ ТАЪЛИМ
Аннотация: Рушди босуръати технологияҳои иттилоотї-коммуникатсионӣ (ТИК) ба системаи муосири маориф таъсири назаррас расонидааст. Ҳадафи ин тадқиқот омӯхтани нақши ТИК дар такмили системаҳои таълимӣ мебошад. Тадқиқот ба таъсири ТИК ба усулҳои таълим, равандҳои таълим, дастрасӣ ба захираҳои таълимӣ ва самаранокии умумии таълим нигаронида шудааст. Тадқиқоти мазкур тавассути таҳлили ҳамгироии ТИК ба амалияи таълимӣ фаҳмиши имконият ва мушкилоти марбути истифодаи технология дар омўзишро мефаҳмонад. Аз натиљањои таҳқиқот интизорї аст, ки ба мубоҳисаи истифодаи ТИК барои беҳтар кардани системаи маориф мусоидат мекунад.
Ключевые слова: технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, навсозии низоми таълим, усулҳои таълим, равандҳои таълим, дастрасӣ ба захираҳои таълимӣ, технологияҳо дар таълим.
Салоҳияти иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ яке аз афзалиятҳои асосии ҳадафҳои таҳсилоти умумӣ ба шумор меравад ва ин на танҳо ба сабабҳои дохили таҳсилот алоқаманд аст.
Бояд гуфт, ки аќидаи «Мо дар асри информатсия ва коммуникатсия зиндагї дорем», комилан дуруст нест. Зеро дар њаёти инсон иттилоотї ва коммуникатсия њама ваќт љой дошт. Инсон дар муддати таърихи њазорсолаи худ тавассути хат ва таљњизотњои замона тарзњои захира нигањдорї, коркард ва интиќолу расонидани иттилоотро дошт.
Омилњои зерин сабабгори осон ва одї гардидани дастрасї ба иттилоот шуда, тарзњои захира, нигањдорї, коркард ва интиќолу расонидани онро низ сода гардонид. Аз ин сабаб, иттилоот рушди инсонро босуръат боло бурд.
Рушду пешрафти саноат дар солњои 60-90-уми асри гузашта, инкишофи технологияњои иттилоотро таќвият бахшид.
Тавассути коркарди таљњизоти техникии соњањои саноат, технология ба фаъолият, рўзгор, омўзиш ва дигар пањлуњои рўзмарраи њаёти инсон ворид гардид.
Дар асоси гуфтањои боло, кишварњое, ки зарурати азнавсозии таљњизоти техникиро дарк карданд ва шароити мусоид барои рушди он фароњам оварданд, ба марњилаи нави тараќќиёт ворид шуданд.
Имрўзњо ин кишварњо ба ин ќаноат накарда, бо таљњизоти техникї шуури инсонро коркард карда истодаанд, то ки кор босифаттар гардида, њиссаи камтарини зањмат ба инсон расад.
Бо маќсади амалї намудани ин гуфтањо тањќиќоти зиёд ба миён омаданд. Таљњизотњои техникї то дараљае инкишоф ёфтанд, ки фаъолияту рўзгори инсон осон шуда, барои омўзиши ў кумакрасони асосї гардидааст. Аз ин рў, асри XXI-ро асри технологияњои иттилоотї меноманд. Яъне, технологияњое, ки њам кумак мекунад ва њам инсонро дар донишњояш такмил медињад. Дар баробари ин, осонкунандаи кори ў мебошад. Гуфтањои боло сабаб шуданд, ки инсон аз марњалаи нави инкишофи пасосаноатии солњои 60-90-уми асри гузашта, ба љамъияти информатсионї ворид гардад.
Дар асоси тадќиќоти миллї ва љањонї маориф ва илми Тољикистон низ муайян намуд, ки востиањои аёнии таълиму тарбияи муосирро асосан бояд технологияњои иттилотию коммуникатсионї ташкил дињанд. Бо ин сабаб, љойи воситањои аёнии дарси анъанавиро технологияњои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ гирифтаанд, зеро технологияњои навин ба зеҳни таҳсилкунанда зудтар роҳ ёфта, самаранокӣ ва сифати тайёр намудани онҳоро баланд мебардорад.
Мушкилоти ба пуррагї љорї намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ нисбат ба ашёҳои таълимии анъанавӣ дар он аст, ки технологияи зикргардида ба таври динамикӣ тағйир меёбад. Ҳар нафаре, ки ҳангоми таълим технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро истифода мебарад, ё асосҳои педагогии истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро дар раванди таълим дарс медиҳад, дарк менамояд, ки мундариҷаи барномаҳои таълимӣ, корӣ, ҳуҷҷатҳои таълимӣ ва методиро зуд-зуд тағйир додан зарур аст. На ҳама вақт заминаи моддию техникии раванди таълимро ба фан мутобиқ кардан мумкин аст. Аммо дар шароити иттилоотикунонии ҷомеа азхудкунии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ яке аз воситаҳои самарабахши рушду худинкишофёбии мутахассисони оянда аст. Аз ин рӯ, барои зудтар расидан ба мақсадҳои зикргардида бояд мутобиқи шароит такмил додани қонунгузории соҳавӣ, мавқеи истифодабарии технологияњои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар раванди таълим бознигарӣ шавад.
Бо дарназардошти ин, дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгор ҳамчун субъекти фаъоли ташаккул ва рушд муқаррар карда шудааст.
Чунин муносибат хусусият ва дараҷаи касбию шахсии ташаккулёбии омӯзгори муосир, мушкилоти масъалаи тайёрӣ ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи самти муҳимтарини ҷустуҷӯйи эмпирикӣ ва тадқиқоти байнисоҳавии илмӣ, назариявӣ ва ташкилиро дар фаъолияти педагогӣ ба вуҷуд меоварад. [2, с.].
Ҳамин тавр, дар «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Консепсияи миллии таълими Ҷумҳурии Тоҷикистон» [3, 8, 9] дар байни салоҳиятҳои асосӣ инҳо номбар шудаанд:
тайёрии мутахассисон барои истифодабарии усулҳои асосӣ, намудҳою воситаҳои қабул, нигаҳдорӣ ва коркарди иттилоот,
қобилияти кор кардан бо иттилоот дар шабакаи интернет,
дарки моҳият ва аҳаммияти иттилоот дар рушди ҷомеаи муосири иттилоотӣ, эътироф кардани хатар ва таҳдидҳое, ки дар ин раванд ба вуҷуд меоянд, риояи талаботҳои асосии амнияти иттилоотӣ,
қобилияти истифодаи технологияҳои иттилоотӣ барои таъмини сифати раванди таълим [7, с.24-29].
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, низоми таҳсилоти умумии Тоҷикистон дар тули солҳои истиқлолият дар ин самт рушд кард. Инчунин, бо мақсади татбиқи ин самт як қатор консепсия ва барномаҳои таълимии миллӣ, инчунин, дигар асноди қонунгузорӣ низ қабул гардиданд. Аммо омилҳои зерин раванди таълимро, ки ба он бояд технологияњои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ҳамроҳ гардида, истифода шаванд, душвор намуданд:
Ба ҳисоби миёна як маротиба дар якуним сол нишондодҳои асосии сахтафзорҳо (hardware)[i] дучанд гардида, наслҳои нармафзор (software)[ii] дар ду-се сол як маротиба иваз шуда, дар панҷ-ҳафт сол як маротиба пойгоҳи стандартҳо («базовые стандарты»)[iii], интерфейсҳо[iv] ва протоколҳо[v] тағйир меёбанд.
Теъдоди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла, компютерҳо дар ҷаҳон беш аз 900 миллион ададро ташкил медиҳад ва ҳар як системаи ҳисоббарорї беҳамто мебошад.
Аз нигоҳи миқдори суръати шумораи афзоиши системаҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ нисбат ба суръати тайёрии таҳсилкунандагони ихтисосҳои педагогӣ, ки дар фаъолияти минбаъдаи омӯзгорӣ бо онҳо самаранок кор карда тавонанд, хеле баланд аст.
Дар шароити ҳозира барои омӯзиши принсипҳои густурда истифода бурдани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълим ба муассисаи масъул зарур аст:
Барномаҳои ҷадиде, ки имконияти васеи ҳамкорӣ намудани фанҳои таълимӣ бо техникиро ба вуҷуд меоварад, таълиф карда шаванд.
Дар барномаҳои таълимӣ асосҳои ташкилӣ-методологӣ аз назариявӣ-методологӣ бештар ба назар гирифта шаванд.
Барои амалӣ намудани асосҳои ташкилӣ-методологӣ зарур аст, ки барои ҳамаи дарсҳо китобҳои аудиовизуалӣ таҳия карда шаванд.
Олимон, ки худ ҷорикунандаи навгонӣ дар таълиманд, бештаринашон назари нек ба технологияњои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ надоранд. Аз ин рў, роњњое пайдо гарданд, ки омўзгорон ба истфодабарии технологияњои иттилоотї ва коммуникатсионї моил шаванд.
Системаи маориф ва илм дар ин самт мониторинг гузаронида, њолати воќеии ташаккули омодагии омўзгорони ояндаро ба истифодаи технологияњои муосири педагогї муайян намоянд.
Фанњое, ки дар самти ташаккулёбии донишљўён ба истифодабарии технологияњои иттилоотї ва коммуникатсионї рабт доранд, барќарор карда шаванд, аз љумла «Воситањои техникии таълим». Донишљўён њангоми омўзиши технологияи иттилоотї, ки вазифааш аз таълими барномањои ибтидоии компютерї иборат аст, маќсадњои истифодабарии технологияњои иттилоотї ва коммуникатсиониро дар фаъолияти педагогии ояндаашон намеомўзонад.
Соатњои таълимии технологияњои иттилоотї ва коммуникатсионї зиёд карда шуда, ба чанд марњалаи таълим (семестр) таќсим карда шаванд.
Имрўз барои аксарияти хонандагон ташаккули муназзам ва самараноки салоҳияти иттилоотию коммуникатсионӣ танҳо дар сурати истифодаи ТИК имконпазир аст. Ин муваффақият маънои онро дорад, ки тағйироте, ки дар муассисаҳои таълимӣ нишон дода мешавад, бештар ба татбиқи онҳо вобаста аст.
Технологияи таълими компютерӣ – маҷмуи усулҳо, воситаҳои фароҳам овардани шароити педагогӣ дар асоси технологияҳои компютерӣ, телекоммуникатсионӣ ва интерактивӣ буда, моделсозии маҳсулоти нармафзор қисми вазифаҳои омӯзгор дар ташкили пешниҳоди иттилоот, интиқол ва ҷамъоварӣ, назорат ва идоракунии фаъолияти дониш ба шумор меравад.
Истифодаи технологияҳои компютерӣ имкон медиҳад, ки тамоми раванди таълим тағйир ёфта, модели таълим ба хонанда нигаронида шуда, амалӣ карда шавад ва аз ҳама муҳим, мустаќилияти хонандагон бештар мешавад. Албатта, компютерҳои муосир ва таъминоти интерактивӣ ва таъминоти методӣ тақозо мекунанд, ки шакли муоширати омӯзгор ва донишҷӯ, табдил додани таълим ба шарикии тиҷоратӣ табдил дода шавад ва ин ҳавасмандии таълимро афзоиш дода, зарурати ҷустуҷӯйи моделҳои навро ба вуҷуд меорад.
Технологияҳои иттилоотии бештар дар раванди таълим истифодашавандаро метавон ба ду гурӯҳ тақсим кард:
Истифодаи технологияҳои шабакавӣ, шабакаҳои маҳаллӣ ва интернет (дастурҳо, версияҳои электронӣ, серверҳои таълимӣ фосилавӣ, ки муоширати интерактивиро бо донишҷӯён тавассути Интернет, аз ҷумла дар вақти воқеӣ таъмин мекунанд).
Технологияҳои компютерии маҳаллӣ (барномаҳои таълимӣ, моделҳои компютерии равандҳои воқеӣ, барномаҳои намоишӣ, китобҳои электронї, масъалаҳо, барномаҳои назоратӣ, маводи дидактикӣ).
Компютерро дар дарсҳо бо вазифаҳо ва мақсадҳои гуногун истифода бурдан мумкин аст: ҳамчун усули ташхиси қобилияти омӯзишии хонандагон, ҳамчун воситаи таълим, ҳамчун манбаи иттилоот, ҳамчун воситаи таълим ё ҳамчун мониторинг ва арзёбии сифати таълим. Имкониятҳои компютери муосир хеле бузурганд, ки мавқеи онро дар раванди таълим муайян мекунанд. Онро дар њар марҳалаи дарс пайваст кардан мумкин аст, ки бисёр масъалаҳои дидактикиро њам коллективона ва њам ба таври индивидуалӣ ҳал мекунад.
Дар айни замон бо ёрии проектори мултимедиявӣ компютерро ҳатто барои кори фронталӣ, масалан, ҳангоми ташкили ҳисоби даҳонӣ ё тафтиши кори мустақилона истифода бурдан мумкин аст. Истифодаи дастурҳои таълимӣ - презентатсияҳое, ки дар барномаи Power Point сохта шудаанд, имкон дод, ки тақрибан ҳамаи ТКО-ҳои насли куҳна даст кашанд, аёниятро ба сатҳи баландтар бардоранд.
Наќши назорат дар раванди таълим ањаммияти аввалиндараља дорад, аз ин рў, љорї намудани технологияњои иттилоотию коммуникатсионї дар раванди таълим ба љорї намудани ТИК њамчун унсури муњим ва таркибии раванди назорат мусоидат хоњад кард.
Хулоса, стратегияи таҳқиқи проблемаҳои илмҳои педагогӣ, алалхусус, баланд бардоштани сифати таълим, ба таҳияи шароити нави технологї ниёз дорад.
Дар асоси таҳлили адабиёти психологию педагогӣ ва омӯзиши таҷрибаи оммавӣ хулоса баровардан мумкин аст, ки кори муваффақонаи омӯзгори муосир бештар ба он вобаста аст, ки вай то чӣ кадом ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ҳамчун ҷузъи зарурии ташаккули касбӣ ва шахсӣ дар дохили муассисаҳои таълимӣ омода аст.
Бо назардошти рушди маорифи ҷаҳон аз кишварҳо тақозо намуд, ки назари худро ба технологияњои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дигаргун созанд, зеро исбот гардид, таъсири ТИК ба маориф ва илм беназир шудааст. Аммо маориф ва илми муосир бо мушкилот ва таѓйиротҳое рӯбарӯ гардидааст, ки дар натиҷаи рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба вуҷуд омадааст, ки беъзе аз мушкилотҳои он зикри худро ёфтанд. Ин технологияҳо дар навсозии системаи маориф тавассути фароҳам овардани имкониятҳои нав барои раванди таълим, мутобиқ шудан ба услубҳои гуногуни омӯзиш ва омода кардани донишҷӯён ба асри рақамӣ нақши муҳим доранд.
Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба системаи маориф як қатор тағйирот ворид кардааст. Онҳо дастрасӣ ба доираи васеи захираҳои таълимиро фароҳам оварда, ба омўзгорон имкон дод, ки дарсҳои интерактивӣ – мустаќилона омўхтани фанро ва маводи таълимӣ эҷод кунанд ва ба тањсилкунандагон имкониятҳои омӯзиши фардӣ фароҳам оранд. Илова бар ин, истифодаи ТИК ба рушди малакаҳои саводнокии рақамӣ мусоидат карда, дар ҷаҳони муосир аҳаммияти бештар пайдо намудааст.
Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) ба системаи маориф таъсири назаррас доранд.
Дастрасӣ ба захираҳои таълимӣ: ТИК ба тањсилкунандагон ва омӯзгорон дастрасӣ ба доираи васеи маводи таълимӣ, курсҳои онлайн, китобхонаҳои рақамӣ ва дигар захираҳои таълимиро фароҳам оварда, ба ин васила имкониятҳои таълимро беҳтар мекунад.
Таълими интерактивӣ: ТИК имкон медиҳад, ки дарсҳои интерактивӣ, бозиҳои таълимӣ, презентатсияҳои мултимедиявӣ ва дигар шаклҳои таълим, ки раванди омӯзишро ҷолибтар ва муассиртар мекунанд, эҷод кунанд.
Таълими фардӣ: Бо истифода аз ТИК омӯзгорон метавонанд маводҳои таълимӣ ва усулҳои омўзишро ба эҳтиёҷоти инфиродии ҳар як донишҷӯ мутобиқ созанд, ки дар натиҷа омӯзиши муассиртар ба миён меояд.
Такмили саводнокии рақамӣ: ТИК ба такмили малакаҳои саводнокии рақамии тањсилкунандагон кӯмак мекунад, ки дар ҷомеаи иттилоотии имрӯза аҳаммияти рӯзафзун пайдо мешавад.
Таҳсилоти глобалӣ: ТИК монеаҳои ҷуғрофӣ ва фарҳангиро аз байн бурда, ба тањсилкунандагон имкон медиҳад, ки аз ҳар гӯшаи ҷаҳон маълумот гиранд ва бо омўзгорон ва њамсабаќони кишварҳои гуногун муошират кунанд.
Ин таѓйиротњо дастрасии тањсилотро, љолибиятро бештар намуда, ба эњтиёљоти љањони муосир мутобиќ гардонида, зарурати истифодаи ТИК дар низоми тањсилоти муосирро таъкид менамояд.
Истифодаи технологияҳои иттилоотї-коммуникатсионӣ дар таълим манфиатҳои зиёд дорад. Ба омӯзгорон имкон додааст, ки дарсҳои ҷолиб ва шавќовар тањия намуда, омӯзишро мувофиқи эҳтиёҷоти ҳар як тањсилкунанда фардӣ гардонанд. Бо ин сабаб, аз љумла, ба шахсони имконияташон мањдуд – маъюбон дастрасиро ба омўзиш ба пуррагї таъмин намуд.
Технологияҳои иттилоотї-коммуникатсионӣ (ТИК) дар таълим ба тањсилкунандагон, омӯзгорон ва муассисаҳои таълимӣ як қатор имкониятњоро фароњам овард:
Дастрасӣ ба захираҳои таълимӣ: ТИК ба тањсилкунандагон имкон медиҳад, ки ба доираи васеи маводҳои таълимӣ, курсҳои онлайнӣ, китобхонаҳои рақамӣ ва дигар захираҳои таълимӣ дастрасӣ пайдо карда, ба ин васила имкониятҳои таълимро васеъ менамояд.
Таълими интерактивӣ: ТИК имкони эҷоди дарсҳои интерактивӣ, бозиҳои таълимӣ, презентатсияҳои мултимедиявӣ ва дигар шаклҳои омӯзишро фароҳам меорад, ки раванди таълимро ҷолибтар ва муассиртар мекунад.
Таълими фардӣ: Бо истифода аз ТИК омӯзгорон метавонанд маводҳои таълимӣ ва усулҳои таълимро ба эҳтиёҷоти инфиродии ҳар як донишҷӯ мутобиқ созанд, ки дар натиҷа омӯзиши муассиртар мешавад.
Такмили саводнокии рақамӣ: ТИК ба такмили малакаҳои саводнокии рақамии тањсилкунандагон кӯмак карда, дар ҷомеаи иттилоотии имрӯза аҳаммияти рӯзафзунро пайдо кардааст.
Таҳсилоти глобалӣ: ТИК монеаҳои ҷуғрофӣ ва фарҳангиро аз байн бурда, ба тањсилкунандагон имкон медиҳад, ки аз ҳар гӯшаи ҷаҳон маълумот гиранд ва бо омўзгорон ва ҳамсабаќони кишварҳои гуногун муошират кунанд.
Идоракунии самараноки равандҳои таълимӣ: ТИК имкон медиҳад, ки равандҳои идоракунӣ дар муассисаҳои таълимӣ автоматикунонида шаванд, ки ин самаранокии кори мактаб ё донишгоҳро зиёд мекунад.
Сарфаи вақт ва захираҳо: Истифодаи ТИК метавонад арзиши китобҳои чопӣ, хароҷоти офис ва дигар захираҳои моддиро коҳиш диҳад.
Ин фарќиятњо, аҳаммияти истифодаи технологияњои иттилоотї-коммуникатсиониро дар системаи маориф барои баланд бардоштани сифати таълим, дастрасии таҳсилот ва омода кардани тањсилкунандагон ба ҷаҳони рақамӣ, маънидод менамояд.
Бо вуҷуди ин, истифодаи ТИК дар соҳаи маориф низ бо як қатор мушкилот рӯбарӯ аст, аз қабили зарурати омодасозии омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои нав, мушкилот бо дастрасии интернети баландсуръат ва инфрасохтори техникӣ дар баъзе минтақаҳо, масъалаҳои амният ва махфияти маълумот. .
Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) дар таълим на танҳо бартариятҳо, балки мушкилоте низ мебошад, ки ҳангоми ҷорӣ ва рушди технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим бояд ба назар гирифта шаванд. Дар зер баъзе мушкилот ва дурнамои истифодаи ТИК дар соҳаи маориф оварда шудаанд:
Дастрасии технология: Яке аз мушкилоти асосӣ таъмини дастрасии ТИК барои ҳамаи тањсилкунандагон, омӯзгорон ва муассисаҳои таълимӣ мебошад. Нобаробарӣ дар дастрасӣ ба технология метавонад мушкилоти адолат ва баробарӣ дар соҳаи маорифро ба вуҷуд орад.
Саводнокии рақамӣ: Вориди ТИК ба омӯзгорон ва тањсилкунандагон вазифаи нави катъиро мегузорад: такмили дониш дар самтњои истифодабарї ва огоњ будан аз бароришњои нави таљњизотњои техникї. Иљрои ин вазифаи ќатъї бо сабабњои таҷрибаи кофӣ дар технология надоштан ва зарурати амалии истифодабарии онро эњсос накардаанд, мушкил мегардонад.
Сифати маводи таълимӣ: Дурнамои истифодаи ТИК имконияти тањия ва истифодаи маводи таълимии баландсифатро ба вуљуд меорад, аммо мушкилоти зарурати интихоб ва тафтиши дурустии иттилоот ба миён меояд.
Махфият ва амнияти маълумот: Бо рушди технологияи рақамӣ, мушкилоти нав дар соҳаи махфият ва амнияти маълумоти тањсилкунандагон ва кормандони соҳаи маориф ба миён меоянд.
Таѓйири наќши омўзгор: Истифодаи ТИК аз муаллими анъанавии роњбари таълим таѓйироти наќши омўзгориро таќозо мекунад, ки барои аксари онњо талаботи дигари дастнорас мебошад.
Маблағгузорӣ ва дастгирӣ: Ҷории ТИК дар соҳаи маориф маблағгузорӣ барои таҷҳизот, нармафзор ва омӯзиши кормандонро талаб мекунад. Аз ин рӯ, маблағгузорӣ барои бисёре аз муассисаҳои таълимӣ метавонад мушкил бошад.
Барои бомуваффақият истифода бурдани ТИК дар соҳаи маориф ин мушкилотро ба назар гирифта, стратегияҳоеро, ки ба рафъи мушкилот нигаронида шудаанд, таҳия намуда, барои самаранокии максималии истифодаи технологияҳои рақамӣ дар таълим шароит фароҳам овардан лозим аст. Зеро дар њамбастагї бо омўзгорон сифат таълимро бардошта, теъдоди зиёди мутахассисони воқеиро тарбия карда метавонанд.
Технологияҳои иттилоотї-коммуникатсионӣ дар навсозии низоми таълим, фароҳам овардани имкониятҳои нав барои раванди таълим ва рушди тањсилкунандагон нақши калидӣ доранд. Аммо барои бомуваффақияти ҳамгироии ТИК дар соҳаи маориф бояд ба омодасозии омӯзгорон, таъмини мавҷудияти инфрасохтори техникӣ ва ҳалли масъалаҳои амнияти додаҳо (маълумот) таваҷҷӯҳ зоҳир карда шавад.
Полная версия статьи PDF
Номер журнала «Вестник науки» № 4 (85) том 1
Ссылка для цитирования:
НАҚШИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ-КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР ТАҶДИДИ СИСТЕМАИ ТАЪЛИМ // Журнал «Вестник науки» от 4 апреля 2025 г. № 4 (85) том 1. С. 620 - 631. 2025 г. ISSN 2712-8849 // Электронный ресурс: https://www.вестник-науки.рф/article/22179 (дата обращения: 29.11.2026 г.)
Альтернативная ссылка латинскими символами: vestnik-nauki.com/article/22179
Нашли грубую ошибку (плагиат, фальсифицированные данные или иные нарушения научно-издательской этики) ?
- напишите письмо в редакцию журнала: zhurnal@vestnik-nauki.com
